WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Эшони Нуриддинҷон

Фатвоҳо дар боби закот

 
::Суоли Шумо::.

 
Чигуна муаян кардани закоти молҳои тиҷори
Суолкунанда: Озар а Москав
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 17

Ассалому Аълайкум Бобои Эшон! Мехостам дар мавзуи закот аз шумо суол кунам.Закот аз хисоби мол чигуна хисоб карда мешавад. Моле банда хариду фуруш мекунам як нархи муаян надорад. Масалан молро агар дар вакташ фурухта натавонистам, баъзан вакт мешавад аз хариди мол дида арзонтар ба фурушот мегузорам. Аз шумо хохиш дар ин масала рушани меандохтед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломи  ҳангоме, ки замони ихроҷи закоти моли шумо фарорасад ва шумо хоҳед  ҷудо карда ба мустаҳиққон диҳед  шумо нархи  ҳамон рузро нигоҳ карда  закоти моли тиҷориатонро бароред. Худо нигаҳбони шумо бошад.


Ҳукми додани закоти моле, ки бар болои мардум қарз аст
Суолкунанда: Озар аз Москав
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 16

Суоли дигаре низ доштам, ин хам дар мазуи закот аст. Дар хариду фуруше ки банда машгул хастам, бисёр вакт ба харидорон карз медхам ва худ низ аз фабрика ва коргох карз мегирам. Оё дар вакти хисоби закот он молхое ки ба харидорон карз дода шудааст ва он молхое ки худ карз гирифтаам ба хисоб гирифта мешавад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ он мол ё маблағе, ки ба дигарон қарз додаед, агар то вақти баровардани закот онро дастрас накарда бошед аз ҳамон маблағ закот намедиҳед. Аммо вақте, ки ба дасти шумо расид закоташро пардохт мекунед. Вале аз пуле, ки шумо қарз гирифтаед закот намедиҳед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Чигуна муаян кардани закоти молҳои тиҷори
Суолкунанда: Озар а Москав
Таърихи суол: 27/01/2012
Матни Суоли 15

Ассалому Аълайкум Бобои Эшон! Мехостам дар мавзуи закот аз шумо суол кунам.Закот аз хисоби мол чигуна хисоб карда мешавад. Моле банда хариду фуруш мекунам як нархи муаян надорад. Масалан молро агар дар вакташ фурухта натавонистам, баъзан вакт мешавад аз хариди мол дида арзонтар ба фурушот мегузорам. Аз шумо хохиш дар ин масала рушани меандохтед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломи  ҳангоме, ки замони ихроҷи закоти моли шумо фарорасад ва шумо хоҳед  ҷудо карда ба мустаҳиққон диҳед  шумо нархи  ҳамон рузро нигоҳ карда  закоти моли тиҷориатонро бароред. Худо нигаҳбони шумо бошад.


Ҳукми додани закоти моле, ки бар болои мардум қарз аст
Суолкунанда: Озар аз Москав
Таърихи суол: 27/01/2012
Матни Суоли 15

Суоли дигаре низ доштам, ин хам дар мазуи закот аст. Дар хариду фуруше ки банда машгул хастам, бисёр вакт ба харидорон карз медхам ва худ низ аз фабрика ва коргох карз мегирам. Оё дар вакти хисоби закот он молхое ки ба харидорон карз дода шудааст ва он молхое ки худ карз гирифтаам ба хисоб гирифта мешавад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ он мол ё маблағе, ки ба дигарон қарз додаед, агар то вақти баровардани закот онро дастрас накарда бошед аз ҳамон маблағ закот намедиҳед. Аммо вақте, ки ба дасти шумо расид закоташро пардохт мекунед. Вале аз пуле, ки шумо қарз гирифтаед закот намедиҳед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Закоти моли набуда
Суолкунанда: Расулов
Таърихи суол: 22/01/2012
Матни Суоли 14

Ассалому алайкум домулои ширинсухан суоле дорам ба шахсе ман 1500доллар се сол пеш дода будам ва ин мох ба ман медихад. Ман аз ин пул закот дихам чи микдор.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ агар ба шарте, ки шумо соҳибнисоб бошед, яъне маблағи болотар аз 4000 доллар дар дасти шумо дар давоми як соли комил буда бошад, дар ин ҳолат шумо аз ин 1500 доллар фақат 2,5 фоиз фақат барои закоти соли охир закот медиҳед. Валлоҳу аълам.


Ҳукми закоти молро ба наздикон додан
Суолкунанда: Мухаммадаюби
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 13

Асаламу алайкум ва рахматуллахи ва баракатух бобочо Эшони Нуриддинчон .Харки Норохат кунад шуморо харгиз рохат набинад Гар ашки чашматро резонад хуни чашми худ бинад Амин (савол) 1 бобочон як одам 10000 долар дорад мехохад закоташро дихад аз хамин маблаг бояд чанкаша дихад? 2 хамин инсон бародаре дорад дар зиндон метавонад закоташро дар кудакони бародараш дихад? Ё як писар амак дорад ки фарзанд дорад амо бо казои Аллах у чахонро тарк кард метавонад дар кудакони вай дихад? Интизори чавоби шумо Асаламу алайкум ва рахматуллахи ва баракатух

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

1)      Аз 10000 доллар 250 доллар закот медиҳад. Яъне 2,5 фоиз аз маблағи умумӣ закот медиҳад.

Бале метавонад. Боз беҳтар ин аст, ки закотро ба наздикони муҳтоҷаш бидиҳад. Худованд нигаҳбонатон.


Миқлори нисоби закот аз тилло
Суолкунанда: ato_alloh
Таърихи суол: 01/07/2011
Матни Суоли 12

 ассаламу алайкум варахматуллахи ва баракатух домулой азиз ЭШОНИ НУРИДДИН ЧОН мегуянд ки моли инсон ба як нисоб расид закот вочиб мегардад илтимос нисобро барои мо сода карда фахморед ки бо пули сомони ё долар чикадар мешавад ва аз як нисоб чикадар закот дода мешавад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар бораи закот ва нисоби закот мо дар мавзуъҳои ҷумъа суҳбатҳои муфассал доштем. Хулоса нисоби пулро бо тилло ҳисоб карда мешавад. Нисоби тилло 85 грам аст. Масалан агар пули шумо ба андозае бошад, ки ба он 85 грам тилло харида шавад, шумо дигар соҳиб нисоб ҳастед. Пас агар як сол пур шуд ва он пул дар дасти шумо бошад, шумо бояд аз он 2,5% закот диҳед. Масалан агар қимати як грамм  тилло 15 доллар бошад, дар ин ҳолат 85*15=1275 доллар. Яъне нисоби закот 1275 доллар мебошад ва аз он бояд 2,5 фоиз, яъне 31,9 доллар бояд закот диҳед. Инро ҳамчун мисол зикр кардем ва шояд грамми тилло имруза аз ин зиёд ё кам бошад.


Ҳукми додани закоти моли майит
Суолкунанда: ъабдумалик
Таърихи суол: 18/05/2010
Матни Суоли 11

ассалому ъалайкум хазрати домулло Худованди бузург шумо ва моро нигах дорад аз балохои ин замон.

савол: хазрати домулло як банда аз дунё бигзарад ва микдори моле аз у мерос монда ва 4-5 писар дорад дар замони хаёташ мард 4-писари худро сохиби манзили чудогона кардааст ва як писар дар манзили умумиашон монда ва зиндаги дорад.

баъд аз сари у он чизе, ки у мерос гузоштааст тарака нашудааст. моле ки боки мондааст аз у мол додани закот вочиб вале агар моли бокиро тарака кунем барои закот боки намемонад холон, ки писарони дигар талабгори таксимоти мол хастанд аммо писари хурди намехохад.

домулло бигуед, ки аз ин  мол закот дода мешавад ё не.

посухи шуморо интизорам. варахматуллохивабаракотуху....

Посух

Ва алайкумуссаломувараҳматуллоҳ

Агар соҳиби мол сол бар вай пур шуда бод ва бояд у закот медод. Аммо закотро надода аз дунё гузашт, дар ин ҳолат қабл аз тарака аввал закоти моли вай бароварда мешавад сипас боқимондаи мол тарака мешавад. Локин агар масалан дар моҳи Рамазони гузашта закот дода буд. Моҳи Рамазони нав нарасида буд, ки вафот кард. Дар ин ҳолат закот аз гардани майит соқитаст. Мол ҳақи воросони вай мегардад. Аммо агар майит қабл аз вафот молашро ба писари хурдиаш бахшида бошад, дар ин ҳолат закоти ҳамон мол бар гардани писари хурдӣ вочиб мегардад.


Ҳукми закот
Суолкунанда: Хусейн
Таърихи суол: 08/08/2010
Матни Суоли 10

Ассалому алейкум ва рахматуллохи вабаракотуху бобоиЭшон. Ман зодаи шахриХучанд як савол дорам оиди закот: Ман барои фарзандам ба нияти хона сохтан замин харидам, вале хучаини ин замин документхоро тайер накардааст ва ба номи ман холо нагузаронидааст. Ман каме аз пули онро ба вай додаам валезиеда аз 3000 доллари ИМА ба дасти ман мондааст. Ман аз ин пул закот чудо кунам дуруст мешавад е на?

Посух

Ваалайкумуссаломувараҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки як сол аз он пул гузарад, яъне ба ибораи дигар як соли пурраҳамон пул дар дасти шумо боқӣ монда бошад аз вай шумо закот медиҳед. Яъне аз 3000 доллар 2,5 фоиз закот медиҳед. Худованд нигаҳбони шумо.


Ҳукмизакот аз моли маводимухадира
Суолкунанда: шамсиддин
Таърихи суол: 08/08/2010
Матни Суоли 09

Ассалому алайкум ва рахматуллоху вабаракотух манн чунин савол дорам агар аз пули маводи мукадир закоттииеинки хайр куни кабул мешавад е не

Посух

Ваалайкумуссаломувараҳматуллоҳ.

На  бародари исломӣ закот аз пули маводи мухаддир ва ҳар даромаде, ки бо роҳи ҳаром ба даст меояд дуруст нест ва соҳиби чунин закот умеди савобу аҷр накунад. Зеро он шахс молики он мол нест. Яке аз шартҳои сиҳҳати закот молики воқеии мол будани закот диҳандааст. Аммо моли ба роҳи ҳаром ба даст омадаро шариат соҳибашро молики ҳақиқӣ ҳисоб намекунад. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар ҳадиси муборак фармудаанд: «Эй мардум! Ҳамоно Худованд пок аст ва ҷуз покӣ ҳеч чизро қабул надорад» Бинобар ҳамин моли аз ҳаром ба даст омада пок нест Худовандонро қабул намекунад.


Закотро ба фақири бенамоз
Суолкунанда: Абдулмумин
Таърихи суол: 05/09/2010
Матни Суоли 08

Садакаи фитр.  Ассалому алайкум ва рахматуллох.  Бобои Эшон мехостам ба суоли манн посух дихед.  Оё додани садакаи фитр ва закоти  мол  ба шахси факире,  ки намоз ва рузаро ба чо намеорад,  чоиз аст ё хайр?

Посух

Ваалайкум салом вараҳматуллоҳ.

Не бародари исломӣ мусалмон бояд садақаи фитр ва закоташро бар мусалмони мисли худаш, ки фақир аст бидиҳад.


Садақи фитр барои тифл
Суолкунанда: Бегали
Таърихи суол: 05/09/2010
Матни Суоли 07

Фитр. Ассаломуалайкум Бобои Эшони Нуриддинчонхохиш дорам   ба суоли ман чавоб дихед. Оё додани садакаи фитр ба тифли   дар батни модарбуда чоиз аст?  Агар чоиз бошад  пас аз  чандмоха буданаш чоизаст?  

Посух

Ваалайкум салом вараҳматуллоҳ.

Додани садақаи фитр барои тифли дар шиками модарбуда мустаҳаб аст. Яъне тифле, ки дар вай руҳ дамидааст. (баъд аз чаҳормоҳагӣ)


Закот аз қарз
Суолкунанда: Муродали
Таърихи суол: 04/09/2010
Матни Суоли 06

АссаломуалейкумбобоиЭшон аз Шумочунинсуол дорам:

Ман метавонам ,кишахсе аз манкарздормебошад як кисми карзашро дар хисоби закот бахшам. Боз  дар хаки одамоне ,ки карз мегиранд бар намегардонанд чи хукме хаст илтимосфахмонед.

Посух

Ваалайкум салом вараҳматуллоҳ.

На, бародари исломӣ шумо наметавонед қарзро закот ҳисоб карда ба шахси қарздор бахшед. Зеро дар закот ният шартаст. Яъне вақте, ки шумо қарз дода будед дар дил нияти закот надоштед, балки нияти қарз доштед.

Шахсоне, ки қарз мегиранду дар фикри баргардондани он нестанд, гунаҳкори бузург мешаванд. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар як ҳадис фармудаанд: «Касе, ки моли мардумро (қарз) бигираду нияти дубора баргардонидани онро надошта бошад, Худованд уро талаф (яъне молу мулки вайро талаф) мекунад». 


Закот бар бародар
Суолкунанда: Абдурахмон
Таърихи суол: 04/09/2010
Матни Суоли 05

Мухтарам домуло илтимос бигуед ки закотро ба фарзанди падари худ додан бехтараст ба факири бегона

Посух

Ваалайкум салом вараҳматуллоҳ. 

Беҳтар ин аст, ки закот ба наздикон дода шавад. Вақте дар байни наздикон касе набошад, ки мустаҳиққи закот бошад пас дар ин ҳолат ба бегонагон медиҳад.


Закот барои табобат
Суолкунанда: Абдуллох
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 04

Ассоломуалайкумбобои ЭШОН

ман бемор хастам барои муоличаам пули хеле зиёд лозимаст  дусте дорам ахли закот аст метавонам аз у дархост кунам закоташро барои ман дихад то худро муолича кунам .. гирифти ман ва закоти у чоизаст . дар хаккам дуо кунед худованд шифо бахшад

Посух

Ваалайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, Худованд шуморо шифои комил насиб кунад. Агар ба шарте, ки шумо фақир ва нодор бошед, дар ин ҳолат он закот ба шумо дуруст аст.


Додани закот
Суолкунанда: Фирдавс Хакимов
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 03

Ассалому алайкум Бобои Эшони Нуриддинчон хохиш дорам   ба суоли манн чавоб дихед. Садакаи фитро ба ки додан лозим аст. Ман аз Русия

Посух

Ва алайкум салом вараҳматуллоҳ.

Садақаи фитр ба камбағалу бенавоён дода мешавад.


Закот аз мошин
Суолкунанда: абдуррахмон
Таърихи суол: 04/11/2010
Матни Суоли 02

салом  пешвои мо! ое бар мошинхои савориамон закот хаст؟ е ин ки 2-3 мошин дошта бошем؟. Худованд дар панохшнигохдорад

Посух

Ваалайкум салом вараҳматуллоҳ.

Мошинҳое, ки барои савор шудан ва хидмати хона аст, закот надорад. Аммо агар барои тиҷорат бошад закот дорад.


Оё  зару зевар (тилловорихо) ки зан истиъмол мекунад закот аст?
Суолкунанда: Умедчон
Таърихи суол: 11/11/2010
Матни Суоли 01

Ассалому алайкум ва рахматуллох, кормандони сомонаи turajon.com. Хеле хурсандиовар аст барои мухлисони Хазратхо саволу чавобхоро давом дода истодаед. Аз Худованд талаб дорам ки бар ивази хар як харфхои чавобхо барои шумо  ачр ато кунад, зеро холис ба хотири Худованд шумо захмат мекашед ва барои мухлисон чавобхоро пешниход мекунед. Худованди Карим хаммаи кормандони ин сомонаи хайрияро ва ахли байти Турачонзодахоро дар панохи худ нигах бидорад.

 Бобои Эшон, саволе оиди закот дорам, ки ое занхо аз зару зевар (тилловорихо)-е, ки доранду истифода мебаранд, бояд закот бидиханд е не? Агар ха, илочаш бошад шарту шароиташро кутох шарх медодед.

 Ташаккури зиед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Аз зару зевари зан агар тилло бошад закот дорад, модоме, ки ба нисоби закот расида бошад. Нисоби закоти тилло 85 грамм 2.5 фоиз аст. Агарчи ҳамон зару зеварашон барои истифод низ бошад, закот бояд аз он бидиҳанд.


 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com