|
|
|
|
Эшони
Нуриддинҷон |
|
Фатвоҳо дар боби
таҳорат |
|
|
|
|
|
|
|
Васвасаи шайтон дар
таҳорат |
|
Суолкунанда: |
Ziyouddin |
|
Таърихи суол: |
29/02/2012 |
|
Матни Суоли
38 |
|
Салом алейкум бобои Эшон. Худованд Шуморо хамеша
муваффак ва бар болои душман голиб гардонад (Омин!)Ман
аз Шумои Гиромй суоле доштам , ки чунин аст:
Хангоме, ки ман тахорати худро ба охир мерасонам
шайтони алайхилаъна дар дили ман шакку шубхаро
оиди ин тахорат меандозад. Оё аз нав тахорат
гирифтани ман чоиз аст? Аз Шумо сипосгузорам.
Худо нигахдор |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Не, бародари исломӣ шумо
аз нав таҳорат накунед. Ин васвасаи шайтонӣ аст
ва ба он шумо аҳамият надиҳед. Худованд
нигаҳбонатон. |
|
|
|
Масали ғусл |
|
Суолкунанда: |
Фирдавс |
|
Таърихи суол: |
29/02/2012 |
|
Матни Суоли
38 |
|
Ассалому алайкум ва рахматулохи ва баракотух.
Бобои Эшон баъд аз хонадорию гусл кардан боз аз
зан оби мании мард бурод чи кор кунад. |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Боке надорад ва ғусли
дубора шарт нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Ҳукми таҳорати шахси
бемор ба салали бавл |
|
Суолкунанда: |
Абдурахмон |
|
Таърихи суол: |
27/02/2012 |
|
Матни Суоли
37 |
|
ДАР БОБИ ТАХОРАТ Асалому алайкум варахматуллох,
бобои эшон худо Шуморо нигахбон бошад, саволи
ман чунин аст хар вакт пеш аз тахорат кардан
пешоб карда бо дикат кок мекунам, вале бисёр
вактхо тахоратро тамом карда мебинам, ки каме об
хорич шуда бенамоз шудаам дар ин холат исломи
азиз ба мо чи тавсия медихад. САЛОМАТ БОШЕД. |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Бародари исломи агар шумо
мубтало ба бемории мисли салисулбавл бошед, дар
ин ҳолат шумо ҳукми маъзурро доред. Дар маҳалли
шармгоҳ як латтаеро гузошта таҳорат мекунед.
Агарчи баъди таҳорат пешоб барояд шумо намозатон
мехонед. Аммо барои вақти ҳар намоз таҳорати
тоза карда мехонед. Аммо агар бемор набошеду ба
шумо чунин ҳолат шавад, дар ин ҳолат либоси шумо
бенамоз мешавад ва бояд дубора таҳорат кунед.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Пок кардани дасту ру
баъди таҳорат |
|
Суолкунанда: |
Чамшед. Оби тахорат |
|
Таърихи суол: |
15/02/2012 |
|
Матни Суоли
36 |
|
Салом бобои Эшон. Ман 5 вакт намоз мехонам. Ман
баъди тахорат бо дастпокун ( платенца) дасту
руямро пок мекунаму лекин шахсе ба ман гуфт ки
оби тахоратро пок кардан дуруст нест чунки оби
тахорат дар руй нури иллохи медихад.
Ман хайронам минбад бади тахорат дасту руйамро
пок кунам ё не? Худованд умри шуморо ва хамаи
муминонро дароз гардонад ОМИН |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ ин сухани
онҳо хато аст. Зеро дар ривоятҳо омадааст, ки
Паёмбари Худо (алайҳиссалом) вақте таҳорат
мекарданд баъд аз он бо руймолчае, ки ҳамроҳашон
буд дасту руяшонро пок мекарданд. Дар паноҳи
Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Оё гузоштани дору дар
раҳми зан ғуслро воҷиб мекунад? |
|
Суолкунанда: |
Сафия |
|
Таърихи суол: |
15/02/2012 |
|
Матни Суоли
35 |
|
Ассалому алайкум. Бобои ешон худованд аз шумо
рози бошад ва дар амону исматаш нигах дорад.
Савол: агар дар бачадони зан асбобхои занона йо
дору монда шавад бар у гусл вочиб мешавад? Йо
дар вакти тахорат бо як ангушташ дарунашро шуяд
йо баъди тахорат дар дарунаш когази занона ки
ним ангуштаст гузорад тахораташ мешиканад? |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Не, ғусл воҷиб намешавад.
Дар ҳолати дуввум низ таҳораташ намешиканад. |
|
|
|
Оё пешоб кардан қабл аз
ғусл шарт аст? |
|
Суолкунанда: |
Абдуллох |
|
Таърихи суол: |
12/02/2012 |
|
Матни Суоли
34 |
|
Асалому алейкум бобои эшон зан баъд аз хамхобаги
бо шавхар пеш аз гусл пешоб (бавл) карданаш шарт
ва зарур аст |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Не, шарт нест. Дар паноҳи
Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Аҳкоми масҳ |
|
Суолкунанда: |
НУРЗОДА |
|
Таърихи суол: |
08/02/2012 |
|
Матни Суоли
33 |
|
АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ . САВОЛ.дар холати тахорат
доштан махси аз пой чи кадар барояд то ки аз нав
тахорат карда ва пойро шуст чунки шахсе мегуяд
ки ба микдори 5-6 см агар аз пой барояд тахорати
нав бояд кард . илтимос чавобашро дар сомона
интизорам |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Агар маҳсӣ ба миқдоре аз
пой берун шуд, ки буҷулаки по намоён шавад, масҳ
ботил мешавад. Дар ин ҳолат агар таҳорат дошта
бошад фақат поҳояшро мешуяд. Дар паноҳи Аллоҳ
бошед. |
|
|
|
Аҳкоми масҳ |
|
Суолкунанда: |
НУРЗОДА |
|
Таърихи суол: |
08/02/2012 |
|
Матни Суоли
32 |
|
савол сахар тахорат доштам ва махсиямро пушидам
ва баъди тахоратам шикастан вакти намози пешин
аз сари нав тахорат кардам ва намозро хондем ва
бо зарурат махсиро аз поям кашидам вакти намози
аср бо хамон тахорати пешин ба ман гуфтанд ки аз
сари нав тахорат кунед чунки ман махсиро аз поям
кашидам |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Агар дар ҳангоме, ки
маҳсиро аз пойтон кашидед таҳорат дошта бошед,
дар ин ҳолат фақат поҳоятонро мешуед ва ниёзе
барои таҳорат нест. Аммо агар вақти кашидани
маҳсӣ таҳорати шумо шикаста бошад, дар ин вақт
аз нав таҳорат мекунед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Аҳкоми истинҷо |
|
Суолкунанда: |
Абдухолик аз Руссия |
|
Таърихи суол: |
08/02/2012 |
|
Матни Суоли
31 |
|
Ассалому алайкум бобои Эшон.Ба саволи ман чавоб
дихед,ман пас аз хочатхона,дар вакти мустахаб
пешобам мегирад аммо бо когази ташноб кок
накарда мустахаб мекунам чоиз хаст е на. |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Бале ҷоиз аст.
|
|
|
|
Масҳ аз болои ҷуроб |
|
Суолкунанда: |
Махдия |
|
Таърихи суол: |
05/02/2012 |
|
Матни Суоли
30 |
|
Ассалому алайкум Бобои Эшон.Оё
дар вакти тахорат аз болои чуроб хам масх кашида
мешавад? |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Ба шарте, ки ҷуроб ғафс
бошад, мисли ҷуробҳои пашмӣ боке надорад масҳ
кашидан. Аммо аз руи ҷуроби тунук масҳ кашидан
ҷоиз нест. |
|
|
|
Ҳукми хондани намоз аз
пушти касе, ки хунро шиканандаи таҳорат
намедонад |
|
Суолкунанда: |
Иброхим аз Сургут |
|
Таърихи суол: |
05/02/2012 |
|
Матни Суоли
29 |
|
Ассаламу алайкум устод. Суоли ман чунин аст
салафихо акида доранд ки хун начас нест ва
барояд тахорат намешиканад, мумкинай ай пушти
инхо намоз хондан??? |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Ин на танҳо дар мазҳаби
салафиҳо аст. Балки имом Шофиъӣ дар мазҳабаш ба
чунин раъй аст, ки хун шиканандаи таҳорат нест.
Бинобар ҳамин намоз хондан аз пушти онҳо ҷоиз
аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Ҳукми арақи бадани
шахси шаробнуш дар таҳорат |
|
Суолкунанда: |
Диловар |
|
Таърихи суол: |
05/02/2012 |
|
Матни Суоли
28 |
|
ассалому алайкум ва рахматуллову ва баракату ОЁ
АРАКИ БАДАНИ ШАХСИ ШАРОБНУШ ТАХОРАТРО МЕШИКАНАД |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
На, таҳоратро намешиканад.
|
|
|
|
Ҳукми шустани ҷароҳат
дар ғусл |
|
Суолкунанда: |
Абдуллох |
|
Таърихи суол: |
05/02/2012 |
|
Матни Суоли
27 |
|
Асалому алейкум бобои эшон 1)ба гаданам майиб (рихнак)
баромад ба ман гусл вочиб шуд агар ман сарамро
шуям ба майиб об мерасад об ба ман зарар дорад
чи кор кунам кунам? |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Шумо ҳамон макони
ҷароҳатро дар вақти ғусл нашуед ва боқияи
баданро бишуед иншоаллоҳ ғусли шумо дуруст аст.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед |
|
|
|
Ҳукми таҳорат баъд аз
тановули хуроки оташрасида |
|
Суолкунанда: |
Абдуллох |
|
Таърихи суол: |
25/01/2012 |
|
Матни Суоли
26 |
|
Ас салому алайкум ! Хадисе
хондам ки хуроке ки оташ расида аст агар хурда
шавад бояд тахорати нав кунад, Бо эхтиром хохиш
мекунам ки хамин хадисро шарх дихед |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ чунин
ҳадис ҳаст. Вале ба қавли уламои ислом ин ҳадис
мансух шуда аст. Бинобар ҳамин хурдани хуроке,
ки оташ ба он расидааст ноқизи таҳорат нест. Дар
паноҳи Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Оё нос ё сигор
таҳоратро мешиканад? |
|
Суолкунанда: |
Muhammad |
|
Таърихи суол: |
15/05/2010 |
|
Матни Суоли
25 |
|
Asalomu alaykum va rahmatulloh avvalan duo
mekunem dar haqi shumo khudovand zaboni shumoro
az in burotar gardonad.. bobojon man yak suol
doram khohish mekuna javob dodashavad odameki
nos va yo sigaret mekashad tahoratash meshkanad..... |
|
Посух |
|
Алайкум салому ва раҳматуллоҳ,
Додари исломӣ, Агарчи
кашидани нос ва сигарет дар шариати ислом мамнуъ
аст, аммо шиканандаи таҳорат нест. Локин агар
ақлро барад ё маст кунад дар ин ҳолат таҳоратро
мешиканад. |
|
|
|
|
|
Суолкунанда: |
Чамшед |
|
Таърихи суол: |
29/05/2010 |
|
Матни Суоли
24 |
|
Ба Шумо савол дорам
Баъди намози Аср то Шом се ё чахор бор нос
мекашам аз нав тахорат кунам ё дахонамро об
гардонаму хондан гирам
|
|
Посух |
|
Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ бале
даҳонатро об гардонида намоз хонед мешавад. Ба
шарте, ки ҳамон нос шуморо гаранг накарда бошад.
Агар гаранг ва ё бурда бошад дар ин ҳолат
таҳорати шумо мешиканад. Аммо агар манро ҳамчун
даъватгар қабул дошта бошӣ як насиҳат дорам.
Кушиш кун ҳамин амали зиштро парто. Зеро зиёде
аз олимон кашидани нос ва сигаретро ҳаром ҳукм
кардаанд. Аз тарафи дигар ба саломатӣ зарар
дорад. Хуб мешуд ҳамин одатро тарк мекардӣ.
Худованд нигаҳбонат. |
|
|
|
Ҳукми бе таҳорат
мусҳафро ба даст гирифтан |
|
Суолкунанда: |
karomatullo |
|
Таърихи суол: |
02/06/2010 |
|
Матни Суоли
23 |
|
asalomualaykum domloi aziz
mo az dargohi ilohi ba wumo umri daroz va
tansihati xohonem suoli mo in ast badast
giriftani quron biduni tahorat be uzur durus has
e na iltimos bo savoli mo bopuragi javob dihed
va dar oxir dar haqimo duo kuned.xudo hofiz |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад.
Ба даст гирифтани мусҳаф (Қуръон) барои шахсе,
ки таҳорат надорад, дуруст нест. Зеро Худованд
фармудааст.
"لا
يمسه إلا المطهرون"
"Қуръонро
даст намезананд, магар шахсони бо таҳорат." |
|
|
|
Ҳукми ҳаммоми зану
шавҳар |
|
Суолкунанда: |
Tolib |
|
Таърихи суол: |
23/06/2010 |
|
Матни Суоли
22 |
|
Assalomu alaykum
bobohi eshon suole
doram bad az
izdivoj zanu
shavhar metavonand yakjoya
obozi kunand
iltimos bo in suoli man javob dihed khudovand
shumoro nigahdor boshad |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бале додари исломӣ зану
шавҳар метавонанд якҷоя оббозӣ кунанд. |
|
|
|
Масҳ бар ҷуроб |
|
Суолкунанда: |
Курбон |
|
Таърихи суол: |
21/06/2010 |
|
Матни Суоли
21 |
|
АССАЛОМУ
АЛАЙКУМ ДОМУЛЛОИ МУХТАРАМ.
Аз шумо пурсидани хастам,
ки ман дар корхонаи давлати кор мекунам. Ва дар
корхона чои тахорат хаст, аммо пойро шуштан
бисьёр мушкил аст, ки аз сабаби ойнахои чои
тахорат дар тарафи хавлии корхона мебошанд ва
рохбаро бисьёр гузашт мекунанд.
Рохбарон намозхониро
эътироф намекунанд. мумкин аст, ки ман аз болои
наски махс кашам. |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматулоҳ.
Ба шарте, ки шустани пойҳо
боиси он шавад, ки ба шумо аз тарафи роҳбарони
корхонаатон дар коратон осеб расад, боке надорад
маҳс кашед. Ба шарте, ки пеш аз кор ҷуроби худро
пои ба таҳорат пушида бошед. Аммо агар илоҷаш
бошад ин корро одат накунед.Зеро шустани поҳо
дар вақти таҳорат фарз аст. Боз як бори дигар
такрор мекунам ба шарте, ки зарурати воқеъӣ
бошад ин корро кунед. Худованд шуморо нигаҳбон
бошад ва ба роҳбарони шумо имони воқеъӣ ато
кунад, ки дигар монеъи намозхонии шумо нашаванд.
|
|
|
|
Иҳтилом дар сангари
ҷиҳод |
|
Суолкунанда: |
Абду
Вали |
|
Таърихи суол: |
16/06/2010 |
|
Матни Суоли
20 |
|
Ассалому аллайкум
чонфидоиени рохи
ИХДИНАС СИРОТАЛ МУСТАКИМ.Суоле
дорам ба шери тавхид,шайх олим мувохид мучохид
Эшони Нуруддинжон. САВОЛ; хазрат агар дар
джиход боши дар кух ,шаб агар шайтон фиреб
кунад,об набошад, еки об бошад кам,либос набошад
ки иваз куни чи бояд кард |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Дар чунин
ҳолат ҳамон либоси бо манӣ олуда шударо агар
хушк шуда бошад молиш дода пок мекунад сипас
таяммум карда намоз мегузорад. |
|
|
|
Ҳукми нос |
|
Суолкунанда: |
suhrob |
|
Таърихи суол: |
16/06/2010 |
|
Матни Суоли
19 |
|
assalomu alaikum boboi
eshon ba savoli mo javob dihed iltimos nos
tahoratro meshikanad |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.
Чуноне, ки дар фатвоҳои пештара гуфта гузаштем
нос таҳоратро намешиканад. Аммо вақте, ки гаранг
ва ё маст кунад он вақт таҳоратро мешиканад. |
|
|
|
Хоби такя |
|
Суолкунанда: |
Мурод |
|
Таърихи суол: |
05/09/2010 |
|
Матни Суоли
18 |
|
Асалому алайкум бобои эшон
ман як мухлиси шумо хастам , ман як суол дорам
ба суоли ман посух дихед!
Дар холати дар курси
нишаста мудате хоб барад тахорат мешиканад ё не?
Илтимос ба саволи ман пурра чавоб дихед |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Агар такя карда хоб карда бошад, таҳораташ
мешиканад. |
|
|
Ҳукми хуни даҳон |
|
Суолкунанда: |
ЁСИН |
|
Таърихи суол: |
22/08/2010 |
|
Матни Суоли
17 |
|
бобои эшон аслому алейкум!
аз Шумо пурсиданиюм ки рузона аз дахонам хун
меояд баъзан худ аз худ ё дар вакти тахорат
кардан ! Рузаам мешиканад ё на бисёр вакт
хамихел мешавад ё гайри рузахам ду се маротиба
тахорат мекунам хун бас намешавад баъзан бо
хамон тахорат намоз мехонам дуруст аст ё на!
илтимос чавоб дихед!!!! |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.
Шумо кушиш кунед ҳамон хуни аз даҳонат омадаро
фуру набаред. Аммо хун таҳоратро мешиканад. Шумо
вақте, ки даҳонатон хун шуд як каме сабр кунед
то хуни он бас шавад сипас таҳорат карда намоз
хонед. Агар дидед, ки хун бас намешавад ва вақти
намоз танг аст дар ин ҳолат боке надорад бо
таҳорати нав агарчи хун аз даҳон ояд намоз хонед.
|
|
|
|
Ҳолатҳои таймум |
|
Суолкунанда: |
Бехруз |
|
Таърихи суол: |
01/11/2010 |
|
Матни Суоли
16 |
|
Ассалому алейкум як саволи
дигар дорам!Мункинаст Таямун гарда намоза Хонам
вакте дар мактаб бошам агар?дар унча шароати
тораткуни нест!Лекин об хаст! |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
На додари исломӣ,
мумкин нест. Таяммум дар вақте карда мешавад, ки
об барои таҳорат набошад ва ё ҳаво он қадар сард
бошад, ки агар таҳорат кунед хавфи бемор
шуданатон бошад. |
|
|
|
Оббози таҳорат мешавад |
|
Суолкунанда: |
Идибек, аз ш. Душанбе |
|
Таърихи суол: |
01/11/2010 |
|
Матни Суоли
15 |
|
Ассалому ъалайкум Домуллои
мухтарам. Илтимос ба саволи ман чавоб дихед:
1) Шахсе тахорат накарда
оббози мекунад. Вай бе тахорат намоз хонда
метавонад? Яъне, оббози барояш кифоя аст? |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Агар ба шарте пеш аз оббозӣ даҳон ва бинияшро
обгардон карда бошад, таҳорат баҷо меояд ва
метавонад намоз хонад. |
|
|
|
Зани дар ҷанобат
|
|
Суолкунанда: |
шарипов шамсиддин |
|
Таърихи суол: |
01/11/2010 |
|
Матни Суоли
14 |
|
домулои азиз ба саволхои
мо чавоб дихед занеки дар чанобад бошд
таъомхурдан мумкинаст ё не |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бале мумкин аст. Фарқ
надорад, ки ҳамон шахси дар ҷанобат буда мард
аст ё зан. |
|
|
|
Эҳтиломи дар меҳмони |
|
Суолкунанда: |
Як гурух
донишчуён ва мухлисони шумо аз шахри Хучанд |
|
Таърихи суол: |
07/11/2010 |
|
Матни Суоли
13 |
|
Салому дуруди Худо бар
шумо устодони мухтарам!
Мо як суол дорем: Шахсе
ба мехмони меравад ва дар хоб эхтилом
мешавад,изхор кардани он шояд боиси суизанни
сохибхона шавад,дар ин холат у бояд чи кор кунад?
Дар охир узр мепурсем
агар суол каме беадабона хам бошад.Худо
нигахбони шумо. |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ дар чунин
ҳолат таяммум карда намоз мехонад. Баъд аз оне,
ки ба хонаи худаш баргашт ғусли ҷанобат мекунад. |
|
|
|
Ҳукми бо коғаз пок
кардан |
|
Суолкунанда: |
Farhod |
|
Таърихи суол: |
01/11/2010 |
|
Матни Суоли
12 |
|
Salom Boboi eshon man yak muhlisi shumo hastam
az shahri russia mehoham ba savoli man javob
gued. man tahorat kardan ba mustahab kardani man
bo azob ast zahm doram. man totorati akib
nakunam mustahab namekunam shumo shiz megued ba
man durust ast yone Boboi eshon Hudo salomat
dorad shumora. |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бале додари исломӣ
дуруст аст. Вақте, ки фақат пешоб мекунед боке
надорад, ки бо когази туалет маҳалли наҷосатро
пок кунед, дуруст мешавад. Худованд шуморо
шифои комил насиб кунад. |
|
|
Ошомидан дар ҳолати
ҷунуб |
|
Суолкунанда: |
МУСТАФО |
|
Таърихи суол: |
10/04/2011 |
|
Матни Суоли
11 |
|
САЛОМ бобои Эшон,чунин
суол дорам мехохам бифахмам,бо зани халолии худ
хонадори куни овбози нокада мумкинай ки об нуши
е ягон хурок хури? |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Баъд аз ҳамхоба шудан бо
ҳамсари худ хурдан ва ошомидан ва тамоми корҳои
дигар ғайр аз намоз ва хондани Қуръон ҷоиз аст.
Ғусл баъд аз ҷанобат ва ё ҳамхобагӣ фарз аст,
вале шарт нест, ки зуд баъди ҳамхоба шудан ғусл
кунед модоме, ки вақти намоз набошад. |
|
|
|
Ҳукми бод |
|
Суолкунанда: |
бандаи Аллох |
|
Таърихи суол: |
10/04/2011 |
|
Матни Суоли
10 |
|
Аузу-биллахи-минаш-шайтони-р-рочийм
Бисми-л-лахи-р-рохмани-р-рохийм Аррохман (1).
Ъалламал Куръан (2). Холакол инсан (3).
Ъалламахул байан (4). Содаколлохул ъазийм Хамду
санои зиёд танхо Худованди азизтарину поктарину
мехрубонтаринро, ки аз дилу чон азизтарин ва аз
аз чону дил гамхортарин аст. Худованд Шуморо
устоди мехрубон ва ахли байти Шуморо дар рахмати
мехрубонаи худаш нигах дорад. Суоли 1. Хангоме,
ки мо тахорат дорем ва ногахон бод аз пушт хорич
шуд, магар мустахаби олотхои шармгох шарт нест?
Дар ин холат метавонем танхо дастонро бишуем ва
боз бо тахорат мешавем ва метавонем намоз
гузорем? Суоли 2. Устоди мехрубонам! Ман дар як
руз 4-5 маротиба тахорат мекунам. Зеро тахоратам
зуд мешиканад. Чанд муддате мешавад, ки дар худ
сардихо (хунуки) дорам ва шикам дам мекунаду,
садохои рудахо пайдо мешаванд ва мачбуран бод
хорич мегардад. Вактхои охир ман аз ин холат
бисёр азъият ва ранч мекашам ва то 4-5 маротиба
тахорати нав бо пурраги мекунам. Яъне бо
мустахаб то шустани пойхо. Исломи поки мо осони
ва сабуки барои бандаи Аллох мехохад, пас аз
назари ислом ман чи бояд кард, ки худро бисёр
дар ранчу азъият нагузорам? Худованд хамаи мо
мардумони ахли исломро дар рахмати худ нигах
дорад ва моро муттахид ва иттифок гардонад. Моро
парчамбардорони Исломи азиз ва Куръони азиз
гардонад ва моро мусалмон бимиронад ва бо
мардумони исломии солеху бо таквои ахли бихишт
зинда гардонад. Омин ва роббил ъаламийн Ассаламу
алейкум ва рохматуллохи ва барокатуху |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
1) Дар
ҳолати баромадани бод мустаҳаб кардан шарт нест.
Вале бояд таҳорат карда намоз бихонед. Фақат
дастонро шустан кофӣ нест. Бояд, ки таҳорати
дасту ру пурра анҷом дода шавад. Дар ҳолати
шумо, ки зуд зуд таҳорататон мешиканад чуноне,
ки гуфтем мустаҳаб кардан шарт нест. Фақат
таҳорати дасту ру кунед. Аммо бидуни таҳорат
намоз хонда намешавад. Зеро барои намоз хондан
таҳорат фарз аст. Худованд шуморо шифои комил
насиб кунад. |
|
|
|
Ғусл фарз аст |
|
Суолкунанда: |
Муродчон |
|
Таърихи суол: |
02/02/2011 |
|
Матни Суоли
09 |
|
Салом ба шумо Бобои Эшон.
Оё бад аз хоб кардан бо зани нигохии худ хатмист
ки обози куни ё ки мумкин аст ки таги нофро шуию
тахорат куни намоз хони? илтимос чавоб гуед ман
интизори чавоб худованд шуморо ва хамаи мардуми
точикистонро нигах дорад. |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Бале додари исломӣ,
ҳатман бояд тамоми баданро бо об шуст зеро ғусл
кардан баъд аз ҳамхобагӣ фарз аст. |
|
|
|
Ҳукми мази |
|
Суолкунанда: |
Фариддун |
|
Таърихи суол: |
02/02/2011 |
|
Матни Суоли
08 |
|
Ба номи Худованди
бахшундаю Мехрубон. Ассалому алейкум Бобои
Эшон. Дар вакти омадани андак оби мардона
яъне пеш аз мани- мази ояд дар ин холат гусл
кардан зарур аст ?
Парвардигор шуморо Хифз
карда бошад . |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Не бародари исломӣ,
фақат барои намоз хондан таҳорат бар шумо воҷиб
мешавад. Ғусл дар ҳолати баромадани манӣ ва ё
ҳамхобагӣ (агарчи манӣ наояд) воҷиб мегардад. |
|
|
|
Тарқаи ғусл |
|
Суолкунанда: |
Бандаи Худо |
|
Таърихи суол: |
20/11/2010 |
|
Матни Суоли
07 |
|
Бобои Эшон аввало худованд
илми шуморо боз хам зиёда гардонад ва
умратонрохам аз инда зиёдтар)) Домулло аввал
гуед,ки (гусл)чи тавр карда мешавад (хангомеки
бо занат хоб мерави )!!! |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Тариқаи
ғусл чунин аст. Аввал шармгоҳи худро мешуяд.
Баъд аз он об дар даҳон гирифта ғарғара мекунад
ва баъд аз он об дар бинӣ гирифта мефшонад. Баъд
аз он обро дар тамоми баданаш ҷорӣ карда, тамоми
баданашро тар мекунад. |
|
|
|
Чигуна нмоз мехонад
шахсе,ки бемории хунукгирифтаги (ПРАСТАТИТ) дорад? |
|
Суолкунанда: |
МУХСИН |
|
Таърихи суол: |
15/11/2010 |
|
Матни Суоли
06 |
|
АССАЛОМУ
ЪАЛАЙКУМ УСТОДИ ЪАЗИЗ ХУДОВАНД БАР ШУМО УМРИ
ДАРОЗ НАСИБ КУНАД, РАФИКИ МАН БА КАСАЛЕ ДУЧОР
ШУДААСТ (ПРАСТАТИТ) БАЪД АЗ ПЕШОБ КАРДАН ХУДРО
КОК МЕКУНАД ВА БОЗ АЗ УЗВАШ ОБ МЕЧАКАД БАРОИ
НАМОЗХОНДАН ЧИ КОР КУНАД? |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Он шахс барои
ҳар намоз таҳорати нав карда дар макони шармгоҳи
худ латта ё пахтае мегузорад ва намоз мехонад.
Вақти намози дигар, ки омад он латтаро гирифта
аз нав мемонад ва таҳорат мекунад. Он латта ва ё
пахтаро ба хотири он мемонад, ки ҳамон наҷосати
пешоб дар либосҳояш нарасад. Метавонад аз
матоҳои махсуси навбаромад истифода барад. |
|
|
|
Бо чанд миқдор об бояд
таҳорат кард? |
|
Суолкунанда: |
Бародари исломи |
|
Таърихи суол: |
15/11/2010 |
|
Матни Суоли
05 |
|
Ассалому ъалайкум ва
рахматуллохи ва баракотуху
Ман дар мухочирати
мехнати карор дорам ва дар хонае ки зинда ги
мекунам хочатхонааш ру ба чониби кибла чойгир
шудааст ое дар ин холат раво аст ки ру ба чониби
кибла дафъи хочат кунам.
2.Микдори обе,ки дар
тахорат истифода бурда мешавад чи кадар аст ва
агар аз он зиед истифода барем чи хукм дорад? |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
1) Модоме, ҳоҷатхона чунин сохта шудааст, дар
ин ҳолат боке надорад.
Дар ҳадисҳо омадааст, ки Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) тақрибан бо як литр об таҳорат
мекарданд. Аз андоза зиёд сарф кардани об исроф
аст ва Худованд исрофкоронро дуст намедорад. |
|
|
|
Шукми таҳорат кардан
дар канал (ариқ) |
|
Суолкунанда: |
Бадриддин аз Фархори
|
|
Таърихи суол: |
15/11/2010 |
|
Матни Суоли
04 |
|
Ассалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракотуху Эшони Нуриддинчон аз
шумо эхтиромона хохиш дорам ки ин суоли мода
чавоб дихед !!Дар канал(арик) тахорат кардан
дуруст аст ??? |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бале дуруст аст. |
|
|
|
Оё арақи бадан
таҳоратро ноқиз мекунад? |
|
Суолкунанда: |
Исроил |
|
Таърихи суол: |
15/11/2010 |
|
Матни Суоли
03 |
|
Ассалому алайкум Бобои
Эшон аввало аз шумо узр мепурсам.ки ман як
суолро чандбор такрор кардам ва шумо ба ин
суолхо чавоб навистед Худо шуморо шифои комил ва
Илматонро аз ин зиёда гардонад !!! (Як суоли
дигар дорам ман ин суолхоеки ба шумо медихам
хаммаашро шунидагияму аммо аз дахони мардум
Домуло агар одам Арак кунад Тахораташ мешиканад
? |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
На намешиканад. |
|
|
|
Мастаҳаб дар кадом
ҳолат бояд кард? |
|
Суолкунанда: |
Нуриддинчон |
|
Таърихи суол: |
17/07/2011 |
|
Матни Суоли
02 |
|
Асалому алайкум
варахматуллохи ва баракотуху бобои Эшон Худованд
шумо ва хонадони шуморо дар аммонаш нигох
дорад.Суоле дорам илтимос чавоб гуед мо як грух
бачахо дар шахри русия мебошем мо дар як бозор
кор мекунем як шахс мегуяд ки агар аз пас бод ё
хоб куни баъд хестен тахорати дасту руй кунед
мешавад намоз хонда чун ки бод тахоратро
намешканад илтимос чавоб дихед мо интизори чавоб
мебошем Худованд шуморо аз дасти душманхои ислом
нигох дорад... |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Шахсе, ки хоб меравад ва ё аз вай бод мебарояд
таҳораташ мешиканад. Аммо шарт нест, ки мустаҳаб
карда андомҳои ниҳонашро бишуяд. Фақат таҳорати
дасту руй кофӣ аст. Шустани шармгоҳ пеш аз
таҳорат дар ҳоле воҷиб аст, ки наҷосат аз
миқдори як дирҳами шаръӣ зиёд атрофи мақъадро
гузарад. Дар ин ҳолат бояд шуста шавад. |
|
|
|
Нияти ғусл |
|
Суолкунанда: |
Хуршедчон |
|
Таърихи суол: |
27/05/2011 |
|
Матни Суоли
01 |
|
Ассалому алайкум бобои
эшон. Мехостам ба саволи ман чавоб нависед. 1)Нияти
гусло бо пураги нависед. Ман ба чавоби ин савол
бо далелхо аз шумо умедворам.Худо нигахбонатон. |
|
Посух |
|
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Аз Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) ҳеч гуна ривоят дар бораи лафзҳои
нияти ғусл наомадааст. Баъд аз ҷунуб шудан ба
дил нияти ғусл карда ба ҳаммом даромадан худаш
нияти ғусл аст. Дуруст аст, ки баъзе олимони мо
дар китобҳо лафзҳои нияти ғуслро овардаанд. Агар
ба шарте, ки шумо онро надонед ва дар вақти ғусл
кардан ба дил нияти ғусл кунед, худаш кифоя аст.
Худованд нигаҳбонатон. |
|
|
|
|
|
|
| |
|
|
|
|
|
*
* * |
|
| |
|
|
|
|