|
|
|
|
Эшони
Нуриддинҷон |
|
Фатвоҳо дар боби ақида |
|
Саҳифаи
1 |
|
|
|
|
|
|
|
Ҳукми қазои рузаи
рамазон |
|
Суолкунанда: |
Мавжуд |
|
Таърихи суол: |
15/02/2012 |
|
Матни Суоли
47 |
|
асалому алайкум бобои эшон.саволи ман ин аст ки
мо дар руссия хастем мо мохи рамазонро
нагирифтем казо гирем мешавад? |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Агар шумо беузр рамазонро
хурда бошед, ҳам каффора дорад ва ҳам си руз
руза мегиред. Яъне ҳамагӣ 90 руз руза медоред.
Аммо агар бо узр хурда бошед фақат ҳамон рузҳои
хурдаатонро қазо мегиред. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Рузаи қазоӣ дар рузҳои
душанбе ва панҷшанбе |
|
Суолкунанда: |
Хохари исломи |
|
Таърихи суол: |
12/02/2012 |
|
Матни Суоли
47 |
|
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ВАРОХМАТУЛЛОХ БОБОИ ЭШОН РУЗАИ
РУЗИ ДУШАНБЕ ВА ПАНШАНБЕРО НОФИЛА НИЯТ МЕКУНИ ВА
БОЗ ХАМИН РУЗА БАЧОИ КАЗОИ МЕШАВАД ЁНА , ДАР
ОХИР АЗ ШУМО ХОХИШ МЕКУНАМ ДАР РУИ МИНБАРИ
РАСУЛИ ХУДО С А В БАРОЯМ ДУЬО КУНЕД АЛЛОХ МАРО
БА МИСЛИ ШУМО ФАРЗАНД НАСИБ КУНАД ХУШ БА ХОЛИ
МОДАРЕ КИ ЧУНИН ФАРЗАНД ДОРАД ХУДО ХОФИЗ |
|
Посух |
|
Ва лайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Хоҳари исломӣ, Худованд
нигаҳбонатон. Агар шумо нафл ният карда бошед,
дигар намешад онро қазоӣ ҳисоб кард. Аммо агар
шумо аз шаб нияти қазоӣ гуфта дар рузҳои
панҷшанбе ва душанбе руза гиред, дуруст аст ва
қазоӣ ҳисоб мешавад. |
|
|
|
Истимно дар рузҳои
рамазон |
|
Суолкунанда: |
мирзозодаи косим |
|
Таърихи суол: |
12/02/2012 |
|
Матни Суоли
46 |
|
Асаломуалайкум бобои эшон ман як суол дорам ба
шумо агар одами рузадор дар вакти рузадориаш
масалан дар соати 13.00 шайтон уро фиреб карду у
бо дасташ худашро холи кард рузаи у чй мешавад у
гунохкораст илтимос чавоб дихед баъд барои ман
дуъо кунед ман дар шахри москва хастам Худованд
нигохдор рахмат. |
|
Посух |
|
Ва лайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Рузааш фосид мешавад ва
барои ин кор гунаҳкор мешавад ва бар вай қазоии
ҳамин руз воҷиб аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Ҳукми рузаи бемор |
|
Суолкунанда: |
Мадина |
|
Таърихи суол: |
08/02/2012 |
|
Матни Суоли
45 |
|
Асалом малекум БОБО
чон..ман як духтари шумо аз шахри Руссия мебошам.
Бобочон дар рамазон шавхаром охота рафтони буд,
ман ура бедор накардам барои ки хар сол мерафт
1-2 руз рамазона мехурд, бад хеста ба ман
чанкард, буромада рафт, ман уро зора кардум ки
рамазонша нахурад, неки баркасти ман хурд...
бобо чон жулудкаи шавхарум дардмекуна вы
рамазона ба кини гирифтод.. бади ки ман вайдоруш
накардум хур рамазонша 12 руз гуфки жулудкам
дард мекуна...дар ха 1 рузи хурдагиша 2моху 10
рух кафорат мекуна, ё 12 руз гирад басай...ман
метавонам ки ай тануш рузаашро гирам ва наозои
ногхондаша хонам....бобочон интизорам аз чавоби
шумо астам...бо дар хаки шавхорум дуо кунед ки
дигар ита накунад, дар хаки писаронам хам дуо
кунед ки оянда ранги шумо шаван..)) |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ агар ба
шарте, ки шавҳари шумо аз сабаби беморӣ натонист
руза гирифта, пас агар дар рузҳои кутоҳӣ
зимистон тавонад руза гирифта, дар ин ҳолат
барои ҳар рузи хурдааш як руз қазоӣ мегирад.
Аммо агар тамоман натавонад руза гирифта ва
инчунин бемории у табобатшаванда набошад, дар ин
ҳолат барои ҳар рузи моҳи рамазон миқдори 5
сомонӣ фидя медиҳад. Аммо шумо наметавонед ба
ҷои шавҳаратон намози қазоӣ хонед ва ё руза
гиред. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. |
|
|
|
Ҳукми ҳамхобаги бо
ҳамсар дар моҳи рамазон |
|
Суолкунанда: |
|
|
Таърихи суол: |
15/05/2011 |
|
Матни Суоли
44 |
|
мохи шарифи рамазонанда
мункими ба зани худ чога хоби кардан рузу
равшананда |
|
Посух |
|
Ва алайкмус салом ва раҳматуллоҳ.
Дар рузҳои моҳи шарифи Рамазон бо ҳамсар
ҳамхобагӣ кардан гуноҳи бузург аст. Касе, ки
қасдан чунин кунад бояд, ки каффораи онро ду моҳ
пай дар пай руза гирад. Аммо дар шабҳои Рамазон
ҳамхобагӣ бо ҳамсар ҷоиз аст. |
|
|
|
Ҳукми дору гузарони дар
рамазон |
|
Суолкунанда: |
Дилором |
|
Таърихи суол: |
18/08/2010 |
|
Матни Суоли
43 |
|
асалому алейкум... бобои
эшон. ман ба шумо саволе доштам: дар вахти
гузаронидани капельница руза гирифтан чоиз аст? |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Гузаронидани сузандору ё капелница дар вақти
руза боке надорад ва рузаро намешиканад, модоме,
ки ҳамон дору қувватдиҳанда набошад мисли
глукоза, ки роли ғизоро бозӣ мекунад.
|
|
|
|
Ҳукми рузаи бе намоз |
|
Суолкунанда: |
Ne'matulloh |
|
Таърихи суол: |
18/08/2010 |
|
Матни Суоли
42 |
|
Assalomu alajkum boboi
eshon!
Ruzaro namoz nakhonda
giriftan durust ast? Sababi nakhondani namoz
nadonistani namoz ast. Assalomu alajkum va
rahmatullohi va barokotuh. |
|
Посух |
|
Ваалайкумсаломвараҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ рузаи чунин шахс дуруст аст вале
барои нахондани намоз гунаҳкори бузург аст. Зеро
намоз пеш аз руза аст. Зеро фарқият байни
мусалмону кофир дар намоз аст. Бинобар ҳамин
кушиш кунад аввал намозро ёд гирад. Ҳеч ибодате
дар ислом баъд аз калимаи шаҳодат баробар бо
намоз нест. |
|
|
|
Саҳархури то намози
бомдод |
|
Суолкунанда: |
Вайсидин |
|
Таърихи суол: |
08/08/2010 |
|
Матни Суоли
41 |
|
Асаллому алайкум ва
рахматуллохи ва баракатух
Дар махалаи мо дар мохи
шарифи рамазон бисёри мардум то азони намози
бомдод сахархури мекунанд, аммо азони бомдод дар
масчити мо баъди соати чор гуфта мешавад хол
он,ки дар таквими мохи шарифи рамазони имсола
анчоми сахархури соати чор муаян шудааст, мо
метавонем соат чор нашуда азон гуем,ки мардум
сахархуриро анчом диханд? Илтимос саволи манро
то мохи шарифи рамазон чавоб дихед. Худованд
нигахбони шумо. |
|
Посух |
|
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ Худованд шуморо нигаҳбон бошад,
вақти саҳархурӣ то дамидани субҳ иҷозат аст.
Агар азони намози бомдод дар маҳаллаи шумо баъд
аз дамидани субҳ набошад яъне дар вақти
дамидани субҳ бошад пас дар ин ҳолат то гуфтани
азон саҳархурӣ кардан боке надорад. Дар ҳоли
ҳозир то соати 4 – и субҳ хурдан ва ошомидан
ҷоиз аст. Зеро субҳ баъд аз 4 медамад.
Аз идора: Бародари исломӣ масъулони сомонаи мо
бо машварати устодони бузургвор Эшони
Нуриддинҷон ва Мавлавӣ Маҳмудҷон ва ҳазрати Ҳоҷӣ
Акбар як тақвими рамазониро омода карда
истодаанд. Иншоаллоҳ дар рузҳои аввали Рамазон
онро дар саҳифаи интернетии худ ҷой хоҳем дод.
|
|
|
|
Дандонкандан дар
рамазон |
|
Суолкунанда: |
Бехруз Джабборов |
|
Таърихи суол: |
05/09/2010 |
|
Матни Суоли
40 |
|
Ассалому Алейкум як савол
дорам бовой эшон Дар хамин мохи руза соати 13:00
ба пеши духтур рафта дандонама канам мункинас её
не????????? |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бале мумкин аст. Аммо эҳтиёт кунед, ки хун дар
ҳалқатон наравад. |
|
|
|
Руза дар ҳолати ҳайз |
|
Суолкунанда: |
Мадина |
|
Таърихи суол: |
05/09/2010 |
|
Матни Суоли
39 |
|
Ассалом алайкум Домулло
дар вакти касали бетахорат шудан ман руза
гирифтан дурустаст ё не? илтимос чавоб гуед!
|
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
На, хоҳари исломӣ дар
вақти ҳайз ё нифос руза гирифтан дуруст нест |
|
|
|
Рузадори бе намоз |
|
Суолкунанда: |
як хохари мусалмон
|
|
Таърихи суол: |
05/09/2010 |
|
Матни Суоли
38 |
|
Салом алейкум Бобои Эшон
аз шумо як суол дорам....
аз рузхои аввал шавхарам
намоз мехонд шабу руз а хозир бошад намоз
намехонад амин кадар гап задам бе натича руза
гираду намоз нахонад чи хукм дорад илтимос ба
саволам тезтар чавоб гардонед ташаккури зиед
|
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ шавҳари шумо барои нахондани намоз
дар пешгоҳи Худованд гунаҳкори азим аст. Зеро
ҳеч гуноҳе бадтар аз тарки намоз нест. Шумо
вайро насиҳат куне два дарҳақаш дуо кунед то
Худованд имонашро қавӣ бигардонад, ки дигар
тарки намоз накунад. Аммо рузаи гирифтаи вай
дуруст аст. |
|
|
|
Рузадори бе таровеҳ |
|
Суолкунанда: |
афзал |
|
Таърихи суол: |
05/09/2010 |
|
Матни Суоли
37 |
|
ассалому аллейкум бобои
эшон, илтимос ба саволи ман ба зуди чавоб тиед-
руза дорию таробех нахони , рузаат кабул мешавад?
агар ягон намозатро низ казо хони, рузаат кабул
намешавад? |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Руза дорию таробеҳ нахонӣ рузаат қабул аст, аммо
ба сабаби нахондани таровеҳ гунаҳкор мешавед.
|
|
|
|
Ҳукми буса кардан |
|
Суолкунанда: |
Абдусаттор |
|
Таърихи суол: |
04/09/2010 |
|
Матни Суоли
36 |
|
Ассалому алейкум ва
рахматуллох бобои Эшон, суоли ман чунин аст,
магар буса кардан шиканандаи руза аст мехостам
каме равшани меандохтед дар хамин мавзуъ
ташаккури зиед. |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Не, додари исломӣ шиканандаи руза нест. Балки
макруҳ аст. |
|
|
|
Ҳукми оббози дар
рамазон |
|
Суолкунанда: |
Сунатулло |
|
Таърихи суол: |
04/09/2010 |
|
Матни Суоли
35 |
|
Ассалому алайкум Бобои
Эшон
Кадом намуди обози
рузаро мешиканад |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Ягон намуди оббозӣ рузаро намешиканад модоме, ки
дар ҳалқ об наравад. Аммо агар дар ҳалқ об равад
рузаро мешиканад. |
|
|
|
Хамираи дандоншуи дар
рамазон |
|
Суолкунанда: |
Темур Хакимов
|
|
Таърихи суол: |
04/09/2010 |
|
Матни Суоли
34 |
|
Ассалому аллейкум бобои
Эшон худованд шуморо нигахбон бошад. Ман як
мухлиси шумо аз Россия мебошам. Ман аз шумо як
суол дорам дар вакти руза будан, дахонро бо
хамираи дандошуйи шустан мумкин аст ё на.
Илтимос ба суоли ман чавоб дихед!!!! |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бале бо хамираи дандоншуӣ
шустани даҳон дар Рамазон боке надорад. Кушиш
кунад, ки онро фуру набарад. |
|
|
|
Варзиш ва руза |
|
Суолкунанда: |
Шерали |
|
Таърихи суол: |
04/09/2010 |
|
Матни Суоли
33 |
|
Ассалому алейкум Эшони
мухтарам!!!Ман як спортсмени номдор дар Россия
зиндагиям аз болои спорт Шукри Аллох намозхону
Худотарсу рузадорам!!! Савол хамин ки дар вакти
рамазон ман бояд тайор шуда ба ринг бароям))
Лекин руза гирифтан дар вакти тайори хело
душвор агар руза нагирам магар гунахкор мешавам??? |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Додари исломӣ агар ҳамон
тайёрии шумо дар вақти Рамазон зарурӣ бошад ва
имконияти баъд аз Рамазон гузарондани он набошад
боке надорад ҳамон рузҳои тайёрӣ ва машқатонро
бихуред ва баъдан албатта онро қазоӣ доред.
Худованд нигаҳбонатон. |
|
|
|
Руза доштан дар маҳбас |
|
Суолкунанда: |
РАШИДОВ.ФАЙЗАЛИ |
|
Таърихи суол: |
04/09/2010 |
|
Матни Суоли
32 |
|
алому алайкум бобои эшони
нуридинжон ба як суол мурочат карданиям Ё
касон ки дар махбас хастан шароит хуб
надоранд ба онхо руза гирифтан зорур аст ё
не |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Агар, ки шароити хуб барои руза гирифтанро
надошта бошанд, онро қазоӣ баъд аз хуб шудани
шароиташон ва ё баъд аз озод шуданашон мегиранд.
Худованд нигаҳбонат |
|
|
|
Баромадани хун дар
рамазон |
|
Суолкунанда: |
РАШИДОВ.ФАЙЗАЛИ |
|
Таърихи суол: |
04/09/2010 |
|
Матни Суоли
31 |
|
асалому айлайкум бобои
эшони нуридинжон ба шумо як суоле дорам агар
дар мохи рамазон аз бадан хун барояд рузаат
мешиканад ё не илтиммос чавобро интизорем |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Не, баромадани хун аз
бадан рузаро намешиканад. |
|
|
|
Ҳукми рузаи ҳомиладор |
|
Суолкунанда: |
Илхом аз Душанбе |
|
Таърихи суол: |
27/08/2010 |
|
Матни Суоли
30 |
|
Асалому алайкум бобои эшон
ман як мухлиси шумо хастам ,ман як суол дорам
ба суоли ман посух дихед!
Бобои эшон занхое ки
хомиладор хастанд ба онхо руза доштан мумкин аст
бо эхтиром мухлиси шумо Илхом Абдулоев !! |
|
Посух |
|
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Агар ҳамон зан қудрати руза гирифтанро дошта
бошад, инчунин аз назари тиббӣ руза гирифтанаш
ба ҷанини дар шикамаш буда зарар нарасонад, дар
ин ҳолат руза мегирад. Аммо агар табиби
мутахассис ба он зан гирифтани рузаро заранок
барои ҷанинаш биҳисобад, дар ин ҳолат пас аз
ҳомилагӣқазоӣ мегирад. |
|
|
|
|
|
|
|
|
| |
|
|
|
|
*
* * |
|
| |
|
|
|
|