.:: WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд... ::.
Эшони
Нуриддинҷон
Фатвоҳо дар боби никоҳ ва талоқ
Саҳифаи
1
Масъали закот
Суолкунанда:
бандаи худо
Таърихи суол:
12 /0 3/2012
Матни Суоли
82
асалому алейкум ва рахматуллои бабаракоту
худован шуморо дар пушту панохи исмати худаш
нигахбон шавад мехохам ин суолро аз шумо пуратар
шунавам !!!1) закотро ном гузоштан зарур аст ё
не ман хама вакт дар рохи худо хайр мекунам
лекин закот намегуйам
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Дар вақти додани закот
бояд шахси закотдеҳ дар нияташ қасди закот дошта
бошад. Агар эълон накунад ҳам яъне ба шахси
закотгиранда баён накунад ҳам боке надорад.
Бинобар ҳамин агар шумо вақти хайр карданатон
нияти закот накарда бошед, закот ҳисоб намешавад.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Никоҳи зани масеҳӣ
Суолкунанда:
Саид
Таърихи суол:
12 /0 3/2012
Матни Суоли
81
Ассалому алекум хазрати эшон Савол 1) Никохи
марди мусалмон бо зани кофира чи гуна бояд барпо
шавад?
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Никоҳи марди мусалмон бо
зани масеҳӣ ё яҳудӣ ба он тарзе, ки бо зани
мусалмон анҷом мегирад бо ҳамон тарз бояд бошад.
Яъне ҳузури ду шоҳиди мусалмон ва лафзи қабулу
иҷоб шарт аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Масалаи талоқ
Суолкунанда:
Анис
Таърихи суол:
12 /0 3/2012
Матни Суоли
80
Асалому алейкум ва рахматуллох.Домуллои азиз
худованд шуморо ва ахлатонро дар хифзу амонаш
нигох дорад ва душманони шуморо кур созад.ман аз
дехаи Понгоз н.Ашт хастам ва ахли деха хусусан
чавонон шуморо бисёр дуст медорад.Хамеша дуогуи
Шумо хастам 1)шахсе сирашро (гунохашро) ба ман
аён кард,пеш аз баёнаш гуфтки агар ба касе гуи
занад се талок ман гуфтам бигу дар ёдам нестки
касамро ба гардан гирифта будам ё не ман инчунин
касамхоро ба гардан намегирифтам ва ин касамхоро
касам намепиндоштам ва медонистам ки касам факат
ба номи Худованд аст ва ин сирри уро ман ба як
дустам гуфтам пеш аз гутан ба як домулло телефон
карда пурсидам гуфтам ки агар каффора дошта
бошад метавонам се руз руза бигирам дар чавоб он
кас гуфтанд ки ин касамхо касам нест ва каффора
низ надорад. ин чиз бисёр маро азоб медихад
бароям равшани меандохтед агар хохед метавонам
ба наздатон равам
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, агар шумо
фақат калимаи “бгу” гуфта бошед ва ҳамин ба
ёдатон бошад, ҳамсари шумо талоқ намешавад. Вале
ба хотири хиёнат дар як амонат гунаҳкор мешавед.
Аммо ин, ки шумо дар ёдатон нест, ки оё розӣ ба
шарти он кас шуда будед ё не, инҷо шак аст ва
шак дар талоқ эътибор надорад. Дар паноҳи Аллоҳ
бошед.
Масали ризоъа
Суолкунанда:
Бадриддин
Таърихи суол:
08 /0 3/2012
Матни Суоли
79
Авалан худованд шуморо ва хонадони шуморо аз
кули офатхо нигох дорад \ СУОЛАМ ЧУНИН АСТ\модарам
ба фарзанди калонии апам шир додааст\ апаам
метавонад ба дигар фарзандонаш бо фарзандони
хохару акахоям кудоги кунад
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Бале метавонад. зеро
фақад ҳамон нафари шир нушидаги аз модар
калонтон мумкин нест. аммо дигар фарзандонаш
метавонанд гиранд.
Масъалаи никоҳ
Суолкунанда:
Мухаммад
Таърихи суол:
08 /0 3/2012
Матни Суоли
7 8
салом бобои эшон ман як духтарро дуст медорам
амо на дидаамша ман бо у бо телефон гап
мезанам.ман шунида будам ки.дар арабистон
никохестки барои гап задан ва уро расидан амо
хамхоба шудан мумкин нест.амо инхали никох хаст
дар дини ислом??? ва ман чи кор кунам ки бо у
гап занам гунох на шавад??? падари модари у
медонанд ва падари модари манам медонанд!!Худо
шуморо нигахдор бошад!!
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Додари исломӣ модоме, ки
падару модари шумо ва духтар медонанд, пас шумо
уро никоҳи мусалмонӣ карда бигиред. Аммо ҳеҷгуна
никоҳи барои гап задан дар ҳеҷ ҷои кишварҳои
исломӣ нест. Никоҳ фақат никоҳи исломӣ мешавад,
ки ба сабаби он ҳамхобагии зану мард ҷоиз
мегардад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Ҳукми никоҳи зани
шавҳардор
Суолкунанда:
Али
Таърихи суол:
06 /0 3/2012
Матни Суоли
7 7
Ассалому ъалайкум бобои эшон суоли ман ин аст ки
дар никохи фосид рачм нест худо накунад ки як
мусламон бо зани шавхардор ин никохи фосидро
анчом дихад оё дар ин сурат рачм хаст ё не ?
худованд шуморо хамеша дар панохи исматаш нигох
дорад .
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Ин ҳолати зикркардаи шумо тафсилоти бештар
дорад. Аммо ба таври фишурда масъала чунин аст,
ки агар зан барқасдона чунин кунад ва дидаву
дониста беягон нақс дар никоҳаш бо ҳамсараш бо
дигар кас никоҳ кунад, ҳукми раҷм татбиқ
мегардад. Аммо агар марде, ки бо у никоҳ
кардааст надонад, ки он зан шавҳар дорад, бар у
раҷм нест. Инчунин аст, акси масъала. Дар паноҳи
Аллоҳ бошед.
Ҳукми баргаштан аз
фотиҳа
Суолкунанда:
Хохари исломи аз исфара
Таърихи суол:
19 /02 /2012
Матни Суоли
76
Ассалому алайкум бобои эшон ман як зани
сохибшавхар мебошам соли гузашта мо духтари
худро ба як чавон фотех карда будем. аммо
духтарамонро як чавони хамсоя дуст медошт баъд
аз якчанд мох ин чавон аз фотех кардани мо
бархурдор шуда ба шуъбаи закс рафта ариза дод
пас мо фотехаро вайрон карда духтари худро ба
чавони хамсоя фотех карда туй додем ва холо
шукронаи Худованд ки онхо хушбахтона зиндаги
доранд бобочон ин кори кардаи мо аз нигохи ислом
дуруст аст илтимос ба суоли ман чавоби мушаххас
дихед. ва дар охир дар хакки ин ду навчавон дуо
кунед ки онхо хамеша хушбахт бошанд. дар охир
гуфтаниам худованд душманони шуморо хор гардонад
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ, модоме, ки
он ҷавоне, ки шумо духтаратон ба вай додаед аҳли
намозу ибодат бошад, боке надорад. Худованд
нигаҳбонатон.
Масали талоқ
Суолкунанда:
Salim
Таърихи суол:
15 /02 /2012
Матни Суоли
75
Ассалому алейкум!
Ман як суоле барои Эшои Нуриддинчон дорам.
Илтимос ба саволи ман чавоб дихед:
Ба телефони ман бисьер духтархо занг мезаанд,
смс-хо рои мекарданд, ба ин хотир завчаам
телефони маро чанд бор диду хонаводаам чанг
шудан гирифт, албатта дар ин чо якум айби худам
буд ки ман духтархоро чанг намекардам ба хотири
оне ки ягон тухмат ба сарам бор карда оилаамро
вайрон накунанд ва бо хуби онхоро чавоб медодам.
Як руз бо газаб ман ба завчаам хамин хел шарт
мондам ки агар телефони маро як бори дигар бе
ичозати ман кофту коб кунад 3 талок шавад гуфтам,
ин ба хотири бартараф кардани чанчол буд, чунки
аз кафои хамон телефон бисьер чанг мешуд. Як руз
завчаам ба хотири дидани соат телефонамро
гирифту соаташро дид, ман дидаму гуфтам ки
набинад аз хотираш набарорад ки ман шарт мондаам,
лекин занам гуфт ки вай факат ба хотири дидани
соати телефон гирифт, оё занам талок шуд ё н
интизори чавоби Шумо!
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломи дар ин
сурати шумо закр кардед талоқ воқеъ намешавад.
Зеро шумо шарти кофтукоби смс гузошта будаед.
Кушиш кунед, ки завҷаатон телфонатонр накобад,
ки талоқ воқеъ мешавад.
Никоҳи зане, ки аз
ислом ба масеҳият ру овардааст
Суолкунанда:
Sayodjon
Таърихи суол:
15 /02 /2012
Матни Суоли
74
Асалому алайкум Бобои эшон ба шумо як савол
дорам хоиш мекунам ки ба ин савол Чавоб дихед
Духтареки Точик аст Вале у Мусалмон нест у
Масехи аст уро дар никохи худ дарорам ва баъд
уро Ба Ислом Даъват кунам дуруст Аст шумо ба ман
чи маслихат медихед.
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломи он
духтари тоҷике, ки масиҳӣ шуда аст никоҳаш ҷоиз
нест. Зеро у мартадда аст. Никоҳи зани масеҳӣ ба
шарте ҷоиз аст, ки дини аслиаш масиҳият бошад.
Ба ибораи дигар дар оилаи масеҳӣ таваллуд шуда
бошад. Аммо он зане, ки дар асл мусалмон сипас
аз ислом баргашта масеҳиятро қабул кард, ҳукми
вай дар ислом муртад аст. Никоҳи муртад хоҳ мард
бошад ва хоҳ зан ба шахси мусалмон ҷоиз нест.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Оё барои зани дуввум
гирифтан розигии зани аввал шарт аст
Суолкунанда:
Фаришта
Таърихи суол:
15 /02 /2012
Матни Суоли
73
АСАЛОМУ АЛЕЙКУМ БОБОИ ЭШОНИ НУРИДДИНЧОН.ман як
хохари исломи шумо мебошам ма мухлиси шумоям.як
суоле дорам илтимос бо суоли ман чавоб дихед ман
аз шавхари якумама чудо шудам сохиби 2 фарзанд
будам.аз сабабе ки он бисёр арок нуши мекард.ман
бокати фарзандонам бо шахри москав ба равтем бо
хамин ки зиндагиямон вазбин буд ..дар москва бо
як марде шинос шудам сохиби зану фарзанд буд
ваям..вай мана бо розиги падараш бо розиги акои
калонияш мана никохи мусалмони када гирифт аз ин
никохи кардагияш зани якумаш рози нестаст лекин
медонад ки мана никох када гирифтаги оё ин
зиндаги мо дуруст аст ё не...ман кати зани
якумаш якхел нигоху бин мекунад бо зани якумаш
хеле бисёре фахмонд вай гапи шавхарашро гуш
накард...зани якумаш дар точикистон хонаи падару
модараш шиштааст... ман аз шавхарам пурсидам ки
зани якумат рози нест ку бо ман чавоб дод ки ман
фахмондам ман вайро дар куча намондаям вайрам
ранги ту нигох дорам нафахмад ман чокунам ки
мана падарам кати акаам розиги додан аз зани
якумаш 2 фарзанд дорад манам сохиби ду фарзанд
мебошам харду оиларо якхел нигох карда истодааст
.хамин холат ба дуои занаш мегирад ё
не...рахматои калон..АЗ ОЛЛОХ ХОХИШ МЕКУНАМ КИ
БО ШУМО УМРИ ДУ БОРА ДИХАД....ДАР ПАНОХИ ОЛЛОХ
БОШЕД
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ барои зани
дуюм гирифтани мард розигии зани аввалаш шарт
нест. Модоме, ки шавҳари шумо ҳарду занҳояшро
хуб нигоҳ мекунад ва байни шумо адлро риоя
мекунад, гунаҳкор нест. Инчунин шумо низ дар ин
масъала ҳеҷ гуноҳе надоред. Зеро бо никоҳи
мусалмонӣ зани он мард шудаед. Худованд шуморо
нигаҳбон бошад.
Никоҳи бевазан
Суолкунанда:
АЗ АБУБАКР БА
БОБОИ Э.НУРИДДИНЧОН
Таърихи суол:
15 /02 /2012
Матни Суоли
72
АСАЛОМУ АЛЕЙКУМ ВА РАХМАТУЛЛОХИ ВА БАРАКОТУХУ
БОБОЧОН.Бобочон,Э.Нуриддинчон 1-суол дорам,ки
хело боз дар фикр задагиам.17-сола будам ки
москва рафтам,баъд аз 4-мох занеро дуст
доштам,ки у хам точик буд.ва сохиби 2-фарзанд
аст.4-мох ман аз паси у мегаштам.ман бо у зино
накардам.боз бад аз 4-мох ман уро гум
кардам.хулос уро ёфтам.никох кардем.волидайнам
аз корхои ман бе хабар буданд.духтардор
шудам.дар мудати 4-сол.волидайнам мачбур
кардан,1-талок кардам уро.волидайни ухам но ризо
будан.дар назди хешу таборам бадном
шудам.барои,ки ман зани 2-кудакдорро гирифта
будам.волидайнам мехохан манро бо тую-тамошо зан
диханд.холо ман намедонам чи кор кунам .гапи
падару модарамро гирам.ё ин,ки зиндагиамро бар
карор кунам?ё ин ,ки ягонрохи дигаре хаст?чи
амал кунам,ки амали ман муофики шариати ислом
шавад?дар зиндагиам рохгум задам.илтимос ба
пураги фахмонед.чавоби мактубро интизорам!БО
ЭХТИРОМ АБУБАКР АЗ ШАХРИ ДУШАНБЕ.
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Додари исломӣ, аз аввал
шумо бояд бо маслиҳати наздикон мекардед. Ҳоло,
ки чунин шудааст, шумо гунаҳкор нестед. Зеро бо
он зан никоҳи мусалмонӣ намудаед. Аммо дар
масъалаи бева ва соҳиби ду фарзанд будани он зан
аз назари шариат ҳеҷ боке надорад. Шарт нест, ки
бояд зани мегирифтаи шумо бокира бошад. Акнун
модоме, ки шумо аз он зан фарзанд доред, дар
ҳоле, ки фақат як талоқ кардаед, дубора никоҳ
намуда, зиндагиятонро бо у идома диҳед ва
фарзанди худро аз падару модар ҷудо накунед. Дар
паноҳи Аллоҳ бошед
Чораи бефарзандӣ
Суолкунанда:
АМИНА
Таърихи суол:
15 /02 /2012
Матни Суоли
71
САЛОМ БОБОИ ЭШОН МАН ЧАНД СОЛ АСТ
ФАРЗАНД НАДОРАМ ТАНХО АЗ ХУДОВАН УМЕД ДОРАМ ВА
МЕХОХАМ ЯГОН ЧИЗ САБАБ ШАВАД ДУХТУРХО МЕГУЯНД НА
ШАВХАРАМ НА ХУДАМ АЙБ НАДОРЕМ ТОЧИКИ ХАМ КАРДЕМ
ДА РУССИЯ ТАБОБАТ КАРДЕМ НАШУД МЕГУЯНД КИ ЧИН
ХАМ БАНДАД НАМЕШАВАД МЕГУЯНД КИ ДАР ПЕШИ ЯГОН
МУЛЛО ШАВХАРАТ ТАЛОКИ БОИН КУНАД ВА ГАШТА МУЛО
НИКОХ КУНАД ЧИ БАНДЕ БОШАД КУШОДА МЕШАВАД ДАР
БОРАИ ТАЛОКИ БОИН МЕФАХМОНДЕД ОЁ ХАМИН КОРРО
КУНЕМ Ё НЕ?ХУДОВАНД АЗ ШУМО РОЗИ БОШАД БОБОИ
ЭШОНИ НУРИДДИНЧОН!
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ ин суханҳо
дар ислом ҳеҷ асосе надоранд. Дар ҳеҷ ҷои
китобҳои исломӣ чунин наомадааст, ки ба роҳи як
дафъа талоқи боин кардан басташудаи ҷин боз
мешуда бошад. Агар ба шарте, ки ҷин баста бошад,
беҳтар ин аст, ки шумо ба назди ягон муллоҳое,
ки руқяҳои шаръӣ мехонанд равед ва худатон низ
азкори субҳу шомро ҳамеша бихонед. Худованд ба
шумо фарзанди нури чашмонатон насиб кунад.
Ҳукми зиндаги кардан бо
зани арақ нуш
Суолкунанда:
Хуршед
Таърихи суол:
12 /02 /2012
Матни Суоли
70
АСАЛОМУ АЛЕЙКУМ БОБОИ ЭШОН МА МУХЛИСИ ШУМО
ИЛТИМОС БО САВОЛИ МАН ЧАВОБ ГАРДОНЕД.МАН КАТИ
ОИЛААМ ДАР ШАХРИ МОСКВА КОР МЕКУНА ЯК РУЗ АЗ МАН
ПАНОХИ ХАМСАРАМ БО КАТИ ХАМКОРОШОН РАФТА ДАР
КАФЕ РУЗИ ТАВАЛУД КАЙД КАСТ БО КАТИ ХАМКОРОШОН
АРАК НУШИ КАРДАСТ ИН КОРИ БЕАКЛИ КАРДАГИШ ДАР
НИКОХИ МО ЗАРАР ДОРАД Ё НЕ ЧИХЕЛЕКИ ШУМО МЕГУЕД
КАСЕ КИ АРАК НУШАД НИКОХАШОН БУРИДА МЕШАВАД ХОЛО
ЗИНДАГИ КАРДАН ДУРУСТ АСТ Ё НЕ БАДИ ИНХЕЛИ
КОРО..ИЛТИМОС ЧАВОБ ДИХЕД...ДАР ПАНОХИ ОЛЛОХ
БОШЕД..
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Бародари исломи Аллоҳ шумо
ва ҳамсари шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад.
Агар ҳамсари шумо ин амалашро ҳалол гуфта анҷом
дода бошад бале никоҳи шумо бурида мешавад ва
барои у таҷдиди имон ва никоҳ шарт аст бо шумо.
Аммо ин амали зишташро ҳаром гуфта анҷом дода
бошад дар ин ҳолат никоҳи шумо боқи аст ва у
зани шумо аст амо у гунаҳгори хело азим шудаги
аст ва агар шумо уро танбиҳ надиҳед ва ислоҳ
накунед аз ҷумлаи даюсон мегардед.
Ҳукми никоҳи телефони
Суолкунанда:
ШАМСУЛЛО
Таърихи суол:
12 /02 /2012
Матни Суоли
69
Асалому алейкум бобои ешони НУРИДИНДЖОН. аввал
сихату саломатии шуморо аз ХУДОВАНДИ КАРИМ
хохонам. баъд саволи ман. гуед ки бо тарики
интернет ва ё телефон занро никох кардан ё инки
фотиха кардан аз сабаби дурии рох ва набудани
имконяти рафтан ба хосгори бахонаи духтардор
мумкинас ё не?? рахмати бе поён бобои ешон. ХУДО
нигахбонатон бошад.
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ
Бародари исломи никоҳ кардан ба воситаи
телефонро уламои муосир иҷозат додаги нестанд аз
боби бастни дарҳои фасод. Зеро ҳила ва
тақаллубкори кардан дар ин сурат осон аст. Худо
нигаҳбонатон бошад.
Гуноҳи бешавҳар мондани
духтар ба гардани кист?
Суолкунанда:
Беном
Таърихи суол:
12 /02 /2012
Матни Суоли
68
Ассалому алайкум домулои мухтарам ман нигора аз
нохияи масчтох як савол дорам Агар духтар шавхар
накунад то охири умр ба гунохи у падару модараш
мемонан ё не
Посух
Ва лайкумуссалом ва раҳматуллоҳ
Хоҳари исломӣ, агар ба шарте, ки падар сабаб
шуда бошад, ки духтараш бешавҳар монад, албатта
у гунаҳкор аст. Аз ин хотир вақте ба хостгории
духтар марде, ки аҳли намозу ибодат ва куф ояд,
набояд падару модар садди роҳи издивоҷи
духтарашон шаванд. Вагарно дар назди Худованд
барои ин амалашон посух хоҳанд гуфт.
Масъалаи талоқ
Суолкунанда:
бандаи худо
Таърихи суол:
12 /02 /2012
Матни Суоли
67
асаломуалайкум варахматуллохи вабаракоту
домуллои ширинсухан бобои эшон аз шумо хохиш
менамоям ба саволи ман чавоб гуед соли гузашта
оилаи маро мадараш рафта аз хонаи ман бахонаи
худаш бурдани шуд ман набудам ба ман занг зада
гуфт духтарамро мебарам ки ин доф дар хонаи ман
кудак мекунад ман нахостам барои онки мадараш
ичора нишин мебошад ва ман гуфтам ки оилаи маро
фарёд кун фарёд кар уро куфтамки нарав гуфт
меравам гуфтам ки агар мерави тудигар зани ман
нести гуш накарда рафт аз байн 10 гузашт ки
духтачам ба дунё омад ва баъд аз 13 руз
духтарчаам гузашт ба угуфам ки нописанди аз
шавхар ин аст у аз кори кадааш пушаймон шуда
гуфтки мадарам маро фандкада овард пушаймонам
дар инвакти гапзани мо модараш телфонро гирифта
дашномхои бисёкарди гуфт чавобашро медихи бисёр
даъвокада маро багазаб оварду телфонро хомуш
кард бад аз 2руздарвахти тахорати намози пешин ё
аср буд ёд надорам худ ба худгуфтам ин зан
бомодараш маро девонакардан кахрам омод худ ба
худ гуфтам 3 талок кадамут намашро ба забон
овардам ва ба бародараш гуфтам ки ба мадару
хохарат бигу рафта чизу чораашро биорад
зиндагиаш томом оилаам зангзад баман гуфт ки аз
тунашнидаам бовар надором ман урохечизнагуфтам
ин кори ту гуфтам халос оилаам аз чанд мулло
пирсида саволчаобкадааст уро гуфтанд ки гапи
гуфтаи авалашки ту зани ман нести гуфтааст ту
баромада рафти гуфта талоки боин мешавад гуфтаи
дуюмашро бекор мекунад ва гуфтааски зиндагикунед
....худам чанд муллоро гуфтам ин гахоро ба ман
хам хамин хел гуфтан ...холо бошад зиндагиамро
давом дода истодам никох кардам ва дилам
мелангад аз шуммо хохиш карда будам бо сайдатон
чавоб нашуд соли гузашта буд хохиш дорам ки
чизебошад бигуед аз худдои оламам талабгорамки
шумморо умри дубора дихад асалломуалайкум
варахматулои вабаракот
Посух
Ва лайкумуссалом ва раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ шумо ба ҳамон фатвои гирифтаатон
амал кунед ва дар дилатон шубҳа накунед. Зеро
масъулияти фатво ба души худи ҳамон олим аст ва
ба шумо ҳеҷ гуноҳе нест. Худованд шуморо
зиндагии хубу фарзандони аҳли ислом насиб
гардонад.
Ҳукми маҳр
Суолкунанда:
Akmaliddin
Таърихи суол:
08 /02 /2012
Матни Суоли
66
Assalomu alaykum, boboi eshon dar bobi mahri zan
chize meguften az baroi onki dar shabi nikoh ba'ze
mulloho dar in bob chize nameguyand. Hudovand
ham dunyovu ohiri shumoro obod gardonad.
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Ҳукми маҳр воҷиб аст. Бояд
мард маҳрро дар вақти никоҳ муайян кунад. Чуноне,
ки борҳо таъкид кардаем маҳр ду намуд мешавад;
маҳри муаҷҷал ва маҳри муъаҷҷал. Маҳри муаҷҷал
маҳрест, ки онро мард дер дар давоми муддате ба
зан пардохт мекунад. Аммо маҳри муъаҷҷал бояд
дар ҳол ба зан пардохт шавад. Миқдори маҳрро бо
ризогии тарафйн бояд муаян карда шавад. Маҳр
моли арус аст дигар кас ҳаққи гирифтанашро
надорад бе иҷозаи арус. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Ҳукми талоқ ба воситаи
СМС
Суолкунанда:
Махина
Таърихи суол:
05 /02 /2012
Матни Суоли
65
Асаламу алайкум ва рахматуллох.. Бобои хочи
илтимос ба саволам чавоб гардонед Худо Шуморо
нигахбон бошад.. ман зани сохиб шавхар хастам
вакте ки 7-моха хомиладор будам шавхарам бе
дарак гайб зад бад аз таввалуди фарзандам
ботарики смс 3- талокамро дод то хозир овозашро
нашунудам акнун 6- мох гузашт нав хабараш
омадаст ки у ин смс-ро нанависта аст ба фикри
худаш, намедонам ки чи кор кунам оё бад аз
омадани у бо у зиндаги кардан дурустаст?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ Худованд
шуморо нигаҳбон бошад. Модоме, ки шавҳари шумо
иқрор накардааст, ки у ин СМС ро фиристодааст,
пас шумо зиндагиятонро бо у идома диҳед.
Худованд нигаҳбонатон.
Маҷбур кардани падар
барои талоқ
Суолкунанда:
азиз
Таърихи суол:
05 /02 /2012
Матни Суоли
64
асалому алейкум бобои эшон ман як шахсе ки дар
шахри россия мебошам ман сохиби зану фарзанд
мебошам..бо бояк зане вохурдам др щахри россия
акои калониям ичозат дод кати падарм ки бо
никохи мусалмони никох када гир розиги
додан..карибе 2 сол зиндаги кардам бо 2 оилам
сипас маро падарам мачбур кадки талокаша те ай
пушти зани 1 кума вай занак сохиби 2 фарзанд буд
ман фарзандони вайро дар рохи ислом дароварда
намозхон кардам падарам гуфт ки агар чавобашро
нати ман аз ту рози не ....аз тарафи занам ягон
шикоят набуд оё ин друст аст ки агар ман
чавобашро надихам ман ок мешавам ман як бачаи 25
сола ки вай занаки бева зан буданба ман нахостам
ки вай ман на хостам ки бева зане бо 2
фарзандонаш бераха шавад аз рохи ислом дур шавад
фарзандонашро намоз хон кардам худашам намоз
мехонад ....илтимос (БОБОИ ЭШОН) бо саули ман
чавоб дихед намехохам ки падарам аз ман норози
бошад рахматои калон ки шумо хастет дар ватани
мо?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ модоме, ки
аз ҷониби ҳамсари шумо аз назари ибодат ва
итоати шавҳар камбудӣ набошад шумо метавонед ба
сухани падаратон аҳамият надода уро талоқ
накунед. Дар ин ҳолат агар падар рафту шуморо оқ
ҳам кард оқ намешавед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Ҳукми никоҳи зани
масеҳӣ
Суолкунанда:
Файзали
Таърихи суол:
25 /01 /2012
Матни Суоли
63
Ассаломалейкум бобои эшон
як савол доштам мехостам чавобашро аз шумо
фахмам. савол» Марди мусульмон метавонад зани
масехиро «урусро» Ба никохи худ бидарорад? он
зан дини исломро кабул накарда бошадхам. хаминро
мефахмондед бобочон мехостам ки мо дар шахри
русия ба зино даст назанему баникохи худ дарорем
ташакур чавобашро интизорам.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ ба мисли
ин саволи шумо қаблан низ ҷавобҳои муфассал дода
будем. Хулоса шумо метавонед бо зани масеҳӣ
издивоҷ кунед ба шарте, ки зани покдоман бошад
ва ба дини худ эътиқод дошта бошад. Дар вақти
никоҳ мусалмон буданаш шарт нест. Дар паноҳи
Аллоҳ бошед.
Ҳукми маҷбур кардан дар
никоҳ
Суолкунанда:
умед олимов
Таърихи суол:
08/05/2011
Матни Суоли
62
ассалому алекум ва
рахматуллои бабаракоту илтимос ба саволи мо
чавоб гардон агар падару модар фарзандро мачбур
зан диханд оё никох дуруст аст ё не худованд
шуморо нигахбон бошад
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Маҷбур кардани фарзанд барои издивоҷ ҷоиз нест.
Ҳатто маҷбур кардани духтар аз тарафи падару
модар
шаръан ҷоиз нест. Инчунин агар падар духтарашро
аз хостгоре, ки куфъ бошад манъ кунад гунаҳкор
мешавад. Ҳатто олимони ислом гуфтаанд, ки агар
падару модар духтари худро аз хостгорҳои меомада
манъ кунад ва издивоҷи вайро ба таъхир андозад,
дар ин ҳолат духтар метавонад ба қозии исломӣ
шикоят кунад. Дар ин ҳолат вайро беиҷозати
падараш ҳокими исломӣ издивоҷ мекунонад. Аммо
дар масъалаи шумо баён карда, модоме, ки издивоҷ
воқеъ шуда бошад ва ҳарду зану шавҳар лафзи
қабулу иҷобро гуфта бошанд, никоҳашон дуруст аст.
Вале падару модар барои маҷбур карданашон
гунаҳкор ҳастанд. Бинобар ҳамин бояд худи
фарзанд аз ҳуқуқҳои Худованд ба онҳо дода дифоъ
кунанд. Як чизи муҳимро месазад дар инҷо ёдовар
шавем, ки агар ба хостгории духтар марде ояд, ки
фосиқу бенамоз бошад, дар ин ҳолат падару модар
ҳақ доранд, хостгории он марди фосиқро рад
кунанд.
Оё закс никоҳ ҳисоб
мешавад?
Суолкунанда:
шодибек моква
Таърихи суол:
15/05/2011
Матни Суоли
61
асалому алайкум эшони
нуриддинчон басаволимо чавоб бигед агараз закси
точики барори дарруся закс куни барои паспорти
руси он зани точики чимешавад
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Не талоқ
намешавад. Зеро никоҳи мусалмонӣ никоҳ ҳисоб аст
на закс.
Ҳукми ризогии волидайн
дар никоҳ
Суолкунанда:
abdurrahman
Таърихи суол:
15/05/2010
Матни Суоли
60
assalamualeykuvarohmatullohivabarokatuh.
Shukri Xudo ki misli shumo
doei haqgu dorem.
Boboi eshon oyo zan be
ijozati padaru modarash(vali) shavhar karda
metavonad yo ne?Mo shunidem ki,nikoheki bi duni
izni vali has botil meboshad.Rahmat boboi eshon
xudo nigahdoraton boshad!
Посух
Ва алайкумус салому ва
раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ дар мазҳаби мо зан метавонад бе
иҷозати валӣ (падару модар) шавҳар кунад. Ба
шарте, ки зан оқила бошад ва шавҳари куфъу
муносиби худро бишносад ва тавонад ихтиёри солим
кунад. Аммо ба андешаи ман беҳтар ин аст, ки ба
иҷозати падару модар шавҳар кунад. Зеро ҳеҷ гоҳ
падару модар дар фикри бадии фарзанд нестанд.
Онҳо таҷрибаи зиндагӣ доранд.
Ҳукми никоҳ бо духтари
зане, ки бо вай зино кардааст
Суолкунанда:
Ahmad
Таърихи суол:
20/05/2010
Матни Суоли
59
salom boboi eshon,iltimos
ba savoli man jovob gardoned,shahseki bo zane
zino karda boshad,metavonad duhtari on zanro bo
zani girad?
Посух
На бародари исломӣ, ин
никоҳи вай бо духтари зане, ки бо вай зино
кардааст,ҷоиз нест.
Ҳукми никоҳи духтари
хола
Суолкунанда:
Рахим
Таърихи суол:
14/05/2010
Матни Суоли
58
Дуруди Худован бар Шумо
бод бобои эшон.
Суоли ман хамин, ки бо духтари хола оила барпо
кардан аз нигохи ислм чи гуна аст ва ба
носолимии фарзандон таъсире надорад?
Худо хофиз.
Посух
Додари исломи издивоҷ бо духтари хола аз назари
ислом ҳеч боке надорад. Шариати ислом дар ин
навъ издивоҷ на тарғиб намудааст на манъ
кардааст. Аммо ин, ки мегуянд чунин издивоҷ дар
оянда сабаби носолимии фарзандон мешавад, биёед
онро аз назари илми тибб бубинем. Яке аз
докторҳои маъруфи мисри, ки мутахассиси
бемориҳои виросии генетики аст чунин гуфтааст:
"Ин, ки мегуянд издивоҷ бо хешовандон боиси
густариши бемориҳои гузарандаи генетики мешавад,
ин дар ҳама ҳолатҳо дуруст намеояд. Бале, дар
баъзе ҳолатҳо боиси носолими фарзанд мешавад,
аммо дар умум чунин нест. Аз ин сабаб ин
наметавонад як коидаи кули бошад". Гузариши
бемориҳои генетики аз назари олимони тиб ин
вобаста ба ин аст, ки ҳамон бемори дар гузаштае
аз ҳамон оила бошад. Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) бо духтари аммаи худ Зайнаб бинти
Ҷаҳш издивоҷ карданд. Инчунин ҳазрати Али бо
Фотима (Худованд аз ҳардуи онҳо рози бод), ки
духтари писарамакаш буд, издивоҷ карданд. Билакс
фарзандоне чун Ҳасан ва Ҳусайн аз онҳо ба дунё
омад, ки номдорону олимони ислом буданд.
Хуллас бародари исломи аз назари ислом издивоҷ
бо духтари хола хеч боке надорад. Аммо насиҳати
ман бар шумо он чизест, ки Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) ҷавонони умматашро ба он тавсия
карда буд. Он ҳазрат фармуданд: «Барои
нутфаҳотон ҷои хуб ихтиёр кунед, бо занҳое
издивоҷ кунед, ки сазовор ва куфьанд барои
никоҳ». Максад аз ин тавсияи Паёмбар он аст, ки
занро ба хотири дину имондориаш никоҳ кунед на
ба хотири дигар чиз.
Ҳукми никоҳи зани
масиҳи ( християн )
Суолкунанда:
Nasim
Таърихи суол:
05/05/2010
Матни Суоли
57
Salom ba mardoni
hudo.Hudovand dushmanoni snumoro horu zalil
gardonad.Dar Russia mardho zanhoi rusro nikoh
mekunand.Harchand in zan ba dini masehi bovar
dorad, ammo pas az nikoh sari be ruimol
gardad,araq va piva hurad in nikoh az nigohi
islom durusrt meshavad?Shavhari in zan magar
dayus va gunahgor meshavad yo ne?
Посух
Алайкумус салому ва раҳматуллоҳ,
Додари исломӣ, Бале, чунин шахс дайюс ҳисоб
мешавад. Худованд дар Куръон занҳои покдомани
аҳли китобро ҳалол кардааст, на ҳар зани
беиффату фоҷира ро. Дар ояте, ки дар Куръон
омадааст, ки никоҳи занони аҳли китобро иҷоза
додааст, дар он ҷо калимаи “муҳсанот” ро зикр
кардааст, ки мақсуд аз муҳсанот занҳои
покдоманаст, ки аз аҳли зинову фуҷур нестанд.
На ҳар зани фосиқу фоҷира. Хулоса он зане аз
аҳли китоб никоҳаш бар мусалмон ҷоиз аст, ки он
зан бар расму оини динаш чи аз назари пушиш ва
чи аз назари хурдану ошомидан пойбанд бошад.
Оё донистани нияти ғусл
барои никоҳ шарт аст?
Суолкунанда:
САЛИМОВ КУРБОНАЛИ
Таърихи суол:
29/05/2010
Матни Суоли
56
Салом бобои эшони
Нуриддинчон ман бо шумо як савол дорам агар одам
нияти гуслро надонад никох ба вай раво хаст е ин
ки не ?
Посух
Додари исломӣ, нияти ғусл ҳеч дахле ба никоҳ
надорад. Аввал ин, ки барои ғусл ҳеч нияте ба
лафз фарз нест. Ҳамин, ки ту ба дилат қасди ғусл
аз ҷанобат мекунӣ, кифоя аст. Модоме, ки ҳамон
шахс имон ба Худо, Паёмбар, Қуръон ва рузи
қиёмат ва тақдир дошта бошад ва намозҳояшро
хонад никоҳ бо вай дуруст аст. Ин сухане, ки
касе нияти ғуслро надонад, никоҳаш дуруст нест,
ин нодуруст аст. Худованд нигаҳбонатон.
Ҳукми гирифтани модари фарзанди худ баъд аз
ҷудошуданаш аз шавҳари 2юмаш
Суолкунанда:
Нуриддин аз москов
Таърихи суол:
26/05/2010
Матни Суоли
55
Салом Домуло Худованд
шуморо нигах дорад. Савол. Ман 8сол пеш занамро
3 талок кардам дар ин мудат у шавхар кардааст
боз чудо шуд. Ман аз он зан 1 кудак дорам. Ое
метавонам бигирам? Шумо чи маслихат медихед?
Посух
Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.
Бале,додари исломӣ дар чунин ҳолат он зан
никоҳаш ба шумо дуруст аст. Маслиҳати ман ҳамин,
ки агар занатон зани мусалмони намозхон бошад,
хуб мешавад никоҳ кунед гиред ба хотири
фарзандатон.Он навъ никоҳ баъд аз сеталоқ дуруст
нест, ки дониста ҳалола карда бошад. Ҳалола
карданин як амали зиштаст, ки шариати ислом онро
ҳаром мешуморад.Худованд шуморо хушбахт гардонад.
Шарт барои зани 2юм
гирифтан дар чист
Суолкунанда:
Фарход
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
54
Ассалому алейкум бобои
эшон.Ман сохиби 2-фарзанд мебошам ва ман мехохам
ки боз як зан гирам. Тарзу нигохубинаш фахмонед,
ки гунахкор нашавам.
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, муҳимтарин кори зарурӣ барои
шахсе, ки мехоҳад ду ҳамсар дошта бошад ин аст,
ки адлро бояд байни ҳамсаронаш риоят кунад.
Қуръон барои мо таълим медиҳад, ки агар шумо
наметавонед адлро байни ҳамсаронатон ҷорӣ кунед,
беҳтар аст, ки фақат як зан бигиред. Адл яъне
баробарӣ ва мусовот байни ҳамсарон дар тақсими
ҳамхобагӣ, таъмини зиндагӣ. Умуман бояд мард
ҳамаи занҳояшро баробар нигоҳ кунад.
Никоҳи бе изни волидайн
Суолкунанда:
Рахмиддин
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
53
Саломалекум хазрати
эшони Нуриддинчон:савол:ман духтареро дуст
медорам ва у низ маро дуст медорад мо ба хотири
онеки зинои чашму зинои дастиию ва низ зинои
вазнин накунем мехохем никох кунем,лекин инро
волидони мо хабар надоранд гунох мешавад ба чои
шохид чураам ва як дугонаи у иштирок мекунад
илтимос устод саволро чавоб бигардонед!Дар
панохи Худованд бимонед!
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Додари исломӣ,
кушиш кунед падару модари он духтарро розӣ кунед.
Ва ҳаргиз беиҷозаи онҳо ин корро накунед. Сониян
барои дуруст шудани никоҳ шоҳид бояд ду марди
мусалмон ва ё як марду ду зани мусалмон бошад.
Дар паноҳи Худо бошед.
Никоҳи пинҳони
Суолкунанда:
Рахмиддин
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
52
Ассалому алейкум бобои
эшон Худованд шуморо аз хама балохо нигах
бидорад ва хамаи ахли оилаатонро дар панохи худ
низ нигахбон бошад.Духтареро дуст медорам ва
унам маро дуст медорад ман медонам ки дар ислом
нигох кардан ба руи духтари номахрам ва капидани
дасти у гунохи калон аст мехохам бо у никох
кунем аммо волидони мо инро хабар надоранд ин
боиси гунох ё буридани никох мегардад? илтимос
чавобро бесаброна интизор астам. панохи Худованд!!!
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Додари исломӣ шумо барои ин, ки дар гуноҳ
наафтед падару модари худро барои хостгорӣ ба
назди падару модари духтар бифиристед.
Иншоаллоҳ вақте, ки онҳо розигӣ доданд шумо метавонед
суҳбат кунед. Додари исломӣ зино гуноҳи кабира
аст, ки кунандаи онро Худованд сахттарин ҷазо
ваид намудааст. Бинобар ҳамин тавсияи мин ин, ки
розигии падару модари духтарро ҳарчи зудтар ба
даст биёр ва бо якдигар фотиҳа кунед, то
худатонро аз ин гуноҳи бузург нигаҳ доред. Дар
паноҳи Худо бошед.
Тариқи никоҳи мусулмон
Суолкунанда:
носир Душанбе
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
51
Ассалому алайкум, саволи
ман чунин аст никохи мусалмони чи тавр
гузаронда мешавад,.....
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Шарти асосии никоҳ ин
ҳузури ду шоҳид аст. Яъне дар вақти никоҳ бояд
ду шоҳид бошад ва инчунин маҳр дар никоҳ муайян
гардад. Никоҳ ба лафзи "Бахшидам" ва Қабул
кардам" баста мешавад. Яъне зан нафси худро ба
мард мебахшад ва мард онро қабул мекунад. Якеаз
шартҳои дигари никоҳ ин аст, ки бояд мард нияти
никоҳи муваққат яъне чандвақтаро надошта бошад
ва баҳадафи зиндагии якумра никоҳ кунад.
Марди зиногар ва никоҳи
ӯ
Суолкунанда:
шарипов шамсиддин
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
50
асаломуалайкум домлои азиз
аз шумо хохиш мекунам.ки ба саволиаволи ман
чавоб дихед агармарди зандор зино кунад
никохаш бурида мешавад ёне илтимос чавоб
дихед.....
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Агар ба шарте ҳамон марди
зандор зиноро ҳалол шуморад бе шакку шубҳа
никоҳаш бо ҳамсараш бурида мегардад. Зеро вай
дигар мусалмон нест. Никоҳи зани мусалмон бо
марди кофир ҷоиз нест. Худованд паноҳ диҳад.
Фасхи никоҳ бе огоҳии
шавҳар
Суолкунанда:
Зебо
Таърихи суол:
08/09/2010
Матни Суоли
49
дар кадом холат зан
метавонад худро аз никохи шавхараш берун созад
бе огохии шавхараш чунки бенишон аст.
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Хоҳари
исломӣ чунин масъаларо бояд аз наздик ба назди
ягон донишманд равед ё ба идораи муфтиёт биравед.
Он ҷо онро ҳал мекунанд. Чунин масъаларо
бепурсуҷуи ҳамаи ҷонибҳояш фатво додан хато аст.
ЗАГЗ бидуни никоҳ зино
аст
Суолкунанда:
Замира
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
48
Мухтарам Эшони Нуриддин як
саволе дорам ман бо шавхарам сенздах сол инчониб
зиндаги дорам аммо никохи мусулмони надорем
лекин ЗАГС дорем ман аз шавхарам ду фарзанд
дорам ба ман бугуед зиндагии мо халол аст е не
ман хар боре ки ба у никох кунем гуям дер
намешад ягон руз мекунем мегуяд ба ман маслихат
дихед.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Хоҳари
исломӣ хеле ҷои таассуф аст, ки ин муддати дароз
шумо никоҳи мусалмонӣ надоштед. ЗАГС наметавонад
никоҳи исломӣ бошад. Зеро дар никоҳ шарти асосӣ
талаффузи лафзи иҷоб ва қабул аст. Яъне зан бояд
дар шоҳиди одамон тану нафси худро бар мард
мебахшад ва мард онро қабул мекунад. Бинобар
ҳамин ин зиндагии шумо мутаассифона то ҳол зино
буд. Ба шумо тавсия мекунам, ки ҳарчи зудтар бо
шавҳаратон никоҳ кунед. Ба шавҳаратон фаҳмонед,
ки никоҳ фарз аст. Агар шавҳаратон инро қабул
накунад, ба иттифоқи назари олимони ислом вай
кофир аст. Зиндагӣ ва якҷо будани шумо бо вай
модоме, ки шумо зани мусалмонед дуруст нест. Аз
ин ру ҳарчи зудтар бо шавҳаратон никоҳ кунед.
Ҳукми никоҳи марди
зинокор
Суолкунанда:
курбоналй
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
47
Асалому Аллекум бобои эшон
,ман як савол дорам ,агар марди зандор бо як
зани дигар ишкварзи кунад занаш талок мешавад
ва чанд талок мешавад? ,бобои эшон ба хамин
саволи ман пурра чавлоб дихет ки дар чои мо
бисьер бахс аст ,дар панохи худо бошед бобои
эшон
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Агар ҳамон марди зандори
зинокор дар дилаш ҳеҷ хавф аз Худо надошта зино
кунад ва низ ҳамон амалашро ҳалол донад, чунин
шахс кофир мешавад ва занаш бар вай талоқ
мешавад. Дигар ҳуқуқи бо он зан наздик шуданро
надорад. Пас аз оне, ки тавба кард, занашро
дубора никоҳ карда мегирад. Аммо агар ҳалол
надонад ва эҳсос кунад, ки гуноҳи бузурги
нобахшиданӣ кардааст, дар ин ҳолат занаш талоқ
намешавад. Вале муртакиби гуноҳи кабира аст, ки
соҳибашро дар оташи Дузах месузонад. Локин баъзе
олимон шахси зандореро, ки ҳамеша зино мекунад
ва ҳеҷҳаросе аз ин амал надорад, агарчи зиноро
ҳалол надонад занаш талоқ мешавад, гуфтаанд.
Бинобар ҳамин ҷавононро насиҳат мекунам, ки ба
хотири як сония роҳат охираташонро насузанд.
Худованд ҳамаи мову шуморо аз шарри чунин амалҳо
нигаҳ дорад.
Никоҳ бо духтари хола
Суолкунанда:
Темур Хакимов (аз Руссия Челябинск)
Таърихи суол:
04/11/2010
Матни Суоли
46
Устоди арчманд ва
мухтараму муаззаму мукаррам, ассалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракотуху.Ман аз шумо хохиш
мекунамки ба суолхо посух бидихед!
1)Дар ин дунё бо духтаре
ошик шудан мункин(дуст доштан) ё на?
2) Бо хеш (бо духтари
амма) хонадор шудан мумкин аст ё на
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
1)
Ҷавоб аз идора: Ба мисли ин саволи шумо мо
қаблан ҷавоби муфассал аз ҳазрати Эшон пешниҳод
карда будем.
Бо духтари амма хонадор шудан бо никоҳи
мусалмонӣҷоиз аст.
Никоҳи бадкора баъди
ислоҳ
Суолкунанда:
GULOM
Таърихи суол:
04/11/2010
Матни Суоли
45
DOMULLOIAZIZ ?
MAN YAK DUXTARI BADKORARO BO INOYATI XUDOVAND BA
ISLOM DA'VAT KARDAM/ BO ZAHMATI ZIYODE QURONXON
SHUD. SATR GIRIFTAAST. OYO METAVONAM URO BA
NIKOHI XUD DARORAM?
2.
SHAXSERO. KI FARZANDONASH GUNG HASTAND METAVONAD
ZANI DUVVUM GIRAD?
3.TCARO AKSARI FARZANDONI
NOSOLIM AZ NIKOHI XESHUTABORIAND?
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
1) Бале метавонед вайро ба никоҳи
худ дароред. Бародари исломӣ шумо хеле савоби
зиёд гирифтед барои ин коратон. Зеро Паёмбари
Худо (алайҳиссалом) гуфтаанд: "Агар шахсе ба
дасти ту ҳидоят ёбад барои ту аз ҳазорон
шутурони сурхму (шутурони қиматбаҳо дар он замон)
беҳтар аст".
2) Бале метавонад.
Ин суханон хато аст. Мо
қаблан ҳам ба ин савол ҷавоб дода будем. Ин
суханҳо нодуруст аст. Ҳатто илми имруза исбот
кардааст, ки агар ба шарте, ки генҳои марду зан
ба ҳам як ояд фарзанд носолим мешавад. Бисёр
ҳолатҳо шудааст, ки марду зане, ки тамоман хеш
нестанд аммо аз сабабе, ки генҳояшон ба ҳам як
буданд фарзандонашон носолим ба дунё омадааст.
Ман ба шумо ба унвони мисол никоҳи Фотима
духтари Паёмбар (алайҳиссалом) бо писарамакаш
Алиро меорам. Аз ин никоҳи муборак беҳтарин
фарзандон Ҳасан ва Ҳусайн ба дунё омаданд, ки
ҳар яке баҳри илму тақво буданд. Бинобар ҳамин
на дар ҳама ҳолатҳои хешу табор фарзандон
носолим меоянд ва ин ҳам вобастагӣ ба гени худи
мард дорад. Худованд нигаҳбонатон.
Ризогии волидайн дар
никоҳ
Суолкунанда:
мир АЗ МАСТЧОХ
Таърихи суол:
04/11/2010
Матни Суоли
44
ДОМУЛЛОИ
МУХТАРАМ!
МЕХОХА БО
ДУХТАРЕ ХОНАДОР ШАВАМ. вОЛИДАЙНИ ДУХТАР РИЗО
ХАСТАНД, ВАЛЕ ВОЛИДАЙНИ МАН МЕХОХАНД БА
ХОЛАДУХТАРАМ ОИЛАДОР ШАВАМ. мАН ОН ДУХТАРРО ДУСТ
МЕДОРАМ. бО ДУХТАРХОЛААМ ХЕЧ ХОХИШИ ХОНАДОРШАВИ
НАДОРАМ. чИ КОР КУНАМ? бЕ РИЗОГИИ ПАДАРУ МОДАР
НИКОХ КУНАМ ГУНАХКОР Ё ОК МЕШАВАМ?
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ дар никоҳ розигии падару модари
мард аз назари шариат зарур нест. Аммо ман ба
шумо тавсия мекунам, ки як коре карда розигии
онҳоро ба даст биёр. Зеро хонадоршавӣ ин барои
як шабу руз нест. Балки бояд тули умрро фикр
кард Бинобар ҳамин кушиш бикун розигии онҳоро ба
даст биёвар. Худованд нигаҳбонатон.
Никоҳи танбахшии бе
мулло
Суолкунанда:
мухлиси Шумо аз Душанбе
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
43
Ассалому алекум мухтарам
эшони Нуриддинчон мехостам дар бораи никохи
танбахши маълумоте бигирам, никохе ки зану
мард худашонро ба якдигар мебахшанд бе хузури
домуллох ин дурустаст ё не?
Посух
Ва
алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ дар никоҳ
се шарт асл ва зарур аст, ки бидуни он никоҳ
дуруст намешавад. Он се шарт инҳо ҳастанд; Лафзи
қабулу иҷоб. Яъне бояд зан тану нафси худро ба
мард дар ҳузури шоҳидон бахшад ва мард онро
қабул кунад. Таъйини маҳр. Шарти саввум бояд дар
вақти никоҳ ду шоҳиди марди мусалмон ва ё як
марду ду зани мусалмон ҳузур дошта бошанд.
Будани мулло дар никоҳ шарт нест.
*
* *
Масҷиди
"Халифа Абдулкарим
Дуо
Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.