WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Эшони Нуриддинҷон

Фатвоҳо дар боби намоз

Саҳифаи 1

 
::Суоли Шумо::.

 
Ҳукми намоз бо либоси суратдор
Суолкунанда: Шараф
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 192

Ассалому алайкум Бобои Эшон худованд умратонро дароз гардонад як суоле дорам хохиш мекунам ба вай чавоб дихед ман эмом шуда бо бародарам намоз хонда будем ва баъди намоз дидам ки футболкаи ман сурати одаме дошт намозамонро аз навъ хонем е боке надорад, ва давр хакки мо дуо кунед худованд хамеша дар понохаш нигох дорад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не, намози шумо фосид нашудааст, вале кароҳият бо худ гирифтааст. Бо либоси сурати ҳайвони ҷондор намоз гузоштан макруҳ аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хондани намози нафл дар масҷид
Суолкунанда: Мухлис
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 192

Ассалому алекум ва рахматуллох Бобои эшон дар масчити мо хамавакт баъзе одамон пас аз хондани намозхои шом 2 ракат нафл мехонанд. Онхо инро одати доими кардаанд. Шахсе ба онх гуфт, ки хадисе хаст, ки шумо амалхои нофиларо ба мисли намози нафл ё рузаи нафл ё садакаи нафлиро пинхони анчом дихед. Агар чи гунахгор намешавед бехтараш хамин намозро рафта нафлро дар хона хон, ё ин ки акаллан баъзан вакт дар масчит нахон то як хукми лозимаро нагирад. Бобочон дар хамин масъала каме рушани андозед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, ба таври мудовим ва ҳамвора машғул шудан ба як амри нофила маънои воҷиб будани онро надорад. То вақте, ки эътиқод бар он дошта бошад ва ё назр кунад. Бинобар ҳамин хондани намози нафл баъди шом ҷоиз аст. Агар ба шарте, ки ҳамон шахс баъди намоз ба хонааш баргард, яъне дар масҷид нашинад беҳтар ин аст, ки дар хонааш нафлро бихонад. Зеро Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд, ки хонаҳоятонро ба қабр монанд накунед, намозҳои нафлро дар хонаҳоятон бихонед”. Аммо агар баъд аз шом дар масҷид нишинад, ки одати аксари мардум чунин аст, ки баъди шом то хуфтан дар масҷид мешинанд, боке надорад, ки дар масҷид бихонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Саҷдаи саҳв дар намозҳои нофила.
Суолкунанда: Сайдаброр
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 191

Ассалому алайкум Бобои Эшон ман яке аз мухлисони доимии Шумо хастам. Хама вакт дуо мекунем то ин ки боз Шуморо мисли пештара дар болои минбар бубинем. Худованд Шумо ва хамаи ахли оилаатонро дар панохаш нигох дорад........ Суол: Бобои Эшон дар намози суннат ва нофила сачдаи сахв лозим мешавад ё на. Мехохам аз худи Шумо шунавам Бобои Эшон тезтар чавоб гардонед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале, агар мавзеи саҷдаи саҳв биёяд, лозим аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хандаи баланд дар намоз
Суолкунанда: Мухаммад
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 190

салом бобой эшон ман як савол дорам ба шумо! бобой эшон вакте ки эмом дар намоз хандад оё намози мардум фосид мешавад оё не?бобо ман дар шахри москва мехонам дар юридически инистут мехонам дар хаки ман дуой хайр!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале, фосид мешавад. Худованд ба шумо илми хубу хидмати ислому миллат насиб кунад.


Бардоштани дастон дар вақти такбири таҳрима баробари гушҳо.
Суолкунанда: Бахтовар
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 189

Ассалому алейкум домуллои ширинсухан. суол дорам: Дар вакти нияти намоз расули акрам дасташонро ба гушашон мерасонд? Худованд илматонро боз хам зиёдтар гардонад!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Мувофиқи суннат дар мазҳаби мо дастҳоро дар вақти такбири таҳрима ба андозаи гушҳо бардоштан аст, на расондан бар гуш. Ин ривоят дар саҳеҳи Муслим омадааст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


фаромуш кардани замми сура дар намози суннат
Суолкунанда: Фируз
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 188

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва Б. Суол: Дар намози пешин 3юм ракъакти суннатро, ман замми сура накардам. Парешонхотир будам, дар ин холат чи кор кардан даркор буд оё сачдаи сахв лозим буд? Худи сачдаи сахв чихел адо карда мешавад.?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не, бародари исломӣ саҷдаи саҳв лозим намешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Чи гунагии хондани намози пешин дар рузи ҷумъа
Суолкунанда: Муслим
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 187

ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотуху хазрат Эшони Нуриддинчон Худованд шуморо нигах дорад ва душманонатонро несту нобуд кунад. савол ман шунидам ки агар шахсе ба намози чумъа бо сабабе рафта натавонад намози пешинро бояд бад аз намози чумъа хонад оё ин ягон далел дорад??? дар охир да хаки ман дуъо кунед ки Худованд эмони комил ба ман насиб бигардонад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ба  шарте, ки шахсе, ки ҷумъаро бо сабабҳое тарк кардааст, дар шаҳр истиқомат дошта бошад, ки дар атрофаш масҷиди ҷумъахонӣ наздик бошад, бояд намози пешинро танҳо бихонад , вале шахсе, ки дар маконе ҳаст, ки дастрасӣ ба масҷиди ҷумъа барои у душвор аст, дар ин ҳолат намози пешинро дар аввали вақт ва бо ҷамоат агар хонанд боке надорад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Тарки намози ҷумъа
Суолкунанда: Тоҳир
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 186

Салом ба Шумо Эшони Нуриддинҷон ва ба коргардони ин саҳифа Худованд дар паноҳаш нигоҳ доратон бошад. Саволи ман чунин аст? Ман донишҷуям дор давлати Украина, ман наметонам ҳар ҳафта ба намози Ҷумъа равам ин барои ман қарз мешавад яъне ман гунаҳгор мешавам. Илтимос ба саволам ҷавоб диҳед Худо ҳофиз!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ, агар масҷиди ҷумъа ба шумо наздик бошад ва ҳеҷ монеае барои рафтан ба намози ҷумъа бар шумо набошад, шумо гунаҳкор мешавед.  Аммо агар масҷид дур бошад ва имконияти ҳузури шумо дар он масҷид душвор бошад, боке надорад дар хона намози пешинро бихонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хондани намози нафл дар масҷид
Суолкунанда: Мухлис
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 185

Ассалому алекум ва рахматуллох Бобои эшон дар масчити мо хамавакт баъзе одамон пас аз хондани намозхои шом 2 ракат нафл мехонанд. Онхо инро одати доими кардаанд. Шахсе ба онх гуфт, ки хадисе хаст, ки шумо амалхои нофиларо ба мисли намози нафл ё рузаи нафл ё садакаи нафлиро пинхони анчом дихед. Агар чи гунахгор намешавед бехтараш хамин намозро рафта нафлро дар хона хон, ё ин ки акаллан баъзан вакт дар масчит нахон то як хукми лозимаро нагирад. Бобочон дар хамин масъала каме рушани андозед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, ба таври мудовим ва ҳамвора машғул шудан ба як амри нофила маънои воҷиб будани онро надорад. То вақте, ки эътиқод бар он дошта бошад ва ё назр кунад. Бинобар ҳамин хондани намози нафл баъди шом ҷоиз аст. Агар ба шарте, ки ҳамон шахс баъди намоз ба хонааш баргард, яъне дар масҷид нашинад беҳтар ин аст, ки дар хонааш нафлро бихонад. Зеро Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд, ки хонаҳоятонро ба қабр монанд накунед, намозҳои нафлро дар хонаҳоятон бихонед”. Аммо агар баъд аз шом дар масҷид нишинад, ки одати аксари мардум чунин аст, ки баъди шом то хуфтан дар масҷид мешинанд, боке надорад, ки дар масҷид бихонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Саҷдаи саҳв дар намозҳои нофила
Суолкунанда: Сайдаброр
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 184

Ассалому алайкум Бобои Эшон ман яке аз мухлисони доимии Шумо хастам. Хама вакт дуо мекунем то ин ки боз Шуморо мисли пештара дар болои минбар бубинем. Худованд Шумо ва хамаи ахли оилаатонро дар панохаш нигох дорад........ Суол: Бобои Эшон дар намози суннат ва нофила сачдаи сахв лозим мешавад ё на. Мехохам аз худи Шумо шунавам Бобои Эшон тезтар чавоб гардонед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале, агар мавзеи саҷдаи саҳв биёяд, лозим аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хандаи баланд дар намоз
Суолкунанда: Мухаммад
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 183

салом бобой эшон ман як савол дорам ба шумо! бобой эшон вакте ки эмом дар намоз хандад оё намози мардум фосид мешавад оё не?бобо ман дар шахри москва мехонам дар юридически инистут мехонам дар хаки ман дуой хайр!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале, фосид мешавад. Худованд ба шумо илми хубу хидмати ислому миллат насиб кунад.


Бардоштани дастон дар вақти такбири таҳрима баробари гушҳо
Суолкунанда: Бахтовар
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 182

Ассалому алейкум домуллои ширинсухан. суол дорам: Дар вакти нияти намоз расули акрам дасташонро ба гушашон мерасонд? Худованд илматонро боз хам зиёдтар гардонад!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Мувофиқи суннат дар мазҳаби мо дастҳоро дар вақти такбири таҳрима ба андозаи гушҳо бардоштан аст, на расондан бар гуш. Ин ривоят дар саҳеҳи Муслим омадааст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


фаромуш кардани замми сура дар намози суннат
Суолкунанда: Фируз
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 181

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва Б. Суол: Дар намози пешин 3юм ракъакти суннатро, ман замми сура накардам. Парешонхотир будам, дар ин холат чи кор кардан даркор буд оё сачдаи сахв лозим буд? Худи сачдаи сахв чихел адо карда мешавад.?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не, бародари исломӣ саҷдаи саҳв лозим намешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Чи гунагии хондани намози пешин дар рузи ҷумъа
Суолкунанда: Муслим
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 180

ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотуху хазрат Эшони Нуриддинчон Худованд шуморо нигах дорад ва душманонатонро несту нобуд кунад. савол ман шунидам ки агар шахсе ба намози чумъа бо сабабе рафта натавонад намози пешинро бояд бад аз намози чумъа хонад оё ин ягон далел дорад??? дар охир да хаки ман дуъо кунед ки Худованд эмони комил ба ман насиб бигардонад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ба  шарте, ки шахсе, ки ҷумъаро бо сабабҳое тарк кардааст, дар шаҳр истиқомат дошта бошад, ки дар атрофаш масҷиди ҷумъахонӣ наздик бошад, бояд намози пешинро танҳо бихонад , вале шахсе, ки дар маконе ҳаст, ки дастрасӣ ба масҷиди ҷумъа барои у душвор аст, дар ин ҳолат намози пешинро дар аввали вақт ва бо ҷамоат агар хонанд боке надорад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Тарки намози ҷумъа
Суолкунанда: Тоҳир
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 179

Салом ба Шумо Эшони Нуриддинҷон ва ба коргардони ин саҳифа Худованд дар паноҳаш нигоҳ доратон бошад. Саволи ман чунин аст? Ман донишҷуям дор давлати Украина, ман наметонам ҳар ҳафта ба намози Ҷумъа равам ин барои ман қарз мешавад яъне ман гунаҳгор мешавам. Илтимос ба саволам ҷавоб диҳед Худо ҳофиз!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ, агар масҷиди ҷумъа ба шумо наздик бошад ва ҳеҷ монеае барои рафтан ба намози ҷумъа бар шумо набошад, шумо гунаҳкор мешавед.  Аммо агар масҷид дур бошад ва имконияти ҳузури шумо дар он масҷид душвор бошад, боке надорад дар хона намози пешинро бихонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми намоз бо либоси суратдор
Суолкунанда: Шараф
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 178

Ассалому алайкум Бобои Эшон худованд умратонро дароз гардонад як суоле дорам хохиш мекунам ба вай чавоб дихед ман эмом шуда бо бародарам намоз хонда будем ва баъди намоз дидам ки футболкаи ман сурати одаме дошт намозамонро аз навъ хонем е боке надорад, ва давр хакки мо дуо кунед худованд хамеша дар понохаш нигох дорад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не, намози шумо фосид нашудааст, вале кароҳият бо худ гирифтааст. Бо либоси сурати ҳайвони ҷондор намоз гузоштан макруҳ аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Нигоҳ кардан ба саҷдагоҳ дар намоз
Суолкунанда: Сафарбек
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 177

Салом бобои эшон. Дар намоз дар вакти рукуъ ба сачдагох бояд нигох кард ё ба болои пойхо? саволи дигар ин ки баъзехо дар намоз дар киём коматро рост нагирифта балки каме ба монанди кузала меистанд. Бахсе шуд ки якумин гуфт ту киёмро ба чо наоварди ин дар хисоби рукуъ аст ва дигаре гуфт дар намоз бояд шахс такабурона набошад бояд шикаста бошадю Кадомаш хак аст?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар намоз ба саҷдагоҳ нигоҳ кардан мустаҳаб аст. Дар намоз дар вақти қиём бояд қомати намозгузор рост бошад. Ин, ки гуфтаанд, бояд инсон дар намоз шикаста бошад, ин нодуруст аст. Қомати рост дар вақти қиём нишони такаббурӣ нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Тарки суннати бомдод дар ҳоли иқомаи фарз
Суолкунанда: Хусрав
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 176

Асалому алейкум бобои Ешон суоле дорам илтимос чавобашро дихед ман дар намози бомдод 2 ракат сунаташба дер кардам омадамки имом 2 ракати фарзашро сар кардосан ман 2 ракат фарзро бо имом хондам 2 ракати сунаташро бади фарз хонам дуруст ё не илтимос чавоб дихед бобчон

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар мазҳаби мо агар ба  шарте, ки хавфи фавти намози ҷамоат набошад яъне ба андозае, ки суннатро хонда шавад ва баъдаш намози фарз дарёб карда шавад вақт бошад, дар ин ҳолат аввал суннатро мехонад сипас бо ҷамоат ҳамроҳ мешавад. аммо агар хавфи он бошад, ки хондани суннат сабаби фавти ҷамоат шавад дар ин ҳолат суннатро тарк мекунаду ба ҷамоат ҳамроҳ мешавад. Аммо раъйи ҷумҳур ин аст, ки баъд аз  фарз суннатро хонад беҳтар аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хандаи имом дар намоз
Суолкунанда: мухаммад
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 175

cалом бобой эшон лаънат бар душманонатон бобой эшон ман як савол дорам агар эмом дар намоз ханда кунад намози чамоат фосид мешавад ё не? ва дар охир дар хакики ман як дуой хайр кунед ки корхой ман барор гирад:

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале, намоз фосид мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми тарки намоз дар ҳолати беморӣ
Суолкунанда: зохир
Таърихи суол: 12/03/2012
Матни Суоли 174

асалому алайкум бобои хочи марде агар дарде дошта бошад ва намоз хонда натавонад уро чи азоб интизор аст

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Гунаҳкор мешавад. Зеро намоз ҳеҷгоҳ аз гардани инсон соқит намешавад. Ҳатто дар ҳолатҳои ҷанг, ки мусалмонон дар майдони набард ҳастанд, ислом қазо ва тарки намозро иҷоза надодааст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми шахсе, ки ба масҷид намеравад
Суолкунанда: Умар
Таърихи суол: 12/03/2012
Матни Суоли 173

Салом бобои эшон. савол ман банамози хуфтан намерам сабабаш дар хона келинам ва 2кудаки ёш дорам калонаш 2сола ман ба масчид наравам чи мешад то масчид 800метир. мо дар кишлок зиндаги мекунем илтимос чавоби савол зарур мана як дустам мегят ки ту аз таси занат намебиёи илтимос дар хаки мо дуо кунед мухлисони шумо аз райони ашт.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ ин далели шумо оварда барои нарафтан ба намози ҷамоат ҳуҷҷат шуда наметавонад. Шумо ба масҷид равед ва ҳаргиз аз савоби масҷид худро ақиб намонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Иқтидои донандаи таҷвиб ба имоми бетаҷвид
Суолкунанда: як бандаи очизу гунахгор
Таърихи суол: 12/03/2012
Матни Суоли 172

ассалому алейкум варахматуллох бобои эшон ман як мухлиси шумо худованд шумора аз тухмату бухтони фосикон начод дихад бобочон дар хакки ман дуо кунед,Аллох маро аз карз начод дихад.Ман як савол дорам чавоб дихед ман агар тачвидро аз эмоми масчидамо зиёд донам иктидои ман дуруст аст ё не

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Дар ин масъала назар карда мешавад, агар қироати имом тавре бошад, ки маънои оятро тағйир диҳад, дар ин ҳолат иқтидои шахси таҷвиддон аз пушти чунин имом ҷоиз нест. Аммо агар фақат дар баъзе масъалаи таҷвидӣ камбудӣ дошта бошад, вале сураҳоро бехато ва бетағйири маъно хонад иқтидои шахси қоритар дуруст аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хондани (аллоҳуммағфирли) дар намоз
Суолкунанда: Вали
Таърихи суол: 12/03/2012
Матни Суоли 171

Бобои эшон шахсе мегуяд, ки агар дар намоз баъди салавотхо дуои Аллохумагфирлиро нахони боке надорад, зеро ин кор аз Пайгамбари Худова сахобахо собит нашудааст. Оё дуруст аст? Ин удо дар намоз суннат аст ё мустахаб?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Хондани (аллоҳуммағфирли) суннат аст. Зеро Паёмбари Худо (алайҳиссалом) гуфтаанд, ки баъд аз салавотҳо дар намоз чи дуое, ки мехоҳед бикунед. Пас (аллоҳуммағфирли) низ дуо аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Дараҷае шахсе, ки аз бемориҳои тулонӣ вафот мекунад
Суолкунанда: Чамолиддин Рачабов
Таърихи суол: 08/03/2012
Матни Суоли 170

Асалому алайкум бобои Эшон ман яке аз мухлисони шумо хастам панч мох пеш бародари ман дар сини 17 солаги аз касалии саратон вафот кард у аз сини балогат намоз мехонд рузаашро мегирифт ва хамеша намози чаъма мерафт ва бисёр шуморо дуст медошт махс чанозаашро шумо хондед у се чарохиро аз сар гузаронида бади чарохии сеюм тамоми азои у аз кор баромад ба чуз як забонаш мисли хазрати Аюб шабу руз бедор буд ва факат шукри худоро мекард ва се мохи охир намоз хонда натавонист бад аз як рузи маргаш ман ва ахли оила ду ракати барояш харруз намоз мехонем оё ин се моха казои уро пушонида метавонад ё не (ва дар хаки хонадони мо дуо кунед)

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, Аллоҳ ба шумо ва аҳлу оилаи шумо сабр диҳад. Шумо ғамгин  набошед иншо Аллоҳ бародаи шумо шаҳид аст зеро Паёмбарамон фармудаанд "..касе, ки ба сабаби бемориҳои даруни аз дунё мегузарад пас у шаҳид аст.." иншо Аллоҳ чунин ҷавон биҳиштӣ аст, зеро ин навъ имтиҳонро ҷуз дустони Худо касе дигар бардошта наметавонанд.

 Шумо қазоии намозҳои уро нахонед.Зеро  намозро ба ҷои як нафари дигар хонда намешавад.  фақат дар ҳаққаш дуо кунед. Хаёру эҳсон намуда ба руҳи у бахшед иншоаллоҳ руҳи у аз шумо хушҳол мегардад. Аллоҳ шуморо ва аҳлу оилаи шуморо ҳифз кунад ва саодати дорайн ато кунад.


Қазо кардани намозҳои фарзӣ ба далели иҷозат надодани раҳбарияти корхона
Суолкунанда: Jamshed
Таърихи суол: 08/03/2012
Матни Суоли 169

Ас-Салому Алайкум бобои Эшон мо якчанд мухлиси шумо дар шахри мусофири хастем ба шумо як савол дорем! Сахар баъди намози бомдод ба кор меравем аммо дар чои кори ичозат намедихад намоз хонем! Намози пешин ва аср казо мешавад оё казои хонем мешавад? Ва мехостем дар хакки мо дуо кунед, (дар панохи Худо бошед)

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ намоз яке аз рукноҳи асосии ислом аст. Ҳеҷ чизро намешавад барои нахондани намоз далел кард. Бинобар ҳамин шумо кушиш кунед намозҳоро қазо накунед. Ҳадди ақал намозҳои фарзиро бихонед агар суннатҳоро хонда натавонед. Ин, ки иҷозати намозхонӣ ба шумо намедиҳанд, ин барои нахондану қазо кардан далел шуда наметавонад. Хондани намоз он қадар вақти инсонро намегирад. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми иқомат дар намози ҷамоати дуввум
Суолкунанда: Khurshed
Таърихи суол: 08/03/2012
Матни Суоли 168

ассалому алайкум эшони Нуриддинчон. муллое гуфт ки дар масчид бояд як бор азон ва комат гуял, ва мо аз чамоа дер монем бе комат хонем будаст. ойо ин дуруст аст?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бале, дуруст аст. Вале афзал ва беҳтар ин аст, ки шумо барои ҷамоати дуввум иқома бигуед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми қатъ кардани намоз дар ҳангоми заминларза
Суолкунанда: Эхром
Таърихи суол: 08/03/2012
Матни Суоли 167

Ассалому алайкум агар дар вакти намоз хондан замин чумбад , намозро вайрон кардан мумкин аст ??

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Агар дар чое бошад, хавфи дар сараш фуру рехтани сақф бошад, боке надорад. Аммо дар ғайри ин сурат ҷоиз нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Гуфтани бисмиллоҳ қабл аз Субҳонакаллоҳумма дар намоз
Суолкунанда: Исматулло
Таърихи суол: 08/03/2012
Матни Суоли 166

Ассалому алайкум бобои Эшон,саволи ман-бобочон мефахмондед,пеш аз Субхона калохума бисмило гуфтан чоиз аст ё на,бисёрихо мегуянд,ки аъузу ва бисмило намегуи...илтимос чавоби афзалтар медодед.Ташаккур!

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Аслан гуфтани бисмиллоҳ ва аъузу биллоҳ ба хотири қироати сураҳои Қуръон аст. Аммо субҳонакаллоҳумма (яъне дуои ифтитоҳия) сура нест. Пас гуфтани бисмиллоҳ зарурат надорад. Аввал дуои ифтитоҳияро хонда сипас (аъузу биллоҳ ва бисмиллоҳ) гуфта сура хонда мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хондани суннати бомдод дар вақти тангии вақт
Суолкунанда: Кадриддин
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 165

Ассалому алайкум Худо сафи мисли шумо олимонро дароз кунад омин. Бобои эшон агар вак,ти намози Бомдод дертар аз хоб хези алакай вак,ти фарз шуда истода бошад тах,орат карда фарзро хонем ? е аввал сунатро? илтимос каме равшани андозед. дар х,ак,и мо дуо кунед мо дар гариби хастем, Худо нигах,бонатон

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте хавфи тулуъи офтоб набошад, яъне ҳоло то баромадани офтоб набошад, дар ин ҳолат аввал суннатро бихонад баъд фарзро. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми бо ҷамоат хондани пешин дар рузи ҷумъа
Суолкунанда: илхом аз москва
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 164

Ассалому алекум бобои эшон ман ду суол дорам 1)рузи чумъа мо ба намоз рафтем лекин намози чумъаро дарёфт накардем кариб 15-нафар мондем хама намози пешешинро танхо танхо хондем оё чоиз хаст бади чумъа тамом шудан намози пешинро чамоат карда хонем

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ ҳамон танҳо хондаатон беҳтар аст. Дар сурате, ки шумо аз масҷиди ҷумъа дур бошед, ки ба онҷо рафтанатон душвор бошад, дар ин ҳолат метавонед намози пешинро бо ҷамоат бихонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хондани намоз дар хонае, ки суратҳои ҷондор овезон аст
Суолкунанда: Jamshed
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 163

Ас-Салому алайкум бобои Эшон ман як мухлиси шумо аз шахри мусофири Россия ба шумо савол медихам! Мо якчанд мусофирхо дар як хонаи рус ичорашини мекунем дар хонаи у сурати марям ва хазрати Исо овехта аст! Оё чойиз аст дар он хона намоз хондан?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Ба шарте, ки ҳамон акс дар вақти намоз дар пешатон набошад, боке надорад. Аммо агар тавонед он аксҳоро аз онҷо муваққатан бигиред, беҳтар аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Саҷдаи саҳв
Суолкунанда: Мухаммад Яъкуб
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 162

Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатух! аввало бобочон аз даргохи худованди кабиру мутаъол ба Шумо сихату саломати, хамзамон забони гуёву умри дарозро талаб мекунам. Савол чунин аст. Дар кадом холатхо сачдаи сахв шарт мешавад? Сипосгузорам.....

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар ҳолати тарки амали воҷиб ё таъхири амали фарз аз ҷояш саҷдаи саҳв воҷиб мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Парешонхотирӣ дар намоз
Суолкунанда: Неъматулло
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 161

салом бобои Эшон Худовандшумора нигох дорад! як суоле дорам вакте намозро хонданда фикрат дигасу шавад! янеъ сураро хондесабоши намозат кабул хаст ёне? бо эхтиром мухлисони шумо аз масква дуо кунед дар хаки мо Худованд нигохбонатон бошад.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Намоз иншоаллоҳ аз гардан соқит мешавад. Вале чунин  намозро намози бо ҳузури дил намегуянд. Дар паноҳи Аллоҳ бошед


Масъала рукуъ дар намоз
Суолкунанда: Неъматулло
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 160

салом бобои Эшон Худованд шумора нигохбон бошад.Саволе дорам дар рукух рафтан аввал пойро бар замин мемони ё дастро илтимос чавобашро фиристонед! дуои нек кунед мо дар гарибием Худованд душманони шумора куркунад ва хеч дардро набинед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар вақти ба рукуъ рафтан аввал поро ба замин гузошта сипас дастро мегузорем. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми хондани намоз пеш аз вақташ
Суолкунанда: Иброхим
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 159

асасалому ъалайкум бобои Эшон. мо як гурух чавонон дар давлати Руссия тахсил мекунем. Хангоми дарс равии мо намози бомдод нашудааст, мо метавонем намозро барвакт хонем,зеро, ки казо мешавад. Худованд шуморо дар панохаш нигохдорад. Дар хаки мо дуо кунед,ки то охир доншгохро бо бахои хуб хонем то тавонем ба дини азизамон хизмат кунем

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Додарои исломи Худо шуморо дар таҳсилатон муваффақият насиб кунад ва имони комил атокунад. Не  шумо наметавонед пеш аз даромадани вақт намоз хонед зеро вақт фарз аст. шумо агар авали вақтро донед кай медарояд дар авали вақт бале хонда метавонед аммо пеш аз вақт не.


Ҳукми таъхир кардани намоз Хуфтан
Суолкунанда: Беном
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 158

 Ассалому Алайкум Бобои Ширин Сухан . Намози Хуфтанро Пеш аз Намози Бомдод Хондан Чоиз аст . Васавобаш Баландаст Ё На

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Бародари исломӣ намози Хуфтанро то нисфи шаб таъхир кардан боке надорад. Аммо аз нисфи шаб зиёд таъхир кардан бе узри шаръӣ  макруҳ  аст. Худо нигаҳ бонатон


Ҳукми нияти намоз
Суолкунанда: Абдуллох
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 157

 асалому алайкум варахматуллохи ва барокоту,аммо баъд суоле дорам дар бораи нияти намоз,ки дар китоби ХИДОЯ шархи фатхуркадир дар сах,273 чилти1 ,ки дар асоси мазхабамон абуханифа мебошад омадааст ки расулуллох(с) ба як сахобааш тарзи дурусти намозро нишон дод ба у гуфт ки батарафи кибла гард ва такбир бигуй сохиби китоб мегуяд ки расулуллох(с) ба у ният нагуфт масалан 2,4-рукаъат намози фарзу суннат ё иктидо яъне мо инхел ният мекунем бидъат мегуян кадомаш дуруст аст илтимос чавоби дурусташро дихед!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале бо забон ният кардан дар ҳадисҳо наомадааст. Вале инро баъзе уламои мазҳаби мо мустаҳаб медонанд ва далелашон ин аст, ки ният ба хотири он карда мешавад, ки дил бо забон мувофиқат кунад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хондани намоз пеш аз вақташ
Суолкунанда: Асад
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 156

 Асалому аллайкум бобои Эшон мо дар шахри Руссиа хастем сахар бар вактар кор меравем намози бомдодро бар вактар хонем мешавад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар вақти намоз даромада бошад, дуруст аст. Аммо агар вақти намоз надаромада бошад ҷоиз нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.

Дар кадом вақт хондани намози хуфтан беҳтар аст
Суолкунанда: ЁРМАХМАД
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 155

 Асалому алекум бобои эшон як саволе дорам дар кадом холат хондани намози хуфтан савобияташ зиёдтар аст дар вакташ хондан ёки дертар ман худам танхоям дар русияам масчит тамоиан дур аст як хело мегуянд ки бади соати 1 шаб хондани намози хуфтан дуруст нест ва дар хаки мо бачахои мусоир дуо кунед худованд нигахбони шумо бошад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломи баъд аз гузаштани нифси шаб хондани намози бе узр макруҳ аст. Вақти афзалияти намози хуфтан дар сеяки шаб аст. Худо нигаҳбони шумо бошад.


Ҳукми ранг кардани абру
Суолкунанда: сафия
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 154

 Ассалому ъалайкум. Бобой ешон Худованд шуморо дар амонаш нигах дорад, ва ташакури зиед барои чавобхоятон. Савол: абрувонро намечинаму ранг (краска)- зард мекунам ва мисли чиндаги м/д, ва ин ранг хамон (краскаи) ки дар муй сар мекунанд хамонаст ва шунидам ки дар муй сар куни аз чанобат пок намешави ва дар абрувонам инчунинаст? саломат бошед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломи он ранге, ки шумо дар назар доред то ҷое, ки ман мефаҳмам монанди лак нест, ки обро нагузорад ба муй расад. Аз ин сабаб боке надорад чи муй сарро ранг мекунед ё абруро. Аммо агар он ранг монанди лак бошад ки нагузорад об ба абру расад дар ин ҳолат таҳораташ саҳиҳ намешавад.


Ҳукми иқтидо аз пушти шахсе, ки таҷвидро риоя намекунад
Суолкунанда: Алишер
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 153

 Ассалому алайкум. Мо дар Руссия дар шахри Казонем Худоро шукр ки ман кори ва тачвидро хам риоя мекунам ва дар назди хонаамон масчидаст. Аз сабабе ки эмоми масчид сурахоро мисли суруд мехонад ва тачвидро риоя намекунад мо ба масчид намеравем ва токати гушкарданро надорем магар мо гунахгор мешавем?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломи  агар он имоми масҷид хатои фаҳш ( хатое, ки намозро фосид кунад ) накунад барои шумо лозим аст, ки дар масҷид намозро хонед.


Ҳукми хондани пешин бо ҷамоат дар рузи ҷумъа
Суолкунанда: Муртазо
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 152

 Ассалому алейкум ва рахматулохи ва баракатуху бобочон алох дар панохаш нигах дорад шуморо, мо дар гариби хастем ва шароити чумъа ба рафтан надорем рох дур аст. Бобои эшон мо пешинро дар рузи чумъа бо чамоа бихонем е танхо? Ва дар охир дар хакки хамаи дур аз ватан хастиян дуои хайр мегуфтед, ва дар хакки оилаи ман падару модарам дуо кунед, ва бародару хохарам дур аз ватан тахсили илми хонсиян дуои нек кунед. Бо эхтироми зиед мухлиси шумо аз исфара дар сантк.петербург

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар шумо аз масҷид дур бошед бароятон рафтан ба онҷо душвор бошад метавонед пешинро боҷамоат бихонед. Худованд нигаҳбонатон бошаду хонадони шуморо бароятон саломат нигаҳ дорад.


Масъалаи мусофир ва муқим
Суолкунанда: Бахридин
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 151

 Асалому алекум бобои эшон аз шумо як савол дорам ман аз нохияи Колхозобод хастам дар Душанбе мехонам. Ба хонаамон хархафта меравам агар ягон мушкили нашавад. Хато рузхое мешавад ки 1 мох ё 2 мохам меистам дар Душанбе хулас истоданам номаълум. Дар ин шароит намозхоямро чи хел мехонам (каср ё не) оё мусофир хисоб мешави ? дар ин холат. Худованд ёру мададгори шумо бошад .

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ агар аз рузи ба Душанбе омаданатон нияти аз 15  руз кам истодан дошта бошед, дар ин ҳолат шумо мусофир ҳисоб мешавед ва намозҳоро қаср мехонед. Аммо агар ният накарда бошед ва надонед, ки чанд муддат меистед дар ин ҳолат низ мусофир ҳисоб мешавед. Дар сурати аз 15 руз зиёд нияти истодан шумо ҳукми муқимро мегиред. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Масъалаи саҷдаи саҳв
Суолкунанда: Қандил
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 150

Асалому алайкум Бобочон, як суол дорам сачдаи сахвмро барои танхогузо 1 тараф салом дихем ё 2 тараф? Дар хаки Ман дуо кунед Бобочон, Худованд Умри Шуморо дароз кунад Омин.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Саҷдаи саҳвро ба як тараф салом дода хонед ва ё ба ду тараф салом диҳед ҷоиз аст. Зеро ҳар ду шакли салом додан дар ривоятҳо омадааст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Намози шукри вузуъ
Суолкунанда: Дар мастчохи нав Мулорачаб
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 149

Салом бобои эшон ба саволи ман чавоб дихед. Соати 12 хаки тахорат хундан мешавад. Зеро базеъ мулохо мегуянд ки на мешавад. Ва дар охир хакки модарам дуъо гуйед.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки дар соати 12 вақти завол бошад, намози шукри вузуъ хондан дуруст нест. Вақти завол тақрибан 20 дақиқа қабл аз даромадани намози пешин аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми хондани намоз аз пушти имоми туҳматчӣ
Суолкунанда: Исфара
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 148

Салом бобои эшон. Худованд Шуморо сарбаланд гардонад. Муллои исфара боз дар хучанд нисбати Шумо суханхои хеле кабех гуфт. Мо аз пушти хоини дин намоз хонем? Мо бачахо хеле асабй шудом, эшони Нуриддинчон ба мо маслихат дихед мо чи кор кунем?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародарони исломӣ ҳаволаи чунин шахсонро ба Худо кунед. Шумо намозҳоятон бихонед аз  намози ҷамоат ақиб намонед. Худованд амсоли шумо барин ҷавонони бонумусу бонангро бештар бигардонад.


Ҳукми тарки намозҳои суннат
Суолкунанда: Аёмиддин
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 147

Ассаломуалайкум бобочон ман ва падару модорум дар шахри САМАРА зиндаги мекунем ва ман дар донишгохи техники Самара мехонам ва бар ман бисёр мушкил аст ки ман намозхоямро дар масчид хонам ва хато намози чумъаро наметонам хонда! намозхоямро дар донишгох мегузорам ва бародар дорам он хам катим низ мехонад ва якчоя намоз мегузорем Савол 1: мо дар донишгох намози фарзиро тока гузорем ва суннатро не мумкин аст? ва дар охир бобочон дар хаки падару модари ман дуъо кунед илтимос хохиш мекунам дар хаки тамоми муъминхои ки дар гариби хасатан дуъо кунед ки худованд моро хидоят кунад! бисёр мушкил аст дар байни ин одамхо (номусалмонхо, мунофикхо!) илтимос дар хаки ман ва бародарои ман дуъо кунед ки худованд сабр ва амали солих ва илми хуб моро дихат ва имони комил! худованд шуморо нигахбон бошад!

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ, агар воқеан шароити иштирок дар намозҳои ҷамоатро надошта бошед, пас дар ин ҳолат намозҳоро танҳо дар ҷои кор хонед мешавад. Аммо ҳаргиз намозҳои фарзиро қазо накунед. Дар масъалаи нахондани намозҳои суннат бошад, агар имконияти хондани онро дошта бошед, бихонед. Зеро хондани намозҳои суннати ин нишонаи муҳаббат ба Паёмбари Худо (с) аст. Ҳатто дар мазҳаби худамон ҳар касе, ки ҳамеша намозҳои суннатро тарк мекунад, шаҳодаташро дар ҳузури қозӣ қабул надоранд. Хулоса ин ба шумо вобастагӣ дорад. Агар вақт дошта бошеду нахонед гунаҳкор мешавед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. Худованд падару модари шуморо бароятон нигаҳ дорад ва ҳамаи бародарони моро, ки дур аз ватан ҳастанд, Худованд ризқи фароху сари баланд ва ба шумо илми бо амал ва тақвову муҳаббати ислом насиб гардонад.


Ҳукми тартиб дар намозҳо
Суолкунанда: Фархад
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 146

салом бобои ешон чароги дини мо. як нафар суол доданд ки шахсе 2 намозро казо мекунад пешину асрро баъди хондани азони шом аввал бояд шом хонад ва ё казоияшро шумо чавоб додед ки казоияшро. ман донистан мехохам ки дар ин холат намози чамоъат чи мешад масалан мо дар масчид карор дорем. Худо шуморо хифз кунад ва ин душманони шумо иншоАллох ба наздики дохили чохи кандаи худ меафтанд

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ тартиб байни намозҳо фарз аст, аммо намози ҷамоат суннати муаккада. Аз ҳамин сабаб фарз ҳамеша муқаддам бар воҷибу суннатҳо аст. Ба хотири тартиб бояд аввал намози қазоӣ хонда шавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҷамъ карда хондани намози пешин, аср ва шом дар як замон.
Суолкунанда: Курбонали
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 145

Ассалому алейкум ва рахматуллохи таъла ва баракоту ва махфирати. Бобочон худованд шуморо нигахбон бошад ба шумо як савол дорам савол ин аст инчо дар москов як бародари салафи намози пешинро хонд бади пешин асру шомро хам хонд хамаашро дар як вакт ман гуфтам борои чи ин хел карди гуфт ман дигар вакт надорамки хонам ва рафт ва дар охир дар хаки мо мухочиро дуо кунед худо шуморо нигох дорад

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Ин навъи ҷамъи намозҳо, ки шумо зикр кардед ба ягон мазҳаби исломӣ рост намеояд. Дуруст аст, ки дар ҳолатҳои сафар ду намоз бо ҳам ҷамъ карда хонда мешавад, ки ин дар фиқҳи дигар мазоҳиби аҳли суннат омадааст. Аммо се намозро ҷамъ карда хондан аслан нодуруст аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. Намозҳои хондаи он кас нодуруст аст ва бояд қазоӣ онҳоро бихонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед


Намоз дар масҷид
Суолкунанда: Фирдавс
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 144

Салому алайкум бобочон.Ба Шумо саволе дорам : аз шахсе шунидам,ки гуфт,агар 1 намозро дар масчид хониву дигарашро тока хони дузахи хасти. Оё ин хакикат дорад??? зеро ман кор мекунам вактхои холигиам масчид мерам.дра як руз як,ду ё се бор.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ агар ба шарте, ки беузр ба масҷид наравад, гунаҳкор мешавад. аммо шумо, ки дар кор ҳастед ва узр доред, боке надорад танҳо намоз гузоред. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми намоз дар хонаи тилвизрдор
Суолкунанда: Фазлидин
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 143

Асалому алайкум ва рахматулои ва баракатуху. Саволи ман инаст дар хонаи телвизордор намоз хондан дурустас ё не.? Илтимос ба саволи ман чавоб гуед.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бале дуруст аст. Аммо овозаш ба шумо халал расонад дар ин сурат номизи шумо макруҳ мешавад.


Намози ҳоҷат
Суолкунанда: курбонали
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 142

ассалому алейкум бобочон худованд шумо ва ахли оилаи шуморо дар панохаш нигох дорад. Худованд ба шумо сабр дихад дар ин фитнахои шурои чи тавре,ки худи шумо мегуед чухало. Бобочон ба шумо як савол дорам.( НАМОЗИ ХОЧАТ ин чи хел намоз аст ва чи хел хонда мешавад.)Ва дар охир дар хаки ман дуо кунед,ки як мох зиед шуд,ки дар Москва кор ёфта наметонам.Бо ехтиром як мухлиси шумо аз шахри Москов.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломи намози ҳоҷат ду ракаъат аст. Тариқаи хонданаш ҳамон намози маъмулии ду ракаъата аст. Паёмбармон алайҳиссалом гуфтаанд ; “ҳаркиро ҳоҷате ба Худованд ё ба бандагони У бошад пас таҳорати хуб бикунад баъд аз он ду ракаъат намоз гузорад ва баъд аз он ҳамду санои Аллоҳро бигуяд ва дуруду салом фиристад ба Паёмбар алайҳиссалом ва ин дуоиро бихонад (لا إله إلا الله الحليم الكريم سبحان الله رب العرش العظيم الحمد لله رب العالمين أسألك موجبات رحمتك وعزائم مغفرتك والغنيمة من كل بر والسلامة من كل إثم لا تدع لي ذنبا إلا غفرته ولا هما إلا فرجته ولا حاجة هي لك رضا إلا قضيتها يا أرحم الراحمين) баъд аз он аз Худованд ҳарчи, ки мехоҳад аз амри дунёву охират талаб кунад”.ривояти тирмизи ва ибни моҷа. Худо шуморо нигаҳбон бошад ва дар касбу коратон баракат ато кунад.


Ҳукми саҳван хато кардан дар намоз
Суолкунанда: Нуриддин
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 141

Асалому Алайкум бобои Эшони Нуриддинчон Суол дар вакте,ки намоз мехондам 'пешдуро' будам Сураи вашшамсиро хондам ва хато хондам инхел хондам (Ваннахари иза чаллаха )дар давомаш сураи Валлайлиро хонда рафтам оё дар хамин холат намоз фосид шуд Рахмат дар Ин сомона

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.

Дар ин ҳолати зикркардаи шумо намоз фосид намешавад. Зеро шумо аз як сура ба сураи дигар гузаштед, ки муфсиди намоз нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хондани суннати бомдод баъд аз фарзаш
Суолкунанда: Рузибек
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 140

Баъди фарзи намози бомдод сунатро хондан мумкин аст

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.

Бале ҷоиз аст.


Намози истихора
Суолкунанда: Anvar
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 139

Assalamu alaikum va rahamtullohi va barakotuhu ba oli Turajon va istifodabarandagoni in somona. Boboi Eshon namozi istihoraro boyad chand marotiba hond? ravshantar fahmoned.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.

Намози истихораро чанд боре хонед боке надорад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми намози саёдони баҳри
Суолкунанда: Масъуд
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 138

асалому аллайкум бобои эшони нуридинчон худованд нигах бони шумо бод савол дорам бобои эшон баъзе бародарои мо дар росия кор мекунанд кори онхо мохидори онхо то шаш мох ё як сол дар кишти дар даруни бахр мегарданд аз сабабеки кишти дар як чо карор намеистад ва хамавакт дар харакат аст масофа харруз тагир меёбад намозро хамавакт каср бихонанд ё муким мефахмондет дар панохи худо бошед дархаки ман дуо кунед ягона орзуи ман чашидани шарбати шаходат.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломи аллоҳ шуморо ҳифз кунад саодати дорайн ато кунад. Бале аз сабаби инки онҳо дар як макон истиқомат намекунанд онҳо ҳукми мусофирро доранд ва намозро қаср мехонанд.


Таълими намози тасбиҳ
Суолкунанда: murtazo
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 137

Асалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотух .Устод Ешони Нуриддинчон мебахшед мо аз як савол дорем савол чунин аст Ба мо намози тасбехро муфасал фахмонед ки чанд раъкат аст ва тасбехотро чанд бори ва дар кучояш хонда мешаванд АЛЛОХ нигохбони шуммо бошад .

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Дар бораи намози тасбиҳ ва тарикаи он ман ба шумо он чизеро мегуям, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ба амаки худ Аббос таълим доданд. Паёмбар фармуд: "Эй амаки ман (Аббос) чаҳор ракаат намоз гузор! Дар ҳар ракаати он сураи “Фотиҳа”ва замми сура бикун! Баъди фориғ шудан аз замми сура инро бихон; “Аллоҳу акбар, валҳамду лиллоҳ ва субҳоналлоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ”. Инро понздаҳ маротиба кабл аз рукуъ бихон ва сипас рукуъ бинамо. Ин зикрро (яъне зикри дар боло гузашта) даҳ маротиба дар рукуъ бихон. Сипас баъд аз оне, ки сарро аз рукуъ бардошти даҳ маротибаи дигар онро бихон! Сипас ба саҷда рафта онро даҳ маротибаи дигар бихон! Сипас сарро аз саҷда бардошта даҳ маротибаи дигар онро бихон! Сипас ба саҷдаи дуввум рафта боз даҳ маротибаи дигар бихон! Сипас боз аз саҷдаи дуввум хеста онро даҳ маротиба пеш аз он, ки за ҷо бархезӣ, бихон! Ба ин тарз дар ҳар ракаат 75 маротиба он зикр хонда мешавад. Ва дар чаҳор ракаат сесад маротиба хонда мешавад. Эй амак! Агар гуноҳонат ба андозаи реги Олиҷ (номи як макони биёбонзор) бошад, албатта Худованд он гуноҳони туро мағфират хоҳад кард". Ҳазрати Аббос гуфт: Эй Паёмбари Худо (алайҳиссалом) кӣ метавонад ин намозро ҳар руз бигузорад? Паёмбар фармуд: (Агар натавонӣ онро дар ҳар руз бихонӣ пас ҳар рузи ҷумъа онро бихон! Агар инр ҳам натавонӣ пас дар як моҳ як маротиба бихон. Ва агар инро ҳам кудрат надошти анчом бидиҳӣ, пас дар як сол як маротиба бихон". Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.


Ҳукми намози оқи волидайн
Суолкунанда: Алишер
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 136

салом бобои Эшон ман аз шахри Екатеринбург.агар писар падари худро занад ва модарашро гам дихат ситам дихад намозхояшь кабул мегардад?? он шахс 7 пора куронро тамом кардааст инхам кабул мегардад??? он шахс аз авлоди бузург мебошад аммо падару модарашро хурмат на мекунад.. бобочон дар хаки мо як дуо кунед ман бо модарам ва хохарам дар шахри Екатеринбург мебошем...худо шуморо нигахбон бошад!!

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Бародари исломи шахсе, ки Волидайни худро озор медиҳад муртакиби гуноҳи кабира ва оқи волидайн аст. Худованд ҳатто калимаи уф гуфтанро дар назди падару модар наҳй карда аст чи расад ба задану озор додан. Барои чунин фарзанд тавба кардан ва аз волидайнаш талаби афв кардан лозим аст. Намозҳои у фақат фарзаш соқит мешавад аммо қабули даргоҳи илоҳи нест ва савоб надорад.валлоҳу аълам. Аз авлоди бузург буданаш дар назди Аллоҳ еътибор надорад. Худованд шуморо бо ҳамроҳи модар ва хаҳаратон нигаҳбон шавад ва умри бо баракат ато кунад.


Тарки намоз дар масҷид ба сабаби узр
Суолкунанда: Эхром
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 135

Ассалому алайкум ! Ман ва бародарам дар Руссия тахсил мекунам . Мехостем ба 1 2 саволи мо чавоб дихед .1) Мо хардомо намозхоямонро чамоат шуда мехонем факат дар хона , ман шунида будам ки намози дар хона хонда шуда кабул намешавад оё ин рост ё не ,имконияти ба масчид рафтан надорем дур аст . Исломи азиз дар ин холат чи мегуяд ?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ агар шумо воқеан имконияти ба масҷид рафтан надошта бошед иншоаллоҳ боке  надорад. Аммо дар хона бо ҷамоат хонданатон хуб аст. Худованд нигаҳбони шумо бошад.


Таъхири намози хуфтан
Суолкунанда: Эхром
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 134

Ассалому алайкум ! Бобои Нуриддинҷон ! Намози хуфтанро дар вакташ нею дертар хони чи хел ? ман шунидам ки хуфтанро дер хони нагз ин дуруст ?? Дар панохи Аллох бошед .

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки дар атрофи шумо масҷид набошад, дар ин ҳолат дер хондани намози хуфтан барои танҳогузор афзал аст. Худованд нигаҳбонатон.


Шинохти вақти намоз бо истифода аз тақвимҳо
Суолкунанда: НУРЗОДА
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 133

ассалому алейкум БОБОИ ЭШОН . САВОЛ . дар мохи мубораки рамазон баъд аз хурок хурдан намози бомдодро дар аввали вакти нишондоди таквими МАСКАВ "Зухр" мехондем бо чамоъат вакте мо мехондем берун торик буд вале намедонистем ки субх дамидааст ё не оё намози хондаи мо дуруст аст ё не.. Агар не мо бояд чи кор кунем .Барои каме дам гирифтан баъди намоз хоб мерафтем .чунки мо соати 7-30 ба кор мерафтем.илтимос чавобашро дар сомона бесаброна интизорам. ХУДОВАНД ХАМАИ МОРО НИГОХ ДОРАД ВА ШУМОРО ДАР ДОДГОХ ПИРУЗ ГАРДОНАД.

Посух

Ва лайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Бародари исломӣ модоме, ки тақвими онҷо бо назорати идораи исломии онҷо ва бо дастгири уламояшон тасдиқ шуда бошад, шумо ба он амал кунед боке надорад. Иншоаллоҳ намозҳои шумо дуруст аст. Худованд нигаҳбонатон бошад.


Тарзи хондани намози ҷумъа
Суолкунанда: Акбар аз исфара
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 132

салом алейкум бобои эшон. Саволе дорам тарзи намози чумъахониро фамонед чан ракат аст

Посух

Ва лайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Бародари исломӣ, намози ҷумъа қабл аз фарз чаҳор ракаат суннат дорад ва пас аз хутба ду ракаат фарз бо ҷамоат хонда мешавад ва пас аз он чаҳор ракаат суннати дигар мехонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Намози қазоӣ бо ҷамоат
Суолкунанда: беном
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 131

аслому алйкум домулои ширин сухан Эшони Нуриддинчон худованд шумора ва ахлубайти шумора нигахбон бошад мо як гурух, аз шахри маскава ба шумо суоле дорем мо метавонем ки намози казоиро чамоат бо хамрохи муло емом хонем.

Посух

Ва лайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Бале, дуруст аст. Худован нигаҳбонатон


Дуои витри воҷиб
Суолкунанда: сухроб табольск
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 130

ассалому алейкум саволи 1 дар витри вочиб ман дуои кунутро намедонам 3 бор сураи кулхувалоха мехонум мешавад е не ?

Посух

Ва лайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Бародари исломӣ шумо кушиш кунед дуои қунутро азёд кунед. Аммо то азёд карданатон ягон дуое, ки медонед ба забони арабӣ ҳамонро бихонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми ҷаъм байни намозҳо
Суолкунанда: Мирзо
Таърихи суол: 08/02/2012
Матни Суоли 129

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баркоту бобои эшон,илтимос ба саволхои ман чавоб дихед. 1. Чамъ кардани намоз чи маъно дорад ва дар кадом холат ичро мешавад? Чунки як бародар кадоме аз сабтхои шуморо мисол оварда,баъзе вактхо намозхои рузонаро бепарвоена казо карда мегуяд ки шаб чамъ карда мехонем, бобои эшон ичозат додааст.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ он бародари шумо хато кардааст. Ман ҳеҷгоҳ чунин нагуфтаам, ки намозҳоро қазо карда шаб ҳаммаашро якҷоя бихонед. Ин тарзи намозхонӣ ба ҳеҷ кадом мазҳаби аҳли суннат рост намеояд. Аввал ин, ки мо дар ҳолатҳои зарурат мисли ин, ки шумо пешину асрро дар вақти пешин хонда савори автобус шуда сафари тулонӣ мекунед ва мисли ин барин ҳолатҳо иҷоза додаем. Дар ғайри ин ҳолатҳо ҷоиз нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Намози шукри вузуъ
Суолкунанда: Муҳаммад
Таърихи суол: 08/02/2012
Матни Суоли 128

Ассалому алейкум варахматуллохи вабаракотух. Бобочон ба шумо сихат саломати ва умри дароз хохонам. Баъд аз тахорат кардан намози шукри вузуъ хондан дуруст аст? Бобочон дар хакки ман дуо кунед то ки Худованд ба ман шифо дихад. Ташаккур!!!

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бале дуруст аст, агар ба шарте, ки дар вақтҳои макруҳӣ хонда нашавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Фазилати намози нафл
Суолкунанда: Khushzamon
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 127

Asalomu aleykum va Rahmatulloh Boboi Eshon. Ba'di namozi shom 2rakat namoz meguzorem ba niati nafl va hojat. Dar in vaqt ijobati duo hast . Baroi mo xub meshud ki darborai fazilati in namoz sahehtar ma'lumot medoded to ki dilhoi mo bar namozhoi nafl boz ham beshtar dar jush oyad. Duo kuned moro to imsol ba donishgohi aviatsioni doxil shavem va dar xizmati dini Islom boshem.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хондани намози нафл ба таври мудовим дили инсонро ба Худо наздиктар мегардонад. Хусусан намозҳои нафле, ки дар дили шаб хонда мешавад. Инчунин ду ракаат намози нафл пас аз шом хондаи шумо низ аҷру савоб дорад. Худованд шуморо барои дохил шудан ба ин донишгоҳи дилхоҳатон муваффақ гардонад ва ба шумо тавфиқи хидмат дар роҳи дини ислом насиб гардонад.


Ҳукми билофосила пас аз азон иқома гуфтан
Суолкунанда: Абдуллох УМАРОВ
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 126

Асалому алейкум бобои эшон

агар вакт танг бошад ,мисол намози асрро,азонро гуфта аз пасаш дархол икоматро гуем мешавад е инки азонро нагуфта факат икоматро гуем

Посух

Ва алайкумуссалом  ва рашматуллоҳ.

Бале мешавад аммо агар дар ҷое бошед, ки масҷид хаст ва дар он масҷид азон гуфта мешавад дар ин ҳолат барои шумо кофӣ аст фақат қомат бигуед


Тариқаи ишораи саббоба дар ташаҳҳуд
Суолкунанда: Бобохон
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 125

салом бобои эшони Нуриддинчон. Худованд шуморо дар ин дунё ва дар охират сарбаланд гардонад. ва аз болои душманонатон голиб гардонад. хохиш дорам ба саволи ман посух гуед. ишраи саббобаро ба ман мефахмондед. муфассалтар карда. дуо кунед худованд маро дар илми дуняви аз хама пешкадам гардонад ва дар охират хамрохи Шумо устоди азиз хашр намояд.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Ишораи саббоба суннат аст, ки дар ин бора муфассалтар дар саволҳои пештара посух дода будем. Хулоса ишораи саббоба сунат буда дар ташаҳҳуд дар вақти гуфтани ашҳаду алло илоҳа бардошта мешавад ва дар вақти гуфтани иллаллоҳ фароварда мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Намози қазоӣ
Суолкунанда: КАРОМАТУЛЛО
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 124

Ассалому алайкум. Савол; Мисол як бародар ду намозашро казо кард намози пешин асро вати шом шуд азонро хондан, авал казоро хонанд ё шомро. Худованд шумора дар панохи исматаш нигах дорад омин.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар ин ҳолат аввал намозҳои қазоиро мехонад пас аз он намози шомро бихонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Саҷдаи саҳв
Суолкунанда: Гулмахмад
Таърихи суол: 01/02/2012
Матни Суоли 123

Савол дар боби намоз. Асалому алайкум бобои эшон. Мегуянд дар талаб кардани хакикати хол, аз Худо шарм дору шарм мадор. Ба фикри ман чизеро намедони пурс, аз Худо шарм мадор, шарм дораш вакте медоники пурсишат сабаби изои (шармандагии як бародари мусалмон) мешавад аз Худо шарм дор. Саволхои бисер дорам бобои Эшон, хамаашро ба якбораги пурсида наметонам. Худоро шукр дар ин сомона хар хафта аз шумо устоди азизу гироми мепурсам. Дар намоз сачдаи сахв вочиб шуду ба чо оварданаш фаромуш шуд, бади салом додан рост хези, ба едат ояд, ки сачдаи сахва фаромуш карди, Аллоху акбар гуфта ба сачда равию атахает, саловот, магфират хонда салом тии мешавад? Дурусташро мегуфтен устод. Худованд шуморо х ушнуд бигардонад.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале ҳамин гуфтаи шумо дуруст аст. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми намоз хондани шахси қории Қуръон аз пушти имоми бесавод
Суолкунанда: Масъуд
Таърихи суол: 01/02/2012
Матни Суоли 122

ассалому алайкум варахматулохи вабаракотух бобои эшони нуридинчон худованд шуморо ва ахли байти шуморо хамеша сарбаланд ва пируз барболои душманотон гардонад бобои эшон як саволдорам мо дар масчид намозро бо чамоат мехонем асбаски мо ин масчидро нав сохтем имоми хамавакта надоре хозира имоми мо илм надорад ва уро хечкас имом интихоб накардаст аз сабаби калонсо буданаш мо вайро ягбор ба имомати гурзондем баъд фахмидемки у куронро бе тачвид ва бо харфхои крилики хонда аст ва хато мехонад дар байни мо дунафар кори куронхам хаст инсонхое хастан масаларохам медонанд аммо пеш намегузаранд ман ба онхо фахмондам дархузури шумхо имомати ин шах дуруст не онхо бозам худ кафо мекашанд бобои эшон шумо чи маслихад медихед интизори чавоб хастам дар амони худо бошед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ шумо ба он бачаҳои қорӣ бифаҳмонед, модоме ки он имом хато мехонад аз пушти онҳо намоз хондани қориҳо дуруст нест. Раъйи мазҳаби мо дар ин масъала ҳамин аст. Бояд якеи онҳо пеш даромада намозро бихонад вагарна гунаҳкор мешаванд. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Чаро намози витр фақат дар рамазон бо ҷамоат хонда мешавад?
Суолкунанда: Расулов
Таърихи суол: 25/01/2012
Матни Суоли 121

Ассалому алайкум домулои мухтарам. Худованд шуморо ва ахли хонаводаатонро ва тамоми муслиминро нигох дорад. Суол, барои чи намози витри вочибро дар тарових бо чамоъат хонда мешавад баъд аз рамазон бошад бе чамоъат.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, ба хотири он ба ҷамоат хонда мешавад, ки худи Паёмбари ислом (алайҳиссалом) дар моҳи рамазон намози витрро ҳамроҳ бо саҳобагон се руз ба ҷамоат хонда буданд. Инчунин баъди риҳлати Паёмбари (с-с) саҳобагони бузургвор низ намози витрро дар рамазон бо ҷамоат хонда буданд. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми хондани намози нафл баъд аз азони хуфтан ва бомдод
Суолкунанда: НУРЗОДА
Таърихи суол: 25/01/2012
Матни Суоли 120

Ассалому алейкум бобои Эшон савол ... баъд аз азони намози хуфтан намози нафл (тахияи масчид )ва пеш аз фарзи бомдод ин намозро хондан мумкин аст чунки пештар меоем ва вакт хаст илтимос чавобашро бо далелхо дар сомона бесаброна интизорам ..б

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хондани таҳияи масҷид баъд аз азони хуфтан ҷоиз аст. Вале қабл аз фарзи бомдод яъне баъди суннати бомдод хондани таҳияи масҷид бинобар мазҳаби мо макруҳ аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми хондани намоз дар вақти кор
Суолкунанда: АХЛИДДИН Г, МОСКВА
Таърихи суол: 25/01/2012
Матни Суоли 119

САЛОМ БОБОИ ЭШОН МО ЯГ ГУРУХ БАЧАХОИ ,Ш,ВАХДАТ,БОБОИ ЭШОН МО ДА ЯК ЗАВОДИ ШИР КОР МЕКУНЕМ ХУЖАИНХОИ ЗАВОД МЕГУЯНКИ ШУМО КОР КУНИ ОМАДЕД Ё НАМОЗ ХОНИ ДАР МО ГУФТАН КИ ЯК ВАХТ ДАР ВАХТИ ПЕШИН ИЧОЗАД МЕДИХЕМ МОНДАГИША ДАР ХОНА ХОНЕД ,ШУМО БО САВОЛИ МО ЧИ ЧАВОБ МЕГАРДОНДЕД БОБОИ ЭШОН МУХЛИСИ ДОИМИ ШУМО БАЧАХОИ ,ВАХДАТ,

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ шумо кушиш кунед фарзи Худоро яъне намозҳои фарзиро қазо накунед. Ҳадди ақал фарзҳои намозро бихонед. Агар ба шарте имконият бошад, ҳадди ақал ҳар яки шумо ҷудогона намози фарзиро бихонед. Ба ин тариқ ба кори шумо шояд халале нарасад. Худованд раисҳои шуморо тавфиқ диҳад, ки монеъи намозхонии шумо нашаванд.


Ҳукми намози шахси фосиқ
Суолкунанда: Нуриддин
Таърихи суол: 22/01/2012
Матни Суоли 118

Ассалому Алайкум Бобочон Шумо чихел хастенд Суол Бобочон одамеки пули харом мехурад намозашро Оллох кабул намекунад ва дигар ин ки агар кабул накунад намоз нахонад Дар панохи Аллох Худованд нигахбонатон бошад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не, бародари исломӣ бояд намозашро бихонед. Агар намоз нахонад боз гуноҳ болои гуноҳи ҳаромхурияш зам мешавад. Ба ҳар ҳол ба хондани намоз фарз аз гарданаш соқит мешавад, вале барои ҳаромхурӣ фардои маҳшар муҷозот хоҳад шуд, агар тавба накунад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хоб узри шаръи метавонад шуда
Суолкунанда: Гулмахмад
Таърихи суол: 22/01/2012
Матни Суоли 117

Ассалому алейкум ей ошики Мухамад(с), ей дусти Оллох , эшони Нуридинчон. Худованд шуморо аз шарри золимону душманони ислом дар панохаш нигах дорад, Худованд падару модари шуморо хамнишини хазрати Мухамад(с) дар чанаташ карор дихад. Омин. Бобои эшон, ман имруз дар хоб мондаму чи кор карданамро надонистам, намози бомдода дар вакти баромади офтоб хондам. Дилам то хол нооромаст. Ман гунахкор шудам? Дар ин холатхо чи гуна намоз хонем Эй ошики Мухамад(с). Ба ман биомузед ва дар хаки ман дуои нек кунед, Илтимос.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ модоме, ки шумо беихтиёр дар хоб монда бошед, иншоаллоҳ умед аст, ки гунаҳкор намешавед. Вақте аз хоб баланд шудед дарҳол таҳорат намуда намози бомдодро ҳамроҳ бо суннаташ бихонед. Худованд шуморо нигаҳбон бошад


Ҳукми намоз дар дохили метро ё мошин
Суолкунанда: ХАМЗААЛИ
Таърихи суол: 22/01/2012
Матни Суоли 116

Салом хазрат суоли ман чунин мо дар масква баъзе намозхоро дар мошин ё дар метро мехонем бе рукуъу сужуд баъзехо мегуянд казои ин намозхоро доштан шарт аст оё чунинаст бояд казоишона дубора хонем?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ агар воқеан шароити рукуъ ва суҷуд набошад, боке надорад. Аммо агар илоҷ дошта бошед ҳадди ақал намозҳои фарзиро бо рукуъ ва суҷуд бихонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми намоз бо пойафзол
Суолкунанда:  
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 115

Асалому алайкум бобои ЭШОН!Суоли ман хамин ки мо дар вилояти екатеринбург ба савдо машгул хастем ва аз сабаби хунук будани хаво намози пешин ва асрро бо пойафзолхоямон мехонем ое намозхои мо ТО ЧИ ДАРАЧА ДУРУСТ АСТ бобои ЭШОН? аз шунидани хабари шум ки масчиди шуморо бастан мо хело хам гамгин шудаем!Ва дуои мусофир дар назди парвардигор мустачоб аст!Дуо мекунем ки ХУДОВАНД шумо ва ахли оилаи шуморо дар хифзаш нигох дорад ва муккарамро худованд шалу кур гардонад ОМИН ОМИН ОМИН

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, модоме, ки пойафзолҳои шумо пок бошад ва дар он асари наҷосат набошад, дуруст аст. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми хондани намози Ҷумъа дар хона
Суолкунанда: SHERAVGANZODA
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 115

асалому алйкум ва рахматулохи ва баракоту аз шумо эхтиромона хохиш дорам ки ба ин саволи ман чавоб гардонед оё ман намози чумъаро дар хона хонда метавонам аз сабаби онки ман маъюби гурухи якум мебошам ва хонаи мо дар ошёнаи сеюм мебошад ва барои ман фаромадан мушкил аст ман панч вакт намозамро дар хона мегузорам ва мехохам ки аз савоби намози чумъа бенасиб намонам.

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Хондани намози ҷумъа дар хона ҷоиз нест. Намози ҷумъа бояд дар масҷид хонда шавад. Модоме, ки шумо қудрати ба масҷид рафтанро надоред намози ҷумъа аз гардани шумо соқит мешавад ва шумо дар хона намози пешинро хонед. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Ҳукми баланд хондани “Бисмиллоҳ” дар намоз
Суолкунанда: усмон хучанд
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 114

Ассалому ъалайкум ва рахматуллоху ва баракотух худованд шуморо аз шарри золимон нигахдорад. як бародари мо мегуяд ки бисмиллохи ррахмони ррахимро баландгу мегуяд пеш аз сураи фотиха дар намози фарзба, аз шумо хохиш мекунам равшантар карда чаво дихед худован нигахдоратон бод

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

“Бисмиллоҳ”-ро баланд хондан дар мазҳаби мо нест. Дар мазҳаби мо суннат ин аст, ки паст хонда шавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Масофаи сафар
Суолкунанда: Мирзоев
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 113

Ассалому алейкум ва рахматуллох домуллои мухтарам! Савол: Бобой Эшон ма дар Россия кор мекуна хамчун таксист ва гохе мешавад ки ман аз шахри худ ба шахри дигар сафар мекунам максад клиент мебарам, ва масофа байни ин сафари ман 80 то 150 километр мебошад, дар хамин холат ман чигуна намоз хонам, дар унчо масчидхам хаст ва шароити намозхонирам хаст, вале ман намедонам намозамро каср хонам ёки на??? илтимос чавоб гуед, ташакури зиёд, Худован шуморо нигахбон бошад

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ модоме, ки масофаи сафари шумо аз 80км боло аст шумо дигар ҳукми мусофирро доред ва намозҳои худро дар онҷо ва дар тули сафар қаср бихонед. Дар паноҳи Худованд бошед.


Вақти охири намози Мағриб
Суолкунанда: ислом
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 112

Сaлом бобожон худовaнд шуморо дaр дунёву киёмaт сaрбaлaнд вa душмaнхои шуморо хор гaрдонaд.Хaзрaт суолe дорaм нaмози шом бaъд aз чaнд дaкикa кaзо мeшaвaд.бобожон дaр хaкки п.модaр вa aхли бaйти мaн дуо кунeд дaр нaмоз илтимос

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Намози шом тақрибан як соат пас аз ғуруби офтоб қазо мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хоб узр барои қазо шудани намоз нест
Суолкунанда: рухилло
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 111

асалому алейкум бобои эшон худованд шуморо нигох дорат ман аз шахри исфара мухлиси шумо хастам бо суоли ман илтимос чавоб дихед мо дар шахри русия хастем шабона кор мекунем руз ба хоб мекунем намози пешин ва аср казо мешад чи кор кунем бобо эшон худованд шуморо нигах дорад дар хаки мо дуо кунед мухлиси шумо аз исфара

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, хоб барои нахондани намоз узр шуда наметавонад. Шумо соатро дар вақти намоз бигузоред. Вақти намоз аз хоб хеста намозро бихонед боз  хоб равед. Аммо кушиш кунед намозҳоятонро қазо накунед. Худованд тавфиқи мову шуморо бештар бигардонад.


 
Суолкунанда: Алижон
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 110

Салом ва дуруди бепоёни моро кабул бифармоед Эшони Нуриддинчон.Аз Шумо хохиши он дорам,ки ба яке аз суолхои ман мухлати имкон бошад чавобе бидихед. Банда дар шахри мусофири яъне дар яке аз корхонахои шахри Москав кор мекунам.Хар сахар хеста намози бомдодамро мехонаму баъд ба кор меравам ва дар ончо имконияте надорам,ки намозхои пешин,аср ва шомамро бихонам ва омада дар хона ин намозхои казокардаамро мехонам.Аз чанд одаме пурсидам аммо онхо ба ман чавоби манфие надоданд АЗ Шумо бобои Эшон хохише дорам ,ки ба ин суоли бандаи пургунох чавобе бидихед Алижон аз нохияи Хисор аз шахри МОСКАВ БА Шумо нома менависам

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ ҳеҷ чиз барои нахондани намоз узр шуда наметавонад. Худованд ҳатто ба бемороне, ки азҷо хеста наметавонанд, тарк ё қазои намозро иҷоза надодааст. Бинобар ҳамин шумо кушиш кунед намозҳоро қазо накунед. Дар ҷои коратон намозҳоро бихонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Тариқи хондани намози мусофир
Суолкунанда: Зохир
Таърихи суол: 08/12/2011
Матни Суоли 109

Ассалому алайкум домуллои мухтарам.Худои мехрубон шуморо нигах дорад. Ман аз Руссия ба Точикистон рафтаниям,шумо ба ман гуед,ки ман намозхоямро (хамчун мусофир)дар рох чи гуна хонам?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Намози мусофир чуноне, ки қаблан гуфта будем чунин аст, ки намозҳои чаҳорракаатаро ду ракаат мехонед.Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Аввали вақти намози бомдод
Суолкунанда: Абдурахмон
Таърихи суол: 08/12/2011
Матни Суоли 109

Aсалому алайкум ва рахматуллох бобои Эшон Худованд нигахбонатон бод мо як гурух аз шахри исфара дар россия кор мекунем ва дар чамоати мо намоза дар вакташ наметавонем бихонем масъалан бомдод 08:15 мо соати 07:50 мехонем барои он ки соати 08 00 ба кор набароем штараф мекунад ва дар хакки хамаи гарибо дуои нек кунед ва рахмати Худо бар шумо.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ муҳим барои хондани намози бомдод дамидани субҳ аст. Агар ба шарте, ки шумо дар соате намозро хонед, ки субҳ дамидагӣ бошад, намози шумо дуруст аст. Аммо  агар рафту дар соати хондаи шумо субҳ дамидагӣ набошад, дар ин ҳолат беҳтар ин аст, ки аввал ба ҷои коратон рафта сипас дар онҷо намозро бихонед. Дар паноҳи Худо бошед.


Ҳукми қазо кардани намози бомдод
Суолкунанда: Абдурахмон
Таърихи суол: 08/12/2011
Матни Суоли 109

Шахсе ки,намози бомдодша намехонад,ва дига намозхоро бихонад, чихел мешавад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ бояд чунни шахс кушиш кунад, ки намозҳоро қазо накунад. Хусусан намози бомдодро. Агар қасдан чунин кунад муртакиби гуноҳи бузург шудааст ва бояд қазоии он намозҳоро бихонад ва аз гуноҳи кардааш тавба кунад. Аммо боқӣ намозҳое, ки дар вақташ хондааст иншоаллоҳ қабул хоҳанд буд.


Аввали вақти намози хуфтан
Суолкунанда: Arabjon
Таърихи суол: 08/12/2011
Матни Суоли 110

Salomu aleikum Boboi eshoni NURIDDINJON,,, man yake az muhlisoni shumo ki dar shahri HITOY dar Yrumchi kor va faoliyat mekunam.. Az shumo iltimos mekunam bo savoli man javob dihed,// savoli man hamin ki dar in shahr namozi huftanro dar masjid 1 soat badi namozi shom mehonand, oyo in mumkin hast va man metavonam bo onho namoz honam dar in vakt??? Va dar ohir dar haki man duo kuned ki ALOH bar man yak sarvatu molu mulki kalone dihad ki man dar rohi ISLOM va dar rohi ALOH sarf kunam? Omin, vasalomu aleikum va rahmatuloh

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ аҳли ҳамон маҳал вақтҳои намозҳоро хубтар медонанд. Шояд дар онҷо як соат пас аз шом сурхӣ аз тарафи офтобнишин тамоман гум шавад ва осмонро сиёҳӣ бипушонад. Аз ин сабаб шумо ҳамроҳи онҳо дар масҷид намозро бо ҷамоат бихонед. Худованд ба шумо ризқи фарох ва хидмат да роҳи дини ислом насиб кунад.


Ҳукми азон ва иқомат
Суолкунанда: як банда аз руссия
Таърихи суол: 01/07/2011
Матни Суоли 109

ассалому алайкум ва рхматуллохи ва баракатуху ва магфиратух. Бобои эшон намозхои панч вактаро агар тока хонем комат ва азон гуфтан шарт аст агар бе комат фарзи намозро хондем чи мешавад. пешаки барои чавоб рахмат. барои созандагони (сайт) илтимос агар бе малол бошад чавобро бо ин адрес фиристед ИЛТИМОС!!!!

Посух

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.

Азону иқомат барои намозҳои фарзӣ суннат аст. Агар шумо дар ҷое бошед, ки дар ҳамон маҳалла масҷиди панҷвақта бошад, дар ин ҳолат шарт нест, ки худатон азон гуфта намоз хонед. Азони маҳалла кифоя мекунад. Вале ба хотири масҷид нарафтан гунаҳкор мешавед. Хулоса агар беазону иқомат намоз хонда бошед намоз аз гарданатон соқит мешавад, вале ба хотири тарки суннат гунаҳкор мешавед. Аз ҳамин сабаб пеш аз хондани намози фарз азону иқома суннат аст. Дар паноҳи Худо бошед.


Ҳукми қироъат дар намоз
Суолкунанда: хочимурод питер
Таърихи суол: 01/07/2011
Матни Суоли 108

салом бобои ешон илтимос ба саволи ман чавоб дихед шахсе мегуяд ки намозхои сунатро бо даруни дил бихони дуруст нест ва мегуяд чунин бихони ки рафикат бифахмад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ дар вақти хондани намозҳои хуфя фарқ надорад, ки суннат аст ё фарз талаффузи калима бо забон воҷиб аст. Ба даруни дил хондан беҷунбондани забон ва лабҳо намоз саҳиҳ намешавад. Ба тавре қироат кунад, ки худаш талаффузи худашро фаҳмад ва шарт нест, ки рафиқи дар наздаш буда фаҳмад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҷамъ байни ду намоз
Суолкунанда: назарчон с.питербург
Таърихи суол: 04/05/2010
Матни Суоли 107

савол. Домулои азиз. Ое мо метавонем 2 намозро як намоз карда хонем бо чамоат? Чун вакти байни намозхо кутох аст. Ва агар ман кор бароям эхтимоли казо шуданаст. Ман ронандаам мушкилоти мостхо мехезанду ва гайрахо...

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Бародари исломи, бале шумо дар чунин ҳолат метавонед ду намозро ҷамъ намуда хонед, модоме, ки зарурат бошад. Аммо кушиш кунед ин амалро одат накунед. Боз як бори дигар такрор мекунам ин ҷамъи намоз факат дар ҳолати зарурат мебошад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Ҳукми бе ғусли ҷанобат намоз хондан
Суолкунанда: Abdulbosid
Таърихи суол: 04/05/2010
Матни Суоли 106

Салом бобои эшон, шахсеро, ки шайтон фиреб кунад метавонад  обози накарда намоз бихонад.Ва дар охир дар хаки ман ва волидайнам дуо кунед.

Посух

 На бародари исломӣ, он намоз дуруст нест ва агар касдан кунад гунаҳкор мешавад, ҳатто баъзе олимон ҳукм ба куфр кардаанд. Зеро дар ин бора Худованди Карим фармудааст: "Ва агар шумо ҷунуб бошед, пас ғусл намоед"- Сураи “Моида” ояи 6. Дар ин оят шахси ҷунуб (яъне ба ибораи шумо шайтонзада) амр ба ғусл шудааст.


Тарки ҷумъа аз ру зарури
Суолкунанда: Хусрав
Таърихи суол: 04/11/2010
Матни Суоли 105

Ассалому алайкум домуллои мухтарам.

 Агар имконият дошта бошед, ба як саволи ман чавоб нависед.

 Ман дар донишгохи оли хамчун муаллим кор ва фаъолият мекунам. Ва аллакай хафтаи 3юм аст, ки Намози-Чумъаро такр мекунам. Ин хам бошад  аз сабаби сиёсати дарунии раёсати донишгох мебошад. Онхо ба ин масъала бисёр чидди меистанд.

 Хеле мехохам ки тарки намози Чумъа  накунам, аммо корро низ аз даст додан намехохам. Ман чи кор кунам?

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ  аввалан дуо мекунам, Худованд раҳбарияти донишгоҳи шуморо ҳидоят кунад. Сониян ман ба  шумо тавсия мекунам, ки модоме ки ҳоло вазъ чунин аст ва шумо ночор ҳастед, ба намози ҷумъа наравед ва пас аз ҷумъаи намози пешинро хонед. Худованд шуморо нигаҳбон бошад


Намоз пез аз азон
Суолкунанда: Asliddin.1991
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 104

salomboboiyeshon 1suoldoramxohonamfahmamashkibamanbehadzarurast.

Pesh azazoninamozhonamozxondan mesgvadyoneyokivaktronigohmekunem .

ba azoni masjid dar xona namoz xondan meshad yo ne.

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки вақти намоз даромада бошад намоз хонда мешавад. Оиди саволи дуввум бошад, бале бо азои масҷид  дар хона намоз хонда мешавад. Аммо кушиш кунед,  ки намозро бо ҷамоат дар масҷид хонед. Худованд нигаҳбонатон.


Пеш аз шом хондани аср
Суолкунанда: хусен аз вахдат
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 103

асалому алайкум бобои нурдинчон савол 5минут мондан ба намози шом  асро хонем мешавад ёне

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Бале мешавад.


Ҳукми хондани нафл баъди суннати бомдод
Суолкунанда: barodariislomishumo
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 102

asalomualaykumboboieshon

Savol : Magan ki badi azoni namozi bomdogayrisunatufarzashhejnamozxondan nameshavadindarmazhabiabuhanifahastyone, iltimos bamanguyed darmazhabimokadomvaktjoiznestnamozxondan? Xudohofiz

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Дар мазҳаби имом Аъзам баъд аз дамидани субҳғайр аз суннати бомдод дигар намоз хондан макруҳ аст. Инчунин  дар вақти тулуъи офтоб, вақти қиёми офтоб яъне пеш аз даромадани вақти пешин ба миқдори 15 ё 20 дақиқа ва вақти ғуруби офтоб намози нафл хондан макруҳ аст.


Ҳукми нишаста намоз хондан
Суолкунанда: ман.файзулло
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 101

Асалому алайкум Бобои Эшон суол дорам чаро занон нишаста намоз мехонанд намози онхо дуруст аст.

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Беузр нишаста намоз хондани чи зан ва чи мард дуруст нест (намози фарз)ро.


Ҳукми бе тоқи намоз хондан

Суолкунанда: Абдуллох.аз шахри Исфара
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 100

Ассалому алейкум бобои Ешон Оллох шуморо аз зулми золимон нигах дорад.як савол дорам зарур аст.ман чанд сол аст ки даршахри Москва кор мекардам намозхои бомдодро дар масчид мехондам дар он чо кариб 90 фоиз одамон бе токи намоз мехонанд ва дар амри маъруфхои шумо гуш кардам ки бе токи хондани намоз мумкин аст ман имсол ба Точикистон омадам дар инчо мегуянд ки макрух аст бетоки хондани намозро мань мекунанд ва як хадисе далел оварданд ки гуйо Пайгамбари Худо(с.а.васаллам)хеч вакт бетоки намоз нахонда бошанд.баъзе чурахои ман вактеки бетоки бошанд тарки чамоаткарда дархона намоз мехонанд.Ассалому алейкум варахматуллохи ва баракоту

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ дар ин мавзуъ мо зиёд суҳбат кардаем. Бе тоқӣ намоз хондан боке надорад. Ҳатто ҳамон олимоне, ки бе тоқӣ хонданро макруҳ гуфтаанд онро макруҳи танзиҳӣ гуфтаанд. Яъне бо тарки он ва напушидани тоқӣ гунаҳкор намешавӣ. Аммо он муллоҳое, ки шахси бетоқӣ масҷид даромадаро ҷанҷол мекунанд ва ин амали онҳо боиси аз ҷамоат мондани шахсони бетоқӣ мегардад, дар рузи қиёмат барои ин корашон ҷавоб хоҳанд дод. Зеро онҳо ба хотири як коре, ки тарки он гуноҳ нест мардумро аз амри воҷиб яъне намози ҷамоат боздоштаанд.


Хондани таровиҳ дар даст Қуръон

Суолкунанда: Абдулло аз Казон
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 99

ассалому алайкум домуллои гироми оё дар намози тарових аз кафои хофизи куръон ки намоз мехонем дар даст куръонро гирифта ба оёти куръон назар кардан чоиз аст? Худо нигах бонатон бошад. ООООмммммммммиииииииинн

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Бале ҷоиз аст. Дар ин масъала эшони Маҳмудҷон муфассал дар яке аз хутбаҳо суҳбат карда буданд.


 Қазо кардани асру шом
Суолкунанда: akbarjon
Таърихи суол: 17/04/2011
Матни Суоли 98

Ассалому ъалайкум ва рахматуллохи ва баракоту. Баъдан аз Аллохи бузург талабгорам пешвохои Исломро да панохи худ нигах дорад. Номи ман Акбар, дар шахри Санкт-Петербург тахсил мекунам. Аз шумо хохиш дорам дар рузи чумъа дар хакки ман дуъо кунед худован имони комил, дихад ба рохи рост хидоят кунад, шукри Аллох намозхоямро мехонам дар намозхои ч,умъа иштирок мекунам. Ва як саволи мухим дорам илтимос дар хамин чумъа ч,авоб дихед зарур аст. Дар вак,ти дарс намози ъаср ва шомро к,азо мекунам шароити хондан нест чи бояд кард?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ шумо кушиш кунед намозҳоро қазо накунед. Зеро баъд аз калимаи шаҳодат ҳеч чиз дар ислом баробари намоз намешавад. Ба андешаи ман байни дарсҳо вақти истироҳат аст. Шумо дар ҳамон вақти истироҳат ба ягон кабинет ё ҷои алоҳида рафта, то оғози дарси нав намози худатонро хонед. Аз намоз хондан дар байни ғайримусалмонон ҳарос накунед ва бояд аз мусалмониятон бифахред. Агар дарсатон дер тамом шавад ва шумо охири вақти намозро дарёб кардед, ҳамон лаҳза намозатонро бихонед. Хулоса бародари исломӣ Паёмбари бузургвор дар як ҳадиси муборак фармудааст: «Фарқ байни миёни кофиру мусалмон дар намоз аст. Пас ҳар шахсе, ки намозро қасдан тарк кунад кофир мешавад». Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми шинохти вақт аз интернет
Суолкунанда: Абдуллох
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 97

Ассалому алейкум бобои Эшон ман ду суол дорам! 1)ман дар русия кор мекунам дар инчо кариб хамеша осмон хира барои хамин ман аз интернет программаи АЗОНро кор мефармоям ки соатхои намози дехаи мо муаян карда шудааст кор фармуданаш чоиз аст?2)мо кор мекунем бисёр хаста мешавем баъзан хутанро нахонда хобамон мебарад зеро байни шому хуфтан 2 соат хаст якон фатвое хаст ки мо хуфтанро барвакттар хонем?илтимос ман интизори чавоби шумо.дар амони АЛЛОХИ бузург бошед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

1) Агар ҳамон программаи аз интернет гирифтаи шумо аз сомонаҳои муътабари исломӣ ва ё бо таъйиди олимони ислом бошад, истифодаи он барои шинохтани вақтҳои намоз боке надорад.

2) Дар масъалаи шумо ман намедонам, ки фосилаи байни шому хуфтан дар макони шумо чи миқдор аст. Аммо бинобар мазҳаби худамон вақте, ки сурхие, ки аз тарафи офтобнишин аст пурра гумм шавад ва баъд аз он як сафедӣҳам мебарояд он низ гум шавад ва тамоми осмонро сиёҳӣ пахш кунад авали вақти намози хуфтан медарояд. Инро ба назар гирифта дар Тоҷикистон фосила байни намози шумо то хуфтан 1 соату 10 дақиқа муаяйн шудааст. Шумо низ дар ягон рузи офтобӣ, ки ҳаво абр набошад ҳаминро худатон мушоҳида кунед. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукмиҷамоъатхонданбоҳамсар

Суолкунанда: МУСТАФО
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 96

СаломбобоиЭшон?оёмумкинаст,кибохамсарихудпанчвахтНамозробочамоъатбихони?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, агар ба шарте, ки дар ғарибӣ бошед ва  дар наздикии шумо масҷид набошад, ки дар он бо ҷамоат намозро хонед боке надорад. Аммо агар дар наздикии шумо масҷид бошад вале шумо дар хона ҳамроҳи ҳамсаратон намозро бо ҷамоат хонед гунаҳкор мешавед.


Ҳукми марде,ки занаш намоз намехонад

Суолкунанда: Azizjon
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 95

Ассалому алейкум Бобои Эшон. ман мухлиси шумо мебошам. ва ба шумо суоле дорам. Ман бо хохиши духтари интихоб намудаи модарам хонадор шудам ки у духтари тагоиям хаст.Пеш аз хонадор шавим ба ман мегуфт ки агар духтаре ки ман интихоб кардам хонадор нашави аз ту рози нестам ва руятро нигох намекунам.Ман рози шудам. Аввал ба ман таъриф карданд ки духтари хуб хаст ва хатто бо у сухбат карда будам.Баъди хонадор шуданам морарам аз келини интихоб намудаи худаш норозиги баён карда истодааст ва хар руз дар хона чанчол аст. Бобои Эшон гуед ки ман чи кор кунам? Бобичон хар чанд ки ман занамро насихати ба намоз хонданашро мекунам ва хато амри маъруф гуш мекунад намоз намехонад.Не ба хуби мефахмаду не ба сиёсат.Бобочон магар ман ба намоз нахондани занам гунахгорам? илтимос чавоби саволхои маро нависед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Модоме, ки шумо кушиши худро анҷом додед ва барои намозхон шудани ҳамсаратон ҳама чораҳоро дидед, вале вай бо вуҷуди ин ба намоз алоқае пайдо накард, дигар шумо масъулият надоред ва дар назди Худованд гунаҳкор нестед. Фақат дилшикаста нашавед. Боз дар оянда ба ҳар роҳу василае кушиш кунед, ки дилаш ба ислом гарм шавад ва тарси Худо дар дилаш ҷой гирад. Худованд ҳамсари шуморо ҳидоят кунад.


Тарк кардани намози ҷумъа
Суолкунанда:

Ne'matulloh

Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 94

Домуллои мухтарам Эшони Нуриддин,мо як чанд мухлиси шумо аз мосскав хастем.Суоли мо чунин аст.Мо имконияти ба намози чумъа рафтанро надорем мешавадки мо чумъаро тарк кунем?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, шумо далел ва сабаби имконият надоштани худ ба намози ҷумъаро баён накардед. Агар ба шарте, ки сабаб зиёд дур будани роҳ бошад, боке надорад. Ё агар ба ҷумъа рафтани шумо сабаби аз кор пеш кардани шумо шавад, ё  сабабҳои муҳими дигар. Пас ба ҷои намози ҷумъа намози пешинро мехонед. Аммо агар ба сабабҳои хурд бошад, дар ин ҳолат инсон гунахкор мешавад. Зеро намози ҷумъа воҷиб аст.


Фаромуши ракъате аз намоз
Суолкунанда: Абдуъалим аз Оренбург
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 93

Ассаломуалайкум ва Рахматуллохи ва Барокотуху Имом намози чор ракатаро се ракат хонд дуо кард ва сухан гуфт пас як ракати дигарро хонд Оё амали у дуруст аст? Худованд Шуморо хифз намояд

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар имом қасдан ин корро накарда бошад ин амалаш дуруст аст, локин дар охир саҷдаи саҳв мекунад.


Масҷиде фақат ҷумъа мехонанд
Суолкунанда: rahmatillo
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 92

Ассалому алайкум!! Мо аз шахри Москав чумхурии Руссия ба шумо як суол дорем дар яке аз масчидои москав намози чумъа мехонем намози шомъ ва хуфтан хондан равем масчид махкам аст дар ин масчид намози чумъа хондан дуруст аст? Чавобашро бо далелю хадисхои саъхи чавоб дихед илтимос бо эхтиром мухлисои шумо аз москав

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале дар чунин масҷид хондани намози ҷумъа дуруст аст.


Масофаи байни ду пой дар намоз
Суолкунанда: акбар
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 91

дар вакти намозхони пойхои худро чи тавр гузоштан мумкинд дар холати кием истотан байнаш чи кадар бошад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар бораи масофаи байни ду по дар вақти қиёми намоз дар суннати Паёмбар (алайҳиссалом) чизе ривоят нашудааст. Бинобар ҳамин олимон миқдори онро ҳамон миқдоре медонанд, ки инсон дар вақтҳои ҳамешагӣ ва оддӣ байни қадамҳояшро мегузорад. Аз ҳамин сабаб баъзеҳо миқдори онро баробари чаҳор ангуш ва баъзеи дигар бештар аз он гуфтаанд. Аммо аз ҳад зиёд паҳн гузоштани байни ду пой хуб нест. Зеро ба дигарон музоиқат мекунад.


Саф пур кардан дар намоз
Суолкунанда: AkramboyDavlatovazSankt-Peterburg
Таърихи суол: 02/02/2011
Матни Суоли 90

Асалому алайкум бобои эшон худованд шуморо дар панохи исматаш нигахбон бошад хохиш менамоям аз шумо ба суоли ман чавоб гуед агар ба масчид дохил шави мулло эмом кироат карда истодааст аз тарафи рост пур карданаст ё ин ки аз чап ?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

 Бародари исломӣ агар муқтадиҳо ду нафар бошанд, яке аз ҷониби рост дигарӣ аз ҷониби чапи имом саф мегиранд, шахси савум азҷониби рости имом ва чаҳорум аз ҷониби чап, баҳамин тартиб сафро комил мекунанад. Худо  шуморо нигаҳбон шавад.  


Ҳукми ҷанозаи шахси аруқ нуш
Суолкунанда:  
Таърихи суол: 02/06/2010
Матни Суоли 89

Ассалому алайкум Дохии Точикистон,

 Бобои Эшон Худованд душманотонро кур кунад.

 саволхо:

 1) Шахсе даъвои мусалмони дошт у арак хурду дар холати масти мурд.

 Оё чанозаи  у аз руи ягон мазхаб дуруст аст?

 2) Марде аз дунё дар гузашт. Муллое ба зани он гуфт ки вакте чон аз бадан мебарояд зану мард бегона мешаванд, ту дигар хак надори ба ин мурда наздик шави ва руяшро бини (аммо мо дар масъалахое хонда будем, ки зан хак дорад шавхари худро шуяд.

 Аз Шумо хохиш дорем, ки ба  ин масъала рушани дихед

 3) Оё мурдаро бусидан чоиз аст?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ

1)  Бале ҷаноза карда мешавад. Аммо баъзе олимон гуфтаанд, ки ба хотири заҷр ва ин, ки ба дигарон ибрат шавад, ки аз чунин амали зишт даст кашанд ҷаноза карда намешавад.

2)  Зан метавонад шавҳари фавтидаи худро руяшро бинад инчунин метавонад ғусл диҳад. Дар ин масъала байни аксари олимони ислом иттифоқи назар аст. Аммо мард зани фавтидаи худро наметавонад ғусл диҳад.

3) Бале бусидани мурда ҷоиз аст. Вақте, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) аз дунё гузаштанд,Абубакри сиддиқ он Ҳазратро бусиданд.Худованд нигаҳбонат бошад.


Тариқаи саҷда кардан дар намоз
Суолкунанда:

Айни

Таърихи суол: 02/06/2010
Матни Суоли 88

Ба Шумо  суол мурочиат карданиям

 1)Шахсе дар вакти аз киём ба сачда рафтан дастхоро дар зону монда сипас ба сачда меравад ва аз сачда ба киём хестан низ дастхоро дар болои зону гузошта мехезад, шахси дигар дар ин харду холат баръакс мегуяд ба воситаи кувваи даст хестан чоиз несту дастхоро ба зону нарасонида мехезад. Аз Шумо пурсиданием, ки кадом холаташро интихоб кунем  бехтар аст (албатта ин на вочиб асту на суннат)?

 2) Дар вакти сачда шахсе харду пояш аз замин чудо мешавад ва дар масъалаи фикие дидем, ки мегуяд ин фосидоти намоз аст. Оё ин хакиат дорад?

 

Посух

Дар вақти ба саҷда рафтан беҳтар инаст, ки дастонро ба зону монда сипас ба саҷда равем. Аз саҷда низ ҳамин тариқ мехезем. Албатта агар дастонро бар зону намонда ба саҷда равӣ гунаҳкор намешавӣ. Аммо мустаҳаб гузоштани даст бар зону аст.

Дар мавриди саволи дувум суннат дар вақти саҷда инаст, ки ангуштони ҳарду по ба тарафи қибла гардонида шавад. Аммо касе, ки пояшро дар вақти саҷда мебардорад у тарки суннат кардааст, гунаҳкор мешавад. Аммо намозаш фосид намешавад.


Ҳукми ҷамъи тақдими намоз дар сафар
Суолкунанда: Islomiddini Muhammadsaid
Таърихи суол: 02/06/2010
Матни Суоли 87

Assalomu alaykum hazrati Eshoni nuriddinjon suole doram javobro besabrona muntaziram!!!?  marde ki yakumbor safar kunad va namozhoro yakjoya kunad (peshinu asr)-ro va ujada rasad ki onjo nav azoni asr-ro guftaistodaan oyo bori digar namozro mexonad? Iltimoss ba in suolam mufassaltar posux dihed!?

Посух

Assalomu alaykum hazrati Eshoni nuriddinjon suole doram javobro besabrona muntaziram!!!?  marde ki yakumbor safar kunad va namozhoro yakjoya kunad (peshinu asr)-ro va ujada rasad ki onjo nav azoni asr-ro guftaistodaan oyo bori digar namozro mexonad? Iltimoss ba in suolam mufassaltar posux dihed!?


Ҳукми ҷаноза кардани зан бе розигии шавҳар
Суолкунанда: Ҷумабой
Таърихи суол: 28/04/2010
Матни Суоли 86

Ассалому алайкум эшони Нуридинчон

 аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям ба ин саволи ман чавоб гуед.

 Оилаи ман худашро сухт ва баъдаз 4 руз ин дунёро падруд гуфт вале ахли байти вай мурдаро аз беморхона ба хонаи худ бурданд ва оилаи моро ба хонашон рох надоданд.

 Хатто маро ба чанозааш рафтан намонданд аз Шумо пурсидани хастам ки бе розигии шавхар чаноза кардан мум кин аст ва хукми он чунон аст ба ман баён намоед. боки дар панохи Худованд нигахдоратон бод

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Бародари азиз , дар ҷанозаи зан розигии шавҳари у аз назари ислом  шарт нест .  Аммо барои он ки соҳибони майит шумо ва наздикони шуморо дар ҷаноза роҳ надоданд аз назари шаръ нодуруст ва хато аст ва дар назди Парвардигор ҷавобгу ҳастанд.


Ҳукми хондани сураи фотиҳа аз пушти имом дар намозҳо хуфя
Суолкунанда: Амин
Таърихи суол: 18/05/2010
Матни Суоли 85

ассалому алейкум Эшони гироми. Худованд шуморо нигахбон бошад. аз шумо мехостам бипурсам оё равост ки дар намози фарзи дар вакти ба имом иктидо кардан сураи фотихаро худам хам бихонам ( дар намозхои хуфтия?  худованд шуморо ба бахти мо зиндаву саломат нигах дорад Эшони гироми

Посух

Алайкум салом ва раҳматуллоҳ

Бародари исломӣ Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Бале дар мазҳаби мо назди имом Муҳаммад хондани сураи “Фотиҳа” аз пушти имом ҷоиз аст дар намозҳо хуфя.


Ҳукми намоз хондан дар дохили мошин ва монанди он
Суолкунанда: назарчон с.питер
Таърихи суол: 18/05/2010
Матни Суоли 84

салом Домулои азиз хамеша дар хифзи Худо боши. Савол. Ое мо метавонем намозро дар сари чамбараки мошин хонем? Дар кадом холат ичозат аст?

Посух

Алайкум салому ва раҳматулло.

Агар ҳолати зарурат бошад. Масалан шумо дар роҳҳастед ва имконияти дар роҳистоданро надоред ё инки замин лой аст ва бохуд чизе надоред, ки дар болои он гузошта намоз хонед. Ва инчунин агар шумо таъхир кунед эҳтимол намоз қазо шавад, дар ин ҳолат дуруст аст дар доҳили мошин намозро хонед. Ин зарурат фақат барои намози фарз аст. Аммо намозҳои нафлро дар ҳар ҳолат метавонед дар мошин хонед.


Ҳукми рафъи ядайн
Суолкунанда: abdulmajid az hatlon
Таърихи суол: 20/05/2010
Матни Суоли 83

asalomu alekum va rahmatulohi va barakatuh bobi eso man azsumo mepursam rafi ydaein kakrdan sunat eo ciz hast ci hukumdora

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Рафъи ядайн яъне бардоштани ду даст дар вақти такбирот дар намоз дар мазҳаби имом Шофиъӣ ва имом Аҳмад суннат аст. Аммо дар мазҳаби мо рафъи ядайн суннат нест. Дар ин бора ҳадисе аз Паёмбари ислом (алайҳиссалом) аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки Паёмбари Худо ду дасти худро дар такбири аввал мебардоштанд ва дар дигар такбирҳо рафъи ядайн намекарданд. Ин ривоятро имом Тирмизӣ ривоят кардааст. Албонӣ низ ин хадисро саҳеҳ донистааст.


 
Суолкунанда: abdurahmon
Таърихи суол: 26/05/2010
Матни Суоли 82

 assalomu alaykum boboi Eshon mo yak guruh tolibon mo tibqi sunnat rafi yadayn karda namoz mekhonem lekin az mazhabamon nabaromadem mo faqat dar hamin jo hamin tavr mekhonem bade ki Tojikistonba bargashtem boz peshtara azoni khudamonbarin mekhonem shumo chi megued bo purra fahmoned mukhlisi ashaddii shumo khudo hofiz dar panohi KHudo boshed

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Додарони исломӣ, Худованд ба шумо илми бо амал насиб кунад. Ин амали шумо ҳеҷ боке надорад. Модоме, ки дар онҷо ҳастед. Аммо вақте ба ватан баргаштед хоҳиши ман ин,ки дар атрофи ин масъалаҳои ҷузъӣ худатонро гирифтор накунед ва боиси фитна ва тафриқа нашавед. Ба масъалаҳои муҳимме, ки ҷомиаи мо гирифтор аст руй оварда ҳамеша дар роҳи даъват ва аз байн бурдани фисқу фуҷур ва бенамозӣ ва дигар гирифториҳои муҳимми руз камари ҳиммат бандед. Хулоса ҳамеша бо мардум бошед. Худованд  ҳамаи шуморо олимони исломӣ ва даъватгарони роҳи ҳақ гардонад.


Ҳукми гузоштани дастҳо дар намоз дар зери ноф
Суолкунанда: Бахром Ёрматов
Таърихи суол: 19/05/2010
Матни Суоли 81

Ассалому алейкум бародари ахли ислом Эшони Нуриддинчон ман аз нохияи Ашт. Худованд ахли хонадони шуморо доимо аз чашмони бади душманон нигох дорад. Ба шумо як суоле дорам ман дар вакти хондани намоз харакат мекунам тибки суннати паёмбар намоз гузорам. Ман илми зиёд надорам факат бисёртар хадис кофтуков мекунам ва дар ягон хадисе, ки ман хондаам дар бораи дастро дар зери ноф монданро надидам, агар ягон хадисе бошад шумо мегуфтед.  Ба суоли додагиам узр мехохам, дар амони худованд бошед. Ман мухлиси  амри маъруфхои шумоям. Рахмат

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ, дар “Сунан”-и Абудовуд нусхаи Ибни Аъробӣ аз Алӣ ибни Абутолиб (Худованд аз у розӣ бод) ривоят аст, ки эшон гуфтааст;

“السنة وضع الكف علي الكف في الصلاة تحت السرة”

“Суннат дар намоз гузоштани каф бар руи каф бар зери ноф аст.” Ин ривоят дар ҳукми ҳадиси марфуъ аст.


Тариқаи муаян кардани қибла

Суолкунанда: Алишер аз Карташихина.С-ПЕТЕРБУРГ
Таърихи суол: 13/05/2010
Матни Суоли 80

Худовандо.Ин оиларо аз шарри душманон нигох дор.Домуллои ширинсухан суоле дорам.Мо чи гуна кибларо муаян кунем ва намози дуруст гузорем.агар суи офтобнишин намоз гузорем дуруст мешавад.Илтимос таъчил дорем

Посух

Ва алайкумус-салому ва раҳматуллоҳ, бародари исломӣ, агар шумо ба ягон масҷид наздик бошад беҳтар аст, ки аз масҷид дида қибларо муайян кунед. Ё барои дақиқан муайян кардан имруз компасҳо баромадаги аст, аз ҳамонҳо истифода баред мешавад. Аммо ҷониби офтоб нишин хондан дар маконе, ки шумо ҳастед барои мо маълум нест, ки қибла ҷониби офтоб нишин бошад. Оре дар Тоҷокистон қибла ҷониби офтобнишин аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки қибла дар ҳама кишварҳо ба ҷониби офтоб нишин бошад. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми имомати шахси фосиқ
Суолкунанда: машраб
Таърихи суол: 14/05/2010
Матни Суоли 79

Ассалому алайкум бобои Эшон ман як мухлиси шумо аз шахри Сургут. Бобои Эшон ба шумо савол дорам.

Дар масжиди ин шахр як шахси бериши фосик имом аст мо дар хона намози панж вакторо хонем ё дар ин масжид илтимос жавоб дихед.

Посух

Ва алайкумус-салому ва раҳматулло.

Ҷавоби саволи якум: Иктидо ба имоми фосиқ аз назари мазҳаби мо дуруст аст, аммо кароҳият дорад. Муктадиёне, ки аз пушти вай намоз мехонанд намозашон дуруст аст. Аммо бояд аҳли ҷамоат кушиш кунанд, ки имоми солеҳу парҳезгор интихоб кунанд агар мумкин бошад. Аз оне, ки шумо дар хона намоз хонеду аз савоби масҷид монед беҳтар аст, ки ба масҷид равед. Агар битавонед ӯро насиҳату панд диҳед, то аз он роҳ баргардад.


Нияти намози қазои
Суолкунанда: Равшанчон
Таърихи суол: 29/05/2010
Матни Суоли 78

Ассаломуа  алайкум ва рахматуллохи ва  баракотух  бобои ешон мо мухлиси ашадии шумо хастем худованд шуморо нигахбон бошад аз шумо хохиш мекунам саволи маро чавоб гуед  намози казо шударо чи гуфта мехонанд якхело мегуянд намози гузашта нихат мекунанд боз дигарон мисол агар намози пешин казо шудабошад  намози казойи пешин гуфта мехонанд  аз шумо хохиш дорам дар хаки хонаводаи мо дар охир дуъо кунед худованд шуморо нигахбон бошад домулои ширин сухан

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Намози қазошударо дар вақти ният қазоӣ гуфта ният кунед. Худованд нигаҳбонат.


Ҳукми хондани аттаҳиёт дар намоз
Суолкунанда: САЛИМОВ КУРБОНАЛИ
Таърихи суол: 29/05/2010
Матни Суоли 77

салом бобои эшони  ман як савол дорам  агар сураи аттахиетро надони намоз хондан раво хаст е ин ки не  ?

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ, аввалан “Аттаҳиёт” сура нест, балки дуо аст. Агар дар ҳақиқат шумо “Аттаҳиёт”ро аз-ёд надонед то вақти аз-ёд карданатон дар ҷои “аттаҳиёт” субҳоналлоҳ, алҳамдуллиллоҳ гуед. Аммо кушиш кунед, ки онро аз-ёд кунед. Зеро “Аттаҳиёт” дар мазҳаби мо воҷиб аст. Худованд нигаҳбонат.


Ҳукми хуни ҳайвон ва пешиби он
Суолкунанда:

Гурухи касобон (шахсоне ки забхи мол мекунанд)

Таърихи суол: 29/05/2010
Матни Суоли 76

Ассалому алейкум варахматуллохи ва баракотуху!!!

 Эшон савол дорем, дар бозор савдо мекунем гушт мефурушем. 1. Дар вакти кор ба либоси мо хун мепарад (дар вакти гушт аз устухон чудо кардан) бо хамин либос намоз хондан дуруст аст е не?

 2. Бо либоси пешоби хайвон (гов, гусфанд, буз, шутур) расида намоз хондан дуруст аст е не?

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Бародарони исломӣ, Худованд шуморо дар касбу коратон барака насиб кунад. Он хуне бенамоз мекунад, ки дар вақти забҳи гардани мол мебарояд. Аммо хуне, ки дар вақти майда кардани гушт ба шумо мерасад тоҳир аст либосро наҷосат намекунад. Дар масъалаи пешоби гов ё гусфанд, агар ба либос расад бенамоз мекунад. Зеро наҷас аст. Худованд нигаҳбонатон


Хондани намози Зуҳр дар рузи ҷумъа
Суолкунанда: Абдугаффор
Таърихи суол: 26/05/2010
Матни Суоли 75

Ассаламу алайкум домуллои мехрубон, Худованд нигахбонатон бод. Агар ду-се шахс рузи чумъа  дар намози чумъа  иштирок  кардан натавонанд намози пешинро чамоат мехонанд ё  танхо?

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Додари исломи Худованд шуморо низ нигаҳбон бошад. Баъд аз намози Ҷумъа бошад метонанд Пешинро ҷамоъат кунан.


Хондани сураи “Фотиҳа” аз пушти имом
Суолкунанда: Абдуллохчон
Таърихи суол: 15/05/2011
Матни Суоли 74

Ас салому алайкум, Оё хондани сураи алхамду аз пушти имом дар намозхои хуфия дуруст аст?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале дуруст аст.


Дар дохили мошин намоз хондан
Суолкунанда: akbarjon
Таърихи суол: 15/05/2011
Матни Суоли 73

ассалому ъалайкум ва рахматуллох, аммо баъд як суол дорам, Бобои эшон ман дар ш. санкт-петербург тахсил мекунам баъзе вакт дар вактхои намоз дар рохем ё шароити дар рох хондан нест дуруст аст дар дохили мошин намозро хонем?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки шумо яқин дошта бошед, ки масалан баъди ним соат ба ҷоятон мерасед ва охири вақти намозро дарёб мекунед, дар ин ҳолат беҳтар ин аст, ки дар дохили мошин намоз нахонед. Инчунин агар масофаи роҳи шумо тулонӣ бошад яъне бештар аз 100км бошад дар ин ҳолат шумо мусофир ҳисобед метавонед ҷамъ байни ду намоз кунед. Мазҳаби мо дар ҳолатҳои зарурат иқтидо ба дигар мазоҳиби аҳли суннатро иҷоза додааст. Худованд нигаҳбонат. Аммо намозҳои суннат ва ё нафлиро дар мошин савора хондан ҷоиз аст.


Миқдори муддати қаср хондани намоз
Суолкунанда: Баходур
Таърихи суол: 15/05/2011
Матни Суоли 72

Ас-салому алейкум эшони Нуриддинчон. Ба шумо як савол дорам намози касрро чанд руз дар сафар боши бояд хони. 1 мох ё 40 руз хони мешавад илитимос хаминро ба мо фахмонед. Худо нигахбонатон

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Намозҳои фарзиро агар аз 15 руз камтар дар сафар бошед қаср мехонед. Вале агар аз 15 руз зиёд нияти истодан дошта бошед аз ҳамон рузи аввал намозҳоро пурра мехонед. Зеро ҳукми мусофирро надоред. Аммо шахсе нияти аз 15 руз камтар дар мусофират истоданро дорад вале бо сабабҳое баъд аз 15 руз натавонад ба ватан сафар карда у низ қаср мехонад. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми қазо кардани намоз барои хотири машқ
Суолкунанда: АбуУмар
Таърихи суол: 15/05/2011
Матни Суоли 71

Ассалому алейкум варахматуллохи вабаракатуху.Мухтарам Эшони Нуриддиннчон,Худованд шуморо бо ахли оилаатон хамеша дар панохаш нигах дорад.Хазрат,илтимос ба саволхои ман пурра ва бо далели катъи чавоб гуед. Саволи 1.Мо як гурух бародарон дар Россия истикомат дорем.Оила ва фарзандонамон низ чанд солест,ки хамрохамон мебошанд.Азбаски айни бекори аст,як гурух бародарон хостанд дар яке аз спорзалхои шахрамон ба машкхои чисмони машгул шаванд.Таквими машкхояшон дар як хафта 3 маротиба ва хар як машк ба вакти намози шом рост меояд.Онхо метавонанд намози шомро наахонанд?Ё дар хонахояшон бо хуфтан якчоя карда хонанд?Ё баъди ба хонахояшон баргаштан,вакти намоз гузашта бошад хам шомхояшонро хонанд? Саволи 2.Бародароне,дар боло кайд кайд кардам,онхо факат фарзхои намозхоро мехонанд.Суннатхоро тамоман намехонанд.Хол он,ки онхо дар айни замон хама бекор хастанд. Ба хеч коре шитоб ё узре надоранд.Оё мумкин аст,ки дар чунин шароит суннатхоро тарк кардан? Ва умуман касоне,ки суннатхоро тарк мекунанд аз назари ислом чи хукм доранд? Хамаи ин бародарон мухлиси доимии шумооянд.Шумоёнро бенихоят хурмат мекунанд.Хамеша аз руи гуфтахои шумо амал мекунанд.Ман онхоро бенихоят хурмат мекунам ва намехохам,ки муртакиби гунохе шаванд.Дар охир аз Худованд дуо мекунам шумоёнро бо ахли оила ба чаннати бехтаринаш ворид гардонад.Омин.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

1) Бародари исломӣ ба машқа машғул будан ва намозро қазо кардан далели шаръӣ шуда наметавонад ва онҳо гунаҳкори бузург мешаванд. Зеро онҳо метавонад вақти машқро тағйир диҳанд ва ё дар аснои машқ вақти намози шом, ки расид дарҳол бо либосҳои машқияшон намозашонро хонанд. Боз такрор мекунам қазо кардани намоз хеле гуноҳи бузург аст, ки Худованд ваъиди сахт намудааст. Ин узри онҳо назди Худованд мавриди қабул нахоҳад буд. Худованд ҳатто дар ҳолатҳои набард ва ҷиҳод мусалмононро иҷоза намедод, ки намозро қазо кунанд.

2)  Тарк кардани суннатҳои намоз ба таври мудовим гуноҳи бузург аст. Ҳатто дар китобҳои мазҳаби мо гуфта шудааст, ки агар шахс суннатҳоро тарк кунад ва гуяд ин суннатҳоро Паёмбар (алайҳиссалом) мехонд вале ман намехонам.. кофир мешавад. Имоми Аъзам дар масъалаи суннати пеш аз фарзи бомдод гуфтааст, ки ҳатто нишаста хондани суннати пеш аз бомдод ҷоиз нест. Зеро Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ҳаргиз ду ракаат суннати пеш аз бомдодро тарк накардаанд. Олимон мазҳаб дар бораи шахсе, ки суннатҳои намозро намехонад гуфтаанд, ки чунин шахсро шаҳодаташ дар назди ҳоким ва ё қозӣқабул нест. Далели ин, ки шахсе, ки суннатҳоро мудовим намехонад гунаҳкор аст, ин ҳадиси Паёмбари Худо аст: “Ҳар касе, ки аз суннати Ман ру гардонад, пас он кас аз уммати ман нест”. Ривояти Бухорӣ. Аммо дар ҳолати сафар ё ҳолати зарурати ҷиддӣ бошад, ки фақат вақт барои хондани намози фарз бошад, тарк кунад, боке надорад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Ҳукми Бо ҷамоъат хондани пешин дар рузи ҷумъа
Суолкунанда: Холикбердии Рахимберди
Таърихи суол: 01/05/2011
Матни Суоли 70

Ассалому алайкум варахматуллох.Бобои Эшончон... Мехохем оиди масъалаи мо рушнои Иллохи намоид,ки чунин аст.Дар рузи чумъа баъд аз гузашти вакти он мо метавонем намози пешинро чамоа бихонем.Мо дар русия хастем ва мо наметавонем,ки ба масчид равем.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, агар ба шарте,ки шумо барои ҷумъхонӣ нарафтан узри шаръӣ дошта бошед, дар ин ҳолат метавонед намози пешинро бо ҷамоат баъд аз хонда шудани намози ҷумъа бихонед. Локин агар бо ягон узри ночиз ба ҷумъахонӣ наравед гунахкор мешавед. Зеро намози ҷумъа воҷиб аст. Худованд дар Қуръони карим фармудааст: “Эй ононе, ки имон овардед, ҳаргоҳ дар рузи ҷумъа нидои даъват ба суи намози ҷумъа баланд шуд, пас шумо шитобон ба суи зикри Худо (намози ҷумъа) биравед ва тиҷорату савдои худро канор бимонед. Ин барои шумо беҳтар аст агар медонед”. Сураи “Ҷумъа” ояти 9.


Бо ангушт ҳисоб кардани тасбеҳҳо
Суолкунанда: Фархад
Таърихи суол: 15/05/2011
Матни Суоли 69

Ассаломуалайкум бобои Эшон.Бобои Эшон шумориши тасбехот дар намоз бо ангушт ягон карохият дорад?Инчунин дар вакти намоз почаки шимро то бучули пой чамъ кардан чи максад дорад?Хангоми хондани суннатхо дар байн ду намоз гузор 20см чой бошад дар ин вакт чихел салом дода мешавад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

1) Бо ангушт ҳисоб кардани тасбеҳҳо боке надорад.

2) Почаи шимро аз буҷулаки по боло бардоштан дар намоз суннат аст. 

3) Ҳамон лафзи «Ассалому алайкум ва раҳматулллоҳ» ба ду ҷониб гуфта мешавад.

 
   

   

   

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com