.:: WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд... ::.
Эшони
Нуриддинҷон
Фатвоҳо дар боби
муомалаҳои молӣ
Гузоштани маблағ дар
бонкҳо ба ҳадафи рибо
Суолкунанда:
Шахзод
Таърихи суол:
06 /03 /2012
Матни Суоли
2 5
Асаломуалекум ва рахматтуллохбобои эшон мо бо
рафикам дар Челябинск кор мекунем рафикам сумхои
худашро дар бонк супоридагиаст ва просентхояшро
мегираду истифода мебарад. аммо бачаи холааш
муллобачааст уро маън мекунад! он мулло мегуяд
ки просет харомаст! вай дар чавобаш гуфт байни
мусалмон харомаст! ва просента ба хотире
Худованд харом гардонидааст, ки мусалмон ба
бародари худаш зулум накунад. Амо ман дар бонк
мемонам хам ман фоида мекунам хам давлат магар
ин нодурустаст холоонки аксари арабхо сумхояшон
дар бонкхои давлатхои калонаст лекин мегиранд
просентошона! амо дар ин вакт бовар кардан
мушкиласт ба бародарат ба даст доди ба по медави
! . Ва мегуяд ки чанкасонро пул додам
аксарашонро бачанг гирифтам ва баъзешон тохол
метиян фалонро пул дода будам ту хам шохид буди
чи касам хурд то кай ваъда дод чанд сол шуд?
тохол холохам надодаст агар намедошт хайр
мегуфтам надорад холо ин ки дар инчорам ва дар
Точикистонхам хона харидааст. пайгамбар
фармудааст "то карзатро надоди равган махур" дар
охир гуфт ба конунхои пешина амал карда
намешавад замона як хел нест бубин дар куръон
оят меомад кор дигар мешуд ояти дигар меомад ин
оят авал будаги бекор (мансух) мешуд! наметияму
намегирам! он муллохам хапкарда гуфт худат
медони? илтимос ба ин масъала равшани андозед!
бо эхтиро Шахзод
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, он дусти шумо ба гуфтаҳояш
худашро ба залолат кашондааст. Ҳар касе, ки
эътиқод дошта бошад, ки қонунҳои ислом ба даври
имруз намехуранд ба иттифоқи назари ҳамаи
мазҳабҳои исломӣ кофир мешавад. Дар ин бора
далелҳои фаровон дар Қуръону суннат аст.
Худованд дар Қуръон фармудааст: “Ҳар касе ҷуз
аҳкоми ислом аҳкоми дигаре бипазирад, ҳаргиз аз
у пазируфта нахоҳад шуд ва у дар рузи қиёмат аз
ҷумлаи зиёнкорон аст”. Пас ҳар касе, ки пиндори
онро дошта бошад, ки аҳкоми ислом ба дарди асри
ҳозира намехурад чи умед аз диёнати у аст. Магар
Худое, ки ин ҳастиро офарид намедонист, ки
замоне чунин навъи муомилаҳои ҳаром дар ҷомиа
роҳандозӣ мегардад? Имруз инҳо донистанд инро?
Тааҷҷубангезаш ин аст, ки он дусти шумо ба
хотири табриаи ин амалаш далел овардааст, ки
Қуръон ба омадани ҳукми нав ҳукми пешинаро
мансух мекард. Аҷаб сухани бемаъние! Магар ҳамон
Қуръоне, ки аз он сухан мегуяд, нагуфтааст, ки
“Имруз динатонро ба шумо комил гардонидам ва
неъматамро бар шумо тамом гардонидам ва исломро
барои шумо ҳамчун дин ва ҳукми ягона пазируфтам”.
Оё ин ояти қуръонӣ баёнгари он нест, ки дигар
аҳкоми шариат комил шудааст ва ҳеҷ гуна тағйиру
ифозаҳоро намепазирад.?
Бояд он дусти шумо аз ин
гуфтаҳояш тавба кунад вагарна мавриди азобу
иқоби Худованд хоҳад қарор гирифт.
Ҳамкори бо бонкҳои
рибавӣ
Суолкунанда:
Абдуллочон Давлатов
Таърихи суол:
29 /02 /2012
Матни Суоли
24
Хамкори бо бонкхои имруза. Ассалому алейкум
мухтарам домулло Эшони Нуриддинчон, суоли ман ба
Шумо чунин аст: Чуноне ба хама маълум аст
Чумхурии Точикистон айни хол Чумхурии Исломи
нест ва бонкхои дар Чумхури фаъолияткунанда низ
гайриисломи хастанд. Аз нигохи Шумо ва аз нуктаи
назари Ислом хамкори кардан бо ин бонкхо, яъне
карз гирифтан аз ин бонкхо ва пасандоз гузоштан
дар ин бонкхо дуруст аст ё не. Эхтиромона аз
Шумо хохиш мекунам ба ин суол чавоб гуед. Худо
хофиз.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Ҳамкорӣ бо бонкҳои рибавӣ
ҷоиз нест. Инчунин набояд ба чунин бонкҳо
пасандоз намуд. Зеро ин кумак дар маъсият
мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Ҳукми миёнҷигӣ дар
тиҷорат
Суолкунанда:
Фируз
Таърихи суол:
29/02/2012
Матни Суоли
23
ассалому алайкум ва рахматуллох Бобои Эшон ба
саволи ман чавоб дихед Аллохи бузург шуморо дар
панохаш нигох дорад.1.Як бородари исломи дар
Россия ба тичорат машгул аст.Вай бо рафикаш аз
як шахр ба дигар шахр бор(сухофрукт) мегиронад,акнун
шумо ба ман гуед ки боре ки бародарам мегиронад
аз нархаш сохиби бор ба вай фоиз медихад ва
рафикаш аз ин фоиз бехабар аст.Холон ки нархи
бори гирондаашон ин кадар киматхам нест,ва дар
шахри худашон бо нархи кимат савдо мекунанд.Ин
Рибо аст.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ аз навишти
шумо ҳамин қадар фаҳмида мешавад, ки он бародари
шумо нақши миёнҷигарӣ (пасредник) ро дар ин
тиҷорат бозӣ мекунад. Агар чунин бошад пас дар
ин амал рибо нест. Масалан агар соҳиби бор ба
касе, ки бори уро ба дигарон мегузаронад дар
ивази ин хидмат маблағ диҳад ин рибо нест. Дар
паноҳи Аллоҳ бошед.
Хариди хона ё мошин бо
таври кредит ё тақсит
Суолкунанда:
САИДХУЖА
Таърихи суол:
27 /02 /2012
Матни Суоли
22
ХОИШ МЕКУНАМ БА САВОЛИ МАН ЧАВОБ
ГАРДОНЕД АГАР МОШИН Е ХОНА КРЕДИТ ГИРИ ПРАСЕНТ
ХИСОБ МЕШАВАД Е НА .БАЬДАН ХУДОВАНД АХЛУОИЛАИ
ШУМОРО ДАР ПАНОХИ ХУД НИГОХ ДОРАД.
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.
Не дар сурати ба кредит
гирифтани хона ё мошин ва ё ҳар чизи дигар
просент ё рибо ҳисоб намешавед. Зеро дар ин
масъала доду гирифт аз ду ҷониби аз ҷинси як чиз
сурат нагирифтааст. Масалан агар шахсе ба шумо
1500 доллар диҳад ва бигуяд, ки баъди шаш моҳ
онро бо фоизаш 1700 доллар карда медиҳед ин айни
рибо ё просент мебошад, ки шадидан ҳаром аст.
Аммо агар ба шумо мошин ба тариқи кредит, ки
имруз дар фиқҳи муосир онро тақсит мегуянд,
бидиҳад, агарчи маблағи он нақдӣ дар бозор арзон
бошад ва он кас ба шумо бо нархи гаронтар ҳисоб
карда диҳад, рибо нест. Зеро айни моли
додугирифт дар инҷо пулӣ нест. Шумо мошин
гирифта бо тақсит пули онро дар чанд муддат
мегардонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Масалаи мубодилаи асор
Суолкунанда:
Баҳодур А
Таърихи суол:
12 /02 /2012
Матни Суоли
2 1
Асалому ъалейкум ва рахматулохи ва баракотуху
бобои Эшони Нуридинчон.Ман дар хаки шумо
чандкадаре.ки гуям кам аст.Худованд морони аз
хаму эмони шумохам насиб гардонад!
Тарзи дурусти хаму саволи пеш дода будам. Ман
коргари нуктаи мубодилаи аръор ва У савдогар. У
мегуяд.ки хадис аст. Пайгомбар гуфтааст кабз
кабзу вакт вакт. У мегуяд.ки ман аз ту пурсам.ки
ба ман 1000$ те бегох оварда пули сомониаша
оварда метиям дар хамин холат ё У ё Ман гуё.ки
дар рибо мегалтем максад ин аст.ки нархи долар
паст ё баланд шавад. Саволи дуюм: хамин номи ман
Баходур чи маъно дорад барои ин ки баъзеи
хамноми ман номашро дигар кардааст гуе ки аз
ислом набошад. Ва дар хаки ман ва дар хаки
волидайнам дуо гуед...
Посух
Ва лайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ уламои
муосири ислом дар масъалаҳои нақдӣ яъне пулӣ
қабзро шарт намедонанд. Зеро имруз аксари
кишварҳо додугирифт бо якдигар ба воситаи
системаҳои компютерӣ доранд, ки дар он қабзи
даст ба даст нест. Бинобар ҳамин модоме, ки шумо
қабл аз табодул бо якдигар шарт гузошта бошед,
ки бегоҳ вақте пулро мегирад ба курси ҳамон
вақта мегирад, дар ин ҳолат иншоаллоҳ боке
надорад. Хулоса дар ин ҳолати шумо доллар
табодул шудааст. Яъне вақте, ки пулро ба сомонӣ
ба шумо мегардонад, бояд қиммати ҳамонсоатаашро
дар назар гирифта баргардонад. Яъне дар ҳолати
паст шудани сомонӣ бояд паст супорад ва ё дар
ҳолати баланд шуданаш баланд супорад. Дар ин
сурат дар муомилаи шумо рибо нест. Валлоҳу аълам.
Ҳукми просентхурӣ аз
бонкҳои Тоҷикистон
Суолкунанда:
Расулов
Таърихи суол:
25 /01 /2012
Матни Суоли
20
Ассалому алайкум бобои Эшон. Ман як мухлиси шумо
дар Маскав ва хамрохи мо як Хочи зиндаги мекунад.
У мегуяд ман дар бонки Душанбе 10000доллар дорам
мо пурсидем просенти инро мегири у гуфт ки,
просенти бонкхои худамон халол аст чунки,
давлатамон исломи нест ва инро хам аз кадом
муллое фахмидааст. Оё ин гуфтахо рост аст. Бо
эхриром мухлиси шумову бародаронат банда аз
нохияи Ёвон дехаи Чаманзор.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Не, бародари исломӣ ин
амал ҷоиз нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед
Сабабҳои афзоиши ризқ
барои шахси тоҷир
Суолкунанда:
Фаррухи Рахматулло
Таърихи суол:
15/11/2010
Матни Суоли
19
Ассалому ъалайкум! Бобои Эшон Мо карз карда
муддати 3-соласт, ки корхона кушодаем аммо
фоидаи каме, ки ба мо мемонад. Факат барои
рузгор истифода мебарем. Мехохем ба монанди
дигарон "Курбони" , "Хайру садакот" ва дигар
корхои ба Исломи нозанин фоидаовар бошад анчом
бидихем.Аммо чи илоч? Бобочон чи бояд кард? Шояд
ягон Дуое бошад, ки мизочони моро зиёд мекунаду
фоидаи корхонаи моро низ меафзояд. Бо эхтиром,
Фаррух дустдори Шумо ва Хонаводаатон мебошам!
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Додари исломӣ, Худованд дар корҳои шумо баракат
ато кунад. Шумо чи қадар кушиш кунед, ки бо Худо
содиқ бошед ва ҳаргиз дар муомилоти тиҷориатон
аз роҳи Худову Паёмбар берун амал накунед. Зеро
Худованд худ фармудааст, ки"Ҳар касе, ки тарсу
тақвои Худо дар дил дошта бошад, Худованд барои
вай як роҳи раҳоие насиб мекунад ва уро аз
роҳҳое ризқу рузӣ медиҳад, ки дар гумонаш нест".
Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ба касоне, ки
қарздоранд тавсия намуданд, ки ин дуоро зиёд
бихонанд; "Аллоҳуммакфини биҳалолика ъан
ҳаромика ва ағнини бифазлика ъан ман сивока.
Аллоҳумма инни аъузу бика минал ҳамми вал ҳазан,
валъаҷзи валкасал валбухли валҷубни ва
ғалабатид-дайни ва қаҳрир-риҷол".
Ҳукми дар бонкҳои
рибави пул мондан
Суолкунанда:
Иброхим
Таърихи суол:
01/05/2010
Матни Суоли
18
Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатух
Бобои Эшончон! Хамду сано он Худоеро ки моро
мусулмон офарид ва дуруду рахмати у ба рухи поки
Паёмбарамон ва ба пайравони у то рузи киёмат
бод. Худовад аз шумо рози бошад.
1)
Бобои Эшончон дар Россия дар банк пул монда ва
рибояшро гирифтан, мумкин хаст ?
2)
Ва агар то имруз буд дар банк , рибояшро дар
кучо сарф кардан чоиз хаст?
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ
Бародари азиз мондани пул дар бонкҳои русия
ҷоиз аст ба шарте ки аз сокинони онҷо боши ва
ғар аз ин бонк дигар бонк набошад, монанди
бонкҳои исломи. Аммо гирифтани прасент аз ин
бонкҳо ҷоиз аст аммо барои худ сарф накун ба
камбағалову муҳтоҷо бидеҳ. Нагузор фойда барои
банкҳо шавад. Худованд ҳамаи шумора дар паноҳи
худ нигаҳбон шавад. Омин
Ҳукми бо рибо(прасент)
қарз гирифтан
Суолкунанда:
мухамадмурод
Таърихи суол:
17/07/2011
Матни Суоли
17
Асалому алайкум ва раматуллохи ва боракотуху
Илтимос ба суоли ман чавоб дихед мо аз бозори
корвон мебошем агар аз бонк пул гири яьне кридит
аз дидгохи ислом чимешад бачахо меган бисёр мо
мачбур хастем дар киёмат чи мешад ... баъд як
илтимоси дигар аз шумо дар кадом китоб сайдул
ИСТИFФОР хаст ки мо бисьёр тавба кунем
ХУДОВАНДИ МУТАОЛ
АХЛУБАЙТИ ШУМО ХАКГУРО ДАР ХИФЗУ АМОНАШ НИГАХ
ДОРБОШАД ОМИН ОМИН ОМИН МАН БАХОТИРИ АЛОХ ХАМАЙ
ШУМО МУЧОХИДИНРО ДУСТ МЕДОРАМ.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ дар ин масъала мо дар фатвоҳои
пештара гуфта будем. Агар шумо воқеан тарсу
тақвои Аллоҳро дар дил дошта бошед аз бонкҳои
рибавӣ пул қарз нагиред. Зеро рибо ба маънои
ҷанги ошкоро бо Аллоҳ аст. Инсон бояд маҷбурияти
худашро худаш дарк кунад, ки то чи андоза маҷбур
аст. Оё агар қарз нагирад фарзандони вай беризқу
рузи дар кучаву хиёбонҳо мемонанд? Оё бидуни он
зиндагияш намегузарад? Ин саволҳое аст, ки ҳар
инсони муъмин назди худаш ва Аллоҳ бимонад. Агар
воқеан дар чунин ҳолат гирифтор бошад, олимон ба
хотири чунин зурарати шадид онро мисли ҳукми
гушти ҳаром, ки дар ҳолате, ки инсон дар ҷое
бошад, ки ғайр аз гушти хук чизе набошад ва агар
онро нахурад шояд бимирад, қиёс намуди иҷоза
додаанд. Вале баъзе бародарон мутаассифона бою
сарватманд шуданро ба худашон ҳолати зарурат
ҳисоб мекунанд, ки ин нодуруст аст.
Дуои Сайидулистиғфор ин аст: “Аллоҳумма анта
рабби, ло илоҳа илло анта. Халақтани ва ана
ъабдука ва ана ъало аҳдика ва ваъдика
мастатаъту. Абуу лака биниъматика ъалайя ва абуу
лака бизанби фағфирли фаиннаҳу ло яғфируз зунуба
илло анта”. Инчунин ин дуоро аз китобҳои азкори
сабоҳу масоъ пайдо карда метавонед. Аллоҳ
нигаҳбонатон.
Ҳукми саррофи (обмений
валюта)
Суолкунанда:
Рачабали аз Вахдат
Таърихи суол:
15/05/2010
Матни Суоли
16
Гурухи бародарон хастанд ки сарофи (обмений
валюта) доранд кори инхо чунин аст ки аз мардум
долаар ро ё пули дигар кишварро масалан 1 камтар
мегиран ва ба дигар касхо 2 сомон ё 1 сомон
зиёдтар мефурушанд назари ислом лутфан бо далел
Посух
Бале саррофӣҷоиз аст. Зеро ҷинси асъоре, ки иваз
мекунанд гуногун аст.
Яъне долларро мегиранду дар иваз сомонӣ медиҳанд
ва ё акси он. Аммо агар ҷинс якхел бошад,
масалан сомони ба сомонӣ ва ё долар ба доллар
дар ин ҳолат дуруст нест ва хукми риборо дорад.
Ҳукми кор кардан дар
бонкҳо рибави
Суолкунанда:
Абдусаттор
Таърихи суол:
02/06/2010
Матни Суоли
1 5
Ассалому алейкум ва рахматуллои ва баракотуху
бобои эшон, ман коргари бонк хастам, ислом чи
мегуяд кор кордан мумкин ё на, фатвохо
баромадиян фахмидам боз мехостам пурратар аз
худи шумо фахмам, мехостам пурратар мегуфтед,
пешаки миннаддории худро баён менамоям.
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад.
Пеш аз ҷавоб додан ба саволи шумо як чизро
мехоҳам гушзад диҳам. Олимони ислом дар масъалаи
инки агар ба онҳо саволе дода шавад ва зимнаш
чунин бошад, ки "ислом чи мегуяд" нороҳат
мешуданд. Зеро чунин тарзи саволро макруҳ
медонистанд. Чунки ислом ҳаргиз хато намекунад,
аммо муҷтаҳид ё шахси фатводиҳанда эҳтимол хато
кунад. Бинобар ҳамин раъйи ман дар инмасъала
чунин аст. Рибо яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва
нозуке аст, ки насси сареҳи Қуръон ва суннат ва
иҷмои олимони ислом онро ҳаром медонанд. Рибо ё
процент чи гирандаи он, чи диҳандаи он ва чи
шахсоне, ки онро менависанд ва он касоне, ки дар
ҳамин соҳа кор мекунанд шомили ин ваъиди сахти
Худованд ҳастанд. Бинобар ҳамин дар ин масъала
бояд хеле эҳтиёт кард. Баъзе аз олимони муосири
аср мисли Аллома Қарзовӣ ба чанд шарт кор кардан
дар бонкҳои рибавиро дуруст донистаанд. Аввал
ин, ки ҳамон шахс зиндагияш сахт бошад ва агар
корашро партояд эҳтимоли зиёд бар он бошад, ки
дигар кор пайдо накунад. Дар чунин ҳолат бо дар
назардошти зуруф ва мушкилоти он шахс, ки
зарурат аст вай метавонад дар бонки рибавӣ кор
кунад. Инчунин он шахс агар Худотарс бошад бояд
кушиши худро ба харҷ диҳад, то дар қисмҳои
дигари бонк, ки иртибот ба процентдиҳӣ надорад
кор кунад. Масалан агар ӯ дар дигар самтҳои бонк,
ки бо рибо сарукор надорад имкони кор кардан
дошта бошад, аммо ба хотири он, ки он вазифаи бо
процент сару кори бевосита дошта даромади зиёд
дорад, ҳамонро интихоб кунад барои даромади
бештар дар ин ҳолат ӯ гирифтори ваъиди азоби
Худованд мегардад. Дар давоми ҳамин матлаб
аллома Қарзовӣ мегуяд, ки аҳёнан ба баъзе
ҷавонҳои боимону диндор иҷозаи кор дар бонкҳои
рибавиро медодааст. Зеро агар ин майдони ҳаётан
муҳимми замона (яъне бонкдорӣ) аз дасти инсонҳои
муъмину мусалмон дур монад оянда агар Худо
хоҳаду пешниҳоди кушода шудани бонкҳои исломӣ
шавад ва ё дар ҳолати ҷомиа ба сохтори исломӣ
баргаштан ин соҳаи муҳим холи аз аносири исломӣ
мемонад ва ҷои онро боз ҳамон шахсони беимону
душманони дин мегиранд. Бинобар ҳамин ҳар касе,
ки дар бонки рибавӣ кор ва фаъолият мекунад
ҳадди ақал бояд ба дилаш нисбат ба муомилоти
рибавии он қалбан нафрат дошта бошад. Ҳамеша
кушиши онро кунад, ки ҳар чи зудтар бонкҳои бо
усули исломӣ боз гарданд. Ба ҳар роҳу василае,
ки дар даст дорад кушиш кунад дигаронро қонеъ
кунад, ки беҳтарин тарзи бонкдорӣ дар ислом аст.
Зеро дар он қарзул-ҳасана ва музорибаи исломӣ
аст, ки касе мавриди зулм қарор намегирад.
Имруза зиёде аз кишварҳо усули бонкҳои исломиро
пиёда карда истодаанд. Иншоаллоҳ дар оянда дар
кишвари мо ҳам ба бузургию одилонагии ин тарзи
муомилоти пулии исломӣ хоҳанд расид. Худованд
нигаҳбонатон.
Кор дар банк ҷоиз аст?
Суолкунанда:
cаломов фирдавс
Таърихи суол:
10/05/2010
Матни Суоли
14
асалому алайкум ва рахматуллохи ва баракату
бобочон.
суол,
ман дар москва ба мохи августи иншоаллох худо
рози бошад хонданиам мехохам дар факултаи
финансви кридит хонам ин факултед барои
банкастку оё ислом ичозат медихад мо дар москва
дар бонкхо кор кунем? хохиш мекунам баин суоли
ман чавоб гуед?
Посух
Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ
Бародар исломи Фирдавс, Худованд шуморо дар роҳи
ин таълиме, ки пеши роҳи худ гузоштаед муваффақ
кунад ва ҳамеша дар фикри хидмаи ислому муслимин
бошед. Бародар таълими илм хусусан улуми имруза
барои мо мусалмонон зарури аст. Аз он ҷумла он
риштае , ки шумо дар назар доред. Бинобар ҳамин
тавсияи ман ба шумо ҳамин аст, ки хуб ин илмро
аз худ кунед ва ҳеҷ вақт дар ҳангоми таҳсил
одоби русуми исломиятро фаромуш накун.
Аммо дар масъалаи кор кардани шумо дар бонкҳои
давлати Русия ҳаминро гуфтаниям, ки шумо
метавонед дар он бонкҳо кор кунед. Кушиш ба харҷ
диҳед, ки кадри хуб шавед. Дар оянда хидмати
исломро кунед. Зеро имруз дар дунё кам кам
мардум ба бонкҳои исломи гаравида истодаанд.
Таҷрибаи охир ва хусусан кризиси иктисодии
имруза, ки хама медонанд решааш аз бонкҳои
рибави шуруъ шуд ва Европа ҳам инро қабул дорад.
Таҷриба нишон дод, ки поя ва решаи чунин тарзи
бонкдори пойдор нест. Ба унвони мисол дар
Индонезия дар зарфи 20 соли гузашта 7 бонки
исломи ва 1400 шуъба дар саросари кишвар кушода
шудааст. Коршиносон индонези гуфтаанд, ки рушди
ин бонкҳо солона то 30% расидааст. Дар кишварҳои
араби низ шумораи бонкҳои исломи руз то руз дар
афзун шудан аст. Бинобар ҳамин бародари исломи
иншоаллоҳ дар Тоҷикистони мо низ бонкҳои исломи
ба кор хоҳанд даромад. Зеро мардуми кишвари мо
аксари куллашон мусалмон ҳастанд. Дар он вақт
таҷрибаи шумо ҷавонони мусалмон дар умури
бонкдори ба кор меравад. Худованд нигаҳбонат
бошад.
Ҳукми қарз гирифтан аз
бонкоҳи рибави
Суолкунанда:
диловар
Таърихи суол:
02/06/2010
Матни Суоли
13
асалому алайкум домлои мухтарам як бародар гуфт
ки хамин савола дихет. аз бонкхои расия пул
гирем бо працен кор кунем чи мешавад
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматулло
Додари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад.
Дар мазҳаби мо баъзе олимон мегуянд, ки рибо ё
процент бо кофир дар кишварҳои кофирӣ дуруст аст.
Аммо ман ба шумо гуфтаниам, ки масъалаи рибо ё
процент хеле хатарнок аст. Худованд шахси
рибогир ва рибодиҳандаро ваъиди ҷанги бо худаш
кардааст. Яъне касе, ки рибо мегирад гуё бо Худо
дар ҳоли ҷанг аст. Бинобар ҳамин бародари исломӣ
агар шумо зарурат дошта бошед, ки аз ягон ҷои
дигар қарзул-ҳасана пайдо накунед ва шумо ба пул
эҳтиёҷи ҷиддӣ дошта бошед ба қадри зарурат
бигиред. Аммо агар зарурат набошад худатонро аз
ин кори хабис дур нигаҳ доред. Худованд дар
тиҷорати шумо баракат ато кунад.
Ҳукми ҳаҷ рафтан ба
моли машкук
Суолкунанда:
Вайсидин
Таърихи суол:
02/06/2010
Матни Суоли
12
Ассаломуалайкум домуллои азиз.
Ман
дар бонк кор мекунам метавонам аз пули маошам ба
хач равам? оё хачи ман кабул мешавад ?
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, Худованд шуморо ба он ҳадафи
олие, ки дар пеши худ гузоштаед бирасонад.
Бародар, сафари ҳаҷҳамеша барои инсони мусалмон
муяссар намешавад. Бинобар ҳамин инсон, ки ин
қадар заҳмат мекашад чи дар ҳаҷ чи баъд аз он,
бояд кушиш кунад, ки ҳаҷи вай аз ҳама тараф
мақбули Худо бошад. Монанде Паёмбари Худо
гуфтааст, ки аз ҳаҷ баргардад мисли нав аз модар
таваллуд шудагӣ барин аз гуноҳ пок шавад. Ба
ҳамин хотир ман ба ту тавсия намекунам, ки ба
пули аз маоши бонке, ки бо рибо сарукор дорад ба
ҳаҷ равӣ. Кушиш кун аз дигар маблағ ба сафари
ҳаҷ бирав. Зеро ин пул агар чи ба баъзе фатвоҳо
ҳаром ҳам набошад, машкук аст. Худованд
нигаҳбонат бошад ва роҳи ноил шудан ба сафари
ҳаҷро ба шумо осон гардонад.
Бонк ва ҳаҷ рафтан аз
пули он
Суолкунанда:
Идибек, аз ш. Душанбе
Таърихи суол:
05/09/2010
Матни Суоли
11
Ассалому ъалайкум домуллои мухтарам. Илтимос ба
саволи ман чавоб дихед.
Ман дар яке аз бонкхои чумхури ба хайси
мухандиси компютери фаъолият менамоям. Хукми
маъоши ман аз назари шариъати ислом чист? Оё бо
ин маъош зиёрати хонаи Худоро анчом дода
метавонам? Дигар амалхои некро, ба монанди хайру
саховат, таълими фарзандонро -чи?
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Дар мавриди кор кардани дар банкҳои
рибавӣ мо қаблан дар чанд фатвоҳои гузашта посух
дода будем. Хулоса додари исломӣ ба шарте, ки
шумо ҷои дигар барои кор надошта бошед кор
карданатон дар чунин бонкҳо боке надорад. Аммо
бояд ҳамеша дар дилатон нафрат нисбат ба
амалиётҳои рибавии он бонк дошта бошед. Инчунин
ба шумо беҳтар аст, ки аз пули он ба ҳаҷҷ
наравед. Аммо сарф кардан дар роҳи таълими
фарзандон боке надорад.
Ҳукми шахсе пули
коргарашро намедиҳад
Суолкунанда:
Рамазон Шарипов
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
10
Ассалому Алейкум як савол дорам бобои эшон
Сазои шахсеки пули кории шахсро намедиханд фиреб
мекунанд чи гуфтани хастед. ва хоиш мекунем ки
дар хаки мо дуо кунед ки дар шахри гариби хастем.
худо шуморо нигах дород.
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Шахсе, ки музди шахси коргарро намедиҳад, ҳамон
пуле, ки аз ҳамон заҳматкаш ба зулм мехурад
барояш аз гушти хук ҳаромтар аст. Ҳар гушту хуне,
ки аз чунин пул ба баданаш медамад Худованд онро
азоб хоҳад дод. Паёмбари бузургвор дар ин замина
чи хуб фармудааст: "Худованди Таъоло гуфтааст;
се тоифа одамон ҳастанд, ки дар рузи қиёмат ман
бо онҳо дар ҳоли душманӣ ва ҷанҷол ҳастам: яке
аз он се, марде аст, ки мардикореро иҷора
мекунад ва он марди кор корашро пурра анҷом
медиҳад вале он мард ҳаққи кори он мардикорро
намедиҳад..." Ривояти Бухорӣ.
Ҳукми фиребу дурғ дар
ислом
Суолкунанда:
муhаммад
Таърихи суол:
08/09/2010
Матни Суоли
09
ассалому алайкум haзрати эшон
1.Харидани- мошинхое ки сохибонашон(шахрвандони
россия хастанд) ширкатхои сугуртавиро фиреб
дода " мошинамро гум кардам" гуфта ба
шахсони муайан мефурушанду ва баъд аз
фуруши мошинашон боз аз ширкати сугуртави
пул мегиранд- барои мусалмон дуруст аст е
не ?баъзе бародарон дар россия мегуянд ки
ин ширкатхои сугуртави аз яхудиен аст ва
барои зарар расондан ба онхо ин муомала
дуруст аст.
худованди таъоло шумо ва оли Турачон
рахматуллоh
алайhиро аз шарри душманон ва хасудон
нигахбон бошад
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Не, бародари исломӣ
барои шахси мусалмон чунин амал дуруст нест.
Мусалмон набояд фиребгар ва дуруғгу бошад.
Хариду фуруш бо тариқи
бонки
Суолкунанда:
Шухрати Рахматулло
Таърихи суол:
04/11/2010
Матни Суоли
08
Ассалому ъалайкум ! Домуллои ширинсухан. Дар
Руссия кариб, ки тамоми хариду фуруш тавассути
бонкхо мебошад. Оё мо метаваонем,ки ба бонк пул
гузорем. Зеро бонкхо бо фоиз пул медиханду пул
мегиранд.? Худованд арвохони гузаштаатонро
биёмурзад. ОМИН!
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бале бародари исломӣҷоиз
аст. Зеро системаи имрузаи дунёи тиҷорат ба
ҳамин тариқ ба роҳ монда шудааст. Шумо барои то
ҳадде, ки зарур аст, метавонед ба воситаи бонкҳо
хариду фуруш кунед. Фақат ба шарте, ки он
маблағе, ки корхонаи шумо дар бонк дорад фоиз
нагиред. Дар сурате, ки агар бонк аз пули шумо
ба шумо фоиз диҳад, дар ин ҳолат он маблағро аз
бонк бигеред, аммо барои худатон сарф накунед.
Ба ягон кори хайр сарф кунед, аммо уммеди савоб
аз он накунед. Худованд нигаҳбонатон бошад.
Кумак кардан барои қарз
аз бонк
Суолкунанда:
Рахмдил
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
07
Ба
номи худои бахшанда ва хело мехрубон .Пеш аз
хама аввало салому дуруди бепоёни худро ба
мудирияти сомона ва баъдан ба устоди бузург
Домуллои азиз Нуриддинчон байён мекунам. Сониян
пурсидани будам,ки барои гирифтани карз аз бонк
ба бародаре кумак намои ва он барои хизмати
кардаат ягон микдор маблаге пешниход намояд ин
маблагро гирифтан халол аст ё инки чун пора
хисоб меёбад. Дуюум инки дар руи бародаре карз
дошта боши аз он карз маблаги закотро тарх
намои мешавад ё не. Дар охир хохиш доштам ки дар
хаки хамаи мусалмонон як дуои нек мекардед. Худо
нигахбонатон бошад.
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Аввалан бародари исломӣ агар ҳамон инсонеро, ки
барои қарз гирифтанаша аз бонк кумак карда бошӣ
ин худаш гуноҳ аст. Зеро бонкҳои мо худашон
бонкҳои рибавӣ ва просентдеҳҳастанд. Сониян
ҳамон маблағе, ки он шахс ба шумо медиҳад низ
дуруст нест. Зеро он пора ва ришва ба шумор
меравад.
Оиди саволи дуввум бошад закот адо намешавад.
Зеро шарти никоҳ ин аст, аввал он пулро бояд ба
шумо диҳад ва шумо гашта онро ба он кас медиҳед.
Просенти бонк
Суолкунанда:
Точиддин Кучакбокиев
Таърихи суол:
10/04/2011
Матни Суоли
06
Ассалому алакум Эшони нуриддинчон аз шумо
илтсмоси дуо дар хаки мо мусофирон дар давлати
белорусия хастем худованд нигахбонатон САВОЛ?
дорам эшон мо дар хамин бонкхо пул мемонем хамин
прасент дорад истифодаи хамин барои мо чихел
мешад фахмонед илтимос зарур якгурух мухлисони
шумо аз Нохияи Масчохи кухна...
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, модоме, ки шумо дар бонкҳои
рибавӣ яъне бонкҳое, ки бо просент сару кор
доранд пул мегузоред, фоизи онро ҳаргиз барои
худатон истифода набаред. Зеро вай рибо аст ва
аз гушти хук дида бар мусалмон ҳаромтар аст.
Аммо он фоизро ҳаргиз ба ихтиёри онҳо нагузоред.
Он пули фоизи зиёдшударо гирифта хайр кунед.
Локин сарф кардани чунин пулҳои аз просент ба
даст омада барои масҷид ҷоиз нест. Хулоса он
пулро ба ягон кори хайр сарф кунед ва ҳаргиз аз
он умеди савоб накунед. Фақат бори он пули
нопокро аз душатон сабукдуш кунед. Гузоштани пул
дар бонкҳои рибавӣ ба шарте, ки бонки дигаре
набошад, ки берибо кор кунад ҷоиз аст. Вале
маблағи фоизи зиёдшудаи он ҳаром аст.
Пул гузоштан дар бонк
Суолкунанда:
Ходихон
Таърихи суол:
02/02/2011
Матни Суоли
05
Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух
Бобои Эшон,аввалан аз худо пурсонам ки умратонба
худованд умри зиёд зам кунад. Бобо хамин мо
метоним дар мусофири маблаги коркардамонро бо
бонкхои давлати руси мондан ва аз он истифода
бурдан бобочон хамин масъалаба равшани андозед
чи кор кунем бобочон худованд Шуморо дар панохаш
нигах дорад
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Бародари исломӣ,
шумо пули худро дар бонкҳо ҳамчун амонат монед.
Ин ҳеҷ боке надорад. Зеро дар ивази пули шумо
бонк ба шумо ҳеҷ фойдае намедиҳад. Аммо агар
дар ивази пулатон ба шумо фоида диҳанд, ин ҳаром
аст зеро рибо мешавад. Худо шуморо нигаҳбон шавад.
Ҳукми пуле, ки дар
ивази қарз
Суолкунанда:
киёмиддин
Таърихи суол:
02/02/2011
Матни Суоли
04
Ассаламу алайкум бобои эшон ба саволам чавод
дихед !!! Бобои эщон ман дар як бародар хазор
доллар додагиюм вай одам магазин дора харамох
100 сомони пул метия оё пули додагиш процент
хисоб мещава ё не ??? Илтимос тезтар чавоб дихед
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Бародари исломӣ, агар он шахс ба шумо маблағи
зикр кардаатонро дар ивази қарзатон ба шумо ҳар
моҳ диҳад ҳаром аст зеро рибо аст.
Ҳукми миёнарав
Суолкунанда:
Назрихуча аз Маскав
Таърихи суол:
20/11/2010
Матни Суоли
03
Ассалому аллейкум Бобои Эшон. Савол ман дар
Руссия дар корхонае бо карордод кор мекунам ва
дар корхона барои бетон рехтан бетоннасос даркор
шуд ва ман ба корхона насос ефтам ва ба сохиби
корхона 18000р нарх гуфтам ва сохиби насос ки
шинос буд 14000р нарх кардам ва пуле ки зиедати
монд бе донистани сохиби корхона аз сохиби мошин
гирифтам. ое ин пуле ки ман гирифтам дуруст аст
е на. Чунин муомила дуруст аст. Илтимос
чавобашро дар сомона бесаброна интизорам.
Худованд хамаи моро нигах дорад.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, масъалаи шумо аз ҳолати шахси
миёнарав фарқ дорад ва он пуле, ки шумо фоида аз
ин гирифтед аз назари шариат ҷоиз нест. Зеро
шумо чуноне, ки гуфтед дар он корхона кор
мекунед. Пас табиист, ки шумо аз он корхона маош
мегиред. Бинобар ҳамин вақте, ки шумо ҳамон чизи
заруриро ба корхона, ки ёфтед, бояд ба соҳиби
корхона бифаҳмонед, ки шумо онро бо кушиши худ
каме арзон дастрасӣ кардаед. Агар корхона ба
фоидаи шумо розӣ шавад, дар ин ҳолат ҳалол аст.
Касби ҳаром дар кадом
вақт ҷоиз аст?
Суолкунанда:
Абдурахмон
Таърихи суол:
17/07/2011
Матни Суоли
02
Ассалому алайкум Бобои Эшон!Ман як мухлиси шумо
дар мусофирият дар Маскав мебошам.Ба шумо саволе
дорам.Ман дар фирмаи аракмони кор мекунам яьне
аз склади магазин ба ветрина тах мекунам.Дар
дилам шубха дорам ки гунох кардосиям.Ман аз шумо
хохиш мекунам ки ягон фатво дихед ки ман ин
корамро партоям ё не?
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ дар чунин ҳолат шумо бояд роҳҳои
дигарро барои касби ризқҷуё шавед. Агар ба шарте,
ки ба шумо кори дигар муяссар бошад аммо агар
шумо худатон ҳамин касбро аз миёни дигар касбҳо
ихтиёр кунед, дар ин ҳолат гунаҳкор мешавед.
Вале агар шумо ба шарте, ки ғайр аз ҳамин кор
дигар коре воқеан пайдо накардед ва ҳама роҳҳоро
дидед, дар ин ҳолат дар мазҳаби мо ба хотири
зарурат ва ба хотири он, ки дар дорулкуфр барои
кофирон ин амал анҷом дода мешавад иҷоза дода
шудааст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Шахси тоҷир то чанд
фоиз ҳақ дорад болои молашда монад?
Суолкунанда:
Ибодов Исроил аз Москва
Таърихи суол:
27/05/2011
Матни Суоли
01
Аз
шумо хохиш менамоем,ба саолхои мо чавоб дихед.Мо
чанд фоиз метавонем нарх гузорем молеки арзон
мехарем.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бар болои маҳсулот
ҳар фоизе, ки бар ақл дуруст меояд монда
фурухтан боке надорад. Фақат бояд фурушанда он қадар
маҳсулотро боло набарад, ки сабаби зарар бар
харидорон шавад. Зеро дар ислом зарар расондан
бар дигарон ҳаром аст. Чи зарарӣ моддӣ бошад ва
чи маънавӣ. Агар фурушанда соҳиби моле бошад, ки
дар бозор ба ғайр аз вай дигар кас онро надорад
ва ё доранд ба андозаи кам дар ин ҳолат агар вай
ба хотири он, ки мунофис дар бозор надорад,
нархро аз ҳад зиёд монад, ки сабабиб баланд
шудани нархҳо шавад, гунаҳкор мешавад. Аммо дар
ҳолате, ки ғайр аз вай дигарон ҳамон маҳсулотро
дар бозор дошта бошанд, дар ин ҳолат ихтиёр
дорад ҳар нархе, ки хоҳад мегузорад. Чунки агар
нархи вай ба харидор писанд нашуд аз ҷои дигар
ҳамон маҳсулотро бо нархи дилхоҳ дастрасӣ мекунад.
*
* *
Масҷиди
"Халифа Абдулкарим
Дуо
Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.