WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Эшони Нуриддинҷон

Фатвоҳои мутаалиқ ба Занон

 
::Суоли Шумо::.

 
Қадру манзилати зан дар ислом 49

Зан аз назари ислом беҳтарин қадру манзалатро доро аст.

Зан модар аст. Модаре, ки мард ба сабаби вай ҷаннатро соҳиб мешавад. «Ҷаннат зери қадамҳои модарон аст». Ҳадиси Паёмбари Худо (алайҳиссалом).

 Зан духтари мард аст. Духтаре, ки ба сабаби тарбияи хубу исломии вай мард соҳиби боғҳои ҷаннат мегардад. «Шахсе, ки соҳиби ду духтар бошад ва онҳоро хуб тарбия ва нигаҳбонӣ кунад, Ману у монанди ин ду ангушт дохили ҷаннат мешавем. (Паёмбар бо ангушти саббоба ва ангушти дар паҳлуи он буда ишора карда инро гуфт)». Ҳадиси Паёмбари Худо (алайҳиссалом).

Зан дар охир ҳамсар аст. Ҳамсаре, ки нафақа ва нигаҳбонии вай ба гардани мард воҷиб аст. «Тангае, ки дар роҳи Худо садақа кунӣ ва тангае, ки дар роҳи озодиии зиндоние садақа кунӣ ва тангае, ки бар мискини бечорае садақа кунӣ ва тангае, ки барои нафақаи ҳамсар садақа кунӣ, беҳтарини онҳо дар савоб он тангае аст, ки барои нафақаи ҳамсар сарф карда мешавад». Ривояти Муслим.

Ба хотир он, ки бештар бифаҳмем чи гуна дини муқаддаси ислом ба зан аҳамият додааст ва уро аз торикиҳои ҷаҳолат ва бардагӣ  берун баровардааст, бояд, ки ақидаҳои тамаддунҳои қадимро дар масъалаи зан бидонем. Сипас аз руи инсоф бингарем,ки оё ислом ба зан ҷабру зулм кардааст ё аҷдодони имруза даъвогарони «озодиҳои» занон?!

Отуниҳо (юнониёни қадим), ки соҳибони қадимтарин тамаддуни дунё мебошанд, занро ҳамчун як матои беарзиш қарор дода буданд, ки дар бозорҳо хариду фуруш мекарданд. Уро наҷас ва порае аз шайтон меҳисобиданд.

Дар шариати ҳинди қадим чунин омадааст: «Вабо, марг, ҷаҳаннам ва заҳри мор ва оташ аз зан беҳтаранд».

Шариати яҳудӣ низ занро ҳамчун махлуқи наҳс ва наҷас шуморидааст. Дар Таврот, Сифри ҷомеъ омадааст: «Ман ҳамроҳи қалбам ба таҳқиқ ва баррасӣ пардохтам, то бидонам ва таҳқиқ кунам ва ҳикмат ва ақл ба даст оварам ва бидонам, ки ҷаҳолат ва нодонӣ шарри маҳз аст ва ҳамоқат ва девонагист. Сипас ба ин ҳақиқат пай бурдам, ки зан аз марг талхтар аст. Дар байни ҳар ҳазор мард як нафари дуруст пайдо намудам. Вале дар байни тамоми занон як зани дуруст пайдо накардам».

 Зардуштиён низ занро махлуқи паст меҳисобиданд. Дар оини зардуштӣ зане, ки ҳайз бинад уро истилоҳан «зани даштон» мегуянд, ки аҳкоми аҷибе дорад. Аз ҷумла дар Вандидод омадааст:

 (Эй офаринандаи ҷаҳони ҷисмонӣ ва эй муқаддас! бигӯ бидонам марде, ки барои ин зан хурок ҳамроҳ оварад (зане,ки ҳайз дидааст ва ё дар айёмиқоидагӣҳаст) бояд аз вай чи миқдор фосила дошта бошад? Аҳурамаздо посух дод: Марде, ки барои ин зан хурок ҳамроҳ оварад  бояд аз вай се гом фосила дошта бошад. Дар кадом зарф бояд нон барои вай ҳамроҳ оварад ва дар кадом зарф бояд оби ҷав барои вай ҳамроҳ оварад?  Дар як зарфи оҳанӣ ё сурбӣ ва ё ҳар зарфи пулодии маъмулӣ. Чи миқдор нон ва чи миқдор оби ҷав бояд ҳамроҳ оварад? Аҳурамаздо посух дод: Ду қитъа нони хушк ва як миқдор оби ҷав –шарбати ҷав- ва аз хурок кам мумкин аст нотавон ва заъиф шавад. Ҳаргоҳ вайро кудаке даст занад бояд дастҳо ва сипас тани кудак шустушу шавад.

Дар соли 586 мелодӣ конфронсе дар Фаронса ташкил шуд, ки дар он конфронс ин масъала, ки оё зан инсон маҳсуб мешавад, ё не баррасӣ шуд. Саранҷом андешаҳо ба ин мазмун содир шуд, ки зан инсон аст, вале ба хотири хидмат ба мард офарида шудааст.

дар Англия бошад Ҳенрии ҳаштум дастуре содир намуд, ки бар асоси он мутолиаи китоби муқаддас бар занон ҳаром шуд. Инчунин дар соли 1850 мелодӣ Англия саршумории аҳолиро бори аввал ба роҳ андохт, ки дар он занон ҷузъи ҷамъият ҳисоб нашуданд ва дар саршуморӣ дохил нагардиданд. Ин буд ҳоли зан дар тамаддунҳои ғайри исломӣ.

Мутааассифона аксари мардуми мо ба тахдири васоили ахбори кишварҳои ғарб гирифтор шуда андеша доранд, ки ислом ба зан зулм кардааст. Сабаб дар он аст, ки онҳо аз амалкардҳои худи кишварҳои ғарб нисбат ба зан дар асрҳои гузашта бехабаранд.

Вақте, ки офтоби дурахшони ислом дар фазои олами пур аз ҷаҳлу зулму истибдод нурпошӣ кард, занро инсон ва бо мард баробар донист. Ислом бо садои баланд эълом кард, ки зан яке аз ду унсуре аст, ки инсонҳо аз он ба дунё меояд. Худованд инро дар Қуръон чунин баён намудааст: «Эй мардум, аз Парвардигори худ битарсед ва аз азобаш биҳаросед! Ҳамон Парвардигоре, ки ҳамаи шуморо аз як нафс (Одам) офаридааст ва ҳамсарашро (Ҳавво) аз ҷинси ҳамон нафс офаридааст». Сураи «Нисо» ояти 1.

Арабҳо одат доштанд, ки духтарони худро зинда ба гур мекарданд. Вақте, ислом омад ин одати ваҳшатнокро ҳаром намуд ва ононро аз куштани ҷигаргушаҳои худ манъ намуд. Онҳо меросро бар зан ҳаром намуда буданд ва зан ҳуқуқи мерос бурданро надошт. Аммо ислом эълом намуд, ки зан ҳуқуқи мерос бурданро дорад ва ин ҳаққи занро Худованд худ таъйин намуд.

 Аз ҷумлаи ҳуқуқҳои зан ҳамчун модар бар фарзанд ин аст, ки Худованд эҳсони бар падару модарро баъд аз ибодати худ дар ҷои дуввум қарор додааст. Худованд фармудааст: «Ва ҳукм кард Парвардигори ту, ки мапарастед ғайр аз У касеро ва бар падару модари худ некӣ ва эҳсон кунед».  Дар ривоятҳо омадааст, ки марде ба назди Паёмбари Худо омада гуфт: Эй Расули Худо (алайҳиссалом) кист сазовортар бар ман барои некӣ ва ҳусни муомила? Паёмбар (алайҳиссалом) фармуд: «Модарат». Он мард боз пурсид: Сипас кӣ? Паёмбар боз гуфт: «Модарат» Он мард дафъаи саввум ҳамин саволро кард. Паёмбар дар посух гуфт: «Модарат». Сипас он мард дафъаи чаҳорум пурсид: Сипас кӣ? Паёмбар гуфт: «Падарат». Бубинед азизон! Паёмбар ҳаққи модарро аз падар се маротиба болотар ҳисобида дар се дафъаи саволи он мард фақат калимаи «модар»ро гуфт. Магар ин далолат бар бузург будани ҳаққи зан дар симои модар намекунад?

Аз ҷумлаи ҳуқуқҳои зан ҳамчун духтар бар падар ин аст, ки бояд падар уро тарбияи хуб кунад ва ҳеҷгоҳ байни фарзандони писар ва духтар фарққоил набошад. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд: «Байни фарзандонатон дар масъалаи таъмини онҳо баробариро риоя кунед! Пас агар ман иҷоза медоштам, ки байни фарзандон бартарӣ ва фазилат бидиҳам, албатта духтаронро бар фарзандони писар болотар медонистам». Бубинед, шафқати исломро нисбат ба фарзанди духтар.

Хулоса сухан дар бораи қадру манзилати зан дар ислом хеле зиёд аст. Вале инҷо аз сабаби кам будани фурсат ба ҳамин андоза иктифо мекунем.


 
Сафари ҳаҷ намудани зан бидуни маҳрам
Суолкунанда: Нигора
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 83

Ассалому алейкум эшон бобо ман ба модарам ба хач рафтанием ман тохол ба шавхар набаромадам одамо мегуяд ки барои духтар мумкин нест ба хач рафтан ин ростаст ё не бемард мешад ду заиф рафтан илтимос чавобашро гуед ин барои ман дар кораст дар панохи худо бошед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ, зан бояд сафари ҳаҷро ҳамроҳ бо маҳрам анҷом диҳад. Яъне ҳамроҳи шумо мардина аз хонадонатон бошад. Аммо уламои муосир дар ҳолате, ки занҳо як ҷамоат бошанд ва хавфи фитна набошад, сафари ҳаҷро барои зан бидуни маҳрам иҷоза додаанд. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Қазо кардани намоз ба сабаби кор
Суолкунанда: Мехрубон
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 82

Ассалом бобои Эшон. Худовад хамаи муминонро дар панохаш нигох дорад ва Точикистони моро хамеша тинчу ором ва сериу пурбаракат гардонад омин. Бобои Эшон ман 5 вакт намоз мехонам. Дар муасисаи давлати кор мекунам лекин аз сабаби дар кор буданам базан намозхоямро дар вакташ хондан наметавонам вале шаб казоги онхоро мехонам. Ман гунох мегирам барои казо кардани намозхоям? Дар панохи ОЛЛОХ бошед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Кор барои нахондани намоз узр шуда наметавонад. Шумо бояд намозҳоро қазо накунед. Барои қазо кардани намоз гунаҳкор мешавед  шумо кушиш кунед дар ҳадди имкон  намозро қазо накунед қасдан. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Рашки зан
Суолкунанда: Иброхим
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 81

Ассалому алейкум бобои Эшон! Ман як мухлиси шумо аз шахри Екатеринбург, илтимос аз хадди имкон бо суоли ман чавоб гардонед. Суол: Дар як чое ман фахмидам, ки рашки зан харом аст ин гап рост хаст ва агар рост бошад дар кадом холатхо рашки зан дуруст хаст ва онро кабул карда мешавад ?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

На, додари исломӣ рашк ҳаром нест. Рашк як чизи табии аст, ки Худованд бар вуҷуди инсоният онро ниҳодааст. Аммо агар рашк сабаби ноҳурматии зан шавҳарашро гардад, дар ин ҳолат зан гунаҳкор мешавад. Аммо худи рашк гуноҳ нест. Занҳои Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ки модарони муъминон ҳастанд рашк доштан. Ва ин як имтиҳоне аст Аллоҳ занонро мубтало гардонида аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед


Ҳукми хатнаи зан
Суолкунанда: Qorihasan
Таърихи суол: 12/03/2012
Матни Суоли 80

ASALOMU ALEKUM WA RAHMATULLOHI BARKOTUH ILTIMOS BA SAWOLI MAN JAWOB DIHED BOBOI ESHON;XATANI DAR BORAI ZANHO BAROI JI DAR TOJIKSTON NAMEKUNAD IN SUNATI IBROHIMI XALILOH HAST BOBOI ESHON SABABASH DAR JIST MO DAR DALATHOI XORIJI ARAB DIDEM ?????????????????????

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Хатна кардани зан шарт нест. Хатнае, ки воҷиб аст, мувофиқи ислом барои мардон аст. Пас агар чунин карда нашавад, гунаҳкор намешаванд. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Масъалаи ҳайз
Суолкунанда: Аз РУССИЯ мухлиси шумо
Таърихи суол: 12/03/2012
Матни Суоли 79

Ассалому Аллайкум бобои ЭШОН,Худованд шуморо бо ахли хонаводаатон нигахбон бод.Саволи ман ин хаст,бобои Эшон шумо гуфтед,ки дар мазхаби мо холати хайз 10-руз хаст,аммо ман чанд борахо баъд аз 3-рузе,ки кок шуд хамхобаги кардагиям ман гунахкор шудагиям е не,агар ха чи бояд кард.Ман ва занам харду панчвакта хастем ва дар намозхои худ тавба дорем.Бобои Эшон дар хакки мо дуо хайр кунед.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ шумо хуб нафаҳмидед. Манзур ин аст, ки дарозтарин муддати ҳайз 10 руз аст. Яъне агар рафту зан ҳайзаш идома кард аз даҳ руз ҳам гузашт ва хунаш манъ нашуд. Дар ин ҳолат шариат мегуяд, ки аз 10 руз зиёдаш дигар ҳайз ҳисоб намешавад. Зан метавонад баъди рузи даҳум ғусл намуда намозҳояшро бихонад. Инчунин камтарин муддати ҳайз 3 руз аст. Зеро ҳайз муддаташ аз 3 боло асту аз 10 руз камтар.  Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Бастани гарданбанди тилло барои занон
Суолкунанда: махмадджон
Таърихи суол: 12/03/2012
Матни Суоли 78

салом домлои мухтарам илтимос ба савлои мо чавоб дихед ба зан гарданбани тиллои мумкина аст ё не аз назари ислом?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бале ҷоиз аст.


Насиҳат
Суолкунанда: Хохари исломии Шумо
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 77

Асалому алайкум ва рахматуллох.Домуллои мухтарам ман сохиби шавхар ва ду фарзанди дуструяк мебошам, шавхари ман шукронаи оллох марди намозхон Худотарс аст амалхои бад надорад, сигор, нос машруботи спирти истеъмол намекунад, факат як амали он кас манро норохат мекунад, инам бошад дар вактхои асабони шуданашон манро дашному хакорат мекунад оё бо ин амалашон гунахгор мешаванд. Аз сабабе.ки бисёр марди ботакво хастанд аз Шумо хохиш дорам, ки дуо кунед ин амалашонро хам партоянд, дар хаки фарзандони мо дуо кунед, ки Худои таборак ва таоллох онхоро хизматгори Ислом гардонад.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ Худованд шуморо нигаҳбон бошад ва шавҳари шуморо боз имону тақвояшро бештар гардонад, аз гуфтани суханҳои қабеҳ бозистад. Бар шахси мусалмон дашному ҳақоратҳои қабеҳ намезебад. Паёмбари Худо фармуданд: “Муъмин ҳақоратчию дашномгу нест”. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Насиҳат
Суолкунанда: Нигораи Карим
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 76

Ассалому алайкум бобои Эшон Худованд илми Шуморо зиёда бигардонад ва ин дунёву охирати Шуморо равшан бигардонад. Мехостам посухе ба саволи чандинсолаи модару холахоям бигира, ки чандин солхост, ки онхоро азият медихад. Ман бибикалоне дорам, ки у сохиби ёздах фарзанд аст. Бибии модари ман аст. Аз хурдсолии бибиям бибикалонам бо у муомилаи хуб надошт ва надорад хамеша уро сарзаниш мекард бо бибиям солхо гап намезад, дар байни мардум руяшро ба дигар тараф тоб дода хатто ба саломи фарзанди хеш чавоб намегуфт. Ба ин рафтори бибикалонам бибиям нигох накарда ба дидорбинии модари хеш меравад. На дар гам на дар хурсандии фарзанди хеш бибикалонам шарик нест, бибикалонам бо фарзандони дигараш муомилаи хубтар дорад. Бибикалонам дар байни фарзандони дигараш шур андохта бибиямро ба хархел дуругхо тухмат зада бо фарзандони падараш шур меандозад харчанд, ки бибиям сарфарзанди бибикалонам хам бошад бибиямро фарзандони падару модараш аз холу ахволи у кам пурсон мешавад то хатто бибикалонам мегуяд, ки ба хонааш наравед.Баъд аз хар ғавғову даъвои модараш бибиям рафта аз у бахшиш мепурсид. Бахшиш пурсии бибиям аз бибикалонам аз бахри он нест,ки ину он гап гуфта шудааст танхо аз барои Аллох ва хурмати модариаш то хатто аз похояш хам мефарояд ва буса низ мекунад. Аммо дили ин модар асло халим намешавад мо фикр кардем баъд аз зиёрати хонаи Каъба бибикалонам дигар мешавад аммо на у бадтар шуд... Дар соли 2011. 20 август, ки бибиям ягона писарашро аз даст дода буд бибикалонам ба руи мурда омада дар байни халк ба бибиям мегуяд, ки ана Худо тра зад ранчиши модар чил руз накашид бачаи сихату саломатат мурд. Ба ин суханхо низ нигох накарда бибиям бо бобоям ба дидорбинии бибикалонам мерафтанд у на ба саломашон чавоб медихаду на тушаи овардаашонро мегираду ба дасти хамсоягон тушахои бурдаи онхоро бармегардонад. Охирон рузи рафтаи бибиям духафта пеш буд. Бибикалонам харвакта борин басалом чавоб надода руяшро тофта ба хона даромаду дарро дар руи фарзанди хеш кулф мекунад бибиям дар руи долони хавли намози зухрашро хонда баромада аз хона меравад. Бибикалонам аз хона мебарояду тушаи-чизхои овардаи духтарашро бо дасти бачаи хамсоя ба у пас мегардонад, бибиям бо оби равани чашмонаш ба хона меояду дар назди фарзандонаш касам мехурад, ки ман дигар ба ончо намеравам. Аммо холахоям мегуянд, ки як аз дарашон аз барои Аллох дароед бигзор у рутобад. Аммо инкадар берахмии модар мумкин аст? хамавакт оби чашм аз дасти хушдоман не аз дасти модар, ки худро сагираи бекасу бечора мебинад равонаст. Бибиям Алхамдулиллох бо ин гамхояш дар ин сину сол Куръон хониро омухта истодааст ва Куръон мехонад шабхо намози шаб мехонад. Аз шумо бобочон илтимос ба саволи мо ба зуди посух дихед ман кушиш кардам,ки кутохтар карда нависам дар хаки мо дуо кунед бобочон, ки худованд моро хидоят кунаду такво насиб кунад барои хатогихоям бубахшед холо чавонам ИншоАллох меомузам дар панохи Худованд бошед!!!

Посух

ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

 Хоҳари исломӣ, Аллоҳ ба шумо аҷр диҳад барои ин иқдоми некатон. Аз навиштаи шумо маълум мешавад, ки модарбузурги шумо нисбат ба фарзанди худ ноҳаққӣ кардааст. Аммо чи илоҷ, у модар аст бояд модари шумо сабр кунад ва уро то вақте, ки дар қайди ҳаёт аст эҳтиромашро ба ҷо орад ва ҳеҷгоҳ аз у наранҷад зеро ҳаққи ранҷидан надорад. аз ин рафтори модараш хаста ва дилсард нашавад, ин имтиҳон аст барои модари шумо. Хуб донад, ки барои сабр карданаш савоб мегирад. Аз ин лиҳоз бояд модари шумо ғамгин нашавад. Дар корҳои хайр аз модараш итоъат кунад.  Шумо аз Аллоҳ барои бибиятон дуо кунед, ҳидоят талаб кунед иншо Аллош рузе мешавад уро мепазирад. Худо шуморо бахти ширин ва саодати дорайн ато кунд ва модари шуморо сабр дар ин имтиҳони Илоҳӣ насиб кунад.


Ҳукми ғусл додани зан мурдаи шавҳарашро
Суолкунанда: Чамшед
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 75

Ассаломуалайкум Эшони Нуриддин Оё барой зан чоиз аст,ки мурдайи шавхарашро шуяд.Дар амони Худо бошед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале, ҷоиз аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Оё кушодани муи сар ва ё гирифтани нохун таҳоратро мешиканад?

Суолкунанда:

Бибиканд

Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 74

ассалому алейкум бобои эшон ман як савол дорам зан агар тахорат дошта бошад муи сарашро кушояд аз сар бофад еки нохун гирад тахораташ мешиканад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не, намешиканад. Худованд нигаҳбонатон.


Итоати шавҳар
Суолкунанда: Дилбар
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 73

Вафодори. Ассалом бобои Эшон. Саволе дорам.1) Агар зан дар гайби шахвар гуфтахои ё фармудахои шахварашро ичро ё пос надорад чихел гунох мегирад? Ва чикор кунад ки он гунохои гирифташро аз сараш дур кунад? 2) Aгар шахвар аз гунохои занаш нагузарад аз кардаи занаш рози набошад Худованд оиди ин зан чи мефармояд? ё бо намозгузори аз нофармои оиди шахвар аз гунохояш зан сокит мешавад? Бобои Эшон дар ин бора муфасалтар мегуфтед чунки бештари занхои чомъаи имруза ин гунохоро эътибор намедихан. Шояд чавоби додаи шумо камтар дарси ибрат шавад барои дигарон.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Худованд итоати шавҳарро барои зан воҷиб гардонидааст. Магар дар корҳое, ки зидди гуфтаи Худо бошад.  Дар ривоятҳои саҳеҳ омадааст, ки як зани саҳобияе ба назди Паёмбари Худо (алайҳиссалом) омад. Паёмбар ба у гуфт: Оё шавҳар дорӣ? Гуфт: оре. Паёмбар гуфт: “Чи муомилае бо шавҳарат дорӣ?”. Он зан гуфт: Ба қадри тавонам аз у итоат мекунам. Паёмбар гуфт: “ Пас ту бо у чигуна ҳастӣ ва ҳоло он, ки у ҷаннату дузахи ту аст”. Яъне ба итоати шавҳар ҷаннатро хоҳӣ ёфт ва ба нофармонии у мавриди азоб хоҳӣ қарор гирифт. Пас бояд зан шавҳарашро дар маъруф итоат кунад. Агар рафту шавҳар аз у ранҷид пас бояд кушиш кунад дили шавҳарро боз ба худаш бо меҳрубониҳояш гарм кунад. Худованд нигаҳбонатон бошад.


Нифос дар ҳолати сиқти ҷанин
Суолкунанда: як мухлиси шумо аз мо
Таърихи суол: 06/03/2012
Матни Суоли 72

асалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотух Устози азиз илтимос ба саволи ман чавоб гардонед Дар вакти партофтани гуштпорае аз рахми зан агар 1-моха ё2- моха бошад нифос мешавад ё не агар шавад чи бояд кард илтимос ба мо муфасалтар фохмонед АЛЛОХ аз хамаи мо ва шумо рози бошад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки ҳамон гуштпора сурати одамиро гирифта бошад, масалан даст ё пояш маълум бошад, нифос ҳисоб мешавад. Дар акси ҳол не. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми вашм ( тату )
Суолкунанда: Манзура
Таърихи суол: 29/02/2012
Матни Суоли 71

бобои эшон худо дар панохаш шуморо нигах бон бошад ба щумо як савол ман яке хохари исломии шумо оё ман метавонам ки коши татуаш кунам чунки ман кош надорам шавхарам бошад мегуяд гунохи калон мебошад чикор кунам бе кошиам занак зеб надорад ба саволи ман чавоб гардонед

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Хоҳари исломи  он чизи, ки шумо баён кардед ( татуш ) агар ин сузан задан ба пуст ва ранг рехтан дар дохили пуст бошад ин дар ислом ҳаром аст зеро дар саҳиҳ бухори ривоят аст, ки Паёмбар мон алайҳиссалом лаънат кардаанд касеро, ки чунин амалро анҷом медиҳад. Хоҳари исломи шумо метавонед бо дигар навъи зинат қоши худро зинат диҳед. Аллоҳ шуморо ҳифз кунад ва ба шумо саодати дорайн ато кунад.


Ҳукми таома пухтани зан дар ҳолати ҷунуб
Суолкунанда: Асмуа
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 70

Ассалому алайкум. Зан метавонад дар вакти чунуб будан хурок тайор кунад йо хамир кунад йо ба магоза равад? Дар касетхои шумо дар бораи зане ки дар вакти гусл гирифтан косметики руяшро намешустаст гуфтед ки у чунубаст ва дидани руй у харомаст ва хурокхое ки мекунад харомаст.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ зан метавонад дар ҳолати ҷунуб буданаш хурок бипазад ва ё дигар корҳоро бикунад. Аммо агар ба шарте, ки зан тавре худашро рангу бор карда бошад, ки об ба зери он макияжҳо наравад ғуслаш ба ҷо омадагӣ нест ва у дар ҳолати ҷунуб аст. Масалан баъзе занҳо нохунҳои худро лак мекунанд ва он лак муддати тулонӣ дар нохунҳояшон меистад. Дар ин ҳолат агар ҳамхобагӣ бо ҳамсараш кунад ва баъд аз он асари лакро аз нохунҳояш пок нокарда ғусл кунад ғусли у дуруст нест ва у гунаҳкори азим аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳолати рукуъи зан дар намоз
Суолкунанда: Асмуа
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 69

Ассалому алайкум. Дар вакти рукуъ бар зан лозимаст ки мисли мард хам шавад?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бале бояд дар вақти руку бояд ба андозае, ки пушташ ҳамвор шавад рукуъ кунад. Дар ин масъала фарқ байни зану мард нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Духтар аз чанд солагӣ мукаллаф ба анҷоми фарзҳо мешавад?
Суолкунанда: Асмуа
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 68

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракат. Савол: духтар вакте хайз шавад бар у кардани фарзхо фарз мешавад яъне бар у руза доштан намоз ходан ва гайра фарз мешавад йо дар 9- солаги чихеле дар мардуми мост?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Духтар дар ҳолати аввалин ҳайзи худро бинад у дигар дар синни таклиф ва балоғат расида ҳисоб мешавад. Ин ҳолат дар занҳо фарқ мекунад. Баъзеҳо дар 11 солагӣ баъзеи дигар дар 12солагӣ. Хулоса агар зан ба синни15 солагӣ расиду аммо ҳайз надид дар ин ҳолат дар 15 солагӣ ҳукми болиғро мегирад, агарчи ҳайз надида бошад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Рафтан ба назди фолбин ба хотири фарзанддор шудан
Суолкунанда: Фируз
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 67

ассалому алейкум бобочон, савол: занам хомиладор намешавад, маро мегуянд ки уро момаги кун, назди кадом кампире бару у занатро момаги кунад, ма хаел мекунам ки ин корхо хамчун фолбинист ва дуруст нест, ман мехохам уро дар назди ягон домуло бихононам ва у аз сурахой Курон шифо ёбад, бобочон шумо чи мегуед???? илтимсо ба ман ягон тавсия дихед чикор кунам, бо табиби нашудайстодааст, ба чан саволам посух нагирифтам, илтимос саволи маро ба Эшон бирасонед, ташакур ба хамай шумо

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ шумо ҳаргиз ҳамсаратон ба назди фолбину ҷодугарон набаред. Инҳо ҳамааш дуруғу суханҳои пуч аст, ки гуё онҳо сабаб мешаванд, ки шумо фарзанддор шавед. Беҳтарин роҳаш инаст, ки шумо, ки аҳли намозу ибодат ҳастед ҳамроҳи ҳамсаратон дуо кунед. Хусусан дар дили шаб. Инчунин агар Қуръон хонда тавонӣ худат ҳамсаратро бихон. Ё барои руқяхонӣ ба назди ягон домуллои ботақво баред. Худованд ба шумо фарзанди солеҳу нури чашми шумо насиб кунад.


Ихтиёри зан барои сарфи маблағ аз ҳисоби даромади худаш
Суолкунанда: даврон
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 66

Салом Бобои Эшон агар зан бе розигии шавхараш ба модарш барои ягон кори хайр аз маоши худаш дихад халол мешавад ё не

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бале ҷоиз аст. Модоме, ки аз маоши худаш диҳад боке надорад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми беиҷозати шавҳар ба нияти ҷудоӣ баромада рафтани зан
Суолкунанда: Бандаи Худо
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 65

Ассалому алайкум Бобои Эшони Нуриддин чон ман як саволи хеле мухим дорам ва мехохам шумо хам чавобу хам як маслихат ба ман дихед бе саброна интизорам Худованд шуморо ва ахлу оилаатонро нигахбон бошад!Ман хело зиёд шавхарамро дуст медорам ман дар дунё гайри у ва модарам каси дигар надорам ман дар оянда аввал такя бар Худованд дуюм ба у кардаам,у инсони Худотарс мебошад аммо бисёр нафархо дар хаёт моро мехоханд чудо кунанд ман фарзанд надорам ман ба гапу кинояхои хамма ки ба чониби ман мезананд ба хотири шавхарам токат мекунам,вале аз чи сабаб бошад ки ки гапи худи уро бардошт карда наметавонам шояд аз он сабаб бошад ки дар сурати у нафакат шавхар балки акаю додар апаю хохар ва хам падарро мебинам,ба сарам фикре меояд ки баромада раваму танхо зиндаги кунам ба танхогиям ба такдирам тан дихам уро хам дигар гамгин насозам фикр мекунам мисли пештара дуст намедорад аз рафтораш ба сарам хархел фикр меояд,Бобочон ман чи кор кунам?гами фарзанд як тараф аз фикр кардану гиря кардан монда шудам бобочон аз хамаи чиз монда шудам ман дар хаёт бисёр азоб кашидам бигзор дар кучое бошад сараш дардро набинад чи тавре мехохад зиндаги кунад ман бошам баромада равам!оё ман кори дуруст мекунам? ёки чи кор кунам ки камтар бепарво бошам!интизори насихату чавоби шумо хастам!

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ шумо ин фикрҳоро аз саратон берун кунед. Ҳаргиз дар фикри ҷудоӣ аз шавҳаратон набошед. Чуноне, ки худатон қайд кардед шавҳаратон ҳам шахси Худотарс ҳам туро дуст медоштааст. Наход ба хотири сухани дигарони чунин тасмими саросемавор бигиред. Ояндаи чунин тасмим пушаймонӣ дорад. Аз тарафи дигар шумо ҳамчуни ҳамсар ва ҳамчуни як зани мусалмон ҳуқуқи аз дасти шавҳар беталоқи вай баромада рафтанро надоред. Бинобар ҳамин шумо ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин масъала кори хуб намекунед. Ҳам аз назари шариат ва ҳам аз назари ояндаи худатон.


Дар кадом ҳолат зан метавонад намоз нахонад
Суолкунанда: Беном
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 64

Асалому алаккум бобои ешон худованд шуморо аз шрри золимхо нигох дорад .оё ягон узре метавонад ки занро аз намоз хондан ман кунад.?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Зан фақат дар ҳолатҳои ҳайз ва нифос аз намоз хондану руза гирифтан бозмеистад. Дар ғайри ин ҳолатҳо ҳеч чиз барои намоз нахондан узр шуда наметавонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Насиҳат
Суолкунанда: ГУЛНОРА
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 63

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ БОБОЧОН МАН ЯК СУОЛ ДОРАМ МАН АЛХАМДУЛИЛЛАХ МУСУЛМОНАМ ЛЕКИН ШАВХАРАМ НАМОЗ НАМЕХОНАНД АГАР ДАР ЗИНДАГИЯМОН НОФАХМИШ ШАВАД САХТ МЕЗАНАНД ЧИ КОР КУНАМ МАН НАМЕХОМ КИ ЧУДО ШАВАМ ВА ЛЕКИН БИСЕРИ ВАХТ ХАСТА МЕШАМ ИЛТИМОС ЧАВОБ ДИХЕТ ИНТИЗОРАМ

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ,  модоме, ки шавҳари шумо намоз намехонад фосиқ аст. Шумо уро кушиш кунед ба хубӣ бифаҳмонед, ки ин амал гуноҳи кабира аст. Инчунин аз назари шариат задани ҳамсар беҳуда ҷоиз нест. Худо нигаҳбонат


Сабр кардан дар назди рашк
Суолкунанда: ОЙИША
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 62

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ БОБОЧОН ИЛТИМОС БА САВОЛИ МАН ЧАВОБ ТИЕД МАН ТО ИН ДАРАЧАРО МУМКИН ТАКВОМ ЗИЕД НАШУДАГИЗ АЛЛОХУ АЪЛАМ АГАР ШАВХАРАМ ДУЮМ ЗАН ГИРАНД САБР КАРАНД НАМЕТОМ ГУНАХКОР МЕШАМ

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ рашк як ҷанбаи отифавие аст, ки Худованд бар бандагонаш додааст. Бинобар ҳамин агар шавҳари шумо зан гирад ва шумо рашк кунед аммо худатонро дар даст гирифта суханони носазо нагуед дар ин ҳолат гунаҳгор намешавед. Балки беҳтарин аҷру савобро мегиред.


Ҳукми ба тифл шир додани зан дар ҳолати ҷанобат
Суолкунанда: Файзали. Ягноби
Таърихи суол: 19/02/2012
Матни Суоли 61

Ассалому алейкум «в.б.» Бобо эшон ба як саволи ман чавоб дихед . марде ба зани никохии худ хамхобаги кард онхо як кудаки 9 Моха доранд агар кудак дар вакти алокаи марду зан гушна монда бедор шуд. савол зан гусл нокарда метавонад ба кудаки худ шир маконад аз пистони худ ойо шире,ки он зан ба кудак маконд макрух аст? бехтарашь чикор кунад хуб мешуд? ин мавзуй дар аксари оила дучор шуданаш мумкин алхол худи ман. чавобашро аз шумо интизорам ташакури зиед.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раматуллоҳ.

Аз назари шариат ин кор боке надорад. Аммо аксари уламои бузургвор ба хотири он, ки фарзанд аз хурдӣ аҳли тақвову салоҳ бошад, чунин амалро хуб намедонистанд. Ба унвони мисол дар ривоятҳо омадааст, ки модари Бухорӣ ҳатто як қатра шири худро бетаҳорат ба фарзандаш надодааст. Табиист, ки аз чунин модар фарзанде ба монанди Бухорӣ ба дунё меояд. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Аз як порча пероҳан ва шалвор духтан ҷоиз аст ё не
Суолкунанда: Назрдин
Таърихи суол: 19/02/2012
Матни Суоли 60

Асалому алайкум бобои Эшон ман як суол дорам аз як либос занхо хам курта кунанду хам эзор гунагор мешаванд ё не мегуянд, ки кафанро якхела мепушанд.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раматуллоҳ.

Не, бародари исломӣ ин суханҳо ҳеҷ асос надоранд. Аз як порча ҳама пероҳану ҳам шалвор кардани занҳо боке надорад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми зиёрати қабристон барои занҳо
Суолкунанда: Чамшед
Таърихи суол: 19/02/2012
Матни Суоли 59

Ба кабристон рафтани зан\Салом домуллои мухтарам. Оё дини ислом ичозат медихад ки зан ба кабристон барои зиёрати кабр рафтанро? Агар ичозат бошад хангоми рафтан кадом коидахорро риоя бояд кунад.? Дар аммони ОЛЛОХ бошед. ОЛЛОХУ АКБАР.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раматуллоҳ.

Уламои ислом дар масъалаи зиёрати қабристон рафтани занҳо ихтилофи назар доранд. Иддае онро макруҳ мегуянд. Аммо мазҳаби мо дар ҳолате, ки зан шартҳои зиёрати қабристонро риоят кунад иҷоза додааст. Аз ҷумлаи шартҳои зиёрати қабристон ин аст, ки навҳагарӣ накунад, бо одобу ахлоқи зани мусалмон ба зиёрат равад ва сатру ҳиҷоби исломиро риоя кунад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Пушидани ҳиҷоб барои духтари хурдсол
Суолкунанда: Фарзона
Таърихи суол: 19/02/2012
Матни Суоли 58

Ассалому Алейкумм бобои Эшони Нуриддинчон.Ман мухлиси щумо ман як духтари 10 сола мебошам ман дар шахри Руссия бо кати оиляямон зиндагони мекунем ман синфи 4 мехонам дар мактаби Руссия. Мана бо кати аком падари угаям намозхон кардан ман то ин вахтро аз боби намоз ягон чиз намедонистам рахмат бо падари угаям маро кати аком намоз хон кардан акун падарам бо ман сатр мепушондаги шудан ман ки мактаб мехонум гуфтанки дар вахти мактаб сатр накуни майляш гуфтан аз мактаб берун сатр мекуни ман хамашба розиям оё хамин гуфтаги падарам дуруст аст ё не? Бад суоли дуюм ки мана момаам бо кати мо дар шахри Руссия мебошад момаам намозхон хастаан ки момаам шуниданки падарам бо ман сатр мепушондаги шудан момаам бо кати падарам хело чангу-чанчол кардан ки момаам рози нестанки ман сатр пушум мегуядки вахташ биёд мепуши оё кори момаам тугри аст ё не, ё кори падарам но тугри аст?Мана падарам намозхон аст!Ваям мухлиси шумо аст. Илтимос чавоб дихед! Худованд бо шумо умри дубора дихад

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раматуллоҳ.

Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Модоме, ки шумо ҳоло даҳ сола ҳастед агар ба балоғат нарасида бошед, ҳиҷоб бар шумо фарз  нест. Аммо падари шумо кори хуб мекунад. Зеро шуморо аз хурдӣ ба ҳиҷоб одат медиҳад. Ба ҳар ҳол шумо ба гуфтаи падаратон кунед. Дар масъалаи саволи дуюматон бошад, Момои шумо ноҳақ аст, балки падаратон ҳақ аст. Худованд мисли ту барин ҷавондухтаронро шумораашонро зиёд гардонад.


Ҳукми Қуръон хондани зан бо руймоли майда
Суолкунанда: Алишер
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 57

Ассаламу алайкум ва рахматуллохи ва баракат. Зан бе руймол йо бо руймоли майда метавонад куръон хонад? Йо дар назди куръон гардад?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ

Бале, метавонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Муддати нифос
Суолкунанда: Nusratulloh
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 56

Ассалому ъалайкум варахматуллох. Хазор рахмати Худо ки ба суоли ман посух додед ва аз кормандони сомонаам ташакур мегуям аз Худованд.Бобочон Худованд шуморо дар панохи исматаш нигох дорад ва душманони шуморо ба рохи СИРОТАЛ МУСТАКИМ хидоят кунад Омин... Суол-агар зан баъди таваллуд дар мудати 20-25 руз аз хайзу нифос пок шавад намоз хонда метавонад. Рахмати Худо дуъо гуи мо бошед Бобочон.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар зан дар ҳолати нифос пас аз 20 ё 25 рузагӣ аз хун пок шуд,  ғусл намуда намозҳояшро мехонад. Инчунин ҳамхобагӣ бо шавҳараш иҷозат аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми суҳбати зан бо марди номаҳрам
Суолкунанда: Алишерчон
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 55

Оё гунох нест ки зан бо номахрамон сухбат кунад? Салом Эшони мухтарам. Худованд шуморо ва ахли мусулмононро дар панохаш нигох дорад. Саволе дорам: Агар зани шахвардор бо марди хамсоя ё бо бачаи хамсоя ё бо амакбачау тагобачахояш сухбат кунад ё табасум кунад чигуна гунох мегирад? Барои зан кихо номахраманду? Чавобашро интизорам?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Суҳбат кардани зан бо марди номаҳрам ҷоиз нест. Магар дар ҳолати зарурат. Маҳрамони зан инҳоянд; падар, бародар, шавҳар, бобо, тағо ва амак ва инчунин падаршавҳараш. Ғайри инҳо бақияи мардон барои зан номаҳрам ҳастанд. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми буса намудани зан бародари худро
Суолкунанда: Abdullo
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 54

assalamu aleikum va rahmatulahi va barakaatu boboi eshon avvalan guftaniam ki ALLOH dushmanoni shumoro hidoyat hidoyat ki nashud kuru zalil va sarnagun bigardonad. Ba shumo tani sihat orzumandam! boboi eshon zane ki barodari khud yo in ki barodari padari khudro busa kunad az ruyash va ba shavhar naforad , Islomi aziz chi meguyad?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ аз назари шариат буса кардани бародар ва ё падар барои зан боке надорад. Аммо модоме, ки ба шавҳари зан ин амал писанд набошад, пас бояд зан ба хотири итоат аз шавҳар чунин накунад. Ба ҷои он дасти онҳоро бибусад беҳтар аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми ҳиҷоб дар назди хешовандони шавҳар
Суолкунанда: хуршед
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 53

салом. Бобои эшон суоли ман. Зан дар хона пеши хешовандони шавхар метавонад руймоле биандозад, ки танхо муйи сарро бипушонад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Зан бояд дар назди бародарони шавҳараш ҳиҷобро риоят кунад. Аммо дар назди падаршавҳаруш боке надорад. Дар ин бора муфассалтар дар саволҳи қаблӣ гуфта будам. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Фазилати намози зан дар масҷид
Суолкунанда: Абдучаббор
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 52

Бобо Эшон агар зан дар масчид намоз хонад савобаш бехтар аз хона аст ё не ба ман чавоб гардонед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Албатта дар ин замона дар масҷид бо ҷамоат намоз хондани занҳо беҳтар аст. Зеро дар замони Паёмбари Худо (алайҳиссалом) занҳо дар масҷиди набавӣ омада аз пушти Паёмбари Худо (алайҳиссалом) намоз мегузориданд. Аз тарафи дигар ба масҷид рафтани зан боис мешавад, ки аз амри маъруфҳои масҷид бохабар мешавад ва аҳкоми шариатро меомузад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Оё волидайн ҳуқуқи маҷбур кардани духтари худ ба издивоҷи мардеро доранд?
Суолкунанда: НИлуфар
Таърихи суол: 01/02/2012
Матни Суоли 51

салом Бобои Эшон ман аз Шахри Екатеринбург ман мехохам ки ба саволи ман посух дихед,модарам маро бе розиги ман ба шавхар дода метавонад ё не???

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ аз назари шариат падару модари шумо ҳақи маҷбур кардани шуморо бо шахси хостаашон надоранд. Дар ҳадис омадааст, ки духтари душизае ба назди Паёмбари Худо (с) омада шикоят кард, ки падараш мехоҳад уро маҷбуран ба писари амакаш ба занӣ диҳад ва оё ман ҳақи рад карданро дорам? Паёмбари Худо (с) гуфтанд: Оре.


Ҳукми дар дарё оббозӣ кардани занон
Суолкунанда: umar
Таърихи суол: 01/02/2012
Матни Суоли 50

assalomu alaykum va rahmatulloh ustodi aziz ba shumo suole doram ki chunin ast.oyo dar shariat mumkin ast ki zan dar labi daryo bo hamrohi zanon obbozi kunad

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Ба шарте, ки аз назари мардони бегона дур бошад метавонанд оббозӣ кунанд. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми кутоҳ кардани зани мусалмон муи сарашро ва андозаи он
Суолкунанда: Хошимжон
Таърихи суол: 25/01/2012
Матни Суоли 49

Асалому алекум бобои эшони нуридинжон,шукронаи худованди бузург.ки шумо хастеду мо мушкилихое дар шариат дорем рохи хали онхоро меёбем худованд шуморо нигахдор бошад,саволи ман чунинаст дар боби кутох кардани муйи зан аз китф поён.дар инчо нафаронд мегуянд,ки агар мард муйи зани худро кайчи кунад ба никох зиён дорад.дуруст аст ё на хохиш мекунам равшани андозед .дар амони худо бошед устоди азиз

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не бародари исломӣ ба никоҳ ҳеҷ зарар намерасонад. Аз китф поён кутоҳ кардани муи сар барои зан ҷоиз аст. Аммо аз китф боло ба андозае, ки ба муи сари мардон монанд шавад, гуноҳ аст. Худованд нигаҳбонатон бошад.


Чаро зан ҳиҷоб бипушаду мард не?
Суолкунанда: Диловар
Таърихи суол: 08/05/2011
Матни Суоли 48

Ассалому алайкум Бобочон! Худованд хифз кунад Шуморо ва ахлу хонаводаи Шуморо .Як саволе дорам ки лутфан чавоб дихед. Зан барои зебогии худ ва аз шахвати мардони бегона бояд хичоб пушад ё сару руи худро махкам кунад. Барои чи мард барои зебогии худ ва аз шахвати занони бегона бояд сару руи худро махкам накунад ? Илтимос Бобочон чавоб дихед !

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

Бародари исломӣ аслан ин ҷисми зан аст, ки барангезандаи шаҳват аст. Худованд табиати мардро чунон офаридааст, ки бо дидани ҷисмҳои шаҳватбарангези он мардро шаҳваташ меояд. Ба унвони мисол сару руи мард агар боз бошад, ҳеч гуна барангезандаи шаҳват барои занон нест. Аммо акси он шаҳватбарангез аст. Аммо назар кардан бар руи номаҳрам ба занҳо ва ҳам ба мардон бо назари шаҳват дуруст нест. Худованд дар Қуръон мефармояд: «Эй Паёмбар! ба мардони муъмин бигу, то чашмҳои худро аз  нигоҳи зани номаҳрам бипушонанд…» инчунин барои занҳо фармудааст: «Ва ба занҳои муъмин бигу то чашмҳои худро аз нигоҳи номаҳрам бипушонанд» Сураи «Нур» оятҳои 30-31.

Рузномаҳои Фаронса дар соли гузашта шумораи занҳоеро, ки зери таҷовузи ҷинсӣ афтодаанд, баён дошта гуфтааст, ки шумораи онҳо беш аз 4412 дар як сол мебошад. Рузномаи мазкур изофа мекунад, адади воқеии занҳои таҷовуз шуда аз ин ба маротиб бештар аст. Вале зиёде аз онҳо аз сабаби шарм ба ҳеч кадом аз идораҳои дахлдор муроҷиат накардаанд. Якчанд нафар ҷомиашиносони ин кишвар баъди баррасии ҳолатҳои таҷовуз ба номус ба хулосае омаданд, ки сабаби аксари ин ҳолатҳо нимурён ва боз будани аъзоҳои шаҳватбарангези ин хонумон аст. Бубинед, ҳамаи ҳолатҳои таҷовуз ба номус аз тарафи мард сурат мегирад, вале боре ҳам нашунидем, ки фалон мардро ба хотири кушода будани сару руяш шаҳвати хонумонро барангехт ва уро таҷовуз карданд. Чунин ҳолат имконнопазир аст. Зеро чуноне, ки гуфтем, ҷисми зан аз сабаби он, ки Худованд вайро латифу нозук офаридааст, барангезандаи шаҳват аст.

 Оморҳои расмии Амрико баён доштаанд, ки беш аз 31%  занҳои Амрико зери ҷинояти таҷовуз ба номус қарор гирифтаанд. Тибқи тақрироти расмии ташкилоти RAINN и Амрико, ки яке аз ташкилотҳои бонуфузи мубориза бар зидди ҷиноятҳои таҷовуз ба номус аст дар ҳар   дуву ним дақиқа дар Амрико як зан мавриди таҷовуз ба номус қарор мегирад. Ин ҳоли кишваре аст, ки даъвои пешбарандагӣ ва шукуфоии оламро дорад ва ҳиҷоби исломиро яке аз усулҳои ақибмондагӣ ва бемаданиятӣ медонад. Мувофиқи оморҳои ташкилотҳои зирабти амрикоӣ солона дар натиҷаи таҷовуз ба номус беш аз 32000  тифли бепадар ба дунё меояд. Ин аст  ҳоли кишваре, ки ҳиҷобро мазҳари зулм мепиндорад. Худованди Карим ҳар чизеро, ки амр мекунад, беҳикмат нест. Вақте Худованд занро ба ҳиҷоб амр кардааст, ба хотири он аст, ки мавриди луқмаи гургони дарранда қарор нагирад. Зеро нимлухт будани зан дар бисёр мардони дорои тинати шаҳвонӣ шаҳвати ҳайвониро бармеангезад. Худованд занҳои миллати мусалмонро аз ин балоҳо нигаҳбон бошад.


Кадом рангу бор барои зан чоиз аст?
Суолкунанда: МУСТАФО
Таърихи суол: 08/05/2011
Матни Суоли 47

Салом бобои Эшон,бигуед кадом рангу бор барои зан чоиз аст?дар назди шавхар ваё ягон хонаи хешу табораш рафтан кадомаш мункин бошад?хамин сурмаай усмаай кошу чашмро мешаканд Ислом ичозат медихад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

Кашидани усма ё сурма барои зан иҷозат аст. Инчунин дигар намуди лавозими зебогӣ. Фақат чидани абрувон ҳаром аст. Инчунин лак кардани нохунҳо барои муддати дароз нодуруст аст. Зеро агар нохун лак карда шуда бошад таҳорат ва ё ғусли зан баҷо намеояд. Нуқтаи муҳим ин аст, ки ҳамаи ин зебогиҳоро зан бояд дар назди шавҳари худ ва ё дар хонаи маҳрамонаш бикунад. Дар кучаю бозор дуруст нест.  Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд: «Ҳар зане, ки атру хушбуӣ бизанад ва сипас  (дар кучаҳо) аз назди мардон бигузарад, то буи атри вай ба машоми онҳо бирасад, пас ҳамон зан зинокор аст». Ривояти имом Аҳмад.


Ҳукми дар роҳҳо нишастани занҳо
Суолкунанда: Чамшед
Таърихи суол: 01/05/2010
Матни Суоли 46

Асалому алайкум бобои Эшон илтимос ба суоли чавоб гуед .

 Дар махалаи мо бисёри занхо дар кади куча бе ягом зарурат менишинанд дар бораи чунин занхо аз нигохи Ислом чавоб гуед.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Аз назари ислом  Шиштани занҳо дар кучаҳо ҷоиз нест. Зеро Расули акрам ( алайҳиссалом ) манъ кардагиан мардҳора аз шиштан  дар роҳҳо. Зан ҳам дар ин манъ дохил аст.


Ҳукми овози зан
Суолкунанда: abdurrahman
Таърихи суол: 19/05/2010
Матни Суоли 45

salom boboi eshon oyo ovozi zan avrat hast yo ne?

Посух

На, овози зан аврат нест. Аммо зан набояд он тарзе суҳбат кунад, ки таваҷҷуҳи мардонро ҷазб кунад.


Ҳукми кор кардани зан
Суолкунанда: donishju
Таърихи суол: 19/05/2010
Матни Суоли 44

Asalomu alekum ishoni nurdinjon xudovand shumora az shari zolimho nigahdor boshad , savoli man in hast oeo zan metavonad az nazar iislom ko rkunad?????????? Intizori javob hastam

Посух

Ваалайкумсаломувараҳматуллоҳ.

Зан дар ҳолате, ки эҳтиёҷ ба кор дошта бошад бо риоя кардани ҳиҷоб ва аҳкоми исломӣ метавонед кор кунад.


Ҳукми таҳқири ҳиҷоб
Суолкунанда: Тахмина
Таърихи суол: 16/05/2010
Матни Суоли 43

Бoбoи  Эшoни Нуpидин  хoхиш дopам kи  баpoи  oила мo дуo kунед  хoхиш дopам  kи  яk  амри  маъруф баpoи маpдoнди  гумpoх  гаштаанд  баpopед баpo чи маpдoн гумoни  бад дopанд  ниcбати  занoн  биcёpnаcт  мезананд  cатp тушoнpo  магаp  нахoд  kи хамoн  занхoekи  бo  oнхo kop меkунанд  ва  pафтopи  бадopанд  маpдoнpo  миcли хизматгop  иcтифoда  мебаpанд  aнахамин хел  занхop бoз таъpиф  меkунанд либocхoи  баpахнаи  oнхo  махkул  илтимoc  хаминхел  маpдoнрo аз  poхи бад  гаpдoнед  тokи  хoна  бoду  koшуkавokи oвезoн меoянду  бo занхoи  нoмахpам  механданд

Посух

Хоҳари исломӣ, Худованд ба шумо умри дарозу тавфиқи бандагӣ ва сабру бурдборӣ насибатон гардонад. Дар бораи ҳиҷоб ва касоне, ки ҳиҷобро масхара мекунанд дар наворҳои ҷумъа ман гуфтагӣҳастам. Ҳар касе, ки ҳиҷобро  таҳқир мекунад ва ё ҳиҷобпушонро тамасхур мекунад он кас гуё Куръонро масхара кардааст. Зеро фарз будани ҳиҷоб ба ояҳои қуръонӣ омадааст. Ҳамаи олимони ислом новобаста аз ҳамаи мазҳабҳо беягон тардиду шак дар фарз будани ҳиҷоб иттифоқи назар доранд. Ва ҳар касе, ки дидаву дониста ҳиҷобро масхара мекунад аз дин берун мегардад (Худованд паноҳ диҳад)


Оё зан метавонад шавҳарашро таълим диҳад?
Суолкунанда: Бахром
Таърихи суол: 11/05/2010
Матни Суоли 42

ассалому алейкум ва рахматуллоху ва баракотуху,Бобои Эшон,аз шумо хохиш мекунам ба саволи ман чавоб гардонед!оё зан,шавхари худро метавонад,сабак дихад?илохо нурхои илохи хамеша хонаи шуморо пурнур гардонад!

Посух

 Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ

Оре, додари исломи. Зан метавонад шавҳари худро таълим дихад. Хусусан агар зан таҳсилкарда дар улуми исломи бошад ҳеҷ боке надорад шавҳари худро таълим ё сабақдиҳад.


Ҳукми ҳиҷоби зан
Суолкунанда: nilufar az nohyai luchov
Таърихи суол: 29/05/2010
Матни Суоли 41

asalom alayka boboi eshoni iltimos ba savoli man javob tiyed ?duhtaroni hastan ki dar kucha sari luch megardand va lekin 5 vaht namozashoro mehonand va meguyand ki mushkili nest bal ki dilhoyamon sof hast ! va hukmi onho chist ?va oyo namozu zikri onho kabul hast yo na ?

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ, қабул будани намозу рузаи онҳо назди Худованд аст. Аммо ман дар як сухани онҳо ҷавоб медиҳам. Ҳар зане, ки чунин беҳиҷоб гардад ва иддио кунад, ки муҳим дилам пок аст, ба Худо қасам руяшро сиёҳ кардааст. Ин сухан аз тарафи душманони ислом барои нобудии ислом дар асрҳои охир зиёд ривоҷу равнақ ёфтааст. Чи хел инсон дидаву дониста чизеро, ки Худо дар Қуръон сароҳатан ва ошкоро гуфта истодааст, ки занҳои мусалмон бояд ҳиҷоб ба бар кунанд, боз аз ин амри Худо саркашӣ карда барои худ далел меовардаанд, ки дилҳоямон соф аст. Ба Худо дилҳояшон ягон зарра соф нест. Дили софу беғубор дилест, ки ба ҷону дил амри Офаридгорашро қабул мекунад ва то пои ҷон аз хатти кашидаи Худо берун намеравад Ман ҳайронам чи гуна зан ҳиҷоб ба бар карда дар рубари Худо истода намоз мехонад ва изҳори бандагии Худоро мекунад. Гуё ба офирдгораш мегуяд, ки ман бандаи фармонбардори туям. Аммо баъди аз намоз фориғ шудан беҳиҷобу беиффат ба берун мебарояд. Хоҳари исломӣ агар ҳамон зан воқеан ҳиҷобро инкор кунад вай кофир мешавад. Зеро фарзеро инкор кардааст, ки ҳамаи уммат дар фарз будани он иттифоқи назар доранд. Хоҳари исломӣлокин шумо кушиш кунед онҳоро фаҳмонед, ки ҳиҷоб фарз аст. Зани беҳиҷобро Худованд ваъиди ба оташи дузах кардааст. Худованд нигаҳбонат.


Ҳукми сатри аврат кардан дар назди ҳевар (бародарони шавҳар)
Суолкунанда: Taxмина
Таърихи суол: 26/05/2010
Матни Суоли 40

Аcаламу  алайkум ва рахматулoи ва  баpаkoту  бoбoи эшoни  Нуpидин даp хаkи  oилаи дуokунед  мo даp яk  чop  хoнага cе oила зиндагoни  меkунем     дар хoна бе pуймoл  хевар  бинад  гунахгop  мешавем

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ Худованд шуморо нигаҳбон бошаду ба шумо ризқи фарох насиб кунад. Беруймол пешиҳевар  (бародарони шавҳар) гаштани шумо аз назари шариат дуруст нест. Чунки онҳо барои шумо маҳрам нестанд. Барои шумо вҷиб аст, киҳиҷоби исломиро дар назди онҳо риоя кунед. Муваффақ бошед.


Ҳукми рақс кардан дар назди шавҳар
Суолкунанда: maryam
Таърихи суол: 26/05/2010
Матни Суоли 39

salom boboi Eshon oyo raks bayni zanon yo nazdi shavhar durust ast!

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Бале хоҳари исомӣ рақс байни занҳо дуруст аст ба шарте, ки ягон кори хилофи шариат рух надиҳад. Аммо назди шавҳар ҳарҳолате, ки бошад дуруст аст. Ҳеч боке надорад. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми ризогии зан барои зани 2юм гирифтан
Суолкунанда: ummufatima
Таърихи суол: 26/05/2010
Матни Суоли 38

Salom BoBoi Eshon, Khudovand shumoro nigahdor boshad ,man savole doshtam ,shavhari man Hofizi kuron ast mo du farzand dorem ba man meguyad ki agar puldor savam zani duyum megiram va bayni harduyaton adlona raftor mekunam va man bain rozi nestam mallum ast ki zan namekhohad shavharash bo zani digar boshad oyo az rui shariati islom zan haq dorad norozigi izhor kunad ,?

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Шавҳари шумо агар нисбат ба шумо одил бошад. Баъд азоне, ки зани дуюм гирифт низ бо шумо адлро риоя кунад чуноне, ки Аллоҳ амраш кардаги аст, дар ин ҳолат хоҳари исломӣ шумо ҳаққи норозигиро надоред. Хоҳари исломӣ агар шумо ба ин агар сабр кунед беҳтарин савобро назди Худованд соҳиб мешавад. Ин як имтиҳони Илоҳист барои шумо занҳои ислом чуноне, ки аз мардҳо ҷону молу ҳиммат барои хидмат дар динаш талаб дорад, аз шумо занҳо фақад сабр ва устувори дар шариъаташ. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми хондани зан дар донишгоҳ
Суолкунанда: Амира
Таърихи суол: 26/05/2010
Матни Суоли 37

Ас-саламу алейкум! Обращаюсь к вам за советом и помощью, потому что мне больше не к кому обратиться с этим вопросом.Я русская мусульманка, соблюдающая, читаю молитву, ношу платок и так далее. Мой муж таджик, тоже соблюдающий.примерно пол года назад мы задавали вам вопрос об учёбе через одного человека, который был в то время у вас в Таджикистане. мой муж был против, чтобы я училась (получила высшее образование) и я спрашивала у вас совета. вы тогда ответили, что в наше время знание очень обязательно и советовали мужу отпустить меня на учёбу. он тогда разрешил, я была "на седьмом небе" от счастья, мы активно обсуждали этот вопрос и он был согласен на 100 % отпустить меня.я всё это время готовилась, узнавала ВУЗы и теперь, когда приходит время поступления, мой муж просто запрещает мне говорить на эту тему, говорит, что не отпустит одну, а желающих учиться из мусульман тут нету. я просто в растерянности, разве можно так поступать по исламу? и что мне делать дальше?  Это не первый случай его такого поступка. Пожалуйста, ответьте!

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Агар ин донишомузии шумо дар оянда воқеан ба нафъи ислом бошад, бояд шавҳари шумо аз ин кор шуморо манъ накунад. Аммо дар акси он беҳтар аст, ки шумо итоати шавҳаратонро кунед. Дар хона фарзандонро тарбия кунед. Зеро модар худ як донишгоҳ аст. Агар донишгоҳ хуб бошад аз он донишҷуёни беҳтарин ва парчамдорони илм ба воя мерасад. Шумо ҳам вақте, ки ҳамсаратон ба донишгоҳ хонданатон розӣ нест, итоати вайро кунед. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми хондани Қурьон дар ҳолати ҳайз
Суолкунанда: maryam
Таърихи суол: 26/05/2010
Матни Суоли 36

Salom boboi ESHON! Zan agar hayz boshad kuron khonda metavonad?bazeho megan bo dastpushak kapida khoni hej boke nest durust ast?Dar hakki mo duo kuned.Dar panohi KHUDO boshed!

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ, дар ҳолати ҳайз зан наметавонед Куръон хонад. Инчунин бо дастпушак ҳам хонда наметавонад. Худованд нигаҳбонат бошад.


Ҳукми таълим гирифтани зан дар назди марди номаҳрам
Суолкунанда: Umeda
Таърихи суол: 18/05/2010
Матни Суоли 35

Salom Boboi Eshon az javob va duoi nekaton khelo khursand shudam, bobojon boz ba yak savoli man iltimos javob gardoned, man talim az darsi islom giriftagiam va hozir dar piter khondanamro davom dodam mekhoham hofizai kuron shavam talimdihandaam mard ast ba man guftand ki durust nest, onho rost meguynd?KHudovand hamesha shumoro nigahbon boshad chun hozira hamesha nuri ilohi chehrai zeboi shumoro ravshan gardonad,ba man duo dihed!

Посух

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исомӣ, Худованд туро ба ин ниятҳои нек ки пеши худ гузоштаед, бирасонад. Аммо хоҳари исломӣ, таълими шумо дар назди як марди бегона агар худатон танҳо бошед дуруст нест. Чунки халват яъне танҳо шудани як мард бо як зани номаҳрам бо чи ҳадафе, ки набошад, дуруст нест. Локин агар шумо дар вақти сабақгирӣ ду нафар ё зиёдтар бошед  боке надорад.


Сарб кардани ҳамсар дар корҳои бади шавҳараш
Суолкунанда: Тахмина
Таърихи суол: 18/05/2010
Матни Суоли 34

Аcалoму  алайkум  ва  pахматулoи  ва баpokoту  ман coхиби ду фаpзанд хаcтам  яkе  Мухаммадчoн дигаpе Уcмoнчoн  шавхаpамpo  бoзани  нoмахpаме дидам даcт  ба даcт  аз  инхам  kopхoи бадашpoхам  дидам  бo чашми худ  бахамааш  cабpkаpдам гуфт баckаpдам  леkин дуpуг  мега  даp интpнет  бo занхoи гаnмезанад  ва вoхурдан  мехoхад  зиндагиямpo 9 coл шуд  хаcта шудам  чиkopkунам мaгаp зиндаги мешавад аз pузи  душанбе  меpавад  чуъма баp мегаpдад леkин намoз мехoнад  чиkoр kунам илтимoc  ба cавoлхoи ман чавoб гуед   шавхареkи  измена  меkунад  чи  kopkунам

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ Худованд шумо ва фарзандони шуморо нигаҳбон бошад ва шавҳари шуморо ба роҳи дуруст баргардонад. Хоҳари исломӣ шумо уро баҳар роҳ насиҳат кунед, ки аз ин роҳ баргардад. Аммо насиҳати ман ба шумо ин аст, ки шумо сабр кунед локин кушиши худро кунед, то уро ба насиҳат ё гуш додан ба наворҳои исломӣ ва инчунин дар намозҳоят дуо кунед Худованд уро ҳидоят кунад. Фикри ҷудоиро накунед, ва уро бо муомилаи хуб аз ин роҳ баргардонед. Худованд нигаҳбони шумо


Ҳукми чиндани абрувон
Суолкунанда: zebo
Таърихи суол: 08/08/2010
Матни Суоли 33

Salom eshoni Nuriddin man yak tolibe hastam dar Eron tahsil doram va dar in jo mazhabi sunni hastam lekin yak dudugonai shia doram onho qosh mechinan deodar islom dar mazhabi mo qoshchini dar nazdi shavhare zanho ki yagon mardinomahram namebinad durust hast. Iltimos javobamro tez ravon kuned. tashakur.

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Дар мазҳаби мо чидани абрувон комилан ҳаром ва норавост. Чи дар назди шавҳар бошад ва ё дар назди дигар занҳо. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар як ҳадиси муборак фармудаанд:

"لعن الله النامصة والمتنمصة"

«Худованд лаънат кунад занҳоеро, ки касбашон ин аст, абрувонро мечинанд ва инчунин Худованд лаънат кунад занҳоеро, ки абрувонашонро мечинанд».


Ҳукми сатр
Суолкунанда: umar
Таърихи суол: 08/08/2010
Матни Суоли 32

Ассалому  алайкум   устоди   ахли   ислом   як    суоле   доштам.   Сатри   зан   бояд   хамин   хел  бошад, ки   кучоеаш  шахвати   мардро  пайдо  мекунад    хамончоро  бояд   бипушонад ха  устод  боз  хато  накунем  боз  ин  чойхоро   ихтисор  мекунем  даст, руй,  пой...  Сатри   мард   аз  болои  ноф  то  поёни  зону...   Дар  инчо   дар  шубха  хастам  агар  зан аз  ноф  болои  моро  бинад  шахват  пайдо   мешавад... ку.   Устод  агар  максади  манро   фахмида  бошед   чавоби  каноатбахш    дихед......  Худованд    нигахбонатон  бошад....

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, камтарин макони аврати мард аз ноф то зону аст. Аммо ин ба он маъно нест, ки мард метавонад ҳамин миқдорро бипушонаду дар кучаҳо бигардад.  Мо дар фатвоҳои дигар ҳатто гуфтем, ки бо либоси таҳпуш (майка) ки зери каши мард намоён бошад намоз хондан кароҳият дорад. Бояд болои китфонаш пушида бошад.  Муайян намудани ин, ки аврати мард аз ноф то зону аст маънои онро надорад, ки дигар мард метаванад ҳамин маҳдударо бипушонаду байни мардум бигардад. Олимон ислом гуфтаанд, ки агарчи синаи мард аз ҷумлаи аврат набошад аммо кушода мондани он байни занҳои номаҳрам аз кирдори мардумои фосиқ аст. Шариати ислом ҳар амали мубоҳеро, ки сабаби сар задани мафсада ва фитна бошад (масалан сабаби барангехтани шаҳват шавад), онро манъ мекунад. 


8 сол бе никоҳ
Суолкунанда: Мадина Каримова
Таърихи суол: 27/08/2010
Матни Суоли 31

Ассалому алейкум бобои эшон.Ман  8 сол пеш аз шавхарм чудо шудам ва бо  писаре шинос шудам як дигаро дуст медорем  ва 8 сол мешавад, ки бе никох хамхоба мешавем. ман никох кардан мехохам у не. дар ин холат Дини Ислом чи  тавсия медихад?Илтимос чавоби аникашро гуед!

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари мусалмон аз Худо битарсед. шумо ҳарчи зудтар худатонро аз он мард дур кунед. Зеро ҳар дафъае, ки шумо бо роҳи зино бо мард ҳамхоба мешавад, гуноҳи бузург дар номаи аъмоли шумо навишта мешавад. Охир ин бадани нотавони инсон тоқоти азобҳои даҳшатнокиилоҳиро аз куҷо дорад. Лаҳзае тафаккур кун, агар  раваду дар вақти зино бимирӣ яқин бидон, ки беимон аз дунё меравӣ. Зеро Паёмбари Худо гуфтааст: «Шахси зинокор дар вақти зино муъмин нест».Ҳоло ҳам вақт аст аз он мард худатро дур бигир. Он мард фақат аз ту лаззатро мехоҳаду халос на издивоҷро. Нияти муваққатан аз ту истифода бурданро дорад ва илло чаро аз издивоҷ сарпечӣ мекунад. Хоҳари мусалмон аз ин амали худ тавба намуда ба он мард бигу агар бихоҳад бо шумо издивоҷ кунад ваагар намехоҳад шумо дигар аз вай худатонро дур гиред. Вагарна ҳар рузу ҳар соат номаи аъмоли худро бо дасти худ сиёҳ карда истодаед.


Зани дуюм ва таъмини ӯ
Суолкунанда: зане аз душанбе
Таърихи суол: 22/08/2010
Матни Суоли 30

Асаломалекум варахматулохи ва баракату Бобои Эшон ба саволи ман чавоб дихед зане ки шавхар дорад ба воситаи интернет сухбат мекунад аммо зани дуюм аст шавхарашро дуст намедорад зан дар хонаи падару модараш зиндагони мекунад аз шавхараш хонаву дар надорад зан ба мард мегуяд ба ман хона гир аммо мард бахона мекобад неким мард пулдор аст вактеки мард ба мулокоти чинсимеояд ба зан мегуяд биё хонаи апат мерем ё ки хонаи модарат дар ин холат мард хато ичора намегирад зан шарм медорад ки дар хонаи падару модар бо шавхараш мулокоти чинси кунад мард 48 сола зан 25 сола аст дар ин холат чи бояд кард зан бо шавхараш токт кунад ё на

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳар исломӣ шавҳар вазифадор аст, ки ҳамсари худро ба хона ва нафақаи хурду хурок таъмин кунад. Бинобар сухане, ки шумо гуфтед, ки вай мард пулдор аст, у гунаҳкор аст. Дар чунин ҳолат ҳамон зан агар хоҳад метавонад ба муфтиёт рафта асли матлабро зикр кунад ва талоқашро бихоҳад.


Кор кардани зан УЗИ
Суолкунанда: Алишер
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 29

Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотух Иди саиди фитр муборак! Суханхо нисбати васфи Шумо хеле зиёд гуфтани хастам  мисли як бахр кабул кунед!

 Илтимос ин навбат посухи суолро  гардонед

 Зане мехохад духтури ултразвук шуда кор кунад

 Духтури ин соха бо воситаи аппарат, компютер кор мекунад Сим ё шлангро ба руи масалан дил, чигар ва дигар органхои аз миён боло гузошта дар экрани компютер натичаи онро дида навишта медихад.

 Шавхараш ичозат надодаистодааст

 Ичозат дихад ё не?

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ҳамон зан бо дастгоҳи УЗИ фақат занҳоро муоина кунад ман ба шавҳараш тавсия мекунам, ки уро бо риояи ҳиҷоби исломӣ иҷозаи кор диҳад. Зеро имрузҳо беморхонаҳои мо ниёз ба мутахассисони занонае, ки занҳо ба онҳо бештар ниёз доранд, эҳтиёҷманд аст. Аммо дар акси ин ҳолат беҳтар ин аст, ки кор накунад ва ҳамсараш агар дар чунин ҳолат иҷозаи кор намедиҳад, амали исломӣ анҷом додааст.


Ҳукми кутоҳ кардани муй
Суолкунанда: Шамсиддин
Таърихи суол: 08/11/2010
Матни Суоли 28

Асалому алайкум Домулои мухтарами мо!!!!!! Ман бо оилаи худ дар шахри Санк-Петербург зиндаги мекунем. Саволи мо чунин  аст, хамсари ман  мехохад муи сари худро кутох кунад, сабабаш дар он аст ки муи сараш дароз аст ва нигохаш барояш мушкилот дорад. Назари шариати ислом дар ин масъала чи гуна аст? Худо нигохбони шумо ва ахли оилаи шумо бошад!!!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Кутоҳ кардани муи сари зан боке надорад. Фақат бояд аз китф боло кутоҳ накунад, ки ташбиҳ ва монанди ба мардон мешавад, ки ин  ҷоиз нест.


Ҳукми кутоҳ кардани муй
Суолкунанда: Хофиз Яъкубов
Таърихи суол: 04/11/2010
Матни Суоли 27

Ассалому алайкум боби Эшони Нуриддинчон аз Шумо мехохам фахмам ки зане, ки сатр мепушад у метавонад муи сари худро бурад зеро удар таги сатр мегардад оё ислом инро ичозат медихад ё на илтимос пурра фахмонед зеро таъчилист. Худованд шуморо нигахбон бошад.

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Бале зан метавонад муйи худро кутоҳ кунад. Андозаи кутоҳ кардани муи зан то китфон аст. Агар аз он зиёд кутоҳ кунад ташбиҳба мардон мешавад, ки ин амал гуноҳ аст.


Чигунагии сатр
Суолкунанда: Mакнуна
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 26

асалому алайкум  бобои Эшон мо духтарои сатр мепушидагида  формаике  хозир бозорхобахаст пушем мункин аст ё не ? Илтимоси дуо аз номи як гурух Духтарои сатпуш

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ ман намедонам онҳо чи гуна сатр аст. Аммо як чизро бояд ҳамеша шумо хоҳарон исломӣ дар мадди назар дошта бошед, ки ҳамон либос бояд танг набошад, ки ҷойҳои нозуки баданро ошкор созад инчунин набояд шаффоф ва тарзе бошад, ки диққати мардонро ба худ ҷалб кунад. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми оббозии занҳо
Суолкунанда: Фирдавс Рахимов
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 25

Ассалом! Бобои эшон, худо шуморо нигахбон бошад!

 Саволи ман и аст:

 Дар фасли тобистон, янгахои ман хар нисфи рузи ба оббози ба кул мерафтанд , барои онки имсол соли гарм омад дар шахри мо, вайхо бо шавхаронашон ва фарзандонашон мерафтанд ба оббози дар кул. Занхо ва мардхо чудогона оббози мекарданд, занхо бо либосонашон (руймол, курта, тахпуши)дарахтхо каме занхоро бачо мекарданд,  мардхо бо мардхои бегона ягон 700 метр дуртар оббози мекардан. Мехохам пурсам, ки кори янгахоям дурустаст е не?

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Не, бародари исломӣ ин кори онҳо хуб нест. Занҳо бояд тамоман дур аз назари мардон бошанд. Дар ин ҳолат боке надорад. Инчунин бояд кашфи аврат накунанд. Худованд нигаҳбонат.


Ҳур барои занҳо
Суолкунанда: Фатхиддин
Таърихи суол: 17/04/2011
Матни Суоли 24

Ассалому алейкум варахматуЛЛОХИ ва баракотух. Илтимос гуед,ки Барои мард дар бихишт hур аст ва занакхо мепурсанд,ки барои занхо дар бихишт ба монанди hур ягом кас хаст беfайр аз шавхараш? Хазор рахмат.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Худованд табиати занро чунон офаридааст, ки аз табиати мард фарқ дорад. Он қадар рағбате, ки мард ба зан дорад ба ҳамон андоза зан нисбат ба мард надорад. Худованд табиати занро бо ҳаё офаридааст. Ҷаннат фақат барои мардон нест, балки Худованд ҳар марду занеро, ки тоати Худоро дар дунё анҷом додаанд бе ягон фарқият байни онҳо дохили ҷаннат мекунад. Худованд барои мардони аҳли ҷаннат ҳуронро ваъда кардааст. Барои занҳои аҳли ҷаннат бошад шавҳари худаш агар зан дар дунё шавҳар дошта бошад. Он зане, ки дар дунё шавҳар накарда фавтида бошад, Худованд вайро бо ихтиёри худаш ба яке аз мардони ҷаннат издивоҷ мекунонад. Дар ривоятҳо омадааст, ки Худованд занони биҳиштиро он қадар зебо ва ҷаззоб мекунад, ки аз ҳурони биҳишти чандин маротиба зебо ва хушқомат мешаванд ва шавҳараш фақат иштиёқи ҳамсари худро мекунад. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд: «Ҳамоно Худованд занҳои биҳиштиро пиронсол ба биҳишт ворид намекунад. Балки онҳоро душизаи зебо ва бокира гардонида дохили ҷаннат мекунад». Дар ҳаққи модарону хоҳарони мусалмони мо Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ин ҳадиси муборакро гуфтаанд: «Ҳар зане, ки панҷвақт намози худро дар вақташ бихонад ва рузаи моҳи Рамазонро бидорад ва шармгоҳи худро аз ҳарому зино нигаҳ дорад ва шавҳари худро итоат кунад, Худованд ба чунин зан нидо мекардааст, ки аз кадом дари биҳишт, ки мехоҳӣ дохили он бишав!».


Адолат байни занҳо
Суолкунанда: Абдурахмон
Таърихи суол: 17/04/2011
Матни Суоли 23

Асалому алайкум бобои эшон Савол.Шахсе ду зан дорад яке дар Руссия ва дигаре дар Точикистон он шахс дар 1сол 8мох бо зани русе мебошад ва 4мох бо зани точике дар точикистон.ва мегуянд,ки бо харду зан баробар муомила ва баробар хам хобаги кардан лозим ва он мард наметавонад 6 мох дар Точикистону ва 6 мох дар Руссия .пул кор кардан лозим ИСЛОМ чи мегуяд бамо фахмонед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ шариати ислом адлу баробарӣ байни занҳоро барои шахсе, ки бештар аз як зан дорад, лозим гардонидааст. Бояд мард байни занҳои худро дар нафақаи хуроку пушок адолатона рафтор кунад.

Он марде, ки ба сабаби кору бори зиндагӣ дар Русия 8 моҳ мемонад бояд дар тули ин муддат нафақаи зани дар Тоҷикистон будаашро таъмин намояд. Зеро нафақаи зану фарзанд бар гардани шавҳар воҷиб аст. Бояд ба онҳо ҳамеша дар тамос бошад ва барои зиндагияшон маблағ фиристад. Дар акси ҳол гунаҳкор мешавад.


Зарарҳои мусиқи
Суолкунанда: исматуллох
Таърихи суол: 17/04/2011
Матни Суоли 22

салому алайкум! мехостам дар бораи зарархои мусики посух дихед??????????

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дини муқаддаси ислом ҳар чизеро, ки ҳаром кардааст аз таҳрими он нафъе ва ҳикмате ҳаст. Дар масъалаи  мусиқӣ чуноне, ки дар фатвоҳои пешина гуфта гузаштем иддае аз олимон ҳама навъи онро  ҳаром намепиндоранд. Он навъ мусиқие ҳаром аст, ки даъват ба фаҳшу фуҷур ва ҳамроҳбо рақсу бозӣ аст. Мисли аксари мусиқиҳои ин замона. Он мусиқиҳое, ки тарбиявӣ бошад ва ё аз ашъори шоирони классика бошад бо мурооти одоби исломӣҷоиз аст.

Имруз зиёд мешунавем, ки мегуянд мусиқӣ руҳи инсонро соф мекунад, аммо чуноне, ки оморҳо гуяндаи он аст ва худи мо шоҳиди он ҳастем бемориҳои равонӣ аз замонҳои гузашта дида бештар доман паҳн кардааст. Хусусан дар кишварҳои ғарбӣ, ки маншаи мусиқиҳои фасод аст, бештари мардум аз бемориҳои равонӣ ранҷ мебаранд. Пас чаро мусиқӣ руҳи онҳоро наҷот надод?

Баъзе олимони ислом зарарҳои мусиқии ҳаромро чунин тавсиф кардаанд:

А) пайванди байни Худо ва бандаро коста мегардонад.

Б) Роҳро ба суи зино боз мекунад. (Дар бисёр ҷашнҳои мусиқӣ, ки зану мард омехта мешаванд оқибаташ ба зино ва фоҳишагӣ мекашонад).

В) Аз зикри Худо боз медорад.

Г) Шарму ҳаёро дур мекунад.

Д) Мусиқии ҳаром олате аст дар дасти шайтон барои киштани фоҳишагӣ ва бадрафторӣ.

Ин як чанд зарарҳои мусиқии ҳаром аст, ки онро баъзе олимони ислом дар китобҳояшон ёдрас кардаанд.


Ҳукми мунофиқ ва нишонаҳои он
Суолкунанда: Шарифи
Таърихи суол: 17/04/2011
Матни Суоли 21

Ассалому алайкум Бобои Эшон. Рахмати Худо бар Шумо ахли оилаатон бод, ки дар ба туфйли амри маъруфхои Шумо дар хаёти динии мусалмонони Точикистон пешравихои зиёд Шукри худованд ба вукуъ пайваста истодааст. Мехостам ба як чанд суоли хеш аз Шумо посухи мушаххас гирам. 1. Мунофик кист? ва нишонахои мунофики кадомхоянд. 2. Нияти намози нафл чи хел аст. (ман хар субх агар вакт даст дихад ду ракат намоз аз барои ризогии Аллох мехонам оё ин намози нафл аст). 3. Мегуянд, ки агар мушкиле дори пас намоз бихон нияти ин намоз чи хел мешавад. 4. саловоти аз хама бехтар барои Расулуллох (с)кадом аст, агар имкон мешуд чоп менамудед. Худо нигахбонатон бошад...

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

1- Мунофиқ касе аст, ки дар зоҳир худашро мусалмон метарошад аммо дар ботин нисбат ба ислом кина ва нафрат дорад. Худованд дар Қуръони ҷойгоҳи мунофиқонро поёнтарин ва сахттарин дараҷаи дузах қарор додаст. Олимони ислом мегуянд; «Азоби мунофиқ дар рузи қиёмат аз азоби кофир бештар хоҳад буд. Зеро вай дидаву дониста динро ба масхара мекашид» (Фатҳулбори шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ). Нифоқ ва мунофиқ ду навъ мешавад; нифоқи эътиқодӣ ва нифоқи амалӣ. Мунофиқи эътиқодӣ мувофиқи оятҳои қуръонӣ дар дузах мебошад, вале мунофиқи амалӣ ба қадр гуноҳаш ҷазо мебинад агар тавба накунад, вале дар дузах абадӣ намемонад. Аз ҷумлаи нифоқи эътиқодӣ; ба дил нисбат ба ислом кина доштан, аз пируз шудани ислом нороҳат шудан, дуруғ шуморидани баъзе аз аҳкоме, ки Паёмбар бар умматаш овардааст… нифоқи амалӣ бошад мисли; дуруғгуӣ, аҳдшиканӣ, ваъдахилофӣ…

2- Ҳар намозе, ки ғайр аз намозҳои фарз ва суннатҳо хонда мешавад намози нафл маҳсуб мешавад. Барои хондани намози нафл ҳамин таҳорат карда ру бақибла истодан худаш ният аст. Яъне бо дил ният кунед кофӣ аст шарт нест бо забон зикр кунед.

3- Нияти намози нафл мекунед ва баъд аз фориғ шудан аз намоз дар ҷойнамоз ру бақибла истода ҳоҷатҳои худро аз Парвардигор хоҳон мешавед. Беҳтарин вақте, ки дуои шахси ҳоҷатдошта аз ҷониби Парвардигор пазируфта мешавад ин дили шаб аст. Бинобар ҳамин дар дили шаб намози нафлро одат кунед.

4- Беҳтарин лафзи салавот бар Паёмбар (алайҳиссалом) чуноне, ки худи Бузургвор дар ҳадисҳои саҳеҳ амр карданд ин аст: (Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима ва ъло оли Иброҳима иннака ҳамидун маҷид.Ва борик ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим иннака ҳамидун маҷид).


Занҳо ҳам савдо мекунд
Суолкунанда: Хабибулло Ахмадов
Таърихи суол: 17/04/2011
Матни Суоли 20

Ассалому алейкум варахматуллои ва боракоту домулои мухтарам саволе дорам илтимос чавоб гардонед. марде дар бозор савдомекунад. ойо занашхам хукуки савдо кардан дорад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки эҳтиёҷ ба кори зан бошад ва бо риояи ҳиҷоби исломӣ боке надорад. Зеро дар замони Паёмбари Худо (алайҳиссалом) занҳо душ ба души мардон дар майдонҳои сангар муолиҷаи захмиёнро мекарданд ва инчунин чуноне, ки таърих ислом шоҳидӣ медиҳад бо тиҷорат ва дигар корҳо машғул буданд. Аммо барои амали зан шарти асосӣ ин аст, ки риояи одобу шаръ ва ҳиҷоби исломиро бикунад. Инчунин дар байни тудаи мардон кор накунад.


Ҳукми инкори сатр
Суолкунанда: ISLAM
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 19

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух. Аз шумо хохиш мекунам, ки дар бораи сатр маълумот дихед, зероки баъзе одамо сатро инкор мекунанд сатр дар ИСЛОМ фарз аст оё инхо кофир мешаванд ё не.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари азиз, дар масаълаи сатр  дар қисми наворҳои сомона амри маъруфҳо дар ин бора зиёд аст. Бинобар ҳамин барои такрори он ҳоҷат нест. Хулоса сатри исломӣ яъне ҳиҷоб фарз аст ва касе, ки онро инкор кунад кофир аст ва никоҳаш бо ҳамсараш бурида мешавад, агар оиладор бошад.


Қаҳрии бо шавҳар
Суолкунанда: Фахима н. кухистони Мастчох
Таърихи суол: 02/02/2011
Матни Суоли 18

домуллои мухтарам, ман бо писари аммаам оила барпо намудем. такдир будааст хар се фарзандамон безабон хастанд. имрузхо шавхарам мехохад дигар духтареро ба зани гирад. Мегуяд, ки туро хам мебинам, ба ин суханонаш бовар дорам. зеро аслан инсони хуб аст, вале таи 2 сол аст, ки кахри хастем.  чи маслихат медодед  аввалан аз Худо барои маслихати дини бароятон ачру самароти бепоён хохонам.

 2. Аз шумо хохиш дорам нисбати тифлакони маъсуми ман дуои хайр кунед то бо василаи дуои шумо шифо ёбанд.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Хоҳари исломӣ, шумо набояд бо шавҳаратон қаҳр бошед. Зеро қаҳрӣ кардан бо шавҳар бе ягон узри шаръи сабаби дар лаънати малоикаҳо гирифтор шуданатон мегардад. Насиҳати ман ба шумо ин аст, ки бо шавҳаратон муъомила ва зиндагонии хуб кунед. Агарчи зани дуввум ҳам гирад зеро ин ҳам барои занон як имтиҳони илоҳӣ аст. Ва  ба ин имтиҳони илоҳи, ки фарзандонатон дар айни ҳол, ки сухан гуфта наметавонанд сабр кунед иншоаллоҳ ризогии Худоро ба даст меоред. Дар охир аз Худои меҳрубон барои фарзандонатон забони гуё ва саломатии комил талаб дорем.


Ҳукми кутоҳ кардани муй
Суолкунанда: Набичон
Таърихи суол: 02/02/2011
Матни Суоли 17

Асалому алйкум хазрати бобои  эшони Нуриддинчон, буридани муйи сари  зан аз тарафи пушт  дар ислом дуруст аст.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.  Бале дуруст аст ба шарте, ки миқдори кутоҳии муй то китф бошад.


Зани мусулмони бе сатр
Суолкунанда: Абдулло ибни хочи Ислом
Таърихи суол: 02/02/2011
Матни Суоли 16

занеки сатр надораду боз худро мусалмон мехонад барин шумо чи мегуед

Посух

Бародари исломи агар фарзияти ҳиҷобро инкор накунад кофир намешавад балки фосиқа аст ва гирифтори гуноҳи бузург мебошад.


Ҳукми чидан  тарошидани муйҳои по барои зан
Суолкунанда: Хохари Исломи
Таърихи суол: 15/11/2010
Матни Суоли 15

Ассалому ъалайкум Домуллои азизу гироми! Аввал ин,ки Худои мутаъол Шуморо ва ахлу байти Шуморо дар хифзаш нигах дорад ва инчунин аз шарри золимону хосидон!

 Зан метавонад муйхои пойяшро чинад ё тарошад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Бале зан метавонад муйҳои зоиди бадани худро бичинад ва битарошад. Муйи поро низ тарошидан боке надорад.


Нигоҳ доштани сони хунолуди шаби авалро ҷоииз аст?
Суолкунанда: ZulolaOzarova
Таърихи суол: 15/11/2010
Матни Суоли 14

Asalomu alikum va rahmatulohu va barakatuhu. Ман Зулола, хамоне ки пайваста саволхои хохарони мусалмонро ба  Шумо пешкаш мекунам, то ба Бобои Эшон раоснед ва фавран чавоб ба мо тайёр кунед.Саломи гарму чушони маро ба бобои Эшон расонед аз номи хохари мусалмон Зулола (номи интернети).Саволхо аз забони худи онхо имруз оварда шудааст:

  1. Ассалом.Мехохам фахмам, ки бобои Эшон, ки  ман шунидам, ки баъд аз туй барпо кардан, хангоми шаби авалин , ки бокира будани духтар маълум мешавад ва дар он хангом хамон сони сафеде, ки истифода мешавад ва уро ба хешу табори шавхар барои маълумнамудани  ки будани у нишон медиханд, хамон сони сафедро солхои дароз нигох доштан гунох аст ё не? Масалан ман то хол хамон сони сафеде, ки аз шаби авалини хоб карданам боки мондааст нигох медарам, чунки шунида будам аз як дустам ки уро бояд барои рузхои даркори яъне таънаи шавхар ва ё хешу таборхояшон нигох бояд дошт.Туйи ман 4 сол шуд ва то хол ман уро нигох медорам дар сандук.Боз шунидам, ки нигох доштани ин  сони сафеди (хунолуди кокшуда) гунох аст.Мабодо агар дар ин маврид вафот куни гунохи азим аст чунки хуни бадани ту дар ин дунё боки мондааст.Бобои Эшон мехохам ба ин масъала равшани дихед.Ман уро шушта партоям ва ё  агар нигох дорам  гунох аст?. Ман Нигина.Худо нигахбони Шумо бошад

  2.Ассалом Бобои Эшон.Баъд аз се талок кардани шавхар ман хукуки аз пушти у давидан дорам ,ба у занг задан, ман бе у зиндаги карда наметавонам, яъне ки ман уро дуст медорам, вай хам дуст медорад, вале  мегуяд ки дигар ман баъди се талок наметавонам зиндаги кардан чунки гунох аст.

Хохиш мекунам ба ман чавоби аник дихед. Мо як фарзанд дорем.

 Ман Сагина.Худо умри Шуморо дароз кунад.

  3.ассалому алайкум бобочон. Ман мехохам фахмам , ки агар барои руза гирифтан, барвакт нахезиву ният накуниву хамон руз руза гири , яъне ки сахархуракда нахези,ният накуни рузаи доштаги халол аст ё не?

 Халима.

 Корманди ба ин саволхо вобаста зз Шумо эхтиромона хохиш мекунам, ки чавобхои ин саволхоро ба имейли шахсии ман равон кунед, чунки  мумкин ман  ин чавобхоро дар ин сайт пайдо накунам.Илтимос ба ин сурога равон кунед:------

 Бо эхтиром,

 Як хохари ахли исломи Шумо Зулола

Посух   Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Посух

Хоҳари исломӣ аввалан Худованд шуморо барои ин иқдоми некатон, ки дигар хоҳарон исломиро дар расондани аҳкоми шариат кумак мекунед савоби нек насиб кунад.

 1) Хоҳари исломӣ, нигаҳ доштани хуне, ки нишонаи бокирагӣ аст, дуруст нест ва ҳеҷ гуна аз ислом нест. Инҳо ҳама хурофот аст. Инчунин он сухане, ки гуфтаанд агар вайро нигаҳдорӣ ва дар ҳамин ҳолат вафот кунӣ,,, инҳо низ хурофот ва беасос аст. Бинобар ҳамин ҳамон нишонаи аз бокирагӣ мондаро бишуед ё онро нигаҳдорӣ накунед. Зеро ин амал аз ислом нест. 

2) Хоҳари исломӣ шумо агар нияти дубора барқарор кардани оилаатонро доред ба назди ягон домуллои донишманд ва худотарс рафта ҳамин масъаларо матраҳ кунед. Аммо то роҳи ҳалле пайдо шудан суҳбат кардани маҳрамона байни шумо ҷоиз нест. 

Дар мазҳаби мо агар рузае, ки гирифта мешавад, қазоӣ бошад шарт он аст, ки аз шаб яъне пеш аз тулуъи субҳ ният кунад. Аммо ғайр аз қазоӣ, метавонад баъд аз тулуъи субҳ ният кунад. Локин саҳархурӣ шарт нест. Балки суннат аст.


 Сифати ҳиҷоби зани мусалмон
Суолкунанда: Хайрулло
Таърихи суол: 15/11/2010
Матни Суоли 13

Саом алекум устод ва пешвои азизу мехрубон, устоди азиз шукри худо бо сабаби вазъу насихатхои шумо ва тавфики Худованд хохарон ва занхои чумхури ва берун аз чумхури сохиби "сатри  аврат" шуданд. Мехохам аз шумо хаминро пурсам, ки чандвактбоз аст,ки хоаролни исломи  дар сар румол доранд шукри Худо аммо  баъзе аз хохарони сатрпуш   дар тан либосе бабар мекунанд, ки мавзеъхои хассоси баданашонро намоён  месозад ,ки намуди инлибос чунин аст.

 1) матоаш  матои милли

 2) духташ монанд ба либосхои еврупои  

 3) остинони дароз ва пешибари пушида дорад ,аммо  духташ танг мебошад

 Оё ингуна  сатр пушхо дар  хадиси Расулиакрам с.а ва с.л  дохилмешаванд ё не,ки гфта буданд  занони умати ман дар охри дунё либосхое дар тан  доранд,ки  хукми белибосро доранд. Дар охир  аз шумо дуъо хохонам  Худованд шумо ва бародарони шуморо аз чашми хосидон нигох дорад.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

Бале бародари исломӣ чунин навъ либоси гуфтаи шумо дар ҳиҷоби исломӣ дохил намешавад. Зеро мурод аз ҳиҷоб пушондани ҷойҳои ҳассос ва шаҳватбарангези зан аст. Ҳиҷоби исломи бяд муттасиф бо ин сифатҳо бошад.

1) Мотоъаш тоҳадде тунук набошад ки бадани занро намоён кунад.

2) Бояд кушод духта шудабошад. Яъне Духташ танг набошад ки ҷойҳои ҳассоси занро намоён кунад.

3)  Ҷуз руй ва кафи даст дигарҷои бадани занро пушонад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Дар назди шавҳар риъояи зиҷоб шарт нест
Суолкунанда: Фотимаи Х. ш.Душанбе
Таърихи суол: 11/11/2010
Матни Суоли 12

Асалоиу алайкум бобои Эшон.  Ману  шавхарам мухлиси ашадии шумо хастем.Аз шумо суоле дорам. 1.Оё дар  хонаи танхо бо либосхои варзиши ба варзиш машгул шавам  дуруст аст ё не???Оё дар  хона,  танхо дар назди  шавхарам метавонам сари луч бо куртаи остин кутох рох гардам??? Як  муллое ба ман гуфт, ки то хангоми хоб сари луч, бо куртаи  остин кутох хатто дар назди шавхар дуруст нест рох гаштан, чунки  ончо малойкаи рахмат гузар намекунад. Суханхои ин мулло то чи дарача дуруст аст???Илтимос чавоб гардонед. Худованд нагахбонатон!!!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале хоҳари исломӣ модоме, ки дар назди шавҳаратон бошад ,боке надорад. Инчунин дар назди шавҳаратон ҳар тарзе, ки дуст доред, либос пушед ва инчунин бигардед, боке надорад. Касе, ки гуфтааст, дуруст нест, ҳеҷ далеле надорад. Барои ҳаром гуфтани я масала далели шаръи лозим на чунин суханҳо. Суханҳои ҳамон мулло тамоман асл надорад хато нодуруст аст. Дар паноҳи Худо бошед.


Ҳукми ҳамхобаги зану шавҳар ҳар ҷуре ки хоҳанд
Суолкунанда: Сафарбек Иркутск
Таърихи суол: 11/11/2010
Матни Суоли 11

Салом домулои азиз Эшони Нуриддинчон. ба саволи ман чавоб гуед илтимос.мегуяд,ки зан ба болои мард дар холати хамхобаги мумкин нест?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣҳеҷ боке надорад. Ҳар тавре, ки зану шавҳар хоҳанд ҳамхобагӣ мекунанд. Боке надорад. Зеро Худованд дар Қуръон фармудааст: "Занҳои шумо маҳалли кишти шумо ҳастанд. Пас бо ҳамсаронатон ҳар тавре, ки бихоҳед ҳамхобагӣ кунед". Сураи "Бақара".


Хурофоти мудерн
Суолкунанда: Munzifa 1u
Таърихи суол: 17/07/2011
Матни Суоли 10

савол = шахсоне ки бо таври смс ва дигар воситахо ба мо порчахоеро рои мекунанд ки ин порчахоро ба 10 кас равон кун ба муродат мераси. магар инхо ростанд.

Посух

Ва алайкумус салом ва  раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ ба чунин чизҳо бовар накунед. Ба муроду мақсад расондан танҳо дар дасти Офаридгори мову шумо аст. Инҳо ҳама амалҳое мебошад, ки аз ислом берун аст ва бовар кардан ба  он гуноҳ аст.


Дусти кардан бо зани фосиқа
Суолкунанда: ФОТИМА
Таърихи суол: 01/07/2011
Матни Суоли 09

Асалому алаикум устодиазиз ман як коркардам намедонам гунахгорам ёне дар назди Парвардигор Бобочон баман фахмонед мо дар массква зиндаги дорем занхои точик бенихояд бисёранд мосатри аврат дорем ман ва як зани дигар ду зани дигар либоси точики ва руимоли маида доранд ва якзани точик либосхои ним барахна дорад ба урусо монанд аст рузи тавалудашро каидкард мо хамаги занхо бахамончо рафтем дар дастархонаш канияк мондаги ман гуфтамки гир гуфтки мон истад ман боз гуфтамки гир хулоса гирифт мо каме шиштем дузани рус омад ва инзани мусулмон каниякро оварда инзанхо нушидан инзани точик боинхо гуфтугу мекард мо зуд хестем зани муло харохамон буд ман худро сарзаниш кардамки кошк намеомадам вокеаро бошавхарам гуфтам гуфтки ту гунахгори садкаи номи мусулмони шави хаифи сатри пушидаят тобаи аз сискидил кун вагарна ту боин рафторат дарназди Парвардигор кадрехам надори оё дуруст аст Бобочон чикор кунамки гунохамро гузарад ба ман маслихат дихед ташакури зиёд

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ аввал ин, ки шумо бояд ба чунин ҷашнҳо намерафтед. Зеро ҷашн гирифтани рузи таваллуд аз идҳои мо мусалмонон нест ва касе, ки худашро ба қавме ташбеҳ кунад ҳамроҳи ҳамонҳо ҳашр хоҳад шуд. Дуюм ин, ки зани мусалмон набояд бо як зани фосиқу беҳиҷоб дустӣ барқарор кунад. Хатои шумо дар инҷо аст. Аммо ба ҳар ҳол модоме, ки худатон қайд кардед наҳйи аз мункар кардед ва ба он зани фоҷира гуфтед, ки арақро аз дастархон бардорад. Иншоаллоҳ умед аст, ки Аллоҳ гуноҳи шуморо гузарад. Ба шумо тавсия мекунам ба чунин занҳо дустӣ накунед. Агар ҳам кардед ба хотири даъвати вай ба ҳиҷобу намозу руза дустӣ кунед. Худованд сафи шумо занҳои ҳиҷобиро зиёд гардонад.


Тарси аз Аллоҳ
Суолкунанда: як гурх занхо
Таърихи суол: 01/07/2011
Матни Суоли 08

асаломуалайкум бобоиэшон худованд шуморо нигахбон бошад басаволхои мо чавоб дихед мо якгурух занхо дар русия мебошем мо сари луч мегардем лекин бехад а худо метарсем вактеки сатр бандем русхо бад нигох мекунанд хатто чанд маротиба дар руямон гуфтанд ки дар чои мо бо сару либоси мо гардед бобочон чи кор кунем хамаи мо кор мекунем хамрохи шавхархоямон бисери вакт намозхоямонро казо мекунем намехохем ки бесатру бе намоз гардем лекин зиндаги мачбур карда истодааст дар чои мусофир. чазои мо дар назди худованд чигунааст бобочон маслихат дихед чи кор кунем кор накунем маоши шавхарамон бо рузгор намерасад барои мо занхои бадбахт чи гуфтаниед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ Худованд мефармояд : “Ҳар кӣ тарси Аллоҳ дар дил дошта бошад, Худованд вайро аз роҳҳои гуногун ризқу рузӣ медиҳад”.  Тарси Аллоҳ ин аст, ки гуфтаҳои Уро анҷом бидиҳӣ. Тарси Аллоҳ ин аст, ки аз ҳаромҳои Худо боз истӣ. Тарси Худо ин аст, ки сатри аврат бикунӣ. Ба мо зиёд занҳое ҳастанд дар Русия, ки дар тамос ҳастанд. Алҳамдулллоҳ ҳамаи онҳо дар онҷо ҳиҷоби исломиро риоя мекунанд. Руссия аз кишвари мо дида нисбат ба ислом нармтар аст. Қонунҳои он кишвар ҳиҷобро манъ накардааст. Ман ҳайрон чи ҷои тарс аст дигар. Ба Аллоҳ қасам ин узри шумо оварда дар назди Аллоҳ қабул намешавад. Бинобар ҳамин ба шумо тавсия мекунам сатри исломӣ, ки фарз аст баҷо оред. Чуноне, ки дар ояти дар боло оварда шуда зикр кардем ҳар касе тарси Худо дошта бошад ва сатру ҳиҷоби исломиро баҷо орад Худованд худаш уро ризқу рузияшро фароху кушод мекунад. Аз тарафи дигар шумо гуфтед намозҳоятон қазо мекунед. Охир ҳеҷ чиз барои қазо кардани намоз далел шуда наметавонад. Худованд ҳатто дар ҳолатҳои бемории шадид, ки бемор аз ҷой хеста наметавонад иҷозаи тарки намозро надоданд. Дар чунин ҳолатҳо бо ишора ва таяммум намоз хонданро фармудааст. Пас чи гуна узри шуморо бипазирад? Шуморо тавсия мекунам намозҳоятонро хонед ва ҳиҷоби исломиро ба ҷо оред. Инро мегуянд тарси аз Аллоҳ. Худованд ҳамаи занҳои кишвари моро аҳли тақвову боҳиҷоб бигардонад. Омин


Ҳукми хушбуи барои занҳо
Суолкунанда: QurbonaliasSankpeterburg
Таърихи суол: 06/06/2011
Матни Суоли 07

Асалому алайкум варахматуллохи ва баракотуху бобои Эшон Худованд шумо ва хонадони шуморо дар аммонаш нигох дорад.Суоле дорам илтимос чавоб гуед зан агар атр ё хушбуйи карданро ба гайр аз хавас кунад харом аст чун,ки модархое хастанд,ки барои буи бад накунан то,ки дигарон аз у озор набинанд истифода мекунанд.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Истифодаи хушбуӣ барои зан дар ҳоле нодуруст аст, ки зан худашро хушбу ва оро дода ба куча барояд, то ин ки дигар мардонро ба худ ҷалб кунад. Вале хушбуӣ дар хона инчунин барои буи арақро аз  худ дур кардан хуб аст.


Ҳукми дашномдодани шавҳар
Суолкунанда: ato_alloh
Таърихи суол: 06/06/2011
Матни Суоли 06

ассалому алаекум варахматуллохи ва баракоту домулои азиз ЭШОНИ НУРИДДИН ЧОН якзан дар назди волидайни худ гуф ки шавхарамро мисли хар мебинам дар ислом хукми ин зан чист ва хукми инчунин волидайн чистки ки ба сухани фарзанди худ рози хастанд

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Чунин зан муртакиби гуноҳи кабира шудааст. Вай бояд ба хотири чунин суханаш тавба кунад. Зеро эҳтироми шавҳар бар гардани зан воҷиб аст. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар як ҳадиси муборак фармудааст: “Агар саҷда кардан дар пеши махлуқ дар шариати ман ҷоиз мебуд, албатта занро амр мекардам, ки ба шавҳари худ саҷда кунад”. Ривояти Тирмизӣ ва  Аҳмад.

Инчунин падару модари он зан, ки ба сухани вай гуш карда уро чизе нагуянд ин ба маънои розигии онҳо ба чунин сухан аст ва гунаҳкор шудаанд. Зеро сукут кардани дар гуноҳ худаш кумаки дар  маъсият ҳисоб мешавад ва гуноҳ аст.


Ҳукми задани зан
Суолкунанда: Нисо
Таърихи суол: 27/05/2011
Матни Суоли 05

Ассалому алейкум Бобои Эшон аз шумо хохиш менамоям ки ба саволи манн чавоб гуед.ман хаминруз ба шавхарам авкот кардаму ба руи дастурхон овардам ,(картошкабирён ва салат)ман барои у вилка наовардаму у хеста бо кахр рафта худаш овард,ман уро гуфтам ки авкотро бо датс хурданаш даркор,гап гардонди гуфту хесту маро зад,ман чи гунох гирифтам ё у чи гунох гирифт?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ бо даст таом хурдан суннат аст. Вале агар бо қошуқ ё вилка хурдан боке надорад ва ҳеҷгуна гуноҳ нест. Бинобар ҳамин шумо набояд вайро водор мекардед, ки бо даст хурад. Аммо барои заданаш гуноҳи бузургеда муртакиб шуда аст. Лозим аст, ки аз шумо талаби бахшиш кунад ва тавба ба даргоҳи илоҳи. зеро шариъати ислом барои мард дар ягон ҳолат иҷозат додаги нест, ки бо мушту лағат занад ҳамсарашро. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми ширдодани тифл дар ҳолати ҷанобат
Суолкунанда: modar
Таърихи суол: 27/05/2011
Матни Суоли 04

Assalomualaykum varahmatullohba boboieshon azhudovandumed doramshumoro salomat nigahbidorad vaazshumo iltimosi duodoram. suol. Dar yakjavobishumo hondamin kibadazbo shavharham jogashudangayraz quronhonivu namozuruza digar korbaroi zan joizast. Oyoshir dodan ba kudak qablaz gusl joizast .tashakur

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Модари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Бале, кудакро шир додан низ дар вақти ҷунуб ҷоиз аст ва боке надорад. Вале агар пеш аз шир додан ғусл кунед боз беҳтар аст. Зеро дар ривоятҳо омадааст, ки модарони абармардони ислом ҳамчун Бухорӣ нақл кардаанд, ки на танҳо дар ҳолати ҷунуб балки бетаҳорат тифли худро шир намедодаанд. Аз ин сабаб аз онҳ чунин шахсони нобиға ба воя расида барои хидмати ислом бузург шудаанд.


Барои хондани Қурьон ҳиҷоб шарт аст?
Суолкунанда: KHOHARIISLOMI
Таърихи суол: 08/05/2011
Матни Суоли 03

ASSALOMU ALEYKUM BOBOJON.KHUDOVAND SHUMO VA AHLI OILAISHUMORO DARPANOHASH NIGAH DORAD. BOBOJON ZAN METAVONAD BEAVRATKURONKHONAD , YO DAR VAQTI KURONKHONDAN TIFLASHRO AZ PISTON SHIRDIHAD. KURONRO MEKHONAMU AZBAZEKALIMAHOYASHD ARAKMEKUNAM, KI SUKHAN DAR BORAI CHIST. TARJUMAASHRO NAMEDONAM. YANE AGAR TARJUMAASHRO NADONISTA KHONEDAM SAVOBASH BA HARHARFASH 10 HASANOT DAR NOMAIAMOLNAVISHTA MESHAVAD? MO BO AHLI OILA SHUMO VA AHLI OILAI SHUMORO DUST MEDOREM. DOIMO INTIZORI AMRU MARUFHOI NAVI SHUMOEM.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Зан дар ду ҳолат амр ба ҳиҷоб шудааст; вақте, ки вайро шахсони бегона ё номаҳрам бубинанд, инчунин дар вақти намоз хондан. Дар дигар ҳолатҳо мисли хондани Қуръон ва ё ҳалқаи дарсӣ, ки фақат занҳо бошад беруймол боке надорад. Хондани Қуръон дар ҳолати шир додани тифл низ ҷоиз аст. Зеро ҳеч яке аз аҳли илм инро инкор накардааст ва инчунин ҳеҷ насси шаръие дар бораи мамнуъ будани он наомадааст.

Хондани Қуръони карим ба ҳар ҳарфаш 10 савоб дорад. Фарқ надорад, ки шумо маънои онро бифаҳмед ё не. Худованд нигаҳбонатон.


Оё ҳевар барои зан маҳрам аст?
Суолкунанда: МУСТАФО
Таърихи суол: 01/05/2011
Матни Суоли 02

Салом Бобои Эшон,Худо шуморо нигах дорад ва душманои шуморо Худо несту нобут кунад Омин,саволам чунин аст оё Хамсарам метавонад дар байни хонадонмон масалан дар пеши Падару Модарам Бародаронад ва Хохарам бо куртаи остинкалтаву бо руймоли майда гардад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Зан дар назди маҳрамони худ метавонад кашфи ҳиҷоб кунад. Худованд дар Қуръони гуруҳи маҳрамони занро, ки дар назди онҳо зан метавонад беҳиҷоб бошад чунин зикр кардааст: “Занҳои мусалмон боя зиннати  худро  аз дигарон бипушонанд, магар ба шавҳарони худ, ё падарони худ, ё фарзандони худ, ё писарони шавҳари худ, ё бародарони худ, ё фарзандони бародарони худ ва ё фарзандони хоҳарони худ”. Сураи “Нур” ояти 31. Дар зимни маҳрамони дар ин оят зикршуда бародари шавҳар наёмадааст. Яъне зани шумо набояд дар назди бародаронатон беҳиҷоб бошанд. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар ҳадиси мубораке фармудааст: “Бародарони шавҳар марганд” яъне ҳевар барои зан хавфнок аст.


 Баъди покшудан аз ҳайз бояд намози вақтиро хони?
Суолкунанда: Гулрухсор
Таърихи суол: 01/05/2011
Матни Суоли 01

Ассалому алайкум Бобои Эшон. Ман як мухлиси шумо ва бародарони шумо хастам. Як саволе пайдо шуд барои ман. Вакте зан аз хайз пок мешавад ва гусл мекунад, ки соат 9-10 шаб аст. Кадом намозро бояд адо кунад, факат хуфтан, е ки хуфтанро нахонад хам аз сараш сокит мешавад? Дар хакки мо занхо низ дуо кунед, ки пайрави аз Куръону Суннат кунем. Худованд шуморо аз хама гуна офатхо заминиву осмони дар панохаш нигах бидорад Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракатуху!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки вақти намози хуфтан даромада буд, ки зан аз ҳайз пок шуд агарчи дертар ҳам ғусл кунад, бояд намози хуфтанро бихонед. Худованд шуморо занҳои пайрави мадрасаи Оишаву Фотима ва дустдорони исломи азиз бигардонад ва бароятон бахту саодат насиб кунад.


 
 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com