Ассалому алайкум бобои Эшони Нуриддинчон Худо
нигахбонатон бод суол насрони ё яхуди ё гайри
дини ислом ба чаннат медароян ё на агар ичозат
бошад бо хадису оятхои Куръон чавоб гардонед як
одам мегуяд аз мо точикхо русхо юисёр чаннат
медароян ва барои мо чоям нест дар чаннат пур
шудаги мегуяд ин суолро илтимос чавоб гардонед
ман нишон тиям ба у Худо нигахбон
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ, аввалан
мехоҳам гуям, ки он шахсе, ки ба шумо гуфтааст
ҷаннат пур шудааст ва барои мо ҷо нест (валъиёзу
биллоҳ) ба ин гуфтааш аз дин берун шудааст. Агар
ба Худо имон дошта бошад аз ин гуфтааш тавба
намуда,дубора калимаи
шаҳодатро гуяд ва илло беимон ҳисоб аст.
Аммо дар мавриди саволатон
бошад, ғайр аз мусалмон ҳеҷ кас ва ҳеҷ дин ҳақ
нест ва ҳаргиз вориди ҷаннат нахоҳанд шуд.
Қуръон сартопо пур аз далел дар ин мавзуъ
ҳастанд. Аз ҷумла Худованд гуфтааст: “Ҳар касе,
ки ҷуз ислом дини дигареро бипазирад ҳаргиз аз у
қабул намешавад ва у дар охират аз ҷумлаи
зиёнкорон аст”. Худованд низ фармудааст: “Ҳамоно
ононе, ки кофир шуданд аз аҳли китоб (яъне яҳудӣ
ва масеҳӣ) ва мушрикон дар оташи дузах ҷовидон
хоҳанд монд”. Пас бидуни шак ҳар касе ҷуз ислом
диёнати дигаре дошта бошад, он диёнати у ботил
ва у аз аҳли ҷаҳаннам хоҳад буд. Дар паноҳи
Аллоҳ бошед.
Оё Ҷабраил дар
расондани рисолати ислом иштибоҳ кард (валъиёзу
биллоҳ)
assalomu alaykum va
rahmatullohi va barakotuh Khudovand dar quron
farmuddast ki (innaloha la yaghfiru ay yushraka
bihi va yaghfiru mo duna zalika limay yasho(Surah
Niso )) Oyo khudovand to abad Shirkro
namebakhshad ? mekhostam anvoi shirkro
mefarmuded dar amoni khudo boshed
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ
Ширк яке аз гуноҳҳони
бузурге аст, ки Худованд дар Қуръон гуфтааст, ки
ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ғайр аз ширк. Зеро
дини Ислом маҳз барои нобудии ширку бутпарастӣ
омадааст. Хулоса ширк ду навъ мешавад; ширки
акбар ва ширки асғар. Навъи ширке, ки Худованд
намебахшад ширки акбар аст. Аз ҷумлаи ширки
акбар аз мурдагон кумак ва мадад хостан ва
хулоса ғайр аз Худоро дар корҳои марбути
Худованд ҳамчун мададгор донистан аст. Агар ба
шарте, ки шахси ширковаранда қабл аз марг аз
гуноҳаш тавба кунад ва роҳи яктопарастӣ ва
тавҳидро пеша кунад, иншоаллоҳ Худованд уро
мебахшад. Аммо агар ба чунин эътиқод бимирад
Худованд уро ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Ҳукми ширк ва анвоъи он
Суолкунанда:
abdulloh
Таърихи суол:
16/01/2012
Матни Суоли 27
assalomu alaykum va
rahmatullohi va barakotuh Khudovand dar quron
farmuddast ki (innaloha la yaghfiru ay yushraka
bihi va yaghfiru mo duna zalika limay yasho(Surah
Niso )) Oyo khudovand to abad Shirkro
namebakhshad ? mekhostam anvoi shirkro
mefarmuded dar amoni khudo boshed
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ
Ширк яке аз гуноҳҳони
бузурге аст, ки Худованд дар Қуръон гуфтааст, ки
ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ғайр аз ширк. Зеро
дини Ислом маҳз барои нобудии ширку бутпарастӣ
омадааст. Хулоса ширк ду навъ мешавад; ширки
акбар ва ширки асғар. Навъи ширке, ки Худованд
намебахшад ширки акбар аст. Аз ҷумлаи ширки
акбар аз мурдагон кумак ва мадад хостан ва
хулоса ғайр аз Худоро дар корҳои марбути
Худованд ҳамчун мададгор донистан аст. Агар ба
шарте, ки шахси ширковаранда қабл аз марг аз
гуноҳаш тавба кунад ва роҳи яктопарастӣ ва
тавҳидро пеша кунад, иншоаллоҳ Худованд уро
мебахшад. Аммо агар ба чунин эътиқод бимирад
Худованд уро ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Ҳукми ширк ва анвоъи он
Суолкунанда:
abdulloh
Таърихи суол:
15/05/2011
Матни Суоли 26
assalomu alaykum va
rahmatullohi va barakotuh Khudovand dar quron
farmuddast ki (innaloha la yaghfiru ay yushraka
bihi va yaghfiru mo duna zalika limay yasho(Surah
Niso )) Oyo khudovand to abad Shirkro
namebakhshad ? mekhostam anvoi shirkro
mefarmuded dar amoni khudo boshed
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ
Ширк яке аз гуноҳҳони
бузурге аст, ки Худованд дар Қуръон гуфтааст, ки
ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ғайр аз ширк. Зеро
дини Ислом маҳз барои нобудии ширку бутпарастӣ
омадааст. Хулоса ширк ду навъ мешавад; ширки
акбар ва ширки асғар. Навъи ширке, ки Худованд
намебахшад ширки акбар аст. Аз ҷумлаи ширки
акбар аз мурдагон кумак ва мадад хостан ва
хулоса ғайр аз Худоро дар корҳои марбути
Худованд ҳамчун мададгор донистан аст. Агар ба
шарте, ки шахси ширковаранда қабл аз марг аз
гуноҳаш тавба кунад ва роҳи яктопарастӣ ва
тавҳидро пеша кунад, иншоаллоҳ Худованд уро
мебахшад. Аммо агар ба чунин эътиқод бимирад
Худованд уро ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Қуръони
карим китоби Худованд аст. Олимони аҳли суннат
эътиқод ба он доранд, ки Қуръони Карим на махлуқ
аст ва на холиқ. Балки Қуръон каломи Худованд
аст. Имом Байҳақӣ гуфтааст, ки аз Муҳаммад ибни
Саид Ассобиқ ривоят аст, ки гуфтааст: Аз Абуюсуф
(шогирди имом Аъзам) пурсидам; Оё имом Абуҳанифа
эътиқод бар он дошт, ки Қуръон махлуқ аст?
Абуюсуф гуфт: «Худо паноҳ диҳад! На ман ва на
Абуҳанифа чунин эътиқод надорем». Имом Аҳмад
мегуяд, ки ҳар касе эътиқод бар он дошта бошад,
ки Каломи Худо махлуқ аст, кофир мешавад.
Худованд паноҳ диҳад.
Дини баҳоият чи дин аст?
Суолкунанда:
firuz
Таърихи суол:
06/06/2011
Матни Суоли 24
ESHONI NURIDDINJON AZ SHUMO HOISH DAR BORAY DINI
BAHOI YAK TASVIR DIHED. DAR SHAHRI HITOY
BISEYORI TOJIKOI MO AY IMON DYRAN AY ISLOM DUR
SHIDIYAN,ILTIMOS ESHONI NURIDDINJON.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Баҳоият як дини ихтироъ карда шудаааст, ки дар
пушти он дастҳои истеъморгарони инглиси он вақта
меистанд. Ин оинро як нафар бо номи Ҳусайналӣ,
ки лақабаш “баҳо” буд, ихтироъ кардааст.
Хусейналӣ дар рустои Нур и минтақаи Мозандарони
Эрон ба дунё омадааст. Ин шахс худашро паёмбар
эълон кард ва гуё бо омадани вай шариати ислом
дигар бекору мансух шуда аст. У муддате ба ин
иддои худ монда, сипас ба он басанда накарда
мудаъии улуҳият шуд. Ба ин маъни, ки вай руҳи
Худо дар руи замин аст ва тамоми паёмбаронро гуё
худи вай ба дунё фиристода аст. Дар ин ҷо ба
таври хулоса умдатарин идеологияи баҳоиятро баён
медорем:
1)Ҳамаи динҳо динҳои саҳеҳ буда, Таврот ва
Инҷил таҳриф нашудаанд ва хотимаи динҳо баҳоият
мебошад.
2) Муътақид ба таносухи коинот ҳастанд ва
подошу ҷазоро дар рузи қиёмат марбут танҳо ба
руҳ медонанд на ба ҷисм.
3) Буддо, Конфуси, Браҳма ва Зардушт ва тамоми
ҳакимон дар Ҳинд, Чин ва Форсро паёмбар медонанд.
4) Ҷамиъи ибодатҳои исломиро қабул надошта, дар
назди онҳо намоз фақат 9 ракаат аст ва қиблаашон
Акко мебошад, ки дар Исроил воқеъ аст.
5) Мункири муъҷизаҳои паёмбарон ва фариштагон
ва ҷинҳо мебошанд ва ҷаннату дузахро инкор
мекунанд.
6) Муътақиданд, ки баҳоият бо омаданаш дини
исломро бекор ва насх кардааст.
7) Издивоҷро инкор мекунанд ва муътиқиди
баробарии зану мард ва озодии ҷинсӣ байни зану
мард ҳастанд. Яъне дар ақидаи онҳо ҳар зану мард
озодона метавонанд бо ҳар кассе, ки бихоҳанд
робитаи ҷинсӣ дошта бошанд.
Ҷамиъи уламои ислом иттифоқ бар ин доранд,ки
дини баҳоӣ як дини ботил ва бофташудаи ғарб
барои заиф кардани мусалмонон мебошад ва ҳар
кассе, ки эътиқод ба ин дин дорад аз ислом берун
ва кофир аст. Дар пушти таъсиси ин дини ботил
дасти душманони ислом ба хусус яҳудиён меистад.
Дар ин бора зиёде аз пажуҳишгарон навиштаанд.
Ҳукми такфири шиъа
Суолкунанда:
komiljon
Таърихи суол:
06/05/2010
Матни Суоли 23
asalomu alakum dumuloi shirin sukhan eshoni
nuridinjon man baroishumo ykdu savol doram
mekhoham bosavoliman javobi pura gardoned junki
insavol baroi manham shud dar in bora jizeguftan
natonistam savol aval. bayni suniu shia
jifarqdorad bad mo ahli sunat oyo shiahoro
barodar gufta metonem yinki ne .duvum ,ibnitaymiyaro
ki yke azolimhoi islom ast hamin gab
haqiqatdoradmi ki qavmi hamon vaqta ibni
taymiyaro kofir guftaand oyo inrost hast ye, man
intizori javobi in savolhoro intizoram.iltimos
javob dihed .
Посух
Ва алайкумуссалом ва рахматуллоҳи ва баракотуҳ!
Бародари
исломӣ байни суннӣ ва шиъа фарк дар масъалаи
усул дар имомат аст ва дар дигар масъалаҳои усул
онҳо бо мо ҳамакида ҳастанд. Дар масъалаҳои
фуруъ ҳам баъзе ихтилофот байни мову мазҳаби
ташайуъ ҷой дорад. Аммо масъала он аст, ки имруз
уммати исломӣ эҳтиёҷ ба канорагирӣ аз ҳар навъ
ихтилофот дорад. Зеро ин уммат имруз сахттарин
рузгори худро пушти сар карда истодааст. Шумо
худатон шоҳиди чангҳои салибии ин замона ҳастед,
ки чи кадар бар зидди мусалмонон накшаву макрҳои
шум мекашанд.Охир магар ин уммат дигар коре
надорад, ки дунбол он равад. Дигар мушкилот
надорад, ки чунин масъалаҳоро ба руяш
мекашанд.Ман борҳо гуфта будам, дар хутбаи
ҷумъа, ки ман чуноне,ки як бародари ҳанафии
ҳамхуни мо ба мазҳаби дигари аҳли суннат гаравад,
безорам инчунин аз он ҷавони тоҷике, ки шиа
шудааст,безорам.Ҳадафи мо танҳо дар ин замони
сахттарин барои уммати ислом бедории руҳияи
исломии ҷавононамон ва ҳифзи иффати занонамон ва
ғайра аст. Гузашта аз ин мо пайравони акидаи
Абуҳанифа эътикод бар он дорем, ки аҳли кибларо
кофир гуфта намешавад. Чуноне, ки худи имом
Аъзам инро гуфтааст. Шиаъ ҳам аз аҳли кибла
ҳаст.
Дар бораи бародар гуфтани шиаҳо
ҳаминро мегуям, ки Куръони карим кавми Одро, ки
кофир буданд ва аз байнашон Ҳудро фиристод,
калимаи “ах” яъне бародарро истифода бурда чунин
мефармояд; (Ва бар кавми Од бародарашон Ҳудро
фиристодем) Бубинед Куръон бар кавми Од, ки
кофир буданд Ҳудро бародарашон гуфт. Чи гуна мо
наметавонем бар шиъ ин ибораро истифода барем ва
ҳоло он, ки онҳо ба худову, паёмбару Куръони мо
имон доранд. Агарчи дар баъзе масъалаҳо ихтилоф
дошта бошем ҳам.
Аммо дар бораи шайхулислом Ибни Таймия бошад,
чунин суханҳо дар ҳакки вай туҳмат аст. Вокеан
Ибни Таймия яке аз олимони машҳури аҳли суннат
аст, ки соҳиби муаллафот ва китобҳои ба шуморе
ҳаст. Дар бораи Ибни Таймия Ибни Ҳаҷари Аскалонӣ
чунин гуфтааст; “Бар алайҳи баъзе афкори Ибни
Таймия ҷамоате аз олимон бархоста онро рад
кардаанд. Аммо дар таърих аз ҳеч кадоми ин
олимон ёд нашудааст, ки Ибни Таймияро ҳукм ба
куфр карда бошанд ва ё ҳукм ба рехтани хунаш
бароварда бошанд бо вуҷуде, ки нафарони
мутаассиб бар зидди вай буданд”. Беҳтарин
суханро дар мавриди Ибни Таймия алломаи ҳанафӣ
Абдулҳай Лакнавӣ дар ҳошияи китобаш
“Аннофиулкабир” гуфтааст; “Мардумон дар асри мо
перомуни Ибни Таймия ба ду даста таксим
шудаанд.Гуруҳе дар кабули афкори Ибни Таймия
зиёдарави ва муболиға карданд. Ҳатто раъйи уро
мисли ваҳйи осмонӣ кабул карданд, агарчи
мухолифи раъйи ҷумҳури олимон бошад. Гуруҳи
дигаре уро ба сабаби баъзе аз мухолифтҳое, ки бо
ҷумҳури олимони аҳли суннат доштааст, аз аҳли
суннат хориҷ медонанд. Аммо ман (яъне Абдулҳай
Лакнавӣ) дар миёни ин ду тоифа ҳастам.Дар
мавриди ибни Таймия он чизеро мегуям, ки имом
Заҳабӣ гуфта буд; Ибни Таймия олими беназир,
баҳре аз илм ва шайхулислом аст. Аммо бо вуҷуди
ин у низ мисли мо башар аст, ки дар вай эҳтимоли
гуноҳ ва хато ҳаст. Пас бояд инсони мусалмон
забонашро за бадгуии ин олими бузургвор нигаҳ
дорад. Дар гуфтаҳояш бо диккат назар кунад. Агар
дуруст бошад онро кабул кунад ва агар на бидуни
бадгуӣ онро канор гузорад”. Сухани мавлоно
Абдулҳай инҷо тамом шуд. Саҳ.39. Оре бародарони
исломӣ хеҷ вакт забонатонро ба бадгуии олимон
одат накунед! Ибни Таймия олим ва шайхулислом
буд. У муҷтаҳид буд. Муҷтаҳид агар дар фатвои
худ хато кунад як аҷр мегирад ва агар дуруст
бошад соҳиби ду аҷр мешавад.
Шиъаро кофир гуфтан
мумкин аст?
Суолкунанда:
homidkhoi matlubkhon
Таърихи суол:
12/05/2010
Матни Суоли 22
asalomu alekum boboi eshon khudo shumoro va
barodarotona nigah dorad man yk tolib ilm
mekhoham basavoli man javob dihed shiara kofir
guftan durust ast yo ne ckandin odamora guftem
megun kofiran bopuragi az kuronu sunat javob
dihed man yke az avlodonu mukhlisoni shumo ddar
Посух
Ва Алайкумус салому ва раҳматуллоҳ
Бародари исломи, зиёде аз олимони муосирро дар
ин бора пурсиданд. Аз чумла доктор Рамазон Бути
чунин гуфтааст: Шиа аз ҷумали фирқаҳои исломи
аст. Такфир (яъне кофир ълон кардани ) онҳо ҷоиз
нест. Аммо ин, ки мегуянд онҳо саҳобаро дашном
медиҳанд дар ин масъала кассе, ки дашноми саҳобаро
мекунад фосиқ мебошад на кофир . Баробар аст
ҳамон дашномдиҳанда шиа бошад ё сунни.
Олимони гузаштаи аҳли суннат дар масъалаи такфир
хеле эҳтиёт мекарданд. Ҳеҷ касро то собит шудани
далели қатъи ҳукм ба куфр намекарданд. Имом
Аъзам низ дар робита ба такфир чунин гуфтааст;
“Ҳеч яке аз аҳли қибларо ҳукм ба куфр намекунем”.
Фарқ байни ҳанафи ва
салафи дар чист?
Суолкунанда:
Mehrafruz
Таърихи суол:
01/05/2010
Матни Суоли 21
Assalomu alleykum eshoni buzurgamon Nuriddinjon.
Man yak savole doram mehoham javobashro az shumo
bigiram. Boboi Eshon in savolro gued ki farkiyat
bayni Salafi va Hanafi dar chist ki Imruz dar
Tojikistonamon Salafihoro ganda mebinand va ba
zindon mekashan vа Mazhab doshtan hatmiast dar
Islom zero ki bisyor shahsoni marifatro medonam
ki mazhb nadorand takya ba Quronu sunnat
mekunand hamina javobashro ba injo navised!
Assalomu
alleykum va rahmatullohu va barakotuh.
Посух
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Бародари исломӣ салафиҳо мисли мо як тоифаи
исломӣҳастанд. Фаркият байни мову онҳо дар баъзе
масъалаҳои фаръӣ аст. Аммо дар умум мо такрибан
муттафикем. Аммо аз он, ки гуфтед имруз салафиҳро
ба зиндон мекашанд ман ҳам нороҳат ҳастам. Бояд
бо ин ҷавонҳо аз роҳи гуфтугу ва нисиҳат ва
дигар роҳҳо пеш гирифта мешуд на ин, ки зиндони
карда шаванд. Ман ҳеч вакт тарафдор нестам, ки
як бародари мусалмон ба маҳзи эътикодаш ба
зиндон кашида шавад. Зеро ин роҳи ҳал нест. Аммо
дар масъалаи мазҳаб доштан, оре бародари азиз
барои мову шумо мазҳаб доштан ҳатмист. Он
касонеро, ки гуфти мазҳаб надоштанд онҳо худ
олим ва муҷтаҳид ҳастанд Ҳоло вакте, ки ба марҳилаи
онҳо расидӣ дар илму фикҳи исломӣ он вакт
метавонӣ мазҳаб надошта бошӣ.
Ҳукми кофир гуфтани
қабр парастон
Суолкунанда:
Хочи
Таърихи суол:
02/06/2010
Матни Суоли 20
Худованд нигахбонат бошад дохии чонфидо дар рохи
Худо ва хакикатгу. Кош дар Точикистон ба мисли
Шумо акалан 10 нафар пайдо мешуд.
Бобочон
аз Шумо саволеро пурсонам.
Шахсе ба назди кабри бузурворе рафта аз у талаби
шифо мекунад, Оё уро кофар метавон хонд? Агар не
хукам чист?
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ Олимони исломӣ дар масъалаи
такфир хеле эҳтиёт мекарданд. Бедалелу мадрак ва
шавоҳид касеро ҳукм ба куфр намекарданд. Бинобар
ҳамин фикри ман дар чунин масъала ин аст, аввал
он шахсро бояд бо далелу санад фаҳмонид, ки ин
кори вай дар шариат ширк аст. Бояд инсон шифоро
аз Худо талаб кунад на аз мурдагон... Вақте, ки
он шахс ин суханонро қабул накунад сипас мешавад
уро ҳукм ба куфр кард.
Ҳукми шахси арақ нуш
Суолкунанда:
Курбонали
Таърихи суол:
02/06/2010
Матни Суоли 19
АССАЛОМУ АЛАЙКУДОМУЛЛОИ МУХТАРАМ. Ман бо марде
кор мекардам вай намоз мехонду ва пеш аз намоз
хондан 50 грамм арак мехурд ва ман бар ваи
мекуфтам ки интавр накунед нахо одам пеш аз
намоз арак нушад ва намоз хонад ваи бар ман гуфт
ту аз гучо медони арак ним соат пас буг мешавад
ва намоз хони мешавад , худованди карим бо ин
хел одамхо чи хел рафтор мекунад дар рузи киемат
хаир бобои эшони дар панох худо бошед
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад.
Агар ҳамон шасхи арақнуш ҳамон арақхуриашро
ҳалол донад кофир шудааст. Агар зан дошта бошад
никоҳаш бо вай бурида аст. Аммо агар ҳалол
надонад у фосиқ аст эҳтимоли дарафтодан дар
азоби дузах бар вай аст. Аз тарафи дигар ин
рафтори вай як навъ ба тамасхур кашидани дин аст,
ва тамасхур ба дин куфр аст. Охир чи гуна инсон
дар ҳоли омодагӣ ба ибодати Худованд кореро
мекунад, ки Худо онро шадидан маҳкум кардааст?!
Шумо додари азиз вайро насиҳат кунед, ки аз ин
роҳаш баргардад ва илло гирифтори оташи дузах
мегардад. Худованд паноҳ диҳад.
Саҳюнист аз яҳуд чи
фарқ дорад?
Суолкунанда:
Айни
Таърихи суол:
02/06/2010
Матни Суоли 18
Бобои Эшон, Худо нигахбони Шумо Сахюнист аз яхуд
чи фарк дорад?
Посух
Саҳюн номи як куҳе аст дар
сарзамин Фаластин, ки онро куҳи Довуд низ
мегуянд. Дар шаҳри Кудс воқеъ аст. Яҳудиён
мувофиқи китобҳои таҳрифшудаашон эътиқод бар он
доранд, ки бояд Масҷиди Ақсо вайрон карда шавад
ва баҷояш ҳайкали Сулаймон бино шавад. Пас аз он
Исо ба замин фаромада ҳама мардуми ғайри яҳудиро
ба қатл мерасонад ва ё ғуломи яҳудиён мекунад.
Яҳудиён худро халқи ихтиёркардаи Худо ва
беҳтарин халқи Ӯ медонанд. Бинобар ҳамин онҳо
мардуми ғайри яҳудиро "ҷентел" мегуянд. Дар
эътиқодоти яҳуд ғайри аз насли яҳуд дигар
мардумон говону сагони яҳудиён мебошад. Аммо
Худо онҳоро ба суратиодам халқ кардааст. ки дар
хидмати Яҳуд бошанд.
Ҳаракати Саҳюнӣ як ҳаракати динии ифротӣ мебошад,
дар соли 1882 аз тарафи падари руҳии яҳудиён
Ҳертзел таъсис ёфтааст.
Онҳо аз ҳамон замон ба фикри таъсиси давлати
динии Исроил буданд. Бинобар ҳамин дар соли 1948
бо ёрдами кишварҳои ҳамчун Британия ва Амрико
сарзамини Фаластинро ғасб карда ҳазорон нафар
мардуми мусалмони он минтақаро куштанд ва иддае
дигареро аз ватани аҷдодиашон берун карданд.
Яҳудиён барпо шудани давлати Исроилро як амри
илоҳӣ меҳисобанд. Онҳо даъво доранд, ки
сарзамини онҳо аз дарёи Нил шуруъ шуда то
соҳилҳои дарёи Фурот дар Ироқ мерасад. Яъне ба
ин мазмун шаҳри Мадинаи Мунаввара низ зимни
нақшаи ояндаи Яҳудиён аст. Шумо агар ба парчами
Исроил назар кунед дар ду паҳлуи он ду хатти
кабуд аст, ки маънои ду дарёи бузурги шарқ яъне
Нил ва Фуротро дорад.
Хулоса бародари исломӣ, саҳюнистҳо як ҳаракати
хатарноке дар олами имруза ҳастанд, ки ҳадафи
асосии онҳо нобуд сохтани аввалин қиблаи
мусалмонон масҷидулақсо аст ва ҳадафи дигари
онҳо ба ҳар роҳу васила нобуд ва аз байн бурдани
дини ислом аст. Аммо онҳо ормонҳояшон бо худашон
ба хок хоҳанд бурд. Зеро вориси ин дин Аллоҳ аст
ва худ ҳимоятгари он аст.
Ҳукми тамошо рафтани
маконҳои тарихи
Суолкунанда:
Дилфуза
Таърихи суол:
02/06/2010
Матни Суоли 17
Ассалому алейкум ва рахматуллох домуллои
мухтарам!
На бародари исломӣ
то ин, ки далели қатъӣ ва ошкор надошта бошӣ
чунин гуфта наметавонӣ. Зеро масали такфир хеле
масъалаи нозук аст. Зеро Паёмбари Худо ҳушдор
додааст, ки касе як бародари исломиашро кофир
садо кунад модоме, ки далел надошта бошад пас
худи у кофир мегардад. Бинобар ин бародарони
азиз дар ин масъала хеле эҳтиёт кунед. Зеро
сабаби зиёде аз фитнаҳо аз ҳамин масъалаи
якдигарро такфир кардан оғоз мешавад.
Муноқиша миёни мазҳабҳо
Суолкунанда:
Абуанас
Таърихи суол:
21/06/2010
Матни Суоли
15
Салому алекум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу
Пеш аз ҳама аз Худованд талаб дорам ки шумо ва
аҳлу оилаатонро сабаби пирузии ислом ва
мусулмонон гардонад ва аз Худованд талаб дорам
ки дар ивази ҳамаи ин хидматҳову ҷонфидоиҳои
шумо ба хотири ислом ҷаннати фирдавсро насибатон
гардонад. Омииин
Устоди бузург! Худоро шоҳид мегирам ки ман
шуморо ба хотири у дуст медорам, ва эҳтиром
мекунам.
Устоди бо номуси ман! мудати чандин вақтҳо аст
ки мо донишчуён дар сомонаҳои мухталифи тоҷики
мебинем ки шиъаҳо аз номи шумо ва хонаводаатон
бо дигар фирқаҳои аҳли суннат муноқашаҳо карда
масъалаҳоро чунин вонамуд месозанд ки гуё шумо
сад дарсад ҳамфикру тарафдори фикраҳои онҳо
мебошед, ва сарфи назар ҳарки набошад агар бо
онҳо дар камтарин масъала мухолифати кунад уро
бо ваҳобият ва ё бо салафият итиҳом карда ба у
мегуянд ки (сухани бобои эшон ё шумо ва ё устод
Маҳмудҷонро мисол меоранду мегуянд ки бароятон
басанда аст яъне чунин вонамуд мешавад ки тамоми
мухолифонашонро бо суханҳои шумо ва дигар
устодони ин оила муноқаша мекунанд.
Ба
ҳамин хотир аз шумо ва дигар уламои бо номусамон
бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем ки эълон кунед
ки бигузор на бародарони аҳли суннат ва на
шиъаҳо дар сурате ки худи шумо ширкат намеварзед
шуморо дар ин гуна баҳсҳо ва муноқашаҳо ҳамроҳ
накунанду аз суханҳоятон мисол бизананд, чунки
бисёриҳое ҳастанд ки фикр мекунанд худи шумо
фикратонро иброз дошта истодаед, ва ман фикр
мекунам ки ин як фитнаи бузурге ҳаст ки бо
сабабаш манзилату эҳтироми уламоро поимол
мекунанд.
Аммо фосиқонро Худованд дар охират ба қадри
фисқашон азоб мекунад ва сипас ба ҷаннат
медароянд. Мисли шахсе, ки мусалмон аст ва зино
мекунад ва ғайра. Дар фиқҳи исломӣ шахсе, ки
фосиқ аст шаҳодати вайро қозӣ дар корҳои
шаръӣқабул намекунад. Худованд аз ҳардуи ин
сифатҳои шумо уммати исломиро нигаҳбон бошад.
Ҷин чи махлуқ аст?
Суолкунанда:
abdujalol
Таърихи суол:
15/05/2011
Матни Суоли 06
accalomu alaykum bobojon lutfan megufted ki
jinho ba incon taciri jicmoni raconida metavonad?
dar icfara ovoza act ki guyo zanero dar hammom
jin kushtaact. oyo chunin meshavad ?