.:: WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд... ::.
Эшони Маҳмудҷон
Фатвоҳо дар боби
закот
Оё дар ҷоруб ушр аст?
Суолкунанда:
Мухаммадсалим
Таърихи суол:
12 /02/201 2
Матни Суоли
16
Ассалому алайкум домуллои мухтарам! Хохиш
мекунам ба саволхои ман посух гуед: а) Аз чоруби
хавлируи ва ё хонаруи(корида шудааст, худруй
нест!) ушр додан лозим аст ё не? Хеле китобхоро
дидем, вале айнашро наёфтем
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломи бале ушр
додан лозим аст дар сурате, ки барои фуруш кошта
шуда бошад. Аммо агар барои истифодаи шахсӣ
бошад ушр надорад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Ҳукми додани закот ба
шахси соҳибзакот
Суолкунанда:
Мухаммадсалим
Таърихи суол:
12 /02/201 2
Матни Суоли
15
Ассалому алайкум домуллои мухтарам! Хохиш
мекунам ба саволхои ман посух гуед: а) Як нафар
сохибзакот аст. Агар каси дигар ба у закот дихад
ва вай чизе нагуфта гираду баъд бурда ягон
мухточи дигарро дихад, хукмаш чи мешавад?
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Агар ба шарте шахсе, ки
закот додааст надонад, ки закотгир худаш
соҳибзакот аст, дар ин ҳолат закот аз гардани
вай соқит мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Закоти моли гузошташуда
барои ҳавоиҷи асли
Суолкунанда:
Мухаммадсалим
Таърихи суол:
12 /02/201 2
Матни Суоли
14
Ассалому алайкум домуллои мухтарам! Хохиш
мекунам ба саволи ман посух гуед: Як нафар
донишчу аст. Пули тахсилашро пешаки гирифтааст,
ки ин пул ба закот мерасад. Вале ин пул дар
муддати 2 сол бояд харч шавад. Яъне, пешаки
маълум аст, ки ин пул барои ду соли тахсил
пешбини шудааст. Соли якум гузарад ва аз пули
бокимонда, ки ба тадрич бояд дар соли дуюм сарф
шудан гирад, закот додан лозим аст ё не?
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломи агар
ҳамон маблағ ба ҳади нисоб расида бошад ва яксол
бар ҳамон маблағ гузашта бошад закот додан лозим
аст. Агарчи барои харчи эҳтиёҷоташ бошад.
Масрифи закот
Суолкунанда:
Hoji Daler
Таърихи суол:
24/07/2010
Матни Суоли
13
Asalomu alaykum
Eshoni Mahmudjon man yake az muhlisi shumo az
Hitoy mehostam fahmam masalai zakot dodan
1.baroi maschit sohtan zakot dodan
2.baroi
koribachaho zakot dodan
3.baroi sagerahona zakot dodan
kadomi az inho durustast zakot dodan va
savobash chihel ast
iltimos ba savoli man javob dihed
Посух
Ва алайкумус салому
ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ
Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Барои масҷид
закот дода намешавад. Аммо барои қорибачаҳо
додани закот дуруст аст. Инчунин додани закот ба
ятимон дуруст аст.
Пардохти закоти солхои пешин
Суолкунанда:
Умедчон
Таърихи суол:
02/08/2010
Матни Суоли
12
Ассалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракатуху!!!
Талаб дорам аз
Худованд, ки ахлу байти Эшони Турачонро дар сафи
Паембарон дар рузи Киемат карор бидихад.
Бобочон саволи
дигаре доштам оиди закот. Оилаи мо зиеда аз
понздах сол аст, ки дар бозор савдо мекунем.
Тичорати мо калон нест. Ин соли се.мм аст, ки мо
закот медихем ва ман диккати чидди медихам ва
кушиш мекунам, ки закотро пурра аз руи гуфти
шариат ба чо биерам. Ман мехостам бифахмам, ки
закотхои солхои пешинаро чи хел пардохт бикунем,
чунки намедонем микдори маблаги пешина
доштагимон ое ба закот додан кифоя мекард е не.
Илова бар ин (миннат нашавад) ман аксари вакт
садака бо пул мекунам. Мешавад ки хамин
маблагхое, ки ман садака гуфта таксим мекунам,
аз ин пас ягон муддати муайяен закоти гузашта
гуфта таксим кунам, ки чуброни закотхои пешина
шавад? Бобочон аз шумо пурсиданиям, ки чи гуна
рафтор кунам, ки закот аз сари оилаамон сокит
шавад ва ба азоби Худованд гирифтор нашавем.
Пешаки сипосгузорам.
Посух
Ҷавоб аз идора:
Бародари исломӣ Худованд шуморо дар тиҷорататон
муваффақ гардонад. Ба саволи шумо ҳазрати Эшон
дар рузи ҷумъаи оянда ҷавоб хоҳанд дод. Бинобар
ҳамин шумо ҷавоби саволатонро дар қисми савтиёти
ҷумъаи оянда пайдо хоҳед кард.
Закот аз моли тичорат
Суолкунанда:
мухлис.ш.Истаравшан
Таърихи суол:
02/08/2010
Матни Суоли
11
Ассалому алайкум домуллои азиз.3акотро аз
остатка(молхои ба фуруш нарафта, либос) додан
jоиз аст?,агар хуроквори бошад чи?.
Посух
Ва алайкумуссалому
ва раҳматуллоҳ.
Бале бародари
исломї ҳар моле, ки барои тиҷорат аст ва инчунин
як сол аз он пур шуда бошад закот дорад. Агарчи
ба фуруш нарафта бошад ба шарти он, ки ҳамон мол
талаф ва бекор нашуда бошад. Масалан агар моли
тиҷорат хурокворї бошад, модоме, ки ба талаф
нарафта бошад, яъне вайрон нашуда бошад ва
имконияти фурухтанаш бошад, аз он закот дода
мешавад.
Нисоби закот
Суолкунанда:
Илхом
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
10
Ассалому алейкум
ва рахматуллохи ва баракотух. Саволи ман оиди
закот. ман хамрохи дустонам сохиби як ташкилот
мебошем. мувофики хисоботи молиявии корхона
маблаги умумии баланси корхона бе хисоби карзхои
кутохмуддат тахминан 110 000 сомони ро ташкил
медихад.сахми ман дар ин корхона 10% аз инчо
маблагаш 11000. аз ин маблаг ман бояд закот
дихам ё не? чун дар ин сол хадди нисоб 15000
сомони аст. Агарчи ин маблаг ба нисоб нарасида
бошад хам закот дихам мешавад ё не? Бо камоли
эхтиром Илхом
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
Не, бародари
исломӣ закот бар шумо воҷиб нест. Зеро пули шумо
ба нисоб нарасидааст. Нисоби зикот баробар бо
3000 доллари амрикоӣ мебошад.
Закот додан бо шахси карзидор
Суолкунанда:
Шухрати Рахими
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
09
Асалому алайкум
бобои эшон!
Дар масъалаи закот
суоле доштам.
Нафаре аз ман
такрибан панч сол мешавад, ки карздор аст. Вале
ягон шароити бозпас гардонидани карзи маро
надорад. Ва ман мехохам закотро адо кунам,
метавонам, ки закотамро ба карздорам дихам ва у
карзи маро баргардонад?
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
Бале мешавад. Ба
шарте, аввал шумо пулро ба он кас закот гуфта
диҳед, сонӣ он кас пулро ба шумо дар ивази қарз
гуфта бидиҳад. Худованд нигаҳбон.
Хукми шахсе, ки барои харидани хона пул чаъм
акрдааст
Суолкунанда:
Фаридун
Таърихи суол:
15/11/2010
Матни Суоли
08
Ассалому алекум
бобои эшон, аввало шуморо аз Яздони Пок талаб
дорам дар панохи худ нигахбон бошаду сониян
илтимос дорем ки ба ин саволхои мо посух дихед
1. шахсе хона
надорад бо зан ва 5-6 фарзандаш таи чанд
сол шуд ки дар хонае ичора менишинанд ва чанд
бор хонахое ки ичора мешинанд иваз кардданд
яъне 2-3 сол зиндаги мекунанд бо сабабхои
гуногун боз дигар чо мегузаранд. Савол ин ки ин
шахс 3600 доллар дар давоми чанд соле чамъ
кардааст ва нияташ пул чамъ кардан ва хона
харидан аст. Оё дар сари ин одам закот
фарз аст? ва инчунин фахмиданием, ки дар
сари у курбони вочиб аст?
Саволи дигар
хамчун ба тарзи хохиш он аст ки дар ин сайт
дар бораи моххои мусалмони кадомхоян ва
чанд рузанд ба мо каме маълумот дихед то мо
дар бораи мохои мусалмони низ маълумот дошта
бошем
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ
вақте, ки пул ба нисоб расид закот дорад. Нисоби
пулро аз руи тилло ҳисоб мекунанд. Нисоби тилло
аз 85 грамм 2.5% аст. Бо ҳисоби имруза тақрибан
аз 3000 доллар нисоби пул аст, ки аз он 75
доллар закот дода мешавад. Инчунин бояд ҳамон
пул дар муддати як соли комил дар дасташ бошад
баъд аз комил шудани як сол закот воҷиб мешавад.
Моҳҳои исломӣ аз
руи ҳисобшумории қамарӣ ҳисоб карда мешавад.
Инҳоянд; Муҳаррам, сафар, рабиул аввал,
рабиуссонӣ, ҷимодул аввал ҷимодус сонӣ, раҷаб,
шаъбон рамазон, шаввол зулқаъда ва зулҳиҷҷа.
Моҳҳои солшумории қамарӣ аз солшумории мелодӣ
ҳар сол 11 руз фарқ мекунад.
Хукми аз пули ичора закот додан
Суолкунанда:
Умедчон
Таърихи суол:
20/11/2010
Матни Суоли
07
Ассалому алайкум ва
рахматуллох.
1) Шахсе, ки
мошинашро е хонаашро ба ичора медихад, ое аз
пули ичора закот медихад? Ин навъи закотро чи
гуна бояд хисоб кард
2) Мегуянд, ки
закотро барои шахси факиру камбагале, ки
намозхон аст бояд дод, ое рост аст?
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Агар худи ҳамон
шахс соҳиби нисоб бошад яъне закотдеҳ бошад, дар
ин ҳолат ҳамин маблағи аз иҷора гирифтаро ҳамроҳ
бо дигар пулҳои ба закотбудааш якҷо закот
медиҳад. Яъне вақте, ки як сол пур шуд ваҳамон
пуле, ки дар охири сол дар дасташ аст аз ҳамон
закот медиҳад.
2) Бале ин сухан
рост аст.
Хукми додани закот бо тадрич
Суолкунанда:
Баходур
Таърихи суол:
14/07/2011
Матни Суоли
06
Асалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракотух.Домуллои мухтарам аз
шумо оиди закот мехостам бипурсам ки дар давоми
сол бо нияти закот садака кардан гирам закот
мешавад.Яъне барои он ки яке якбора закот додан
мушкил нашавад онро дар давоми сол додан гирем
мешавад? Аз шумо илтимоси дуои хайр дорем.
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Бале,закотро дар
давоми сол кам кам додан ҷоиз аст.
Закоти гусфанд
Суолкунанда:
Чупон
Таърихи суол:
09/08/2011
Матни Суоли
05
Ассалом бобои Эшон!
Шахсе, ки 500 сар гусфанд дорад ун шахс бояд чи
кадар закот дихад?
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Аз 500 сар гусфанд 5 то закот дода мешавад. Дар
паноҳи Аллоҳ бошед.
Додани закот пеш аз мухлат
Суолкунанда:
Махмуд
Таърихи суол:
11/08/2011
Матни Суоли
04
Худованди Карим
падар ва ахлу авлоди Шуморо дар панохи Худ нигах
дорад ва хонадонатонро пур аз баракот намояд.
Оиди закот суолоте доштам . Агар имконатон бошад
лутфан ба зуди чавоб гуед, то амри Аллохро дар
ин Рамазон ичро намоям: 1. Шахсе хамаги 5 ё 7
мох шудааст, ки пулаш ба нисоб расидааст. Холо
аз байн як сол нагузаштааст. Пулаш низ на кам ва
на зиёд шудааст. Бисёр хам мехохад дар Шаби Кадр
закот дихад, то савоби бештаре ба даст орад.
Мешавад закотро бо ин мухлати гуфташуда дар Шаби
Кадр дихад? 2. Мисол: Фарз кардем дар соли 2010
нисоби закот 4000$ бошад. Мард соли 2010 аз ин
4000$ х 2,5% = 100$ закот дод. Соли 2011
даррасид. Микдори закот 4200$ шуд. Дар хамон
таърихе, ки мард соли гузашта закоташро адо
намуда буд, пулашро боз хисоб намуд ва дид, ки
он ба 7000$ расидааст. Савол: Айни хол ин мард
бояд аз руи 7000$ х 2,5% = 175$ закот дихад ё ин
ки 7000$ (имсола) тархи - 4000$ (закоти порсола
супоридааш, ки аз он молашро тоза намудааст) =
3000$ х2,5%= 75$ закот супорад? Агар имкон бошад
муфасалтар дар бораи ин хукми Илохи сухани
муборак ронед, аз барои Худо ва чавонхои сохиби
нисоб савоби калоне хохед дарёфт. 3. Мисол:
Марде пулаш хамин сол дар Рамазон ба нисоб
расида бошад. Шахси дигаре бар ин мард барои
корхои накуяш дар хамин Рамазон, барои ба сафари
Хаччи фарзи рафтан пули пурраи давлатии Хачро
дихад. Мард бояд пули ба нисоб расидаи худашро
бо пули барои Хач тухфа гирифтааш якчоя карда
закоташро дихад ё факат аз пули худаш закот
дихад? Чунки пули Хачро хамин замон ёзамони
дигар ба давлат барои ба сафари Хач рафтан
месупорад. 4. Ман мард хастам. Пули ман ба нисоб
расида бошад. Падару модар, завча, додар ва
хохар дорам. Инчунин як катор хеши дигари
дороёти миёна дорам. Хамаашон холо молашон ба
нисоб нарасида бошанд. Бар ки ин закотро дихам?
Бар чи касхо бехтару афзалтар аст додани закот?
Дар хаки ман ва ахлу оилаамон дуои сидки кунед
то офияти дорайнро ки аз Худованд талаб дорам
дарёбам!
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Пешакӣ додани
закот ҷоиз аст. Хусусан дар моҳи шарифи рамазон
додани закот хубтар аст.
2) Закот ҳар сол
дода мешавад. Агар ба шарте, ки мабалғи 4000
соли гузашта имсол 7000 шуда бошад, шумо бояд аз
7000 доллал закот диҳед. Пуле, ки аз он як сол
закот медиҳӣ фақат ҳамон сол пок мешавад. Боз
агар соли дигар расид ва ҳамон маблағ бошад боз
бояд закот дода шавад.
3) Агар ба шарте,
ҳамон маблағи ҳадяшуда пеш аз он, ки ҳисоби
закоташро барорад ва он тақсим кунад дода шавад,
дар ин ҳолат он маблағ ба болои маблағи дар
дасташ буда изофа шуда сипас закот медиҳад. Аммо
агар баъд баровардани закот дода шавад, дар ин
ҳолат соли оянда закот дода мешавад.
4) Беҳтар ин аст,
ки закотатро бар хешовандони камбағалат бидеҳӣ.
Аммо бар падару модар ва фарзанд ҷоиз нест.
Худованд нигаҳбонатон.
Закоти буз ва гусфанд
Суолкунанда:
АБДУСАТТОРИ ХАФТ КУЛИ
Таърихи суол:
23/08/2011
Матни Суоли
03
Ассалому алайкум
пешвои мо мусулмонон.хзрати ЭШОНИ
МАХМУДЧОН,бародари маро илтимос кард ки ба шумо
саволи зеринро дихам,молаш бузу гусфанд якчоя ба
заккот ,яъни(ба 40-сар)раседааст,гусфандаш аз
буз бисёртар савол.1-аз бузаш закот медихад ё аз
гусфанд?,2-оё закотро барои масчиди но обод ё
обод дода метавонад ва гар на барои ки бояд дод
бихтар?.саволи худам,дар инчо (рассия)нафарони
хастанд ки зино мекунанд намоз хам
мехонанд,савол1 намозаш чи мешавад.,2-нахонад
бехтар ё хайр?дар панохи яктои бе хамто
бошед,бахшиш баро саволи тулони дар хичолатам,
хатман посух дихед
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Бузу гусфанд
дар закот ҳардуяш як чиз ҳисоб мешаванд ва агар
хоҳад як буз ва ё як гусфанд закот медиҳад.
2) Дар мазҳаби мо
додани закот ба масҷид ҷоиз нест. Зеро дар
замони хилофатҳои исломӣ масҷид бояд аз тарафи
байтулмол таъмиру обод карда шавад. Вале имруз,
ки чунин шароит нест шумо метавонед маблағи
закотро ба мутаваллии масҷид, агар фақир бошад
медиҳед. Сипас мутаваллӣ онро дар таъмир ва
ободонии масҷид сарф мекунад. Валлоҳу аълам
Миқдори закоти мол
Суолкунанда:
Файзулло
Таърихи суол:
29/08/2011
Матни Суоли
02
Ассалому алайкум
ва рахматуллохи вабарокотуху Эшони Махмудчон ман
сохтумончи хамин сол дар руссия 5000доллар кор
кардам боз худо хохад иншоаллох то охири сол
мумкин ки боз хамин кадар кор кунам ба максади
хона харидан,ман аз хамин пул закот доданам
фарзаст ё на? Агар фарз бошад,чанд фоизашро?Дар
панохи Худованд бошед.
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Вақте, ки ҳамон
пул дар дасти шумо як соли пурра бошад, закот аз
он воҷиб аст. Аз ҳамин пули дар дастатон буда
2,5 фоиз закот медиҳед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Ушри
меваю сабзавот
Суолкунанда:
Шафкат
Таърихи суол:
23/08/2011
Матни Суоли
01
Ассалому алайкум ва рахматулохи ва
баракотуху!Худованд шумо ва ахли оилаи шуморо
дар панохи исматаш нигах дорад.Мехостам дар
бораи хамин масъалаи зер маълумот медодед.Ба мо
маълум аст ки аз 10 кг меваю сабзавот 1 кг закот
додан лозим аст.
Шахси закотдиханда метавонад: 1.ба чои мева
пулашро дихад? 2.Агар карздор бошад у карзро
дихад ё закотро? 3.Агар нафакаи хамун оила ба
хамун мева вобаста бошад шариат чи хукм мекунад
дар ин холат? 4.Шахси закоткабулкунанда худаш
хам аз хамун мевахо дорад ,локин факир аст
метавон ба у закот дод?
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Бале, баҷои ушр
метавонад пулашро бидиҳад.
2) Ба фикрам саволҳои шумо ҳамааш оиди ушр
мебошад. Хулоса қарз дар мазҳаби мо монеъи ушр
нест. Бояд ушрро аз маҳсулоташ бидиҳад.
3) Дар ин ҳолат низ бояд ушрро пардохт кунад.
4)
Бале модоме, ки фақир бошад мешавад ба вай ушрро
дод.
*
* *
Масҷиди
"Халифа Абдулкарим
Дуо
Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.