Ассалому алейкум ва
рахматуллохи ва баракотуху.Савол-шахсе аз кудаки
намоз мехонду,вале муддате (чанд соле) баъд аз
намозхони монд.Бо мурури замон Худованд уро
хидоят карду аз сари нав бо ихлос намозхониро
сар кард.Аз у дар ин солхо намозхо казо
шудаанд,вале микдорашро у худаш намедонад.Чи
тавр ин шахс намозхои казоияшро адо кунад ва
хисобашро чи хел пайдо кунад?Худованд шумоенро
нигахбон бошад.
Посух
Ва
алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Он шахс тақрибан ҳисоб
кунад, ки чанд сол буд, ки намоз намехонд ва
барои ҳамон солҳо намози қазоӣ хонад. Вақте, ки
ҳисоби тақрибияш буд шуд нафл зиёд хонад.
Ояи тахорат ва таямум
Суолкунанда:
Уктам
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
18
Ассалому алекум мухтарам
Эшони Махмудчон
Ман ба 3 чавол бо Шумо
мурочиат карданиам
1) Торат ва таямум бо
кадом оят омадааст?
2) Ахкомохои фарз ба
воситаи оят ва суннатхо ба воситаи хадисхо
исбот шудаанд. Аз Шумо савол хамин, ки вочиботхо
бо кадом гуна далелхо исбот шудаанд? Яъне
мо вочибро аз фарз ва суннат чи тавр фарк
кунем?
3) Ривояте хаст, ки
яхудие ба хотири хурмати рамазон дохили чаннат
шудааст. Ин ривоят то чи андоза далел дорад?
Максад ин , ки чаннат на факат барои онхое,
ки фарзхоро ба чо меоранд мебошад?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Таҳорат ва таяммум ба
ояти 6 и сураи "Моида" фарз гардидаанд.
2) Таърифи воҷиб чунин
аст: Воҷиб он чизест, ки ба далели занние, ки
дар он шубҳа аст собит гардидааст. Мисли намози
витр. Паёмбари бузургвор (алайҳиссалом) дар
ҳадиси муборак фармудаанд: "Намози витр ҳаққаст.
Пас ҳар касе, ки витр нахонад аз мо нест".
Ривояти Абудовуд. Ин ҳадис сароҳатан дар лозим
будани хондани намози витр далолат карда
истодааст. Аммо аз сабабе, ки ин ҳадис оҳод аст
дар субуту фарзияти он занн ва гумон аст.
Бинобар ҳамин намози витр ҳукми воҷибро мегирад.
Яъне поинтар аз фарз ва болотар аз суннат.
Масъалаи дуюм ин ки
шахсе молашро бе луруг киммат мефурушад. Оё
арзон фурухтанро суннат гуфта мешавад? Агар
чи аз арзон фурухтан савоб аст. аммо агар киммат
фуруши гунах гуфта мешавад?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ дар
ибтидои таҳорат шустани банди дастон суннат аст
на фарз. Он чизе, ки фарз аст шустани дастон то
оринҷ, ки ин амал баъд аз шустани руй анҷом дода
мешавад. Бинобар ҳамин вақте, кидаҳони шумо хун
шуд аввал сабр кунед хун, ки манъ шуд дубора
даст ва даҳонро шуста таҳорат кунед.
Ба дуруғ фурухтани мол
гуноҳ аст. Аммо касе, ки молашро гарон мефурушад
гунаҳкор намешавад. Зеро он моли вай аст, ихтиёр
дорад, ки онро бо ҷи қиммате, ки фурушад. Локин
арзонфуруширо Паёмбари Худо (алайҳиссалом)
ташвиқ кардаанд ва савоб низ дорад.
Хукми танхо фарзхои
тахоратро бачо овардан
Суолкунанда:
Шукрулло
Таърихи суол:
02/02/2011
Матни Суоли
14
Ассалому ъалайкум. Эшони Махмудчон! Худованд
Шуморо ва ахлу байти Шуморо низ дар амонаш хифз
дорад. Суоле доштам. Дар вакти кам будани об
масалан: ба микдори ним литр, вакти намоз
гузашта истодааст. Модоме, ки об дар ягончой
нест. Оё мешавад, ки фарзхои тахоратро ба чо
оварду суннатхои тахоратро не? чи бояд кард?
Худои мутаъол нигахбонатон!
Аузубиллахиминашшайтониррочийм
Бисми-л-лахи-р-рохмани-р-рохийм Аррохман (1).
Ъалламал Куръан (2). Холакол инсан (3).
Ъалламахул байан (4). Содаколлохул ъазийм. Аммо
баъд ассаламу алейкум ва рохматуллохи ва
барокатуху устод ва пешвои азиз! Аз Шумо
эхтиромона хохиш мекунам, ки дар пайдо намудани
посух ба чунин суолхои ман кумак расонед: Суоли
1. Хангоме, ки ба либоси банда, катрахои начосат
(пешоб) мерасад, метавон он чойхои
начосатрасидаро ба даст об гирифта, ва ё дастро
бо об тар намуда, бо калимаи "Бисмиллах" гуфта,
бар он чойхои начосатрасида бимолем (бишакем) ва
бо он либос намоз бихонем, оё дуруст аст? Ё
пурра шустани либос хатмист? Суоли 2. Хангоме,
ки ба либоси банда, баъд аз чунуби хоб, яъне бо
забони мардуми шайтон мезанад, катрахои нутфа
мерасад, метавон он чои нутфарасидаро ба даст об
гирифта, ва ё дастро бо об тар намуда, бо
калимаи "Бисмиллах" гуфта, бар он чойхои
нутфарасида бимолем (бишакем) каме ва бо он
либос намоз бихонем, оё дуруст аст? Ё пурра
шустани либос хатмист? Суоли 3. Баъд аз чунуб (шайтонзани)метавон
тахорат намуда намоз ихонем? Ё оббози кардан
хатмист? Ба чои гусл тахорат намуда ва бо
дастони тар бар бадан гузаронем ва намоз бихонем
дуруст аст ё на? Дар охир аз даргохи рахмати
Парвардигори азизтарин, мехрубонтарин,
гамхортарин ва чалли чалалаху содикона дуо карда
мегуям, ки Худованд мо мардумони ахли исломро
дар рахмати худаш нигах дорад ва пайравони
исломи моро лахза ба лахза зиёд гардонад ва
ИСЛОМРО дар саросари дунё пирузу голиб гардонад
ва Куръони поку азизи моро дар дунё Конуни ягона
ва азизтарин гардонад. Худованд пешвоёни азиз ва
ахли байти онхоро дар рахмати худаш нигах дорад...
Кормандони азиз! Азизонам, агар имконият бошад
наворхои нави эшонхои азизро дар сомонаатон пахш
кунед, зеро тамоми наворхои видеоиро дастраст
намудем, вале аз навхояш бехабар хастем.
Худованд Шуморо низ азизонам нигахбон бошад!
Ассаламу алейкум ва рохматуллохи ва барокатуху!
Посух
Ва алайкумус салому ва
раҳматуллоҳ.
1) Либосе, ки ба он пешоб
мерасад бинобар қавли мазҳаби мо бояд шуста
шавад. Дар вақти шустан шарт нест, ки
“бисмиллоҳ” гуфта шавад. Фақат ҷои
наҷосатрасидаро мешуеду халос.
2) Агар қатраҳои нутфаи
ба либос расида хушк шуда бошад онро бо молиш
додан беистифодаи об пок карда бо он либос намоз
хондан ҷоиз аст. Инчунин агар шуста шавад боз
беҳтар. Аммо агар нутфа тар бошад, бояд макони
нутфарасида шуста шавад. Шустани ҳамаи либос
шарт нест.
3) Дар ҳолати ҷунуб бояд
тамоми бадан шуста шавад. Бояд об ба тамоми
бадан бирасад. Инро ғусл мегуянд ва барои шахси
ҷунубшуда ғусл фарз аст ва бе он намоз хонда
намешавад.
Хукми гусл накардан дар
мехмони
Суолкунанда:
Umed
Таърихи суол:
13/04/2011
Матни Суоли
08
Ассалому
алайкум бобои Эшон хохиш мекунам ба саволи ман
чавоб дихед. Агар шахсе дар хонаи касе мехмон
шавад ва шаб чунуб шавад оё бар вай зарур аст ки
гусли аз чанобат кунад то инки намози бомдодашро
хонад ё инки таяммум кунад хам мешавад. Банда
Толиб Илм хастам дар ягон манбаи фикх чунин
ривоятро надидам локин бо шахсе бахс шудем у
мегуяд ки аз чихати ин ки сохиби хона гумони бад
накунад ё ин ки ин шах шарм мекунад гусл
намекунад балки таяммум карда намозашро мехонад
ман гуфтам ки ман дар боби таяммум надидаам ки
таяммум аз сабаби гумони бад пайдо шудан ё
шармгин шудан чоиз шавад илтимос бо зикри манбаь
чавоб дихед. Худованд шуморо подоши наку дихад
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, дар ин
масъала баъзе аз олимони мазҳаби мо иҷоза
додаанд. Ин ҳам ба шарти ин, ки агар дар хонае,
ки ҳамон шахс меҳмон аст ягон зан ё духтар
зиндагӣ кунад ва ғусл кардани шахс боиси гумони
бад кардани соҳибхона шавад. Аммо агар дар хонае
меҳмон бошад, ки дар он манзил аз ҷинси занона
касе набошад, ҳеч як аз олимони ислом барои
шарму ҳаё шуда дар чунин шароит таяммумро иҷоза
надодаанд. Далели таяммумро ҷоиз донистани ин
гуруҳи олимон ин аст, ки хавфи фитна аст. Зеро
агар меҳмон ғусл кунад шояд соҳибхона гумони бад
кунад ва сабаби фитна шавад. Гуруҳи дигари аз
олимони мазҳаби мо гуфтаанд, ки дар чунин ҳолат
ки бояд дар чунин ҳолат намоз бихонад на намози
ҳақиқӣ, балки намози сурӣ, яъне ин намози хондаи
вай намоз ҳисоб намеравад. Баъд аз он, ки аз
меҳмонӣ баргашт бояд ғусл намуда ҳамон намози
қазошударо бихонад.
Истинчо
Суолкунанда:
Абдукодир
Таърихи суол:
17/04/2011
Матни Суоли
07
Ассалому алайкум ва
Рахматуллоху ва Баракотуху!Баъд аз хоб хестан
агар модоме бидони ки ба хочатхона нарафта
буди,истинчо кардан шарт аст ё танхо кардани
тахорат кифоя?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Модоме, ки баъд аз хоб
хестан асаре аз мазӣ дар шармгоҳаш надида бошад,
истинҷо шарт нест. Истинҷо дар ҳолати пешоб ё
ахлот кардан анҷом дода мешавад.
Хукми масхи сар
Суолкунанда:
Мавлон
Таърихи суол:
15/05/2011
Матни Суоли
06
Салому
алекум ва рахматуллохи ва баракатуху. Бобои Эшон
ман аз мавзуъхои саволу чавоби Шумо саволеро бо
чавобаш гуш кардам ва чавоби Шуморо ба пурраги
нафахмидам. Илтимос саволро бори дувую равон
мекунам соддатар карда фахмонед Дар тахорат 4 то
фарз аст 1) дастхоро то оринч шустан. 2) Руйро
шустан. 3) махси сар ва 4) пойхоро то бучул
шустан савол ин ки махси сар гуфта максад тар
кардани сар аст ё молидани сар ба дастхо ё харду
а) Агар максад тар кардани сар бошад пас мо дар
дарё гута занему тамоми бадан тар шавад пас тар
кардан ба чо омаду аммо масх не оё намоз чоиз
аст? б) Агар мо барои сар оби иловаги дар даст
нагирифта бо хамон дастхои намдор сарро масх
кашем оё масх ба чо омад? Илтимос ба саволи мо
муфассалтар ва соддатар чавоб гуед. Ман чавоби
савлоро аз диск гуш кардаму ба хулоса омада
натавонистам ки кадомаш фарз
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Манзур аз масҳи сар
дастонро дар об тар карда сипас бо он дастони
тар болои сарро масҳ кашидан аст, на тар кардани
сар. Дар об даромада тамоми баданро тар кардан
маънои вузуъро надорад. Зеро вузуъ тариқаи хосси
худро дорад ва мақсад аз вузуъ фақат тар кардани
аъзоҳои лозима нест.
2) Масҳ ба ҷо меояд, вале
суннат ин аст, ки пеш аз масҳ кашидан дастҳоро
бо оби нав тар карда сипас сарро масҳ кашед.
Хукми масхи риш
Суолкунанда:
Масрур
Таърихи суол:
15/05/2011
Матни Суоли
05
Асаллому
ъалайкум Эшони Махмуджон як ду суол дорем.
суоли.1 дар боби масхи риш ба мо бо далелхояш
фахмонед ягон хадиси сахех бошад тарзи ичро
карданша ба мо гуед. 2.Хуроки панчшанбе чил ва
сол хурданаш чоиз аст ё харом,дар Махмудулфатово
ва Манъбал Ъулум харом гуфта шудааст,барои
мусофир нахурданша бехтар донистааст
Посух
Ва
алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
1) Масҳи риш дар вақти
таҳорат мустаҳаб аст. Дар китоби «Ал-мабсут», ки
яке аз китобҳои мазҳаби ҳанафӣ аст омадааст, ки
«имом Абуҳанифа ва Зуфар гуфтаанд: Агар сеяки
риш ё чаҳоряки ришро масҳ кашад ҷоиз аст. Имом
Абуюсуф гуфтааст, ки агар масҳи ришро тарк кунад
боке надорад. Зеро риш ҷузъе аз руй аст. Пас
модоме, ки руй дар таҳорат шуста мешавад, ҳамон
кофӣ аст. Аммо агар боз бар риш масҳ кашида
шавад, беҳтар. Вале хилол кардани риш бо
ангуштон суннат аст. Дар ин бора ҳадисе аст, ки
Анас ибни Молик мегуяд: «Паёмбари Худоро дидам,
ки дар вақти вузуъ ангуштонашро ба монанди шона
бар ришаш хилол мекард».
Хукми кашидани масх ба
пой
Суолкунанда:
Хочи
Таърихи суол:
29/05/2011
Матни Суоли
04
Ассалому
алекум ва рахматуллохи ва баракатуху. Илтимос бо
хамин саволхои ман чавоб дихед Саволи якум ин ки
шахсеро духтур гуфтааст, ки ба поят об нарасон(на
хунук ва на гарм). Ин шахс дар по чи тавр махс
мекашад? Муллое гуфт, ки вай бояд харду дастро
тар карда ба тамоми болои чпо то бучулак тарзе
кашад, ки ягончо бе нам намонад ва дуюмбора
харду дастро тар карда ба пои дигар хаминтарз
кашад. Агар дар чое аз по даст нарасад торати
вай нодуруст аст. Ва дигаре гуфт, ки метавони бо
як даст ба як по бо дасти дигар ба дигар по масх
кашид. Каомеш дурустар аст? илтимос пурратар
фахмонед. Саволи дигар ин ки Мохи якруза ва
дурузаро дидамешавад? Оё аз руи таквим мешавад
даромадани мохро муайян кард? Агар ха пас хадисе
аст, ки Пайгамбари Худо мегуяд, ки Шумо дар
даромадани мохи нав дар Осмон мохро чустучу
кунед
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Агар ба шарте, ки
расидани об ба пояш аз назари тиббӣ зарар дошта
бошад, дар ин ҳол болои поҳояшро дар вақти
таҳорат маҳс мекашад. Шарт нест, ки ҳама ҷои
пойро масҳ кашад. Қавли дуюме, ки ба шумо
гуфтаанд, дуруст аст.
Бале моҳи як ё ду рузаро
агар ҳаво соф бошад ва дар ҷойҳое, ки дар
баландӣ вокеъ аст диданаш мумкин аст. Даромадани
моҳро аз руи тақвим муайян карда намешавад. Зеро
тақвимҳо барои ҳисоби қамарӣ дақиқ нестанд. Дар
масъалаи ин, ки барои даромадани моҳ руъят шарт
аст ҳадиси зерин далел шуда метавонад. Паёмбари
Худо (алайҳиссалом) фармуданд: “Руза гиред бо
дидани моҳ ва ид кунед бо дидани моҳ”. Паёмбари
Худо дар ин ҳадиси муборак шарти даромадани моҳи
Рамазонро бо дидани моҳ рабт додаанд. Худованд
нигаҳбонатон.
Тахорат кардан аз зарфи
(баклашкаи) нушида
Суолкунанда:
Мухаммадаюби Абдужаббор
Таърихи суол:
01/07/2011
Матни Суоли
03
Асалому алайкум хазрати
Мавлави бо хамин саволи ман равшани андозед
савол.1: Аз обеки дар зарф бошад масалан дар
баклашка аз лабаш нушидам бо хамон об метавонам
тахорат кунам ! ? Бо хамин об дар хона ео дар
сахро бошам мумкин хаст рахорат кардан илтимос
чавоби пура андозед
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бале таҳорат карда
мешавад. Дар хона ва ё дар куҷое бошад модоме,
ки ҳамон об тоҳир бошад, таҳорат карда мешавад.
Бо когази ташноб пок
кардани пешоб кофист?
Суолкунанда:
Фирдавс
Таърихи суол:
23/08/2011
Матни Суоли
02
Ассалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракотух вакти пешоб мекуни ё
ин ки бод мебарод масалан баъди пешоб бо когази
ташноб яъне (туалетная бумага) нагз пок кунем
хушк кунем неки олата нашуем оё тахорат дуруст
мешад ё не. Ва шахсе ки баъд аз тахорат боз яки
камтарак пешобаш мебурод мечакад беихтиёр дар ин
вакт чи кунад. Дар панохи Аллох бошед.
Посух
Ва
алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Баъд аз пешоб кардан бо
коғази ташноб агар хуб худашро пок кунад, ҷоиз
аст ва эҳтиёҷ нест, ки бишуяд. Агар рафту баъд
аз таҳорат ягон қатра пешоб ояд дар ин ҳолат
таҳорат мешиканад ва бояд аз нав таҳорта кунад.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Хукми Масх кашидани пой
дар тахорат
Суолкунанда:
Zafar
Таърихи суол:
05/05/2010
Матни Суоли
01
Салом Устоди мехрубон
мехостам аз Шумо ба саволам чавоб гирам мо дар
чои кор чои тахорат кардан дорем аммо барои
тахоратро то ба охир расондан вакт камтар ками
мекунад. Дарр так так мешад магарам тезтар барои,
намешад ки пойро нашуста махс кашию барои?
Посух
Не бародари исломи дуруст
нест. Зеро шустани по фарз аст. Худованд фармуда
аст : (... ва бишуед пойҳои худро то буҷулак...)
- Сураи “ал-моида ” ояти 6.