.:: WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд... ::.
Эшони Маҳмудҷон
Фатвоҳо дар боби рӯза
Рузаи мохи шаъбон
Суолкунанда:
Анвар
Таърихи суол:
17/07/2010
Матни Суоли
50
ассалому алайкум бобои
эшон Худо шуморо нигахбон бошад, як суоли
таъчили дорам чун ,ки мохи шаъбон алакай даромад
ва модари ман дар ин мох мехохад ки аз аввал то
охираш руза бидорад бигуед хаминхел мумкин аст.
зеро аз касе шунидам ки паёмбар с.а.в. рузаи ин
мохро нахи карда бошанд ба хотире ки баъд аз ин
мох мохи рамазон мебошад. Пешаки сипосгузорам
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ Худованд
шуморо нигаҳбон бошад ва модари шуморо барои
шумо ҳифз кунад. Паёмбари Худо аксари моҳи
Шаъбонро руза мегирифтанд, на ҳамаи онро.
Хусусан даҳаи охири моҳи Шаъбон барои омодагӣ
барои Рамазон руза гирифтан хуб нест. Паёмбари
Худо дар ҳадисҳо гуфтаанд, ки Рамазонро ба рузаи
чанд руз пеш аз он (яъне охири моҳи Шаъбон)
пешвоз нагиред. Аммо ин, ки гуё Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) аз рузаи моҳи Шаъбон наҳй
кардаанд, ин тавр нест. Фақат Паёмбари рузаи
рузҳои охири Шаъбонро наҳй кардаанд.
Хукми рамазон борои
мусофир
Суолкунанда:
Амрулло
Таърихи суол:
17/07/2010
Матни Суоли
49
СУОЛ. - Сафари мо дар мохи
Рамазон рост меояд ба мо ичозат аст хурдани руза
дар вакти душворихо ё ин ки казо кардан ё на?
СИПОСГУЗОРИ ШУМОЕМ. ХУДО
НИГАХБОНАТОН БОД!
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, агар
сафари шумо дар моҳи Рамазон рост оят ва сафар
душвориҳо дошта бошад шумо метавоне руза надоред
ва пас аз Рамазон онро ҳатман қазоӣ доред.
Худованд нигаҳбонатон.
Тарзи доштани рузаи казои
Суолкунанда:
Вайсидин
Таърихи суол:
24/07/2010
Матни Суоли
48
Ассалому алайкум
Хазрати Эшон.
Агар зан рузаи
мохи шарифи рамазонро хурда бошад бо сабаби
тифли ширхора доштааш, казоиашро чи хел мегирад,
як мох пай дар пай?
Посух
Ва алайкумуссалому
ва раҳматуллоҳ.
Барои зане, ки
рузаи моҳи шарифи Рамазонро аз сабаби тифли
ширхора доштанаш хурдааст, шарт нест, ки пай дар
пай руза гирад. Фақат шарти асоси ин аст, ки
Рамазони нав наомада бояд он рузаҳои қазоиро
гирифта бошад. Худованд нигаҳбонатон.
Тарки рамазон бахотири кор
Суолкунанда:
зоиршо
Таърихи суол:
24/07/2010
Матни Суоли
47
асалому ъалаикум ва
рахматулохи ва баракоту устод домуло махмудчон
ходованд нигахбонат бошад суоле дода будам ва
чавобашро хам гирфтам хеле хурсанд шудам ки ба
мане ки яке аз гунахгорони умат Мухамад ( с )
хастам шумо хамчун донишманди ислом назари
худатро дарег нагузоштед ва чавобамро гардонидед
хело хушхолам ачри азим насибатон кунад худованд
устоди савол дорам хостам ки савол кунам ва умед
хам дорам ки боз аз чавобам манро ноумед
намекунед суолам чунин аст ки мохи рамазон кариб
аст ва ман дар як корхона кор мекунам хамрои
бачахои точик ва корамон басо душвор аст на
хамеша баъзе вахт мешавад ки сабуки хам дорад
амо аксари вахт кори сахт мекунем ва мохи рамазо
чуноне ки аз гуфтахоятон шунидем мохи бехтарин
барои ибодот аст ва орзу дорем ки дар ин мох
мавриди авфи худованд карор гирем пас агар ин
мохро руза гирифта натонем охир чи мешавад ва
шумо дар ин бора чи маслихат медихед агар рузаро
хурем ва дар расия имсол хам рамазон басо мушкил
аст ки аз сахар соати 4-00 намози фачр шуру
мешавад ва ифтор соати 21-00 аст чи кор кунем
устод азиз мо интизори чавоби шумоем ва дар охир
дар хаки мо дуо кунед то ки Худо куват насиб
кунад ки аз ачри мохи рамазон бе насиб набошем
илтимос то рамазон вахти кам аст агар мумкин
боша камтар зудтар Худо нигахбони мо ва шумо
Посух
Ва алайкумуссалому
ва раҳматуллоҳ.
Бародар исломӣ Худованд шуморо қувват диҳад то
рузаи моҳи шарифи Рамазонро ба пуррагӣ доред.
Маслиҳати ман ҳамин, ки шумо кушиш кунед
Рамазонро руза гиред. Худованд худаш ба шумо
қувват медиҳад. Худованд дар Қуръон мефармояд:
“Ҳар касе, ки тақвои Худо дошта бошад Худованд
барояш корашро осон мегардонад”.
Хукми руза доштани зане, ки фарзанди хурд дорад
Суолкунанда:
Фарход
Таърихи суол:
29/07/2010
Матни Суоли
46
Ассалому алейкум Мухтарам Домулло! Агар зан
фарзанде дошта бошад, ки хам шири модарашро
мехураду ва хам авкот
Посух
Ва алайкумуссалом
ва раҳматуллоҳ
Он зан руза медорад.
Зеро дигар он тифл ғайр аз шири модар дигар таом
мехурад. Он зане руза намегирад, ки тифли
навзоде дорад, ки фақат аз шири модар ғизо
мегирад.
Хукми руза доштани зани хомила
Суолкунанда:
Курбонали
Таърихи суол:
13/08/2010
Матни Суоли
45
Ассалому Аллекум бобои эшон ман як савол дорам
ба шумо ,оилаи ман хомиладор аст ба ваи мумкин
аст ки дар Рамазон руза гирад
Посух
Ва алайкумус салому
ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ
агар руза ба ҳамсари шумо ё ба ҷанини дар батни
вай буда зарар расонад, дар ин ҳолат руза
намедорад ва баъди аз ҳамл онро қазоӣ мегирад.
Вакти ифтор дар рамазон
Суолкунанда:
Шерали
Таърихи суол:
13/08/2010
Матни Суоли
44
Ассалому алайкум
ва рахматуллох
Хохишманднм ба
саволхои мо муфассалтар чавоб гуед
1) Мо дар
кухистон зиндаги мекунем. Оиди рузаи мохи
шарифи рамазон ояд аст, ки аз Субхи содик то
фуру рафтани офтоб шумо аз хурдан истед.
Такя ба ин оят карда оё мо метавноем вакте,
ки офтоб дар паси кух даромад, дигар интизор
нашавем (ба торикшави ва дигарнишонахо бо
монанди овози гунчишкон) рузаамонро кушоем?
2) Дар соати 4:50
дар масчиди мо фарзи бомдод хонда мешавад. ман
метавонам дар соати 4:20 витри вочибро хонда
рузаамро махкам карда суннати бомдодро хонам
Посух
Ва алайкумус салому
ва раҳматуллоҳ.
На бародари
исломӣ то офтоб ғуруб накунед шумо ҳаққи ифтор
карданро надоред. Аломати ғуруби офтоб дар
минтақаҳои куҳӣ чунин аст агар равшании офтоб
дар баландтарни куҳҳои атрофи шумо буда намонад
нишонаи ғуруби офтоб аст. Ё ин, ки шумо аз
тақвими минтақаи ба шумо назди истифода баред.
Масалан дар ҳоли ҳозир дар соати 7:30 дақиқа
тақрибан вақти ғуруби офтоб аст.
Дар мавриди суоли
дуввум низ дар соати 4:20 намози витр дигар қазо
шудааст. Агар шумо дар ин соат хонда бошед, пас
қазоӣ хондаед. Зеро дар ҳоли ҳозир соати 4:15
субҳ медамад.
Хукми чаконидани дору дар рмазон аз роххои чашм
гуш ва бини
Суолкунанда:
Бобо
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
43
ассалому алайкум
ва рахматуллох
Ба шумо 2 саволро
ирсол менамоем
1) Дар рамазон
агар аз бини ё гуш ё чашм дору чаконда
шавад руза мещиканад ё не?
2) марде зани
русро ба никах даровардааст. Вай зан ба
либосхои европои мегардад ва дар дини худаш аст.
Оё ин мард дар рузи киёмат даюс хисоб мешавд?
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Чакондани дору
дар бинӣ ва гуш бинобар мазҳаби мо рузаро
мешиканад. Аммо чакондани дору дар чашм
намешиканад.
2) Бале чунин
мард дайюс ҳисоб мешавад. Модоме, ки ҳамон зан
насронӣ бошад бояд либосҳоеро бипушад, ки дар
динашон иҷозат аст.
Фазилати дахахои рамазон
Суолкунанда:
Ризо
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
42
Ассалому алайкум
хазрати бобои эшон. Шумо ва бародаронро ба иди
шарифи рамазон табрику муборакбод гуфта ба
шумо тинчию амони талаб дорам
Бобои эшон илтимос
ба саволи ман чавоби муфассал гардонед.
Дар рамазон дахаи
аввал рахмат дуюм махфират ва дахаи зм халоси
аз чаханам аст. Инро чихел фахмем. Магар мо
аз Худо дуо карда тавба карда талаб кунем. Ин
дуохо кай ва чихел хонда мешавад?
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародар исломӣ,
агар шумо гумон карда бошед, ҳар як даҳаи моҳи
Рамазон дуои хос дорад, ин хато аст. Умуман
Рамазон моҳи дуо ва ибодат ва шабзиндадорӣ аст.
Ҳар дуое, ки бикунед дар Рамазон мешавад. Дар
даҳаи аввал Худованд рузадоронро ба раҳматаш
мегирад ва дар даҳаи дуввум гуноҳони онҳоро
мебахшад ва дар даҳаи саввум онҳоро аз оташи
дузах халос мекунад.
Хукми руза гирифтан 1 руз пеш аз рамазон
Суолкунанда:
Кабир
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
41
Ассалому алайкум ва
рахматуллох
савол
1) Шахсе дар
рамазон як руз пешаки руза мегирад, на ба
максади он, ки ягон далеле дорад, ки рамазон
даромадааст, балки максад ин ки мехохам як руз
зиёд гирам. Ин шахс ягон ачр мегирад ё ягон
макрухоте низ аст?
2) Дар намози
таробех эмоме пеш дарояду 10 ракат хонаду
сони дигар кас пеш даромад 10 хонад чоиз
аст? бе ягон узр яъне 2 эмом мехонанд
3) Эмом ду ракат
таробех ният карду дар ду ракат як сураро
мехонад баъдан ду ракати дигар ният карда
дар ин ду ракат боз дигар сураро мехонад. Оё
ягон карохият дорад?
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Як руз пеш аз
Рамазон руза гирифтан макруҳ аст. Паёмбари Худо
дар як ҳадиси саҳеҳ фармуданд:
«Рамазонро ба
рузаи як ё ду руз пеш аз он пешвоз нагиред».
2) Бале ҷоиз аст.
3) Такрори як сура
дар ду ракаати намоз макруҳ аст.
Хукми руза борои навхонадорон
Суолкунанда:
Sumayya
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
40
Ассалому алайкум
Бобои эшон! илтимос ба саволхои ман посух дихен!
1 . Оё дуруст аст
ки чавононе нав оила барпо карданд рузаи мохи
шарифи рамазонро намегиранд оё дар ягон китоб
омадагист ки домоду арус руза нагиранд ?
2 . Вакте ки зан
хайз мешавад руза доштани вай дуруст ё не ?
3 . Оё баъд аз пок
шуданаш казо медорад ё не ?
илтимос чавоб
дихед ва дар хаки ману оилаи мо дуои хайр кунед
Худованд нигахбони шумо бошад .
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Дар ягон китоб
чунин наомадааст. Аввал ин, ки падару модарон
гунаҳкоранд, ки пеш аз Рамазон ҳатто як ҳафта
пеш аз Рамазон фарзандонашонро хонадор мекунанд.
Рафту агар зану шавҳари навхонадор дар моҳи
Рамазон рузаашонро шикананд, бар онҳо каффорта
воҷиб мешавад. Каффорати руза ин ду моҳ пай дар
пай руза гирифтан аст барои шахсе, ки қудрати
рузагириро дошта бошад.
2) На, хоҳари
исломӣ дар ҳоли ҳайз ё нифос руза доштани зан
дуруст нест. Балки онро баъд аз Рамазон қазоӣ
медорад. Худованд нигаҳбон атон.
Хукми Кофораи рузахои солхои гузашта
Суолкунанда:
Умедчон
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
39
Ассалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракатуху.
Худованд шумо ва
бародаронро дар панохаш нигох дорад.
Бобо Эшон,
каффорати рузахои солхои пешинаро чи гуна адо
бикунем. Метавонем тахмин хисоб карда бо пул ба
мисли садака таксим бикунем
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ
Шахсе, ки рузаҳои
солҳои пештара нагирифтааст, модоме, ки қудрати
руза гирифтанро дошта бошад, руза мегирад.
Каффорати рузаҳое, ки қасдан нагирифта шудааст
ду моҳ пай дар пай руз гирифтан аст. Аммо агар
беморе бошад, ки эҳтимоли шифо ёфтанаш набошад
дар ин ҳолат барои ҳар рузи аз рузаҳои гузашта
фидя ба миқдори 5 сомонӣ медиҳад.
Кафораи руза барои шахси бемор
Суолкунанда:
salom
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
38
1-хазрати Бобои
Эшон ман чавоби суоли худро дар суоли раками 158
ба пураги нагирифтам, лутфан фармонед ки агар
тез тез он шахс об нахурад ШУШхояш ба бемории
зиед гирифтор мешаванд, пас руза нагирад дар
фасли гармо баъд адо кардани шавад казо медорад
е кафорат?
2-Масбук дар намози шом дар каъдаи байн намозро
дарк кард ва АТТАХЕТРО хонд, пас ду ракаъати
аввалро пай дар пай мехонад е ин ки як ракаъат
хонда каъда мекунад аттахетро хода боз ракаъати
дигарро мехонад? ташаккур,
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Кафорат касе
медиҳад, ки як умр руза гирифта наметавонад.
Аммо он шахси гуфтаи шумо дар фасли гармо
бинобар бемории шуш руза гирифта натавонад, аммо
дар зимистон қудрати руза гирифтанро дошта бошад,
дар ин ҳолат вайа қазоӣ медорад. Яъне 30 рузи
Рамазонро дар зимистон қазоӣ медорад хоҳ пайдар
пай ва ё хоҳад пароканда мегирад.
2) Ба ин фатво
қаблан ҳам ҷавоб дода будем. Ба ҳар ҳол дар ин
ҳолат ду ракаати дигарро ҳардуяшро бо қаъда
мехонад.
Хукми чашидани таом дар рамазон
Суолкунанда:
Вайсидин
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
37
Ассаламу алайкум
Домуллои мухтарам
Дар мохи шарифи
рамазон шахс метавонад дар вакти хурокпази
намаки хурокро бо нуги забонаш чашида баъд онро
туф кунад? Илтимос тезтар бо хадисхо чавоб гуед.
Худованд нигахбони
шумо.
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Агар ба шарте, ки
барои ҳамон зан муаяйн кардани намаки таом
бидуни чашидан мушкил бошад, дар ин ҳолат боке
надорад, ки намаки онро чашида баъд онро туф
кунад. Агарчи ин амалро дар мазҳаби мо макруҳ
медонанд.
Хукми луоби дахон дар руза
Суолкунанда:
Хуршед
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
36
Ассалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракатух...Луобе,ки дар дахон
хосил мешавад агар фуру бари оё рузаро
мешиканад...Аз Шумо хохиш дорам барои оилаи мо
дуо кунед то,ки Парвардгор имонмонро кавитар
гардонад ва фарзандонамонро солиму солех ва
хофизи Куръони азимушанъ гардонад...Аллохума
салли ало Мухаммад ва аъло оли Мухаммад ва
барику алайх....
Посух
Ва алайкумус
салому ва раҳматуллоҳ.
Луоби даҳон шикандаи руза нест. Худованд шуморо
нигаҳбон бошаду фарзондони шуморо аҳли имону
ҳофизи Қуръон гардонад.
Казои руза барои зани хомила
Суолкунанда:
Умедчон
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
35
Ассалому алайкум ва
рахматуллох.
Аз даргохи
Худованд талаби он дорам, ки наберагони Хазрати
Эшони Турачон мисли бобо ва падаронашон бошанд
ва барои мардуми азизи Точикистон хизмат
бикунанд.
Бобои Эшон, 1)
зане, ки хомила аст е кудаки ширхора дорад ва
наметавонад руза бигирад. Ое руза дар гарданаш
карз меистад е сокит аст?
2) Мо метавонем
бетахорат Куръоне, ки дар компютерхо дорем,
тиловат бикунем е бихонем?
3) Вакти рондани
мошин нохавотир мо мошинро ба дарахт, охан е
ягон мошини хамсоя мерасонем, ки барои соз
карданаш маблаге сарф мекунем. Мо метавонем гуфт,
ки насиб будааст ва ба такдири Илохи хавола
бикунем?
Посух
Ва алайкумус салому
ва раҳматуллоҳ.
1) Бале дар
гарданаш қарз мемонад ва баъди хуб шудани вазъаш
қазоӣ мегирад.
2) Бале бетаҳорат
хондани Қуръоне, ки дар компютер аст боке
надорад. Зеро дар ин ҳолат Қуръон дар даст нест.
3) Гуфтани ин, ки
насиб будааст, дуруст аст. Аммо маънои онро
надорад, ки тақдири илоҳӣ будааст гуфта аз
додани ғаромати он худдорӣ кунад.
Хукми дар чуй обози кардан дар руза
Суолкунанда:
Фирдавс
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
34
Асалому алекум
хазрати Эшони Махмудчон
Аз Шумо хохиш
дорем хар чи зуддат ба саволхои мо чавоб гуед
1) дар чуй ба
максади салкин шудан обози кардан рузаро
мешиканад?
Аз саволу чавобхои
дар боло оё гуфта мешавад, ки куръне, ки
варакхояш дарида шудааст ва ё оётхое, ки
дар газетахо мебарояд сузонем то аз таги бо
эмин шавад?
Посух
Ва алайкумус салому
ва раҳматуллоҳ.
1) На,
намешиканад.
2) Бале барои аз
таги по эмин мондан мешавад онҳоро сузонид.
Оё клизма ва тампун рузаро мешаканад?
Суолкунанда:
Вали
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
33
Ассалому алекум
бобои Эшон . ба шумо чанд савол дорам. Аввал
ин ки оё номи ман дуруст аст? баъдан
пурсиданиям, ки клизма кардан ва ё тампун
мондани хам мархо ва хам занхо аз пасу
пеш ба руза ва тахорат чи халал мерасонад?
Посух
Ва алайкумус
салому ва раҳматуллоҳ.
Бале номи Валӣ
дуруст аст аммо беҳтар ин аст, ки номи худро
Абдулвалӣ бимонӣ. Дар мавриди саволи дуввум
бошад, клизма руза ва таҳоратро мешиканад. Аммо
танпон рузаро намешиканад.
Фидияи руза
Суолкунанда:
Фарид
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
32
Ассалому алекум
бобои эшон
Бобои эшон худо
аз Алох чи варк дорад? ва инчуни пурисиданием,
кадом вакт руза казо ба инсон карз мешавад
ва кадом вакт кафорат? Шахсе касал аст вай
чанд сол шуд наметавонад руза гирад, Барои
хар рузааш чанд суми бояд садака кунад? оё
дар дарё барои салкин шудан оббози куни
рузаро мебурад? дар охир дар хаки мо дуо кунед,
ки имонамон мустахкам шавад,
Посух
Ва алайкумус
салому ва раҳматуллоҳ.
Калимаи Аллоҳ аз
Худо фарқаш ҳамин қадар аст, ки Аллоҳ калимаи
арабӣ асту худо форсӣ. Ҳарду номҳои Худованд аст.
Кафорат вақте
мешавад, ки қасдан рузаро бихурад ва ё ҳамхобагӣ
кунад. Дар ғайри ин ду сурат дар дигар ҳолатҳо
қазоӣ воҷиб мешавад.
Каффорати шахсе,
ки дигар уммеди руза гирифтани вай нест барои
ҳар рузи моҳи шарифи Рамазон 5 сомонӣ фидя
медиҳад.
Бале оббозӣ боке
надорад. Худованд нигаҳбонатон.
Хамбистари дар шабхои рамазон
Суолкунанда:
абдуллох
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
31
салом бобои эшон.
ман як чавони нав
хонадор шуда хастам.
1, дар холати руза
будан алокаи чинси не,балки бусобуси кардан е ба
огуш гирифтан е умумуан бо зани худ хамин кабил
рафторхои шахвони кардан дуруст аст? чаро?
2, агар дар шаби
мохи мубораки рамазон алокаи чинси намуда пагох
дар руз гусл кардан мумкин аст? чаро?
Посух
Ва алайкумус
салому ва раҳматуллоҳ.
1) Бусобусӣ ва
оғуш гирифтани зан дар моҳи Рамазон хусусан
барои ҷавонон дуруст нест. Зеро ин корҳои рузаи
инсонро макруҳ мекунад. Аммо агар ҳамхобагӣ кард
пас дар ин ҳолат каффорат воҷиб мешавад.
2) Боке надорад.
Зеро Паёмбари Худо гоҳо (алайҳиссалом) вақте, ки
дар шабҳои Рамазон бо ҳамсараш ҳамхобагӣ
мекарданд саҳар баъд аз дамидани субҳ ғусл
мекарданд.
Шиканандахои руза
Суолкунанда:
Хайриддин
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
30
Ассалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракатуху,
Мохи шарифи
рамазонро ба чамиъи мулсимин муборак бод мегуям
Аз шумо хохиш
дорам, ки ба саволи бахсталаби мо чавоб гуед
1) Дар бихишт
сину соли мардон ба 33 ва занон ба 16 аст. Агар
кудаки ноболиг аз дунё гузарад дар бихишт у
дар кадом сину сол мемонад?
2) Шартхои
шикастани руза ояти куръони аст ё хадис? Он
чизе, ки ба меъда меравад рузаро мешиканад. Оё
сигору нос рузаро мешиканад?
Посух
Ва алайкумус
салому ва раҳматуллоҳ.
1) Чуноне, ки дар
ривоятҳо омадааст аҳли ҷаннат дар он руз ҳама ба
синни ҷавонӣ дохили биҳишт хоҳанд шуд. Хоҳ мард
ва ё зан ва хоҳ ҷавону пир ҳама дар синни 33
солагӣ дохили биҳишт хоҳанд шуд.
2) Шиканандаҳои
рузаро ҳам Қуръон ва ҳадис ду масдари асосии
ислом муайян кардаанд. Олимони ислом
шиканандаҳои рузаро аз ин ду масдари асосӣ
истинбот кардаанд. Шарт нест, ки он чизе, ки
фақат ба меъда меравад шиканандаи руза бошад.
Вақте, ки чунин бошад пас ҳамхобагӣ, ки аз роҳи
меъда нест дар рузҳои Рамазон ҷоиз мегардид.
Маъно ва мафҳуми руза ин боз истодан аз тамоми
роҳатҳо аст мисли роҳати ҷинсӣ ва роҳати хурдану
ошомидан. Касе, ки нос ё сигарет мекашад ба худ
роҳат ва ё ба қавли худашон кайф мекунад, ки ин
аз мафҳуми имсок берун аст. Бинобар ҳамин ҳам
нос ва ҳам сигарет рузаро мешикананд.
Ахкомхои руза
Суолкунанда:
Нур
Таърихи суол:
27/08/2010
Матни Суоли
29
Ассалому алекум ва
рахматуллох
Бобои Эшон
Худованд шуморо нигахбон бошад
Мо мавзуъи
Ахкоми рузаро гуш кардем ва саволхо пайдо шуд.
1) Хавфи халокати
нафс гуфта чи дар назар аст?
2) Оиди мубох
будани хурдани руза дар холати ташнаги ва
гушнаги хохишмандем хадисро гуед
3) Дар Миср фаьвое
баромаддаст, ки каме об нушидан чоиз аст аз
сабаби гарми. Далели инаш дар чист? Агар
далел бошад оё инхо бо дар дигар вакт
рузаро мегиранд ё оби нушидаашон рузаро
нашикаст?
4) Ва инчуни дар
Арабистон рузаро ба зимистон гузаронидан. Оё
ин фатво барои хамаи сокинони арабистон аст?
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Мақсад аз
хавфи ҳалокати нафс хавфи мурдан аст.
2) Дар ҳолати
ташнагии сахт, ки хавфи беҳуш ва ҳалокати инсон
бошад хурдани руза ҷоиз аст. Далели ин гуфта
ояти Қуръон аст, ки Худованд фармудааст:
" ما
جعل عليكم في الدين من حرج "
«Худованд бар
шумо дар умури дин ҳараҷ ва машаққат
нагардонидааст». Ё дар ҷои дигар Худованд
фармудааст:
" ولا
تلقوا بأيديكم إلى التهلكة "
«Худатонро бо
дастони худатон ба ҳалокат наандозед».
3) Чунин фатво
дар ҳеч ҷои дунё аз тарафи донишмандони ислом
сар назадааст. Балки инҳо туҳмат ва нақшаҳои
душманони дин аст. Ҳеч касе ҳуқуқи тағйирот
андохтан аз пеши худ дар умури динро надорад.
4) Ин ҳам як
бофта ва дуруғе беш нест. Мо чунин фатвоеро
нашунидаем.
Хукми инзол шудан дар руза
Суолкунанда:
Рауф
Таърихи суол:
27/08/2010
Матни Суоли
28
Дуруду рахмати Худо
бар Турачонзодахо
Бобои Эшон аз Шумо
чунин саволро пурсиданиям, ки шахсе касдан
дасташро дар дахон мекунад кайд мекунад ё бо
занаш бусобуси мекунад медонад, ки хавфи инзол
шуданаш асту руза мешиканад ё филми
шахватбедоркунанда тамошо мекунад ин одам
кафоарти рузаро шумо дар дискатон гуфтед ба
сараш вочиб нест факат як руз казо медорад.
Ман пурсиданиям, ки ин одам касдан кард ку?
саволи дигар ин
ки бобои Эшон мо мегуем 5 сутуни ислом 1)
тайиба 2) намоз 3) руза 4) закот 5) хач.
Агар рафту мо чойхои онхоро иваз кунем
фаразан 4) хачу 5) закот оё ин хатост ва мо
гунахгор мешавем?
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ
каффорат фақат дар хурдан ва ошомидани қасдан ва
инчунин ҳамхобагӣ бо ҳамсар қасдан, воҷиб
мешавад. Дар ғайри ин ҳолатҳо каффорат надорад.
Аммо шахсе, ки бусобусӣ мекунед модоме, ки ҷимоъ
накарда бошад( яъне дохил шудани олати мард бар
фарҷи зан) агарчи қасдан ҳам бошад як руз қазоӣ
мегирад.
Дар масъалаи
тартиби бинои мусалмонӣ дар ҳадисҳо бо тартиб
омадааст. Ба тартиб ба хотири он оварда шудааст,
ки муҳимтарро дар аввал ва дар дараҷаи дуввум
масалан намозро, ки баъди калимаи шаҳодат
меистад зикр кардааст. Бинобар ҳамин беҳтар ин
аст, ки ҳамон тартибе, ки Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) дар зикри бинои мусалмонӣ зикр
кардаанд риоя шавад. Аммо агар бетартиб ҳам зикр
шавад боке надорад.
Фарз шудани мохи рмазон
Суолкунанда:
Хочиакбар
Таърихи суол:
27/08/2010
Матни Суоли
27
Ассалому алайкум
ва рахматуллох Эшони Махмудчон. Аз Худо дуо
дорам ки, илми шуморо боз хам зиёд бигардонад.
Хохиш мекунам саволи маро бо пурраги чавоб дихед.
Савол чунин аст;
Дар мухишарифи
Рамазон руза доштан кай фарзгардид?
Сабаби фарзгаштани
руза доштан дар мохи рамазон дар чист?
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
Соли дуввум ҳиҷрӣ
буд, ки аз ҷониби Худованд бар Паёмбараш ваҳй
омад, ки рузаи моҳи шарифи Рамазонро барои
умматонаш то абад фарз гардонид.
Барои фарз
гардидани руза дар моҳи Рамазон баъзе олимони
ислом чанд ҳикмат зикр кардаанд, ки инҷо
мухтасаран як дутои онро меорем. Ба хотири он,
ки Қуръон дар моҳи мубораки Рамазон нозил гардид
Худованд бандагонашро барои бузургдошти нузули
Қуръон амр ба руза кард. Инчунин биъсати
Паёмбари Худо наздик ба моҳи Рамазон буд. Худо
доност.
Хукми хамбистари дар рамазон
Суолкунанда:
Алишер
Таърихи суол:
27/08/2010
Матни Суоли
26
Ассалому алайкум
мухтарам эшон. Мехостам аз Шумо 1 саволе пурсон
шавам.
Дар мохи Шарифи
Рамазон бо хамсар хамхоба шудан чоиз аст ё не ?
Каблан миннатдории
худро баен менамоям. Худованд нигахбони шумо
бошад.
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Бале дар шабҳои
моҳи Рамазон ҳамхобагӣ бо ҳамсар ҷоиз аст. Аммо
дар руз дуруст нест.
Шиканандахои руза
Суолкунанда:
Шулмаки Рашт
Таърихи суол:
27/08/2010
Матни Суоли
25
Ас-салому ъалайкум
устоди азизу гиромикадр,иди шарифи рамазон ба
хамаи мусалмонон муборак бошад.
Агар дахон, е
дандон хун биеяд, е ин ки партойи руза мешиканад.
Сурудхои Муинро (ирони)гуш
кардан мункиаст?
Ое чизхое,ки дузхо
бо нархи арзон мефурушанд харидан мункинаст?
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Хуне, ки аз
даҳон ё дандон меояд шиканандаи руза нест ба
шарте, ки онро фуру набарад. Локин қай кардан
агар шахсе қасдан ба даҳонаш ангушташро андохта
қай кунад рузааш мешиканад. Аммо агар худаш
биояд руза намешиканад.
2) Бародар ман
намедонам сурудҳои Муин чи аст. Аммо бояд донист,
ки чи мехонад. Агар сухани бемаънӣ, ишқу
ҳавасронӣ ва хилофи исломӣ бошад гуш карданаш
гуноҳ аст.
3) Агар дониста аз
дасти дузд чизеро бихарад, ки аз роҳи дуздӣ
омадааст, дуруст нест.
Хукми нушидани об дар рамазон аз чихати гармо
Суолкунанда:
Сиёвуш
Таърихи суол:
27/08/2010
Матни Суоли
24
Ассалому алекум
Бобои эшон дар арабистон обхурданро ичоза
додаанд. Дар Шартус низ хаво гарм аст мо
обхурем ичозат аст? агар хурем пас казо бояд
гирем ё не? ин фатво далел дорад?
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
Дар ягонҷо фатво
барои хурдани об аз ҳеч олиме набаромадааст.
Инҳо ҳама бофта ва дасти душманони дин аст. Ин
хилофи ислом аст. Бинобар ҳамин шумо ин корро
накунед. Агар, ки хурдед, қасдан ҳисоб мешавад
дар ин ҳолат шудм гунаҳкор мешавад ва бар шумо
каффорати ин руз ба миқдори 60 руз рузаи пайдар
пай воҷиб мешавад.
Казо даштани рузаи рамазон
Суолкунанда:
Sumayya
Таърихи суол:
27/08/2010
Матни Суоли
23
Ассалому алайкум !
Бобои эшон ман дар Рамазон ба шахри Душанбе
рафтам дар рох саломатиам нохуб шуд рузаам
шикаст ман ду руз руза гирифта натавонистам бояд
чанд руз руза дорам ? дар хаки мо дуо кунед Худо
нигахбони шумо .
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
Ҳамон ду рузеро,
ки аз сабаби беморӣ натавонистед, бигиред ҳамон
ду руз қазо медореду халос. Худованд
нигаҳбонатон.
Хукми шустани дандонхо бо хамираи дандоншуй лар
раммазон
Суолкунанда:
Иброхим
Таърихи суол:
04/09/2010
Матни Суоли
22
Аз маъмурияти ин
сайт илтимос хамин саволхоро тезтар расонед
1) Агар дар вакти
гусли чанобат обро ба бини накашию димог
насузад гусл ба чо омада нест?
2) Шахсе дар вакти
рамазон дандонро ба хамираи дандоншуи мешуяд. Ин
Рузаро мешиканад?
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Кашидани об ба
даҳону бинӣ дар вақти ғусл бинобар мазҳаби мо
фарз аст. Аммо шарт нест, ки димоғ сузад. Фақат
ҳамин қадар, ки даҳону биниро об мегардонем баъд
тамоми баданро об мерезем.
2) Шустани даҳон
бо дандоншуяк дар Рамазон боке надорад.
Фитри руза
Суолкунанда:
аз масков
Таърихи суол:
04/09/2010
Матни Суоли
21
шахс худ дар маскав
аст ва фарзандон дар точикистон фитри рузаро дар
масков дихад ё дар точикистон
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
Модоме, ки фитри
рузаро худаш медиҳад фарқ надорад, ки дар куҷо
ҳаст. Муҳим ин, ки фитрро диҳад. Хусусан вақте,
ки фарзандонаш ноболиғ бошад додани фитри руза
бар худи ҳамон мард ба ҷои фарзандон воҷиб аст.
Хукми чашидани таъом дар руза
Суолкунанда:
аличон
Таърихи суол:
04/09/2010
Матни Суоли
20
ассалому алейку
бобои эшон. намаки таъомро чашидан руза
мешиканад?
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
На, намешиканад,
аммо макруҳ аст.
Хукми огуш кардани зан дар рамазо
Суолкунанда:
ABDULLO
Таърихи суол:
05/09/2010
Матни Суоли
19
Salom va
rahmatulloh,,oyo meshavad tarobehro 4 rakati
khond?va bo zanak busidan va zanakro ba ogush
griftan to joe shavad ki lich bo ham khob kardan
va rasondani badan bo hamdigar faqat idkhol
nakunad ruzaro fosid mekunad ? fahmida budam chi
kore mkuni faqt hamin ki obi mani naroyad va
idkhol nanamoyi ruza fosid nameshavad oyo
haqiqat dorad ?
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
Таробеҳро чаҳор
ракаат бо як салом хондан макруҳ аст. Аммо дар
мавриди саволи дуюми шумо агар дар ҳамон ҳолати
гуфтаи шумо инзоли манӣ нашуда бошад руза фосид
намешавад, балки макруҳ мешавад. Аммо агар инзол
шавад бидуни идхол дар ин ҳолат фақат ҳамон
рузро қазоӣ медорад. Дар ҳолати дохил кардан
бошад каффорат воҷиб мешавад.
Кафорати руза
Суолкунанда:
Идибек, аз ш. Душанбе
Таърихи суол:
05/09/2010
Матни Суоли
18
Ассалому ъалайкум
домуллои азиз. Илтимос ба саволи ман чавоб дихед.
Нафаре дар рамазон касдан ба кори вазнин машгул
шуд. Тоб наоварда рузаашро хурд.(Хамон рузро) Оё
ин шахс кафорат медихад. Агар ха, пас чи кадар,
яъне агар таъоми мискинон бошад чанд сумро
ташкил медихад?
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Агар ҳамон шахс
қасдан ба коре машғул шуда бошад дар ҳоле, ки
метавонист он корро ягон вақти дигар кунад ва
рузаашро хурда бошад пас дар ин ҳолат бар вай
қазо ва каффорат воҷиб мешавад. Яъне бояд ду моҳ
пай дар пай руза дорад. Агар чанд рузеро ҳам
хурда бошад барои ҳамааш як каффорат кифоя
мекунад. Навъи каффорати додани таом бар
мискинон дар ҳолате мешавад, ки ҳамон шахс
қобилияти руза доштанро надошта бошад. Аммо
касе,ки солим аст, бояд руза бигирад.
Рукн ва фарзи руза
Суолкунанда:
Фаридун
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
17
Ассалому алекум ва
рахматуллох
Аввало аз кокунони
сомона пурсиданиям, ки чаро пас аз саволи 229
саволи 330 сар шудааст? 100 саволро
нагузоштед ё хато шудааст?
саволхои ман ба
бобои Эшон
1) рукни руза аз
шарти руза чи фарк дорад?
2) агар шахсе дар
соати 10 руз ба сафар барояд ва рузаро хурад
оё гунахи кабира хисоб мешавад?
3) Ноболиге аз
дунё гузаштааст. Дар хонаи у ё дар сари
кабри у чихел дуо бояд кард?
Посух
Аввалан ташаккур
бародари азиз барои ёдрас карданатон. Бале
воқеан дар инҷо хатои имлоӣ шудааст. Аммо мо ҳеҷ
саволеро напартофтаем. Балки дар рақамгузорӣ
хато шудааст.
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Рукн ягон амал
он чизеро мегуянд, ки дар дохили худи ҳамон амал
аст. Масалан рукнҳои руза нахурдан ва наошомидан,
боз истодан аз ҳамхобагӣ ва замон аст. Аммо
шарти як амал он чизеро мегуянд, дар хориҷ аз он
амал ва барои сиҳати он амал шарт аст. Масалан
шартҳои руза мусалмон будан, болиғ будан, ва
ғайра.
Рузаи мохи рамазон
Суолкунанда:
Абдувоҳид
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
16
Домуллои муҳтарам
ба шумо суоле доштем.Барои чи дар Руссия
рамазонро 29 руз мегиранду дар Точикистон бошад
30 руз?Илтимос чавоб гуед.
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Моҳи Рамазон аслан
муайян нест, ки 29 руз мешавад ё 30 руз. Инро
тулуъи моҳи нав муайян мекунад. Агар ба шарте,
ки Рамазон 29 руз шуд ва бегоҳи рузи сиюм моҳро
диданд, бояд фардои ҳамон руз ид кунанд ва
Рамазонро 29 руз гиранд. Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) дар давоми умри худ бештари моҳи
Рамазонро 29 руз гирифта буданд. Зеро агар моҳро
медиданд рузаро шуруъ мекарданд ва бо дидани
моҳи Шаввол ид мекарданд. Аммо мутаассифона дар
Тоҷикистони мо инро аҳамият намедиҳанд.
Рузаи казои
Суолкунанда:
Abuzahro
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
15
Salom va
rahmatuloh?ID baroi shumo va tamomi musulmononi
dunyo muborak boshad!!!Savol qazoi ruzaro agar
girfti va boz ba khotiri mehmone yo bakhotiri
chize digar bikhuri oyo monandi ruza ki agar
barqasd bikhuri kaffora vojib meshavad?
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Не, каффора воҷиб
намешавад. Балки қазоӣ медорад.
Наяти рузаи мохи шавол
Суолкунанда:
Фарход
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
14
Ассалому алекум ва
рахматуллох
Бобои эшон
хохишмандам ба саволхои мо чавоб гуед
1) баъд аз рамазон
мо 6 руз рузаи мохи шаввол мегирем. Нияти
кушодану бастани ин рузаро ба мо мегуфтед
2) Парвардигоро
фуруди моро дар ин макон муборак гардон ва ту
бехтарини фурудоварандагони
Бобои эшон оё ин
навиштачот хадис аст? Аз шумо хохишдорем ки
лафзи арабии ин навиштачотро нависед
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Бародари исломӣ
аввалан ин, ки бо дил ният кунед худаш кифоя аст.
Аммо дар вақти кушодани ифто ҳамо дуое хонда
мешавад, ки дар вақти ифтори рузаи Рамазон хонда
мешавад. "Аллоҳумма лака сумту ва аъло ризқика
афтарту". Ҳамин кифоя аст.
2) Ин ояти Қуръон
аст ва аз сураи "Муъминон" гирифта шудааст.
Худованд ба ҳазрати Нуҳ фармуд;
قل
ربي أنزلني منزلا مباركا و أنت خير المنزلين >
Тарҷума; "Бигу эй
Нуҳ Парвардигоро! Моро дар беҳтарин макон фуруд
биовар ва ту беҳтарини фурудоварандагон ҳастӣ".
Хукми 6 рузи рузаи шавол
Суолкунанда:
Нуъмон
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
13
Дуруду рахмати Худо
бар Турачонзодахо
Бобои эшон илтимос
ба саволхои мо чавоб дихед
1. Баъд аз рамазон
гирифтани рузаи шаввол 6 руз пайдарпай афзал аст
ё баъзеи рузхо
2. Дар вакти
бардоштани ангушти сабоба вакте мо ангуштро
мехамонем ангушт дар зону расиданаш афзал аст ё
нарасиданаш? (ман дар назар дорам ки ки баъди
фуровардани ангушт баъзехо муаллак нигах
медоранд ва баъзехо ангуштро дар боли зону
мепартоянд)
3. Байни мардум
суханоне хаст, ки тар погаи дар нишастан хуб
нест ё ки дар даромадгохи дар салом кардан чоиз
нест. Оё асосе дорад?
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Рузаи шаш рузи
моҳи Шавволро пароканда гирифтан беҳтар ва афзал
аст.
2) Дар мазҳаби мо
баъд аз бардоштани ангушти саббоба дар вақти
ташаҳҳуд онро дар зону мондан афзал аст. Ба ин
тариқ, ки дастро мушт карда ангушти саббобаро
дар вақти гуфтани шаҳодатайн мебардорем ва пас
аз он муштро боз накарда ангушти саббобаро
мефарорем.
На, ин суханҳо
дуруст нест. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) гоҳҳо
аз пушти дар истода салом медоданд. Дар ҳадисҳо
чунин омадааст.
Хукми 1 сол пай дар пай руза доштан
Суолкунанда:
Сунатулло
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
12
Бобои Эшон Рахмати
Худо бар Шумо. Хохиш мекунам ба саволхои мо
чавоб дихед
1) Чаро 1 сол пай
дар пай руза гирифтан чоиз нест? Оё ин макрухи
тахрими аст?
2) Занхо аз бозор
рафта румойли сатри зебо ва маъкули худ
интихоб мекунанд. Муллое мегуяд, ки зан
зиннаташ барои шавхари худаш аст, ин кори онхо
гунахи кабира аст. Занхо бояд дар вакти хариди
сатр чихел рафтор кунанд?
3)Агар дар вакти
рамазон намозро чамоат хонию таробех нахони
витр чи хел хонда мешавад? (бо чамоат ё бе
чамоат?)
4) Макрух оё ба
гунахи кабира дохил аст?
Макруҳ ду навъ аст;
макруҳи танзиҳӣ ва макруҳи таҳримӣ. Макруҳи
танзиҳӣ гуноҳ надорад. Аммо макруҳи таҳримӣ
бошад, муртакибаш гунаҳкор мешавад, мисли гуноҳи
кабира. Худованд нигабонатон.
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Як сол
пайдарпай руза гирифтан макруҳи таҳримӣ аст.
Зеро Паёмбари Худо (алаҳиссалом ) фармуданд:
"Руза нагирифтааст он шахсе, ки як умрро руза
медорад". Аммо назди имом Аъзам агар як шахс як
сол ғайр аз рузҳои манҳия бақияи рузҳояшро руза
дорад, боке надорад. Айёми манҳия инҳоянд; Рузи
иди Рамазон, рузи иди Қурбон, се руз баъд аз иди
Қурбон. Ҳамагӣ панч руз дар як сол рузҳои манҳия
аст, ки дар он руза гирифтан ҷоиз нест.
2) Занҳо дар вақти
хариди сатр бояд он навъеро интихоб кунанд, ки
танг набошад, то ҷисми занро намудор гардонад.
Инчунин шаффоф набошад, ки зери пироҳан намоён
бошад ва низ моделе набошад, ки диққати
мардонро ба худ ҷалб кунад.
3) Агар хоҳад бо
ҷамоат хонад.
Дубора гирифтани руза бади мохи мубарак
Суолкунанда:
yakhyo
Таърихи суол:
01/07/2011
Матни Суоли
11
Ассалому алайкум,
мухтарам Эшони Махмудчон ба Шумо як суол дорам!
занеки рамазон руза нагирифт бо сабаби ягон
бемори . пас аз рамазон казои руза гирифт дар
вакти казои доштани руза одати занакиш омад дар
ин сурат дубор аз сари нав руза хисоб мекунад
ёки давомаш медихад чунки пай дар пай вочиб аст
дар казои мохи рамазон ...оё пай дар пай вочиб
аст дар казои зан ёки хос барои мардос . илтимос
ба ин масала возих чидддии дихед
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Қазоии рузаи моҳи
шарифи Рамазонро пай дар пай гирифтан шарт нест.
Масалан зане агар ба сабаби одати моҳонагӣ 5
рузи Рамазонро ифтор кард, метавонад баъд аз
Рамазон он панҷ рузро пароканда дар чанд муҳлат
бигирад. Агар дар вақти қазоӣ доштанаш боз одати
моҳонааш шуд фақат ҳамон рузро баъди пок шудан
руза мегирад. Дар масъалаи руз фарқ байни зану
мард нест. Он рузае, ки пай дар пай гирифта
мешавад каффора гуфта мешавад. Каффора дар
ҳолати дар рузи моҳи шарифи Рамазон қасдан
ҳамхобагӣ бо ҳамсар воҷиб мешавад, ки бояд баъд
аз Рамазон 60 руз пайдарпай руза дорад.
Оё нос рузаро мешиканад?
Суолкунанда:
Мухлис
Таърихи суол:
11/08/2011
Матни Суоли
10
Ассалому алекум ва
рахматуллох. Хохишмандам ин саволхоро дар намози
чумъа посух гардонед. Саволхо: 1)Дар вакти
рамазон вакте, ки мо нос мекашем уро мо гашта
туф мекунем, шарти руза бошад он чи ки аз гулу
ва димог мегузарад шикандаи руза аст. Пас чаро
нос тахоратро мешиканад? Агар далелаш кайфият
додан бошад пас чаро тахоратро
намешиканад?Инчунин мо вакте дар дарё оббози
мекунем халоват мебарем. Пас чаро оббози дар
дарё низ рузаро анмешиканад? 2) Шахсе 20 руз
машакат кашида сони бе узр рузаро хурд шахси
дигар бошад 3 руз гирифту бе узр рузаро хурд.
Чаро хардуяшон казои инро якхел яъне 60 рузи
мегиранд? (максад ин ки шахси якум бисертар
гирифту азоб кашид)
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Бародари исломӣ
нос рузаро мешиканад. Зеро нос дар таркибаш чизе
дорад, ки агар масалан шахси ба вай одат надошта
бикашад уро гаранг мекунад. Инчунин агар нос
шахси носкашро гаранг кунад таҳораташ мешиканад.
Руза аз таҳорат фарқ дорад. Руза ибодатест, ки
ба муҷиби он бояд шахс аз тамоми хоҳишоти ҷисмӣ
ва шаҳватронӣ аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб
бояд бозистад. Шарти шиканандаи руза танҳо он
чизе нест, ки фақат аз гулу ё димоғ мегузарад.
Вақте мард бо ҳамсараш ҳамхобагӣ мекунад ин
амале нест, ки ба роҳи гулу ё димоғ гузарад.
Вале шиканандаи руза аст.
2) Дар инҷо сухан
аз қасдан беэҳтиромии моҳи рамазон меравад. Фарқ
надорад, ки инсон баъд аз 20 руз чунин кунад ё
баъд аз 3 руз. Модоме, ки қасдан беэҳтиромии
рамазонро намудааст дар иваз бояд каффора
бидиҳад яъне 60 руз пайдарпай руза дорад. Ин
каффора танҳо ба хотири як рузи қасдан хурдааш
аст. Бинобар ҳамин дар инҷо фарқ байни касе, ки
20 руз гирифтааст ва байни касе, ки 3 руз руза
доштааст, нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Эълони рамазон
Суолкунанда:
соил
Таърихи суол:
01/08/2011
Матни Суоли
09
мо ки дар Россия
хастем барои ташхиси аввали мохи Рамазон ва
хамчунин рузи иди фитр эъломи муфтии шахри
худамон кофист ?
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Бале, барои шумо
эъломи муфтии сарзамине, ки дар онҷо истиқомат
мекунед барои даромадани моҳи Рамазон ва инчунин
ид кофӣ аст ва бояд шумо аз онҳо пайравӣ кунед.
Дар паноҳи Худо бошед.
Руза
Суолкунанда:
Таърихи суол:
11/08/2011
Матни Суоли
08
Асаломуалекум бобои
эшон бобочон ман дар руссия рузамедорам падару
модарам мегуйанки рузаатрохур ман суханионхора
радкардам мангунахкормешавам барои
радкарданам.саломат.бошед.мухлисишумо аз ворух.
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Не бародари исломӣ шумо ҳечгуна гунаҳкор
намешавед. Зеро итоати махлуқ дар маъсият ва
нофармони Холиқ ҷоиз нест. Падару модар бо
вуҷуди бузург будани мартабаашон ҳақ надоранд
фарзандро ба корҳои хилофи гуфтаҳои Худо ва
Паёмбар амр кунанд. Агар амр кунанд ҳам шумо
набояд аз онҳо дар чунин амрҳо итоат кунед.
Худованд нигаҳбонатон.
Истифодаи нос дар рамазон
Суолкунанда:
Мухлис
Таърихи суол:
11/08/2011
Матни Суоли
07
Ассалому алекум ва
рахматуллох. Хохишмандам ин саволхоро дар намози
чумъа посух гардонед. Саволхо: 1)Дар вакти
рамазон вакте, ки мо нос мекашем уро мо гашта
туф мекунем, шарти руза бошад он чи ки аз гулу
ва димог мегузарад шикандаи руза аст. Пас чаро
нос тахоратро мешиканад? Агар далелаш кайфият
додан бошад пас чаро тахоратро
намешиканад?Инчунин мо вакте дар дарё оббози
мекунем халоват мебарем. Пас чаро оббози дар
дарё низ рузаро анмешиканад? 2) Шахсе 20 руз
машакат кашида сони бе узр рузаро хурд шахси
дигар бошад 3 руз гирифту бе узр рузаро хурд.
Чаро хардуяшон казои инро якхел яъне 60 рузи
мегиранд? (максад ин ки шахси якум бисертар
гирифту азоб кашид)
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
1) Бародари исломӣ
нос рузаро мешиканад. Зеро нос дар таркибаш чизе
дорад, ки агар масалан шахси ба вай одат надошта
бикашад уро гаранг мекунад. Инчунин агар нос
шахси носкашро гаранг кунад таҳораташ мешиканад.
Руза аз таҳорат фарқ дорад. Руза ибодатест, ки
ба муҷиби он бояд шахс аз тамоми хоҳишоти ҷисмӣ
ва шаҳватронӣ аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб
бояд бозистад. Шарти шиканандаи руза танҳо он
чизе нест, ки фақат аз гулу ё димоғ мегузарад.
Вақте мард бо ҳамсараш ҳамхобагӣ мекунад ин
амале нест, ки ба роҳи гулу ё димоғ гузарад.
Вале шиканандаи руза аст.
2) Дар инҷо сухан
аз қасдан беэҳтиромии моҳи рамазон меравад. Фарқ
надорад, ки инсон баъд аз 20 руз чунин кунад ё
баъд аз 3 руз. Модоме, ки қасдан беэҳтиромии
рамазонро намудааст дар иваз бояд каффора
бидиҳад яъне 60 руз пайдарпай руза дорад. Ин
каффора танҳо ба хотири як рузи қасдан хурдааш
аст. Бинобар ҳамин дар инҷо фарқ байни касе, ки
20 руз гирифтааст ва байни касе, ки 3 руз руза
доштааст, нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
29 руз руза доштани руза
Суолкунанда:
Рахмиддин
Таърихи суол:
16/08/2011
Матни Суоли
06
Ассалому алайкум
хазрати эшрни Махмудчон худованд шуморо нигохбон
бошад мо аз сомонаи шумо бисёр истифода мекунему
бисёр аз шумо рози хастем худованд сафи шумо
баринхоро зиёд кунад. Ман як чизро пурсиданиям
ман як ду сол мешавад мебинам, ки дар Русиё
рузаи мохи шарифи Рамазонро 30 руз нею 29 руз
мегиранд ин барои чи бошад
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Ба хотири он гоҳо
моҳи рамазон 29 мешавад, ки дар ҳамин 29 рузагӣ
моҳ дида мешавад. Яъне барои руза гирифтан ва ид
намудан дидани моҳ шарт аст. Дар замони Паёмбари
Худо (алайҳиссалом) низ чанд соле моҳи рамазонро
29 руз руза доштанд.
Хукми инзол шудан дар руза
Суолкунанда:
АБДУҚАҲОР
Таърихи суол:
23/08/2011
Матни Суоли
05
АССАЛОМУ
АЛАЙКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲИ ВА БАРАКАТУ БОБОИ
ЭШОНҶОН БА САВОЛИ МАН ҶАВОБ ДИҲЕД БЕМАЛОЛ БОШАД
СУОЛ АЗ МАСКВА 1 ШАХСЕ ДАР МОҲИ РАМАЗОН ҒУСЛ
КАРД ЛЕКИН БО ВАСВАСАИ ШАЙТОНИ ЛАИН ХУДРО БО
ДАСТИ ХУД ҲАРОМ КАРД РӮЗААШ ШИКАСТ Ё НА Ё ҚАЗОГИ
ГИРАД БЪАДИ АНҶОМИ РАМАЗОН ХУДОВАНД ЪИЛМАТОНА
БОЗ ЗИЁДА БИГАРДОНАД
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Агар ба шарте, ки
қасдан худашро бо дасташ эҳтиломӣ кунад гунаҳкор
мешавад ва рузааш фосид мешавад. Бояд баъд аз
рамазон ҳамон рузро қазоӣ гирад. Як чизи дигарро
бояд қайд кард, ки ҳамон рузеро, ки рузааш
фосид шудааст бояд то шом аз хурдану ошомидан
боз истад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Ҳукми фидя барои фақир
Суолкунанда:
Muhamin jon
Таърихи суол:
23/08/2011
Матни Суоли
04
BISMILLOHIRRAHMONIRRAHIM SALOMULLOHI ALAIKUM
DUSTONI XUDO/ SHAXSI KASALMANDU SOLXURDA VA DAR
NASFI VAQT MUHTOJU NODOR AST DAR RAMAZON RUZA
GIRIFTA NAMETAVONAD PAS CHI BOYAD KUNAD?
OYO FIDYA MEDIHAD DAR HOLI MUHTIASH? XAHISH
DORAM DOMULLOH MAHMUD JON DAR IN MASALA RAVSHANI
ANDOZED. XAFIZAKUMULLOH JAMIA;N
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Агар ба шарте, ки
бемории ҳамон шахс шифонаёбанда бошад, дар ин
ҳолат бояд фидя диҳад. Агар қудрати додани
фидяро надошта бошад, дар ҳоле, ки Худованд ба
вай аз ҷое расонд, бояд фидяи гузаштаро пардохт
кунад. Аммо агар беморияш шифоёбанда бошад, дар
ин ҳолат баъд аз шифо ёфтан қазоӣ руза мегирад.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Руза доштани пиронсолон
Суолкунанда:
Мухаммад Амин
Таърихи суол:
29/08/2011
Матни Суоли
03
Салом устоди
гироми, мохи шарифро ба Шумову ахли байт ва
Асотид (Худои мехрубон нигахбонашон)тахният
мегуям!!! Тарве шохид хастем, огози Рамазони
имсола бо андак гармихои берун аз меъёр тавъам
омад, ки мутаассифона, баъзе падару модарони
пиронсоламон натавонистанд ибодати
саркардаашонро давом диханд. Эшон харчанд
бинобар заъфи чисмони харчанд маъзуранд, аммо
дуст доштанд дар ин ибодати дустдоштани канори
мусалмонони дигар сабкат чуянд. Хазрати Волидаи
мо (79 сол доранд Худованд куввату неруяшон
дихад), минчумла, чор рузи аввалро руза доштанд,
аммо, дар рузи панчум хеле аз холат рафтанд, ки
водорашон кардем то катъи руза кунанд ва шуруъ
ба табобат (дорухои нерудиханда кабул карданд
тавассути рагхои хунгард). Хуб ин чо чи кор бояд
кард: оё фидя бояд пардохт барои 26 рузи
бокимонда ё хатман бояд казо гиранд? Агар фидя
бояд дод, лутфан мегуфтед чи микдор (чун хар
ракамро тахмин мезананд), дар кадом вакт (якбора
ё харруза), ба ки бехтар аст пардохт дар шахр,
масалан? Хамчунин, хазрати волида дар рустои дур
аз Душанбе икомат доранд, оё банда, ки
фарзандашун хастам метавонам ин фидяро дар
Душанбе пардохт намоям ё бояд маблагро ирсол
намоям унчо? Мутмаинам, ки дар зудтарин фурсат
посухи Устодро хохам гирифт ва барои ин ба Шумо
ва Асотиди мухтарам аз Раббулиззат дар ин мохи
муборак ва дар ин бегохи муборак сихативу
офиятро масъалат дорам. Худои мехрубон рухи
Падари бузургворатонро дар малакути осмонхо рози
аз худ нигах дорад - Омин. Нафаре аз дустдорону
пайвандони хонадон.
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ,
агар ба шарте, ки модари шумо қудрати дар рузҳои
кутоҳи зимистон руза гирифтанро дошта бошад, пас
дар ин ҳолат бояд қазоии ин 26 рузро дар
зимистон бигирад. Аммо дигар қуввати рузаро дар
ҳеҷ як кадом фасли сол надошта бошад, дар ин
ҳолат фидя медиҳад. Фидя барои ҳар як рузи
ифторкардааш ба миқдори 5 сомонӣ муайян карда
шудааст. Агар зиёдтар аз он ҳам диҳад боке
надорад.Фидяро агар хоҳад ба як шахси камбағал
диҳад, дар ин ҳолат бояд ҳар руз ба вай миқдори
якрузаро диҳад. Аммо агар якчанд нафар додани
бошад, пас метавонад ҳамаи миқдори фидяро дар як
руз ба адади рузҳои ифторкарда ба камбағалон
диҳад. Яъне барои 26 руз ба 26 шахс медиҳад.
Фидяро беҳтар аст, ки ба хешони камбағал дода
шавад. Дар куҷои, ки бихоҳед метавонед фидяро
пардохт намоед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Баъд аз нияти руза ҳамхобаги кардан бо зан ҷоиз
аст?
Суолкунанда:
Бехруз
Таърихи суол:
29/08/2011
Матни Суоли
02
Дар мохи Шарифи
Рамазон, пас аз сахархурак ният кардан, омда бо
хамсарам хонадори кунам, рузаам мешиканад? Ба ин
саволи ман чавоб медодед.
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Агар пеш аз
дамидани субҳ бошад рузаатон намешиканад. Агарчи
нияти руза ҳам карда бошед. Вале баъд аз субҳ
рузаро мешиканад ва каффора воҷиб мешавад. Дар
паноҳи Аллоҳ бошед.
Ҳукми фитри руза
Суолкунанда:
АбуУмар
Таърихи суол:
29/08/2011
Матни Суоли
01
Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва
баракотух!ЭШОНИ Махмудчон, саволи 1: МАН худам
дар Россия кор ва зиндаги мекунам ва зану
фазандони ман дар хорича хастанд,ман фитри
рузаро хамчун сардори оила дар россия дихам е ба
точикистон дихам фарзандонам дар хорич диханд
еки ман дихам мешавад, дар россия е ба
точикистон.Мегуянд,ки дар кучо мохи шарифи
рамазонро руза доред дар хамончо бояд,ки фитри
рузаро дихед.Ва мефахмондед,ки бехтарин вакташ
кадом вакт.Мегуянд,ки нархи 2кг гандумро дихед е
2 кг хурморо.Сахобагон 2кг хурмо е 3,5кг хурмо
медоданд.Кадомаш сахех аст.Мо то имсол фитри
рузаро аз руи 2кг хурмо медодем. ва ба кихо
хубтар аст доданаш.ва дар охир зану фарзандонам
ки дар хорич дар талаби илм хастанд, дуо
кунед.ХУДО нигахбон.
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Дар масъалаи фитри
руза фарқе надорад, ки шумо дар куҷо медиҳед.
Муҳим ин аст, ки бояд фитри руза қабл аз намози
ид дода шавад. Беҳтарин вақти додани фитри руза
ин пеш аз ба намозгоҳ баромадан дар рузи ид
мебошад. Бинобар раъйи мазҳаби мо агар бо нархи
гандум ҳисоб карда шавад 2,5 кг ҳисоб карда
мешавад ва агар бо нархи хурмо ҳисоб кунад пас
аз 4 кг ҳисоб мекунад. Закоти фитрро беҳтар ин
аст, ки ба хешовандони камбағал ва фақири худ
бидиҳед. Худованд шумо ва аҳли оилаи шуморо
нигаҳбон бошад ва барои фарзандони шумо илми
раббонӣ насиб кунад.
*
* *
Масҷиди
"Халифа Абдулкарим
Дуо
Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.