WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Эшони Маҳмудҷон

Фатвоҳо дар боби никоҳ ва талоқ

 
.::Суоли Шумо::.

 
Масъалаи талоқ
Суолкунанда: бе ном
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 52

Ассалому алейкум эшони мухтарам. Аз Шумо хохиш ва илтимоси бепоёне дорам. Мехохам пурра ба суоли худ аз Шумо посухе гирам, ки маро шавхарам маст ба хона даромада БА ТУ ЧАВОБ , СЕ ТАЛОК ГУФТ. Вакте ба хуш омаданаш инкор мекунад, ки ман зани сар медодаги надорам . Мумкин ту маро тухмат мекуни , гуфта бошам хам дар ёдам нест. Ту маро мачбур насоз ки, ман ин суханхоро аз худ намекунам мегуяд. Ман аз он кас сохиби духтар хастам ва боз умедворам , мехохам сохиби тифлаки дуструяке шавам. ХУДОВАНД БА ШУМО УМРИ ДАРОЗИ ПУРБАРАКАТ ДИХАД.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ шумо ба назди муфтиёт равед. Зеро масъалаҳои талоқро намешавад ба воситаи интернет ва бо як номаи кутоҳ фатво дод. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Масъалаи талоқ
Суолкунанда: Умед
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 51

Ассалому алайкум домуллои мухтарам, Аз шумо як чизро пурсиданиам ман бо занам чанчол хурдем ва ман хостам уро тарсонаму як талокаш дихам аммо аз дахонам чунин баромад,ки "ман туро як милион талок кардам" худам хам нафахмидам чи тавр ин гапро гуфтам лекин гап аз дахонам дар хакикат баромад. Ман аз шумо домуллои мухтарам пурсиданиам, ки оё ягон ривоёте хаст, ки ман ин занро дубора никох карда гирам, Ба гайр аз ХАЛОЛА кардан. дар як сабте аз хазрати Эшони Нуриддинчон шунида будам ки у гуфта буд ки хато ба се талок низ фатво медихад лек даст ба халолакуни назанед! Ман танхо ба шумо ва бародарони шумо эътикоду бовари дорам, танхо фатвои шумо дили маро метавонад аз хар гуна шаку шубха холи кунад, Илтимос маро рохи дурусташро фахмонед. Агар имкон бошад очилтар ба ман посух дихед аз шумо хохиш мекунам.! Худо шуморо ва бародаронатонро дар панохаш нигох дорад!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ мо қаблан низ гуфта будем, ки ба масъалаҳои талоқ беҳузури шумо ва ҳамсаратон ва донистани ҳолати талоқ ва якчанд эътибороти дигар фатво дода наметавонем. Бинобар ҳамин агар бихоҳед ҳамроҳи ҳамсаратон ба назди ягон донишманди ботақво биравед ва ё ба назди мо оед. Аммо дар масъалаи ҳалола бошад чуноне, ки дар хутбаҳои ҷумъа низ гуфта будем ин амали фаҳшро ҳаргиз накунед. Ин аз ислом нест ва ба ин роҳ намешавад, занро ба худ ҳалол кард. Дар ривоятҳо омадааст, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) шахси ҳалолагар ва ҳалолашударо лаънат кардааст. Пас ҳаргиз чунни накунед. Худованд нигаҳбонатон.


Фарқ байни никоҳи исломӣ ва ЗАГС
Суолкунанда: Алишер
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 50

Ассалому алайкум ва рохматуллохи ва барокатух суол одамхоеки аз никохи давлати мегузаранд аз назари ислом никох дуруст мешавад ёинки ягон донишманд никох кунад фарк дар байни 2 никох аввалан рахмат дар панохи Аллох

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ

Никоҳи исломӣ шартҳои худро дорад, ки бидуни он никоҳ баҷо намеояд. Аз ҷулмаи шартҳояш будани ду шоҳиди мусалмон ва лафзи қабулу иҷоб мебошад. Агар ба шарте, ки ҳангоми никоҳи урфӣ ё ЗАГС ҳамин шартҳо анҷом дода шавад, никоҳ дуруст аст. Аммо фақат имзо кардани бар дафтари сабти аҳволи шаҳрвандӣ никоҳ намешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Масъалаи талоқ
Суолкунанда: Парвизчон
Таърихи суол: 19/02/2012
Матни Суоли 49

Ассалом алейкум Эшон бобо агар мард занашро дар сари чахл аз хона буромада гумшав гуяд хукми талок мешад ё не

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар нияти талоқ надошта бошад, талоқ намешавад. Аммо агар ҳамин суханро ба нияти талоқ гуфта бошад, талоқ мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми инкори  ҳиҷоб
Суолкунанда: Солех ибни Имом Назар
Таърихи суол: 19/02/2012
Матни Суоли 48

Ассаламу алайкум Хазрати Эшони Нуриддинчон аз худованд ба хонадони шумо сихату саломати хохонам Илтимос ба саволи ман чавоб дихед ман як мухлиси доимии шумо хастам Ман зани худамро якбора 3 талок кардам бад фахмидам ки гунохи кабира будаст ман бо оби гиря тавба кардам як мулло гуфтки ту гунахкор шуди ман ба хотири талок кардамки зани ман аз хичобу омихтани намоз саркаши кард хатто аз куръон ояти хичобро нишон додам бовар на кард бобои эшон ва илло талок намекардам илтимос чавоб нависед ман то киёмат тавба мекунам ва дар хакки шумо дуо мекунам омин

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ агар ҳамсари шумо ояти Қуръонро, ки шумо ба у нишон додед, бовар накарда бошад, дигар ба талоқ эҳтиёҷ надорад. Зеро у дигар мусалмон нест ва никоҳ байни шумову у ба таври автоматӣ бурида шудааст. Бинобар ҳамин агар ба шарте, ки баъди нишон додани оят шумо уро талоқ дода бошед, талоқи шумо талоқ ҳисоб намешавад. Зеро у ҳамон вақт ҳукми ҳамсари шуморо надорад. Аз ҳамин хотир агар мехоҳед дубора бо у издивоҷ кунед, аввал бояд вай таҷдиди имон намуда ва фарз будани ҳиҷобро қабул кунад сипас бо у никоҳ карда ба занӣ бигиред. Дар акси ҳол беҳтар аст аз чунин занҳо худатон дур нигоҳ доред. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми ҷамъ байни зан ва хоҳарзодаи у
Суолкунанда: Абдуллох
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 47

Асалому алейкум бобои эшон агар мард барои зани дуюм гирифтан хохарзодаи занашро е бародарзодаи занашро ба зани гирад мешавад

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ ба занӣ гирифтани хоҳарзода ё бародарзодаи зан дар ислом ҳаром аст бо иҷмоъи уммат. Паёмбари худо фармуда аст “дар никоҳ байни зан ва аммааш ё холааш ҷамъ карда намешавад” ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра разияллоҳу ъанҳу.


Ҳукми никоҳ дар саҳни масҷид
Суолкунанда: Каноат
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 46

Асалому алайкум э дои рохи ислом ва хидоятгари мо чавонони Точикистон. Эшони бузургвор суоле дар бораи никох дорам ба шумо ман алхамдуллилох мусалмонам аммо хазрат бо тан киси хает хичрат ба шахри москав кардам ва дар инчо духтареро дуст доштам алхамдуллилох ин оилаи ман дини исломро кабул кард ва аммо мо рафтем ба масчиди маркази шахри москав ва моро дар сахни беруни масчид никох карданд ва дар дилам шубха аст Эшони бузургвор аз шумо хохиш дорам ки гуед хамин никохи мо сахе аст метарсам аз зино домуллои бузургвор ва дар охир худованд шуморо ва бародарони шуморо дар панохи исматаш нигох дорад ва душманони шуморо хору залил гардонад !!

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Дародари исломи никоҳи шумо саҳиҳ аст. Барои никоҳ макон шарт нест. Хоҳ  вай масҷид бошад ё хона ё саҳни масҷид. Худованд ба шумо баракат ато кунад дар зиндагиятон.


Ҳукми маҳр
Суолкунанда: МУХЛИСИ ШУМО
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 45

Ассалому алейкум ва рахматуллох ман як савол дорам мо як гурух дустон рузе никох рафтем ва дар ончо дар бораи махр сухбат шуд ки мо оиладор хастем вале инро нав фахмидем як мулло гуфти ки хамон чизеки мехарен хонаи арус мебарен хамон махрда дохил меша ое ин рост аст аз шумо мехохем пурсем ва чи бояд махр дод худо шуморо нигохбон бошад

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломи худо шуморо нигаҳбон шавад. Маҳр яке аз воҷиботи никоҳ аст. Бояд дар вақти никоҳ як миқдор маблағ ё ҳарчизи боарзише, ки аз ҷониби домод ба арус дода мешавад муаян шавад. Аммо ин, ки шумо нав фаҳмидед агр ҳамон ҳадяҳоро ҳамчун маҳр гуфта ба арус дода бошед, кофӣ аст. Дар ғайри ин ҳол барои шумо зарур аст, ки ҳоло ба ҳамсаратон як чизе ба унвони маҳр диҳед.


Талоки бокасам
Суолкунанда: Амрулло
Таърихи суол: 23/06/2010
Матни Суоли 44

Ассалому алайкум ва рахматуллох!

 Суолхое доштам: 

 1 - Агар мард аз занаш карз гирад  ва зан ба мардаш касам ба хонадонаш дихад, ки карзро баъд аз иди курбон мард бар бояд гардонад. Вале мард дар вакт бар гардонидан натавонисту хохиши охиста-охиста бар гардонданро дорад. Зан ба ин кори мардаш дар аввал рози намешаваду, баъд аз он розиги медихад. Хонаи марду зан вайрон хисоб хохад шуд мувофики касами додаи зан ё  на?

  2 - Дар вакти ягон молро фурухтан, харидор  насия гирифтанист. Фурушанда шарт мегузорад, ки агар нахт гири 30 сомон, агар насия гири 35 сомон дар авал рози мешавад баъд аз пул овардан розиги намедихад. Оё ин 5 сомони протсент хисоб мехурад?

 Худованди бузург нигахбони Шумо бошад.

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

1) Аз сабаби он, ки саволи шумо нокомил ва нофаҳмо аст ҷавоб додани он душвор аст. Агар манзури шумо аз қасам ба хонадонаш талоқ бошад дар ин ҳолат вақте, ки дар муддати муқарраршуда қарзро баргардонида натавонист, талоқ воқеъ мешавад. Боз инҷо чизи дигар норавшан аст, ки нияти онҳо дар вақти шартгузори се талоқ бошад сеталоқ воқеъ мешавад ва агар як талоқ бошад як талоқ мешавад.(Шумо барои беҳтар ҷавоб гирифтан ба саволатон саволро возеҳтар баён кунед).

2) На ин навъ савдо дар шариат байъ ба тақсит номида мешавад ва дуруст аст. Ва харидор ҳаққи баргашт надорад. Ба шарте, ки фурушанда дар вақти пас гирифтани маблағи насияи молаш аз миқдори муқаррраршуда зиёдтар набардорад. Масалан агар барои ҳар моҳи дер кардаи харидор 5 сомонӣ илова намояд, дар ин ҳолат рибо ё просент ҳисоб мешавад, ки комилан ҳаром аст.


Сетолока
Суолкунанда: Сайёра аз ш.Кулоб
Таърихи суол: 17/07/2010
Матни Суоли 43

Як бародари исломи ба завчааш чанчол мекард, Хангоми чанчол ваи занашро мезад.Бори охирини чанчол ваъда дод, ки  " ба номи худо агар туро  бори дигар занам ту ба ман се чавоби боини харом боши" . Баъди ду се руз боз чанчол карданд ва у занашро боз лату куб кард. Оё давом додани зиндаги байни онхо мумкин давом ёбад ё не? Гумон накунед, ки ман галат карда ба чой "талок"   "чавоб" навиштаам.

 Бо эхтиром мухлиси Шумо

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Хоҳари исломӣ Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Агар воқеан шавҳар ҳамин лафзи зикркарди шуморо гуфта бошад ва баъдаш боз занашро зарбу лат карда бошад, талоқ дар ин ҳолат воқеъ шудагӣ ҳаст. Аммо агар онҳо боз хоҳанд таҷдиди назар кунанд, бояд ба идораи муфтиёт раванд, дар онҷо ба масъалаи онҳо расидагӣ мешавад.


Талоки шарти
Суолкунанда: АъзамАъзам
Таърихи суол: 02/08/2010
Матни Суоли 42

Ассалому  алайкум  ва рахматуллох

 Бобо  Эшон  аз  Шумо  илтимос  дорам ба саволхои ман чавоб бо далели куръони ва аходис  дихед 

 1) Дар  саволу чавоби Хазрати Хочи Акбар саволе, ки Марде  ба  модараш мегуяд  Агар Шумо  хохарамро  ба  фалон кас дихед  занам  талок-ро  хондем. Хазрат  чавоб додаанд, ки вакте амал  ичро шуд, яъне  хохарашро  ба хамон марде, ки ишора ба у буд, доданд  зани  ин мард талок шуд. Яъне  шарт  ба чо  омад. Бародаре  дорем сохиби  ахли  илму такво. У  мегуяд, ки  хамин саволро  ман  ба  Эшони Махмудчон  додам  гуфт, ки  талок  намешавад. Дар  инчо  агар  гапи  ваё  рост  бошад, суханони  Шумо  ба  Хазрати Хочи  Акбар  мухолифат  дорад ва агар  гапи  Шумо  гуфта  бошед  далелаш  дар  чи  аст?

 Худо  нигахбони Шумою бародаронат  ва ахли оилаатон  бошад  боша

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ шояд он кас сухани моро хато фаҳмида бошанд. Вақте, ки шарт воқеъ шавад, дар ин ҳолат талоқе, ки ба ҳамин шарт вобаста шудааст, воқеъ мешавад. Масалан  чуноне, ки дар масъалаи боло омадааст, ки мард гуфтааст агар хоҳарамро ба фалон кас диҳед занам ба ман се талоқ, дар ин ҳолат шарт агар воқеъ шавад, яъне хоҳарашро ба ҳамон каси шартгузошта шуда бидиҳанд, зани он мард талоқ мешавад.


Хукми талоки телефони
Суолкунанда: Умедчон
Таърихи суол: 18/08/2010
Матни Суоли 41

Ассалому алайкум ва рахматуллох.

 Бахшиш бобои Эшон байни  саволе пайдо шудааст, ки гуе талоки телефони талок хисоб намешудаст. Ое ин рост аст?

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ. 

 Талоқи телефонӣ талоқ ба ҳисоб меравад. Ба хилофи никоҳ зеро дар никоҳ шоҳид шарт аст, аммо дар талоқ будани шоҳид шарт нест.


Хукми нияти талок дар дил
Суолкунанда: FAEZIDDIN
Таърихи суол: 22/08/2010
Матни Суоли 40

ASALOMU ALIKUM BOBOI ESHONI XUDOVAND SHUMO RA NIGAHDORAD YAK SAVOL DOROM DAR DILAT NIYATI TALOQ DOSHTA BOSHI TALOQ VOQI MESHAVA YO NE HAMIRAMEXOHAM JAVOBSHA AZ SHUMO

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

 Не, талоқ воқеъ намешавад. Калимаи талоқро то ба забон талаффуз накунӣ талоқ воқеъ намешавад


Хукми  сеталока
Суолкунанда: Саид
Таърихи суол: 07/11/2010
Матни Суоли 39

Асалому алекум ва рахматуло    суол   ман вакти хонадор шудам оилаи ман духтар набуд инро ман бар касе нагуфтаам бад аз чанд вакт дар хоб номи додарамро гирифт бад аз ин вайро гуфтам, ки агар бо ягон бачае гашта бош ту ба ман се талок аммо вай дар чавоб гуфтки майлаш.  мо хозир сохиби се фарзан хастем

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

 Бародари исломӣ, чуноне ки аз навиштаҳои шумо фаҳмидам, бояд шумо бояд ҳамсаратонро қасами сеталоқа намедодед. Кори хуб накардед. Зеро он зан шояд аз тарси ин, ки хонааш вайрон мешавад ва ё аз хиҷолати шармандагӣ қасами бардуруғ бихурад. Бинобар ҳамин беҳтараш ба назди ягон донишманди Худотарс равед ва масъаларо ба он кас фаҳмонед. Шояд роҳи ҳалле барои мушкилии шумо пайдо кунад. Аммо дар мавриди гузаштаи  ҳамсаратон зиёд худатонро ғам надиҳед. Зан пас аз оне, ки дар никоҳи шумо аст бояд ба он аҳамият дод. Уро тарбияи исломӣ диҳед. Барои намозу руза амр кунед. Худованд шуморо хушбахт гардонад.


Оё бо начом додани зано талок вокеь мешавад?
Суолкунанда: Гулмуроди Сафари
Таърихи суол: 07/11/2010
Матни Суоли 38

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух. Домулло аз шумо хохиш дорам ки ба суолхои ман чавоб гардонед.

 1. Як рафикам дар мохи шарифи Рамазон занашро 3-талок кард, баъд аз чанд муддате аз кори кардааш пушаймон шуд ва ба козиёт мурочат кард. Дар ончо аз рафикам суол карданд, ки хангоми дар никохи бо хамсарат буданат боре зино карди? Рафикам гуфт бале, сипас фатводиханда гуфтааст, ки дар холати зино карданат аллакай хамсарат бар ту 1-талок шуд ва ин 3-талоки баъдина бе эътибор дониста мешавад. Дар хамин мохи шарифи Рамазон онхоро аз сари нав никох карданд. Оё фатвои додаи козиёт асл дорад?

 2. Дар холати талок кардан номи занро гирифтан хатмист? Зеро баъзехо мегуянд, ки то агар номашро нагири талок вокеъ намегардад.

 ХУДО нигахбонатон бод.

Посух

 Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

1)   Бародари исломӣ, ин сухан асл надорад. Ман намедонам чи гуна инро далел кардаанд.

 Дар вақти талоқ номи занро гирифтан ҳатмӣ нест ва талоқ воқеъ мешавад. Дар паноҳи Худо бошед.


Лафзи киноя дар талок
Суолкунанда: Чурабек
Таърихи суол: 07/11/2010
Матни Суоли 37

Ассалому алекум ва рахматуллох

 Бобои эшон аввало ба Шумо  ва бародаронатон сихату саломатии ва тинчию амониро таманно дорам

 Саволхо:

 1) Шахсе, ки дар  этаж  зиндаги мекунад. Муй ва нохунро гирифта  ба сатили мусор  мепартоят. Оё  гунахгор мешавад? 

 2) Шахсе ба занаш мегуяд

 а)  Ту зани ман  не  ( ба шухи)

 б) Ту зани  ман  нести (чидди)

 Хохиш мекунам  ин ду вариантро хукмашро фахмонед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

1)  Беҳтар ин аст, ки муй ва нохуни гирифтаро дафн кунад.

 Оиди саволи дуввум бошад дар ҳарду ҳолати зикркарди шумо ният эътибор аст. Агар мард вақти ҳамин гапро гуфтан нияти талоқ дошта бошад, занаш талоқ мешавад. Аммо агар нияти талоқ надошта бошад, талоқ  намешавад.


Хукми сеталока
Суолкунанда: abdullo
Таърихи суол: 07/11/2010
Матни Суоли 36

assalomu alaikum va rahmatullohi va barakatuh boboi domullo bo arzi ehtirom ba shumo suole doram ki biser zarur ast . suol chunin ast man yak tojire hastam ki dar dubai tijorat mekunam yak dusti man zanashro yak hafta pesh 3 talok dodaast ki in dusti man takriban yak sol shud bo zanash zindagi mekunad va bad az talok dodan zanash uro biser zora kardaastki uro girad dubora va mehoxad du bora uro ba zani girad va az shumo xohish doram ki dar in masala javob gardoned ki in masala hal dorad vai in chunin talok dodaast aval guftaast 3 talok kardam bo gazabash pas nashuda guftast ba hudo bo 3 talok kardam hudo nigah bonaton boshad

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Бародари исломӣ ин масъала ба воситаи интернет ҳал намешавад. Фақат ба шумо тавсия мекунам, ки ба назди муфтӣ ё ягон донишманди ботақво ҳардуи онҳо рафта масъаларо баён кунанд, шояд барои ҳифзи оилаи онҳо ҳалле пайдо шавад. Худованд нигаҳбони шумо.


Хукми се талока
Суолкунанда: Хайрулло
Таърихи суол: 15/11/2010
Матни Суоли 35

 асалому алайкум устоди азизу мехрубон  эхтиромона аз шумо суолеро масъалат дорам чи маслихат медихед?  Се-чорсол пеш хамсояамон занашро се талок дода буд аз сабаби онки  худи У ба Руссия ба сафари мехнати рафту 3 ё 5 сол  дар ончо монд,сониян баъд аз рафтани вай модараш зани уро дархонаш нагузошт истад  гуфт :-бахонаи ворисонат рав то омадани шавхарат бечора зан,ки гайр аз апаш дигар ворисе надошт бахонаи апааш рафт ва мудати 3-4 сол боду фарзанди худ дар ончо умр ба сар мебурд ,шояд зани бечора азруйи шарм доштанаш аз шавхари апааш хост баназди шавхври худш ба Руссия равад хаминтаврхам кард , зан бо язнааш ба Руссия рафт ва баъд аз 1ё2 хафта бошад  сони ба шавхараш тилфон кард ва баУ ба Русся омаданашро фахмонд  хулас марди бе фахм андеша нокарда се талок ро номгирифт.Акнун харду пушемон хастанд мард дар Руссия  зан дар ватан  оё ин мушкил хали худро дошта бошад онхоро  баназдатон равон кунам. Ин фикр дар сарам кариб аст, ки 6ё7 мох боз давр мезанад, аз сабаби онки масъала ихтилофи аст кордор наме шудам ва дар рузхои охир ин фикр маро азоби рухи дода истода аст. Охир устоди азиз бояд мусалмон на гами худро хурад  балки ободи дигаркасрохам фикр кунад ку. Дар охир аз шумо дуъо масъалт  дорам  Худо шумо ва ахлу байти шуморо аз чаш ми хосидон нигохбон бошад.

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Бародари исломӣ, шумо он зану шавҳарро ба назди ягон домуллои худотарс равон кунед. Онҳо якҷоя бираванд ва асли масъаларо баён кунанд, шояд роҳи ҳалле барои ҳифзи оилаи онҳо пайдо шавад. Ё агар хоҳанд ба назди мо оянд. Худованд шуморо барои ғамхориатон дар ҳаққи бародарони мусалмонат аҷри зиёд насиб кунад. 


Талок додани зани бсатр
Суолкунанда: Зоир
Таърихи суол: 04/04/2011
Матни Суоли 34

 Эшон; Бубахшед саволе дорам,ки худро дар гумрохи мебинам, ман пас аз оиладор дар рохи ислом чиди истодам ё ин,ки худованд анакнун хидоят кард маро, оилаи ман зани бенамозу бесатр аст ва ба зурию хубихам мефахмонам лек кабул надорад, хар чиро бахона мекунад, намедонам чи коре кунам, хатто барои тарсондан талокашам якбор додам ва чи роххое,ки медонистам кардам аммо бефоида аст, дар охир хлоса кардам,ки дар бахони пул коркуни мудате дар рассия равам хамоное,ки дар ватани хеш пули нагз кор мекардам, акнун кариби нух мох аст,ки дар Москва хастам, афсуз,ки хамма макри кашидаям бе фоида аст, метарсам,ки дар рузи киёмат аз сафи дайюсхо шавам, рохнамоям кунед, савол ин аст,ки талокаш тиям ё не? ё ин,ки ягон рохи дигар аст? Худо маро бубахшад аз инхел интихом. ташакур аз саволи дурмадароз ва шуеидани дарду давои ман!!!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Бародари исломӣ, шумо ҳечгоҳ дар фикри талоқ ва ҷудоӣ набошед. Ба ҳар роҳу василае ҳамсаратонро даъват ба ислом кунед. Барояш наворҳои исломӣ биоваред ва ё ҳамеша вайро аз гуру қиёмат бим диҳед. Иншоаллоҳ мебинӣ, ки Худованд дилашро бо нури имон мунаввар месозад. Агар ба шарте, ки ҳамсари ту бо насиҳату даъвати ту исломӣ шавад, бароят беҳтарин аҷру савоб аст аз ин, ки уро талоқ бидиҳӣ. Инчунин дар намозҳо дуо кун, ки Худованд ҳидояташ кунад. Зеро дили ҳамаи махлуқот дар дасти Худост. Пас аз Худо бо тамоми самимият бихоҳ, то дили вайро боимон гардонад. Худованд ҳамсари шуморо ҳидоят кунад ва нигаҳбонатон бошад.


Хукми талок додан бо телефон
Суолкунанда: БАРОДАРИ ИСЛОМИ АЗ ХИТОЙ
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 33

 Асалому алайкум ва рахматуллох домуллои азиз! Ман яке аз мухлисони шумо буда бори дуюмаст ки аз сабаби дар давлати худамон набуда аз мамлакати хорича саволи худро ирсол менамоям. Савол чунин аст:Ман боре бо оилаам бо воситаи телфон алокае доштам ва дар мавриди алокаамон гапи якдигар бо хам мувофикат накарда калимаи талокро(3талок)гирифтам.Аз байн 2-3мох гузашт,сохиби 2фарзанди хурдсол мебошем.Пас аз ин ходиса шудем хардуямон пушаймон,баъд аз он аз акрабонам маслихате гирифтам.Онхо ба ман маслихате доданд ки ба Точикистон омада аз шумо пурсон шавам,бинобар хамин илтимос хар чи зудтар ба саволам чавоб дихед.Ман худам иншоаллох мохи май ният ба Точикистон дорам.Дар ончо боз хамсухбат хохем шуд. Фи амониллохи эй махбуби худо!

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Аз сомона:

 Бародари исломӣ, агар саволи шумо роҷеъ ба фатво дар масъалаи никоҳи баъд аз 3 талоқ бошад, дар ин маврид мо борҳо дар сомона баён доштем, ки масъалаҳои вобаста ба талоқро беиштироки ду тараф (яъне зану шавҳар) фатво додан хуб нест. Бинобар ҳамин маслиҳати мо ба шумо ин аст, ки вақте, ки ба Тоҷикистон омадед ба назди Эшони Нуриддинҷон ё ягон донишманди дигар рафта масъаларо баррасӣ кунед. Иншоаллоҳ шояд  роҳи ҳалле барои шумо пайдо шавад.


Холатхои чоиз будани талок
Суолкунанда: Махмади
Таърихи суол: 10/04/2011
Матни Суоли 32

 Мухтарам Эшони Нуриддинҷон, зани ман бисёр гап гардони ва нохурмати мекунад. Оё дар ин холат талок додан дуруст аст? Ва дар кадом холатхо талок додан аз руи дини Ислом дуруст аст. Саломат бошен Эшони Нуриддинҷон.

Посух

 Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

 Талоқ дар ҳама ҳолат дар дасти мард аст. Аммо ин ба он маъно нест, ки номи талоқро беҳуда ба забон биоварад. Зеро шумдидатарин ҳалолҳо назди Худованд ин талоқ аст. Ба хотири ноэҳтиромӣ талоқ додани занатонро ман ба шумо тавсия намекунам. Балки шумо кушиш кунед вайро тарбия кунед. Шояд ҳамсари шумо ҷавон бошанд. Инсон дар ҷавони он қадар хуб руштёфта  намебошад. Бинобар ҳамин шумо вайро одоб биомузед. Худованд дар Қуръони карим барои зани ношиза (яъне гапнодаро, беодоб) талоқро тавсия накардааст. Балки яке аз роҳҳои Қуръон бар мо таълим додааст ин аз ҳаққи ҳамхобагӣ маҳрум кардани он зан ба хотири ислоҳ шуданаш аст. Хулоса ман тарафдори талоқ додани шумо нестам. Тарбия беҳтарин роҳ аст.


Хукми кахр кардани марду зан
Суолкунанда:  
Таърихи суол: 14/07/2011
Матни Суоли 31

 Асолому алайкум домуло махмуджон аз шумо хохиш мекунам ки басаволи ман чавоб дихед Дар як хона байни зану шавхар даъво мешаванд шавхараш бар оилааш мегуядки ман аз ту чудо мешавам аз байн 10 руз гузашт онхо инаш бо инаш гап намезанан никохашон бурида шуда аст ё не Худованд нигах бонтон бошад

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Дар ин масъала бояд аз шавҳар пурсида шавад, ки мақсадаш чӣ буд. Агар мақсадаш ба ин гуфтааш, ки (ман аз ту ҷудо мешавам) ҳамон вақт нияти талоқ бошад, байни онҳо талоқ воқеъ шудааст. Аммо агар мақсадаш дар оянда ҷудо шудан бошад, талоқ воқеъ намешавад.


Як талок
Суолкунанда: Абдулло
Таърихи суол: 01/08/2011
Матни Суоли 30

Ассалому ъалайку ва рахматуллох домуллои гироми хохиш дорам ба саволи ман чавоб дихед, чанд бор савол додам аммо чавобашро нагирифтам. Шахсе зани худро як талок дод ва баъд аз як сол ба дигаре гуфт, ки хар вакте ман уро гирам у ба ман се талок. Ое ин шахс имкон дорад бо ин зан зиндаги кунад, зеро ман дар як мавъизаи шумо шунидам, ки рохе дорад. Илтимос чавобе нависед илоч бошад дар почтаам. Eribekov_  sunat@mail.ru

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Бародари исломӣ, чунин шахс дигар илоҷи бо он зан дубора никоҳ карданро надорад. Вақте, ки дубора никоҳ кунад, талоқ воқеъ мешавад. Дар мазҳаби имом Шофиъӣ никоҳи дубора дар чунин ҳолат ҷоиз аст, вале дар мазҳаби мо роҳи ҳалли чунин масъала ба тариқаи никоҳи фузулӣ мешавад, ки дар ҳамон навори гушкардаатон муфассалтар дар борааш суҳбат карда будем. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Пушидани мард либоси занро
Суолкунанда:  
Таърихи суол: 23/08/2011
Матни Суоли 29

асалому алайкум бобои ешони махмудчон моазяк хочишунидамки мард либоси занашро пушад никохаш буридамешавад ой хакикатдорад 2йм савол зан суи шавхараш гуфт ту мардак нести ту номус надори дарназди худованд гунахгормешавад худованд нигахбонатон

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

  1) Не, ин суханҳо ҳақиқат надоранд. Локин набояд мард либоси занона пушад. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) мардонеро, ки худашонро ба занҳо монанд мекунанд лаънат кардааст.

  2) Ба шарте, ки беузр инро гуфта бошад гунаҳкор мешавад. Аммо агар марде бошад, ки воқеан нисбат ба зану хонаводааш номус надошта бошад, дар ин ҳолат сухани ҳақро гуфтааст ва гунаҳкор намешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Никохи бевали
Суолкунанда: Bilol
Таърихи суол: 15/05/2010
Матни Суоли 28

Asalomu alekum va rahmatullohi va barakotuh. avalan khudovand zaboni shumoro az in burotar gardonad badin bobojon mo yak suo dorem khohish dorem teztarak javob medoded. bacha vaukhta panohi az padaru modar nikoh kunan hamin durust az aznazari islom yoke ne bobojon XUDOVAND UMRI SHUMORO ZIYODTAR KUNAD TO IN KI DAR ISLOMI AZIZ KHIZMAT KUNED.....

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ,  

Дар мазҳаби мо никоҳ бе иҷозати падару модар дуруст аст. Ба шарти ин, ки ҳамон зан оқила ва болиға бошад, инчунин тавони ихтиёри шавҳари куфъ ва муносибро барои худаш дошта бошад. Аммо агар марду зан фақат ба ҳадафи якчандвақта никоҳ кунанд ва нияташон никоҳи мувақат бошад ин навъ никоҳ дар шариати ислом умуман дуруст нест. Имрузҳо зиёд мешунавем, ки баъзе ҷавонҳо паноҳи аз падару модар чунин никоҳ мекунанд, ки ин дар мазҳаби мо дуруст нест. Мақсад аз никоҳ  фақат қонеъ кардани шаҳват нест. Балки зиёд намудани насли мусалмон ва зиндагии якумра аст.


Хукми буридани никох дар холати зино
Суолкунанда: Нуруло аз нохияи Шохмансур
Таърихи суол: 26/05/2010
Матни Суоли 27

Ассалому алейкум ва Рахматуллохи ва Баракотух эй пешвои ахли Исломи азизи мо Эшони Махмудчон Аллох шуморо ва ахли оилаи шуморо аз чамии балову офатхо нигах дорад.Ман ба Шумо суоли заруре дорам хохиш мекунам чавоб дихед.

 Ман шахсонеро медонам ки, яке зан дораду сохиби ду фарзанд дигаре шавхар дораду сохиби се фарзан. ман хардуи онхоро чанд маротиба бо якдигар якчоя капидам ба онхо насихат кардам, аммо онхо гуш накарда давом медианд. боз рузи дигар ба дастам афтоданд ман ба онхо гуфтам ки никохи хардуи шумо буридааст метавонед бо оилахои худ зиндаги накунед.ва онхо аз ман сахт хафа шудандду маро гуфтанд,ки ту аз пеши худ хар гап нагуй! ба ман Шумо гуед, ки ман рост гуфтам ё не илтимос Эшони Махмудчон

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ Худованд шуморо нигаҳбон бошад ва мисли шумо барин ашхосро, ки кори мункар ва ҳаромро мебинанду хомуш намешинанд ва агарчи наздиконашон бошад ба онҳо нодуруст будани корашонро мефаҳмонанд зиёд гардонад. Бародар, агар он ду марду зан воқеан ҳамон кори мекардаашонро ҳалол шуморанд, дар ин ҳолат бале никоҳи онҳо бо ҳамсаронашон бурида аст. Дар ин ҳамаи олимони ислом иттифоқи назар доранд.Локин баъзе олимони ислом марду занеро, ки мудовим дар зино ҳастанд агарчи ҳалол надонанд, никоҳашонро бо ҳамсаронашон ботил ва бекор медонанд.Худованд ҷомиаи моро аз ин разилиҳо пок кунад, ки сабабгори ҳамаи бало ва офатҳо маҳз ҳамин ривоҷу равнақи фисқу фуҷур аст.


Хукми дуруг гуфтан дар никох
Суолкунанда: Хушкадам
Таърихи суол: 21/06/2010
Матни Суоли 26

Асалому алейкум варахматулох Ба ахли оилаи турачонзодахо! Саволе дорам ба эшони махмудчон ки, алхамдулилох тули чандсол мешавад онкас маро мешиносан.савол чунин аст: барои дуюм занро баникох даровардан агар ин зан пурсад ки,зан дори? Чавоб дихи ки не,чи мешавад? Баъзехо мегуянд ки,никох бо зани якум бурида мешавад. дар сурате ки,бигуи ха дорам,рози намешаванд. Шумо чи мегуед? Бо эхтиром бародари эмонии шумо хушкадам,аз маскав!!!

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад.Дар ин ҳолати зикркарди шумо зан талоқ намешавад. Ба сабаби дуруғ гуфтан никоҳ фосид намешавад. Безарурат дуруғ гуфтан гуноҳ аст.


Хукми никох бо зани кофир
Суолкунанда: Нуридин
Таърихи суол: 24/07/2010
Матни Суоли 25

 Ассалому алайкум ва рахматуллох,

 Бобои эшон хохишмандам  ба саволхои ман чавоб гардонед

  1) Зани кофири китобиро мусалмон  ба зани  дароварда метавонад. Оё факат  дар  холати калима  арза кардан? Агар  ха  пас  кофири гайри китоби агар калима  арза кунад оё чоиз нест? Агар  бе калимахам  чоиз бошад, оё  ин з0индагии мусалмона  гуфта мешавад?

 2) Зани гайри мусалмон( чи кофири китоби ва чи  кофири душмани ислом) агар  хурок пазад, оё  ин хурокро хурдан  чоиз аст? Агар  не бо кадом далел?

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

 Зани кофири китобиро, ки ба дини худаш эътиқод дорад марди мусалмон метавонад ба никоҳи худ дарорад ва арза кардани калимаи шаҳодат аз тарафи он зан барои сиҳҳати никоҳ шарт нест. Аммо агар он мард дар давоми зиндагӣ кушиш кунад уро ба ислом даъват кунад барояш аҷру подоши зиёд насиб мегардад. Вақте, ки зан калимаи шаҳодатро гуяд дигар вай мусалмон аст. Баробар аст, ки ҳамон зан кофири китобӣ бошад ё оташпараст ва ё атеист. 

Зани ғайри мусалмон агар хурок пазад хурданаш барои мусалмон ҷоиз аст модоме, ки дар таркиби он таом чизҳои ҳаром набошад.


Хукми никохи бемахр
Суолкунанда: Хусейн
Таърихи суол: 02/08/2010
Матни Суоли 24

Худованд  дар  паноху исмати  Худ  нигабонтон шава  бобои  домулло

  1) марде  занро никах кард, аммо  махр  надод. Оё  зиндагии  онхоро  зино  гуфта  мешавад?

  2) Мард  ба  микдори  15  сомон  ба  зан  махр  дод. Оё микдори кам  хам  ба назар  гирифта  мешавад?  Ва  ин  зан  ин махро  гирфта  барои хурокаи  хона  сарф  карду  хамин  хурокро  бо марди  махрдода  истеъмол кард. Оё  махр  ба чо омад?

 3) Шахсе  баъд  аз никох махро ахамият  надод  сони  фахмид, ки хатмист  у пас  аз  3  сол факат  омаду  50 сомон  ба занаш  доду  гуфт, ки хамин  хамон махри  ту.(аммо  никохро  аз сар  накард) оё  чоиз аст?

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

 1)  Маҳр дар никоҳ фарз аст. Агар ба шарте, ки дар вақти никоҳ аз маҳр ном бурда шуда бошад ва миқдораш муайян карда шуда бошад, пас бояд он мард маҳрро ба он зан диҳад. Гоҳо мешавад, ки дар вақти никоҳ маҳрро муаҷҷал эълон кунанд. Маҳри муаҷал яъне ҳар вақте, ки барои мард муяссар шуд онро адо мекунад. Надодани маҳр сабаби воқеъ шудани талоқ намешавад. Аммо муртакиби гуноҳи кабира мегардад. Бояд дар оянда вақте барояш муяссар шуд онро адо кунад.

 2)  Ҳадди ақали маҳр дар мазҳаби мо 10 дирҳам аст. Ба ҳисоби имруза қимати мутавассити як гусфанд муқаррар карда шудааст, ки тақрибан 300 ё 400 сомонӣ мешавад. Аммо дар масъалаи ин, ки аз ҳамон маҳр худи шавҳар истифода бурд, модоме, ки зан бо розигӣ ин корро карда бошад, боке надорад. Ҳатто зан метавонад маҳри худашро ба шавҳараш бахшад. 

3)  Чуноне, ки дар боло зикр кардем мувофиқи мазҳаби мо соқит намешавад. Магар ин, ки занаш худаш бақияи маҳрашро бахшад.


Хукми издивоч бо зане, ки 10 сол калонаст
Суолкунанда: Мусофир
Таърихи суол: 02/08/2010
Матни Суоли 23

 Салом ба Шумо арз мекунам. Худованд Шуморо дар панохи исматаш нигох дорад!

 Аз шумо як масъаларо пурсиданиам. Занеро дуст медорам, ки аз ман 10 сол калон аст. Ба шавхар баромадаст. Вале холо шавхар надорад.  Ман умуман зан нагирифтаам. Якдигарро дуст медорем. Дар каму костихо рузгор дастгираш хастам. Бо у ягон амали баде накардаам, у зани кавиирода аст. Ман метавонам уро ба хона наоварда, ба никохи худ дарорам, зеро дар хонаи падараш зиндагони мекунад, чун ба илмомузи машгулам ва шароит надорам. Агар ха хуб, агар не пас чи кор кунам?

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 

Бародари исломӣ ин вобаста ба хоҳиши шумо аст. Аз назари шариат боке надорад. Модоме, ки худатон бо падару модари вай суҳбат карда онҳоро розӣ карда бошед, метавонед издивоҷ кунед. Фақат нияти издивоҷи доимиро дошта бошед.


Хукми бо шахват назар кардан ба хушдоман
Суолкунанда: Кадриддин
Таърихи суол: 02/08/2010
Матни Суоли 22

 Ассалому алайкум хазрати эшон

 Саволхои ман чунин аст:

 1)Занхо  тарзе почома мепушанд, ки дар хона дар вакти нишастан аз бучулаки по каме  боло пой барахна  метобад. Агар кудаки  ин зан чи ба балогат расида  ё нарасида  ё инки бародарон  дар  ин  холат нишаста бошанд, хама  гунахгоранд?

 2) Марде холо побанди ибодати Худо, мегуяд, ки у 10-12 сол пеш холате шуд, ки чашмам  ба хушдоманам  афтоду  нохост  шахватам  бедор шуд, аммо  ман  ахамияте надодам. Ба наздики  аз муллое фахмидам, ки  гуфт  касе агар шахваташ  ба  дидани  кайсингулаш  бедор шавад, занаш  никахаш бурида  мешавад ва ин мард бояд  занро аз сар  никох кунад, агар  ин хол  ба хушдоман  рух  дихад никохи  занаш абадан  ба  у харом аст. У мегуяд   ин  холат  чи хел  ба ман рух дод намедонам. Холо ман  чи кор кунам?

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

 1)  На бародари исломӣ гунаҳкор намешаванд. Зеро барои маҳрам як чанд мавзеъи зан аврат ҳисоб намешавад. Мисли  дастони зан то бозувон ва гардан ва муи сар ва аз зону поён. Боз такрор мекунам фақат  барои маҳрами зан дидани ин аъзоҳо ҷоиз аст. 

2)  Дар ин ҳолати гуфтаи шумо никоҳи мард бо занаш яъне духтари ҳамон зане, ки бо шаҳват ба вай назар кардааст, бурида намешавад. Балки барои бо шаҳват назар карданаш гунаҳкори бузург  мешавад. Дар ҳолате агар бо вай зино кунад дар ин ҳолат ҳамон занаш бар вай ҳаром мегардад. Худованд нигаҳ дорад.


Сахех набудани никох бо шавхаре, ки муртад шудааст
Суолкунанда: Мусофир
Таърихи суол: 02/08/2010
Матни Суоли 21

Ассаломуалайкум  бародари азиз

  Аз навори бобои Эшон  шикояти занеро  фахмидем, ки дар бораи  аз дин хорич шудани шавхараш арз кардааст.

 Бобои Эшони Нуриддинчон  ба у зан тавсия  додан, ки агар имконият дошта боши  аз  у чудо  шав. Савол хамин, ки агар имконият  надошта  бошад бо у зиндаги  ва хамхобаги  чи мешавад?

  Саволи дигари ман  хамин, ки агар  шавхари  зан  ба куфр равад никох  бурида  шавад  оё  зан  идда мепояд барои  ба дигар шавхар баромадан?

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

 Бародари исломӣ, шахсе, ки муртад мешавад дигар никоҳи вай бо ҳамсараш бурида мегардад. Дигар робитаи он зан бо шавҳари муртадаш аз назари шариат дуруст нест. Магар ин, ки ҳамон мард дубора тавба карда ба ислом баргардад, дар ин ҳолат аз нав никоҳ намуда зиндагӣ мекунанд. 

Агар шавҳари зан муртад шавад, никоҳи зан аз вай бурида мешавад ва он зан баъд аз идда поидан метавонад шавҳар кунад.


Хукми никохи мувакати
Суолкунанда: Чамшед
Таърихи суол: 07/08/2010
Матни Суоли 20

Салом чаноби Эшон! Мухлиси Шумо хастам, бо масъала ру ба ру  шудам ва тарс аз Худованд дорам. Аз шумо илтимос дорам ба ин сувал чавоб дихед!

 Ба Шумо суоле дорам, никох ба гунахо таксим мешаванд. Мешавад, ки чандмоха зан гирифт ба монанди никохи сига ё чи тавр мешавад аз зино накард.

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 

Бародари исломӣ никоҳ  чандмоҳа ва чандвақта надорад. Мо борҳо таъкид кардем чунин никоҳ дар шариати ислом ҳаром аст.  Манзурам никоҳи муваққат ва ё сиға. Ин фатвои умуми олимони мазҳаби мо аст. Дар ин замин мо дар як хутбаи ҷумъа суҳбати муфассал доштем. Метавонед онро гуш карда аз он маълумот гиред.  Роҳи ба зино наафтодан ин издивоҷи ҳамешагӣ ва оила барпо кардан аст. 


Хукми никохи дубора
Суолкунанда: Хусейн
Таърихи суол: 13/08/2010
Матни Суоли 19

Ассалому алайкум ва рахматуллох

  Бобои эшон марде  баъд аз хонадоршави бо занаш  аз  ахкомхои  Худованд  бохабар  шуду  пас аз 10 соли оиладори  аз сари нав барои эхтиёти бо занаш  никохи  нав кард, аммо дар  никох  аз   махр  сухан  нарафт. Оё  дар  сари  ин мард  махр  карз  истодааст?

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ. 

 Бародари исломӣ саволи шумо каме новозеҳ аст. Аввал ин, ки шумо бояд муайян мекардед, ки тули 10 соли зиндагӣ бо ҳамсар дар чи масъалаҳо аз ислом бехабар буд. Масалан агар намоз намехонд ва руза намегирифт, аммо бо вуҷуди ин ҳама фарзияти инҳоро инкор накунад, дар ин ҳолат баъд аз тавфиқ пайдо карданаш ва намозхон шуданаш зарур нест дубора ҳамсарашро никоҳ кунад. Аммо агар дар марҳилаи куфр зиндагӣ карда бошад, мисли ин, ки инкори Худо ва ислом карда бошад, дар ин ҳолат аз нав никоҳ карда маҳрро мепардозад.Хулоса савол як каме эҳтиёҷ ба тавзиҳи бештар дорад. Беҳтар ин аст, ки ҳамон шахс ба назди донишманди худотарсе рафта масъаларо хуб равшанӣ андозад, то ҷавоби дурусти худро пайдо кунад.


Хукми никохи зани мусалмон бо марди гайри мусалмон
Суолкунанда: Алишер
Таърихи суол: 18/08/2010
Матни Суоли 18

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракатуху

 бобои эшон дискои шуморо гуш карда  саволе  ба  ман пайдо шуд 

 Оё кофири ктибои факат хамонхое мебошанд, ки ба китоби Инчил, Таврот ва Забур  рафтор мекунанд?

 Мо гуфта метавонем, ки ба зане ба гайри  ин з китоб  мал кунанда никохи марди мусалмон чоиз нест? 

 Саволи  дигар  ин ки зан метавонад  ба марди ба ин китобхо пайрав буда  оила  барпо кунад, агар хавфи  аз дин баромадан  бар зани мусалмон набошад?

 Агар не сабаб дар чи ки ба мард ичоза асту  ба зан не?

Посух

 Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

  Бале кофири китобӣ онҳоеро мегуянд, ки дини онҳо соҳиби китоби осмонӣ аст. Чуноне, ки аз мусаммояшон маълум аст. Дар зимни кофири китобӣ яҳудиён ва масеҳиён дохиланд. Яҳудиён ба Таврот ва масеҳиён ба Инҷил имон доранд.

  На, марди мусалмон ба зани ғайри кофири китобӣ никоҳаш дуруст нест. Магар ин, ки калима арза карда мусалмон шавад.

  Зани мусалмон ба ғайр аз марди мусалмон наметавонад ба дигар мардон издивоҷ кунад. Чи кофири китобӣ бошад ҳамон мард ва ё ғайри он. Зеро Худованд дар Қуръони карим сароҳатан фармудааст:

 "لا هن حل لهم و لا هم يحلون لهن"

  « Занҳои мусалмон барои мардони коир ҳалол нестанд ва инчунин мардони кофир барои занҳи мусалмон». 

 Ин ояи карима сароҳатан никоҳи зани мусалмон бо марди кофирро манъ кардааст.  Аз тарафи дигар баъзе олимони ислом сабаби манъ будани никоҳи зани мусалмон бо марди кофирро дар он таҳлил кардаанд, ки ғолибан занҳо пайрав ва мутеъи шавҳаронашон ҳастанд. Бинобар ин агар зани мусалмон бо кофир издивоҷ кунад эҳтимоли зиёди аз ислом баргаштани он зан аст. Инчунин фарзандони аз у ба дунё омада низ бар дини падариашон мегараванд Ҳамин тариқ зан ҳуввияти исломии худро гум мекунад.


Хукми издивоч бо духтари угай
Суолкунанда: Карими Умедвор
Таърихи суол: 18/08/2010
Матни Суоли 17

Бо арзи саломи мучаддад хидмати устод арчманд.

 1)Лутфан бифармоед ,ки оё мард метавонад бо духтари хамсари худ баъд аз талок издивоч кунад?

 2)Замоне ки вориди масчид мешавем эмом дар холи хутба ва ё мавъиза аст. Чи кор бар мо афзал аст?Истимоъи хутба ва ё тахийяи масчид хондан?

 )Намози витр  танхо се ракат аст? Ё манзур аз витр  хар токеро гуянд масалан яку панчу ......???

Посух

 Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

  1) Мард бо духтари занаш, ки аз худаш нест наметавонад издивоҷ кунад. Фақат дар як ҳолат метавонад. Масалан мард бо зане издивоҷ мекунад, аммо баъд аз никоҳ бо вай халвати саҳеҳа (яъне танҳо дар хона ) нокарда, талоқаш диҳад дар ин ҳолат метавонад бо духтари он зан издивоҷ кунад.  

 2) Агар ба шарте, ки имом дар ҳоли хондани хутбаи ҷумъа бошад, дар ин ҳолат истимоъи хутба воҷиб аст. Аммо агар имом дар ҳоли амри маъруф бошад афзал ин аст, ки таҳияи масҷид хонда баъд нишинад. 

 3) Манзур аз витр яъне маънои луғавии витр тоқро гуянд. Дар ҳадисҳо намози витр 3 ракаат, 5 ракаат то 11 ракаат омадааст. Аммо мазҳаби мо хондани  3 ракаат витрро ихтиёр кардааст.


Хукми никохи мутъа
Суолкунанда: Соил
Таърихи суол: 27/08/2010
Матни Суоли 16

 салом !

 бо вучуди мухталиф будани ривоёт дар муриди мутъа агар касе бигуяд, ки барои ман харом будани мутъа собит нест , албата он шахс на бахотири кайфу сафои худ ба ин натича расидааст балки бо тахкик хамчун натичае ба даст овардааст . хукми ин шахс чист ? ва мо метавонем хамчун шахсе ро кофир бигуем ? гарчанде ки У худ мутъа намекунд

Посух

 Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ. 

 Агар ба шарте ҳамон шахс муҷтаҳид бошад ва худаш иҷтиҳод карда бошад чунин шахсро кофир гуфта намешавад. Чунки вай иҷтиҳод кардааст. Аммо агар он шахс аз нуқта назари таассуби куркурона ҳаром будани мутъаро қабул накунад дар ин ҳолат гунаҳкор мешавад на кофир.


Хукми издивоч кардан дар мохи рамазон
Суолкунанда: Мухлис
Таърихи суол: 05/09/2010
Матни Суоли 15

ассалому  алекум ва рахматуллох

 савол:

 Оё дар мохишарифи рамазон оли дор шудан мумкинаст?

 агар мукинбошад дар кадом асос мумкин набошад ба кадом асос, зеро базе нафархо дар ин мохи шариф оиладор мешаванд. Ассалому алекум ва рахматуллох.

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ. 

 Дар моҳи шарифи Рамазон оиладор шудан аз назари ман дуруст нест. Агарчи никоҳи онҳо дуруст аст. Зеро хавфи дар рузҳои Рамазон наздикӣ кардан бо ҳамсар хеле зиёд аст. Кадом падару модаре, ки фарзандони худро дар моҳи Рамазон ва ё чанд руз ба Рамазон мондан пас хонадор мекунанд, дар гуноҳи онҳо шарик мешаванд.


Хукми нодуруст гуфтани номи падари духтар дар накох
Суолкунанда: алишер
Таърихи суол: 22/08/2010
Матни Суоли 14

Ассалому алайкум бобои эшон илтимос ба саволи ман чавоб дихед агар зан дар вакти никох номи падарашро аз пеши худ дигар гуяд никох дуруст мешавад?

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ. 

 Боке надорад.


Хукми никохи бешохид
Суолкунанда: мухлиси Шумо аз Душанбе
Таърихи суол: 07/11/2010
Матни Суоли 13

Ассалому алайкум бобои эшон савале дорам дар бораи  намуди никохе ки танбахши мегуян, зану мард худроба якдигар мебахшанд бе  иштикороки шохидон ва домулло, ин намуди никох дурустаст ё не? илтимос чавоби аник медодед! каблан сипосгузорам!

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Чунин никоҳ тамоман дуруст нест. Ҳар зану марде, ки бе ҳузури ду шоҳид никоҳ кардаанд никоҳи онҳо ботил аст ва онҳо зино мекунанд. Аммо ҳузури мулло дар вақти никоҳ шарт нест.


Хукми никохи телефони
Суолкунанда: Абдурозик
Таърихи суол: 07/11/2010
Матни Суоли 12

САЛОМ БОТИЛФОН НИКОХ ИЧЗАТ ХАСТ

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Бале бо телефон никоҳ дуруст аст ба шарте, ки шоҳидҳо ҳузур дошта бошанд ва телефон дар баландгуяк бошад ва шоҳидон аз марду зан лафзи иҷоб ва қабулро бишунаванд.


Хукми шартхои никох
Суолкунанда: Халил
Таърихи суол: 08/11/2010
Матни Суоли 11

 Ассалому алекум ва рахматуллох

 Саволхо

 1) Бобои Эшон агар  мо  чи дар  майдон  ё  чи дар телевизион  бозии футболро тамошо кунем  гунахгор мешавем? Максад он аст, ки онхо сатро ба чо наовардаанд

 2) Шартхои никох  чи хеле Шумо дар яке аз саволхо  гуфтет  3 то аст. Оё  ин шартхоро мо  фарзхои никох гуфта метавонем?

 3) 1) Шохид 2) махр 3) бахшидани тану нафс. Бобои Эшон ин се шартро мо аз чандин касхо пурсидем факат дар никох дуяш ба чо меояд халос. 1) Шохид ва 3) Бахшидани тану нафс. максад аз ин аст, ки мо ба занхо дар вакти никох махр анмедиехм. Масалан ин ходиса ба худи ман рух додааст, ки ман махри занамро надодаам алакай 5-6 сол гузаштааст  ва ман  инро намедонистам.Савол ин ки оё никохи ман ботил аст?Ман чи кор кунам? Агар никохи ман ботил набошад оё ман метавонам ин махро  хозир тиям  агар ха микдори махр  холо бо сомони чи кадар аст?

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 1)  Барои шахси тамошобин гуноҳ нест. Зеро тамошобин фақат бозиро тамошо мекунад, на зону ва аврати бозигаронро. Ин аз нуқта назари мазҳаби мо аст. Аммо дар назди ҷумҳур зону аврат нест. Хулоса тамошо кардани бозии футбол хоҳ дар майдон бошад ва хоҳ ба воситаи телевизион гуноҳ нест.

 Шартҳои никоҳ ин лафзи қабул ва иҷоб ва ҳузури ду шоҳиди мард ва ё як марду ду зани мусалмон аст. Аммо маҳр барои дуруст воқеъ шудани никоҳ шарт нест. Вақте, ки никоҳ бо шартҳои дар боло зикршуда ба ҷо омад сипас маҳр бар гардани мард воҷиб мешавад. Маҳрро шарт нест, ки бояд дар вақти никоҳ бидиҳӣ. Ин вобаста ба ҳамон маросими ақди никоҳ аст. Маҳрро аз ҷониби зан муайян мекунанд. Маҳр ду навъ мешавад; маҳри муаҷҷал ва маҳри муъаҷҷал. Маҳри муаҷҷал маҳрест, ки дарҳол баъд аз никоҳ пардохт карда мешавад. Аммо маҳри муъаҷҷал маҳрест, баъд аз никоҳ ҳаргоҳ, ки қудрат дошт пардохт мекунад.  Дар масъалаи шумо бошад, модоме, ки маҳрро дар никоҳ ном набурда бошед, дар ин ҳолат маҳри мисл дода мешавад. Маҳри мисл масалан духтарони маҳаллае, ки шумо дар онҷо истиқомат мекунед, маъмулан чи қадар маҳр мегиранд, шумо низ ҳамон қадр маҳр медиҳед. Ё масалан ягон дастбанд ё гарданбанд ба ҳамсаратон ҳадя мекунед ва онро ҳамчун маҳр ба вай медиҳед. Агар ҳамсаратон онро қабул кунад, ҳамон маҳри зан ҳисоб мешавад. Дар паноҳи Худо бошед.


Хукми никохе, ки баъд аз маросими туй анчомдода мешавал
Суолкунанда: Сайдали
Таърихи суол: 11/11/2010
Матни Суоли 10

Ассаломе алекм ва рахматуллох

 Бобои Эшон авалан ба Шумо  сихату саломати ва тинчию амониро  орзу дорам. Ман аз шумо  2 чизро упрсиданиям  Якум   дар махалаи мо одат шудааст, ки дар туйхо авал шаху арусро ба сари стол бароварда баъди вечер пас никох мекунанд. Мо ба ваё гуфтем ки охир  инхо бе никох чи хел дар бари якдига меистанд. Мегуянд, ки ин далели бобои Нуридинчон аст. Фикри шумо дар ин масъала?

 Дувум кадом кисми  муйхои руй ба риш медарояд? Кадом кисмашро тарошидан чоиз аст? Оё мо гуфта метавонем, ки хамон кисме ки дар руи устухони манах аст риш асту бокимонда на ва тарошидан чоиз аст?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Аввалан ин, ки онҳо нодуруст аз номи ҳазрати Устод мегуянд. Зеро Ҳазрат дар ҳеҷ ҷо чунин нагуфтааст. Аз ибтидо бо туйи сари стол зид буданд. Ҳама навъи онро маҳкум мекарданд. Ин амал аслан дар ислом ҳаром аст.  

 Муйҳое, ки дар ҷоғи инсон аст риш ҳисоб мешавад ва тарошиданаш гуноҳ аст. Муйҳои болои рухсор ва гардан дар риш дохил нест ва тарошиданаш боке надорад.


Хукми никох кардан бо зани ахлт китоб
Суолкунанда: Азамат
Таърихи суол: 11/11/2010
Матни Суоли 09

ассалому алекум ва рахматуллох

 Бобои Эшон як масъалаи хаёти аст  ки  маслихати шумо ба мо лозим. Марде аст худотарс. Кушиш мекунад то аз гунаххо  худро нигах дорад. Дар Россия таи як сол аст ки кор мекунад. Аз сабаби натавонистани контроли шахват  вай  намехохад ба зино гирфитор шавад. У ният дорад бо зане  рус  никах кунад. Аммо у медонад, ки баъди 1 сол  ё  10  сол  у аз Россия ба ватан бар мегардаду ин зан  ба у  намеояд.  Оё  чунин  дар чунин холате ки медони охираш чудои аст  чоиз аст зани русро ба никах даровардан?

 Саволи дуюм ин ки зани рус ризо хаст вайро ба никохаш дарори аммо у мегуяд, ба шарте ман зани ту мешавам, ки ман дини худамро  парастиш мекунам ва дини туро не. мувофики ояти куръон ба никах даровардани кофири китоби чоиз аст. Аммо ин зан  сатр намекунад ва намоз намехонад  ё ин мард дар киёмат  дар пеши худо чавобгу хаст аз руи ин зан?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

  Бародари исломӣ агар ҳамон шахси дар Руссия буда қудрати ҳамсарашро ба онҷо бурда, дар онҷо зиндагӣ карданро дошта бошад ва ё қудрати издивоҷ бо ягон духтари мусалмоне, кидар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунад, дошта бошад, барои чунин мард ҷоиз нест. Аммо агар воқеан эҳтимоли дар зино афтоданаш бошад ва қудрати ҳамсарашро ба онҷо бурдан надошта бошад, дар ин ҳолат бо хонуми рус издивоҷ мекунад. Аммо ҳеҷ гоҳ ниятро муайян намекунад ва инчунин дар вақти никоҳ муддатро таъйин намекунад. Зеро агар муддатро таъйин кунад, никоҳи мутъа мешавад, ки ба иттифоқи олимони ислом ҳаром аст. 

 Барои зани насроние, ки дар дини худаш аст, модоме, ки ба дини худаш амал мекунад, марди мусалмоне, ки бо вай издивоҷ кардааст барои вай ҷавобгу нест. 


Хукми никох бо зани беруймол
Суолкунанда: Модари Муслихиддин
Таърихи суол: 07/04/2011
Матни Суоли 08

Ассалому алайкум Эшони Мухтарам Дар яке аз баромадхоятон гуфтаед,ки зане ки руймол намепушад никохаш дуруст нест.Ман 20-сол шуд оиладорам сохиби 4-фарзанд хастам то хол руймол нампушидаам ва шавхарам шароб менушад.Мехохам сатр пушам ва шавхарам низ шаробнуширо бас кунад. Шумо никохи моро чи гуна шарх медихед?

Посух

 Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ. 

 Агар ба шарте шумо руймол ё ҳиҷобро аз руи нодонӣ ба аҳкоми исломӣ риоя намекардед ва ё эътироф ба фарз будани он доштеду аммо тарси Худо дар дил кам буд, ки ҳиҷобро риоя намекардед, дар ин ҳолат никоҳи шумо дуруст аст.  Аммо агар шумо дидаву дониста ҳиҷобро инкор ва рад мекардагӣ бошед, дар ин ҳолат никоҳи шумо ботил аст ва бояд аз нав баъд аз тавбаву бозгашт ба Худо никоҳ кунед. Хулоса ҳарчи зудтар аз гузаштаатон тавба карда, ҳиҷоби исломиро ба бар кунед. Зеро зани мусалмони беҳиҷоб ҳеч фарқе бо зани ғайри мусалмон дар зоҳир надорад. Зани мусалмонро аз ҳиҷобаш шинохта мешавад. Худованд дили шумо ва шавҳаратонро бо нури имон мунаввар гардонад.


Хукми баникох зиндаги кардан
Суолкунанда: Хусейн Ражабов
Таърихи суол: 08/05/2011
Матни Суоли 07

Асаломуалайкум устоди азиз ман як суол дорам хатман посух дихед як бародар бо як зани рус чандсол хастки бе никох зиндаги мекунад ое хукмаш чист ва хамту бимирад чанозаш дуруст аст е не дар ватан хам зану фарзанд дорад вай эмон ба дини масехи дорад ин чавон никох кунад дуруст мешавад е не посухро интизорем худо нигахдоратон бод

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Бародари исломӣ дар ин бора қаблан низ гуфта будем. Хулоса бояд ҳарчи зудтар издивоҷ кунад ва ё худашро аз вай канор гирад. Зеро вай бо он зан зино карда истодааст. Агар ба шарте, ки ҳамон шахс ҳамин амалашро, ки беникоҳ бо вай зан ҳамхобагӣ мекунад, ҳалол шуморад, аз дин беруншуда ҳисоб мешавад ва никоҳаш бо занаш бурида мебошад. Худованд паноҳ диҳад.


Никох бо насрони
Суолкунанда: Гариб аз Россия
Таърихи суол: 14/07/2011
Матни Суоли 06

Aссалому алайкум бобои Эшон.Худованд оилаи шуморо дар панохи исматаш нигах дорад.Ман чавон хастам як сол пеш бо як насронидухтар дар Россия никох карда будам(зани дуюм) ба нияти аз зино дур шудан.Вакте,ки У фахмид ислом дини Хак аст исломро кабул карду хозир намоз мехонад ва аз хамаи корхои гайриисломи даст кашид.Ман бо баъзе сабабхо дар Россия наметавонам дигар истода.Оё хамин никохи мо мумкин аст ё не?Илтимос чавобашро тезтар нависед ,зеро ман хозир дар як холати ногувор мондам. Саломат бошед.Худо хофиз.

Посух

Ва алайкумус салом ва  раҳматуллоҳ. 

 Бародари исломӣ аввалан барои шумо хеле аҷру савоби бузург аст, ки як фарди насрони бо кушиши шумо ба  ислом гаравидааст. Шумо модоме, ки қасди ба ватан баргаштан кардаед уро дигар танҳо нагузоред. Агар имкон дошта бошед ҳамроҳатон ба ватан биоред. Ба ҳар ҳол зиндагиятонро бо он зан идома диҳед беҳтар аст. Дар амони Аллоҳ бошед.


Никохи бе вали
Суолкунанда: миьроч
Таърихи суол: 01/08/2011
Матни Суоли 05

Асаломуалейкум домулои азиз ,ман як савол дошатам ин аст як бародар 2 сол пеш зан гирифт вай бе вали никох кардаст ,акнун фахмидаст ки мумкин нест ,чи кор кунад ,никохро аз нава кунад? хозир хамсараш хомила дор аст?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Дар мазҳаби мо никоҳ бе иштироки валии зан ҷоиз аст. Бинобар раъйи мазҳаб ҳеҷгуна никоҳи дубора барои онҳо шарт нест. Агар ба шарте, ки онҳо куфъ бошанд, яъне муносиби ҳамдигар аз назари тақвову покизагӣ ва намозхон бошанд, никоҳашон дуруст аст.


Никохи мачбури
Суолкунанда: Исфара
Таърихи суол: 01/08/2011
Матни Суоли 04

Салому алайкум бобои Эшон ман суоле дорам як хамсояи ман духтар хеле бо такво хаст уро амакаш келинд мекунам мегуд ва падари ин хохархам мачбур мекунадки ин бо вай амакбачааш хонадор шавад ин писар бошад мисли падарашу амакаш аракнуш ва зинокор аст хама мефахмонад инхо намедонам чихел инсон хастанд ин духтар мегуд мерам дар мадраса дигар барнамегардам чавоби инро метонам аз хаминчо ва бо мп3 гираму ба инхо бифахмонам мачбур кунад хукмаш чи аст ин хохар мегуд калаамро буред ман рози намешам ва дар охир дар хакки хамин хохари исломи дуо кунед аз шахри Исфара.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Бародари исломӣ падару модари духтар ҳақ надоранд духтарашонро маҷбурӣ издивоҷ кунонанд. Хусусан вақте, ки он мард фосиқ асту ин духтар аҳли тақво. Зеро он мард куфъи духтар нест. Бинобар ҳамин бояд падару модар ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта духтарашонро ба касе бидиҳанд, ки аҳли намозу руза аст. Падаре, ки духтари солиҳаи худро маҷбуран ба каси арақхуру бенамоз медиҳад гунаҳкор мешавад. Худованд ба он хоҳари исломии мо бахти хубу шавҳари аҳли тақво насиб кунад.


Истифодаи гушти харида шуда
Суолкунанда: абдуллох
Таърихи суол: 11/08/2011
Матни Суоли 03

салому алайкум хазрати эшон мохи шарифи рамазон ба шумо ва хамаи мусалмонон табрик мегуям ва суоле дорам .ман дар ошхонаи турки ошчи кор мекунам(дар расия)гушти гов .мург хама аз магазин харид мекунем бародарони мусалмон ки дар сохтумон кор мекунандаз хамин таъомхо мехуранд рузаашон чи мешавад?худо нигохбонатон бод дар хаки мо мусофирон дуо кунед

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Бародари исломӣ шумо гуштҳоеро барои таомҳоятон бихаред, ки дар руяш тамғаи ҳалол навишта шудааст ва ё забҳи аҳли китоб (масеҳӣ ва яҳудӣ) бошад. Агар ин бароятон муяссар нашуд ҳадди ақал шумо бояд мусалмононро бифаҳмонед, ки таоми шумо гуштҳои нопок дорад. Зеро ин хеле гуноҳ аст, ки шумо ба мусалмонон хусусан дар моҳи рамазон таомҳои ҳаром диҳед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ба никох гирифтани ширхораи бародар
Суолкунанда: Хикматулло
Таърихи суол: 16/08/2011
Матни Суоли 02

Ас-салому алейкум ва рахматуллохи ва баракух.Эшони ширин забон Нуриддинчон. Ба суоли ман илтимос чавоби пура дихед зеро хеле зарур аст.... Бо ширхораи додар хонадор шудан дурус хаст ё не илтимос чавобашро фиристед.... (ШИРХОРА)-Яне бародари хурдии ман шири як занеро бо хамрохии духтари хамон зан бихурд дар аёми кудакиаш..

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Ба ширхораи додар ё хоҳаратон издивоҷи шумо дуруст аст. Масалан агар додари шумо аз зане шир хурда бошад, барои шумо никоҳи духтари он зан ҷоиз аст. Аммо барои худи бародаратон ҷоиз нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ба никох даровардани хохарзан  (кайсангул)
Суолкунанда: Абулайс
Таърихи суол: 16/08/2011
Матни Суоли 01

Абулайс ман аз шахри Шахритус чунин савол дорам Занам дар холати тавалуд кардан аз дунё чашм пушид Ман метавонам хохари уро ба розигиаш ба зани бигирам илтимос ба саволи ман чавоб гардонед хат мист худованд боз хам илми шуморо зиёда гардонад

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Бале метавонед.


 
 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com