WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Эшони Маҳмудҷон

Фатвоҳо дар боби намоз

Саҳифаи 1

 
.::Суоли Шумо::.

 
Чаро дар намоз ду саҷда мекунем?
Суолкунанда: МУХЛИСИ ШУМО
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 173

Ассалому алейкум ва рахматуллох бобои эшон як суоле дорам барои чи дар намоз 2 бор сачда мекунем 2сачдаро мехостам афзалтар фахмам? Аллох шуморо аз шарри золимону хасадхурону шайтонхои инсию чинни хифз кунад омин

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ

Ба хотири он дар намоз ду саҷда мекунем, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) чунин карданд. Зеро мо шариатро аз Паёмбар мегирем. Паёмбар низ тариқаи намоз хонданро аз Худованд ба воситаи Ҷибрил омухтааст. Ба ҳар ҳол иддае аз уламо ҳикмати онро чунин баён кардаанд, ки саҷдаи аввал нишонаи он аст, ки мо аз хок ҳастем ва вате мебардорем нишонаи он аст, ки ба дунё омадаем ва боз сар ба саҷдаи дуввум мондан нишонаи марг ва ба хок супурда шудан аст ва аз саҷдаи дувву хестан нишонаи дубора рузи қиёмат аз хок бархостан аст. Валлоҳу аълам


Нишаста намоз хондани зани ҳомила
Суолкунанда: Хохари исломи
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 172

ассалому ъалайкум варахматуллох . суол зани хомилае ки тавалудаш наздик бошад метавонад намозашро нишаста бихонад?? дар панохи аллох бошед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ

Агар барояш хестану шиштан душвор бошад  дар ин ҳолат маъзур аст метавонад нишаста хонад. аммо намозҳои нафлро ба тариқи авло метавонад нишаста бихонад.


Ҳукми тағйири қибла
Суолкунанда: Нуриддин
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 171

Асалому алайкум бобои Эшон суол а)Мо намоз мехондем дар тарафи дигар аммо Як мулло омад гуфт,ки дар инсу кибла нест инсу бихонед баъд як намоз бо у хондем баъди рафтани вай бо хаму тарафи пештара хондестем чикор кунем оё намози мо кабул мешавад ва ин кор касдан хисоб мехурад илтимоз чавоби пурратар дихед ??

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ

Бародари исломӣ, агар ҳамон дониста ба шумо қибларо маълум карда бошад, яъне бо далел исбот карда бошад ва шумо баъд аз намоз хондан бо у боз қибларо тағйир дода бошед, дар ин ҳолат ҳамаи намозҳои баъд аз рафтани у ба дигар тараф хондаатон  фосид аст. Бояд ҳамаи он намозҳоро қазоӣ бихонед. Вагарна гунаҳкори бузург шудаед. Ҳарчи зудтар қиблаатонро ба тарафи бо далел исботшуда бигардонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Оё тарки замми сура дар ду ракаати охири суннат саҷдаи саҳв воҷиб мекунад?
Суолкунанда: Мухаммадсалим
Таърихи суол: 03/04/2012
Матни Суоли 170

Ассалому алайкум ва рахматуллох! Домуллои мухтарам, хохишмандам ба саволи ман посух гуед: Намозхоне ду ракаъати охири сунати пешинро фаромушан бе замми сурра хонд. Сачдаи сахв лозим мешавад ё не?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале саҷдаи саҳв воҷиб мешавад. Зеро намозҳои суннат ва нафл ҳар ду ракаати он як шафъи алоҳида аст. Пас дар ҳар шафъ замми сура воҷиб аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Намоз хондан дар амборе, ки арақ гузошта шудааст
Суолкунанда: ИСЛОМ
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 169

Ичозат хаст ё не? Бобои Эшон дар анборе ,ки шароб хаст ва дар яхдоне ,ки шароб хаст ба мо мумкин хаст ,ки дар як гушаи анбор Намоз хонем ва дар он яхдон хурок монем ? Ба шумо ва ба Бародаронатон ташакури зиёд мефиристем Бобои Эшон .

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Додари исломӣ, ба шарте, ки арақ дар зарфи махкам бошад ва ба таоми шумо омехта нашавад ҷоиз аст. Инчунин намоз хондан низ ҷоиз аст.


Нигоҳ кардан ба саҷдагоҳ дар намоз
Суолкунанда: Мухаммад
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 168

Салому алекум ва рахматулло Хазрати домулло дар рукуъ мо медонем ки ду ривоят аст, яке нигах ба болои по дигаре нигах ба сачдагох. Аз Шумо хохишмандам факат ба мо гуед ки афзалаш кадом аст ва шумо ба кадомаш амал мекунед ва ин дар кадом китоб аст? Худо нигахбони шумо

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Афзалаш нигоҳ кардан ба саҷдагоҳ аст. Қавли Абуҳанифа низ бар ҳамин аст. Ин қавли Абуҳанифа дар китоби Раддул муҳтор омадааст. Худи ман ҳам ба қавли имом Аъзам амал мекунам. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ру ба қавм истодани имом баъд аз салом дар  намоз
Суолкунанда: Мусалмон
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 167

Саломи гарму чушон бар хазрати Эшон Саволи ман ин ки эмом вакте намозро тамом карда ру ба суи кавм мекунад баъзехо пушта ба киблаю ва баъзехо дасти чап ба суи кибла ва дасти рост ба суи кавм карда тасбеху дуо мезананд кадоме аз ин ду холат далели китоби ва хадис дорад? Хохишмандам далели китобиашро низ нависед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Ҳамаи ҳамин тарзи шиштанҳо дар ривоятҳо омадаст. Дар ривоятҳо омадааст, ки гоҳо Паёмбари Худо баъд аз салом дар намоз пушт ба тарафи қибла ва ру ба тарафи қавм менишастанд ва гоҳо ба дасти чап ва гоҳи дигар ба дасти рост меистоданд. Хулоса ҳама навъаш ҷоиз аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Қироати муқтадӣ аз пушти имом дар намозҳои хуфя
Суолкунанда: Анис
Таърихи суол: 27/03/2012
Матни Суоли 166
Салому алекум бобои эшон Бобои эшон рости гап дар як масъала нофахми дорем. Аз як саволу чавоби шумо фахмидем ки вакте имом кират дорад одами дер омада иктидо мекунаду дуои саноро намехонад зеро гуш додани эмом вочиб аст, аммо аз саволу чавобатон хондем ки аз кафои эмом вакте иктидо куни хондани сура мустахаб аст. Агар дар вакти намози хуфия бошад мо анмедонем имом кадом сура хонда истодааст ки вайро хонем. Илтимос хамин масъаларо каме рушантар фахмонед
Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, гуш додан ба қироати имом дар намозҳои ҷаҳрия воҷиб аст. Пас бояд намозгузор баъд аз ният кардан хомуш истода қироати имомро гуш андозад. Вале дар намозҳои хуфя агар шумо сураи “Фотиҳа” ро яъне “алҳамд” ро замзама намуда бихонед мустаҳаб аст. Мо дар ҷавобамон хондани сураи фотиҳаро гуфта будем, агарчи ҳар сурае баъдаш бихонад боке надорад. Шарт нест, ки сураи шумо мехонда бо сураи имом мехондагӣ як бошад. Диққат кунед ин фақат дар намозҳои хуфя аст, вале дар намози ҷаҳрия сокит буда гуш додан ба имом лозим аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Дарёб кардани имом дар ракаати чаҳорум
Суолкунанда: Aлишер
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 165

Aссалому алайкум домулло Махмудчон суол дар намоз 4 ракаъата якчоя бо имом хондам мондаги 3 ракаъата чихел давом дихам агар хамма ракаъатба шурра зам кунам намоз дуруст мешавад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар ин ҳолат баъд аз салом додани имом аз ҷо хеста замми сура мекунад ва дар ракаатҳои баъдӣ замми сура намекунад. Агар замми сура ҳам кунад боке надорад ва саҷдаи саҳв воҷиб намешавад.


Қироати муқтадӣ аз пушти имом дар намозҳои хуфя
Суолкунанда: Далер
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 164

Ассалому алекум ва рахматуллох Бобои Эшон шахсе дар намози аср ба эмом ки хуфия мехонад иктидо кардаасту у низ дар вакти киём то ба рукуъ рафтан аз кафои эмом сура мехонад ба лабу забонаш чунбидан. Оё гунахгор мешавад ё не?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не, гунаҳкор намешавад, балки мустаҳаб аст.

Масъали қазои намоз
Суолкунанда: Точидин
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 163

Ассалому алекум бобои эшон Аз як мавзуъи шумо шунидем, ки намози аср то азони намози шом хондан чоиз аст. Шахсе намози асрро ният карда буду ё дар ракати аввал ё дуюм ё сеюм буд ки азони шомро шуруъ карданд. Ин шахс намозаш фосид мешавад ё давом дода адо мекунад ва аз сар сокит мешавад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Намозаш фосид намешавад, балки намозашро идома медиҳад ва сипас намози шомро бо ҷамоат мехонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.

Бо лафзи салом хориҷ шудан аз намоз
Суолкунанда: Азизбек
Таърихи суол: 18/03/2012
Матни Суоли 162

Бобои эшон худо шуморо нигахбон бошад Шахсе дар вакти аз намоз хорич шудан ба чои ассалому алекум ва рахматуллох салому алекум ва рахматуллох мегуяд ё инки дар салом байни одамон низ. Оё дар ин ду холат чоиз аст?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Намозаш дуруст аст, вале беҳтар ин аст, ки (ассалому алайкум) гуфта аз намоз хориҷ шавад.

Далел барои хондани намози қазоӣ
Суолкунанда: Икром
Таърихи суол: 12/03/2012
Матни Суоли 161

Салому алекум Бобои эшон далели хондани намози казо кадом оёт ва хадисхо буда метавонанд?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Дар ҳадиси саҳиҳе Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд: “Ҳар шахсе, ки дар хоб монд ё фаромуш кард ва намозаш қазо шуд, пас баъди бедор шуданаш ё ба ёдаш омадан он намозро бихонад”. Инчунин далели дигар ин аст, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар ҷанги Хандақ се намозро қазо карданд ва қазоии ин се  намозро бо ҷамоат пеш аз хуфтан хонданд. Ҳамаи инҳо далел бар хондани намозҳои қазоӣ мекунад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед. 


Масъалаи саҷдаи саҳв
Суолкунанда: Muhamadjon
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 160

Ассалому алекум шахсе дар намози 4 ракатаи фарз дар ракати 2 юм фаромуш кард замми сура кунад.Оё у ихтиёр дорад, ки хохад дар ракати 3 ё хохад дар ракати 4 зами сура кунад?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Вақте, ки дар ракаати дуввум замми сураро фаромуш кард, дигар набояд дар ракаатҳои баъдӣ онро бихонад. Балки дар охир саҷдаи саҳв мекунаду халос. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Масъалаи саҷдаи саҳв
Суолкунанда: Muhamadjon
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 159

Ассалому алекум ва рахматуллох Шахсе дар ракати 4ум эмомро дарёфт. Пас аз саломи эмом у дар ракати дуюм зами сура кард дар ракати 3юм бе сура ва дар ракати 4ум зами сура. Оё ин тарз хондаи у дуруст аст? Агар не сачдаи сахв вочиб шуд?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ дар ин ҳолат тарзи дурусташ чунин аст. Вақте, ки имом салом дод бояд он шахс аз ҷо хеста замми сура кунад ва баъди ташаҳҳуд боз дар қиём замми сура мекунад ва ракаати охирро безамми сура мехонад. Дар ин ҳолати зикркардаи шумо саҷдаи саҳв воҷиб мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хуруҷи имом аз намоз ба сабаби шикастани таҳорат
Суолкунанда: Абдурахмон
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 158

Асалому алейкум,,,дар масчид дар вакти намозхони ногахон тахорати эмом шикаст дар кафои эмом одамхои беилм е нодон хастанд эмом чи бояд кунад ,,,е ин,ки дар кафои эмом одамхои бо илм хастанд чи бояд кард

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Дар ин ҳолат як нафари онҳоро пеш дароварда худаш аз намоз хориҷ мешавад. Ҳамин, ки ҳамон шахс қироат карда тавонад ва тарзи намозро дуруст анҷом диҳад кофӣ аст. Шарт нест, ки олим бошад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед


Нагуфтани тасбеҳ баъд аз намоз
Суолкунанда: Файзали аз Екатеринбург
Таърихи суол: 27/02/2012
Матни Суоли 157

Ассалому алейкум думулои азиз бо ду саволи ман чавоб медодед 1. ман намоз мехонам ва баъдаз намоз ояталкурсира мехонам мебахшаму халос . тасбех намегуям ойо ман гунахкорам е,ки тарки вочиботи намоз кардам.? чавобашро интизорам .

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Не, бародари исломӣ, шумо гунаҳкор намешавед. Шумо фақат тарки як амри мустаҳабро намудаед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Адои намоз қабл аз вақташ
Суолкунанда: ФАРРУХ
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 156

Ассалому ъалайкум ва рахматуллохи ва баракатух бобои эшон ман дар россия тахсил мекунам алхамдулиллох.Ман бисери намозхоямро казо мекунам яъне аз сахар ба донишгох рафта бегох бар мегардам наметавонам намозхоямро дар вакташ адо кунам.Мумкин хаст дар дини поки ислом намозро пеш аз вакташ хонам ба хотири казо нашуданаш.Ман мехохам ки намозхоеро ки казо мешаванд пеш аз вакташ хонам аммо пурсидам бародарони исломиамро не чавоб доданд.Аммо алхамдулиллох ман ба шумо эътикот дорам мехохам ки аз шумо чавобашро бо хадиси расулуллох(с)фахмонед.Худованди мехрубон шуморо ва хонаводаи шуморо дар амони худаш нигахбон бошад.Ва дар хакки мани бандаи гунахгор дуъои хайр кунед.Панох ба Аллохи рахиму рахмон,

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, ба шумо ҷавоби дуруст додаанд. Намоз дар вақтҳои муайянкардашудаи худ фарз аст. Ба ибораи дигар шинохтани вақти намоз ва адо кардани он дар вақташ фарз аст. Пеш аз даромадани намоз хондашан ҷоиз нест ва фарз аз гардан соқит намешавад. Шумо бо таҳорат ба донишгоҳ рафта дар ҳамонҷо шояд ҷое пайдо шавад, намозатонро бихонед. Ақаллан намозҳои фарзиро бихонед. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Имоматии шахси фосиқ
Суолкунанда: Нуриддин
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 155

Асалому алайкум ва рахматулохи ва баракатух Бобочон Суол Агар шахсе пули харом ба даст биорад бо воситаи дузди Хавай одам метавонад Дар намоз Имом шавад ба ин суоли ман чавоб дихед Худо аз шумо Рози Бошад

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.

Ҳукми чунин шахс фосиқ аст ва имоматии шахси фосиқ дар мазҳаби мо макруҳ аст. Аммо шахсоне, ки аз пушти у намоз мехонанд, ба онҳо ҳеҷ таъсири манфӣ надорад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми тарки қаъдаи охир
Суолкунанда: Мухаммадсалим
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 154

Ассалому алайкум домуллои мухтарам! Хохиш мекунам ба саволи ман посух гуед: Намозгузор дар ракаати сеюми фарзи шом аз руи фаромуши нанишаста, ба ракаати чорум шуруъ кард. Барои сахех шудани намозаш у чи бояд кунад?

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, дар ин сурат барои у лозим аст модоме, ки ба саҷда нарафта бошад дарҳол шинад ва дар охир саҷдаи саҳв кунад  намозаш саҳиҳ мешавад. Аммо агар рафту саҷда кард баъд аз саҷда кардан ёдаш омад дар ин сурат намози у мубаддал ба нафл мешавад ва бар у лозим аст, ки дубора намозашро хонад. Худованд нигаҳбони шумо бошад ва илми бо амал насибатон кунад.


Ҳукми тарки намоз беузр
Суолкунанда: Абдурахмон
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 153

Ассалому алайкум Эшони Махмудчон 3-сол аст, ки ман дар шахри Руссия донишчу мебошам. Солхои аввал ман хамаи намозхоямро дар вактуш мехондам, холо баъзан бепарвоги дорам. Маслихат дихед ман чи тавр худамро контрол кунам, тарки намоз накунам, лачоми навсамро зери даст гирам. Ман дар инчо ранчи бисёр дорам. Дар хакки ман ва падару модарам дуъо кунед. Ман мухлиси Шумо, Худо нагахбонтон бошад!

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ ин вобаста ба имону тақвои шумо аст. Шумо набояд ҳамчун мусалмон дар хондани намозҳо танбалӣ кунед. Зеро намоз яке аз асоситарин талаботҳои ислом аст. Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Фарқ байни кофиру мусалмон дар намоз аст, пас ҳар касе, ки намозро (қасдан) тарк кунад кофир мешавад”. Ҳамин сухани гуҳарбори Паёмбари Худоро (с) пеши ру кунед ва ҳаргиз дар баргузории намоз танбалӣ накунед. Худованд имони шуморо қавитар бигардонад.


Кашфи аврат дар ҳангоми намоз
Суолкунанда: Akmal
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 152

Assalomu alaykum. Boboi eshon yak suol doram. 1. Dar vakti ruku yo sajda miyon kushoda shavad namoz fosid meshavad? Namozro boyad az nav hondan lozim ast? Aksariyat barodaron az in mas'ala dur hastand.

Посух

Ва алайкумуссалом  ва раҳматуллоҳ.

Бинобар мазҳаби мо агар ба шарте, ки аз чаҳор як ҳиссаи ҳамон узв намоён шавад, намоз фосид мешавад. ин ҳукм барои ақиби инсон мавзеъи аз ноф поён аст, ба монанди думба. Бояд диққат кард, ки агар рафту пушти намозхон мавзеъи аз ноф боло  намоён шавад боке надорад.


Ҳукми нахондани намозҳои суннат дар ҳолатҳои зарурат
Суолкунанда: Ман як мухлиси шумо аз шахри исфара номам Шервон
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 151

Ассалому алайкум ва рахматиллохи. Бобои Эшон суоли ман ин аст:ман дар шахри Новосибирски русия кор мекунам дар завод . Панч вакт намоз мегузорам.Рохбари ман,ки бахудо бовар надорад ки у рус хаст хар вактеки дар намоз бинад маро озор медихад ва ман бо у бисёр бахс мекунам чангу чидол мешавам боз шахсоне хастанд,ки маро хабар мекашанд ба рохбар бародархои мо аз Точикистон номи мусулмони доранду халос ва у маро мегуяд ки инхо намехонандку намоза баъд бисёр озор медихад ман намоза факат фарзаша хонам мешавад.Барои он дар завод кор мекунам ки ичозат номаи кори барои ман додааст аз оилахои факирам мачбурам то дар ин чо кор кунам.Ду бор намоз мехонам дар завод(пешин ва аср)казои хонам мешавад.Чи хел хонам?барои ман як дуои нек бо дасти худатон бардоред ва хохиш мекунам ахли шогирдхову масчид хам дуо кунанд.АЗ ХУДОВАНД ШУКРГУЗОР ХАСТАМ,КИ ХУДОВАНД ШУМО ВА ОИЛАИ ШУМОРА ДАР ТОЧИКИСТОН ОФАРИД.(сипозгузорам аз касе ки дархакки касе дасти дуо мебардорад)

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ Худованд ин сабру бурдбории шуморо дар иқомаи намоз ҳамчун амали нек дар тарозуи аъмоли шумо қарор диҳад ва дар дили раиси шумо андозад, ки дигар барои намозгузории шумо монеъ нашавад. Дар чунин ҳолати баёнкардаи шумо зарурат аст, шумо метавонед фақат намози фарзро бихонед.  Аммо дар мавриди намози пешин ва аср шумо кушиш кунед онро қазо накунед. Агар тамоман имконияти хонданро ба шумо надиҳанд ҳадди ақал пешину асрро ҷамъ карда, дар вақти пешин бихонед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳадиси савоби намози бо ҷамоат
Суолкунанда: бародари исломи шумо
Таърихи суол: 05/02/2012
Матни Суоли 150

салом Мухтарам домулло бархе аз гуфтахои домулохои масчидхо мегуянд,ки агар дар масчид намозро адо куни 27-савоб дорад ва агар дар хона намозро гузори 1-савоб дорад хохиш мекунам ,ки далели асосии хамин суолро бо тамоми масъулиятатон чавоб гардонед,ки хама мухлисон посухи дурустро интизор хастанд. Худован хамаи мусалмононро дар хифзу панохи худ нигох дорад .

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси саҳеҳе фармуданд: “Савоби намози ҷамоат аз намози танҳогузор 27 маротиба зиёд аст”. Ин ҳадиси саҳеҳ аст. Бинобар ҳамин он домулло дуруст гуфтааст ва бояд шахси мусалмон барои дарёб намудани аҷри зиёд намозро бо ҷамоат бихонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Вақти хондани намози қазои Фаҷр
Суолкунанда:

Мухаммадчон

Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 149

Асалому алейкум Варахматуллохи вабаракотуху; Худованди мехрубон умратонро дароз ва забонатонро хамеша дар тиловати Курони Карим бурро гардонад.Суъоли ман чунин аст;Вакто,ки намози Бомдодро казо карди кадом вакт хондан дуруст, ва кадом вакт нодуруст?илтимос муфасалтар чавоб дихед.Худовванди карим дар панохаш шуморо нигах дорад.

Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар намози бомдод қазо шуд ҳамин, ки аз хоб хезад бояд таҳорат карда қазоии намози бомдодро бихонад. Аммо дар ҳолати завол хондани намози қазоӣ ҷоиз нест. Вақти завол 10 ё 15 дақиқа пеш аз дохил шудани вақти намози пешин мебошад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Намози бемор
Суолкунанда: mohammadiqbol
Таърихи суол: 16/01/2012
Матни Суоли 148

салому алейкум аз шумо як савол дорам одами мариз бошад намозро чи тавр хонад.

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Агар ба шарте, ки рост истода натавонад нишаста мехонад. Аммо агар нишаста ҳам натавонад дар ин сурат як паҳлу ё дар ҷойгаҳи хоба бо ишора мехонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ангушти сабоба
Суолкунанда: Анис аз Хордараи Боло
Таърихи суол: 04/05/2010
Матни Суоли 147

Ассалому алайкум хазрати Мавлави! Худо Шумо ва ахлу байти Шуморо аз бадии душманон нигох дорад! Хазрати Эшон ба  саволи ман хохиш мекунам чавоб дихед.

 Дар сурате, ки ангушти сабоба набошад чи гуна онро анчом дод!

Посух

Ва алайкумуссалом 

Бародари исломи, агар ангуштаи сабобаи инсон ба ҳар иллате набошад, дар ин ҳолат суннат аз вай соқит аст. Зеро ки маъзур аст.  


Намози тасбех
Суолкунанда: Мухаммадчон
Таърихи суол: 03/05/2010
Матни Суоли 146

Ассаломуалайкум Бобои Эшон лутфан аз Шумо хохиш дорам ки оиди Намози Тасбех каме гуфта гузаред?

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ! Дар бораи намози тасбиҳ ва тарикаи он ман ба шумо он чизеро мегуям, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ба амаки худ Аббос таълим доданд. Паёмбар фармуд: "Эй амаки ман (Аббос) чаҳор ракаат намоз гузор! Дар ҳар ракаати он сураи “Фотиҳа”ва замми сура бикун! Баъди фориғ шудан аз замми сура инро бихон; “Аллоҳу акбар, валҳамду лиллоҳ ва субҳоналлоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ”. Инро понздаҳ маротиба кабл аз рукуъ бихон ва сипас рукуъ бинамо. Ин зикрро (яъне зикри дар боло гузашта) даҳ маротиба дар рукуъ бихон. Сипас баъд аз оне, ки сарро аз рукуъ бардошти даҳ маротибаи дигар онро бихон! Сипас ба саҷда рафта онро даҳ маротибаи дигар бихон! Сипас сарро аз саҷда бардошта даҳ маротибаи дигар онро бихон! Сипас ба саҷдаи дуввум рафта боз даҳ маротибаи дигар бихон! Сипас боз аз саҷдаи дуввум хеста онро даҳ маротиба пеш аз он, ки за ҷо бархезӣ, бихон! Ба ин тарз дар ҳар ракаат 75 маротиба он зикр хонда мешавад. Ва дар чаҳор ракаат сесад маротиба хонда мешавад. Эй амак! Агар гуноҳонат ба андозаи реги Олиҷ (номи як макони биёбонзор) бошад, албатта Худованд он гуноҳони туро мағфират хоҳад кард". Ҳазрати Аббос гуфт: Эй Паёмбари Худо (алайҳиссалом) кӣ метавонад ин намозро ҳар руз бигузорад? Паёмбар фармуд: (Агар натавонӣ онро дар ҳар руз бихонӣ пас ҳар рузи ҷумъа онро бихон! Агар инр ҳам натавонӣ пас дар як моҳ як маротиба бихон. Ва агар инро ҳам кудрат надошти анчом бидиҳӣ, пас дар як сол як маротиба бихон". Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.


Хукми шахсе, кит арки намоз мекунад
Суолкунанда: HOMIDKHONI MATLUBKHON
Таърихи суол: 14/05/2010
Матни Суоли 145

ASSALOMU ALEKUM BOBOI ESHON KHUDOVAN SHUMORO BO HAMROHI BARODAROTON NIGAH DORAD MEKHOSTAM BASAVOLI MAN JAVOB DIHED BOBOI ESHON INSONEKI DAVOI MUSALMONI MEKUNAD VA BA TAMOMI SHARIATI ISLOM BOVAR DORAD VALE AZ RUI KASLONI NAMOZ NAMEKHONAD DAR NIGOHI ISLOM URA KOFIR GUFTAN DURUSTAS YO NE IN MASALA BAROI MAN KHELE MUHIMAST ILTIMOS BOPURAGI JAVOB DIHED KHUDOVAND SHUMORO NIGAH DORAD VA DAR OKHIR DAR HAQI MO TOLIBO DUO KUNED ASSALOMU ALEKUM VARAHMATULLOHI VABARAKOTUHU

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ,

Бародари исломӣ чунин инсони зикркардаи шумо дар мазҳаби мо уро ҳукм ба куфр намекунанд. Балки уро фосиқ медонанд ва у муртакиби гуноҳи кабира аст. Инчунин агар ба ҳамин ҳол аз дунё равад эҳтимоли зиёд бар он аст, ки мустаҳиққи азоби ҷаҳаннам гардад. Худованд паноҳ диҳад. Аммо он ҳадисе, ки аз Паёмбари ислом зикр шудааст, ки “Ҳар касе, ки тарки намоз кунад, кофир мешавад” инро олимони мазҳаби мегуянд, ки мурод аз куфр дар ин ҳадис куфри амалӣ ҳаст на куфри эътиқодӣ.


Хукми хондани тахияи масдчид баъд аз намози аср

Суолкунанда: Боймуродов Хуррамшо
Таърихи суол: 20/05/2010
Матни Суоли 144

Асалому алайкум ва рахматулои ва баракатуху бобои эшон саволе дорам илтимос чавоб дихед, баъди намози Аср намози тахияи масчит хонда мешвад е не

Посух

Намози таҳияи масҷид ё намози нафлро баъд аз намози аср хондан дар мазҳаби мо макруҳ аст


Хукми 8 ракаат хондани намози таробех
Суолкунанда: умед
Таърихи суол: 29/05/2010
Матни Суоли 143

ассалому алейкум бобои эшон намози таровехро 8 ракат хони мешавад е ки хатман 20 ракат хондан даркор илтимос чавоби пурра медодед

Посух

Бародари исломӣ намози таровиҳ дар мазҳаби мо инчунин назди ҷумҳури олимони ислом 20 ракаат аст. Мо инкор надорем, ки аз Паёмбар (алайҳиссалом) 8 ракаат таҳаҷҷуд ривоят нашудааст. Аммо Рамазон моҳи ибодат аст. Дар он ҳар чи ибодат бештар кунӣ ҳамон қадар хуб аст.


Хукми хондани намоз аз кафои имоме, ки дар мазхаби имом Шофеи аст
Суолкунанда: TolibiMisr
Таърихи суол: 29/05/2010
Матни Суоли 142

Assalomu alaikum va rahmatullohi va barokotuhu. Hazrat shumo khub medoned, ki dar mazhabi (Emom Shofii) ba baromadani khunu misli haminho tahorat nameshikanad. Mo ki dar mazhabi (Abu Hanifa r.a) hastem namozhoi mo chi meshavad?

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ агар манзурат ин аст, ки аз пушти имоми шофиъимазҳаб намоз дуруст аст ё не. Бале бародар аз пушти имоми шофиъӣ ва ҳанбалӣ ва моликимазҳаб иқтидо карда намоз хондан дуруст аст. Вақте аз пушти имоми шофиъимазҳаб иқтидо мекунӣ ту гумон кун, ки аз пушти имом Шофиъӣ намоз хонда истодаӣ. Магар имом Шофиъӣ яке аз бузургони аҳли суннат нест? Бе шаку шубҳа имом Шофиъӣ як шахсияти барҷаста ва муътабари ислом аст. Ҳамчунин имом Аҳмад, Молик ва Абуҳанифа Худованд раҳматашон кунад.


 
   

   

   

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com