WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Эшони Маҳмудҷон

Фатвоҳо дар боби муомалаҳои молӣ

 
.::Суоли Шумо::.

 
 
Муносибатхои мусалмон ва кофир дар бобати хариду фуруш
Суолкунанда: БАНДАИ ОСИ АЗ ДУШАНБЕ
Таърихи суол: 21/06/2010
Матни Суоли 09

Бисмиллохиррахмониррахим! Ассалому алайкум ва рахматулло! 

Дар бораи муносибатхои мусалмон ва кофир дар бобати хариду фуруш. 

Суоли1: Агар ягон беимон аз мо чизе харидори кунад ва мо хамон молро кимматтар карда фурушем чи мешавад? Агар чоиз нест, пас барои чи куффору мунофик куштору горати муъминин мекунанд? Агар мумкин набошад инсонро горат кардан ба сабабе, ки инон горату куштор накардаанд пас кофир хукм ба хама хаст ё бар хамон нафароне, куштору горат мекунанд? Аз он сабаб, ки ман бисёр нафароне, ки аз хоричи кишвар хастанд аз дин пурсон мешавам,

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ. Бародар исломӣ, муомилаи мусалмон бо кофир хеле аҳкоми нозук дорад. Аввалан ин, ки олимони ислом кофиронро ба чанд даста тақсим кардааанд. Кофири мусолим ва кофири муҳориб. Кофири мусолим он касе аст, ки бо мусалмонон дар ҳоли муомилаи хуб аст. Аммо кофири муҳориб он аст, ки дар ҳоли ҷанг бо мусалмонон аст. Мисли кишвари Исроил. Дини ислом ҳамеша ва дар ҳама мавқеъ даъват ба адлу инсоф мекунад агарчи тарафи муқобил кофир ҳам бошад. Худованд дар Қуръон фармудааст: 

لا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ الممتحنة:8

 "Худованд шуморо (эй муъминон) манъ намекунад аз ин, ки бо кофироне, ки бо шумо дар ҳоли ҷанг нестанд ва шуморо аз диёратон берун нарондаанд некӣ  ва адлу инсоф кунед. Ҳамоно Худованд шахсони соҳиби адлу инсофро дуст медорад". Бубинед Худованд дар ин оят мусалмононро тавсия намудааст, ки бо кофироне, ки бо ислом дар ҳоли ҷанг нестанд, некӣ ва адлу инсоф кунанд. Ин бузургии дини ислом аст. Магар чунин бузургӣ ва таҳаммулпазириро дар дигар диёнатҳо ба андозаи ислом пайдо мекунӣ? 

Бародари исломӣ оё медонӣ, ки сабаби дар ислом дохил шудани аксари кишварҳои шарқи дур ҳамчун Индонезия ва ғайра маҳз ба сабаби муомилаи хуби тоҷирону савдогарони мусалмон ба онҳо буд. Ислом ба ҳеч ваҷҳ ғасбу ғорати моли дигаронро чи мусалмон бошад чи кофир беягон асосу далел иҷозат намедиҳад. Вафо ба аҳду амон яке аз асосиёти ислом мебошад. Вақте, ки шахси мусалмон ба кишвари кофири мусолим дохил мешавад барои вуруд визо мегирад, ки ҳамон маънои аҳду амон аз ҷониби тарафайн мебошад. Бинобар ҳамин дар ҳамин ҳолат дигар мусалмон вазифадор аст, ки ба аҳду амони худ пойдор бимонад. Аз ин сабаб  вақте, ки моли онҳоро бидуни ҳақ мегирад гуё ин, ки аҳду паймони худро шикастааст.  Дар поён гузидае аз суханони имом Сарахсиро дар мавриди муомила бо кофирони мусолим меорем: 

"Бар мусалмоне, ки уро диёри кофир амон бар динаш додааст, хиёнатро нописанд медонам. Зеро, ки хиёнат ҳама навъаш ҳаром аст. Паёмбари Худо (алайҳиссалом)  фармудааст: "Барои шахси хиёнаткор дар рузи қиёмат дар назди дари истиқоматаш парчаме зада мешавад, ки бо он парчам шинохта мешавад, ки у хиёнаткор аст" Пас шахсе, ки бо кофир хиёнат карда моли уро ғасб намуда ба кишвари мусалмонон биёрад, барои мусалмонони он кишвар харидани он мол ба шарте, ки донанд аз хиёнат ба даст омадааст, макруҳ аст. Зеро он мол ба касби ҳаром ба даст омадааст."  Китоби "Алмабсут" Сарахсӣ саҳ.96/10.


Хукми фуруши шамоили (икона) таърихи
Суолкунанда: Salmon
Таърихи суол: 07/08/2010
Матни Суоли 08

 Ба номи Худованди бахшояндаю мехрубон, бобои Эшон эхтиромона хохиш менамоям, ки ба суолхои ман чавоб дихед.

  1.Тассодуфан  як адад шамоили (икона) таърихии Исопарастхо ба дасти ман афтид, ман метавонам онро ба савдо барорам ва бар ивазаш маблаг гирам? Ба фуруш баровардани он тибки конунгузори хам мамнуъ аст.

 2.   Чанд сол пеш, ман рузаи мохи шарифи Рамазонро шикастам ва аз ин пештар карздор хам будам. Метавонам ман карзи худро бо додани фидя адо кунам?, Агар имкон бошад, пас фидяро ман ба ду моху дах руз адо намоям?  

 Сипосгузорам,  дар амони Худованд бошед.

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.

 1) Бародари исломӣ чунин навъ тасвирҳо ва ба ибораи худи шумо иконаҳое,ки имруз арзиши боло доранд ва дар он аксҳои масеҳиён бошад дуруст нест. Умуман фурухтани ҳар акс ё портрети инсон ё ҳайвони соҳибруҳ дуруст нест.

 2) Дар масъали дуввумӣ бошад шумо модоме, ки қудрати руза гирифтанро дошта бошед наметавонед фидя диҳед.  Агар шумо рузаро қасдан хурда бошед, пас барои кафорати он ду моҳ пайдар пай  руза медорад.


Хукми маёнарави фиребгар
Суолкунанда: Абдулоик
Таърихи суол: 13/08/2010
Матни Суоли 07

Боарзи  салому  самимият  мухлиси шумо аз Хитой, Бобои эшон суоливозех ин аст,         Точирхое ки аз дигар кишвар хо  баинчо  меоянд  бахотири харидории мол ва даринчо шахсоне ки забон ро медонанд онхоро бохуд тарчумон интихоб мекунанд, ва дар вакти харидории мол тарчумон  фоиз (хак) мемонад, холо онки точир хабар надорад,  оё ин амал дуруст аст ё на илтимос чавоб дихед,     ва дар охир банда  илтимоси дуо дорам!  Хдо ёру мадад горатон,

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, агар ҳамон тарҷумон ба тоҷир нагуяд, ки бар болои моли харидаи вай ҳаққи худашро мондааст, аз як тараф ин кори вай дуруғгуӣ ва аз тарафи дигар фиребкорӣ ҳисоб меравад, ки аз назари шариат ҳардуи ин амал ҳаром аст. Беҳтар аст, ки ба тоҷир ҳаққи хидмати худро ошкоро дар миён монад.


Хусми савдо дар бозори умуми чахонии (Forex)
Суолкунанда: Dilovar
Таърихи суол: 04/04/2011
Матни Суоли 06

Салом, саволи мо дар он аст ки дар бозори умумичахони (Forex) савдо кардан бо фоизи кам мумкин аст е не, аз барои он ки ин савдоро фоизи зиеди исрифкори доштанаш харом донистаанд. Шумо дар бораи даромади кам яъне 10%-15% фоида дар ин бозор чи маслихат метед ? Дар амони Худо бошед. Бо эхтиром мухлиси шумо Диловар.

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Бародари исломӣ, агар ин бозори зикркардаи шумо маркази хариду фуруши саҳҳомӣ бошад, дар ин сурат харидану фурухтани саҳмияҳо ба чи қимате, ки набошад аз назари шариат ҷоиз аст. Яъне хариду фуруш дар марказҳои биржавие, ки саҳмияҳои корхонаҳои бузургро мефурушанд, ҳеч боке надорад. Аммо агар бонке ё маркази амонатгузорӣ бошад, ки шумо дар онҷо пули худро бигузоред ва мунтазири фоизи он бошед, он фоиз ё просент аз назари шариат қатъиян ҳаром буда, рибо маҳсуб мешавад. Худованд нигаҳбонатон.


Хукми маблаг гузоштан болои махсулоти тичорати
Суолкунанда: ЕШОН
Таърихи суол: 04/04/2011
Матни Суоли 05

 асаломуалайкум варахматулохи вабарокоту бобоиешон  худованд шуморанигохбонбошад илтимос басаволимо чавобдихед мо даррусия дарбозор савдомекунем пояфзолмефрушем точанд фоиз метавонем дар болояш монда фурушем.

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Додари исломӣ, шариати исломӣ маблағгузории қимати молҳоро барои фурушанда озод гузоштааст. Ба ибораи дигар шумо ҳар нархе, ки бихоҳед дар руи моли худ гузошта онро ба савдо мебароред, фақат як чиз муҳим аст, ки аз ҳадди маъқул зиёд нарх нагузоред, ки сабаби зарар бар мардум шавад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Хукми карз аз бонк
Суолкунанда: Абдулло аз шахри Москва
Таърихи суол: 01/07/2011
Матни Суоли 04

Ассалому алайкум ва рахматулЛохи ва баракотух! Устоди гироми Худованд нигохбони Шумо бошад, як суоле дорам. Устод ман дар яке аз бозорхои Москва мехохам ба тичорат машгул шавам, чо ёфтам, молтаъминкунандахо хам хастанд, ки молро бе накд барои савдо медиханд, факат пул барои ичораи чо лозим аст аммо пул надорам ва хеч кас пул карз намедихад, оё ман метавонам аз бонкхои Москва пул гирам аз барои хамин корам?

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Дар ҳолати зарурат, ки шумо дигарро роҳҳоро дидед ва касе ба шумо қарзулҳасана надод, дар ин ҳолат ба қадри зарурат қарз гиред вале ҳамин, ки тавонманд шудед аввал худатонро аз нопокии он пули рибавӣ халос кунед. Иншоаллоҳ уммед аст, ки дар шароити шумо ҷоиз бошад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Хукми фуруши забхи ахли китоб
Суолкунанда: точир
Таърихи суол: 14/07/2011
Матни Суоли 03

саволи изтирори бесаброна харчи зудтар мунтазирам харидани гуште, ки ахликитоб забхи кардаанд ва фурухтани он бо худи ахликитоб яъне тичорат кардан чоиз аст ?

Посух

 Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Бале ҷоиз аст.


Ракобат дар тичорат
Суолкунанда: Umed
Таърихи суол: 01/08/2011
Матни Суоли 02

 Ассалому алайкум бобои Эшон аз шумо хохиш дорам ки ба саволи ман чавоб дихед. Мо ба тичорат машгулем мо баъзе борхо-ро монанди пойафзол руймол ва либоса мефурушем баъзеи точирони дигар ёфт мешаванд ки бори намуди моро мегиранд ва бо нархи арзон баъзехо онро бо нархи харид мефурушанд ба хотири чалби муштарихо локин бо ин сабаб мо ки микдори зиёд мехарем зиён мебинем аз ин чихат ба истехсол кунанда мегуем ки ин намуди молро ба дигар кас надех оё ин аз назари шариат дуруст аст.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

 Бародари исломӣ ин тарзи муомилаи тиҷориро дар истилоҳи имруза монополия мегуянд, ки аз назари шариат нодуруст аст. Зеро ин амал аз як ҷиҳат зулм ба дигар тоҷирон ва аз ҷиҳати дигар ҳуррият ва озодии дигар тоҷиронро маҳдуд мекунад, ки дар шариати ислом ҳаром мебошад. Дар замони Паёмбари Худо (алайҳиссалом) баъзе тоҷирон дар дари бозор истода соҳиби молеро, ки мехост молашро ба бозор дарорад, манъ мекарданд ва худашон ҳамон молро ҳамаашро харида сипас бо нархи хостаашон мефурухтанд. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ин амали онҳоро наҳй карданд. Аммо агар рафту худи ширкати истеҳсолкунанда молашро фақат ба намояндагиҳои худ дар гушаву канори кишвар тақсим карду ба дигар тоҷирон надод, дар ин ҳолат ҷоиз аст.


Ҳукми қиммати маҳсулотро дар борхат (накладной) баланд нишон додан
Суолкунанда: як банда аз руссия
Таърихи суол: 23/08/2011
Матни Суоли 01

 Баьди хамд ва санои аллохи мехрубон ва дуруди бепоён ба рухи МУХАММАДи амийн (с) аммо баьд Ассалому алайкум ва рахматуллохи вам баракатуллоху ва магфиратух бобои эшон бо мохи шарифи рамазон хаммаи шумо ва ташкилотчиёни ин сомонаро табрик ва тахният гуфта аз даргохи АЛЛОХи зулчалол барои хаммаи шумо як чахон инсоф ва тавфику хидоят орзумандем. агар вакт дошта бошед барои як чанд саволхои мо посух мегуфтед. 1) агар дар 3ё4-руи раькти намози фарз баьд аз сурраи фотиха замми сурае сахван карди бояд сачдаи сахв лозим аст ё не. 2) агар дар савдо мичозе ба мо гуяд, ки дар (накладное) нархи меьвае ки 75р аст 100р навис мо менависем оё гунахкор мешавем ё на . ва дар охир дар хакки хаммаи мо мусофирои аз ватан берун ва падару модари мо дуое кунед хадованд барои мо имону тавфики бандаги ва саодати дунёву охиртро насиб гардонад. дар панохи АЛЛОХИ Зулчалол бошед ОМИЙН....

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 1) Бинобар қавли саҳед дар мазҳаб саҷдаи саҳв воҷиб намешавад.

 2) Дар ин масъала аввал бояд шумо бидонед, ки ҳамон муштарӣ ба чи ҳадаф қиммати маҳсулотро дар борхат (накладной) баланд нишон додан мехоҳад. Агар ҳадафаш ба хотири он бошад, ки рафта ба раисаш зиёд нишон диҳад ва бақияи пулро дар ҷайбаш бизанад ин амал ҳаром аст ва набояд шумо дар чунин ҳолат вайро кумак кунед. Зеро кумаки дар маъсият маъсият аст. Дар ғайри ин ҳолат боке надорад.Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


 
 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com