.:: WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд... ::.
Эшони Маҳмудҷон
Фатвоҳо дар боби
занон
Ҳукми пушидани руй
барои занҳо
Суолкунанда:
Хуршед
Таърихи суол:
27 /03 /201 2
Матни Суоли
34
Асалму алайкум бобои эшон. Аз шумо хохиш дорам,
ки ба ман як маслихати муфид дихед. Зани ман
сатр мепушад аммо руйяшро намепушонад. Ман ба он
мачбур мекунам, ки руйяшро бипушонад. Дар ин
маврид вай аз тарси Худо не балки аз тарси ман
руйяшро мепушонад. Оe ман вaйро мачбур кунам е
дар мавриди руйяшро пушонидан ихтиер гузорам.
Дар хаки завчаи ман дуо кунед, ки Худо даррохи
рост хидояташ кунад. Худо нигахбонатон бошад.
Посух
Ва
алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Не,
бародари исломӣ шумо ҳамсаратонро барои пушидани
руй маҷбур накунед. Зеро дар мазҳаби мо пушидани
руи зан воҷиб нест. Худованд шумо ва
ҳамсаратонро дар паноҳи Худаш нигаҳбон бошад ва
ба шумо фарзандони аҳли ислом насиб кунад.
Эҳтиломи шудани зан дар
хоб
Суолкунанда:
Беном
Таърихи суол:
18 /03 /201 2
Матни Суоли
33
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ВАРАХМАТУЛЛОХ 1\зан дар хобаш
гуё бо хамрохи шавхараш ё дигар кас хамхоба шуд
баъд аз хоб тахорат карда намозашро мехонад
мумкин аст.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Агар баъд аз хоб бедор
шуданаш дар худаш намӣ наёбад, ғусл намекунад,
аммо агар бинад, ғусл мекунад. Дар паноҳи Аллоҳ
бошед.
Бараҳна хобидани зану
шавҳар
Суолкунанда:
Беном
Таърихи суол:
18 /03 /201 2
Матни Суоли
32
АССАЛОМУ АЛЛАЙКУМ ВАРАХМАТУЛЛОХ.
АГАР ДАР ЧОЙГАХИ ХОБ БА ГАЙР АЗ ТАГПУШ ЯЪНЕ
ТУРСИ ХОБ КАРДАН МУМКИН АСТ БАРОИ ЗАН ВА ХАМ
МАРД?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бале, агар ба шарте, ки
зану шавҳар бошанд, боке надорад ва ҷоиз аст.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Зиндагии зани мусалмон
бо марде, ки суханҳои куфр мегуяд
Суолкунанда:
Беном
Таърихи суол:
12 /03 /201 2
Матни Суоли
31
Дуруду рахмати худо бар шумо 1) Бобои эшон зане
худ намозхону худотарс сохиби фарзанди бисёре.
Аммо шавхараш суханони куфр мезанад. Вакте уро
мегуянд нагу вай хатто баъзе оятхоро инкор
мекунад? Оё у кофир шудааст? Агар кофар бошад
никохаш буридааст. Ин зан дигар чое надорад
равад бо 6 кудак. У дар хамон хона бо шавхараш
хамхоба. У чи бояд кунад? Чмкадар кушиш кард
аммо шавхараш ислох нашуд
Посух
Ва
алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ.
Бародари
исломӣ масъалаи ҳукми шахси дигар бисёр масъалаи
нозук аст. Аввал бояд яқин донист, ки чи
суханҳое гуфтааст. Хулоса агар яқин шуд, ки
суханони куфр гуфтааст, пас дар ин ҳолат он мард
кофир мешавад ва никоҳи у бо зани мусалмон ботил
ва бекор мешавад.Он зан бояд дигар ҳамроҳи у
ҳамхобагӣ накунад. Умуман зиндагии он зани
мусалмон бо чунин марди кофир ҷоиз нест. То
вақте, ки дубора калима арза карда мусалмон
шавад ва аз гуфтаҳояш тавба кунад. Пас дубора бо
ҳамсараш никоҳ карда зиндагӣ мекунад. Дар паноҳи
Аллоҳ бошед.
Масъалаи ҳайз
Суолкунанда:
Хилол
Таърихи суол:
08 /03 /201 2
Матни Суоли
30
Ассалому алекум ва рахматуллох Саволхо: 1) Зане
дар мохи пешина 6 руз хайз дид ва дар рузи 6 ум
дар нисфирузи кок шуд пас дар аср намозро шуруъ
кард.Дар мохи баъди дар рузи 7 ум дар намози аср
кок шуд. У бояд зуд намозро шуруъ кунад ё ба
чанд вакт боз интизор шавад
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ
Зан ҳамин, ки аз ҳайз пок
шуд агар вақти намоз даромада бошад, ғусл карда
ҳамон намозро мехонад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Масъалаи нифос
Суолкунанда:
Беном
Таърихи суол:
08 /03 /201 2
Матни Суоли
29
Ассалому алaйкум эшони Махмудчон.Худованди
Бузург илми шумохоро боз зиeда гардонад,ва
онхое,ки илми шумохоро намебинанд,ва дар хакки
шумохо тухмат мезананд,худаш чазои онхоро
бидихад. Бобои эшон ман ба интернет дастраси
пайдо кардаам,ва мехохам,ки саволхое дар байни
мардум сари бахс меоянд ва чавоби худро
намеeбанд,агар шумо рози бошед,шояд хар руз е
хар хафта саволхоро ба шумо фиристам
чавобхояшонро бигирам.1.Агар зан баъд аз тавалуд
дах руз хун бинад,баъдан оби сафедмонанд
бинад,ое дар ин замон метавонад,намозу куръон
бихонад,е бо шавхараш молиш е буса бикунад,е
чихил рузро нигох мекунад.
Посух
Ва алайкумуссалом ва
раҳматуллоҳ
Бародари исломӣ, Худованд шуморо нигаҳбон бошад.
Зан баъд аз таваллуд кардан нифос мешавад.
Муддати аксари нифос чиҳил руз аст, вале
камтарин муддати нифос ҳад надорад. Шояд баъзе
занҳо дар 15 ё 20 рузагӣ пок шаванд Муҳим пок
шудан аз хуни нифос аст. Аммо агар рафту аз
чиҳил руз гузашт аз он болотарашро низ нифос
намегуянд. Балки ғусл намуда намоз мехонад ва
ҳамхобагии вай бо шавҳараш ҷоиз аст. Инчунин дар
масъали шумо гуфта, ки дар даҳ рузагӣ пок
шудааст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Истиҳоза
Суолкунанда:
Рохила аз сугд
Таърихи суол:
06 /03 /201 2
Матни Суоли
28
Ассалому алейкум чаноби устод! Зане,ки аз
мухлати одати мохонагиаш зиёдтар хайз мебинад чи
кор кунад? намозхояшро аз кадом руз бихонад?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Агар аз даҳ руз зиёд хун
равад, аз даҳ руз зиёдаш истиҳоза номида мешавад
ва онро ба назар нагирифта ғусл карда, дар вақти
ҳар намоз таҳорат карда намозҳояшро мехонад.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Иқтидои зан ба шавҳараш
дар намоз
Суолкунанда:
Ehson
Таърихи суол:
06 /03 /201 2
Матни Суоли
27
Salom bobojon oy zan metavonad ba shavharash
iqtido kunad?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бале метавонад. Фақат ин,
ки дар пушти шавҳараш истода иқтидо мекунад. Дар
паноҳи Аллоҳ бошед.
Тариқаи адои рузаҳои
қазоии зан
Суолкунанда:
Хохари исломи
Таърихи суол:
06 /03 /201 2
Матни Суоли
26
Ассалому алайкум варахматуллох . Дар холати
тавалуд кардам ва ё хайз дидам дар мохи рамазон
казояшро пай дар пай мегири ё кадом рузе ки
гирам? ДАР ПАНОХИ АЛЛОХ БОШЕД.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Дар ин ҳолатҳои гуфтаи
шумо пайдар пай гирифтан шарт нест. Кадом
рузҳои ба шумо муносиб аст ихтиёр карда рузаҳои
қазоиро бигиред. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.
Ҳукми муайян кардани
ҷинси тифл қабл аз таваллуд ба воситаи дастгоҳҳо
Суолкунанда:
Хохари исломи
Таърихи суол:
06 /03 /201 2
Матни Суоли
25
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ВАРАХМАТУЛЛОХ .
занхо дар холати хомиладори УЗИ мекунанд ва
табибон духтар ё писар аст мегуянд бовар кардан
мумкин аст ё не ? АЛХАМДУЛИЛЛОХ КИ БИСЁР
ЧИЗХОЕРО КИ НАМЕДОНИСТАМ ИМРУЗ ХАЛ ШУДА
ИСТОДААСТ ВА БА ШУМО ИЗХОРИ МИННАТДОРИ БАЁН
МЕКУНАМ ДАР ПАНОХИ ХУДО БОШЕД.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бале ин дуруст аст. Ин илм
аст, Худованд бар бандагонаш ато фармудааст. Бо
роҳи ин дастгоҳҳо фақат онҳо чизеро муайян
мекунанд, ки Худованд дар батн халқ кардааст ва
ҳеҷгуна ба оятҳои Қуръон тазод надорад. Дар
паноҳи Аллоҳ бошед.
Ибодати зан дар масҷид
Суолкунанда:
Нигора
Таърихи суол:
19 /06/2010
Матни Суоли
2 4
Ассалому алейкум Эшон бобо занхо ба масчид
рофтанашон дурустаст ё не
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бале дуруст аст. Балки дар
ҳамин замонаи мисли замони мо ҷомеа эҳтиёҷ ба ин
дорад, ки занҳо ба масҷид раванд. Зеро дигар
роҳҳои таълими динро надоранд. Дар паноҳи Худо
бошед.
Хукми мошин рондани зан
Суолкунанда:
adbdulvahhob nurulloh
dar misri arab
Таърихи суол:
16/06/2010
Матни Суоли
23
assalamu alekum
varahmatullohi vabarakotuh savol zan metonaki
moshin hai kuna
Посух
Ва алайкум салому ва
раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ аз сабаби он, ки
саволи шумо маълум набуд, ки ба кӣ муваҷҷаҳ
кардаед, бинобар ҳамин мо онро ба Эшони
Маҳмудҷон пешниҳод кардем.
Бале, бародари исломӣ зан
дар шариати ислом метавонад ронандагӣ кунад.
Зеро ин барои зану мард мубоҳ аст. Дар замони
Паёмбари Худо занҳо асп ва шутур савор мешуданд
ва шариати ислом онҳоро аз ин манъ накарда буд.
Аммо шарти ронандагии зан ин аст, ки ҳиҷобро ва
завобити исломиро риоя кунад.
Хукми хочоб барои зан
Суолкунанда:
Ёрматов Бахом
Таърихи суол:
16/06/2010
Матни Суоли
22
Ассалому алейкум бобои
Эшон рахмат ки ба саволи ман чавоб гардонидед,
худованд хамеша шуморо нигахбон бошад. Бобои
Эшон ман боз як савол дорам.
Хамсари ман намоз мехонад
аммо сатри авратро ба чо намеорад (гайр аз дар
вакти намозхони) агар ман уро бо амри худам
хичоб гир гуям гунахкор мешавам, чунки ман бисер
аз насиатхои шумо ва бародари шумо Эшони
Нуриддинчон ба вай накл мекунам локин вай мегуяд,
ки баъд аз 6 мох худам мегирам. Бобои Эшон ман
метарсам ки ба ивази сатри аврат нагирифтани
хамсарам фарзанди нагз ба ман худованд ато
намекунад. Оё ичозат хаст ки ман бо амри худам
сатри аврат гиронам? Бобои Эшон ман метавонам
хама вакт саволе пайдо шавад ба шумо дихам?
Худованд шумо ва ахли хонадонатонро нигахбон
бошад аз шумо бисер узр мехохам агар дар саволам
хато карда бошам, шуморо чун олими хоксор
мешиносам.
Посух
Ва алайкумуссалому ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, шумо
барои беҳиҷобии ҳамсарат дар назди Худованд
масъул ҳастӣ. Ту бояд коре бикунӣ, ки ҳамсари ту
ҳиҷоб дошта бошад. Зани беодоб ва беҳиҷоб
фарзанди солеҳ тарбия карда наметавонад. Бинобар
ҳамин Паёмбари Худо ҳамеша умматашро дар издивоҷ
бо занҳои соҳиб дин ва бо имон тавсия мекарданд.
Хукми боруймол
хобидани зан
Суолкунанда:
Фаридабону Асадуллоева
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
21
Ассалому алейкум бобои
эшон,Рамазон муборак шавад!!!
Муддати зиед паи чустучуи
посухи як чанд савол хастам, лекин касе ба ман
чавоби пурра ва бо далелхо дода наметавонад.Аз
шумо эхтиромона хохиш мекунам, ки ба саволхои
ман посухи пурра ва бо далелхо чавоб дихед.
1)Барои зан шарт аст, ки
бо руймол бихобад?
2)Барои зан шарт аст,ки
дар вакти тахорат руймол дошта бошад?
(Фикри ман ин аст,ки
агар бо руймол бихобем каме нороахат аст ва агар
бо руймол тахорат кунем ба хар хол дар вакти
махс кашидан руймол меафтад)
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
1) На хоҳари исломӣ шарт
нест.
Инчунин дар вақти таҳорат
ба руймол будани зан шарт нест. Модоме, ки ягон
номаҳрам уро дар ҳамон ҳолат набинад. Хулоса
хоҳари исломӣ зан модоме, ки дар хона аст ва
ягон номаҳрам уро намебинад ҳар тарзе, ки
бихоҳад либос бипушад боке надорад.
Ояти сатр
Суолкунанда:
Бобо
Таърихи суол:
18/08/2010
Матни Суоли
20
Ассалоум алайкум ва
рахматуллох
Бобои эшон аз шумо
пурсонем, ки чаро бобои Эшони Нуриддинчон ба
саволхо чавоб намедихад?
1) Чаро дар сатр эронихо
бештар ба ранги сиёх майл доранд? оё ягон
хадисе оиди афзалияти ранги сиёх дар сатр
хаст?
2) Хичоб ва никоб оё аз
сатр фарктия дорад?
3) Оё ояти куръон оиди
сатр далолат ба хичобу никоб мекунад?
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Барои сатр ва ҳиҷоб
шарт нест, ки ранги сиёҳ бошад. Дар ин бора дар
фатвоҳои пештара гуфта будем.
2) Сатр чизеро мегуянд,
ки пушонандаи аврат аст. Баробар аст, ки ҳамон
пушонанда ҳиҷоб бошад ё ниқоб.
3) Ҳиҷоб ҳамон сатр аст.
Аммо дар мавриди ниқоб яъне пушонидани руй ба
ҷуз чашмон байни олимони ислом ихтилоф аст. Дар
мазҳаби мо пушонидани ру бо ниқоб ва амсоли он
воҷиб нест. Яъне руйи зан ва кафҳои дасту пои он
дар мазҳаби мо аврат нест.
Хукми Искоти хамл
Суолкунанда:
Абдуло
Таърихи суол:
05/09/2010
Матни Суоли
19
Асалому алекум ва
рахматуло устоди азиз суол зани хомиларо дар
мохи рамазон аборд кунад мунким аст е не. 2
моха аст .
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Беузр сиқти ҳамл (аборт)
кардани зан на танҳо дар Рамазон балки дар ғайри
он дуруст нест. Аммо агар манзуратон аз ин
гуфтаатон ин бошад, ки оё рузаро мешиканад?
Ҷавобаш чуни наст, ки рузаро намешиканад.
Кор кардани дар сохаи
тибб
Суолкунанда:
Алишери Баходур
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
18
Ассалому
алайкум ва рахматуллохи ва баракатуху,
Мохи шарифи рамазонро ба
чамиъи мулсимин муборак бод мегуям Аз шумо хохиш
дорам, ки ба саволи мо чавоб гуед
Як зан Донишгохи тиббиро
хатм кардааст, яъне касби у духтури мебошад,
мехохад духтури ултразвук шавад.
Ултразвук ин тачхизоти
ултрасадо, ки баъзе органхои инсонро диагнози
такрибан нишон медихад.
Хеч гох марди касалро ин
зан чойхои айбашро намебинад.
Аз миён боло аппаратро
мемонад ва аз руи нишондоди компютер диагнозро
навишта медихад Ба тани касалхо низ даст
намерасонад.
Зан сохиби шавхар ва чор
фарзанд ба хотири пешрави дар зиндаги ва кумак
ба шавхараш мехохад духтури ултразвук шавад
Хулоса дар ин масъала
шавхар розигии худро надодаистодааст
Мутобики талаботхои
шариати Дини Мубини Ислом ин зан кор кунад ё не?
Дар ин маврид шавхар бояд
чи кор кунад?
Барои дар суол пурра
истифода нушудани истилоххои ноби точики ё риоя
нашудани грамматикаи забони шевои точики узри
бисёр!
Ба чавоби Шумо пешаки
сипосгузорам
Барои хизматхои Шумо дар
рохи боз хам бедор кардани мардум аз хоби
гафлати фарсаххо аз Ислом дур будан Худованди
бузург Шумо ва ахли байти Шуморо обрую эътибори
аз ин хам зиёдтар дихад сихат саломат нигох
дорад ва файзу баракат ато кунад ва куввати аз
ин хам зиёд дихад то ки дар Точикистон ва берун
аз он бахри Ислом хизматхои бузург намоед
Худованд бузург аст!
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ модоме,
ки шавҳари он зан розӣ нест кор карданаш дар ин
тахассус хуб нест. Барои ин зан беҳтар мебуд
фақат занҳоро бубинад дар ин ҳолат дар чунин
тахассус кор карданаш хуб аст.
Хукми овози зан
Суолкунанда:
Гулмурод
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
17
Салом ба кормандони сомона
ва хазрати эшон
Савол:
1) Шахсе дар намози
чахораката дар ракати дувум дарёфт. Вакте кавм
шишта аттахиёт мехонанд аз у якум ракат аст.
Магар у аттахиётро мехонад ё не? Агар хонад
аз у як ракат аст. Агар нахонад пас бо кавм
2 ракати дигар мехонад пас аз серакат
мехонадю
2) Агар дар намози шом
дар ракати 3юм дар ёбад оё аттахиётро
мехонад ё не?
3) Оё овози зан сатр аст?
Зеро мегуянд зан агар газали тарбияви хам
хонад дуруст нест. Агаровози зан сатр бошад ,
пас овози зан бояд тамоман ба гуши мард нарасад?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Бале ташаҳҳудро
мехонад. Зеро мутобиатии имом бар вай воҷиб аст.
2) Ҷавоби саволи дуввуми
шумо ҳамон ҷавоби боло аст, ки мутобиатии имомро
бояд кунад. Агарчи барои вай ракаати аввал ҳам
бошад.
Овози зан аврат нест.
Аммо агар зан сароянда бошад ва дар байни мардон
бихонад дуруст нест. Локин агар дар байни занҳо
сарояндагӣ кунад боке надорад.
Хукми зане, ки худро ба
мард шабех мекунад
Суолкунанда:
пурсанда
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
16
Тибки Хадис зан худро ба
мард монанд кунад харом аст. Савол инчост зане
ки дар хона бидуни нияти монанди ба мард либоси
мард ро мепушад масалан аз хунук курткаи мард ро
ё кафши мард ро дохили ваъиди хадис мешавад ? ё
ки манзур аз хадис пушидани он либосхое мардонае
ки бадани зан ё худ он аъзохое шахватангез зан
ро нишон медихад харом аст ?
муваффаку муаёяд бошед
дар понохи Худо
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ пушидани
либоси мардона барои занҳо ва акси он пушидани
либоси занон бар мардон ҳаром аст. Аммо дар
ҳолати зикркардаи шумо, ки ба хотири масалан
ҳаво сард аст ва зан ҷомаи шавҳарашро пушида дар
хона кор мекунад, дар ин боке надорад
иншоаллоҳ. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар
ҳадисҳо ташаббуҳ ва монандӣ кардани зан ба мард
ё мард ба занро манъ кардаанд.
Хичоби исломи
Суолкунанда:
Maknuna
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
15
asalomu alaykum yk savoli
manda javob medoden mo dukhtaroi satr pushda
libosoihozirara pushidan munkinay yo ne bo
iltimosi duo
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ либосҳои
ҳозираи гуфтаи шумо агар сатр бошандва тамоми
бадани шуморо бипушонанд ва инчунин танг
набошанд пушиданаш боке надорад.Худованд
нигаҳбонатон.
Хукми гузощтани нутфаи
мард ба рахми зан бор охи сунъи
Суолкунанда:
Мухлиси Шумо
Таърихи суол:
07/11/2010
Матни Суоли
14
Салому дуруди бепоён ба
Шумо ва ахли оилаи Шумо ва дуо мекунем ки
гузаштагони Шуморо Худои бениёз рахмат фармоянд
Домуллои гиромикадр
мехостам оиди як масъала аз Шумо пурсон шавам .Ман
тули 5-сол мешавад ки оиладор хастам ва хар боре
ки хамсарам хомиладор шавад валле дер намеистад
мо тамоми табобатхои тибби ва халкиро ичро
намудем валле бенатича .
Хамсарам пешниход дорад
ки ба таври сунъи яъне ба бачадони зани дигар
бояд нутфаи маро
ворид намоем дар хамин
холат чи бояд кард ва шариати Исломи чи мегуяд
1. Оё ин гуна рафтор
боиси содир намудани гунох намешавад?
2.Барои ин никох лозим
аст ё не?
3.Оё тифл баъди тавалуд
халол ё харом хисобида мешавад ё не ?
4.Агар зан шавхардор
бошад оё ин кор зино аст ё не?
2. Масъала
Домуллои мухтарам баъзехо
мегуянд ки дар ин холат бояд мард зани худро
талок дихад ва сипас уро боз ба никохи худ
дарорад имконияти фарзандор шуданашон хаст оиди
ин чи мегуед?
Бо арзи сипос ва камоли
эхтиром :
Мухлиси Шумо
Худо хофиз
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ чунин
амал ҷоиз нест ва ҳаром мебошад ва фарзанде,ки
аз чунин навъи нутфагузаронӣ ба дунё меояд
валадуз зино мебошад. Шумо ин корро накунед.
Охир роҳҳои дигар ҳаст. Агар хоҳед як зани дигар
бигиред, то барои шумо фарзанд таваллуд кунад.
Хичоби исломи
Суолкунанда:
Зухур
Таърихи суол:
11/11/2010
Матни Суоли
13
Салому дуруд бар Шумоён
Шукри Худованд ки ингуна
сомона кушода шуду мо ба саволхои худ чавоби
каноатбахш меёбем ва дуо мекунем ки Хочи Мирзо
низ чунин сайтро насиб гардад
Саволхо Якум саволи
ман ин ки ман аз саволу чавобхои Шумо дар як
масъала чавобашро нафахмидам. Саво хамин ки
зане барои руймоли сатри ё пушоки зебои
илсоми харидан аз магоза зеботару
кимматарашро интихоб карда пушад ва ин либос ба
талаботхои исломи ба монанди пушондани аврат ва
танг набудан чавобгу бошад. оё чоиз аст?
Далелеро меоранд, ки зан факат бояд дар пеши
шавхари худ худро зеб дихад. Албатта занхои мо
вакте ба мехмони ё ба туе раванд либоси нав
мепушанд. Хулоса бобои Эшон дар ин масъала
соддатар ба мо фахмонед. зеро ба гуфтае баъзехо
зан бояд ягончо равад пушоки нав набояд пушад
зеро дар чашми марди бегона афтад у гунахгор
мешавад ва зан бояд дар хона пушоки зебоашро
пушад
Посух
Ва
алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ хиҷоби
шаръӣ ҳиҷобест, ки танг набошад ва шаффоф
набошад ва инчунин тавре набошад, ки назари
мардони бегонаро ба худ ҷалб кунад. Зеро баъзе
хоҳарони мо тавре ҳиҷоб мепушанд, ки диққати
мардонро ҷалб месозад. Вақте занҳо ба ягон туй
мехоҳанд раванд пушоки нави худро бипушанд аммо
аз боло либосе бипушанд, ки диққатро ҷалб
накунад. Сипас метавонад дар туй модоме, ки онҷо
мардони бегона нест он либоси рупуши худро бадар
кунад.
Хукми зид будани шавхар
барои сатр намудан
Суолкунанда:
Абдурахмон
Таърихи суол:
20/11/2010
Матни Суоли
12
Ассалому
алейкум варахматуллахи ва баракату. эшони
махмудчон! худованд шумо ва оилаи шуморо дар
панохаш нигахбон бошад. Аз шумо хохиш менамоям
бо як масала равшани андозед. апаи ман 32 сола
мебошад,у сохиби шавхар ва 4 фарзанд мебошад.
намоз мехонаду амо сатр намекунад,ман ба у доимо
мефахмонам ки,хичоб бар сар кун, зеро ин амри
Худо аст. амо мутасифона у мегуяд ки,ман
мекунаму амо шавхарам на мемонад,у мегуяд ба ман
махкул нест. боз мегуфтааст ки,намозатро хон шуд.
Лекин бисер дар одобу ахлок инсони хубаст.амо
мутасифона дар масалахои шари,каме аз руи нодони
зиддият дорад.ва нисбати шумо мухабатхам дорад.
Аз шумо хохиш мекунам ки,бо инхо як насихате
мекардед. худованд нигахбонатон.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ Худованд
шуморо нигаҳбон бошад. Аввалан ҳиҷоб ин амри
Худо аст ва дар фарз будани он ҳеҷ шакке нест.
Чи гуна шавҳари аппаи шумо мегуяд, ки ба вай
ҳиҷоб маъқул нест?! Агар ҳамон язнаи шумо ин
суханро қасдан гуфта бошад (Худо нигаҳдорад)
чунин сухан инсонро аз дин берун мекунад. Зеро
ин ба мисли дидаву дониста муқобили фармони
Худо бархостан аст. Бинобар ҳамин ба он кас аз
номи мо тавсия кунед, ки аз гуфтааш тавба карда,
ба Худованд истиғфор кунад. Зеро ҳиҷоб масъалаи
шухию бозӣ нест. Дар чандин ҷойҳои Қуръони
карим фарз будани ҳиҷоб бар зани мусалмон
омадааст. Тамоми мазҳабҳои олами ислом дар фарз
будани ҳиҷоб иттифоқ доранд. Инчунин хоҳаратонро
низ насиҳат кунед, ки ҳиҷобро риоя кунад. Агарчи
шавҳараш розӣ набошад вай бояд ҳиҷоб бандад ва
дар назди Парвардигор ҳеҷ гунаҳкор намешавад.
Зеро итоати махлуқ дар маъсият ва нофармонии
Худованд ҷоиз нест. Амри Худо болотар аз амру
фармони тамоми махлуқ меистад. Чи ҳамон кас
шавҳар бошад ва чи ҳокиму олим ҳама дар баробари
амру фармони Худо поин меистанд. Аз Худованд дуо
мекунем, ки Худованд ҳиммату номуси исломии
шавҳари аппаи шуморо зиёд гардонад.
Хакки зани шавхаркуш
дар мерос
Суолкунанда:
abdulloh
Таърихи суол:
20/11/2010
Матни Суоли
11
assalomu
alaykum Ustozi aziz Alloh dunyo va oxirati
SHUMORO obod gardona suole doram agar zan
shavharashro bikushad ba xotiri molash oyo meros
mebarad agar ne dalel va agarha dalel. dar oxir
Parvardigor Shumoronigahbon boshad
Allohum-mansur man nasra-ad-din
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Зане, ки шавҳари худро
куштааст, аз шавҳари мақтулаш мерос намебарад.
Далелаш ин фармудаи Паёмбари Худо аст: "Барои
шахси қотил аз мақтул насибе аз мерос нест"
Ривояти Абудовуд.
Фуруди Исо (а)
Суолкунанда:
Диловар ш Душанбе
Таърихи суол:
07/04/2011
Матни Суоли
10
Ассалому алейкум Бобои
эшон суоли ман Хазрати Исо вакте,ки ба замин
мефарояд чавони 33сола хаст ёки ба дигар сину
сол меояд
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Ҳадисҳои саҳеҳ дар бораи
он, ки ҳазрати Исо (алайҳиссалом) дар охири
замон ба замин нузул мекунад зиёд аст. Ҳазрати
Исо вақти барпо шудани қиёмат ба замин фуруд
меояд ва дар ҳангоми ба замин фуруд омаданаш
олимон дар тавсифи вай гуфтаанд, ки ҷавони 33
сола аст. Инчунин вақте, ки ба дунё фуруд меояд
ба шариати ислом ҳукм мекунад ва тамоми мардуми
насрониро ба ислом фаро мехонад
Хуми кор кардани зан аз
дидгохи ислом
Суолкунанда:
Бибиоиша
Таърихи суол:
07/04/2011
Матни Суоли
09
Асалом Бобои Зшони
Нуриддинчон Худован Шумора дар панохи покаш
нигох дораду кулли уммати Мухаммада САВ ба нури
Имон мушараф гардона.Бобои Эшон дар хаки
фарзандони ман дуо кнед,ки Худованди Карим дар
панохи покаш нигохдорашонаю Имони пок Тоъфик
тияшона ва фарзандони ба Солех ба камол
расанд.Ман коргари давлатиам мехостам фахмам ки
кор кардани зан гунох аст агар гунох бошад чи
хел занхои танхо фарзандошона хуронанду пушонан
ва занхое астанд, ки дар бозор мешинан ва дар
чойхонахо пешхизмати мекнан ё ин ки котиба шида
кор мекнан онхо танхо вазифаи кори шона ичро
мекнан тамом аз зур омади зиндаги инхо гунахкор
мешаванд. Бигузор доимо номи Аллохи пок дар
калби Шумо акси садо тияду Нури Имон тнучонатона
равшани бахшад, Бигузор Имондориатон Бузургтарин
ифтихоратон гардад
Посух
Ва
алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ, Худованд
фарзандони шуморо аҳли имону тақво ва дар оянда
номбардори падару ислом ва фахри муслимин
бигардонад. Шариати ислом зидди кор кардани
занҳо нест. Ба шарти ин, ки аҳкоми исломиро риоя
кунанд ва бо ҳиҷоб бошанд ва низ кор карданашон
боиси қазо шудани намоз ва даст задан ба амалҳои
фаҳшу бединӣ нагардад. Бинобар ҳамин дар ҳолати
шумо, ки як зани танҳо ҳастед кор карданатон бок
надорад. Фақат кушиш кунед, ҳечгоҳ ҳиҷоби
исломиро аз худ дурр накунед ва одобу виқори
зани мусалмонро бо худ дошта бошед. Худованд
шуморо бахту саодат насиб кунад.
Хукми Чиндани муйхои
лаб
Суолкунанда:
umeda
Таърихи суол:
10/04/2011
Матни Суоли
08
Ассалом Хазрати Эшон! Ба
шумо саволе дорам. Ман медона, ки (кош ва руй)
чинданаш мумкин нест. Вале муйлабро чиндан
мумкин аст.
Посух
Ва алайкумус салому ва
раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ, чидани
муйлаб барои занҳое, ки ба андозае муйлаб доранд
ҷоиз ҳаст.
Хукми тавалуди зан бо
ёрии дояи мард
Суолкунанда:
Хохари исломии Шумо аз
ФР
Таърихи суол:
13/04/2011
Матни Суоли
07
Ассалому ъалайкум,
Домуллои ширинсухан! Зане, ки хомилааст ва дарди
таваллуд карданам наздик шуду у ба таваллудхона
мурочиат карду аммо дар он таваллудхона дояаш
(акушер гиниколог)мардаст оё барои таваллуд
кардани зан аз назари ислом гунох мешавад? Агар
ба дигар беморхона мурочиат кунад ба мушкили
дучор мешавад зеро 450-500 км рохи тулони дорад.
Чи бояд кард?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Дар ин ҳолати зикркардаи
шумо, ки шароит фароҳам нест боке надорад. Зеро
дар шариат як қоидаи куллӣ ҳаст, ки «заруриёт
корҳои нораворо мубоҳ мегардонад». Худованд
нигаҳбонатон.
Хукми хурдани кудаки 3
сола шири модарашро
Суолкунанда:
Мухаммад
Таърихи суол:
01/05/2011
Матни Суоли
06
Ассалому алекум ва
рахматуллох Хазрати Эшон худованд шуморо дар
панохаш нигахбон бошад. Хохишмандем ба саволи мо
чаво гардонед 1) Шири модар барои кудаки аз 2-3
сола боло харом аст ё макрух 2) Шири зан агар
дар дахони шавхар сахван равад халол аст ё харом
3) Агар ман дониста синаи занашро макаду ширашро
фуру барад халол аст ё харом? Дар амони худо
бошед
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Худованд муддати
ширхорагии тифлро 2 сол муайян кардааст. Дар ин
бора Қуръони карим мегуяд: “Модарон тифлони
худро ду соли пурра шир медиҳанд”. Сураи
“Бақара” 233. Манзури Қуръон ин аст, ки муддати
разоат яъне ширхорагӣ ду соли пурра аст. Аммо
агар болотар аз ду сол шир дода шавад, боке
надорад. Аз ин ояти муборака фаҳмида мешавад, ки
тифле, ки болотар аз ду сол аст агар раваду аз
пистони зани дигар шир макад бо духтарони он зан
бародари разоӣ намешавад. Зеро муддати ширхорагӣ
то дусолагӣ аст.
2) Агар шири зан дар
вақти ҳамхобагӣ ба ҳалқи шавҳараш равад, боке
надорад ва разоат дар инҷо нест. Зеро чуноне, ки
дар боло қайд кардем муддати разоат ё ширхорагӣ
то дусолагии тафл аст. Аз он боло фақат ғизо
ҳисоб мешаваду халос.
3) Боке надорад.
Хукми хомхобаги дар
вакти хомиладори
Суолкунанда:
ЕШОН
Таърихи суол:
01/05/2011
Матни Суоли
05
асалому алайкум
варахматулохи вабаракоту бобоиешон
илтимосбасаволхоиман чавобдихед 1 занеки
хомилааст якмохидигармондааст бартавалудкуниаш
ислом ичозатмедихад бохамсарихудаш хамхоба шавад
2юм савол занеки тавалудмекунад точилруз мумкини
хамхобаги бошавхарашнест амо шавхараш
токаташнамерасад чи боядкард илтимос
басаволхоиман бопураги чавобдихед бобои ешон
худованд нигохбонатон
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ мо қаблан
ҳам ба чунин савол посух дода будем. Шариати
ислом ҳамхобагиро байни зану шавҳар дар муддати
ҳомилагии зан то таваллуд шудани фарзанд иҷоза
медиҳад. Аммо баъд аз таваллуд зан нифос мешавад,
ки аксари муддати нифос чиҳил руз аст. Яъне агар
рафту зан аз чиҳил руз зиёдтар аз хун пок нашуд,
дигар хуни меомада нифос ҳисоб нест вай бояд
ғусл намуда намоз бихонад ва ҳамхобагӣ бо
шавҳараш иҷоза аст. Гоҳо мешавад, ки зан дар 25
рузагӣ аз нифос пок мешавад ва дигар хун намеояд.
Дар ин ҳолат зан бояд мунтазири чиҳил руз
нашинад ва ғусл намуда намозҳои худро бихонад ва
ҳамхобагӣ бо шавҳараш баъди пок шудан ҷоиз аст.
Худованд нигаҳбонатон.
Хукми хомхобаги дар
вакти хомиладори
Суолкунанда:
ЕШОН
Таърихи суол:
01/05/2011
Матни Суоли
04
асалому алайкум
варахматулохи вабаракоту бобоиешон
илтимосбасаволхоиман чавобдихед 1 занеки
хомилааст якмохидигармондааст бартавалудкуниаш
ислом ичозатмедихад бохамсарихудаш хамхоба шавад
2юм савол занеки тавалудмекунад точилруз мумкини
хамхобаги бошавхарашнест амо шавхараш
токаташнамерасад чи боядкард илтимос
басаволхоиман бопураги чавобдихед бобои ешон
худованд нигохбонатон
Посух
Ва
алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ мо қаблан
ҳам ба чунин савол посух дода будем. Шариати
ислом ҳамхобагиро байни зану шавҳар дар муддати
ҳомилагии зан то таваллуд шудани фарзанд иҷоза
медиҳад. Аммо баъд аз таваллуд зан нифос мешавад,
ки аксари муддати нифос чиҳил руз аст. Яъне агар
рафту зан аз чиҳил руз зиёдтар аз хун пок нашуд,
дигар хуни меомада нифос ҳисоб нест вай бояд
ғусл намуда намоз бихонад ва ҳамхобагӣ бо
шавҳараш иҷоза аст. Гоҳо мешавад, ки зан дар 25
рузагӣ аз нифос пок мешавад ва дигар хун намеояд.
Дар ин ҳолат зан бояд мунтазири чиҳил руз
нашинад ва ғусл намуда намозҳои худро бихонад ва
ҳамхобагӣ бо шавҳараш баъди пок шудан ҷоиз аст.
Худованд нигаҳбонатон.
Хукми бехичоби дар чой
кор
Суолкунанда:
Sherzod
Таърихи суол:
01/05/2011
Матни Суоли
03
Asalomu aleykum Hoji bobo man shumoya
muxlisaton!
Man shumoba yak savolam bud, mana modaram
kormukunad, korashon duxturi hast. Dadem kor
mekadan aval hozi koro maxkamshud anakun bekor
dadem. Dademba vazbin korkardan mumkine
jigarashon kasal siroz shudagi. _Zayifho Satr
kardana azbajosh shunidam, savol hamin budki
mana modaram koroshunba satr karda gashta
nametonisten. Duxturxonaya direktrash ruxsat
namedodas. Modaram namozxonhast. Dar modariman
chi maslahat mited. Shumoya javobaton
azbaroyiman judoham zarur iltimos javob ted.
Shumoba rahmat
Посух
Ва
алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ ман ба
модари шумо он маслиҳатеро медиҳам, ки Худованд
бар бандагони муъминаш додаст. Худованд
фармудааст: «Ҳар касе тарсу тақвои Худо дар дил
дошта бошад, Худованд вайро аз мушкилиҳо берун
оварда аз роҳҳои барояш ризқ диҳад, ки дар
гумонаш нест». Сураи «Талоқ» ояти 2-3. Дар ин
ояти муборака Худованд ба бандагонаш гушзад
медиҳад, ки дар кори дунё тақвои Худоро пеша
кунанд дар иваз Худованд ба онҳо ризқашон хоҳад
дод. Зеро ризқу рузӣ дар дасти Худо аст. Бинобар
ҳамин ҳаргиз модари шумо ба хотири кор шуда
ҳиҷобро аз сар нагирад. Зеро ҳиҷоб ин фарз аст.
Агар дар он духтурхона уро бо ҳиҷоб роҳ надоданд,
шояд дар дигар духтурхона коре пайдо кунад, ки
ба ҳиҷоби вай монеа набошад. Ба хотири кор шуда
ҳиҷобро аз сар гирифтан гуноҳи бузург аст. Шояд
агар ҳам ба баҳонаи ризқ ҳиҷобро аз сар гираду
кор кунад Худованд баракати кори вайро дур
мекунад. Зеро боз такрор мекунам ризқу рузӣ дар
дасти Худо аст. Агар мову шумо аз сидқи дил бо
Худо бошем, ҳаргиз Худованд моро хор намекунад.
Узри занона
Суолкунанда:
Mukhlisi shumo
Таърихи суол:
08/05/2011
Матни Суоли
02
Ассалому алейкум.Хазрати
Эшон шумо ва ахли оилаи шуморо Худованд хамеша
дар хифзу амонаш нигах дорад.Саволи ман чунин
аст:Зане,ки узри занонае дорад, ки агар бо
забони руси гуем "выдиление" омада меистад.Барои
хар намоз бо пурраги тахорат мекунад.Баъзан
холатхое мешавад,ки барои тахорати дасту руй чой
омода аст,вале барои истинчо шароит нест.Мешавад
агар тахоратлаттаашро гираду аз худ дур кунад ва
тахорати дасту руй карда намозашро
бихонад?Ташаккур.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бале мешавад ва ҷоиз аст.
Дар бораи хайз
Суолкунанда:
Абдулло
Таърихи суол:
11/08/2011
Матни Суоли
01
Ассалому алайкум домуло
ман як суол дорам . Вакте ки зан хайз мебинад бо
вай то чанд руз хонадори кардан мумкин нест
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
То аз ҳайз пок шудани зан
хонадорӣ бо вай ҷоиз нест. Муддати камтарини
ҳайз дар мазҳаби мо 3 руз буда аксари он 10 руз
аст. Ҳолати ҳайз дар занҳо фарқ мекунад. Ҳамин,
ки хун аз вай қатъ шуд, аввал ғусл мекунад,
сипас ҳамхобагӣ бо вай ҷоиз аст. Дар паноҳи
Аллоҳ бошед.
Ҳукми шир додан дар
ҳолати ҷанобат
Суолкунанда:
Ситора
Таърихи суол:
10/03/2011
Матни Суоли
01
дуруд бар Шумо домуллои мухтарам, камина бар
шумо суоле дорам. Хангоми дар гусл будан ба
кудаки синамак шир дихи чоиз аст? Илтимос ба
саволи ман чавоб гардонед.
Посух
Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.
Агар мақсадатон аз «ҳангоми дар ғусл будан» дар
ҷанобат будан яъне баъд аз ҳамхобагӣ бошад, бале
шир додани кудак ҷоиз аст. Фақат беҳатараш ин,
ки аввал мустаҳаб карда пистонро шуста шавад ва
сипас кудакро шир дода шавад.
*
* *
Масҷиди
"Халифа Абдулкарим
Дуо
Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.