.:: WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд... ::.
Эшони Маҳмудҷон
Фатвоҳо дар боби ақида
Масъалаи такдир
Суолкунанда:
Рахматуллох
Таърихи суол:
17/05/2010
Матни Суоли
07
Ассалому алайкум
варахматуллохи вабаракотуху
Худованд Шумо ва ахлу
байтатона дар панохаш нигах дорад ва забони Шумо
ва бародаронатонро бурротар аз теги шамшер
гардонад.
Эшони Махмудчон ба Шумо
як савол дорам.
Худкуши ин аз такдире
хаст ки парвардигор дар лавхул махвузи худ барои
хар банда навишта шудааст ё инсон ба васвасаи
шайтон рафта ба чони худ зулм мекунад ва хукми
ин шахсон дар назди ислом чигуна аст.
илтимос муфассалтар гуфта
гузаред.
Посух
Ассалому алайкум ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, масъалаи
тақдирро бисёр одамон хуб нафаҳмидаанд. Вақте
инсон коре кунад, сипас гуяд ин тақдири ман
будааст ва ба ҳаминро бори гуноҳро аз души худаш
дур кунад, ин дуруст нест. Тақдир ҳечгоҳ
маҷбуриятро ифода намекунад. Балки тақдир
маълумоти пешаки додаи Худо ба тариқи васф ва
ҳикоят аст на ба тариқи ҳукм. Худованд дар
Лавҳулмаҳфуз навиштааст, ки фалонӣ худро ба
ихтиёри худаш худкушӣ мекунад. На ин, ки
Худованд уро маҷбур ба худкушӣ карда бошад.
Худованд фақат амали уро пеш аз вуқуъ медонист.
Бинобар хамин дар тақдир ҳамон амали уро аз руи
васф ва ҳикоят навиштааст.
Садака ради бало
Суолкунанда:
Вайсидин
Таърихи суол:
16/06/2010
Матни Суоли
06
Асалому аълайкум Домулои
Мухтарам
Як савол дар боби такдир
дорам Корхои нек ва садака метавонад такдири
шахсро дигар кунад чунки бисиёрихо мегуянд ки
садака ради бало аст аммо вакте ки дар такдират
бало навишта бошад ин садака метавонад ради бало
шавад ?
Посух
Ва алайкумуссалому ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, садақа
радди бало дар ҳадис омадааст. Воқеан садақа
балоҳо ва мусибатҳоро ба хости Худо аз байн
мебарад. Аммо радди бало будани садақа маънои
онро надорад, ки дар тақдир тагйир эҷод мекунад.
Зеро ҳамон садақа худаш дар Лавҳулмаҳфуз навишта
шудааст, ки сабаби радди балои дар пеш буда
мегардад. (Дар бораи тақдир шумо метавонед
муфассалтар ба қисми савтиёти Эшони Маҳмудҷон
муроҷиа кунед. Дар онҷо суҳбати муффасал ва
пурмуҳтавои ҳазрати Эшонро пайдо хоҳед кард).
Хукми васила дар дуо
Суолкунанда:
Султон
Таърихи суол:
22/08/2010
Матни Суоли
05
Ассалому алекум бобои Эшон.
Хохишмандем ба саволи мо
чавоб дихед
Чанд вакт пеш саволе ба
Шумо фирстода будем, ки оё дар вакти дуо мо
метавонем бузургвореро васила кунем. Ба мисли
худовандо ба хурмати хамин дустат ё
бузурворат ба ман шифо ё мадад кун. Аз Шумо
чавоб буд, ки ичоза аст. Дар махфиле нишаста
будем, ки толибилме сухан меронду мегуфт, ки
дар санаи 9 августи соли 2010 аз канали Нур
шайхе баромад карда 4 ояти куръониро далел
овардааст, ки васила харом ва ширк аст. ( Яке
аз делелхое, ки у мегуфт чунин, ки Худованд
мегуяд ман аз хама чиз ба шумо наздиктарам.)
Бобои Эшон хохишмандем
ба ин саволу чавобхо рушани андозед
Посух
Ва алайкумус салому ва
раҳматуллоҳ.
Аввалан бародари исломӣ
васила чанд навъ мешавад.Ҳеч кадоме аз олимони
ислом чунин навъ василае, ки шумо зикр кардед,
ширк намедонанд. Он бародаре, ки ба шумо
гуфтааст, ки дар канали «Нур» василаро ширк
гуфтаанд, хато фаҳмидааст. Зеро ҳеч яке аз
олимони ислом васила ва тавассулро ширк
нагуфтаанд балки онро ба чанд навъ тақсим карда
як қисми онро тавассули машруъ ва як қисми онро
тавассули номашруъ ё бидъӣ номидаанд . Ё шояд он
шахс байни истиғоса ва васила фарқ карда
наметавонад. Зеро истиғоса ширк аст ба хилофи
васила. Истиғоса яъне аз махлуқ талаб кардани
ҳоҷате, ки махлуқ ба он қодир нест. Мисли талаб
кардани шифо аз ягон шахс ё мазор. Аммо васила
ин маънои наздикӣ ҷустан ба Худованд ба василае
шахси солиҳе ё чизе. Фарқ байни истиғоса ва
тавассул дар ин аст, ки шахси дуокунанда дар
васила аз шахс талаб намекунад. Балки аз Худо
металабад аммо бузурге ё амалеро васила қарор
медиҳад. Локин истиғоса ин талаб кардан аз худи
шахс мебошад. Васила чаҳор навъ мешавад. Дар се
навъ он байни олимон иттифоқи назар аст, ки ҷоиз
аст. Локин дар як навъи он ихтилоф аст вале
олимони мазҳаби мо ҳар чаҳр навъи онро ҷоиз
медонанд. Мухтасаран инҷо он чаҳор навъ
василаро зикр мекунем:
1- Тавассул ба асмо ва
сифоти Худованд. Масалан «Худоё ман ба ҳурмати
номҳову сифатҳоят аз ту металабам….».
2- Тавассул ба аъмоли
солиҳи худи шахси дуокунанда. Масалан; Худоё ба
ҳурмати амали солиҳам маро…»
3- Тавассул ба дуои шахси
солеҳи зинда. Масалан аз олиме мепурсад, ки дар
ҳаққи вай дуо кунад.
Дар дуруст будани ин се
навъ васила байни олимон итттифоқи назар аст.
4- Тавассул ба ҳурмати
паёмбар ё бузурге. Мисли: «Худоё ба ҳурмати
ҳабибат (яъне Паёмбар )….». Ин навъ василаро
олимони мазҳаби мо ҷоиз медонанд. Хулоса олимони
мо низ дар мавриди ҷоиз донистани ин навъ васила
далелҳо доранд, аммо инҷо эҳтиёҷ нест овардани
онҳо.
Истифодаи калимаи «АГАР»
Суолкунанда:
Умедчон
Таърихи суол:
04/09/2010
Матни Суоли
04
Ассалому алайкум ва
рахматуллох
Дар баъзе сухбатхо
одамон холо хам аз чангхои хонумонсуз ед
мекунанд ва мегуянд агар хамин кор намешуд е ки
агар ин хелу он хел мекарданд ин чанг намешуд.
Аз истифода бурдани калимаи АГАР одам гунахкор
мешавад? Ое мо метавонем гуфт, ки ин чиз дар
ТАКДИРИ халки точик хамчун як казои илохи
будааст ва такя ба КАЗОВУ КАДАРИ Парвардигор
карда аз АГАР гуи боз истем.
Посух
Ва алайкум салом
ва раҳматуллоҳ.
Истифодаи калимаи
«агар»- ро дар корҳои қазову қадар Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) наҳй кардаанд. Паёмбар фармуданд:
«Калимаи «агар» дари шайтонро боз мекунад».
Худованд нигаҳбонат
Васила дар дуо
Суолкунанда:
محمد حنفي
Таърихи суол:
05/09/2010
Матни Суоли
03
سلام عليكم داملا محمود: سوال ! در موضوع وسيله
با قبر كوفتيد "بعض فقها إجازة دادند"ما ميخاهيم
بفهميم نفس فقها را و دليل ايشان را و اكر دليل
داشته باشند صحيح است يا ضعيف باز مقبول است يا
مردود
وقول
جمهور ر علمارا ميخاهيم بفهميم ؟ و عقيدة شما در
إن موضوع ؟ بخاتريكي بسياري صوفيها و شيعها در
إن موضوع مصدر شمارا ميخا نند
Посух
Ва алайкум салом ва
раҳматуллоҳ.
Аввалан бародар мо
нагуфтем «василаи ба қабр». Шумо хуб ҷавоби моро
бихонед. Агар манзури шумо аз василаи ба қабр
истиғоса ва талаби кумак аз соҳиби қабр бошад
инро мо ширк медонем. Аммо он василае, ки мо
гуфтем баъзе олимон онро иҷоза додаанд ин васила
ба шахси солеҳ аст на ба қабр. Масалан дар дуо
мегуяд: Худоё ба ҳурмати ҳабибат Муҳаммад
(алайҳиссалом) гуноҳони моро бубахш… ин навъ
василаро гуфтем ҷоиз аст. Аксари олимони
мутааххири мазҳаби мо ва дигар мазҳабҳо ин навъи
тавассулро ҷоиз медонанд. Дар бораи ҷоиз будани
ин навъи тавассул далелҳои зиёде дар китобҳои
муътабари мазҳаби мо оварда шудааст аммо инҷо ба
зикри як далел аз ҳамонҳо иктифо мекунем.
Паёмбари Худо (алайҳиссалом)фармуданд: « Ҳар
касе, ки вақти ба масҷид даромадан инро бихонад
; (Аллоҳумма инни асьалука биҳаққис соилина
алайка…..) яъне Худоё, ба ҳаққи саволкунандагон
аз ту металабам…. То охири ҳадис, ки ҳадиси
тулонӣ аст. Ин ҳадисро Ибни Моҷа, Табаронӣ,
Аҳмад ва Байҳақӣ ривоят кардаанд.
Бидъатхо
Суолкунанда:
Самариддин
Таърихи суол:
07/04/2011
Матни Суоли
02
Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотуху!
Мухтарам бобои эшон, лутфан бигуед ки агар, ба
кавли хадис "хама бидъатхо дар оташанд" пас оё
бидъат метавонад хасана бошад? Магар чашни
мавлуди паёмбар (сас) дар замони дар кайди хаёт
будани он хазрат (сас) чой дошт, ё дар давраи
хулафои рошидин? Дар холе ки миёни уламо як
акидаи мувофик оиди ин чашн нест, оё метавон
гуфт, ки дар ин масъала ичмоъ сурат гирифтааст?
Вассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху!
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ,
дар масъалаи бидъат қаблан ҳам мо дар хутбаҳои
ҷумъа суҳбат карда будем. Тақсимоти бидъат ба ду
даста дар асри мо ва ё ба дасти мо сурат
нагирифтааст. Инро иддае аз олимони муътабари
ислом тақсимбандӣ кардаанд ва бар асоси далелу
бурҳон устуворӣ дорад. Онҳое, ки мегуянд бидъат
бар ду даста тақсим аст далелашон ҳадиси
саҳиҳест,ки онро Муслим ривоят кардааст: « Ҳар
шахсе, ки дар ислом суннат ва равиши ҳасанаеро
ҷорӣ кунад, пас ба ҳамон шахс савоби ҳамон
равиши ҳасана ва савоби ҳар кассе, ки бо он
амал мекунад мерасад. Бидуни ин, ки аз савобҳои
амалкунандагони он кам шавад…» Таваҷҷуҳ кунед
бародари исломӣ, матни ҳадис ба мо дар бораи
ҷорӣ кардани амали ҳасана дар ислом суҳбат
мекунад. Далели дигари шахсоне, ки қоил бар
тақсими бидъат ҳастанд ин аст, ки дар замони
Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ва на дар замони
Хулафои Рошидин Қуръони Карим нуқтагузорӣ нашуда
буд. Қуръони Карим ду аср баъди Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) нуқтагузорӣ шуд ва ба дасти Яҳя
ибни Яъмар. Пас модоме, ки ҷори намудани амали
нав дар дин ба таври умуми бидъати мазмума бошад
чаро то имруз ҳамаи уммати ислом аз Қуръони
нуқтагузорӣ шуда истифода мебаранд?. То ҳол
касеро дидаӣ, ки ин амалро рад карда бидъат
гуфта бошанд. Яке аз бузургтарин олимони ислом
имом Шотибӣ бар ҳамин ақида ҳаст. Ҳоло масъала
бар сари истилоҳи бидъати ҳасана нест. Метавонӣ
номи онро амали ҳасана ва ё ҳар чизи дигар
номгузорӣ кунӣ. Ба ҳар ҳол дар дини ислом ҳар
амали наве, ки мувофиқ бо дастуроти Худо ва
Паёмбар бошад, ва инчунин аз он манфиат бар
даъвату бедории исломӣ бошад, шахсан банда онро
амали ҳасана ва савоб медонам.
Дар масъалаи
мавлуд шумо дуруст гуфтед, ки Мавлуд дар замони
Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ва дар асри Хулафои
рошидин набуд. Чуноне, ки нуқтагузории Қуръони
Карим ва ё истифода аз баландгуяк дар масҷидҳо
барои намоз набуд.
Як нуқтаи муҳим
дар масъалаи фатво ин аст, ки олимони ислом яке
аз шартҳои асосии фатводиҳиро дар он мебинанд,
ки бояд шахси олими фатводиҳанда ба замми ин, ки
илми устувор дошта бошад, бояд инчунин
воқеиятшинос низ бошад. Ба унвони мисол имом
Шофиъӣ яке аз барҷастатарин имомони аҳли суннат
замоне, ки дар Миср буд бо замоне, ки дар Ироқ
буд баъзе фатвоҳояш бо ҳам тазод дошт. Сабаб дар
он буд, ки имом муҳит ва воқеиятро дар ҳини
фатво ба эътибор мегирифт. Гузашта аз ин агар
шумо огоҳ бошед, замоне, ки ба назди Паёмбар ду
нафар барои пурсидани як масъала омаданд,
Паёмбари бузургвор (алайхиссалом) ба ҳардуи онҳо
фатвои гуногун дод. Ҳарду масъалаи дар моҳи
Рамазон буса кардани ҳамсари худро пурсон шуда
буданд. Аз сабаби он, ки якеи онҳо ҷавон буд
Паёмбар (алайҳиссалом) ин амалро ба вай иҷоза
надод, аммо ба шахси дигарӣ, ки пирамард буд,
ишора кард, ки боке надорад.
Хулосаи калом дар кишвари мо ва ҳолати имрузаи
ислом дар кишварро дар назар гирифта, манъ
намудани баргузории мавлуд аз руи инсоф нест.
Дар кишвари мо дастрасии мусалмонон ба омухтани
аҳкому одоб ва маърифати исломӣ хеле кам аст.
Фақат ягона роҳе, ки мардум каме аз ислом хабар
мешаванд ин хутбаҳои ҷумъа ва маросимҳои мавлуд
аст. Бинобар ҳамин чунин воқеиятро нодида
гирифта бар зидди баргузории мавлуд бархостан аз
инсоф нест. Дар ҳолате, ки дар мавлуди набавӣ
амалҳои ширкомез ва хурофот сар занад, бале дар
ин ҳолат мо низ тарафдори баргузор нашудани
чунин мавлудхониҳо ҳастем. Аммо модоме, ки дар
мавлудҳо мардум ба сирату таърихи Паёмбар огоҳӣ
пайдо кунанд ва амри маъруфҳо шунаванд чи ҷои
бадӣ дорад. Хулосаи калом ҷомиаи мо ҳоло хеле
ниёз ба барпо шудани чунин маҳфилҳои исломӣ
дорад. Вассалом.
Чудошави ба фиркахо
Суолкунанда:
zafar
Таърихи суол:
01/07/2011
Матни Суоли
01
салом бобои эшон чанд вакт аст ки суоле маро ба
ташвиш овардааст то имруз ягон чавоби муносибе
на шунидаам аз шумо мехохам пурсон шавам умед
дорам ки чавоби муносибе хохам гирифт Расули
акрам (с)пеш аз маргаш насихате кардааст ки пас
аз марги ман худро ба фиркахо чудо нанамоед ое
мо суннимазхабон ва шиа мазхабон ва бо имомон
таксимшави ба мисоли имоми аъзам имом шофеи ва
дигарон ба ин фиркахо дохилем илтимос чавоб
нависед
Посух
Ҷавоб аз идора:
Ва алайкумус
салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ ба
ин саволи шумо ҳазрати Устод дар ҷумъаҳои
гузашта посух доданд. Шумо он наворро аз қисми
савтиёти эшони Маҳмудҷон зери унвони “посухи
пурсишҳо 165” метавонед дастрасӣ кунед. Дар
паноҳи Аллоҳ бошед.
*
* *
Масҷиди
"Халифа Абдулкарим
Дуо
Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.