WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода

Фатвоҳо дар боби закот

 
.::Суоли Шумо::.

 
Закот
Суолкунанда: Ahram
Таърихи суол: 15/02/2012
Матни Суоли 04

ассалому алейкум!я работаю в России электрикам получаю зарплату в размере 22000тысяча рублей я должен давать закат каждый год или нет!

Посух

ва алайкумуссалом  ва рахматуллоҳ.

Агар  пули шумо ба нисоб расад ( нисоб агар миқдори 85г тилло пул ки бо долар 4500 мешад дошта бошед) ва ин мақдор маблағ то 1 сола дар назди шумо бошад  барои шумо закот фарз мегардад. Аз он 2,5 фоиз закот дода мешавад.


Ҳукми закот додани шахси қарздор
Суолкунанда: Рачабали
Таърихи суол: 23/08/2011
Матни Суоли 03

Ассалому алайкум Устоди гироми! Ман Худоро шукр нав хочаги хастам, яъне хона сохтему зиндаги бо хамсару ду фарзанд дорем. Хона аз лавозимоти хочаги холист... Суол!, ман 3000 доллар карз кардам, алхамду лиЛЛАХ 7000 чамъ шуд, оё аз хамин даромадам 4000 бояд закот дихам? Бенихоят интизорам. Худо Хофизи Шумо!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале бояд шумо закот бидиҳед. Зеро шумо 7000 доллар доред ва 3000 доллар қарздор ҳастед. Дар сурате, ки 3000 долларро баргардонед боз шумо соҳиби нисоб ҳастед. Ба шарте, ки як сол пур шавад закоти он 4000 долларро бидиҳед. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Тафсири  сураи Исроъ оят 29
Суолкунанда: Умедчон
Таърихи суол: 17/07/2011
Матни Суоли 02

Ассалому алайкум Домуллои Мухтарам Хочи Акбар. Мехостам, ки оиди ояти 29 сураи 17 каме равшани андозед. Хасис набуданро фахмидам,аммо саховатмандиро аз хад нагузарон чи маъно дорад нафахмидам. Дар ин чо кадом намуд саховатманди ба исроф дохил мешавад, бароям возеху рушан нест. Худованд Шумо ва бародарони мехрубонатонро дар Панохи Исмати Худ нигах бидорад.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Тарҷумаи  ҳамон оят ин аст: “Ва дастатро бар гарданат занҷир нанамо ва аз ҳад зиёд кушодадастӣ макун, то маломатшуда ва ҳасратзада бар ҷой монӣ”. Сураи “Исроъ”.

Муфассирин дар тафсири ин оят гуфтаанд, ки мурод аз “дастатро ба гарданата занҷир нанамо” яъне мумсикӣ ва хасисӣ накун ва саховатмандиро пешаи худ намо. Аммо аз ҳад зиёд саховатмандӣ, ки сабабгори аҳлу фарзандонро муҳтоҷ гардонидан гардад, ин ҳам дуруст нест. Бинобар ҳамин бояд шахси мусалмон саховатманд бошад вале на ба он андоза, ки ҳама чизашро хайр кунад ва аҳлу хонадонаш фақиру нодор бимонанд.


Ҳукми закот додан бар бародар ва хоҳар
Суолкунанда: Хочи
Таърихи суол: 27/07/2010
Матни Суоли 01

Бобои Эшон, хохишмандам ба саволхои ман чавоб гардонед

 1) Падари ман бо модарам соли гузашта бародари хурдии маро зан додан. падарам аз дунё гузашт. Холо модарам бо хохарону бародарам  дар як хона зиндаги мекунанду аммо калони хона модарам. Хонаи ман чудо аст. Саволи ман хамин, ки оё ман метавонам  закотамро бо хамон бародаре, ки бо модарам зиндаги дорад тиям ва гуям, ки ин закотро гиру камбудихои хонаро хал кун ё гуям, ки барои хона хурока ва пушока гир? (максади савол доданам дар он аст, ки фарзанд ба модар закот дода наметавонад, аммо ба василаи  бародарам  ин пул ба фоидаи модарам меравад)

Посух

Бале шумо метовонед закотатонро ба бародар ва хоҳаронатон бидиҳед.  Ҳам савоби силаи раҳмро мегиред ва ҳам закотро аз зиммаи худ соқит мегардонед. 


 
 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com