WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода

Фатвоҳо дар боби таҳорат

 
.::Суоли Шумо::.

 
Оё баъд аз ғусл таҳорат зарурат дорад ё не?
Суолкунанда: Беном
Таърихи суол: 12/02/2012
Матни Суоли 14

ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух вакте ки гусл карди бад аз вай тахорат кадан даркор ё не

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ

Ҳангоми ғусл вақте, ки даҳону бинии  худро обгардонӣ мекунед ва ба нияти таҳорат ин корро анҷом медиҳед, дигар эҳтиёҷ ба таҳорат нест. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми имомати шахси бемо
Суолкунанда: Абдулмусаввир
Таърихи суол: 23/07/2011
Матни Суоли 13

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух хазрат.мо дар як чо 5 нафар мебошем дар байни мо ман имомати мекунам ба хотире ки куръонро шукри худо бо тачвид мехонам.аммо камтар саломати хуб нохуб шуд.бемории простатит каме хуруч кард.ман пеш аз хар намоз тахорати пурра мекунам лекин намедонам ки имомати карда метавонам е на.ба хамин масъала равшпни андозед хазрат.Худо нигахбон.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар бемориятон ба он дараҷа бошад, ки ҳар замон аз шумо пешоб хориҷ шавад, ҳатто дар вақти намоз аз шумо хориҷ шавад, дар ин ҳолат шумо имоматӣ накунед. Аммо агар прастатити шумо фақат узри ҳамхобагӣ бошад, дар ин ҳолат ба намози шумо ҳеҷ зараре надорад ва метавонед, ки имоматӣ кунед. Худованд шуморо шифои комил насиб кунад.


Ҳукми мази
Суолкунанда: ФИРУЗ
Таърихи суол: 17/07/2011
Матни Суоли 12

Асалому алайкум акай ХОЧИ АКБАР, ман ба шумо суоле дорам, ман дар Руссия кор мекунам, занам дар Точикистон мебошад, ва ман аз баски 3 мох шудааст бо занам хам хоба нестам, аз ман оби зиедатиа (сперма) мебарояд баъд аз пешоб карданам, духтур мегуяд ки ин аз руй зиед буданаш аст, мегуяд ки агар хохам ки набарояд, ту бояд худро холи куни, максади ман ин аст ки, хар вакте ки ман пешоб мекунам, агар баъди пешоб оби мани барояд гусл дар гардани ман фарз аст е на? чун ки ин худ аз худ мебароояд, дар як хаф ду бор ва е себора мебарояд, дар хар хел вакт. ХУДО УМРИ ШУМО ВА АХЛИ ОИЛААТОНРО ДАРОЗ ГАРДОНАД

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ дар ин ҳолат ғусл барои шумо фарз нест. Зеро онро оби мазӣ мегуянд. Ғусл дар ҳамон вақт фарз мешавад, ки оби манӣ бо шаҳват барояд ва ё дар хоб эҳтиломӣ шавед. Аммо он обе, ки бидуни шаҳват ва бидуни шиддат мебарояд оби мазӣ ҳаст ва ба баромадани он таҳорат мешиканад вале ғусл воҷиб намешавад. Дар паноҳи Худо бошед.


Тартиби гусл
Суолкунанда: Сорбон
Таърихи суол: 10/03/2011
Матни Суоли 11

Ассалому алайкум.

Бобои Эшон бади гусл метавонем намозро бихонем? (бади гусл тахорат накарда намозро хонем аз нигохи ислом чи гунна аст?) Бобои Эшон сафари хорича дорам бароямон дуо кунед як ихлосманди шумо хастам бароятон аз даргохи Худо тансихати мехохам.

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

 Бародари исломӣ, тартиби ғусл чунин аст. Шумо пеш аз он, ки ғусл кунед аввал мустаҳаб мекунед ва пас аз он дастонро шуста даҳонро семаротиба обгардон мекунед, сипас биниро меафшонед. Сипас ҳамон таҳорате, ки дар намоз карда мешавад, ҳамонро анҷом диҳед. Фақат пойҳоро нашуед. Сипас обро гирифта бар тамоми бадан мерезед ва тамоми баданро мешуед. Дар охир пойҳоро мешуед.Чунин ғусл ҳам ғусл асту ҳам таҳорат.Ва бо ин ғусл намозатонро хонед мешавад. Худованд сафари шуморо бехатар гардонад.


Ҳукми гусл дар ҳолати сарди
Суолкунанда: Мирзо аз Хучанд
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 10

Ассалому алейкум Хочидомулло. Ба Шумо як савол доштам. Дар вактхои зимистон аз сабаби хунук будан ва набудани шароит баъди чимоъ гусл накарда тахорат кардан чоиз аст?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Не, бародари исломӣ. Ҳечгоҳ таҳорат ҷои ғуслро намегирад. Аммо агар ба шарте, ки об набошад ва ё ҳаво хеле сард бошад, ва ё аз назари тиб расидани оби хунук ба ҷисми шумо зарари бузург дошта бошад, дар ин ҳолат ба ҷои ғусл таяммум карда намоз мехонед ва баъдан оби муносиб ёфта ғусл намуда намозро аз сари нав хонед.


Ҳукми бо коғаз пок кардан
Суолкунанда: Бобо
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 09

Ассалому алайкум бобои Эшон. Мехостам ба саволхоям посух бигирам 1) Ман дар корхонаи давлати кор мекунам. Хар фасли зимистон чи дар чои кор бошам, е дар бозор, е мехмони, вакте казои хочат меравам,  баъди пешоб е дашти калон мустахаб намекунам, факат бо когази ташноб нагзакак кок карда тоза мекунам ва баъд тахорат мекунам. Ое кори ман дуруст аст? 

2) Баъзе шахсон  дар вакти дуо кардан номи хазрати Хизрро мегиранд, ое ин ширк аст? Саломат бошед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

1) Бародари исломӣ, баъд аз пешоб бо когази ташноб пок кардан дуруст аст. Аммо баъд аз дашти калон танҳо бо коғаз пок кардан инсонро сад дар сад аз наҷосат пок намекунад. Беҳтараш ин, ки агар об бошад бо об бишуед. Сипас ҷои рутубатро бо коғази ташноб ё матои тоза хушк кунед. Иншоаллоҳ ҳеч осебе намерасад.

2) Агар ба шарте, ки ҳамон шахс бо тарзи ширкомез номи Хизрро бигирад, дар ин ҳолат ширк аст ва муртакиби гуноҳи бузург мешавад. Масалан агар дар вақти дуо аз Хизр мадад пурсад ин амал сирф ширк аст. Аммо агар Хизрро васила қарор дода аз Худованд бипурсад, ки «Худоё ба ҳурмати ин бузургмард, ки аз ҷумлаи авлиёи ту ҳаст маро бибахш…» гуяд, дар ин ҳолат ширк нест. Аммо модоме, ки Худоро мешавад мустақиман дуо кард чи зарурат дорад каси дигарро васила қарор додан. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми масҳ кашидан
Суолкунанда: Мухлисон
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 08

рАХМАТИ ХУДО БАР ШУМО.

 САВОЛХО:

 1.Шахсе  аз обед то шом тахорат дошт, сони дар шом уро тахорат танги кард вай барои осон шудани тахорат  рафта дар по махси пушида  тахораташро шикаст, сипас тахорат барои шом карду дар по масх кашид. Оё чоиз аст?

 2.Эмом пас аз хар намози шом 7 бор Аллохума ачрин миннан норро мехонад. Оё  далеле хаст?

 3.Оё Шайтон дохили масчид мешавад? Масалан дар даруни масчид дар намоз Шайтон ба намозхон монеа шуда метавонад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

1) Бале таҳорати он шахс дуруст аст, вале чунин амал хуб нест.

2) Бале далел ҳаст. Дар ин бора аз Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ривоят шудааст, ки Эшон пас аз намоз 7 бор «Аллоҳумма аҷирни минан нор» яъне (Худоё! Маро аз оташи дузах наҷот бидеҳ)  мегуфтанд.

3) Бале шайтон дохили масҷид шуда метавонад. Дар вақти намоз гоҳо инсонҳоро васваса мекунад.


Ҳукми масҳ бар ҷуроб
Суолкунанда: Farid
Таърихи суол: 26/12/2010
Матни Суоли 07

Салому алайкум ва рахматуллох!

 "Фасъалу ахла-з-зикри ин кунтум ло таъламун"

 Устоди мухтарам!

 Як фикри наве дар зехнам пайдо шудааст, агар онро рушан мекардед, шояд мушкили ашхосе, дар хавои сард, дар корхонаву дар сафар ва г. тахорат мекунанд осон мешуд:

 Агар чуроби (гафс, хатман гафс, тунук не) пахтаги ё синтетикро гирифта ба таги он мисли масхи чарм ё масолехи дигаре, ки барои таги пойафзол истифода мешавад, бичаспонем мумкин аст болои он масх кашем???

 Ин масъаларо дар китобхои фикхи чустучу кардем, (чавраби мунаъъал) вале хулосаи дакик пайдо накарда истодем.

 Масхичахои наве ин замон пайдо шудааст, инхо хуб хастанд, вале  дар кашидану пушидан бо туфли захмат дорад, барои хамин чунин фикр (идея) пайдо шуд.

 Лутфан суоли моро посух дода шубхахои моро бартараф созед.

 унтазири посух хастем!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Бародари исломӣ, агар ҷуробҳои шумо ғафс бошад ва дар зераш ягон матои чармӣ изофа кунед ва чуноне, ки шумо қайд кардед дар корхонаҳое бошед, ки таҳорат кардан душвор бошад, боке надорад аз руи он масҳ кашед. Ба шарте, ки бо таҳорат онро пушида бошед.


Ҳукми ғарғара
Суолкунанда: МухаммадабдулХоди
Таърихи суол: 26/12/2010
Матни Суоли 06

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух хочи домулло Дар вакти тахорат кардан обро гар-гара кардан наметавонам оё тахорат дуруст аст

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Бале таҳорати шумо дуруст аст ва ҳеч нуқсоне дар таҳорати шумо нест. Хусусан шумо дар ҳолати зарурат ин амалро тарк мекунед, аз ин хотир хеҷ боке надорад.


Таҳорати шахси бе даст 
Суолкунанда: Хофиз Яъкубов
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 05

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху мухтарам  бобои Эшон аз Шумо мехостам фахмам, ки инсоне, ки харду дастонаш нест яъне модарзод, у чигуна тахорат мекунад илтимос пурра мефахмондед. Худованд Шуморо ва ахлу байти Шуморо дар пардаи исмати худаш нигахбон бошад омин ё раббал ъоламин.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, дар ин масъала баъзе аз муҷтаҳидони мазҳаби мо гуфтаанд, ки чунин шахс барои намоз хондан руи худро ба девор мемолад ва ба ҳамин тариқ таяммум ба ҷо меорад ва намоз мехонад. Яъне намоз аз вай ҳатто дар чунин ҳолат соқит намешавад. Ин дар ҳолатест, ки касе ёфт намешавад, ки уро таҳорат диҳад. Аммо агар нафаре бошад ва ё фарзандаш дар наздаш бошад дар ин ҳолат ҳамон фарзандаш уро таҳорат ва ё таяммум медиҳад ва нишаста ё бо ишора намозашро адо мекунад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Ҳукми пешоб дар либос
Суолкунанда: даврон  санкт петербург
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 04

 аслому-алайкум домуло суол чунин аст  агар пешоб дар либоси кори расад  яъне либосе ки бо у намоз намехонем гунох аст    чавобашро интизорем

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар пешоб дар либосе, ки бо он намоз намехонед расад, гуноҳ нест. Аммо ба хотири тозагӣ бояд онро шуст.  Ислом аз мо талаб мекунад, ки мо бояд тоза бошем. Зеро он наҷосат буй мекунад ва аз буи он шояд дигарон нороҳат шаванд. Бинобар ҳамин ба хотири тозагӣ бояд онро бишуед. Зеро мусалмон бояд тоза бошад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Ҳукми тар кардани муйи занҳо
Суолкунанда: Айни
Таърихи суол: 27/07/2010
Матни Суоли 03

Ассалому алайкум ва рахматуллох

 Бобои эшон хохишмандам ба саволхои зеррин чавоб гуед

 1) Зане дар гусли чанобат  аст. Оё  ин хатмист ки вай тамоми муйро тар кунад

 а) Агар  бофта  набошад

 б) Агар бофта бошад

 2) Дар намоз  азон суннат  аст. Оё намозе, ки бе азон хонда шудааст, мо метавонем гуем, ки фарз аз сар сокит шуд?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ

1) Агар муйҳояш бофта бошад  кифоя аст, ки зери муйҳояшро об бирасонад. Аммо муй бофта набошад тамоми муйҳояшро шуштанаш шарт аст.

2) Намози бе азон ҷоиз аст фарз соқит мешавад,  аммо аз савоби суннат муҳрум мемонед.


Ҳукми зарар доштани об
Суолкунанда: sitora az zarafshon
Таърихи суол: 16/06/2010
Матни Суоли 02

asalom boboi eshon man yk savole doram iltimos javob tied hechkas ba savoli man javob namedihan iltimos shumo tied zanhoi ki az tahorat kasal meshavand monandi khorishak va syzok va digaru digar chikor kunand mumkin hast ki tayamun karda namoz khonand yoki kuron honand mumkin hast iltimos javob tied

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ

Хоҳари гиромӣ, агар истифодаи об ба шумо зарар расонад, шариати Ислом ба шумо иҷозат медиҳад, ки таямум карда намоз хонед ва Қуръон тиловат намоед. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки худро табобат намоед, зеро дар як муддати дуру дароз шумо наметавонед, бидуни истифодаи об зиндагӣ намоед. Худованди Шифодиҳанда шуморо шифо диҳад


Тартиби ғусл
Суолкунанда: Чахонгир
Таърихи суол: 08/06/2010
Матни Суоли 01

Ассаламу алайкум домуллои мехрубон, Худованд нигахбонатон бод. Як савол доштам. Баъди гусл кардан тахорат карда намоз хонда мешавад ё на? Хохиш мекардам ба соволи ман чавоб мегуфтед. Худованд нигахбонатон бод.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Тартиби ғусл инаст, ки пеш аз ғусл аввал бояд мустаҳаб кард сипас таҳорат намуда сипас се маротиба аз сар то по обрехта баданро шустушу кардан лозим аст. агар дохили ванна бошед пойҳои худро баъди  баромадан аз он бишуед ва боҳамин иншо Аллоҳ ғусли шумо комл ва  пас аз он ҳарчиқадар, ки мехоҳед намоз бихонед.


 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com