WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода

Фатвоҳо дар боби рӯза

 
.::Суоли Шумо::.

 
Ҳукми саҳар таъом хурдан дар рамазон
Суолкунанда: gulom
Таърихи суол: 29/08/2011
Матни Суоли 07

salom aleykum boboi eshon man ba shumo ak suol doram agar dar vaqti ramazon sahari xurakda naxezi bad agon chiz naxuri ruzai girigtagi durst ast. dar haqimo duo kuned mo dar musofir hastem.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

 Бале, дуруст аст. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми обози кардан дар рузҳои рамазон
Суолкунанда: абдували
Таърихи суол: 16/08/2011
Матни Суоли 06

асалому алейкум бобои эшон номи ман абдували номи ман дуруст хаст ё не бандаи вали ,вали номи аллох ё сифати аллох шуда метавонад,2юм мо дар россия алхамдулилох рузадорем дар ин рузхои гарм кор мекунем ва баданхои мо бисёр арак мекунад мо баъд аз кор пеш аз намози аср дар хамом дар таги душ оббози мекунем ба рузахои мо чи зиён дорад ,,,аллох нури эмону тавфики шумо ва бародаронатонро зиёдтар гардонад,

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

1) Бародари исломӣ номи шумо дуруст аст. Зеро Валӣ яке аз номҳои Худованд аст.

2) Оббозӣ кардан дар моҳи рамазон боке надорад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Ҳукми хурдани руза дар ҳолати гуруснаги
Суолкунанда: Mahmudjon
Таърихи суол: 16/08/2011
Матни Суоли 05

Саломуалейк устоди ширинсухан ва хакгу. Банда дар Россия ба корхои сохтумони машгулам, фарзхои ИЛЛОХИРО кушиш карда ба чо оварда истодаам аммо руза шуруь шуд кори мо вазнинаст ташна мемонем бехуд мешавем оё имкон надорад рузаро дар зимистон вакти хона истирохат куни рафтем баьд гирем? Ташакур барои посух. Дар хаки падару модари ман дуо кунед. ХУДО ХОФИЗ...

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ руза яке аз фарзҳои илоҳӣ мебошад. Бинобар ҳамин шумо аввал барои руза ҳар саҳархурӣ хеста хурок бихуред. Сипас ба кор равед. Агар рафту дар кор ҳис кардед, ки дигар қуввати рузадориро надоред ва беҳол шудед, дар ин ҳолат рузаатон мехуред. Бояд ин корро ҳар руз идома диҳед. Аммо ҳамин хел аз назди худ тасмим гирифтани ин, ки қуввати руза гирифтанро дар вақти кор надоред ва ба ҳамин иктифо намуда руза нагирифтан гуноҳ аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми дору чакондан ба димоғ дар рузҳои рамазон
Суолкунанда: Истаравшан
Таърихи суол: 16/08/2011
Матни Суоли 04

Ассалому алаукум ва рахмаулох, Агар дар бинии шахси рузадор доре чаконида шавад ки каме ба халкаш равад руза мешиканад? Аз шумо хохиши дуо дорам дар хаки ахли оилаи мо дуое кунед ки Худованд тавфики зиёд ва ризки фарог насиб гардонад.Хамеша дар хифзи Худо бошед!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Дар сурате, ки дору аз бини гузашта ба ҳалқаш равад руза фосид мешавад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Рузаи қазои
Суолкунанда: Мирали
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 03

Асалому алейкум Устод.

Савол: нияти рузаи казои кардам шахсе ба даъвати таом хуриро кард ман бай вай гуям, ки ман рузадор хастам хеч боке надорад? Як муллое ба ман гуфт, ки рузаи нофила е казоиро, ки гирифти бояд ба хеч кас нагуи, ки рузаат хамчун рие хисоб мехурад.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Агар рузаи гирифтаат қазоӣ бошад, ҳеч боке надорад шумо ба он кас гуед, ки рузадор ҳастед. Умуман ин масъала вобаста ба нияти худи инсон аст. Масалан агар нияти шумо ба дил баъд аз гуфтанатон, ки рузадор ҳастед, риё ва худнамоӣ бошад, дар ин ҳолат риё мешавад. Аммо агар ниятатон фақат ба хотири фаҳмондани соҳиби таом бошад, боке надорад.  Риё ҳамеша ба ният вобастагӣ дорад.  Ҳатто Паёмбари Худо фармудаанд, ки агар ба манзили шахсе рафтед ва шумо рузадор будед ва аз таомаш майл накардед, дар ин ҳолат дар хонааш ду ракаат намози нафл хонда савобашро ба аҳли ҳамон хонадон бахшед.


Ҳукми руза гирифтани зани навзод
Суолкунанда: Хаким
Таърихи суол: 20/08/2010
Матни Суоли 02

Салом Домулло. Саволи ман чунин аст. Зане ки нав таваллуд кардааст руза доштанаш дуруст аст?

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

 Бале дуруст ҳаст, албатта баъд аз нифос пок шудан, яъне агар руза гирад рузааш қабул аст, аммо зарур нест, ки руза дорад. Ба Зани ҳомила ва зане, ки фарзанди ширхора дорад, шариат иҷозат медиҳад, ки руза надоранд ва қазои онро дар ягон вақти муносиб бигиранд.


Ҳукми шахсе субҳонаро баъди субҳ анҷом диҳад
Суолкунанда: Вайсидин
Таърихи суол: 20/08/2010
Матни Суоли 01

Асалому аълайкум Домуллои мухтарам.

 Агар шахс дар мохи шарифи рамазон сахархуриро баъди субх анчом дода бошад, вай нафахмидааст,ки субх дамидааст оё вай ин рузро казои мегирад?

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Агар воқеан дамидани субҳро нафаҳмида бошад қазоӣ намедорад.


 
 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com