Бародари исомӣ
модоме, ки он зан бева бошад ва ба болои ин
хонаводаи шумо розӣ
набошанд ва дар айни
ҳол шумо
ҷавони издивоҷ
нокарда бошед, беҳтар
ин аст, ки бо ягон духтар издивоҷ
кунед. Зеро зиндагӣ
ин як ду руза нест. Балки то охири умр бояд
зиндагӣ
намуд. Нашавад, ки дар зиндагӣ
шумо зуд аз вай хаста шуда дар фикри талоқ
биафтед ва он занро дар нимароҳи
зиндагӣ
танҳо
бигузоред. Дар паноҳи
Аллоҳ
бошед.
Ҳукми никоҳ бе мулло
Суолкунанда:
rustam
Таърихи суол:
23/07/2011
Матни Суоли
36
асалому алекум
домло мо яке аз мухлисони шумо хастем ман
мехостам пурсам азшумо бе муло мо метавонем
никох кардан бо се шоид агар иконияташ боша
чавоб гуед
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бале бе мулло метавонед никоҳ
кунед. Аслан хондани хутбаи никоҳ суннат аст.
Будани ду шоҳид ва лафзи иҷобу қабул фарз аст.
Ду шоҳид бояд лафзи «бахшидаму қабул кардам» ро
бишунаванд. Як чизи дигарро ёдовар шавам, ки дар
никоҳ маҳр аст. Бояд маҳр зикр шавад. Бигузор маҳр
сад доллар бошад ва ё камтар аз он ва ё зиёдтар
ва ё ангуштар ва ғайра. Худованд нигаҳбонатон.
Ҳукми никоҳи зани масиҳи
Суолкунанда:
АКМАЛ
Таърихи суол:
23/07/2011
Матни Суоли
35
салом домуло
худован нигахбонатон бошад ба шумо саоле дорам
ман дар шахри руссия кор мекунам бо як зани рус
никох кунам дуруст аст е на лекин вае мусалмон
нест илтимос чавоб гуед.ташакур.
Посух
Ва алайкумус
салом ва раҳматуллоҳ.
Бо зани русе, ки эътиқод
бо дини худаш дорад яъне масеҳӣ
аст ва зония нест, метавонед никоҳ
кунед. Худованд нигаҳбонатон.
Ҳукми ба никоҳ
даровардани аз худ бузурд
Суолкунанда:
Cаидчон
Таърихи суол:
23/07/2011
Матни Суоли
34
Ассалому алайкум
ва рахматолохи ва баракатуху. Саволе дорам ки
агар чавони 25 сола бо зани аз худ бузрг 35 сола
бо тарики никохи исломи издивоч намоянду , аммо
аз ин кор танхо мулову шохидон хабардоранд,
дигар касон огах набошанд, оё ин зино хисоб
мешавад.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бале никоҳи
вай дуруст аст.
Ҳатто мувофиқи
суннат аст. Зеро Паёмбари Худо (алайҳиссалом)
ҳангоме, ки бо Хадиҷа
(разияллоҳу
анҳо)
издивоҷ
кард, Хадиҷа
аз Эшон 15 сол бузургтар буданд.
Assalomu aleikum
va Rahmatullohi va barakotuh!Muhtaram Domulloi
aziz suoli man chunin ast.Du sol meshawad,ki man
dar Olmon tahsil mekunam.Sohibi chahor
farzandam.Hangome ba sawjaam zangzada purrson
meshawam,ki oyo shumo muhtoji pul hasted yo na?U
hamesha meguyad,ki shumo wakte omaded,shoyad
karzdor boshem,bad pulhoi karziro
barmegardoni.Chi hele ki man hondam,dar borai
ziyoda az 4 moh dur budan az oila,chi
meshawad,ki bad az hona omadanam yagon usuli
islomi lozim ast yo ne?
Илтимос Эшон чавоб
ва ё рохи дурустро нишон дихед!
Рахмати ХУДО ва
дар панохи ХУДО бошед.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Барои хонадор шудани шумо тибқи
шариат розигии падару модаратон зарур нест. Аммо
насиҳати
ман ба шумо ин аст, ки шумо пинҳонӣ
никоҳ
накунед, балки ошкор никоҳ
кунед ва
ҳаргиз ба нияти никоҳи
муваққат
никоҳ
накунед. Вақте,
ки издивоҷ
кардед ба нияти зиндагии якумра никоҳ
кунед. Шумо никоҳ
кунед, иншоаллоҳ
баъди як ду сол мебинӣ,
ки падару модари шумо розӣ
мешаванд. Агар рафту онҳо
розӣ
нашуданд, дар иваз шумо
ҳамеша бо онҳо
эҳтиром,
муомила ва рафтори хуб дошта бошед ва ёрдами
моддӣ
намоед. Иншоаллоҳ
ба
ҳамин роҳ
розигии онҳоро
ба даст хоҳед
овард.
Иҷозаи зани якум барои
зани дуюм
Суолкунанда:
Manuchehr
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
24
Asalomu Aleikum Wa
Rahmatullohi Wa Barakatuhu, Кози Домулло
Хазрати Эшон ба
як саволи мо чавоб медодед.
Оё барои
гирифтани зани дуюм ичозаи зани якумро гирифтан
шарт аст? ва дар хакикат мувофики Шариат ягон
чойгохе дорад?
Чунки Домулло
Махмадуллох (Кулоб) дар яке аз маъвизаашон
гуфтаанд, ки шарт аст, аммо Хочи Мирзоро гуш
кунам он кас гуфтан ки шарт нест. Илтимос ба
хамин масъала равшани андозед. Джазака Аллоху
хайр!
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Иҷозаи
зани аввал барои гирифтани зани дуввум шарт нест.
Аммо агар рафту зани аввал дар вақти
никоҳ
шарт гузошта бошад, ки зани дуввум намегиред ва
низ мард ба ин шарти зан розӣ
шуда бошад, дар ин
ҳолат барои зани дуввум гирифтан розигии
зани аввал шарт аст. Ногуфта намонад, ки
ҳатто дар
ҳамин масъала
ҳам олимони мазҳаби
мо ду назар доранд. Иддае мегуянд, ки розигии
зан дар
ҳолати будани чунин шарт лозим аст, аммо
баъзеи дигар мегуянд, ки розигии зани аввал дар
масъалае, ки шариат
ҳалолаш медонад шарт нест, агарчи чунин
шарте дар вақти
никоҳ
гузошта бошанд. Хулоса мувофиқи
шариат розигии зани аввал барои гирифтани зани
дуввум шарт нест. Дар ин масъала домулло
Ҳоҷи
Мирзо дуруст гуфтаанд. Дар паноҳи
Худо бошед.
Ҳукми шунидан дар никоҳ
Суолкунанда:
abdusator
Таърихи суол:
26/12/2010
Матни Суоли
23
aсалому алайкум
кози домулои азиз худванд шуморо аз хама балохо
дар амионаш нигахдорад ман ба шумо ва хонаводаи
шумо бисёр эхтироми бузург дорам худо хамаи
шуморо аз хама ранчхо дур дорад..бобои ешон тули
1 сол мешад ки масьалае маро азият медихад хуб
мешуд равшани меандохтед. Вакте ба никох рафтам
хохиш кардам ки моро ру ба ру аз паси парда
никох кунанд ва хамин таврхам шуд вакте муло
розигии арусро пурсид чавобашро ман нашунидам ва
дубора пурсидан бозхам на онкадар хуб шунидам
вале муло ва дигар шахсони ончо буда игво карда
гуфтанд ки мо шунидем ва муло аз ман розиги маро
пурсид аз баски муло шиносам буд ва у хеле бо
илм аст манхам розигии худро додам хачрчанд ба
мам маьлум буд, ки арус рози буд ва хаст..чунки
вай духтари холаам аст.. Бобои эшон гуед ин
никохи мо дуруст буд.. Шукри худо фарзандорхам
шудам илтимос ягон маслихати хуб дихед. Ва дар
хак мо дуо кунед.ки дар мухочирати мехнати дар
русия хастам ва худо насиби ба ватан гаштанамро
саломат хадя кунад.
Хоҳари
исломӣ
то равшан шудани масъала шумо бояд бо шавҳаратон
якҷо
зиндагӣ
накунед. Шумо
ҳамроҳи
шавҳаратон
назди ягон домуллои ботақво
рафта воқеиятро
ба он кас фаҳмонед.
Шояд домулло ягон фатво ё роҳе
барои шумо пайдо мекунад. Банда аз тариқи
сомона аз ин зиёд ба шумо гуфта наметавонам.
Худованд нигаҳбонатон.
Ҳукми издивоҷи бо зани
руссия
Суолкунанда:
хуршедчон аз руссия
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
18
Асалому алейкум
варахматуллои ва баракотух мухтарам бобои эшон
худованд ба шумо ва бародарони шумо умри дарози
бо баракат ва илми бо амал насиб фармояд зеро
шумо ва бародарони шумо сабаби фахри мо
мусалмонхо хастед вокеан мо аз шумо фахр
менамоем ва худоро шукр мегуем ки шумобарин
пешвои далеру нотарсу хакикатгу дорем. Бобои
эшон мехостам бифахмам оё гирифтани зани рус бо
никохи исломи дуруст аст агар зан мусалмон
набошад? Ва оё касонеки зани рус доранд ва унхо
сатру намозу руза надоранд ва аз ин занхо дар
киёмат чи чавоб медихад?
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ,
беҳтар
он аст, ки шумо зани рус нагиред. Аммо агар
зарур бошад ва эҳтимоли
ба зино афтодан бошад дар ин
ҳолат зани рус бигиред
ҷоиз аст. Аввал кушиш кунед, ки исломро
қабул кунад.Аммо агар рафту исломро
қабул накард бояд зане бошад, ки ба дини
худаш эътиқод
дошта бошад. Зеро шариати ислом ба мусалмон
никоҳи
зани масеҳиро
иҷоза
додааст. Локин дар давоми зиндагӣ
бо роҳи
нармию хубӣ
он хонумро кушиш кунед, ки ба дини ислом
мушарраф гардонед. Дар ин
ҳолат беҳтарин
савобро соҳиб
мешавед. Худованд нигаҳбонатон.
Ҳукми никоҳи бе шоҳид
Суолкунанда:
Зайнам
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
17
Ассалому
алайкум! Рости аз кушода шудани сайди Шумо хело
шод шудем зеро ба воситаи ин сайд мумкин мо аз
рохои баъд даст кашем. Бобои хочи рости ба Шумо
як савол доданиям ва хохиш дорам ба саволи ман
посух гардонед. Ман ба хости волидайн ба шавхар
баромадам. Аз шавхарам чудо шудам сабаби чудо
шуданам шавхарам зани дигар гирифт тамоман бо
ман зиндаги кардан нахост, хамаги мо ду мох
зиндаги кардем. Баъ аз чудо шудан ман 13 сол
шавхар накардам баъди 13 сол бо як марди
хамкорам, ки маро бо гуфти худаш бисёр нагз
мебинад вохури кардем. Вай мард бо ман гуфт, ки
агар мо бо хамдигар тану нафс бахшем ин никох
аст, ман бовар кардам бо у тану нафс бахши
карда бе ягон шохид ман у тули 6 мо во мехурдем
баъд никохи мусулмони карда зиндаги дорем. Оё
тану нафс бахшидан никох аст? Ман вакте, ки
намоз мехонам фикр мекунам намозам кабул нест
барои гунохи кардаам метавонам дар хамин дунё
ягон кори хайре кунам гунохам бахшида гардад?
Илтимос ба
саволхои ман чавоби пурра гардонед.
Бо эхтиром хохари
исломии Шумо!
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ
Бахшидани тану нафс бе иштироки 2 шоҳиди
мусулмон никоҳ
нест , барои он коре, ки шудааст аз Худо истиғфор
ва бахшиши гуноҳ
талаб намо. Шояд Худо гуноҳи
шуморо гузарад. Зеро он 6 моҳи
зиндагии муштараки шумо зино буд. Худо мағфирататон
кунад. Никоҳ
илова ба шоҳидии
2 марди мусалмон боз шартҳои
дигаре низ дорад , мисли таъини маҳр
ва
ғайра . Набояд бо аҳкоми
шариъат чунин бозӣ
кард.
Ҳукми гирифтани бева
Суолкунанда:
Чавонони Хучанди
Таърихи суол:
08/06/2010
Матни Суоли
16
Салом хазрати
Козидомулло мо ба Шумо савол дорем
1.Ман донишчуям
аммо холо як беваро гирифтаниям ба хотири он ки
дар дарсхо аз дидани духтароне ки шим ва юбкахои
кис мепушанд худдори карда наметонам оё
гирифтани ман дуруст аст
2.Туйи Исломиро
чи хел гузаронем оё занхо бо занхо якчоя шуда
артиски кунанд ва ё мардхо бо мардхо хофизи
кунанд дурустай хохиш мекунам чавоби дурусташа
мегуфтед
Посух
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи
ва баракотуҳ
1. Бале, дуруст аст
ҳатто мувофиқи
суннат
ҳам
ҳаст, зеро Паёмбари Худо
ҳамсари аввали худ Хадиҷаро
бева гирифта буданд ва аз худашон 15 сол калон
низ буданд, фақат
бародари азиз никоҳи
шумо бояд никоҳи
исломи ва доими бошад на никоҳи
мувақатию
матъа.
2. Бале бояд мардҳо
ҷудо аз занҳо
хурсандию рақсу
сурудхони кунанд ва
ҳамчунин занҳо
ҷудо аз мардҳо
бо худ хурсанди кананд, зеро ихтилот ( яъне як
ҷошудани зану марди бегона) дар ислом
ҳаром аст, агар
ҳамин шарт риъоя шавад ва машруботи
сипирти дар туятон масраф накунед иншоАллоҳ
ин туй шумо исломи аст ва аз он аҷри
зиёд мегиред.
асалому алайкум
пешвои бузург агар чавоне фарз кардем дуздие
кунад ва гуядки кули зан бар ман харом ман
накардам у зангирифта метавонад йо не
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ
дар ин
ҳолат агар ба шарте, ки
ҳамон шахс дуздӣ
карда бошад, ва ба чунин шакл
қасам хурда бошад
қасамаш эътибор надорад ва метавонад зан
бигирад. Вале барои ин
қасамаш гунаҳкор
мешавад.
Талоқ кардани ҳамсар
барои хотири модар
Суолкунанда:
Фирдавс заробеков
Таърихи суол:
16/08/2011
Матни Суоли
13
АССАЛОМУ АЛУЙКУМ
УСТОДИ МУХТАРАМ БА ШУМО ЯК САВОЛЕ ДОРАМ ЗАНЕ КИ
20 СОЛ ПИСАРО ТАНХО КАЛОН МЕКУНАД ХОНАДОР
МЕКУНАД ДАР БАЙНИ ЧАНД МОХЕ БАЙНИ ХУШТОМАНУ
КЕЛИН НОФАХМИ ПАЙДО МЕШАД ПИСАР БОШАД ЗАНИ ХУДРО
ГИРИФТА МЕБАРОЯД МЕГУЯД ИЧО ФИТНА МЕШАВАД МО
ИЧОРА МЕНИШИНЕМ МОДАР МЕГУЯД ТО РУЗЕ БО ИН ЗАН
ХАСТИ МАРО ХАБАР НАГИР
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ,
агар ба шарте, ки зани
ҳамон шахс ягон айбу нуқсонӣ
шаръӣ
надошта бошад, масалан беҳиҷоб
набошад ва аҳли
намозу руза бошад, дар ин
ҳолат
ҷудо шудани мард аз вай шарт нест. Аммо
агар зани беҳиҷобу
бенамоз бошад, беҳтар
ин аст, ки сухани модарашро гуш дода аз он зан
ҷудо шавад. Ба
ҳар
ҳол коре кунад дили модарашро ба худаш
дубора нарм кунад. Зеро модар бар болои фарзанд
ҳаққи
хеле зиёд дорад. Дар паноҳи
Аллоҳ
бошед.
Талоқ додани зани беҳаё
Суолкунанда:
Faruh az Irkutsk
Таърихи суол:
16/08/2011
Матни Суоли
12
Assalomu alaikum
domuloi muhtaram,savili man in ast Yak barodari
nazdikam zan girift lekin duhtar pok nabaromad
va zinagii onho vairon shud,mobaini yak e du moh
judo shudand,niyati duhtar dar peshi
hamsoyahoyash kurtai safedei arusiro pushidan
budast maksad man ham kurtai safed
pushidam,gufta niyati holis nadoshtas.Dpmuloi
muhtaram dustam in niyati badi in duhtarro
fahmida zindagi nakard lekin javobi duhtarro
nadod maksad Hudovand Jalla Jaloluhu taufik
medihad va zinagii pok mekunad lekin na u boz
barohi haromi raft,dustam Alisher Javobashro
nadod va uro az hona ham sur nakard va guft man
javobatro namediham va turo nameronam az hona,
duhtar hudash baromaa raft,dustam zan girift
farzand eft,lekin sharti javob nadodani in shahs
chist ,tashakur domuloi muhataram ,dar haki mo
duo kuned tashakur
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ дусти шумо бояд дигар он занро
талоқ диҳад. Модоме, ки он зан беҳаё аст пас
бояд мард масъулияти худашро аз болои вай дур
кунад. Худованд занҳои мусалмони кишварро
тавфики бештар насиб кунад ва шуморо нигаҳбон
бошад
Agoi Eshon sawoli
man hamin ki insonho ishtiboh mekunand wa pason
pushaimon meshawem, Man xudam shaxsan 5waxt
namozam tark nest wa Quronham mexonam wa 1kori
bade kardam ki az zani xud judoshudam zanam ham
bad lawu dahon bud wa har chi ki kardam ki xuda
isloh kuna nakard wa man majbur shudam ki (talokash
diham) wa amo zanam homila bud 1moha wa felan
mexoham ki uro ba nikohi xud bugiram rohi
hallash chist iltimos barom bufahmoned, man uro
3talok guftam uram dar telefon fakat in gapa u
xudash fahmidagiai tamom.
Dar panohi Olloh
boshed.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ
хуб мешуд, ки шумо назди ягон олими ботақво
ва парҳезкор
мерафтед ва масъаларо ба он кас муфассал баён
мекардед, шояд бароятон роҳи
ҳаллашро пайдо мекарданд. Худованд шуморо
хушбахт гардонад.
Се сол пеш бо
хамсараш гапашон мегурезад ва хулоса зан аз
шавхар талаб мекунад, ки се талокаш кунад ва
агар накунад, зан хам худаш ва хам ду кудакашро
мекушад.
Шавхар аз тарс се
талок медихад. Дуяшон имруз сахт пушаймонанд.
Ба чанд мулло мурочиат карданд, рохи ошти нест
мегуянд. Ман аз ислом андак мефахмам ва гуфтам,
ки ислом хамеша осонии мусулмонро мехохад. Агар
ин ду ошти накунанд, бачахо сагира барин ва шояд
яке ба зино зам дар оянда равад. Бинобарин ман
тасаллояш додам, ки хохар, се талок мазмуни се
бор талок доданро дораду раками талок як, се ё
сад маъно надорад.
Се бор талок
додан ин маънои онро дорад, ки ду бори аввал ба
инсони хому кутохандеш огохи аст. Хазрат,
илтимос, ба ин оилаи мусулмонон мадад расонед.
ва рохашро бигуед. Ё ба наздатон раванд,
рохашро нишон медихед? Дар панохи Худованд
бошед. Чор руз пеш дар Камароб боз сенздах
нафар аскарони хукумати бо гунохи худашон кушта
шуданд. Як сарбоз ба миномёт мина гузошта
будаасту дигаре ба болои он боз минаи дигар
мондааст. Миномёт таркида, 13 нафар кушта
шуданд. Чамъ зиёда аз сад нафар аллакай кушта
шуданд.
Бо эхтиром,
Сохиб, Душанбе.
Посух
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.
Бародари азиз!
Ҷавоби ман ба ин саволи шумо инаст, ки
ҳамон зану шавҳар
ягон руз вақти
намози аср ба масҷиди
мо оянд, иншоаллоҳ
дар якҷоягӣ
роҳе
барои
ҳалли мушкилии эшон хоҳем
пайдо кард. Фақат
шарт
ҳамин, ки
ҳардуяшон биоянд ва вазъият аз забони
худашон муайян гардад. Ман гумон мекунам, ки
шояд барои
ҳифзи оилаи онҳо
роҳе
пайдо шавад.