assalamu aleykum va rahmatullohi.hojijon man
ba'di namozi bomdod duo meguyam va dar hakki
oilai shumo ham niz duoi hayr mekunam ammo ba'di
namozhoi boki tanho oyat-al-kursi-ro mehonam pas
salavot roi mekunam va bo 1 duo anjom mediham.
in amali man durust ast?yo yagon suraro ham zam
kunam va savobashro ba kasone,ki hakki duo doran
bahsham?dar hakki man duo gued.vassalamu aleykum.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Ин амали шумо дуруст аст.
Зеро дуо баъди намоз мустаҳаб аст. Инчунин агар
баъд аз намоз қироати сура накунед боке надорад.
Худованд нигаҳбонатон бошад.
Иқтидо ба имоми
ғайриҳанафӣ дар намоз
Суолкунанда:
мирзо
Таърихи суол:
19/02/2012
Матни Суоли
59
Асалому алейкум ва рахматулохи ва баракот домлои
мухтарам саволи ман ин аст, ки онхо намозро
камтар дигар мехонанд дар саф кифу пойхояшон бо
хамдигар чафс ва дар вакти хондани аттахёт
чиликашонро тоб медиханд барои хамин аз Шумо
пурсонам, ки хондани намоз бо онхо равост ха ё
не хохишмандам ба саволи ман чавоб гардонед худо
нигахбони ШУМО
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бо онҳо намоз хондан ҷоиз
аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Assalom allaikum Barodar
Turajonzoda! Man donishjui kursi 3 Donishgohi
Olmon hastam. Harakat doram inshoalloh 5 vaqt
namoz honam. SAVOL: Charo Namozi Mazhabi Tojikon
yane Abu-Hanifa az Namozi Paygambar farqe dorad?
Man hamchun Tojik, chi hel boyad namoz honam?
Agar metavonisted ba man yak dasture firistoned,
chi hel man boyad namoz honam, hele az shumo
minattdor meshudam. Tashakur! Assalomu Allaikum!
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ, Худованд
шуморо нигаҳбон бошад ва қадамҳои шуморо дар
роҳи дини муқаддаси ислом мустаҳкам бигардонад.
Тарзи намозхонии мазҳаби мо бар асоси
намозгузории Паёмбари Худо (алайҳиссалом)
мебошад. Ба унвони мисол дар ҳадисҳои саҳеҳ
омадааст Паёмбари Худо (с-с) гоҳо дасти худро
бар зери ноф гузошта намоз мехонданд ва инчунин
бар руи сина гузошта низ намоз мехонданд. Ҳамаи
мазҳабҳои аҳли суннат дар тарзи намозгузорияшон
бар тибқи фармудаҳои Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) амал мекунад. Вале насиҳати ман
ба шумо ин аст, ки шумо мувофиқи мазҳаби худамон
намоз хонед.
Мухтасари равиши намоз бар
асоси мазҳаби мо чунин аст:
Равиши
адои намоз
Такбир : Аллоҳу Акбар ( Худованд аз ҳарчиз
бузург аст)
Сано : Субҳона калло хумма ва биҳамдика ва
табара касмука ва таъоло ҷадука ва лоилоҳа
ғайрук.
( Боро Худоё Номи гиромии
ту бисёр бо баракот аст. Ва азамат ва ҷалоли ту
бисёр воло, ва ба ҷуз зоти покат ҳеҷ маъбуде
шоитсаи парастиш нест) .
Таъвиз : Аъузу биллоҳи минаш шайтонир раҷим.
(Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз шарри шайтони мардуд
ва лаъин)
Ташаҳҳуд ё аттаҳиёт : Аттаҳиёту лиллоҳи
вассалавоту ваттаййибот, ассалому алайка айюҳан
набию ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу , ассалому
алайно ва ъало ъибадиллоҳиссолиҳин , ашҳаду
аллоилаҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан
ъабдуҳу ва расулуҳ.
Тарҷума : ” Тамоми ибодати қавлӣ ва тамоми
ибодати бадани махсуси Аллоҳ анд, салом бар ту
эй Паёмбар ва раҳмат ва баракоти Аллоҳ бар ту
бод, салом бар мо ва бар бандагони неки Аллоҳ.
Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде
нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва
расули Аллоҳ аст”.
Дуруди шариф: “Аллоҳумма салли ало Муҳаммад ва
ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима
ва ало оли Иброҳима иннака ҳамидум маҷид”.
Тарҷума:“Худовандо бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад
раҳмат нозилкун ҳамон гунае, ки бар Иброҳим ва
оли Иброҳим раҳмат нозил фармуди. Ҳамоно ту
сутудашуда ва бо азамат ҳасти. Худовндо бар
Муҳаммад ва оли Муҳаммад баракт нозилкун
ҳамонгунае, ки бар Иброҳим ва бар оли Иброҳим
баракот нозил фармуди. Ҳамонотусутудашуда ва
боазамат ҳасти“.
Дуои баъд аз дуруд: Аллоҳумма инни заламту нафси
залман касиран, ва ло яғфируззунуба илло анта ,
фағфирли мағфиратам мин ъиндика варҳамни инака
антал ғафурур раҳим.
Тарҷума : Худовандо ҳамно барнафси хеш зулми
бисёр кардам шак нест , ки ба ҷуз ту дигар касе
гуноҳонро намеомурзад. Пас маро бо омурзиши хоси
худ биё мӯрз ва бар ман раҳмат намо. Ҳамоно ту
бахшанда ва меҳру бон ҳасти.
Дар намози
чаҳорракаата агар шумо фақат як ракаати охирро
дарёб кардед дар ин ҳолат баъд аз салом додани
имом аз ҷо хеста як ракаати дигар бо замми сура
хонда мешинед ва ташаҳҳуд мехонед. Сипас ду
ракаати дигарро хонда салом медиҳед. Дар паноҳи
Аллоҳ бошед.
Вақте, ки шумо
намозро хондед ва баъд аз он фаҳмидед, ки дар
гушаи масҷид ҷамоат будааст, дигар намоз
ҷамоъат
аз гардани шумо соқит аст. Шумо фақат аз савоби
ҷамоат мондед аммо иншоаллоҳ намози шумо қабул
аст. Худованд нигаҳбонатон.
B.KH.B.M. Salom Barodari islomi,suoli man in ast:
Man solhoi ziyod namozi qazoi doram,ammo hozir
bazan namoz mekhonam bazan ne,chunki felam
bisyor bad ast,khayol mekunam liboshoyam makruh
ast bisyortar azrui hamin namozro qazo
mekunam,bachai 1nim sola doram,lekin bovujudi in
bazan vaqt namozamro boliboshoi tozayi ozoda ba
jo meoram,hamon ri=uze namoz namekhonam man
khobi orom nadoram bisyor asabi meshavam
shavharam meguyad,ki vaqte namoz namekhoni
shayton dugonai ti meshavad bisyor vahshi
meashavi ba man dagalona muomila mekuni urost
meguyad,haminki namozro khondam manro shinokhta
nameshavad mehrubonu sabur va nihoyat orom
meshavam khudamro odam his mekunam ,ihro chand
solast ki medonam,Qurboni shumo shavam iltimos
ba man kumak kuned,khudo umri dodarakamro daroz
kunad,ki inro ba man u nishon dod,dodaram baroi
man hattogirya mekunad,mehuyad ki metarsam,ki
boz tu dar peshgohi KHudo munofiq naboshi khudam
niz in fikrro mekunam shumo chi megued oyo ygon
sura yo duoe nest ,ki man az in bemori khalosi
yobam mekhoham doim onro zeri zabonam khonam
chunki man dar barobari chunin asabi budanam boz
yak dili bisyor hasos doram,ki az girya bazan
peshi KHUdoi mehrabon dilamro pok mesozam,to ki
ba in dardam davo bakhsad. Gunohi digari man in
bajo naovardani satr azt harchand banda azovoni
kudakiam az hamai in chizho ogahi doram,ammo in
niz muhtavoi guftahoi bolost ,barodari aziz oyo
man munofiqam?bo kamoli ehtirom 1nafat khohari
shumo. Khudovand shumoro nigah dorad.
Посух
Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ, Худованд ба шумо оромиши қалбу
хотири ҷамъ насиб кунад.
Намоз ин рози банда бо Худост. Намоз ин робитаи
банда бо Худост. Инсон дар намоз Худои Қодиру
Алим, Ғафуру Раҳимро мадҳу ситоиш мекунад ва
баъд аз он ҳоҷат мепурсад. Ҳоҷати асосие, ки
мусалмон мепурсад, дар сураи “алҳамд” аст, ки мо
аз Худо мепурсем, ки Худовандо моро ба роҳи рост
ҳидоят кун!. Хулоса агар шумо дар намозатон бо
ҳамин ақида ва бо ҳамин дидгоҳ намоз хонед,
намоз шуморо аз роҳи бад боз медорад. Аммо агар
шумо намоз хонеду сатр надошта бошед, ин намози
шумо намози механикӣ аст ва руҳу ҷон надорад.
Худованд дар Қуръон мегуяд, ки “Намоз шахси
намозгузорро аз корҳои фаҳшо ва гуноҳ бозмедорад”.
Пас вақте, ки шумо намоз мехонеду боз бесатр
мегардед, ин маънои онро дорад, ки шумо он
намозеро, ки Худованд хостори он аст, ки анҷом
намедиҳед.
Аммо дар масъалаи
либосҳои бенамоз бошад, то қаноат пайдо накунӣ
ва яқин накунӣ, ки либосат бенамоз аст, бо ҳамон
либос намоз хонда мешавад. Либос бо шакку шубҳа
бенамоз намешавад. Шояд он васвасаи шайтонӣ
бошад. Агар рафту чунин васваса дар шумо зиёд
бошад, шумо метавонед барои намоз либоси алоҳида
бигузоред ва фақат дар вақти намозхонӣ онро
бипушед. Хоҳари исломӣ шумо худатонро маҷбур
кунед, ки ҳиҷоб ба бар кунед. Зеро ҳиҷоби исломӣ
барои занҳои мусалмон фарз аст. Бинобар ҳамин ин
амали шумо хуб намебошад. Шумо илова ба намоз
ҳар руз зикри Худоро зиёд гуед. Астағфируллоҳ,
Субҳоналлоҳ, Алҳамдуллиллоҳ ва Аллоҳу Акбарро
садҳо бор такрор кунед. Уламои ислом гуфтаанд,
ки васвасаи шайтонӣ бештар аз сабаби гуноҳони
зиёд мешавад. Бинобар ҳамин шумо дар ибтидо
кушиш кунед, ҳиҷоби исломиро риоя кунед.
Худованд шуморо дар ин роҳ муваффақ гардонад.
Тариқи салом додан дар намоз
Суолкунанда:
Мирзоев
Таърихи суол:
17/07/2011
Матни Суоли
38
Ассалому алайкум
Акай Хочи Акбар суоле дорам, дар охири намоз
вакте ки салом медихем ба харду тараф, дар вакти
салом додан чи гуфтан даркор??? бе гайр аз
ассаламу алайкум ва рахматуллох гуфтан??? Худо
умри шуморо дароз бигардонад, ва хона обод бошен!!!!
Посух
Ва алайкумус салом
ва раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ
агар шумо танҳогузор бошед баъд аз “Ассалому
алайкум ва раҳматуллоҳ” ба дилатон “валмалак”
мегуед. Аммо агар дар ҷамоат бошед ба дилатон
“валмалаку валбашар” мегуед. Ин як амали
мустаҳаб аст.
Ассалому алайкум
устоди гиромикадр. Лутфан ба саволи ман чавб
гуед. Дар вакти намози чамоат хонданамон дар
масчид телефони яке азбародарони намозгузор занг
зад як бор, дубор ва зиёда аз он, баъд аз он яке
аз бародарон аз эмоми масчид савол кард, ки оё
сохиби телефон метавонад, ки телефони худро дар
ин сурат хомуш кунад ё яке аз тугмачахояшро зер
кунад, то музоими дигарон нашавад? Имоми масчид
гуфт ман ин масаларо рафта аз устодам мепурсам,
баъдан он шахс аз ман пурсид, ки ман хам каму
беш аз шариат бохабар хастам, ман гуфтам, ки
боке надорад, агар телефонашро дар ин сурат
хомуш кунад ё акалан як тугмачаашро зер кунад,
ки сабаби халали дигарон нашавад, оё ин чавоби
ман дуруст буд?
Посух
Ва алайкумус салому
ва раҳматуллоҳ.
Бале бародари
исломӣ ҷавоби шумо дуруст аст, аммо ба шарте, ки
ҳамин амалро дар намоз як ё ду бор такрор кунад.
Локин агар рафту аз ду бор зиёд такрор кунад дар
ин ҳолат амали касир мешавад, ки дар мазҳаби мо
намозро фосид мекунад. Инчунин бояд бо як даст
анҷом диҳад на ба ду даст. Бисёр хуб мешуд, ки
намозгузорон қабл аз даромадан ба масҷид
телефонҳои худро хомуш кунанд ва ё бесадо
гузоранд. Худованд нигаҳбонатон.