WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода

Фатвоҳо дар боби муомалаҳои молӣ

 
.::Суоли Шумо::.

 
Ҳукми тиҷорат
Суолкунанда: бандаи ХУДО
Таърихи суол: 29/08/2011
Матни Суоли 23

Ассалому алайкум ХОЧИ АКБАР бо шумо суоле дорам хохиш мекунам чавоб нависед ман дар руссия бо хариду фуруш машгул хастам борхоро бо нархи арзон гирифта бо хар кучахо бурда бо болояш каме зам карда мефурушам оё ман ризки халол меёбам аз ин кори ман хонаводахомо ризку рузи меёбанд

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале ин амали шумо дуруст аст ва даромади шумо ҳалол аст. Зеро ҳамин амали шумо тиҷорат аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми фоидае, ки аз бонк гирифта мешавад
Суолкунанда: Махмуд
Таърихи суол: 23/07/2011
Матни Суоли 22

 Ассаломуъалайкум варахматуллох Савол: Падари ман аз бонк пул процент гузоштааст ман мегуям ин пул харом аст ин корро накунед падарам ней мегуяд. Ман чи кор кунам оё манам аз гурухи харромхурхо хастам. Рохи халашро бигуед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, шумо падаратонро насиҳат кунед. Агар насиҳати шуморо қабул накард, дигар шумо ба ҷуз ин кори дигареро ҳақ надоред. Он чизеро, ки шумо дар манзил мехуред шояд сад дар сад аз ҳисоби просент набудагист. Инчунин ба назар мерасад, ки худатон низ ҷавонмарде ҳастед, ки метавонед касби ризқу рузӣ намоед. Вақте, ки даромадҳо аз роҳҳои гуногун бошад ва як қисми он чуноне, ки гуфтед аз ҳисоби просенти падаратон бошад, иншоаллоҳ он ноне, ки шумо аз он хона мехуред барои шумо ҳалол аст. Аммо падаратонро насиҳат кунед, ки аз ин кори ҳаром даст кашад. Ё ин, ки  ба он кас гуед, то аз он пули ҳаром дар хона сарф накунад. Бигузор барои шахсан худаш сарф кунад.


Бонкхой кишвархои куфр
Суолкунанда:  
Таърихи суол: 23/08/2011
Матни Суоли 21

Аввлат ташакур ба муасиси ин сомона !!!!! Баъдан саломи ман ба мухтарам Хочи савол: ое протсерт дар бонкхой кищвархои куфр мисли Россия Америка ва монанди инхо бошад хукмаш чист , харом е халол идтимлс дар борай ин каме маълумот медодед.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ. 

Просент дар кадом бонке, ки набошад ҳаром аст. Аммо дар ҳолате, ки шахсе пулашро дар бонкҳо гузоштааст ва фоизи он пул зиёд шудааст, онро дар ихтиёри бонк нагузорад. Балки гирифта ба камбағалону муҳтоҷон сарф кунад. Аммо ҳаргиз барои худаш истифода набарад. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.


Ҳукми қарзе, ки соҳибаш вафот кардааст.
Суолкунанда: KIOM
Таърихи суол: 17/07/2011
Матни Суоли 20

ASALOMU ALEKUM VA RAHMATYLLOHI VA BARAKATYH AZ NOMI YK GURUH TOLIB ILMONI DAVLATI HITOY MO AZ SHUMO SUOLDOREM KI MAN AZ YK HITOI KARZ DOR BUDAM U DAR VAKTI SADAMAI NAKLIYOTI AZ DUNYO GUZASHT 4I HEL KARZI VAYRO BARGARDONEM DAR HOLATEKI MO YGON HESHU TABORI URO NAMESHINOSEM POSUHI SHUMORO INTIZOREM DAR HAKI MO TOLIB ILMON DUOI HAYR KUNED TASHAKUR

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, аввалан Худованд шуморо ба ин эҳтиёткорӣ ва тақводориятон аҷри зиёд насиб кунад. Агар воқеан касеро аз наздикони он шахс пайдо накардед, дар ин ҳолат ҳамон маблағро ба фақирону муҳтоҷон садақа кунед. Мақсад аз ин худатонро аз бори он халос кардан аст. Аммо ин, ки савоби он ба ҳамон шахс мерасад ё не ин дар дасти Аллоҳ мебошад. Зеро он шахс шояд мусалмон набошад. Муҳим ин, ки шумо ин ҳаққро аз зиммаатон соқит кунед. Худованд давлати шуморо зиёд гардонад.


Ҳукми даллоли
Суолкунанда: ШЕРАЛИ
Таърихи суол: 10/03/2011
Матни Суоли 19

АСАЛОММУ АЛЕЙКУМ БОБОИ ЭШОН ХУДО ШУМОРО НИГАХДОР БОШАД  МАН ДАР РАСИЯ КОР МЕКУНАМ АМО ЯАК ГУРУХРО БА КОРИ ОСОН МОНДАМ АМО МАСЛИХАТ КАРДЕМ  КИ ИКАДАР МИКДОРИ БАЛАНД АЗ ТУ ДИГАРАШ АЗ МАН ИЛТИМОС ПЕШВОИ МО ЧАВОБ ГУЕД ЧОИЗ ХАСТ Ё НА

Посух

Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ.

  Агар бо розигии худи ҳамон гуруҳ бошад, ҳалол аст. Масалан вақте шумо ба онҳо корро дар ивази музди муайян пешниҳод мекунед ва онҳо розӣ шуда кор мекунанд ва аз шумо напурсанд, ки шумо чи миқдор қарордод кардед, ҷоиз аст.


Ҳукми кор кардан дар бонкҳо
Суолкунанда: Хочи Эркин Махмудчонй
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 18

Ассалому алайкум хочи домло.

Яке аз дустонамдар шуъбаи кредити Агроинвестбонки ш.Хучанд кор мекунад уро хамчун (командировка) ба Агробонки ш. Душанбе фиристоданд. У накл кард,ки шуморо дар шуъбаи кредити Агробонки ш.Душанбе дидааст.У, ки шуморо эхтиром дорад ба шумо салом додааст уро шумо дуо кардеду ба он муллобаччахое ки аз шумо барои кредит гирифтан меояд ердам дихед гуфтани бошед. Дустам мегуяд,ки аз харом будани маоши бонк е нодуруст будани корманди бонк хеч харфе назаданд.

Хочи домло  накли дустам дуруст аст?Аслан корманди бонк будан ва аз ончо маош гирифтан дуруст аст е не посух медодед.Ратмати Худо бар Шумо бод.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, банда ба Агробанки Душанбе ягон вақт нарафтаам. Шояд дустатон маро дар дигар ҷо дида бошанд. Касонеро, ки дар бонк кор мекунанд ва аз онҷо маош мегиранд, маоши онҳо ҳалол аст. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.


Ҳукми пул гузоштан дар бонк ва сарфи просент
Суолкунанда: Гиёсов Хадиятулло(мухочир)
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 17

Салому дуруди бепоён бо ахли оилаи Турачон худованд хамеша шумхоро ва дигар олимони исломии дунёро ва исломи азизи моро хамеша дарпанохаш нигах дорад ва дустони инхоро шоду душманонашонро хору зор ва бо маймун мубадал гардонад(ОМИН) мон чавони 21сола хастам мухлиси ашадии Турачонхо ваХочи Мирзо хастам ман як суол дорам: Ман мехохам пулхоямро бо бан супорам яъне ба(шоди худам) нияти ман фойда гирифтан не аммо хамон хамон просент ба пули ман додагиро ман алохида гирифта бо ятимхонахо ё бо мазчит додан метавонам  ё инки аз хисоби просент просенти банкро супорам? илтимос чаоб гардонед эхтиром бо шумоён аз руссия

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Гузоштани пул дар бонк ҷоиз аст. Аммо он фоизе, ки аз пулҳои шумо дар бонк ба даст меояд, онро ба нияти халос шудан аз он ба ягон ятимхона ва ё ба муҳтоҷону камбағалон сарф кунед. Зеро он пул ҳаром ва хабис аст. Аз он пул ҳаргиз барои масҷид сарф накунед.  Аммо он фоизро дар ивази фоизе, ки аз бонк гирифтаед сарф кунед, ҷоиз аст. Локин агар аз ягон бародари мусалмони дигар бо фоиз қарз гирифта бошед, дар ин ҳолат ба шумо баргардонидани фоизи он бародар ҷоиз нест. Як чизи аз ҳама муҳим инҷо инаст, ки чаро шумо модоме, ки худатон пул доштед аз бонк бо фоиз қарз гирифтед. Агар масъала чунин бошад, шумо гунаҳкори бузург шудаед ва агар аҳли тақво ва худотарс бошед, зуд худатонро аз палидии он қарзи бо фоиз аз банкгирифта халос кунед. Вагарна гирифтори азоби Худо худро мешавед. Зеро борҳо такрор кардаем, ки модоме, ки зарурати ҷиддӣ ҳаст аз бонк ба қадри зарурат гирифтани қарзи бофоиз ҷоиз аст. Аммо дар ҳолати шумо  зикркарда шумо аз бонк қарз гирифтаед ва боз худатон дар суратҳисобатон пул доред. Бародари исломӣ, масъала рибо ё просент хеле масъалаи хатарнок аст.


Ҳукми даллоли 
Суолкунанда: Эмоми шахри Запорожье..Абдулмачид
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 16

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракатух. Мухтарам бобои эшони Нуринддинчон. Аз бародарони исломии шахре, ки мо зиндагони мекунем суол ва масъалат шудааст. Ман фикру акидаи онхоро бар Шумо мерасонам ва дар хали масъалаашон шояд Шумо ёрирасон мешавенд. Посух ва масъалаташон чунин аст. Бародарон хамчун далол дар байни ду корхона (завод) бар шумор мераванд, яъне аз як корхона молро гирифта бар корхони дигар месупоранд. Моле, ки гирифта ва супорида мешавад аз чисми моеъ иборат аст. Аксариати ин чисми моеро май(алкогол ё спирт ) ташкил медихад. Хамчунин ин махлул барои покиза ва назиф гардонидани узвхои корхона (завод) истифода мешавад. Бародарон хохиш кардаанд, ки аз руи конуни Ислом ва аз руи хадисхои расули акрам ин гуна кор ва фаъолият дуруст аст?  Бароятон бурдбориро дар рохи даъвати Ислом хохонам. Чавоби ин посухро аз Шумо интизорам. Худо Хофиз 

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ ин шуѓли онҳо ҳеҷ боке надорад ва ҷоиз аст. Хусусан дар Русия чунин тиҷорат дуруст аст.


Ҳукми қарз аз бонкҳо
Суолкунанда: муслим
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 15

Ассалому алейкум  ва рахматуллохи  ва баракоту!як савол дорам ман, дар руссия тичорат мекунам аммо баъди кризис хеле зарар  шуд мехохам аз бонкхои точикистон пул гирам фоизкати  аз назари ислом хамин чихел дида мешавад?Худованд нигохдоратон бошад!

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Модоме, ки зарурат доред ва қарздор шудед ва ҳеч роҳи дигаре нест, ки шумо барои ба роҳ андохтани тиҷорататон  қарз гиред, дуруст аст. Зеро бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва тоҷирон дигар роҳе надоранд. 


Ҳукми фуруши картаҳои рамздор
Суолкунанда: محمد سعيد
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 14

Ассалому ъалайкум устоди азиз!. Чавоби сахехро интизорам.

Дар дуконхо картахои рамздор фурухта мешавад, ки баъди ба кор даровардани онхо маблаги дар он мавчудбуда дохили телефони мобили мешавад. Яъне, агар 10 сомон бошад, 10 сомон мегузарад. Пас мо муштарихо бо маблаги зиедтар, 10,5 е 11сомони онро харидори менамоем. Он картахоро дукондорон аз марказхои ин ширкатхои мобили харида оварда бар фоидаи муайяне мефурушанд. Баъзехо ин фоидаи муайянро ба рибо нисбат медиханд ва баъзехо онро тичорат унвон мекунанд. Мехостам оиди  ин масъала равшани меандохтед

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ, дар ин масъала ҳечгуна рибо нест, балки тиҷорат аст. Савдогар дар ҳолати фурухтани кортҳои телефон ҳақи хидматрасонии худро мегирад, на фоиз.


Ҳукми қарз додан
Суолкунанда: Мирали
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 13

Савол:    Шахсе, ки аз ман карз гирифтааст барои гузаронидани ягон маърака маро хам низ ба он маърака даъват кард, ое хурдани чизе аз он хона барои ман мумкин хаст яъне гуфтаниям, ки барои ман рибо хисоб намехурад. Хол он, ки эмоми Азам дар соя девори карздораш на истод рибо хисоб нахурад гуфта.

Посух

Ва  алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бародари исломӣ,  шумо ба хонаи он шахси аз шумо қарздор буда равед ва аз таъоми маъракаи вай тановул кунед, ҳеч боке надорад ва ин рибо намешавад. Чунки вай маъракаи ом аст, даъвати ом аст ва фақат ба хотири шумо нест. Аммо ин, ки ҳазрати имоми Аъзам дар зери сояи девори қарздораш нанишастанд, ин дараҷаи олии тақво аст ва махсуси авлиёи Худо аст. Барои мову шумо аз назари шаръ ҳеч боке надорад.


Ҳукми даромади пул аз бонкҳо
Суолкунанда: Farrukhsho az Amriko
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 12

Ba nomi Khudovandi akhshandai mehrubon.

Savol: Pule ki az bonk tavasuti foiz ba dast meoyad, halol ast yo harom?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Он пулҳое, ки ба бонк гузошта мешавад ва аз он фоиз ба даст оварда мешавад, ҳамон фоиз қатъиян ҳаром аст. Зеро он рибо аст.  Аммо агар рафту шумо қаблан  намедонистед ва дар бонк пул доштед, пешниҳоди ман ба шумо дар ин сурат чунин аст, ки фоизи онро  ба бонк нагузоред. Балки онро гирифта ба муҳтоҷону камбағалон тақсим карда диҳед ва аз ин кор умеди савоб накунед. Аммо ҳаргиз ба эҳтиёҷоти худатон истифода набаред. Зеро он мабғал ҳаром аст.


Ҳукми кор кардан дар дукони ҳасиб
Суолкунанда: фируз  аз  москва
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 11

Ассалому  алейкум  бобои  эшон  бо ин  саволи   ман  чавоб гуед          дар бозор  дар дукони хасиб кор дорам корам грузчик  ва хизмат расонидан ба харидорхо  дар ончо хама аз гушти хук ое дар ончо  кор кунем  ое маоши он барои мо халол аст  ва  ба намохои мо зараре дорад илтимос чавоб гуед Худованди бузург шумора  нигах дорад.

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Модоме, ки шумо дар Руссия кор мекунед ва он маҳсулоти ҳаромро умдатан мардуми ғайри мусалмон истеъмол мекунанд, маоши шумо ҳалол аст.  Дар паноҳи Худо бошед.


Ҳукми фуруши сигор
Суолкунанда: сайд
Таърихи суол: 08/02/2011
Матни Суоли 10

асалом алайкум устоди азиз ва меҳрубон илтимос ба ман ҷавоб гардонед сигарет фурухтан дар россия харом аст танҳо сигарет

 худо нигаҳбонатон бошад

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Фурухтани сигарет ҳаром нест. Зеро худи сигарет дар мазҳаби мо макруҳ аст ва инчунин фурухтанаш кароҳият дорад, на ҳаром.


Ҳукми кор кардан бо занҳо
Суолкунанда: Бобочон
Таърихи суол: 26/12/2010
Матни Суоли 09

Ассалому алейкум ва рахматулохи баракотух

 Ман дар як корхонае кор мекунам, хамкоронам хамаш занхоянд.Оё дар байни онхо нишаста кор кардан дуруст аст ё не?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале дуруст аст, агар ба шарте, ки риояи меъёрҳои исломиро баҷо оред. Бо чашми бад бо онҳо нигоҳ накунед. Суҳбатҳои маҳрамона дар танҳои бо ҳеҷ кадоме аз онҳо анҷом надиҳед. Агарчи онҳо риояи ҳиҷоби исломиро накунандҳам, шумо ҳақ доред дар онҷо кор кунед ба шарте, ки худатон аз худатон дилатон пур бошад, ки ба гуноҳ намеафтед. Худованд нигаҳбонатон.


Ҳукми фуруши ашёе, ки аз пусти хук
Суолкунанда: Ансори
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 08

Асалому алайкум Эшонбобо суоли ман чунин аст. Фуруш ва пушидани пойафзоли аз пусти хук аз назари шариат ислом чи хукм дорад?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Ҳарчизе, ки аз пусти хук аст ҳаром аст. Фуруш ва пушидани он низ ҳаром аст.


Ҳукми кор кардан дар ибодатхонаи масеҳи
Суолкунанда: окилчон
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 07

ассалому алейкум.устод.илтимос ба саволи ман човоб дихед.ман дар россия кор  мекунам аз чои кори маро ба церков ба кор гусел кардан(ман дар сохтумон кор мекунам) кор кардани ман чоиз аст?

Посух

Ва алайкумус салом ва раҳматуллоҳ.

Бале бародари исломӣ кор кардани шумо ҷоиз аст ва маоши аз кор ба дастовардаатон низ ҳалол аст. Ҳеч ҷои шубҳае надорад. Ба шумо муваффақиёт мехоҳам.


Ҳукми хариди  гушт аз ибодатхонаи масеҳи
Суолкунанда: Rahmatullo
Таърихи суол: 01/11/2010
Матни Суоли 06

Асалому алейкум ва рахматулохи ва баракотух!Aз шахри Москва...Московская област.Харида хурдани гушт аз Церковь барои Мусулмон зарур аст е ки нодуруст?Дар наздикихои мо Масчид надорад ва гушти халол намефурушад.Чи бояд кард истиъмоли гушти Церковь холол аст е ки харом борои Мусулмон. Дар хакки мо ва хаммаи мусофирон ки дар мусофират хастанд дуъо мекардед хамма сихату саломат бар ватан баргарданд ва  Ватанамон Тачикистони азизро бо дину дуньёви обод гардонанд! Худованд нигохдоратон бошад.........

Посух

Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ.

Истеъмоли гуште, ки дар ибодатхонаҳои насрониҳо фурухта мешавад, аз он сабаб ҷоиз нест, ки дар он ҷо гушти хук низ мефурушанд. Мо наметавонем мутмаиннан бигуем, ки дар онҷо гушти гов ё гусфанд фурухта мешавад. Ҳатман гушти хук низ онҷо мефурушанд. Аз ин сабаб харидани гушт аз чунин ҷойҳо барои мусалмон иҷозат нест. Аммо агар шумо боварии комил дошта бошед ва яқинан донед, ки гушти гов  низ мефурушанд ва гушти гов аз гушти хуг дар алоҳидагӣ нигоҳдорӣ ва фурухта мешавад, дар ин ҳолат боке надорад аз он гушт бихаред.


Ҳукми қарз барои пешбурди корхона
Суолкунанда: Парвиз. Душанбе
Таърихи суол: 07/07/2010
Матни Суоли 05

Ассалому алайкум устоди азиз! Ба саволи ман чавоби мушаххас дихед.

 Шахсе корхонаи истехсоли дорад ва барои пешбурди он маблаги кофи надорад ва барои пешбурди кор ба дигар шахсе мурочиат карда мегуяд, ки барои пешравии кор маблаги кофи мехохам, ба он шарт ки аз махсулоти худ барои ту аз чор як хиссаашро арзон мекунам. Тарафайн рози мешаванд ва шартнома мебанданд. (яъне, сохиби мол ба сохиби кор 25 000 сомони пул медихад ва дар ивази он пул махсулоти истехсолнашударо харидори мекунад, ки дар холати фуруши махсулот маблаг ба 40000сомони мерасад. Шартнома солона аст. Яъне, хамин маблаг дар давоми сол дода мешавад. Холате мешавад, ки сохиби кор ба сохиби мол махсулоти истехсолшударо медихад ва холате мешавад, ки махсулотро фурухта маблаги онро пардохт менамояд).Оё ин тарзи хамкори аз нигохи шариат дуруст аст ё не?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Ҳолате ки шумо зикр кардед ба гумони ман ҷоиз аст.  Аммо бародари гироми агар дар Душанбе ва атрофи он зиндаги мекардабошед  ягон руз дар вақти намози аср ба масҷидимо биёед то аз наздик дарин масала ҷавоби комил диҳам.


Ҳукми гузоштани маблағ дар бонкҳо
Суолкунанда: Фирдавс аз Конибодом
Таърихи суол: 07/07/2010
Матни Суоли 04

Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотух домуллои гироми.

 Ба Шумо як савол дорам,  Ман ба бонк пул гузошта будам ба депозит,вакте имон дар дили ман асар кард, ман он процентро гирифта ба камбагалон таксим намудам, ва аз кори худ пушаймон шуда тавба намудам, айни хол ман дар Бонк хисоби пасандози кушода камтар маблаг гузоштам, барои чам намудани маблаг, (яъне бе процент пулро барои нигохдори ва зиёд намудан), аз сабаби он ки хонаи мо дар як кунчи сахро вокеъ гардида, нигохдории пул хатар дорад, ман ба ин кор даст задам, аз Шумо пурсидани хастам, ки ин кори ман аз руи шариати исломи дуруст аст ё не?

 Агар бонк ин пули маро барои додани карз ва ба даст овардани процент истифода барад, ман низ гунахкор мешавам?  Илтимос ба ман дар ин масъала маслихат дихед...

 Дар панохи Худо бошед ва манро низ дуо кунед. 

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Гузоштани мол дар бонк ба хотири ҳифозату нигаҳдори зиёне надорад. Аммо фоизе, ки натиҷаи нигаҳдоштани пул дар бонк ҳосил мешавад гирифта ба худ сарфкарданаш ҳаром аст, локин шумо гиреду ба фақирону муҳтоҷон диҳед ва умеди савоб накунед.


Ҳукми нигоҳ доштани пул дар бонк ва истифоди прасенти он
Суолкунанда: Муслимчон
Таърихи суол: 07/07/2010
Матни Суоли 03

Салому алейкум устоди азиз! Инсон агар пул дошта бошад ва ягон каси бовари нок надошта бошад ки дихад ё ягон касе набошад ки музориба дихад метавонад дар банкахо монад. Агар инконият бошад дар бораи акидаи тахови кутохам бошад равшани медодед.Ташакур.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ 

Гузоштани мол дар бонк ба хотири ҳифозату нигаҳдори зиёне надорад. Аммо фоизе, ки натиҷаи нигаҳдоштани пул дар бонк ҳосил мешавад гирифта ба худ сарф карданаш ҳаром аст, локин шумо гиреду ба фақирону муҳтоҷон диҳед ва умеди савоб накунед.

Ақидаи таҳови бисёр китоби хуб ва фоиданок аст мувофиқи мазҳаби аҳли суннат ва ҷаммоъат аст.

Муалиф “ Имом Абиҷаъфар аттаҳови “ яке аз уламои изом ва муҳаддис ва фақиҳи бузург буданд (раҳимаҳуллоҳ) соли тавалудашон 239 ҳиҷри. Ин китоб шарҳои зиёд дорад машҳураш ин шарҳи “Абилъиззи ҳанафи “ ки он “ Шарҳи ақидат таҳовияҳ” аст.


Ҳукми маблағ гирифтан аз бонкҳо
Суолкунанда: Мухаммадсаид
Таърихи суол: 16/06/2010
Матни Суоли 02

Ассалому алайкум устоди азиз! Худованд нигахбони Шумо бошад. Ба ин саволхои ман чавоб дихед

 1)Оё дар шароити имруза аз бонкхои рибави маблаг гирифта тичорат кардан дуруст аст ё не? Ин дар сурате аст, ки касе ба шумо карзи хасана намедихад.

 2) Шахсе маблаги зиёд дорад ва мехохад, ки онхоро дар бонкхое,ки имруз дар кишвари мо фаолият доранд ва хамчун бонки рибави маъруфанд,  хамчун пасандоз гузорад ва ба эчодкори ё дигар машгулиятхо банд шуда аз фоидаи пули дар бонк гузоштааш имрори маош кунад.Оё ин амалаш шаръан дар замони мо дуруст аст ё не?

 имрузхо баъзе муллохо бар дурустии ин амалхо фатво медиханд. Ман мехохам,ки назари Шуморо оиди ин масоил бифахмам, чунки банда яке аз мухлисон ва дустони ашаддии Шумо мебошам.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ

Бародари гиромӣ агар алтернатив набошад метавонед аз бонкҳои рибави қарз гиред.

Гузоштани маблағ дар бонкҳои рибавӣ ба хотири ҳифозати он бошад, зарар надорад. Аммо ба хотири дарёфт намудани фоиз (фоида) бошад ҷоиз нест. Ва фоидае, ки аз он мегирад барои истифодаи худ ва аҳли оилааш ҳаром аст. Бояд он фоизеро, ки аз бонк мегиред ба камбағалҳо , ятимҳо ва муҳтоҷон ва ғайра бидиҳад ва аз он умеди савоб бояд накунад, зеро савоб аз садақаи моли ҳалол ҳосил мегардад на аз моли ҳаром.


Ҳукми кор кардан дар ҳукумат
Суолкунанда: saidjon
Таърихи суол: 08/06/2010
Матни Суоли 01

salom boboi eshon oyo dar davlat kor kardan bo hamin rohoeki holo mavjud ast drust ast?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Бале, дуруст аст.


 
 
 
 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com