asalomualekum
va rahmatullohi va barakatu ustozi muhtaram ,XUDOVAN
AZ SHUMO ROZI BOD .RABUNA YHFAZKUM VA
YKRIMUKUM.SAVOLI MAN .KOSHA RANG KARDAN MISLI
CHINDAGI ZARD MEKINI KOSHOE ZIETATI NAMETOBAN .BAZEHO
MEGAN HAROMAE . INTIZORI JAVOBI SHUMO
JAZAKALLOHUKHAERAN DOMULOI MUHTARAM . DARHAKI MO
DUOKUNED
Посух
Ва алайкумус салому ва
раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ модоме, ки
қошро начинад ранг кардани он боке надорад.
Фақат чиданаш гуноҳ аст. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Он шахс барои дуруѓи
гуфтааш гунаҳкор шудааст. Эҳтиёҷ надорад, ки бо
роҳи дуруѓ мардумро ташвиқ ба ислом кард. Аввал
бояд аз роҳи насиҳату фаҳмондани шариат даъват
кард. Сипас бояд ваъидҳои илоҳиро нисбат ба
беҳиҷобӣ баён кард.
Ҳукми зани хиёнаткор ва
пушаймонии у
Суолкунанда:
Sitora
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
08
Agar zan ba shavhari hud
hiyonat kunad va boz zindagiyashro davom dihad
va farzand ba dunyo orad farzandash halolist yo
ki haromi.In zan az gunohi hud pushaimon ast va
5 vakt namoz mehonad .oyo gunohash bahshida
meshavad yo ne?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Ба шарте, ки воқеан ҳамон
зан аз гуноҳаш пушаймон шуда бошад ва қасд кунад,
ки дигар ҳаргиз ба гуноҳ бознамегардад,
иншоаллоҳ умед аст, ки Худованд гуноҳи он занро
бигузарад. Аммо фарзанди он зан аз шавҳараш
ҳисоб мешавад ва тибқи шаръ ҳалолӣ аст.
Ҳукми зани намозхону
беҳиҷоб ва дашноми шавҳар
Суолкунанда:
Mahmud
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
07
Eshoni muhtaram man az
shumo chand savol doram
1)Agar zan 5 vakt namoz
honad vale hijob napushad ravost?
2) Zan shavharro az dahon
va padar hakorat kunad talok meshavad ?
3)Agar zan dar nikohi 1
mard boshad va bo digar mard hamhoba shavad
nikohash bo shavharash harom meshavad?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Барои панҷ вақт намоз
хонданаш фарзи Худо аз гарданаш соқит мешавад,
аммо барои беҳиҷобӣ назди Худо ҷавоб хоҳад гуфт.
Аммо агар ҳиҷобро инкор кунад ва гуяд, ки ҳиҷоб
фарз нест, дар ин ҳолат намозу рузааш беҳуда аст
ва у аз ислом берун шудааст.
2) Не, талоқ намешавад.
Аммо гунаҳкори бузург мешавад. Баъзе аз олимони
ислом дар ин замина гуфтаанд, ки дар даҳон
ҳақорат кардан агар ба шарте, ки гуяндаи он ин
амалашро ҳалол донад кофир мешавад. Зеро даҳон
ҷоест, ки бо он номи Худоро мегиранд ва ояҳои
Қуръонро мехонанд.
3) Агар ҳамон зан зиноро
ҳалол донад, дар ин ҳолат никоҳаш бо шавҳараш
бекор мешавад. Зеро вай дигар мусалмон нест.
Аммо агар ҳалол надонад он зан гунаҳкор аст ва
ҳукми вай фосиқ аст, вале никоҳаш бо шавҳараш
ботил намешавад.
Ҳукми шавҳари арақхуру
харомхур
Суолкунанда:
Рухшона
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
06
Ассалому алайкум. Ман
интернет ва китобхо маколахои зиёд доир ба ислом,
муносибати зан бо шавхар, мавкеи зан дар ислом
ва г. хондам.
Ман сохиби 2 фарзанд.
Шавхарамро хеле дуст медорам. Шавхари ман инсони
хуб аст. Лекин шароб менушад, хурокихое ки гушти
хук дорад мехурад. Намоз намехонад. Бо сатрпушии
занон зид аст. Лекин у худро мусалмон хисоб
мекунад. У мегуяд ки ба худо бовар дораду дилаш
соф аст. Вакте ки ман бо у дар масъалаи ислом
сухбат мекунем, окибати бо гапхои пасту баланд
тамом мешавад. У мегуяд ки гури ман алохидаю
гури ту алохида ба ман кордор нашав, ту ки шуди,
ки маро тарбия мекуни. Рузхое ки у хушёр аст,
ман бо у муносибати хуб мекунам. Лекин хамин ки
шароб нушид, ман ба у гапхои пасту баланд
мезанам, ки наз руи ислом мумкин нест. Ман ба
наздики намозхониро сар кардам, лекин либосхои
аврупои пушида мепушам. Худованд маро мебахшида
бошад? Чи кор кунам ки акидаи шавхарам дигар
шавад? Ман мехохам аз руи коидаи мусулмони
зиндаги кунам. Бо шавхарам чудо шудан намехохам.
Ман ва фарзандонам уро дуст медорем. Чи маслихат
медихед?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Хоҳари исломӣ, шумо баён
кардед, ки шавҳаратон инсони хуб аст ва худро
мусалмон меҳисобад. Одами мусалмон ва инсони хуб
шароб наменушад, гушти хук намехурад ва бенамоз
нест. Вақте, ки бо сатрпушӣ зид аст, ин ба
маънои ошкоро бо Худо дар ҳолати ҷанг будан аст.
Чигуна чунин шахс инсони хуб ва мусалмон
мешудааст? Мусалмонии чунин шахс дар гумон аст.
Мусалмонӣ танҳо ба забон нест. Зеро маъноҳои
оятҳои Қуръон ба мо меомузад,ки имони беамал
имон нест.