WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода

Фатвоҳо дар боби ҳаҷ

 
.::Суоли Шумо::.

 
      Аҳкоми ҳаҷ
Суолкунанда: umar
Таърихи суол: 27/07/2010
Матни Суоли 02

Ассалому  алайкум  бародари  ахли  ислом  суоле  доштам. Дар  хач  кардан  чанд    фарз ва   чанд вочиб ва чанд суннат хаст.  Устоди  азиз   мукамал  чавоб дихед. Худованд нигахбонатон    бошад...

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ

Тибқи мазҳаби мо дар Ҳаҷ  3 фарз, 10 воҷиб ва 7 суннат вуҷуд дорад.

1) фарзҳои Ҳаҷ: 1.Эҳром  2.Вуқуф дар Арафот  3. Тавофи зиёрат

2) Ваҷиботи Ҳаҷ 1. Вуқуф дар муздалифаҳ.  2. Саъй байни Сафо ва Марва.  3. Рамйи ҷимор.   4. Тавофи садр (видоъ), барои шахси аз хориҷи Макка.  5. Муи сарро тарошидан ё кутоҳ кардан.   6. Шиштан дар арафот то ғуруби офтоб  7. Забҳ кардан барои мутаматтиъ ва қорин.   8. Тартиб ба ин гуна: барои муфрад аввал рамй дуввум ҳалқ, барои матаматтиъ ва қорин аввад рамй баъд забҳ саввум  ҳалқ.  9. Адокардани тавофи зиёрат дар рузе аз рузҳои наҳр. 10. Тарошидани муи сар ё кутоҳ кардани он дар замини ҳарам ва дар рузе аз рузҳои наҳр (қурбонӣ).

3) Суннатҳои ҳаҷ 1. Тавофи қудум барои шахси муфриде, ки  берун аз ҳарам омадааст , ва барои қорин. 2. Ба суръат роҳ рафтан ва китфи ростро урён кардан дар тавофе, ки баъдаш нияти саъй кардан дошта бошӣ. 3. Рафтан ба Мино рузи тарвия ва шаб дар онҷо хобидан. 4 Ба роҳ баромадан аз Мино ба суи Арафот баъд аз баромадани  офтоб. 5. Шаб хобидан  дар Муздалифа то баромадани офтоб. 6. Ғусл кардан дар Арафот. 7. Хобидан дар Мино шабҳои наҳр.    


Лафзи Ҳоҷи ба ки муносиб аст
Суолкунанда: Мирзо аз Хучанд
Таърихи суол: 27/07/2010
Матни Суоли 01

Мухтарам Козидомулло! Мехостам аз Шумо  ба як саволам чавоб гирам. Як чураи мо хамрохи модари худ хач карда буд ва мо уро бо ифтихор Хочи ном мебарем. Лекин вай харчанд дар тамоми умраш ягон бор нушобахои спиртиро нахурда бошад хам дар чамоа намоз намехонад. Азбаски бисёр бузургчусса аст ба фикрам барои нишасту хез азоб мекашад ва шарм медорад. Лекин барои гузаронидани зиндаги як тарафи хавлияшро, ки ба тарафи кучаи калон мебошад, кафе-бар ташкил намуда дар он чо нушокихои спирти мефурушад. Чураи дигаромон, ки худаш ахли такво мебошад мегуяд, ки хачи вай кабул нест аз барои он, ки вай намоз намехонад инчунин нушокихои спирти мефурушад ва  уро Хочи нагуфта худи номашро гиред. Ман аз Шумо хаминро пурсиданиам, ки оё гапи он рафики мо рост аст, мо уро Хочи ном набарем?

Посух

Бародари исломӣ Мирзо;  нахондани намоз ё нарафтани масҷид бо кадом баҳонае, ки набошад гуноҳи кабира аст чунин шахсро дар ислом фосиқ мегуянд. Боз ба болои ин дусти шумо фуруши нушокиҳои масткунандаро ба роҳ монда аст, ки низ гуноҳи кабира аст, агар чанде худаш нанушад ҳам аммо фуруши нушокиҳои ҳаром ба бародарони мусалмони худ гуноҳи кабира аст. Бинобар ин ба гумони ман ин дусти шумо як инсони фосиқ ва гунаҳгор аст ва изофа кардани лафзи ҳоҷӣ бар у ҷоиз нест. Садқаи  унвони ҳоҷӣ шавад.   


 
 
 
         

 * * *

 
         

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com