.:: WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд... ::.
Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода
Фатвоҳо дар боби ақида
Ҳукми намозхондан аз
пушти шиа
Суолкунанда:
али
Таърихи суол:
08 /11 /2011
Матни Суоли
11
аз кафои шиа намоз хондан
дуруст аст,.. . ...
Посух
Агар шахсе бошад, ки қоил
ба такфири саҳоба хоссатан уммулмуъминин Оишаи
Сиддиқа бошад ва онҳоро лаънат кунад ва мисли ин
барин эътиқод дошта бошад, аз пушти чунин шахс
намоз хондан ҷоиз нест.
Маънои дурудҳои баъди
ташаҳҳуд
Суолкунанда:
Ориф
Таърихи суол:
29/08/2011
Матни Суоли
10
Ассалому алайкум устоди
гироми! Мухлиси Шумоям ба посухи дигарон эътимод
надорам! Надорам эътқоде як сари мӯй, Ҷавоби
зоҳиди нодон шунидан. Ҷавоби орифи доно қабул
аст, Ки гавҳар аз садаф бояд харидан. Суол:
Устоди гироми баъди хондани Аттаҳиёт дар намоз
мо дар дурудҳо барои Ҳазрати Муҳҳаммад(с)аз
Худованд раҳмату баракат чунон ки ба Хазрати
Иброҳим(а)ато намудааст илтиҷо мекунем.Оё ин
маънои онро надорад ки мақоми ҳазрати Иброҳим
(а) дар назди Парвардигор аз мақоми Ҳазрати
Муҳаммад (С) бартар аст, ҳол он дар китобу
ривоятҳо мо хилофи инро мехонем ва
мешунавем.Агар мақоми Расули акрам дар назди
Оллҳ таъоло аз ҳама бартар бошад, дар ин маврид
хондани ин дурудҳо дуруст аст?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари исломӣ дурудҳое,
ки дар намоз дар вақти қаъда баъд аз ташаҳҳуд
хонда мешавад ҳеҷгуна баёнгари баланд будани
мартабаи Иброҳим аз Муҳаммад (аҳайҳимассалом)
нест. Зеро мафҳуми он чунин аст, ки (Эй
Парвардигори мо чуноне, ки бар Иброҳим
(алайҳиссалом) салавот фиристодӣ бар Муҳаммад
(алайҳиссалом) низ салавот бифирист). Ин
дурудҳоро худи Паёмбар (алайҳиссалом) дар намоз
мехонданд ва мо низ вазифадорем он чуноне, ки он
Ҳазрат карданд, бикунем. Дар паноҳи Аллоҳ бошед.
Кудакони ноболиғ
Суолкунанда:
зайналобудин
Таърихи суол:
16/08/2011
Матни Суоли
09
асалому алайкум пешвои
бузург ман як мухлиси шумо аз нохияи рашт
к.дуоба илтимос ба саволи ман чавоб гардонед .тифлаконеки
аз кофар тавлуд мешаванд ба балогат норасида
аздунйо мегузаранд ба чанат медароянд масалан
урусхо.дар панохи худованди мехрубон бошед.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Дар ин масъала байни уламо
ихтилоф аст. Худи имом Аъзам дар ин масъала
таваққуф намуда чизе нагуфтааст. Аммо баъзе
уламо гуфтаанд, ки кудакони ба балоғат нарасидаи
аз дунё рафта агарчи аз падару модари кофир
бошанд дохили ҷаннат мешаванд. Эшон ҳадиси
Паёмбарро (алайҳиссалом) далел кардаанд, ки Эшон
фармудааст: “Ҳар навзоде бар фитрати ислом
таваллуд мешавад. Сипас падау модари вай уро ё
яҳудӣ ва ё насронӣ ва ё маҷусӣ мегардонанд”. Ин
идда уламо ин ҳадисро истидлол карда мегуянд, ки
тифл вақте, ки таваллуд мешавад бар фитрати
ислом аст. Рафту агар дар кудакӣ қабл аз балоғат
бимирад аз аҳли ҷаннат хоҳад буд. Валлоҳу аълам.
Оё кофиру муслмон шудан
амри тақдир аст?
Суолкунанда:
Файзулло
Таърихи суол:
17/07/2011
Матни Суоли
08
C алом
бобои эшон ба шумо чанд суоле дорам.Суоли 1;Оё
кофиру мусалмон шудан амри такдир аст ё ихтиёри?
2; Вакти даромадани намози шом дар мазхаби мо чи
гуна аст?
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
1) Кофир ё мусалмон
шудани шахс дар ихтиёри худи уст. Аммо ин кофир
ё мусалмон шудани вай дар назди Худованд дар
Лавҳулмаҳфуз аз азал сабт шудааст. Яъне Худованд
ба илми азалии худ медонист, ки ҳамин шахс ба
ихтиёри худаш кофир ё мусалмон мешавад. Худованд
дар пеши руи инсон ихтиёр додааст. Инсон ба
ихтиёри худаш ин ё онро интихоб мекунад. Зеро
Худованд паёмбаронро фиристодааст ва инчунин
китобҳои худро ҳамчун дастуруламал фиристодаат
ва ба болои ин ба инсон ақл додааст.
2) Вақти намози шом аз
паноҳ шудани қурси офтод дар тарафи мағриб шуруъ
мешавад.
Ҳукми хондани Инҷил
Суолкунанда:
МУРОДУЛЛО КУСТАНАЙ РК
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
07
ХОНДАНИ БЕБЛИ ГУНОХ АСТ
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Агар мақсад аз хондани
Библия донистан ва ё истифодаи он барои рад бар
аҳли масеҳӣ бошад ҳеч гуноҳ нест.
Ки намозҳоро ба ракаъот
тақсим кард?
Суолкунанда:
Мухаммад
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
06
Асалому алекум
Бобои эшон оё дар бораи
намозхои панчвакта 2 ракат ва 4 ракат будан ё ин
ки намозхоро чунон таксим кардан ки гуё намози
бомдод барои хазрати Одам нозил шуд пешин ба
дигар Пайгамбар ва дигар намозхо ба дигар
Пайгамбарон ягон вокеъият дорад?Максад аз инчо
чанд ракат буданаш далел лозим ва 5 вакт бо
ракатхои таъкид шуда сабаби ракатхояш далел
лозим аст.
ассалому алекум ва
рахматуллох
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Не, ин гуфтаҳо ҳеч воқеият
надоранд. Балки ин намозҳоро ҳазрати Ҷабраил
омада ба Паёмбари Худо (алайҳиссалом )
омузонданд. Аммо намоз чаро 5 вақт фарз гардид
ва чаро бомдод 2 ракаат фарзу пешин 4 ракаат ва….
ҳамаи инҳо далел намехоҳад. Зеро инҳо амри
Худованд аст ва Паёмбари Худо моро амр кардааст,
ки «Чигунае, ки ман намоз мехонам, шумо низ
ҳамонгуна намоз бихонед». Ҳеч далеле барои инҳо
на дар Қуръон ва на дар ҳадис ва китобҳои
муътабари ислом наомадааст. Балки ин амри Худо
аст. Аммо дар баъзе китобҳо чунин хабарҳо
омадааст, вале ҳамаи онҳо исроилиёт яъне
хурофоту суханҳои бофташуда аз ҷониби яҳудиён
ривоят шудаанд.
Ҳукми хоки мазор ба
нияти даво
Суолкунанда:
Сайед
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
05
Салом бобои эшон мо
жавонҳо шуморо бисёр дуст медорем.Устод ман як
суоле дорам оё аз хоки мазор ба нияти давову
лекин шифоро аз худо донистан мумкин аст.илтимос
жавоб диҳед.ДАР АМони Худо бошед.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Шифоро ҳамеша бояд аз Худо
талаб кард. Аммо даво ва табобатро бояд табиб
бигуяд. Хоки мазор ҳечгуна давоӣ ва дору нест.
Шумо ин корро накунед. Зеро дар чунин амал
шубҳаи ширки ба Худо аст. Аммо агар бемориятон
озах бошад шумо метавонед ҳар навъ хокро ба он
молед иншоаллоҳ хуб мешавад ва шарт нест, ки ба
мазор рафта хоки мазор ба он гузоред. Локин
дигар бемориҳоро беҳтараш ин,ки назди духтур ё
табиб равед.
Ҳукми сеҳру ҷоду
Суолкунанда:
Як мухлиси шумо
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
04
Асалому алайкум ва
рахматуллохи ва баракотух. Бобои эшон оё
сехручодуро бо сехр гардонидан гунох аст зеро
дар баьзе вактхо бо дамхонии муллохо (ба мисли
оби дам, кайтарма раднома ...)дур намешавад.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Сеҳру ҷодуро бо сеҳр аз
байн бурдан ҳаром аст. Бинобар ҳамин онро бо
руқя ва дуоҳои маснуна аз Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) дур кардан мумкин аст. Фақат
муллои зурашро ёфтан даркор.
Ризоги Худо дар
гуноҳкардан нест
Суолкунанда:
Одил
Таърихи суол:
08/02/2011
Матни Суоли
03
ассалому алекум ва
рахматуллох
Бобои эшон аз Шумо хохиш
дорам ба ин масъалаи мо рушани адохта бо
далелхо фахмонед то дили бародарони мо аз
шаку шубхао ором ёбад.
Чунин суханон аст, ки
хатто бе ризогии Худо барги дарахт намечунбад.
Модоме ки хама ба риззогии худо бошад пас баъзе
бародарон дар корхор гунах даст мезананду
онро мегуянд, ки розигии худо намебуд моро
мегардонд.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Бародари азиз, ин истилоҳ
аз тарафи баъзе ашхос нодуруст истифода мешавад.
Инҷо бояд қайд кард, ки ҳамаи корҳо ба илми Худо
маълум аст. Яъне Худованд ба илми азалии худ
ҳама чизро медонад. Ҳатто афтодани барги
дарахтонро. Умуман инсон дар баъзе корҳо мусайяр
аст ва дар баъзеи дигар мухайяр. Мусайяр яъне
анҷом ёфтани кор аз худи инсон вобастагӣ надорад.
Масалан кай ва дар куҷо таваллуд шудан, аз кӣ ба
дунё омадан ва ғайра… Инҳо амалҳое аст, ки
Худованд инсонро дар рузи қиёмат аз он
намепурсад. Аммо мухайяр амалест, ки дар ихтиёри
худи инсон аст. Аз ҷумла тамоми амалҳои банда
баъди ба сини балоѓат расиданаш аз мухайярот аст.
Яъне Худованд барои инсон неъмати ақлро додаст.
Бояд инсон бо ақли худ аҳкоми шариатро бидонад
ва агар намедонад, бояд бипурсад. Надонистани
инсон сабаби аз ҷавобгарии илоҳӣ канор мондани
вай намегардад. Маънои дурусти «берозигии Худо
барги дарахт намеҷунбад» ин аст, ки ҳатто
ҷумбидани барги дарахт аз илми илоҳӣ хориҷ нест.
Яъне агар барги дарахт меҷунбад, Худованд аз вай
хабардор аст.
Фарқият байни инсонҳову
дигар махлуқот дар ин аст, ки Худованд инсонро
ихтиёрашро ба дасти худаш додааст. Аммо дар
дигар махлуқот чунин нест. Он инсонҳое, ки гуноҳ
мекунанд ва сипас мегуянд, ки розигии Худованд
будааст, чунин ҷавоби онҳо аҳмақона аст ва як
навъ гурехтан аз масъулият мебошад, ки дар назди
Худованд қобили қабул нест. Зеро Худованд онҳоро
дар рузи қиёмат мегуяд, ки ман ба шумо неъмати
ақлу идрок додам ва пайғамбарони худро барои
таблиѓи рисолати худ фиристодам ва ворисони
пайғамбарон уламои ислом ба шумо роҳи рост ва
бадро фаҳмонданд… Худованд ҳечгоҳ дар гуноҳи
банда розӣ нест. Баракс гуноҳи банда ѓазаби
Худоро меовард на розигии Уро. Аммо Худованд бо
қудрати илоҳии худ аз аъмоли бандагон бохабар
аст.
Дар паноҳи Худо бошед.
Хилқати инсон аз руҳ
Суолкунанда:
имомхусайн
Таърихи суол:
26/12/2010
Матни Суоли
02
Бано Худо.Ассалому
алайкум устод мехостам ба суолам посух
бидихед.тибки ояати курон худованд инсонро аз
рухи худ халк кардааст чигуна мешавад рухи худро
азоб дода ба чаханам меандозад. илтимоси дуо.
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Худованд инсонро аз хок офаридааст. Шояд шумо
ояти Қуръонро ки Худованд фармудааст: (و
نفخت فيه من روحي) истидлол кунед. Аммо
муфассирон дар тафсири ин оят чунин гуфтаанд;
Яъне “Ман дар инсон руҳеро изофа кардам, ки аз
махлуқоту офаридаи ман (Аллоҳ) аст”. Дар инҷо
калимаи “руҳ” ба хотири бузургӣ ва такрими инсон
изофа карда шудааст. Чуноне, ки гуфта мешавад;
“Хонаи Худо” ё моҳи Худо”. Худованд хона надорад,
аммо ба сабаби бузургии ҷойгоҳи масҷид ва
дараҷааш онро Худо хонаи худ гуфта аст. Хулоса
инсон аз руҳи Худо халқ нашудааст, балки
Худованд баъд аз офаридани инсон дар вай руҳро
дамид, ки аз махлуқоти халқ кардаи худаш буд.
Худованд нигаҳбонатон.
Охири замон
Суолкунанда:
Чоми аз Чиртак
Таърихи суол:
01/11/2010
Матни Суоли
01
Асссалому алайкум Акаи
Хочи Акбар.Худованд шуморо нигахбон бошад,ки бо
тарики суол аз шумо пурсида камбудихои худро
ислох мекунем.
Акаи Хочи Акбар суоли ман
хамин аст ки дар газетахову телевизиорхо мегуянд
ки соли 2012 дунё ба охир мерасад, шумо ба ин чи
мегуед мехохем аз шумо пурсем,Ба фикри ман Коим
шудани киёматро факат Худованди Бузург медонаду
тамом.Чавоби худро аз шумо интизорем Акаи Хочи
Акбар.
ХУДО НИГАХБОНАТ БОШАД
Посух
Ва алайкумус салом ва
раҳматуллоҳ.
Чунин сухан нодуруст аст
ва инчунин бовар кардан ба чунин суханҳо гуноҳи
кабира аст. Чунки қоим шудани рузи қиёматро ба
ғайр аз Худо касе намедонад. Ҳатто замоне, ки аз
Паёмбари Худо (алайҳиссалом) пурсида шуд, ки
қиёмат кай барпо мешавад, Паёмбар гуфтанд, ки
ғайр аз Худо касе намедонад, ки қиёмат кай барпо
мешавад. Бинобар ин мо мусалмонҳо бояд ба чунин
сафсатаҳо бовар накунем. Гузашта аз ин тибқи
ҳадисҳои саҳеҳ пеш аз вуқуъи қиёмат нишонаҳои он
пайдо мешавад, ки ҳоло он нишонаҳо пайдо
нагаштаанд. Пеш аз қоим шудани қиёмат ду навъ
нишонаҳои он зуҳур мекунанд, нишонаҳои суғро ва
нишонаҳои кубро. Баъзе аз нишонаҳои суғрои он
амалӣ шудаанд. Аммо нишонаҳои кубро то ҳол амалӣ
нашудааст. Аз ҳамин хотир вақту соати қоим
шудани қиёматро танҳо Худованд медонад. Дар
паноҳи Худо бошед.
*
* *
Масҷиди
"Халифа Абдулкарим
Дуо
Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.