WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
 

Ба номи Худованди Бахшандаву меҳрубон

 
 

Сабабҳои асосии фитнаи қатли Усмон

 (Худованд аз Ӯ розӣ бод)

 
     
 

Дар замони ҳазрати Усмон фитнае байни мусалмонон сар зад, боиси шаҳодати ҳазрати Усмон гардид. Аз сабаби он, ки ба сомонаи мо дар ин маврид чанд савол аз дустон сарозер шудааст, зарурат донистем ба сабабҳои фитнаи замони халифаи саввум аз диди саҳеҳи таърих назар афканем.

Байни шахсияти Умар ибни Хаттоб ва Усмон ибни Аффон дар услуби ҳукуматронӣ ва идораи умури хилофат фарқияти азиме буд. Ҳазрати Усмон байни мардум маъруф ба нармхуӣ ва ҳаё буд. Ҳаёи вай дар замони ҷоҳилият ва дар ислом машҳур буд. Ҳатто Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар ҳаққи вай чунин гуфта буд: «Оё ман ҳаё накунам аз марде, ки фариштагон дар баробари ҳаёи вай ба ҳаё афтодаанд.» Табиист, ки хулқи ҳаё соҳибашро аз корҳои зиёде водор ба чашмпушӣ мекунад. Чунин ҳаёи халифа боиси он гардида буд, ки ҳатто душманон, ки ба вай озор мерасонданд, дар ҳақашон гузашт мекард. Ба ҳеч кадоми аз онҳо сухани дуруштеро тавҷеҳ намекард. Чунин ахлоқ агарчи назди ҳакимону донишмандон писанд бошад, аммо дар сиёсат ва ҳукмронӣ хуб нест. Балки бояд мақому манзилати халифа дар дили мардум ҳайбат дошта бошад. Бубин чи гуна ҳазрат Умар Саъд ибни Абулваққосро барои ин, ки аз ҷойгоҳи худ истифода бурда ҷамъи мардумро музоҳимат кард, то ба халифа бирасад, муҷозот кард.

Ҳазрати Усмон ҳамеша хавф аз ангехта шудани фитна байни мусалмонон дошт ва хоҳони он буд, ки дари фитна ҳаргиз ба дасти вай боз нашавад. Ин нармахлоқӣ ва ҳалимии вай боиси он гардид, ки ҳатто бо фасодкороне, ки шиори фитнаро ба бар доштанд, ҳеч тадбире наандешид.

Чуноне дар боло зикр кардем байни халифаи дуввум ва саввум аз назари ахлоқ фарқият буд, инчунин бояд қайд кард, ки байни мардумони замони ин ду халифаи бузургвор фарқияти мушаххасе буд. Зеро ҷомиаи исломӣ дар замони Усмон хеле тағйир карда буд. Ба он аз тоифаву миллатҳои зиёде аз Форсу Рум дохил гардида буд. Чунин ҷомиаи бузург, ки дар он мусалмонон нав аз дигар миллат ва бо фарҳангу тамаддуни гуногунро на замони Паёмбар (алайҳиссалом) ва на замони Умар шоҳиди он набуд. Баъзеи ин мусалмонони нав исломро ончуноне, ки саҳоба фаҳмидаву дарк карда буд, онҳо нафаҳмида буданд. Ин ҳам яке аз омилҳои бурузи фитна мебошад.

Яке аз корҳои Усмон дар замони хилофаташ карда ин буд, ки аксарияти волиёни манотиқи зери тасарруфи хилофатро аз мақомашон барканор кард. Табиист, ки ин амалкарди халифа боиси он гардид, ки баъзеи онҳо танқиди халифаро дар маҳфилҳо мекарданд.

Яке аз сифатҳои волое, ки саҳобагон доштанд ин буд, ки Паёмбари исломро (алайҳиссалом) беандоза дуст медоштанд. Инчунин адолат ва баробариро, ки Умар онҳоро ба ин ахлоқи ҳамида одат дода буд, хеле дуст медоштанд. Аз ин ду нуқтаи муҳим истифода бурда шайтоне дар либоси одамият Абдуллоҳ ибни сабаъи яҳудӣ вориди маъракаи фитна шуд. У дар байни мардум ба паҳн намудани суханҳо перомуни ин, ки хонадони Паёмбар (алайҳисалом) мавриди зулм қарор гирифтанд ва ин, ки ҳар паёмбаре баъд аз худ васӣ дорад ва васии Паёмбари ислом Алӣ ва… заҳри фитнаро байни мардум кошт. Ин шахси маккор ба тадриҷ дар байни мардум мавзуъи ба қавли худаш «хилофат бояд аз они хонадони Паёмбар бошад»-ро кушод. Ончунон дар мадҳи Алӣ ибни Абутолиб зиёдаравӣ кард, ки ҳатто худи ҳазрати Алӣ аз чунин мадҳу сано ба хашм омад. Ин шахс бо ин ҳама басанда накарда, дар гушаву канори вилоятҳои хилофат мегашт ва он шахсонеро, ки аз волиёни халифа зулме расидааст ҷамъ намуда дар байни онҳо дасисаҳо паҳн мекард. Баъзе аз шоеъоте, ки ин тоифаи дасисакор дар минтақаҳои дур аз мақарри хилофат паҳн мекарданд, инҳо буданд;

1- У Аммор ибни Ёсирро ончунон задаст, ки ҳатто шикамаш пора шудааст.

2- Абдуллоҳ ибни Масъудро низ ончунон мавриди зарб қарор додааст, ки шонаҳояш шикастааст.

Инҳо ҳама дуруғ ва фитнаҳое ҳастанд, ки таърих онро намепазирад.

Ҳамаи ин дасисаву найрангҳо боиси он гардид, ки мардум аз манотиқи гуногуни сарзаминҳои ислом дар ҳоли ғазаб ба Мадинаи Мунаввара омаданд. Кор то ҷое расид, ки манзили Усмонро муҳосира карда ба хонаи вай даромада уро ба шаҳодат расониданд.

Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунад, ки Паёмбари ислом (алайҳиссалом) зуҳури фитнаеро бар мо нақл карда истода буд, ки марде гузашт. Паёмбар (алайҳиссалом) гуфт: Ин марди муқаннаъи гузашта дар он фитна мазлумона кушта хоҳад шуд». Ибни Умар дар давоми ривоят мегуяд, ки сипас ман ба он мард назар кардам, дидам, ки Усмон ибни Аффон буд. Ин ҳадисро Аҳмад ва Тирмизӣ ба исноди саҳеҳ ривоят кардаанд.

Оре ҳазрати Усмон ҷамъкунандаи Қуръони Карим, кони ҳаёву ҳилм, домоди Паёмбари Худо (алайҳиссалом) мазлумона ба шаҳодат расид.

Акнун дар ин мавзеъ месазад, ки каме дар бораи фазилати саҳоба ва мақому манзилати эшон аз муътабартарин осори ислом зикр кунем. Нуқтаи асосие, ки бояд қайд кунем ин аст, ки тамоми мусалмонони уммати Муҳаммад (алайҳиссалом) чи аз олимону донишмандону таърихнигорону фақиҳону … бар ин иттифоқи назар доранд, ки баъд аз Паёмбари ислом (алайҳиссалом) баландтарин ва волотарин мақомро ёрони он Ҳазрат доранд. Ба истиснои як ду тоифа. Табиист, ки ин эътироф бар бузургмартабагии эшонро умдаи мусалмонони уммати муҳаммадӣ аз назди худ истинбот накарда, балки бо такя ба нусуси Қуръону суннат ва ҷоннисориҳои он бузургон дар нашри дини ислом истинбот кардаанд. Бале воқеан саҳобаи бузургвор донишгоҳеро хатм карда аз он диплом доштанд, ки муаллими он беҳтарини башарият, ҳабиби Худо, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (алайҳиссалом) буд. Худованди тавоно дар Қуръон мефармояд: «Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои (нафъ, ислоҳ ва иршоди) мардум ба вуҷуд оварда шудаед». Инчунин Худованд фармудааст: «Инчунин мо шуморо гуруҳи миёнарав ва муътадил қарор додем, то шумо дар муқобили мухолифон гувоҳ бошед». Ба иттифоқи назари муфассирон ва муҳаддисон мухотибони аслии ин ду оят саҳобагон ҳастанд. Агарчи тамоми уммат мувофиқи аъмоли худ метавонанд дар зимни ин оят дохил шаванд.(Инро Ибни Абдулбарр дар муқаддимаи «Алистиоб» зикр кардааст). Инчунин дар Қуръони карим омадааст: « Муҳаммад (алайҳиссалом) Паёмбари Худост ва касоне, ки ҳамроҳи у  ҳастанд (яъне саҳобагон) дар муқобили кофирон сахт ва тунд ва бо ҳамдигар меҳрубонанд. Онҳоро гоҳо дар рукуъ ва саҷда мебинӣ ва ба ҷустуҷу ва талоши хушнудии Аллоҳ машғуланд. Осораш ба сабаби таъсири саҷда бар чеҳраҳояшон ҳувайдо аст». Сураи Фатҳ ояти 29.

Ҳамаи муфассирон дар тафсири ҷумлаи «касоне, ки ҳамроҳи у ҳастанд» гуфтанд, ки дар мафҳуми он ҳамаи саҳобагони Паёмбари Худо дохил мешаванд. Дар ин ояти муборака мадҳ ва ситоиши ҳамаи саҳобагони киром аз ҷониби Худои молик ва сарвари оламиён омадааст. Ҳоло мо ин ҷо сухани Худоро муқаддам донем ё сухани кинатузонеро, ки ҷуз фитна ва дасиса ҳадафи дигар надоранд?

Худованди Карим дар ҷои дигари Қуръон дар васфи саҳоба фармудааст:

«Ва муҳоҷирон ва ансоре, ки (дар имон овардан) бар ҳама собиқ ва пешқадам ҳастанд ва (аз ҳамаи уммат) касоне, ки бо ихлоси ният аз онҳо пайравӣ намуданд, Худованд аз ҳамаи онҳо хушнуд шуд ва онҳо низ аз Худо розӣ шуданд ва Худованд барояшон боғҳоеро муҳайё сохтааст, ки дар зери он наҳрҳо ҷорӣ аст».

Дар ин ояи карима Худованд аз ду гуруҳ ном бурдааст, ки яке аввал имоновардаҳо ва дигар касоне, ки баъдан имон оварданд. Дар бораи ҳар ду гуруҳ Худованд эълом доштааст, ки аз онҳо розӣ аст ва барои онҳо мақоми волои биҳиштро муқаррар кардааст. Пас мувофиқи мазмуни ин оят зимни он ҳамаи ёрони Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дохил мешаванд. Дустони азиз, магар дараҷа ва мартабае болотар аз ин, ки Худо аз инсон розӣ бошад, ҳаст? Ин саҳобаи бузургвор аст, ки Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ ва онҳо аз неъматҳои Худо ба онҳо дода низ розӣ ва хушнуд ҳастанд.

Қуръони Карим дар бораи саҳобагоне, ки дар Ҳудайбия зери дарахт бо Паёмбари Худо (алайҳиссалом) байъат карданд эълони умумӣ намуда фармудааст:

«Ҳамоно Худованд аз муъминоне, ки туро (Паёмбар) дар зери дарахт байъат кардаанд розӣ ва хушнуд шуд». Сураи «Фатҳ»ояти 18.

Дар ҳадисе аз ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд: «Он касоне, ки дар зери дарахт бо ман байъат карданд (яъне байъати Ризвон) дар дузах дохил нахоҳанд шуд».

Аллома ибни Касир баъд аз тафсири ояи дар зикри саҳоба омада чунин гуфтааст: «Вой бар онҳое, ки бо ин бузургворон (яъне саҳоба) ё бо баъзеи онҳо адоват ва кина дар дил дошта бошад, ё онҳоро дашном диҳад ва бадгуӣ кунад. Пас чунин шахсон бо имони ба Қуръон чи нисбате доранд, вақте ки касонеро дашном медиҳанд, ки Худованд аз онҳо розӣ шудааст». Касеро, ки Худованд аз вай розӣ бошад дигар ҳечгоҳ аз у норозӣ нахоҳад шуд.

Худованди Мутаъол дар сари «Ҳашр» тамоми мусалмонони мавҷуд дар замони рисолат ва мусалмонони ояндаро ба се гуруҳ тақсим кардааст: Аввал; Муҳоҷирон. Дар бораи онҳо ин ҳукмро содир фармудааст: «Онҳо росткоронанд» сураи «Ҳашр» ояти 8. Дуввум; Ансор, ки баъд аз зикри сифат ва фазилатҳои эшон фармудааст: «Онҳо растагоронанд» Сураи «Ҳашр» ояти 9. Саввум: касоне ҳастанд, ки баъд аз муҳоҷирон ва ансор то қиёмат дар дунё хоҳанд омад. Дар бораи онҳо фармудааст: «Ва касоне, ки баъд аз онҳо (муҳоҷирону ансор) омаданд, мегуянд; Парвардигоро! ҳам моро мағфират кун ва ҳам он бародарони моро, ки пештар аз  мо имон оварданд ва дар дилҳои мо нисбат ба онҳое, ки имон оварданд буғзу кина ва адоват пайдо макун!» Сураи «Ҳашр» ояти 10. Ибни Аббос дар тафсири ин оят гуфтааст: Худованди Мутаъол ба тамоми мусалмонон дастур додааст, ки дар ҳаққи ҳамаи саҳоба чи муҳоҷирин ва чи ансор истиғфор кунанд. Ин дастурро дар ҳоле дода аст, ки Худованд медонист, ки баъзе аз онҳо бо ҳам ҷанг хоҳанд кард.

Хулоса Қуръони Карим саропо пур аз ояҳо дар васфу мартабаи саҳобагони бузурги Паёмбари Худо (алайҳиссалом) аст. Аммо ба сабаби малоли хотир нашудан ба зикр ҳамин қадар далелҳо кифоя мекунем.

Акнун мегузарем ба васфи  саҳоба дар аҳодис ва гуфтори Паёмбари Худо (алайҳиссалом).  Ҳадисҳое, ки дар васфи саҳоба омадааст шумориши онҳо кори осоне нест. Бинобар ҳамин дар ин ҷо ба зикри баъзе аз ҳадисҳои дар васфи саҳоба омада кифоя мекунем.

Дар Саҳеҳайн (яъне Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим) ва дар тамоми китобҳои усул аз ҳазрати Умрон ибни Ҳусайн ривоят аст, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуд:

«Беҳтарини мардумон, мардуми асри ман ҳастанд (яъне саҳоба), сипас касоне, ки баъд аз онҳо меоянд (яъне тобиъин). (Ровӣ мегуяд,ки ман ёд надорам Паёмбар (алайҳиссалом) ду аср зикр карданд ё се). Ва баъд аз он мардумоне хоҳанд омад, ки бидуни талаби шаҳодат,шаҳодат медиҳанд ва хиёнат мекунанд ва амонатро риоят намекунанд, аҳдшиканӣ мекунанд ва аҳдномаҳоро муроот намекунанд вадар онҳо (ба сабаби беғамӣ ва бефикрӣ) фарбеҳӣ зоҳир хоҳад шуд».

Дар Саҳеҳайн ва Абудовуд ва Тирмизӣ аз ҳазрати Абусаиди Худрӣ ривоят аст, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуд:

«Ёрони маро дашном надиҳед. Зеро агар касе аз шумо баробари куҳи Уҳуд тилло дар роҳи Худо харҷ кунад,баробар бо мадди саҳоба ва ҳатто нисфи маддаш ҳам наметавонад бошад». Мад як паймонаи арабӣ аст, ки ба эътибори вазн баробар бо як кило аст.

Тирмизӣ аз ҳазрати Абдулло ибни Мағфал ривоят кардааст, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд:

«Дар мавриди саҳобаи ман аз Худо битарсед! Ва баъд аз ман онҳоро  нишона ва ҳадафи таъна ва дашном қарор надиҳед! Ҳар касе, ки онҳоро дуст медорад пас ба сабаби дустии ман онҳоро дуст медорад ва ҳар касе, ки душман медорад онҳоро, пас ба сабаби душмании ман онҳоро душман медорад. Ҳар касе, ки озор бирасонад ба онҳо, пас яқинан маро озор расонидааст ва ҳар касе, ки маро озор расонидааст пас яқинан Худованд уро азоб хоҳад дод».

Хулоса бародари исломӣ ҳадисҳое фаровоне дар зикри мадҳу мартабаи ёрони бузургвори Паёмбар зикр шудааст, ки мо инҷо ба зикр чандтои он баҳсамонро хотима дода, боқӣ қазоват ва довариро ба шумо месупорем. Ростӣ ҳатто ақли солим иҷоза намедиҳад, ки мо касонеро бадгуӣ кунем, ки сабабгори интишори ислом ва инчунин сабабгори имруз мусалмон будани мо ҳастанд. Ин ҷоннисорӣ ва шаҳодатҳои саҳоба буд, ки имруз ислом дар сар то сари олам дурахшиш дорад. Воқиан арзиши онро дорад, ки ба қадри заҳмати ин бузургмардони таърих расид. Худованд ҳамаи мову шуморо ҳамроҳ бо Паёмбар ва саҳобаи бузургвораш маҳшур гардонад. Омин.

 

  

 

 

 
 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com