|
Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон. Он зоте, ки байни
зану мард ба воситаи издивоҷ базри маваддату меҳрубонӣ
ва оромиро офарид.
Дуову дуруд бар муаллими башарият. Он маҳбубе, ки
ҳамвора ғамхори умматаш буд ва барои покизагию иффати ин
уммат беҳтарин улгу ва намуна аст.
Дустони азиз! Мавзуъи издивоҷи мутъа ё сиға имрузҳо аз
тарафи баъзе шахсони ғайри ҳанафӣ ва ё баъзе дустони
нодон дар баъзе маҳфилҳову мақолаҳо садо паҳн кардааст.
Аз ҳамин хотир зарур донистем бо такя ба Қуръону суннат
ва иҷмои уламо ҳаром ва зишт будани ин навъ издивоҷро ва
пайомадҳои нохуши онро ба шумоён баён дорем.
Аввалан калимаи «мутъа» дар забони арабӣ ба маънои
(фоида ва баҳра бурдан) мебошад. Ба хотири он ин навъ
никоҳро мутъа мегуянд, ки мард занро барои муддати
муайяне, масалан 1 соат ё як руз ба миқдори маблағи
муайян ба никоҳи худ медарорад ва аз у бахрабардорӣ
мекунад. Пас аз тамоми шудани муддати тавофуқкардашуда
ба таври автоматӣ бе талаффузи калимаи талоқ зану мард
аз ҳам ҷудо мегарданд. Тарафдорони ин навъ издивоҷи
фосид баъзан онро ба масъалаи никоҳи ба нияти талоқ ва
никоҳи муваққат, ки дар баъзе китобҳои аҳли суннат
омадааст як медонанд. Гуё фарқе байни никоҳи мутъа ва
никоҳ ба нияти тилоқ нест. Ногуфта намонад, никоҳи
муваққате, ки дар баъзе китобҳои ҳанафӣ омадааст, аз он
ба унвони баёни сурати масъала зикр шудааст. Ҳамагон
медонанд, ки чунин никоҳ дар ягон кишвари аҳли суннат аз
замонҳои қадим то ин дам вуҷуд надошт ва надорад. Балки
ҳарчи омадааст ба унвони баёни сурати масъалаи фиқҳӣ
аст. Ба хилофи никоҳи мутъа, ки то имруз ҳамчун василаи
шаръии баҳрабардорӣ онро дар баъзе ҷойҳо мешиносанд.
Мо намегуем, ки тарафдори никоҳи ба нияти
талоқ ҳастем. Бале, мо бо ин навъ никоҳ низ зиддият
дорем. Дар ин ҷо аввалан фарқияти байни никоҳи мутъа ва
издивоҷи муваққат ва издивоҷ ба нияти талоқро баён
медорем. Бо вуҷуде, ки ҳар се намуди он дар назди аксари
уламои ислом қобили қабул нестанд, аммо аввалӣ яъне
мутъа ба иҷмоъи уламо ва бо далелҳои қатъии Қуръон ва
суннат ҳаром аст.
Дар ақди никоҳи мутъа лафзи «аз ту дар муддати фалон ва
бо маблағи фалон баҳра бурдан мехоҳам» истифода мешавад.
Яъне лафзи «баҳра ва роҳат бурдан» дар вақти ақди мутъа
истифода бурда мешавад. Вале дар никоҳи муваққат мисли
никоҳи абадӣ лафзи «бахшидану қабул кардан» истифода
бурда мешавад.
Дар ақди никоҳи мутъа шоҳид шарт нест, вале дигар
навъҳои никоҳ шарти асосияшон вуҷуди ду шоҳид аст.
Дар никоҳи мутъа баъд аз тамом шудани муддати
қарордодшуда марду зан ба таври автоматӣ ҷудо мешаванд,
вале дар никоҳи муваққат барои ҷудо шудани зан аз мард
лафзи талоқ шарт аст.
Зани мутъашуда ҳамсари воқеъӣ ҳисоб намешавад. Зеро бар
гардани мард нафақа ва таъмини зиндагии вай шарт нест,
вале дар никоҳи муваққат чунин нест.
Зани мутъашуда мерос намебарад. Зеро вай ҳукми ҳамсари
воқеъиро надорад, вале дар никоҳи мувақат мерос мебарад.
Никоҳи муваққате, ки гуфта шудааст имом Зуфар иҷоза
додаст, аслаш чунин аст. Имом Зуфар гуфтанд, никоҳ
дуруст аст, вале шарт фосид аст. Яъне дар никоҳе, ки
мард ба зан шарт мегузорад, ки туро то фалон муддат
никоҳ кардам, никоҳ саҳеҳ мешавад, вале шарти гузоштаи
мард фосид аст. Агар раваду баъд аз гузашти муддати
муайянкардашуда мард зиндагиашро давом диҳад, талоқ
намешавад. Зеро шарти гузоштааш фосид ва беэътибор аст.
Аммо дар никоҳи мутъа чунин нест. Масалан мард баъди
тамом шудани муддати тавофуқкардашуда наметавонад
ҳамхобагияшро бо зан давом диҳад. Зеро бо гузашти вақти
муқарраршуда талоқ бе талаффази он аз ҷониби мард воқеъ
мешавад.
Гузашта аз ин сухани имом Зуфар барои мо ҳуҷҷат шуда
наметавонад. Зеро ба иҷмои уламои ислом чи ҳанафӣ, чи
шофиӣ ва чи моликию ҳанбалӣ никоҳи муваққат аз сабаби
шабоҳат доштан ба никоҳи мутъа ва мавҷуд будани шарти
фосид, ҳаром аст. Дар китобҳои мазҳаб ҳастанд, қавлҳое,
ки марҷуҳ аст. Истидлол овардан аз ақволи марҷуҳ нишонаи
бесаводӣ ва ё камсаводии шахси баҳскунанда аст. Ба
унвони мисол дар мазҳаби шиъа қавле ҳаст, ки ба муқтазои
он Қуръони карим таҳриф шуда аст. Вале чуноне, ки худи
шиаҳо иқрор доранд, ин қавли марҷуҳ аст. Пас набояд мо
онро ҳамчун далел бар алайҳи мазҳаби шиа истифода барем.
Бинобар ҳамин қавли имом Зуфарро дар инҷо далел овардан
барои ҳалол шуморидани никоҳи муваққат, ноадолатист.
Зеро мо аҳли суннат сари хам дар баробари ақволи салафи
ин уммат дорем модоме, ки суханашон берун аз ду манбаъи
асосии ислом яъне Қуръону суннат набошад. Дар акси ҳол
мо вазифадорем сухани онҳоро канор бигузорем. Зеро худи
он бузургон фармудаанд, «Ҳаргоҳ ҳадис саҳеҳ ояд пас
мазҳаби ман ҳамон аст». Инчунин фармудаанд: «Ҳама қавлҳо
қобили ахзу радд ҳастанд магар сухани соҳиби ин қабр
(яъне Паёмбар алайҳиссалом)».
Биёед инҷо далелҳои ҳаром будани никоҳи мутъаро як як аз
масдарҳои муътабари исломӣ нақл кунем:
1)
Аввалин ва қавитарин далел бар ҳаром будани никоҳи мутъа
ин Қуръони карим аст. Худованд ба такрор дар чанд ҷои
Қуръон мефармояд: «
Ва ононе, ки покдоман ҳастанд ва шармгоҳи худро (аз
фаҳшову зино) ҳифз мекунанд, танҳо ҳамхобагӣ бо ҳамсарон
ё канизони худ доранд, ки дар баҳрагирӣ аз онҳо маломат
нахоҳанд шуд. Ва касоне, ки ғайр аз ин ду (яъне ҳамсар ё
каниз) роҳҳои дигаре (барои баровардани шаҳват) бигиранд
пас онҳо таҷовузгаронанд”.
Сураи “Муъминун” оятҳои 5-7.
Дар ин оятҳои муборакаи зикршуда Худованд муқаррар
карда, ки барои баровардани ҳоҷати ҷинсӣ фақат ду роҳ ба
мусалмонон ҳалол аст; якеаш ҳамсар, дуввумӣ каниз. Дар
давоми оят баён дошта, ки ғайр аз ин ду роҳ роҳҳои дигар
ҳамааш ҳаром аст. Ин оятҳои муборакаи муъҷизаосо ба мо
гушзад мекунад, ки замоне башарият анвоъи мухталифи
шаҳватрониро ихтироъ хоҳад кард. Бинобар ҳамин таъкид
доштааст, ки шаҳватронӣ фақат бо ин ду роҳ ҷоиз аст ва
ғайри инҳо таҷовузгарӣ ва ҳаром мебошад.
Ҳоло биёед бингарем ба зане, ки сиға ё мутъа мешавад,
ҳамсар гуфта мешавад ё на? Ҳатто уламои шиа эътироф
доранд, ки зани мутъа ҳамсар нест. Зеро аҳкоми ҳамсар
дар вай татбиқ намешавад. Масалан: талоқ надорад,
маҳдудияти талоқ надорад. Маҳдудияти арусӣ надорад. Дар
вақти никоҳ шоҳид надорад. Мерос намебарад. Нафақа
надорад...
Вале ҳамсаре, ки Қуръон ба мо васфи онро кардааст дорои
тамоми ин ҳуқуқҳо ва хусусиятҳо ҳаст ва агар яке онро
надошта бошад, ҳамсар нест. Ногуфта намонад дар масъалаи
издивоҷ ва одобу равиши ҳамсардорӣ дар Қуръон беш аз 300
оят нозил шудааст. Дар ҳеҷ кадоме аз ин оятҳо сароҳатан
дар мавриди никоҳи мутъа ва ё аҳкоми зани мутъа чизе
наёмадааст.
Пас маълум гардид, ки зани мутъашуда ҳамсар маҳсуб
намешавад. Инчунин вай ҳукми канизро надорад ва
намешавад вайро каниз гуфт. Дар ин маврид тамоми уламо
ҳатто уламои шиа иттифоқ доранд.
Модоме, ки зани мутъашуда ҳамсар набошад ва каниз
набошад, ба ибораи дигар дар зимни ду тоифаи Худованд
зикр карда набошад, пас ҳар касе чунин никоҳ мекунад,
мувофиқи дастуроти қуръонӣ аз ҷумлаи таҷовузгарон аст.
2)
Далелҳо аз суннати Паёмбари Худо (алайҳиссалом)
фармуданд:
ما رواه
البخاري في صحيحه قال:
حدثنا مالك بن إسماعيل حدثنا ابن عيينة أنه سمع الزهري
يقول: أخبرني الحسن بن محمد بن علي وأخوه عبد الله عن
أبيهما أن عليًّا رضي الله عنه قال لابن عباس: إن النبي
صلى الله عليه وسلم نهى عن المتعة وعن لحوم الحمر الأهلية
زمن خيبر. وهذا حديث إسناده كالشمس، رواته كلهم ثقات أئمة لا يشق لهم غبار.
Ду фарзанди бузургвори ҳазрати Алӣ Муҳаммад ва Абдуллоҳ
(Худованд аз онҳо розӣ бод) ривоят кардаанд, ки
падарашон ба Ибни Аббос гуфт: “Ҳамоно Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) аз никоҳи мутъа ва хурдани гушти харҳои
маҳаллӣ дар соли Хайбар наҳй карданд”.
Ба хотири он ривоятро комилан ба арабӣ овардем, то
шахсоне, ки гуфтаанд “фуқаҳои мазоҳиби исломӣ пойбанди
сухани шореъ ҳастанд” ва гуё ба ин гуфтааш мехоҳад
гушзад диҳад, ки шореъ дар таҳрими он чизе нагуфтааст,
балки ин наҳй аз ҷониби саҳоба сурат гирифтааст... чашми
худро боз карда бингаранд, магар сухани Алӣ, ки нақли
қавл аз забони Паёмбар мекунад, ҳукми шореъ дар бораи ин
никоҳ нест. Агар шак дошта бошанд марҳамат ба Саҳеҳи
Бухорӣ муроҷиат кунанд. Ин ҳадис мисли руз равшан аст ва
дар санади он ҳеҷ эроде нест.
3)
وما رواه
مسلم في صحيحه قال:
حدثنا أبو بكر بن أبي شيبة حدثنا يونس بن محمد حدثنا عبد
الواحد بن زياد حدثنا أبو عميس عن إياس بن سلمة عن أبيه
قال: رخص رسول الله صلى الله عليه وسلم عام أوطاس في
المتعة ثلاثًا ثم نهى عنها.
Иёс ибни Салама аз падараш ривоят мекунад, ки гуфтааст:
“Паёмбари Худо (алайҳиссалом) дар соли Автос ба мо
никоҳи мутъаро се дафъа иҷоза дода сипас аз он наҳй
карданд”. Ривояти имом Муслим.
4) Дар Сунани ибни Моҷа омадааст, ки Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) фармуданд:
يا أيها
الناس إني كنت أذنت لكم في الاستمتاع إلا أن الله قد حرمها
إلي يوم القيامة .
“Эй мардум! Ман шуморо барои никоҳи мутъа иҷоза медодам,
акнун Аллоҳ онро барои шумо то рузи қиёмат ҳаром
гардонид”.
Аз ибни Умар (Худованд аз ҳардуяш розӣ бод) ривоят аст,
ки ҳангоме, ки ҳазрати Умар халифа таъйин шуд ба минбар
баромада гуфт: “Ҳамоно Паёмбари бузургвор барои мо се
дафъа мутъаро иҷоза дода, сипас онро таҳрим карданд.
Қасам ба Аллоҳ, ҳаргоҳ бинам марди зандореро, ки мутъа
кунад уро сангсор хоҳам кард. Магар ин, ки барои ман
чаҳор шоҳид биоварад, ки Паёмбари Худо баъд аз таҳрими
мутъа онро боз ҳалол эълон карда буданд!”. Ривоятро ибни
Моҷа зери шумораи 1963 тахриҷ кардааст.
Баъзе нафарони тангназар ва кинаву адоват ба Умар
(Худованд аз вай розӣ бод) дошта, истидлол мекунанд, ки
мутъа дар замони Паёмбар, Абубакр ҳалол буд, сипас онро
Умар ҳаром эълон кард. Қасам ба зоти поки Худо ин
туҳматест дар ҳаққи Умаре, ки Паёмбари Худо дар васфаш
чунин гуфтааст: “Аллоҳ сухани ҳақро бар забону дили Умар
нигоштааст”. Пас чи гуна шахсе, ки Паёмбари Худо чунин
васфаш намудааст, дастдарозӣ ба ҳукмҳои Худо ва Паёмбар
мекардааст? Пок ҳастӣ Худоё! Ин туҳматест дар ҳаққи
маҳбубтарин шахс дар назди Ҳабибат!.
Онҳо ба ин қавл истидлол мекунанд, ки Умар гуфтааст: “Ду
мутъа дар замони Паёмбари Худо (алайҳиссалом) буданд ва
ман он дуро ҳаром эълон мекунам. Мутъаи занон ва мутъаи
ҳаҷ”. Магар ин сухани Умар чи таззод ба сухани дар боло
гуфтааш дорад? Ҳазрати Умар таҳрими мутъаро дар асоси
таҳрими Паёмбар (алайҳиссалом) гуфтааст ва аз назди
худаш таҳрим накардааст. Ба хотири ҳамин дар ҳадиси боло
омада талаб карда буд, ки ҳар касе, ки мехоҳад мутъа
кунад барои ман чаҳор шоҳид биёварад ва исбот кунад, ки
Паёмбар баъди таҳрим онро ҳалол карда буд. Ин
нишондиҳандаи он аст, ки он Ҳазрат ҳаргиз аз роҳу равиши
Паёмбар берун набуданд ва аҳли далелу санад буданд. Аз
тарафи дигар ёрони Паёмбар (алайҳиссалом) чаро дар
масъалаи мутъаи ҳаҷ бо Умар эътироз карданд, аммо дар
никоҳи мутъа не. Инро таърих ёдовар мешаванд. Зеро онҳо
аксаран яқин доштанд, ки таҳрими никоҳи мутъа аз ҷониби
Паёмбар борҳо таъкид шудааст.
Хулоса ба иҷмои уламои ислом, чи ҳанафӣ, чи шофиъӣ ва чӣ
моликӣ ва чӣ ҳанбалӣ никоҳи мутъа ҳаром мебошад. Онро
аксари уламои салаф ташбеҳ ба зино кардаанд. Дигар чи
ҷои таҳқиқу тааммуқ дар ақволи шоззу марҷуҳ аст.
Паёмадҳои никоҳи мутъа дар ҷомиа.
Густариши никоҳи мутъа сабабгори ба дунё омадани
фарзандон беҳуввият ва бешахсият мебошад.
Рузномаи “Ҳамшаҳрӣ” и Ҷумҳурии исломии Ирон дар шумораи
3536 чунин навиштааст: Созмони сабти аҳволи кишвар аз
афзоиши 200 дар сади издивоҷи муваққат тайи 6 моҳи
аввали имсол нисбат ба 6 моҳи аввали соли гузашта хабар
дод. Бар асоси ин гузориш ба теъдоди 547 маврид дар
аввали имсол расид. Боло рафтани омори издивоҷи муваққат
пайомадҳое ба ҳамроҳ дорад, ки муҳимтарини он бар ҷой
мондани кудакони беҳуввият аст. (айнан аз рузномаи
Ҳамшаҳрӣ).
Тасаввур кунед агар никоҳи мутъа иҷоза дода шавад, чи
қадар сафи кудакони беҳуввият зиёд мегардад.
Мутаассифона имруз чуноне, ки мушоҳида мешавад, бархе
ашхоси гуё дилсузи ҷавонони муҳоҷири меҳнатии кишвар, ки
дар кишварҳои хориҷ барои дарёфти луқмаи зиндагӣ рахти
сафар бастаанд, дасти ғамхорӣ бар сари эшон кашида
барояшон “роҳи ҳал” пайдо карда ва ин навъи никоҳи
фосидро иҷоза додаанд. Сухани онро бетағйир инҷо зикр
кунем.
“Аммо баҳс дар ин миён танҳо ману шумо ва ҳолати ману
шумо нест, чунон ки гуфтем, балки ҳамаи мусалмонон ва
ҳамаи ҳолатҳое, ки дар он воқеъ мешаванд аст.
Эй кош ҳеҷ ҳолати зарурате барои касе пеш наояд ва
маҷбур ба ин гуна ақдҳо нашавад! Ин орзуи ҳар мусалмон
аст, ки ҳамвора барояш ҳолати оддӣ ва шароити мусоид
фароҳам бошад. Аммо оё чунин аст? Як ҷавон ба хотири
пайдо кардани қути лоямуте ба як диёри дурдаст сафар
мекунад ва бечора имконе ҳам надорад, ки ҳамсари
гиромияшро ҳамроҳаш бибарад. Аз як тараф ҳам, мард аст
ва дастгоҳи офариниш дар вуҷудаш ғаризаи ҷинсиро
ниҳодааст, ки агар онро ишбоъ насозад, ба қавли ҷаноби
Фрейд ҳазорон мушкилоту уқдаҳо гиребонгираш хоҳад шуд.
Бархе аз муқаддасмаобон ҳастанд, ки вақте аз эшон суол
шавад, ки чӣ кор кунем дар як чунин ҳолоте, дарбаст
мегӯянд, ки бояд мард хештандорӣ кунад ва ҷилави
шаҳваташро бигирад. Худ дар манзил дар канори зани
гиромияш (он ҳам на якто балки чандто) хобида ва ҳолати
он бечора барояш пеш наомадааст, ба роҳатӣ ва дарбаст
чунин мегӯяд. Ин роҳи ҳал нест. Дар ин гуна маворид
муқаддасбозиҳоро бояд канор гузошт ва дид назари шореъи
муқаддас чист ва чӣ роҳи ҳалҳоеро барои шахси ночор
нишон додааст.»
Пас ба андешаи шумо ҳамин назаратон назари шореъ аст.
Худоё магар Қуръон барои мо беҳтарин роҳи ҳалро дар ин
замин баён надоштааст. Худованд мефармояд:
وليستعفف الذين لا يجدون نكاحًا حتى يغنيهم الله من فضله
«Бояд, ки покдоманӣ ихтиёр намояд шахсе, ки қудрати
издивоҷро надорад, то ин, ки Худованд уро аз фазли хеш
тавонгар бигардонад». Сураи «Нур ояти 33. Саъдӣ дар
тафсири ин оят гуфтааст: «Ин ҳукми шахсест, ки пул
надорад, то издивоҷ кунад. Худованд чунин шахсро амр
кардааст, то замони қудрати издивоҷ пайдо кардан
покдоманӣ кунад ва аз ҳарому зино боз истад ва саъю
кушиш кунад, ки то тавони издивоҷро ба даст орад».
Пас агар мутъа иҷоза мебуд чаро Худованд нагуфт, ки
мутъа кунад ва ҳоло он, ки барои мутъа пули зиёд ва
хароҷоти зиёд даркор нест. Фақат барои як ё ду соат бо
маблағи андак мешавад, корро анҷом дод.
Инчунин Худованд фармудааст:
“Ва онҳое, ки тавоноии издивоҷ бо занҳои (озод)
покдомани боимонро надоранд, метавонанд бо занони
покдоман аз бардагони боимоне, ки дар ихтиёр доред,
издивоҷ кунанд. Худо ба имони шумо огоҳтар аст”...
инчунин дар давоми ҳамин оятҳо фармудааст: “Ин (иҷозаи
издивоҷ бо канизон) барои касоне аз шумост, ки битарсад
(аз назари ғаризаи ҷинсӣ) ба заҳмат бияфтад ва (бо ин
ҳол низ) худдорӣ аз издивоҷ бо онҳо барои шумо беҳтар
аст ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст”. Сураи “Нисо”
ояти 25.
Паёмбари Худо (алайҳиссалом) низ фармуданд:
"يا
معشر الشباب من استطاع منكم الباءة فليتزوج فإنه أغض للبصر
وأحصن للفرج ، ومن لم يستطع فعليه بالصوم فإنه له وجاء"
“Эй ҷавонон! ҳар касе аз шумо тавони издивоҷро дошта
бошад пас бояд, ки издивоҷ кунад ва ҳар касе, ки тавони
издивоҷро надошта бошад, пас руза дорад. Зеро руза сипар
аст”. Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим.
Пас шумо беҳтар ба аҳволи халқи Худо огоҳед ё Офаридгори
онҳо?. Агар никоҳи мутъа иҷоза мебуд, бечуну чаро
Худованд дар инҷо зикр мекард, ки дар ҳолате, ки тавони
издивоҷи оддиро надоранд, метавонанд дар ҳафтае як бор
бо пули андак никоҳи мутъа кунанд. Пас роҳи ҳалли гуфтаи
шуморо бипазирем ё ҳаллеро, ки Худо дар чунин ҳолатҳои
ба халқаш тавсия намудааст. Бале “Бархе
аз муқаддасмаобон ҳастанд, ки вақте аз эшон суол шавад,
ки чӣ кор кунем дар як чунин ҳолоте, дарбаст мегӯянд, ки
бояд мард хештандорӣ кунад ва ҷилави шаҳваташро бигирад”
мегуянд. Зеро дар содир кардани фатвои саркаш аз амри
Худо ҳазар доранд.
Ин ду роҳи ҳалест, ки Худо ва Паёмбар бар мусалмонон
тавсия намудаанд. Инҷо роҳи ҳалли Худо ва Паёмбарро
афзал донем ё аз шахсони “дилсуз” и ҷавононро?
Қазоваташро ба шумо месупорем. Ҳеч кас ба андозаи
Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ғамхор ва мушфиқӣ умматаш
нест. Паёмбаре, ки барои осонии умматаш ҳамвора
кушидааст. Паёмбаре, ки то бахшида шудани гуноҳони
умматаш дар арасоти қиёмат сар аз меҳроби Худо
намебардорад. Паёмбаре, ки мегуяд “Ман фиристода шудам
то осон бигирам на ин, ки вазниние бар инсоният бор
кунам”. Пас агар мутъа дар чунин ҳолатҳо роҳи ҳал мебуд,
албатта Паёмбар ба он иҷоза медоданд.
Аз тарафи дигар вақте гиря аз аҳволи ҷавононе, ки як
муддате барои қути лоямут аз неъмати шаҳват маҳруманд,
мекунед ва барояшон чунин пешниҳод медиҳад, оё ҳоли
ҳамсарону фарзандони онҳоро, ки дар интизори занги
телефони падари худанд, ки ба онҳо нафақаи зиндагияшонро
мефиристад, намебинед? Магар нашунидаед, мардонеро, ки
ба иҷозаи фатвоҳои шумо барин дар кишвари Русия ҳамсари
дигар гирифта, аз гушаи хотирашон зану фарзанди
мусалмонашон ба таври куллӣ берун шудааст ва солҳову
моҳҳо суроғе аз эшон намекунанд? Зеро ба гуфтаи шумо
дигар ниёзи шаҳвонияшро ба ваҷҳи аҳсан ва аз тарафи
хонумҳои бомаҳорат бароварда кардааст, ки дигар чашми
уро дар баробари масъулияти падарӣ кур кардааст.
Мо ошкоро гуфтаем ва боз сароҳатан мегуем ҳеҷгуна
мувофиқат ба ин навъ никоҳҳо надорем. Ҳатто барои
мардоне, ки дар кишвари Русия мардикор ҳастанд, тавсияи
издивоҷ бо занҳои масеҳиро намедиҳем. Зеро мафсадаи он
ба ҳамагон маълум аст. Агар ҳамон шахсе, ки маблағеро,
ки ба заҳмат ба даст меорад ва онро барои зани муваққати
дар онҷо буда сарф мекунад, ҳамонро ба ҳамсару
фарзандони ниёзмандаш фиристад беҳтар нест?
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.
|