WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
 

 

 
 

 Ҳаракатҳои исломӣ дар олами муосир

 
 

(доктори шаҳид Абдулазизи Рантисӣ)

 
 

 

Густариши ҷунбишҳои исломӣ ҳеч ниёзе ба истидлол надорад. Тафаккуроти мухолиф бо ислом дар кишварҳои мусалмоннишин ошкоро дар ҳоли ақибнишинӣ дар баробари тафаккур ва андешаҳои ҷунбишҳои исломӣ ҳастанд. Дар назарсанҷиҳои ахир дар кишварҳои Мағриб, Покистон ва Баҳрайн ҷунбишҳои исломӣ пирузиҳои беназире ба даст овардаанд. Ҷолиб аст бидонем ин пирузиҳо дар замоне ба даст меояд, ки маҳдудиятҳои зиёде бар ҷунбишҳои исломӣ эъмол мешавад. Ин ҷунбишҳо аз бисёре аз ҳуқуқҳо, ки дигар гуруҳҳо аз он баҳраманданд бархурдор нестанд. Гоҳе иҷозаи ташкили ҳизб надоранд ва агар ҳам иҷоза дода шавад иҷоза надоранд пойгоҳи таблиғотӣ барои худ дошта бошанд. Аз ин сабаб аст, ки пас аз муддати кутоҳе, ки аз таъсиси ин ҳизб гузашт бо содир намудани ҳукми мунҳал намудани ҳизб ва ё дастгир намудани раҳбар ва ё эъдоми сиёсӣ (террор) онро аз саҳнаи рақобат хориҷ мекунанд.

Мо ҳаргиз фишорҳои болои созмонҳои хайрияи исломӣ омадаро фаромуш намекунем.

Ҳамчунин таблиғоти золимонае, ки ба ҳадафи зарба задан ба ҷунбишҳо ва ҳизбҳои исломӣ ва раҳбарони онҳо сурат мегирад, фаромуш шуданӣ нест. Ин ҳамлаҳои таблиғотӣ умуман аз суи ҷараёнҳое сурат мегирад, ки расонаҳо ва марказҳои тасмимгирӣ дар даст доранд. Ин ҷараёнҳо бо дар ихтиёр доштани қудрат, расонаҳо ва марокизи омузишию муассисаҳои гуногун ва ба иллати надоштани виҷдоне, ки ҳиқду ҳасади онҳоро нисбат ба ислом контрол кунад, аз ҳеч амали зиште ибо намеварзанд. Аз ҷумлаи хатарҳои дигаре, ки ин ҷунбишҳои исломӣ бо он мувоҷеҳ ҳастанд ин аст, ки душманонашон ҳукуматҳоеро дар даст доранд, ки аз он барои саркуб, таҳдид, аз байн бурдан ва дастгир намудани раҳбарони ин ҷунбишҳо баҳра мегиранд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот ҷунбишҳои исломӣ худро ба гунае нишон додаанд, ки қудратҳои бузурги ҷаҳон наметавонанд ононро нодида гиранд. Ғарб дар баробари ин мавҷи фазояндаи исломӣ дар саргумӣ ва тарсу ҳарос ба сар мебарад. Ба ҳамин иллат гуруҳе ба Амрико тавсия мекунад, ки ҳуҷуми таблиғотии сахтеро бар зидди ин ҷунбишҳо оғоз кунад ва ё бо зур ин ҷунбишҳоро аз саҳнаи рузгор ҳазф намояд. Афроди дигаре монанди Фолар раиси собиқи созмони ҷосусии Амрико СРУ аз оянда нигарон аст ва бар ин бовар аст, ки Амрико бояд ҷунбишҳои исломиро ба унвони як воқеияти сиёсӣ, ки нодида гирифтани он имкон надорад, ба расмият бишносад ва ин ҳақиқатро, ки оянда дар гушаву канори ҷаҳон аз они ин ҷунбишҳост, бипазирад.

Ин пурсиш ҳануз ба ҷои худ боқист, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот ва монеаҳое, ки бар сари роҳ ин ҷунбишҳои исломӣ вуҷуд дорад, чаро ин ҷунбишҳо ҳамчунон дар ҳоли пешрафт ва густариш ҳастанд? Оё неруи бадӣ дар ҷаҳон хоҳад тавонист ин мавҷи ру ба густаришро мутаваққиф созад?

 Гуруҳе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки муҳимтарин иллати пешрафти ҷунбишҳои исломӣ ин хадамотест, ки ин ҷунбишҳо бар миллатҳои худ арза медоранд. Замоне, ки бисёре аз созмонҳо ва гуруҳҳои дигар аз кумак ба миллатҳои худ ноком мондаанд. Дар решакан намудани ҷаҳл, фақр, бемориҳои гуногун бо шикаст мувоҷеҳ шудаанд.

Шакке нест, ки ин таҳлил дар ҷои худ  дуруст ва саҳеҳ аст. Аммо наметавонад иллати пешрафти ҷунбишҳои исломӣ дар кишварҳои сарватманд, ки муассисаҳои мухталифе дар он барои хидмат ба миллатҳои худ камар бастаанд, бошад. Аз тарафи дигар ин таҳлил наметавонад далели муносиб барои шукуфоӣ ва рушди ҷунбишҳои исломӣ дар Урупо ва Амрико ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бошад.

Соҳибон ин назар бар ин боваранд, ки барои муқобила бо мавҷи исломгароӣ бояд ҳукуматҳоро ислоҳ кард ва созмонҳоро комилан ба хидмати миллатҳо гумошт ва онҳоро аз ҳама намуди фасод поксозӣ кард. Ин бовар саҳеҳ аст, аммо дастёбӣ ба он бисёр душвор аст. Зеро касе, ки бо фасод рушд карда бошад мушкил битавон ин сифатро аз у зудуд.

Агар бихоҳем сабабҳои ҳақиқии ин масъаларо дарёбем бояд ҷавҳари инсон ва миллатҳоро хуб бишкофем. Сипас бояд ба нақши бузурге, ки ҷунбишҳои исломӣ дар сар то сари дунё ифо мекунанд, таваҷҷуҳ кунем ва дар ин сурат аст, ки ба ҷавоби дуруст даст хоҳем ёфт.

Паёме, ки ҷунбишҳои исломӣ барои миллатҳо дорад бо фитрати ин миллатҳо созгор аст. «Руи худро холисона ҷониби оини ҳақиқии Худо яъне ислом кун! Ин фитратест, ки Худованд мардумонро бар сириштааст».  оят.

Ин ҷунбишҳо фитрат ва сиришти миллатҳоро хитоб қарор медиҳанд. Ба ҳамин сабаб паём ва хитоби онҳо бо вуҷуди инсон ва ҳақиқати он ҳамоҳанг аст, дар ҳоле, ки дигарон шаҳватҳои инсониро мухотаб қарор медиҳанд. Аз он ҷо, ки аксарияти миллатҳои араб ва мусалмон бар сиришти исломии худ боқӣ мондаанд, миёни ин миллатҳо ва созмонҳое, ки бо зури аслиҳа на далелу бурҳон ва мантиқ тафаккуроти бегонаро ба ин миллатҳо таҳмил кунанд, ихтилоф ва низоъ диргирифт. Ҷунбишҳои исломӣ нидои фитратро лаббайк гуфтанд ва инсонҳоро аз дарун таҳти таъсир қарор доданд. Ба ҳамин сабаб аз суи касоне, ки сиришти онон пок боқӣ мондааст ва хостаҳои  нафсонӣ онҳоро фосид накардааст, ба роҳатӣ пазируфта шуданд.

Далели дигар ин аст, ки паёми ҷунбишҳои исломӣ бо каромату шахсияти инсонӣ мувофиқ ва ҳамсу аст. Ин ҷунбишҳо маънои воқеӣ ва амалии каромати умматро ба он боз гардонидаанд. Ба ҳамин сабаб ин уммат дигар таҳқирро намепазирад ва ҳозир ба чашмпушӣ аз як ваҷаб аз сарзамини мутааллиқ ба мусалмонон нест ва муҳофизат аз ин сарзаминро барои худ воҷиб медонад.

Паёми ҷунбишҳои исломӣ бо арзишҳо ва ахлоқ низ ҳамнаво аст. Ба некиҳо амр мекунад ва аз мункарот наҳй мекунад. Ин дар ҳолест, ки душманони ин ҷунбишҳо дар фасод ғутаваранд ва аз мункир ҳимоят ва аз маъруф ҷилавгирӣ мекунанд. Ҷунбишҳои исломӣ дар муқобили зулму ситами ин  душманон сабр мекунанд ва бо тамоми вуҷуд аз қадосати силоҳи худ муҳофизат мекунанд ва онро танҳо ба суи душманони уммат нишона мегиранд. Чи нақшаҳое, ки душманони ин уммат барои ин ҷунбишҳо тарҳрезӣ накарданд, аммо ҷунбишҳои исломӣ барои муҳофизат аз ваҳдат ва якпорчагии сафҳо аз муқобила ба мисл худдорӣ карданд.

Ба ҳамин сабаб ҷунбишҳои исломӣ доимо дар ҳоли густариш аст. Таваҷҷуҳи ҳамагонро ба суи худ ҷалб кардааст, то оянда ба хости Худованди мутаъол аз они онон бошад «То ҳақро пируз ва ботилро нобуд гардонад, агарчи муҷримон онро хуш надоранд».

 

(Тарҷума аз арабӣ бо тасарруф)

 

 

 
 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com