| |
Бинобар чоп нашудани маводи зерин дар рузномаи “Миллат”,
мо тасмим гирифтем, ки ба сомонаи "turаjon com" ирсол
намоем. Чандест, ки иғвоҳои ба сари хонаводаи
Тураҷонзодаҳо омада , моро ба ташвишу изтироб овардааст.
Аз ин сабаб
қалам
ба даст гирифтем, то
ҳақиқатро
руи варақ
орем. Солиёни
дароз, аниқтараш
аз замони
шуравӣ
ба ин
су туҳматҳо
ба номи ин хонавода аллакай шуруь шуда буд.
Яъне
қиблагохи
ин хонавода
ҳазрати Эшони Тураҷонро (Худо ҷояшро ҷаннати ҷовидон
бигардонад)
баьзе хасудхурон КГБ-и Шуравӣ
медонистанд. Ниҳоят
маьлум гардид, ки ин гуфтаҳо
асосе надорад. Баьдтар эшонро "ваҳҳобӣ"
хонданд, ки ин гуфтаҳо
ба
ҷуз
туҳмат
дигар чизе набуд. Кунун тухматӣ
навбатӣ
ин ҳам ба дасти иддае аз “салладорон”
оғоз
шуд,. Гуё
аҳли
ин хонавода мардумро ба шиамазхабӣ
даъват менамуда бошанд.
Мавриди зикр аст, ки солиёни
дароз мо дар масҷиди
"Мухаммадия" бо аҳли
ин хонавода намоз мегузорем. Лекин боре нашунидаем, ки
эшон мардумро ба мазҳаби
бегонае ташвиқ
карда бошанд. Барьакс оммаро ба мазхаби
ҳанафия
тарғиб
карда ва барои гулгулшукуфии Точикистон ва дар хаққи
сарвари давлат дуои хайр мекарданд.
Мо метавонем бо як чанд далелҳои
хеш исбот намоем, ки аҳли
ин хонавода аз ин туҳмату
буҳтон
фарсахҳо
дуранд: 1. Эшон аз мазҳаби
ҳанафия
буда, ақоиди
"мотуридӣ"
(яке аз чараёнҳои
ақидавии аҳли суннат)
доранд, чунон, ки дар аксар мавьизаҳои
хеш иброз медоранд: 2 Мо шоҳид
ҳастем,
ки дар ин масҷид
дар як руз панч вақт
намоз гузошта мешавад,
на ин,
ки се маротиба
ба монанди
аҳли
ташайюь: 3 Дар мазҳаби
шиа никоҳи
муваққат
роиҷ
аст, ки эшон чунин никоҳро
махкум месозанд.
Ба ин гуфтаи боло мақолаи раддия оид ба никоҳи муваққат,
ки дар худи торномаи Turajon.com ба қалами устоди
бузургвор Эшони Маҳмудҷон ба нашр расидааст, баёнгари
воқеият аст. Фикр мекунем, ки барои аҳли фаҳм ҳамин
қадар далел кифоя мебошад. Мавриди зикр аст, ки солҳои
60-ум аҳли ин хонавода дар моҳи мухаррам (дар яке аз
рузҳои ҷумьаи ин моҳ) фоҷиаи кушта шудани набераи
Паёмбари охируззамон Мухаммад (с), Имом Хусайнро ёд
мекарданд. Магар ёд кардани фоҷиаи шаҳодати набераи
Паёмбар (с) ва меҳру муҳаббат доштан ба эшон шиа
мазхабист?
Асло не! Бо итминони комил гуфта метавонем, ки тамоми
мусулмонони кураи замин
ҳазрати
Имом
Ҳусайнро
аз руи
дараҷа ва мартабае, ки дорад
дуст медоранд, на вобаста аз мазҳабу
миллат. Чунон,
ки
Паёмбари
ислом Мухаммад (с)
ҳарду
наберааш - Имом Хусайн ва Имом Хасанро дар пахлуяш
шинонда, чунин дуо мекарданд:
" ХУДОВАНДО ! ТУ ХАМИН ДУРО ДУСТ ДОР (ИМОМ ХУСАЙН ВА
ИМОМ ХАСАНРО), МАН ДУСТАШОН МЕДОРАМ. ХУДОВАНДО! ДУСТ ДОР
КАСЕРО, КИ ДУСТ МЕДОРАД ИН ДУРО" Хулоса, бо
ёд
кардани Имом Хусайн аҳли
ин хонаводаро шиа гуфтан нишонаи аблаҳист.
Як гуруҳ
сокинони нохияи Вахдат : Наврузи Н, Мирзоев С, Наимов М,
Нозиров Н, Абдуллоев С, Сулаймонов А, Усмонов О.
|
|