WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
     
 

Буҳтон гуноҳи бузург аст

 
 

Ба номи Худованди Бахшандау Меҳрубон

Ҳар касе бо ҳаводиси руз ошнои дорад медонад, ки дар таърихи 12 моҳи декабри соли ҷори, бо фармони Раиси Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Абдурраҳим Холиқов хондани намози ҷумъа дар масҷиди мо, ки дар байни мардум бо исми масҷид ва ё мадрасаи “Муҳаммадӣ” маъруф ва машҳур аст, ба муҳлати се моҳ манъ карда шуд.

            Сабаби асосии баста шудани масҷиди мо қарори қабул намудаи Шурои уламо бо раёсати Сайидмукаррам Абдулқодирзода аст. Раиси Шурои уламо дар рузи 6 декабр, ҷумъаи дар таърихи 2 декабр баргузор шудаи масҷиди моро, ки мавзуъи суҳбати он баёни зиндагиномаи Зайнулобиддин фарзанди Имом Ҳусайн (р) буд, муҳокама намуда, онро “Ошурои шиагӣ ҳукм кард. Хонадони моро ба шиагароӣ муттаҳам намуда, аз “мақомоти ваколатдори давлатӣ дархост карда аст, ки ба ин амали Тураҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ кардани он чораҳои қатъӣ андешанд!” Субҳоналлоҳ!!!

            Банда ба ҳайси як фарди аз ин хонадон, мехоҳам барои ҳифзи ирзу номус ва обуруи хонадони хеш назари худро роҷеъ ба қарори Шурои Уламо аз дидгоҳи шариъати муқаддаси ислом баён бикунам, ки оё қарори онҳо асоси шаръӣ дорад ё не?

            Дар ҳақикат қарори қабул намудаи Шурои Уламо аз назари шаръӣ ҳеҷ арзиши илмӣ надорад. Зеро даъвои он бо бурҳон ва далелҳои саҳиҳи шаръӣ мудаллал нашуда ва инчунин тарафи муқобил дар он ҷаласа ҳузур надоштааст. Бинобар ин банда қарори Шурои Уламоро як ҳақоратнома ва ё туҳматномаи ноҷавонмардона, золимона ва фармоишӣ мехонам.

 

Чаро туҳматнома ва чаро ноҷавонмардона ва  чаро золимона?

Посухи ҳар як аз суолҳои матраҳшударо ба шумо хонандагони азиз хоҳам гуфт. Дар ибтидо мепардозем ба исботи туҳматнома будани қарори эшон:

            Аз баррасии матнҳои сегонаи мухталифи қарори Шурои Уламо банда ба се далели ботил аз далелҳои эшон пай бурдам, ки такя ба он далоили сохта,  хонадони моро муттаҳам ба шиагароӣ кардаанд.

Якум:Тураҷонзодаҳо бо тақлид аз шиъаҳои иронӣ маросими Ошуро баргузор намудаанд.

Дуввум: Эшони Нуриддин дар суҳбати худ нисбати ҳазрати Муовия- саҳобии Паёмбари Акрам (с) “дашному лаън” ва ё носазо гуфтаанд.

Саввум: дар шаъни Язид фарзанди Муовия (р) лаънату нафрин хондаанд.

 

Маҳфили мо Ошурои шиъаҳо набуд

            Ғолибан мавзуъҳои суҳбати намозҳои ҷумъаи мо тибқи суннати Расули Акрам (с) мувофиқ ба фазоил ва ҳаводиси таърихии моҳҳо ва айёми сол барномарезӣ мешуд. Дар китобҳои ҳадис аз Паёмбари Худо (с) дар фазоили аксари моҳҳои сол аҳодиси зиёде ривоят шудааст. Мо низ бо пайрави аз равиши он ҳазрат (с) дар моҳи рамазон роҷеъ ба нузул ва эъҷози Қуръон, фазоил ва аҳкоми руза, ҷанги Бадру фатҳи Макка, ки баъзе аз ҳодисаҳои моҳи шарифи рамазон дар таърихи зиндагии Расули Акрам (с) аст, бештар суҳбат мекардем. Ҳамчунин дар моҳҳои ҳаҷ аз фазоилу аҳкоми ҳаҷ ва дар моҳи рабиул-аввал аз вилодат ё вафот ва дигар ҷанбаҳои зиндагии Расули Акрам (с) ба мардум баён мекардем. Ва бо ҳамин шева дар моҳи муҳаррам аз фазоил ва ҳаводиси он моҳ ба ҳозирин тазаккур медодем. Албатта яке аз ҳодисаҳои талхе, ки дар таърихи ислом дар рузи даҳуми моҳи муҳаррам, ки рузи ошуро ном дорад иттифоқ афтодааст ин воқеаи ибратомузи Карбало аст, ки он ҷузъе аз таърихи ислом аст. Оё мешавад онро нодида гирифт? Ва ё аз гуши мардум пинҳон кард? Дар ҳоле мардум аз тариқи ривоятҳои шифоҳӣ ва сурудаҳои шеърӣ аз он маълумоти муҷмал ва фишурда доранд.

Бисёриҳо аз тариқи номаҳо роҷеъ ба воқеъаи Карбало аз мо маълумоти муфассал мехостанд. Магар дуруст аст, ки мо хостаҳои эшонро ношунида бигирем? Бо вуҷуди ин ҳама дархостҳо мо ҳар сол дар бораи фоҷиъаи  Карбало суҳбат намекардем. Балки ҳар сол дар моҳи муҳаррам мавзуъи суҳбати мо тоза ва нав мешуд. Соле дар бораи ҳазрати Фотима соли дигар роҷеъ ба таърихи зиндагии Имом Ҳасан, соли саввум Имом Ҳусайн ва Зайнаб ва Зайнулобидин ва ғайра… суҳбат мешуд.

            Агар ба фарзе ҳар сол дар моҳи муҳаррам зикри шаҳодати Имом Ҳусайн ва ё воқеъаи Карбало бикунем ҳам, аз назари мазҳаби мо ишколе надорад. Зеро дар кулли “маҷмуъаи хутбаҳои моҳҳои сол” ки аз ҷониби уламои мазҳаби мо барои хатибҳо навишта шудааст, ба вижа дар хутбаҳои моҳи муҳаррам ҳодисаи Карбало ва зикри шаҳодати Имом Ҳусайн қайд шудааст.

Барои мисол иқтибосе меорем аз “Маҷмуъаи хутбаҳои Лакҳнавӣ”-и Мавлоно Абдулҳай- Имом фақеҳ ва муҳаддиси ҳанафӣ (т.1264-ваф.1304 ҳиҷрӣ):“Дар моҳи муҳаррам рузи ошуро аст. Ай шунаванда ту аз фазилати он руз ҳоло чи медони…? Ошуро рузест, ки Паёмбари Акрам (с) дар он руз, руза медоштанд ва асҳоби худро ба руза доштан амр мекарданд… Он руз рузест, ки сарвари мо Ҳусайн – ибни – Алӣ ва фарзанди духтари Расули Худо ба орзуи ниҳоии худ(ки шаҳодат аст) расиданд. Нисбати эшон он қадр зулму ситам шуд, ки аз шунидани он (на танҳо муи бадан, балки)гушҳо (монанди муй) рост мешавад. Ва табъи инсон аз душманони у мутанаффир мешавад… ва анвоъи бало ва мусибатҳоро бар сари хонадони Паёмбари Худо оварданд. Саранҷом Имом Ҳусайн ҷоми шаҳодат нушиданд. Ин ҳама балоу мусибатҳо дар мавзиъе воқеъ шуд, ки номаш Карбало аст. Худованд бар Имом ва ёронаш раҳмат ва бар душманонаш азоб бифиристад. Ҳар ки ин мусибати бузургро ёд кунад ва истирҷоъ намояд ба мартабаи бузург ноил мегардад… (ҷилд.2.аз маҷмуъаи расоил . саҳ. 7)

            Ҷумлаи охири эшон ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Маънои лозимаи он ин аст, ки ҳар мусалмоне ҳар гоҳе ва ё ҳар соле он мусибатро зикр намуда инно лилоҳ… гуяд соҳиби аҷру подош мегардад. Албатта ин каломи эшон гирифта шуда аз ҳадиси Паёмбари Акрам (с) аст, ки мефармоянд:“Ҳар, ки мусибати гузаштаро ёд кунадва баъдаш истирҷоъ намояд, Худованд барояш мисли мусибати тоза аҷру подош медиҳад”(рив.Аҳмад ва Ибни Моҷа.)

            Ончи мавлоно Абдулҳайи Лакҳнавӣ аз воқеъаи Карбало дар хутбаи хеш зикр намудаанд, мавқеъ ва назари эшонро дар посухи суоли:“Оё зикри шаҳодати Имом Ҳусайн(дар моҳи муҳаррам) муҷиби савоб аст ва ё боиси иқоб? (азоб) ба хуби муайян мекунад.

            Аз ин ҷиҳат эшон дар “маҷмуъатул – фатово”- и хеш дар мавриди суоли мазкур чунин ҷавоб медиҳад:“нафси баёни воқеъаи шаҳодати (Имом Ҳусайн) ва гиристан бар он ба шарте, ки аз навҳа ва мутааллиқоти он(мисли синазанӣ, сарзанӣ)муарро (холӣ) бошад ва аз ақди маҷлис (-и хос дар вақти хос, на дар суҳбати маъмулии намози ҷумъа) ки муҷиби ташбиҳ ба Равофиз (шиъа) аст, мубарро (ори ва холи) бошад, дуруст аст. (Маҷмуъатул- фатово. Китоби Кароҳият)

            Он иқтибосе, ки мо овардем калом ва раъйи худи Мавлоно Абдулҳай аст, ки хутбаи дар боло зикр шудаи у тафсири амалӣ бар ин фатвои эшон аст. Вале он қайду шартҳое, ки домулло Садриддин дар пуштибонӣ аз қарори муфтӣ дар ҳафтаномаи Имруз–News барои зикри шаҳодати Имом Ҳусайн оварда аст, сухани Шамсуддини Куҳистонӣ, муаллифи китоби “Ҷомиъур-румуз аст, на каломи Мавлонои Лакҳнавӣ.

            Фақиҳ, муҳаддис ва муфассири ҳанафӣ Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ (в.1239.ҳ) фарзанди донишманди бузурги Ислом, Шоҳ Валиюл-лоҳи Деҳлавӣ дар масъалаи зикри шаҳодати Имом Ҳусайн дар рузи ошуро ва марсия хондан дар маҳфили он фатвои амалие доранд, хоҳиш мекунам хонандагони азиз бо диққат мутолиа фармоянд ва бо маҳфилҳои масҷиди мо муқоиса кунанд:“Дар тамоми сол ду маҷлис дар хонаи фақир (яъне – Шоҳ Абдулазиз) мунъақид (барпо) мешавад.

1. Маҷлиси зикри вафоти шарифи он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

2. Маҷлиси шаҳодати Ҳасанайн (р) (яъне Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн)

Мардум рузи ошуро як ё ду руз пеш аз он, қариб чаҳор сад нафар ё панҷсад нафар балки (гоҳе) ҳазор нафар фароҳам  (ҷамъ) меоянд. Ва дуруд мехонанд ва баъд аз он, ки фақир меояд менишинанд. Зикри фазоили Ҳасанайн, ки дар ҳадиси шариф ворид шуда дар баён меояд. (баён карда мешавад) Ва он чи дар аҳодис, ахбори шаҳодати ин бузургон ва тафсири баъзе ҳолат ва бадмаолии (бадбахтии) қотилони эшон ворид шуда, низ мазкур мешавад. Хобҳои мутаваҳҳише(ваҳшатнок) ки Ибни Аббос (р) ва дигар саҳоба дидаанд, ки далолат бар фарти ҳузни (андуҳи зиёди)руҳи мубораки ҷаноби Рисолат маоб (яъне – Расули худо) (с) мекунад, мазкур мегардад. Баъд аз он хатми Қуръони маҷид ва панҷ оят хонда бар мо ҳазар (ҳозирин) фотиҳа намуда меояд. Ва дар ин байн агар шахси хуш илҳон (хуш овоз) бошад, салом мехонад ва ё марсияи машруъ иттифоқ мешавад. Зоҳир аст, ки дар ин байн аксари ҳозирини маҷлисро ва ин фақирро ҳам риққат (сузиши қалб) ва буко (гиря) лоҳиқ (ҳосил) мешавад.

            Ин аст қадре, ки ба амал меояд. Пас агар ин чизҳо назди фақир ба ҳамин вазъ, ки мазкур шуд ҷоиз намебуд иқдом бар он аслан намекард… (Фатвои Азизия. Саҳ.104-105)

Тафсилоти хоби ваҳшатноки Ибни Аббос (р)

Абдуллоҳ ибни Аббос Пайғамбари Худоро (с) пас аз фоҷиаи шаҳодати имом Ҳусайн (р) дар хоб диданд бо муйҳои парешон ва чангзадаву ғуборолуда, дар ҳоле, ки дар дасти мубораки Эшон (с) шишае пур аз хун буд. Ибни Аббос пурсиданд: Падару модарам фидоят ё Расулаллоҳ, ин чист, ки дар дасти Шумо мебинам? Ҳазрат (с) фармуданд: “Хуни Ҳусайн ва ёрони Ҳусайн аст, ки аз биёбони Карбало ҷамъ намудаам ва мехоҳам онро ба пешгоҳи Парвардигор ба додхоҳӣ аз дасти золимони хунхор бибарам”. Муснади имом Аҳмад 283/1.

            Акнун шумо – муғризонро ба Худо қасам медиҳам; оё маҳфиле, ки дар ҷумъаи 2 декабр дар масҷиди мо баргузор шуд, ва шумо онро “Ошурои шиъагӣ” эълон намудед аз маҷлиси ҳар солаи ин фақиҳи бузурги ҳанафӣ тафовуте дорад ё на? Албатта на! Балки эшон зиёда бар шеваи кори мо барои зикри шаҳодати Ҳасанайн маҷлиси хосс барпо мекарданд. Дар ҳоле, ки онро баъзе аз уламо наҳй кардаанд. Вале мо барои зикри шаҳодати Имом Ҳусайн ҳаргиз маҷлиси хоссе ташкил накардаем. Балки ҳамвора дар зимни суҳбати маъмулии намози ҷумъа зикри хайри эшон кардаем.

            Хулосаи калом: он чи дар масҷиди мо то имрӯз дар моҳҳои муҳаррам гузаштааст, дар доираи мазҳаби ҳанафӣ буда ва дар он ё зикри шаҳодати Имом Ҳусайн ва ё таърихи яке аз фарзандони Расули Акрам (с) будааст, на ошурои шиъаҳо. Чуноне, ки сабти наворҳои мавҷуда шоҳиди зинда бар ин гуфта аст.

            Пас агар зикри шаҳодати Имом Ҳусайн ва ё таърихи зиндагии кадоме аз фарзандони Расули Акрам (с) дар моҳи муҳаррам, маънои шиъагаро ва шиъа буданро дошта бошад, лозим аст қабл аз мо Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ ва Мавлоно Абдулҳайи Лакҳнаӣ ва кулли касоне, ки хутбаҳои намози ҷумъаро барои мо навиштаанд шиъа ва шиъагаро бошанд. Ва инчунин тамоми муаррихон, мисли Ибни Касир, Табари, Байҳақӣ ва ҳама шоирон амсоли Аттору Мавлавию Иқболу Ҷунунӣ ва ҷамъи сарояндагон, монанди Одина Ҳошим, Қори – Тағоймуроди Хушвақт ва ғайра, ки дар мавзуъи шаҳодати Имом Ҳусайн таърих навиштаанд, ва ё марсия иҷод кардаанд ва ё шеъре сароидаанд, бояд ҳамаги шиъа ва шиъагаро бошанд.

             То замони зуҳури салафиҳо дар Тоҷикистон, касе ба ин масъалаҳо ҳассосият нишон намедод. Салафиҳо, ки бо аҳли ташайюъ кинаи палангӣ доранд, ва онҳоро, ҳатто аз куфри ҷаҳонӣ, ки душмани ҳар ду гуруҳ аст, бадтар медонанд, ба ҳар чизе бо айнаки сиёҳи шиъатарошӣ назар мекунанд. Аз ин ҷиҳат ҳар чизе, ки аз он рангу буи шиъа меояд, онро муттаҳам ба шиъа будан мекунанд. Агар ҳамчунин таъсири онҳо дар ҷомиъаи мо боқи бимонад, шояд рузе фаро бирасад, ки эшон ҳар касеро ки номи Имом Алӣ, Ҳасану Ҳусайн ва ё номи форсӣ доранд ва ё забони форсиро ба лаҳҷаи эронӣ медонанд, ва ё либоси сиёҳ мепушанд, муттаҳам ба шиъа будан бикунанд.

            Чанд сол пеш дар як наворе аз забони “шайхул исломи” салафиҳои тоҷик Муҳаммади шунида будам, ки эшон тоҷикдухтареро ки номаш Сакина буд, муттаҳам ба шиъа будан мекард. Ба хотири он ки Сакина номи духтари Имом Ҳусайн будааст. Субҳоналлоҳ ! Магар Имом Ҳусайн ва аҳлу байти Паёмбар (с) фақат моли шиъаҳо буда ва ихтисос ба онҳо дошта, ва танҳо назди онҳо маҳбубият доранд? На! Балки эшон дар қалби аҳли суннат низ маҳбубият доранд. Ва ҳаргиз дуст доштани онҳо маънои шиъа буданро надорад.

            Шояд баъд аз ин фитнаи Шурои Уламо ва салафиҳо, ки мутаассифона доираҳои муайяни ҳукуматӣ аз онҳо тарафдорӣ карданд, мардум аз овардани калимаи Ошуро бар забони худ ҳазар намоянд. Ҳол он, ки ин вожа дар суннати саҳиҳа ба вижа саҳиҳи Бухорӣ ва Муслим ба муносибати рузаи мустаҳаббае, ки дорад зикр шудааст. Чанд ҳафта пеш яке аз муллоҳои тоҷик шояд аз тарси туҳмати Шурои Уламо ва ё салафиҳо бошад, ки рузаи мустаҳаббаи рузи ошуроро инкор намуда, онро бо иҷтиҳоди худ аз ҷумлаи рузаҳои мубоҳа қарор додааст. Дар ҳоле, ки тамоми китобҳои ҳадис ва фиқҳии мазҳаби мо, мисли “Раддул-муҳтор, Оламгирӣ, Бадоъиус-саноиъ, Фатҳулқадир” ва ғайра онро яке аз рузаҳои мустаҳабба хондааст. Ва расули Акрам (с) мувофиқи ривояти Муслим то охири умри худ он рузаро гирифтаанд ва ҳатто қабл аз вафоташон фармудаанд:Агар соли оянда зинда бошам бар хилофи яҳудиҳо, рузи нуҳумро бо рузи даҳум (рузи ошуро) руза хоҳам дошт.

            Ҳамин буҳтоне, ки имруз бар сари хонадони мо омадааст дар замони Имоми Шофиъӣ бар сари эшон низ омада буд. Имоми Шофиъӣ он туҳмати муғризонро бо ду мисра шеъре, ки эшон табъи фавқулодда шоирӣ ҳам доштанд чунин посух доданд:“Агар муҳаббати хонадони Паёмбар маънои рофизӣ (шиъа) буданро дошта бошад, пас ман рофизии рақами аввал ҳастам”

            Ёд дорам тахминан соли 2008 м. дар ҷашни зодрузи Расули Акрам (с) дар Либия бо бародари азизам Ҳоҷи Акбар ва ҳайате аз Шурои Уламои Тоҷикистон ширкат доштем. Роҳбари фақиди Либия Муъаммар Қаззофӣ (Худо уро биомурзад) дар баромади худ аз ваҳҳобиҳо ва салафиҳо ду интиқод кард:

Яке он, ки эшон ҳама ёдгориҳои таърихиро дар Макка ва Мадина бо шиъори мубориза бар зидди ширк ва бидъат аз байн бурданд.

Дуввум касонеро, ки муҳаббати зиёде ба хонадони Паёмбари Худо (с) дошта бошанд, онҳоро муттаҳам ба шиъа будан мекунанд. Қаззофӣ дар идомаи суханони хеш гуфтанд:шумо агар дар кишварҳои мусулмоннишини Африко, аз баҳри Сурх то Уқёнуси Атлантик оморгирӣ кунед, шояд миллионҳо номи Ҳасану Ҳусайн ва Фотимаву Зайнаб биёбед. Вале як нафар мусулмоне бо номи Язид  наметавонед пайдо бикунед. Аммо ин ҳаргиз маънои дар мазҳаби шиъа (ва ё шиъагаро) будани мусулмонони Африкоро надорад.

 

Зикри хатои саҳоба гуноҳ нест

            Далели дуввуме, ки Шурои Уламо дар туҳматномаи худ ба он такя намудааст ин аст, ки “Эшони Нуриддин нисбати саҳобаи Паёмбари Худо – ҳазрати Муовия – дашному лаън хондаанд”(ба Худо паноҳ!)

Ҷавоб: нисбат додани лаъну дашном ба ҳазрати устод, дар шаъни ҳазрати Муовия (р) дуруғи андар дуруғ ва буҳтони фавқи буҳтон аст. Зеро чунин каломе аз забони эшон ҳаргиз содир нашудааст. Балки он чи эшон дар бораи ҳазрати Муовия гуфтаанд, хато ва лағжиши эшон аст, на лаъну дашном, ки гуфтани он дар шаъни саҳобагони Паёмбар бо ҳукми ҳадисҳои саҳиҳ ва наҳйи сареҳ ҳаром ва гуноҳ аст. Валекин зикри хато ва лағжиши саҳоба аз назари аҳли суннат ва ҷамоъат гуноҳ ва маъсият нест, ки мо шахсеро ба ин сабаб муттаҳам ба шиъа будан бикунем.

            Уламои аҳли суннат ва ҷамоъат ҳеҷ касро, ҷуз Паёмбар (с) маъсум аз гуноҳу хато намедонанд, ҳатто Хулафои Рошидинро, чи расад ба ҳазрати Муовия (р)

            Инак назаре меандозем ба алфозе, ки уламои аҳли суннат онро дар шаъни ҳазрати Муовия (р) гуфтаанд:

1. Дар шарҳи китоби “Алмуътамад фил муътақад” навиштаи Абу Абдуллоҳ ибни Ҳасан, машҳур ба исми Турпуштӣ, ки яке аз муҷтаҳидҳои ҳанафи мазҳаби асри 7 ҳиҷри аст, омадааст:“Ҷумҳур (-и аҳли суннат) бар онанд, ки ҳазрати Муовия (р) дар мухолифаташон бо ҳазрати Али (р) муҷтаҳиди мухтиъ (хатокор)аст.На фосиқ, монанди қавли қози Абубакр Муҳаммади Боқилонӣ шофиъӣ (в.403.ҳ.) Ва баъзе (мисли Боқилони) тафсиқ кунанд (яъне фосиқ хонанд) ҳазрати Муовия ва атбои (пайравони) уро.(Албатта қавли ахир нисбати ҳазрати Муовия аз назари мо низ мардуд аст) Ихтилоф аст(назди Уламо)даритлоқи (истифодаи) лафзи боғи (шуришгар, саркаш, нофармон) бар ҳазрати Муовия (р). Ва ҳақ он аст, ки эшон (дар мухолифаташон бо ҳазрати Али) боғи аст,ба (ҳукми) ҳадиси:“тақтулука алфиатул – боғия” (ривояти Бухорӣ ва Муслим. Ин ҳадисро Паёмбари Худо дар шаъни Аммор ибни Ёсир бо муъҷиза гуфтанд: ки ту аз дасти гуруҳи боғӣ- шуришгар, ки зидди имоми бар ҳаққ исён кардааст, кушта мешавӣ.)Ҳамчунин итлоқи (истифодаи) лафзи ҷобир (саркаш) ва ҷоир (золим, ситамгар) ки онро соҳиби Ҳидояи шариф (Бурҳониддини Марғинони – ҳанафӣ) дар шаъни ҳазрати Муовия истифода бурдаанд дар китоби “Алқазо” ба ҳукми ҳадиси “Алхилофату баъди салосуна санатан сумма якуну мулкан ъазузан (Аҳмад, Тирмизи) Дар баъзе ривоёт:ҷобиран ва ё ҷоиран низ омадааст

(Яъне: хилофати рошида баъд аз вафоти ман то си сол мешавад. Баъд аз он низоми подшоҳии газанда – яъне золимона – ва ё  ҷоирона ва ҷобирона хоҳад шуд.Алмуътамад. саҳ. 218. чоп. Истанбул.)

2. Дар матни Ҳидояи шариф омадааст:“қабул кардани вазифаи қозигӣ аз подшоҳи ҷоир (золим) ҷоиз аст, ончунон ки аз подшоҳи одил ҷоиз аст.”Соҳиби Ҳидоя дар шарҳи он мисоле овардааст:Зеро саҳобагони Паёмбар мансаби қозигиро аз ҳазрати Муовия пазируфтаанд. Дар ҳоле, ки ҳақ ба дасти ҳазрати Али буд дар навбати хилофат (баъд аз ҳазрати Усмон (р)

            Ибни Ҳумом, ки яке аз муҳаққиқони мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз шориҳони Ҳидояи шариф аст дар шарҳи сухани соҳиби Ҳидоя мефармояд:Ин сухани соҳиби Ҳидоя сароҳатан ба ҷоир (золим) будани ҳазрати Муовия далолат мекунад. Албатта фақат дар масъалаи мухолифаташон ба ҳазрати Али (р) на дар ҳама қазияҳо(Фатҳул қадир. ҷ. 7. Саҳ 245)

3. Муфти Муҳаммад Тақии Усмонӣ, яке аз фақиҳ ва олимони муосири ҳанафӣ дар китобе, ки ба хотири дифоъ аз ҳазрати Муовия, дар радди китоби Абу алии Мавдудӣ навиштаанд, роҷеъ ба масъалаи таъйини Язид ба мақоми хилофат аз ҷониби ҳазрати Муовия (р), ҳамон масъалае, ки муғризон алайҳи устоди мо аз он суистифода кардаанд – мунсифона чунин қазоват мекунад:“Уламои муҳаққиқ аз кулли уммат ҳамеша гуфтаанд, ки ин амали ҳазрати Муовия (яъне: таъйини Язид ба хилофат) ба ҳайсияти раъй ва тадбири эшон дар воқиъиёт, дуруст аз об дар наёмад(яъне: раъю тадбирашон дуруст набаромад балки хато баромад.) Ва аз ин назар бар масолиҳи иҷтимоъии уммат зарба ворид шуд. Эшон чанд сатр поинтар боз илова мекунанд:“Дар сурате, ки ақидаи кулли уммат дар ин маврид ҳамин аст, ки раъйи ҳазрати Муовияро метавон суи тадбир (тадбири бад ва нодуруст) ё лағжиши фикри талаққи кард.” (яъне: қабул кард.) (ҳазрати Муовия ва ҳақоиқи таърихи. Саҳ. 95)

            Ин чанд иқтибосе буд дар масъалаи мавриди баҳси мо аз уламои мазҳаби Имоми Аъзам. Барои таъйид ва тақвияти ин гуфтаҳо се иқтибоси дигар аз дигар аимма ва уламои мазҳаби аҳли суннат тақдими шумо азизон мекунем.

4. Муҳаммад Иброҳим Алямони бо нақл аз китоби “Ат – тазкира”-и имоми Қуртуби Моликӣ меорад:“Фуқаҳои аҳли Ҳиҷоз ва Ироқ аз аҳли ҳадис (мисли ҳанбалиҳо) ва раъй (мисли ҳанафиҳо) аз он ҷумла Имом Молик (р) ва Имом Шофиъи (р) ва Имом Авзоъӣ ва инчунин ҷумҳури аъзам аз уламои илми калом (ақида) иҷмоъ доранд бар ин ки раъю тадбири ҳазрати Али (р) дар чанги алайҳи Муовия ва Талҳау Зубайр савоб ва дуруст буд.”(ва раъйи мухолифинаш хато буд.) (Ал – ъавосим вал – қавосим.)

5. ИмомАбулМаъоли Абдулмалик ибни Абдуллоҳи Ҷувайни машҳур ба унвони Имомул-ҳарамайн, (т.419-в.478.ҳ)даркитоби “Ал- иршод” дар баёни фазилати ҳазрати Алӣ мефармояд: “Ҳазрати Алӣ (р) имом ва халифаи барҳаққ ва муқотилони алайҳи у боғӣ (исёнгорва саркаш) буданд.”

6. Муҳаддиси бузург ибни Хузайма баъд аз ривояти ҳадиси Аммор, ки дар боло гузашт бо таъкид мефармояд:“Ман шаҳодат медиҳам (яъне: савганд мехурам) ҳар ки дар хилофати ҳазрати Алӣ бо у низоъ кардааст, у боғӣ (шуришгар ва саркаш) аст. Банда бо ҳамин раъй ва қавл машоих ва устодҳои худро дарёфтаам. Ва ибни Идриси Шофиъӣ (Имом Шофиъӣ) низ ба ҳамин қавл қоил ҳастанд.”(ривояти Ҳоким, китоби Улумул – ҳадис дар маноқиби ибни Ҳузайма)

            Акнун аз туҳматгарон мехоҳам бипурсам: агар зикри хато ва лағжиши ҳазрати Муовия (р) ва ё кадоме аз саҳобаҳо маънои шиъагаро ва шиъа буданро дошта бошад пас ин бузургоне, ки исмашон гузашт аз уламои мазҳаби ҳанафӣ ва ғайри ҳанафӣ – ҳама бояд шиъа ва рофизи бошанд?

 

Фақат шиъаҳо бар Язид лаънат нахондаанд

            Саввумин далеле, ки аз буҳтонномаи Шурои Уламо ба назар мерасад ин аст, ки Эшони Нуриддин ба унвони Язид лаънат хондааст.

Ҷавоб: Дар масъалаи лаънат фиристон ба номи Язид, байни уламои аҳли суннат ихтилофи назар аст. Оре, як гуруҳ аз уламои мо такя бар ҳадисҳое, ки лаънат гуфтанро бо таври умум манъ намудааст, ба Язид лаънат гуфтанро манъ кардаанд. Вале гуруҳи дигарӣ аз фуқаҳо, муҳаддисин ва ҳатто баъзе аз аиммаи мазҳаби аҳли суннат бо далелҳои хоссе такя намуда, лаъни Язидро ҷоиз медонанд.

            Мо тасмим гирифтем дар ин маврид аввалан гуфтори уламои мазҳаби ҳанафиро баён бикунем:

1.Саъдуддини Тафтозонии Самарқандӣ яке аз донишмандони маъруфи Мовароуннаҳр дар ин робита мегуяд:“Дар ҳақиқат розӣ будани Язид аз кушта шудани Имом Ҳусайн, ва аз тавҳину таҳқири фарзандони Паёмбар аз ҷумла ахборест, ки бо ривоятҳои мутавотири маънавӣ (ки яқиновар аст) собит шудааст. Агар чанде тафсилоти он бо ахбори воҳид ба мо расидааст. Бинобар ин мо дар шаъни Язид бидуни таваққуф мегуем: лаънти Худо бар у ва бар ёру ёварони у.” китоби Шарҳи ақоиди насафӣ

2. Муҳаддиси маъруф  Аллома Ал-Муновӣ, ки унвони ҳофиз дар илми ҳадис доранд дар китоби “Файзул қадир” меорад:Дар фатовои Ҳофизуддини Курдӣ – ҳанафӣ омада:Лаъну нафрин хондан ба номи Язид ҷоиз аст.

3. Қивомуддини Саффорӣ – аз фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ роҷеъ ба ин масъала навиштааст:дар лаън хондан ба унвони Язид боке (яъне: гуноҳе) нест.

4.Аҳмад ибни Сулаймон ибни Камоли Румӣ – ҳанафӣ машҳур ба номи Ибни Камол,(ваф.940 ҳ) яке аз шориҳони китоби маъруфи диёри мо “Ал – виқоятур-ривоя” ки дар хилофати Усмонӣ муфтии шаҳри Қустантиния- Истамбули имруза – буд  дар фатовои хеш навишта аст: бе шакку шубҳа лаънат гуфтан бар Язид ба хотири қабоҳатҳо ва зиштрафториҳояш ҷоиз аст.

5. Фаридуддини Аттор, шоир ва орифи бузурги аҳли суннат, мусаннифи насиҳатномаи “Чаҳор китоб”-и машҳур дар кишвари мо, дар васфи Имом Ҳусайн дар саҳифаи 146 мусибатнома навиштааст:

Бо ҷигаргушаи Паёмбар ин кунанд,             Онгаҳе даъвои доду дин кунанд.

Ҳар ки дар руи чунин овард теғ,                    Лаънатам аз Ҳаққ баду ояд дареғ.

Кошкӣ ай ман саги ҳиндуи у,                         Камтарин саг будаме дар куи у.  

            Ҳатто эшон лаънати худро дар ҳаққи қотилони Ҳусайн (р) дареғ доштаанд. Ва онҳоро шоистаи лаънати Ҳақ таъоло надонистаанд. Балки барои онҳо аз лаънат,  сухани қабиҳтар ва зишттарро сазовор донистаанд. 

6. Бузургтарин олиме, ки аз уламои ғайри мазҳаби мо ба номи Язид лаъну нафринро иҷозат додаанд, имоми аҳли ҳадис ва асосгузори мазҳаби ҳанбали Имом Аҳмади Ҳанбал (р) аст.

7. Муҳаддиси машҳур Абул Фараҷ ибни Ҷавзӣ (т.510-в.570.ҳ) дар масъалаи ҷавози лаъни Язид китоби вижае тасниф намудаанд, бо номи “Ар – радд алал мутассибил – анид -ал – маниъи мин замми Язид.” Эшон дар ин китоб навиштаанд:Шахсе маро аз шаъни Язид суол кард, ки у аз назари шумо чи шахсиятест? Гуфтам: Барои шинохти Язид он чи дар ривоятҳост басанда аст.

Гуфт: Оё ба у лаънат гуфтан ҷоиз аст?

Гуфтам: Донишмандони бо тақвое, мисли Имом Аҳмади Ҳанбал лаъни Язидро иҷозат додаанд. Ба вижа Имом Аҳмад дар ҳаққи Язид аз лаънат ҳам бештар таънаҳо задаанд, ва суханҳо гуфтаанд.

            Сипас ибни Ҷавзи аз муҳаддиси маъруф Абу Яълои ҳанбалӣ ривоят мекунад, ки эшон бо исноди худ аз Солиҳ дар баъзе ривоят аз Абдулло фарзанди – Имом Аҳмад (р) нақл мекунад:Ман аз падарам пурсидам: баъзе афрод моро ба муҳаббат ва дустии Язид нисбат медиҳанд (оё ин дуруст аст?) Эшон гуфтанд: оё ҳаст мусалмоне, ки ба Худо имон дорад Язидро дуст бидорад?  Гуфтам: оё бар у лаънат гуфтан ҷоиз аст? Падарам гуфт: Чаро лаънат гуфта нашавад касеро, ки Худованд дар китобаш уро лаънат кардааст? Гуфтам: оё дар китоби Худо лаъни Язид мавҷуд ҳаст? Падарам дар ҷавоб ояти зерро қироат карданд:“Агар зимоми ҳукуматро ба даст бигиред пас ин интизор меравад, ки шумо дар замин фасоду (хунрези) ва қатъи пайванди хешовандӣ бикунед. Ин тоифа инсонҳо касоне ҳастанд, ки Худованд онҳоро лаънат карда гушҳояшонро кар ва чашмҳояшонро кур намуда аст”(ки на ҳақиқатро мешунаванд ва на воқеъиятро мебинанд.)(сураи Муҳаммад. Ояти 22-23)

Баъд аз он падарам изофа карданд: чи касе бештар аз Язид хунрези (дар Карбало ва Мадинаи мунаввара) кардааст ва муртакиб ба қатъи пайванди хешӣ шудааст? Ки ҳатто қаробат ва хешовандии Расули Худоро низ мулоҳиза накард. (нигаред мухтасари ин ривоятро аз тафсири Маорифул – Қуръон. Муҳаммад Шафиъӣ Усмонӣ. сураи Муҳаммад)

            Ин ояти муборака як далели Имом Аҳмад бар ҷавози лаъни Язид аст, ки эшон рафтори Язидро мисдоқи ояти фавқуззикр медонистаанд. Далели дигаре, ки эшон бо такя ба он лаъни Язидро иҷозат додаанд ҳадиси саҳиҳест, ки онро худи Имом Аҳмад ва Дору Қутнӣ аз Паёмбари Акрам (с) ривоят кардаанд:“Ҳар ки мардуми Мадинаро бо зулму ситами хеш битарсонад, Худованд (ҷ) уро дар қиёмат аз оташи дузах метарсонад ва бар чунин шахсе лаънати Худо ва лаънати фариштаҳо ва лаънати ҷамиъи мардум бод…!”(мисли ин ҳадисро бо ҳамин лафзи лаънат Имом Бухорӣ бо таъбири дигар ривоят кардааст.)

Ибни Касир (р) дар китоби Албидоя ван – ниҳоя ҷил. 8. Саҳ. 245 баъд аз зикри ҳадиси боло менависад: Касоне, ки ба лаъни Язид рухсат додаанд ба ин ҳадис ва амсоли ин ҳадис истидлол ва такя кардаанд. Аз ҷумлаи эшон бинобар як ривоят, Имом Аҳмад аст. Ва инчунин Халлол ва Абубакри Абдулазиз ва қозӣ Абу Яъло ва писараш қозӣ Абулҳасан низ лаъни Язидро ихтиёр кардаанд. Ва Абулфараҷ Ибни Ҷавзи дар китобе, ки хосс дар ин мавзуъ аст, эшонро ёрӣ карда ва лаъни Язидро ҷоиз хондааст.

8. Дигар муҳаддисе аз уламои хадис, ки Язидро сазовори лаън донистааст қози Абу Яълои ҳанбали (т.380 ҳ – в.458ҳ) мебошад. Ба қавли ибни Ҷавзӣ эшон низ дар ин масъала китоби махсусе таълиф кардаанд, ва дар он касонеро, ки мустаҳиққ ва шоистаи лаън ҳастанд зикр кардааст,ва дар қатори шоистагони лаън Язидро ҳам номбурдааст.

9. Муҳаддиси дигаре, ки ба рухсати лаъни Язид рафтааст Муҳаммад Абдуррауф машҳур ба исми Ал – Муновӣ Аш – шофиъӣ (ваф.1013 ҳ) аст, ки мо пеш аз ин иқтибосе аз китоби “Файзул-қадир”-и эшон оварда будем. Аллома Ал-мунови дар шарҳи ҳадисе, ки Бухорӣ аз Паёмбари худо (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд:“Нахустин лашкаре, ки ба шаҳри Қайсар (Қустантиния) юриш мебарад мағфуру омурзидашуда аст” бар ҳаводорони Язид ҷавоби хубе медиҳад. Дар хақиқат дустдорони Язид ба ҳадиси фавқ такя намуда Язидро, ки бинобар баъзе ривоят дар ин лашкар ҳузур доштааст омурзидаю бахшида ва биҳиштӣ медонанд. Эшон дар ҷавоби Язидиҳо навиштаанд:“Аз ин ки Язид аз ҷумла сипоҳиёни ин лашкари мағфур будааст, лозим намеояд, ки ҳама гуноҳони у омурзида ва бахшида шуда бошад(ва у биҳишти бошад.) Зеро шарти мағфират ва омурзида шудан он аст, ки банда аҳл ва шоистаи мағфират ва омурзиш бошад. Ва маълум аст, ки Язид лоиқи мағфират ва омурзиш нест. Ба хотири далелҳои хоссе, (мисли хадиси Имом Аҳмад ва ғайра) ки гузашт. Агар мо ин ҳадисро (чун салафиҳо) ба маънои ом ва фарогираш ҳамл ва тафсир намоем, онгоҳ лозим меояд лашкариёне, ки минбаъд аз ин лашкар муртад шудаанд, низ мағфуру омурзида бошанд. Дар ҳоле, ки ҷамъе аз муҳаққиқин(-и аҳли ҳадис ва фиқҳ) лаъни Язидро ҳалол медонанд.”(Ва агар у аҳли мағфират мебуд, лаънаш ҷоиз намешуд. файзул-қадир. Ҷилд. 3 саҳ. 84)

            Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ низ ин ҷавобро аз ибни Тин ва ибни Мунир дар шарҳи ҳадиси мазкур зикр кардааст. (ниг. Фатҳулбори. Ҷилд. 6. Саҳ. 131)

            Муҳаммад Тақии Усмонӣ дар “Фатҳул-Мулҳим” шарҳи “саҳиҳи Муслим ” роҷеъ ба масъалаи мавриди баҳси мо дар посухи Язидиҳо се ҷавоб нақл мекунад. Ва дар охир қавли чаҳорумро аз Шоҳ Валиюл-лоҳ Деҳлавӣ иқтибос меорад ва онро беҳтарин ҷавоб дар ин масъала медонад. Мо барои ихтисор танҳо ҷавоби Шоҳ Валиюл-лоҳи Деҳлавиро тақдими шумо – хонандагони азиз – мекунем. Эшон мефармоянд:Баъзе мардум барои исботи наҷоти Язид (аз ғазаби Худо) ба ин ҳадис тамассук ва такя кардаанд. Қавли саҳиҳ он аст, ки аз ин ҳадис фақат омурзиши гуноҳони қабл аз ҷанги Қустантиния кардаи Язид собит мешавад. На баъд аз он (ки мааласаф воқеъаи Карбало ва ғорати Мадинаи Мунаввара бо фармони у баъд аз ҷанги Қустантиния иттифоқ афтодааст.)Оре, агар дар ҳадиси мазкур қарина ва ё шиорае мебуд, ки далолат мекард ки онҳо то рузи қиёмат мағфуру омурзида ҳастанд, онгоҳ бар наҷоти Язид мешуд умед баст.Аммо вақте, ки чунин қарина нест, пас чунон далолат ҳам нест. Бино бар ин саранҷоми кори Язид дар охират ба дасти Аллоҳ (ҷ) аст. (фатҳ.мулҳим. ҷ.9. саҳ. 379)

            Ин феҳрасти номи чанд нафар аз уламои аҳли суннат – аз ҳанафӣ ва ғайри ҳанафӣ – буд, ки ба ибоҳати лаъни Язид рафтаанд ва онро маъсияту гуноҳ наҳисобидаанд. Албатта феҳрасти номҳо дар ин ададе, ки гузашт хулоса намешавад. Балки бисёранд уламое, ки дар масъалаи лаъни Язид бо уламои гузашта ҳамраъю ҳамназар ҳастанд. Ҳатто Муҳаммад ибни Аҳмади Саффорини ҳанбалӣ(т.1114- в.1188 ҳ.) дар китоби “Ғизоул – албоб. ҷ.1 саҳ119” менависад:Аксари мутааххирин аз аҳли ҳадис ва уламои илми калом лаъни Язидро иҷозат додаанд. Фақат мо барои исботи буҳтон будани қарори Шурои Уламо дар мавриди шиъагаро будани хонадонамон ба хотири лаъни Язид ба ҳамин қадр кифоят мекунем.

Инчунин ногуфта намонад, мақсади мо аз зикри ин ривоятҳо боз намудани дари лаънат ва нафрат ба руи Язид нест, то ҳар мусулмоне бихоҳад ба номи у лаънат бихонад. На ҳаргиз! Баръакс мо пештар гуфта будем, ки дар ин масъала байни уламои аҳли суннат ихтилофи назар аст. Оре ислом он қадар дини бузургест, ки ҳатто нисбати сияҳномҳои таърихаш ҳамлаънату нафринро намеписандад. Балки ҳадафи асосии мо исботи он аст, ки устоди мо нахустин сунние нест, ки ба унвони Язид лаънат хонда бошад, то муғризон бо ин туҳмати бузург ва дуруғи шохдор алайҳи у, гуши фалакро кар бикунанд. Балки бисёранд шахсиятҳои бузурге, аз фуқаҳо, муҳаддисин ва мутакаллимини аҳли суннат, ки ба номи Язид лаъну нафрин хондаанд. Ва то имрӯз касе онҳоро ба ин хотир шиъа ва шиъагаро нахондааст.Акнун аз аъзоёони Шурои Уламо мехоҳам бипурсам:Агар лаън гуфтан ба унвони Язид маънои шиъагаро ва ё шиъа буданро дошта бошад пас қабл аз мо ин бузургон шиъа будаанд. Ва агар шумо дар қарори баровардаатон содиқ бошед, пас як ғайрати дигар намуда алайҳи ин донишмандон бо як “иҷтиҳоди” тозае қарори шиъа ва рофизӣ будани эшонро низ бароред!

 

Язид яке аз чеҳраҳои сиёҳи таърихи ислом аст

            Дар таърихи ҳар қавму миллате инсонҳои бадному сияҳноме монанди Чингизу Гитлеру Сталин вуҷуд дорад. Язид дар таърихи ислом аз ҷумлаи шахсиятҳои бадномест, ки мусулмонҳо – қатъи назар аз арабу аҷам – то имруз ҳатто аз гузоштани номи у бар фарзандони худ ҳазар мекунанд.

            Язид аз табақаи тобиъин ва саҳобизодааст. Падари у ҳазрати Муовия саҳобӣ ва яке аз котибони ваҳйи илоҳӣ барои Расули Акрам (с) дар солҳои ахири ҳаёташон буданд. Язид дар соли 25 ва ё 27 ҳиҷрӣ, дар рузгори хилофати ҳазрати Умар (р) таваллуд шуда, дар соли 64 ҳиҷрӣ яъне дар синни 37 ва ё 39 солаги вафот кардааст. У дар соли 60 ҳиҷри мансаби аморатро аз тариқи валиаҳд шудан аз ҷониби падар соҳиб шуд. Тақрибан чаҳор сол, дақиқтараш сеюним сол даврони ҳукмронӣ дошт. Вале дар ин муддати кутоҳ бо тадбири бад ва бесалоҳиятӣ ва бетақвогие, ки дошт ду ҳодисаи нангин дар таърихи ислом рух дод, ки то қиёмат русиёҳию бадномӣ барои у ба армуғон овард.

Намонад ситамгори бадрузгор,

Бимонад бар – у лаънати пойдор.

Яке ҳодисаи ғамангези Карбало. Дуввумӣ воқеъаи даҳшатангези Ҳарра.

            Аксари мардуми мо аз тариқи шеъру ғазалҳои шоъирон ва суханронии олимон, аз фоҷиъаи Карбало маълумоти фишурда доранд. Вале аз фоҷиъаи Ҳарра ба истиснои чанд нафар аз аҳли илм, шояд каси дигаре огаҳӣ надошта бошад. Бинобар ин хеле ба маврид аст, ки мо маълумоти мухтасаре аз ин ҳодисаи таърихӣ ба таваҷҷуҳи шумо азизон арз намоем: Ҳарра номи мавзиъе дар қисмати шарқии Мадинаи Мунаввара аст. Сабаби сар задани ин воқеъа дар он аст, ки баъд аз вафоти ҳазрати Муовия (р) мардуми Макка ва Мадина аз итоати Язид ба хотири бесалоҳиятиаш хориҷ шуданд ва ҳукумати уро напазируфтанд. Ин амр боис шуд, ки Язид барои саркуб кардани мухолифони худ лашкари бузургеро аз Шом (Сурия) ба суи Мадина фиристад. Сарлашкари Язид Муслим ибни Уқба ном дошт, ки салафи солиҳ ва муаррихҳо баъд аз ин ҳодисаи хунин ба хотири зиёдаравӣ карданаш дар қатлу куштор, номи уро Мусриф ибни Уқба гузоштанд. Язид ба ин сарлашкари бадбахташ чунин дастур дод:Агар бар мардуми Мадина пируз шавӣ, пас лашкариёни худро барои ғорати шаҳри Мадина то се руз иҷозат бидеҳ!

            Баъд аз пирузии лашкари Язид дар Мадинаи Мунаввара чи шуд бо тафсил баён намекунам. Фақат ҳамин қадр мехоҳам бигуям, ки маҷмуъи куштаҳо дар ҳарами Расули Худо бинобар ихтилофи ривоятҳо аз чаҳор ҳазор то даҳ ҳазор мебошад, ки аз ин байн ба қавле то ҳафтсад нафар фақат аз асҳоби Паёмбари Акрам (с) аз дасти язидиҳо кушта шуданд. Лашкариёни Язид ҳатто ба номуси зану духтарони Мадина ҳам дастдарозӣ карданд. Бинобар ривояти Маданӣ ҳазор нафар аз занони бешавҳари Мадина баъд аз ин ҳодисаи нангин фарзанди ҳаромӣ таваллуд карданд. (Албидоя: ҷ 8-241.)

            Абу Муҳаммад Алӣ ибни Аҳмад машҳур ба Ибни Ҳазм (т.384-в.457.ҳ) дар байни уламои ислом ба ҳаводорӣ ва ҷонибдорӣ аз хонадони Бани Умайя – яъне хонадони Язид – маъруф аст. Эшон дар китоби “Ҷавомиъус-сира саҳ-357” роҷеъ бо фоҷиъаи Мадина, мунсифона навишта аст: Аз дасти лашкариёни Язид беҳтарин саҳобиҳои боқимонда аз ёрони Паёмбар (с) дар шаҳри Мадина ва мардуми бисёре аз тобиъин ва саҳобизодаҳо кушта шуданд. Савораҳои Язид ҳатто масҷиди Паёмбари Худоро ҷавлонгоҳи аспони худ қарор доданд. Дар муддати се рузи ғорат дари масҷиди Набавӣ  ба руи мардум баста буд. Касе дар он ҷуръати намоз хондан надошт. Баъд аз куштори Мадина сипоҳиёни Язид ба Маккаи мукаррама юриш бурда онро муҳосира карданд. Ва бо манҷаниқҳо ҳарами Худоро сангборону оташборон карданд, ки дар натиҷа хонаи Каъба оташ гирифт. (поёни иқтибос)

            Хушбахтона дар аснои муҳосира марги Язид фаро расид ва шаҳри Макка аз ғорати лашкариёни хунхори у дар амон монд.

            Муҳаддис ва муфассир ва муаррихи бузурги ислом Ибни Касир (р) дар китоби “Ал бидоя Ван - Ниҳоя” менависад:Язид бо ғорат ва куштори аҳли Мадина хатои бузург ва қабиҳу зиште дар таърих содир намуд. Ва бар ҷинояти Карбало ҷинояти дигареро ба номи худ дар таърихи ислом зам намуд. У хост бо ин ҷиноятҳои хунин пояҳои тахту давлати худро устувор кунад. Ва мухолифони худро ба кулли аз саҳна дур созад. Аммо Худованд бар хилофи хоҳиши у, уро дар роҳи расидан ба ин мақсадаш ноком гардонид. Паёмбари Акрам (с) бо муъҷиза қабл аз ин фоҷиъа хабари марги касонеро, ки дар Мадинаи Мунаввара қасди бад мекунанд дода буд.

            Бухорӣ ва Муслим аз Саъд ибни Абиваққос ривоят мекунанд, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд:“Ҳар касе ба аҳли Мадина нияти бад мекунад Худованд (азза ва ҷалл) уро зуд ҳалоку нобуд мекунад он чунон, ки намак дар об бо суръат ҳал ва нобуд мешавад” (Албидоя: ҷилд. 8 саҳ 244)

            Ҳамин буд, ки даъватномаи маҳкамаи илоҳӣ зуд ба суроғи язидиҳо омад. Ҳафтае, пас аз фоҷиъаи Мадина аввал сарлашкари хунхори Язид – Мусриф ибни Уқба ва баъд аз дуним моҳ худи Язид дар синни 37 ва ё 39 солаги бо номи бад ва парвандаи сиёҳ, ба маҳкамаи адли илоҳӣ даъват шуданд. То дар онҷо муҳокама шаванд ва ба кайфари аъмолашон бирасанд. Зеро дар зиндагии дунё касе қудрат надошт, ки ин зургуёнро ба мизи муҳокама бикашонад ва кайфар бидиҳад.

Язид бо ин ҳама ҷиноятҳояш аз лиҳози диёнату тақво тарҷумаи ҳоли хубе надорад. Шамсуддини Заҳабӣ, (т.673 – в.748 ҳ) яке аз муҳаддисҳоест, ки дар илми “Асмоур-риҷол” (ровишиносӣ) қавли у барои аҳли ҳадис ҳуҷҷат ва санад аст, дар китоби “ Сияру аъломин- нубало” дар тарҷумаи ҳоли Язид менависад:“У (яъне: Язид) инсони дуруштхуй, сангдил, шаробнушу бадкирдор ва носибӣ(яъне: душмани хонадони Паёмбари Худо) буд. Оғози ҳукуматашро бо қатли Имом Ҳусайн дар Карбало шуруъ кард ва анҷоми ҳукуматашро бо фоҷиаи Ҳарра (яъне: куштори аҳли Мадина) хотима бахшид. Аз ин сабаб мардуми мусулмон ӯро бад мебинанд. Ва дар умраш ҳам баракат дода нашуд.”(яъне: умри дароз надид)

            Заҳабӣ дар китоби дигари худ, ки “Ал-мизон” ном дорад дар шаъни Язид мегуяд:“Ҳува мақдухун фи адолатиҳи, лайса би ахлин ан юрво анҳу”Яъне: Язид аз назари адолат ва шоистагӣ дар ривояти ҳадис матъун (таъназадашуда) ва бадном аст. Аз номи у ривояти ҳадис кардан шоиста нест. Имом Аҳмади Ҳанбал низ дар ин робита мегуяд:“Аз номи Язид лоиқ нест, ки ривояти ҳадис карда шавад.”Аз ин сабаб дар китобҳои ҳадиси аҳли суннат ягон ҳадисе аз номи Язид, бо вуҷуди саҳобизода ва тобиъӣ будан ва саҳобии бисёреро диданаш ривоят нашудааст. Зеро аҳли ҳадис уро ба хотири фисқу фуҷураш, дар ривояти ҳадис амин, содиқ ва одил намедонанд. Чун ки яке аз сифатҳои ровии одил назди муҳаддисин ин аст, ки фосиқ набошад. Яъне аз гуноҳони кабира парҳез дошта бошад ва бар гуноҳони сағира исрор ва мудовамат наварзад.

            Яке аз салафиҳо ва язидпарастони тоҷик дар  рузномаи “Имруз-нюз” бидуни зикри маъхаз ва мадрак ҳама ривоятҳои шаробнушии Язидро дуруғ ва заиф хондааст. Мехоҳам аз ин ҳомии (адвокати) Язид бипурсам: агар он ривоятҳо дуруғу заиф бошад ва Язид аз назари шумо марди солиҳ ва одил бошад, пас чаро муҳаддисин бар мақбул набудани ривоятҳои у иттифоқи назар доранд? Агар гуфтаҳои Шамсуддини Заҳабӣ дар шаъни Язид дуруғ бошад, пас ин суханони ибни Касир-ро, ки яке аз шуюхи салафиҳост чи тафсир мекунед? “Язид (бо вуҷуди бадномиаш) баъзехислатҳои хубу ҳамида ҳамдошт. Монанди саховату бахшандагӣ, ҳилму бурдборӣ фасоҳату балоғатдар суханронӣ, шуҷоату диловарӣ, истеъдоди шоирӣ… ва инчунин дар у хислатҳои (бади) айёшию шаҳватпарасти, сагбозию маймунбозӣ, коҳилнамозӣ ва ғолибан бенамозӣ низ буданд.”(Ал-бидоя. ҷ.8)

            Ибни Касир (р) дар ҷои дигар аз китоби “Ал-бидоя Ван-ниҳоя” изофа мекунад: бештарин коре, ки бар Язид айб ва ирод гирифта мешавад ин шаробнушӣ ва иртикоби (амал кардани) баъзе гуноҳони кабира аст. Аммо мавқеъи Язид аз куштори Имом Ҳусайн бо аҳли байташ ҳамон мавқеъе ҳаст, ки бобояш Абу Суфён дар ҷанги Уҳуд ба Паёмбари Акрам (с)гуфтабуд:Ай Муҳаммад! Шояд дар миёни куштаҳоятон баъзе ҷасадҳое пайдо кунед,ки нисбати онҳо беҳурмати шудааст. Ва андомҳои онҳо бурида шуда бошад. Пас бидон! Ман на ба ин кор лашкариёнамро амр кардаам ва на аз он нороҳат ҳастам.(яъне агар чунин кардаанд, пас хуб кардаанд. ниг. Албидоя. ҷ 8. Саҳ.254)

            Ин аст назари ибни Касир дар баёни мавқеъи Язид аз фоҷиъаи Карбало. Ва ин назари эшон воқеъан ҳам дуруст аст. Зеро агар Язид аз кушта шудани Имом Ҳусайн  бо фарзандонаш бо он ваҳшоният, нороҳат ва ғамгин мешуд ҳатман қотилони эшонро муҷозот мекард. Ҳадди ақалл Убайдулло ибни Зиёди бадбахтро, ки амири қотилони Имом Ҳусайн дар Куфа буд аз вазифа бар канор мекард. (Вале у мутаассифона чунин накард)

            Дар поёни баҳси фиқҳӣ ва таърихии Язид, иқтибосе меорем аз гуфтаҳои Амирул – муҳаддисин ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, шориҳи саҳиҳи Бухорӣ то ҳушдоре бошад барои ҳаводорон ва дустдорони Язид. Эшон дар китоби “Ал – имтоъ бил – арбаъинал – мутабоина бишартиссамоъ. 96/1” гуфтаанд:“Касоне, ки Язидро дуст медоранд ва мехоҳанд номи уро дар радифи некномони таърих боло бардоранд, мубтадиъ ва фосидул эътиқод ҳастанд. Зеро дар таърихи Язид он қадр корҳои зишт ва сифатҳои разилае ҳаст, ки аз ҳаводорони у тақозои салби имон мекунад. (яъне: ҳар ки уро дуст дорад, хавфи аз имон ҷудо шудан дорад.) Зеро дустию душманиҳоро ба хотири Худо (на ба хотири тассуб ва дунё) кардан, яке азшартҳои комил шудани имон аст.

 

Чун ғараз омад ҳунар пушида шуд.

            Он чи то ин ҷо гуфтем барои исботи буҳтони Шурои Уламо гуфтем. Се далеле, ки эшон такя ба он намуда моро туҳмат ва тамғаи шиъагӣ задаанд, ҳама дуруғу ботил баромад. Мо ба ёрии Худо (а) исбот кардем, дар ҳар се мавриде, ки эшон бар мо эрод гирифтаанд, мо аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат берун нашудаем.

            Инак бори дигар мехоҳам ба Раиси Шурои Уламо бигуям: барои шахсеро шиъа ва ё шиъагаро гуфтан, як маҳфили ошуро ва лаъни Язид кифоят намекунад. Зеро шиъаҳо аз назари мазҳаб вижагиҳои зиёде доранд. Эшон панҷ намозро доим дар се вақт, бо дастҳои раҳо карда мехонанд. Ва дар ҳар такбир, мисли салафиҳо дастҳоро баланд мекунанд. Ва ҳамеша дар ракаати охир дуои қунут мехонанд. Дар вузу бар пои бараҳна масҳ мекашанд. Онҳо ба вилоят ва исмати дувоздаҳ нафар аз имомҳояшон қоил ҳастанд. Дар бораи Абубакру Умару Усмон ва Талҳаю Зубайру Оиша (р) назари манфӣ доранд. Дидори бе мислу монанди Худоро (ҷ) дар охират рад мекунанд. Ва никоҳи мутъа ва муваққатро ҷоиз медонанд ва.. ва.. ва…

            Шояд аксари аъзоёни Шурои Уламо, бо шумули раисашон моро ва хонадони моро хуб мешиносанд. Дари масҷид ва меҳмонхонаи мо доим ба руи ҳама – дусту душман, хешу бегона – кушода буд ва ҳаст. Мо ҳеҷ чизе аз назари мардум пушида надорем. Ба вижа намозҳоямонро, ки ҳамеша бо мардум бо ҷамоъат мехонем. Ҳар касе моро мешиносад, ба Худо (а) касамаш медиҳем: оё боре дидаед, ки мо мисли аҳли ташайюъ (шиъаҳо) панҷ намозро дар се вақт бо дастҳои раҳокарда, ва муҳр (яъне: қолаб ва ё санг) дар саҷдагоҳ хонда бошем? Ҳаргиз шунидаед, ки мо нисбати Абубакру Умару Усмон ва дигар ёрони биҳиштии Паёмбари Худо (с) сухани баде гуфта бошем? Ва ё дидори Худоро дар қиёмат рад карда, никоҳи мутъа ва муваққатро иҷозат дода бошем? Баръакс банда дар масъалаи никоҳи муваққат ва мутъа, ва инчунин дар мавриди дифоъ аз шаъни ҳазрати Оиша (р) ва ҳазрати Умар (р) бо шиъаҳои тоҷик баҳси муфассале доштам, ки он дар наворҳо ва сайти интернетии мо www.turajon.com мавҷуд аст.

            Инчунин дар мавзуи таърихи зиндагии ҳазрати Талҳа ва Зубайру Саъд ибни Абиваққос (р), ки эшон назди аҳли ташайюъ маҳбубият надоранд, суҳбати зиёда аз як соата дорем, ки наворҳои сабт шуда ва сайти интернетӣ шоҳиди зинда бар ин гуфтаҳо аст. Мавлонои Румӣ алайҳир-раҳма дуруст гуфтаанд.

Чун ғараз омад ҳунар пушида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба суи дида шуд.

            Оё ин ҳамаро, ки мисли офтоб равшан аст, монанди шабпара (куршапарак) нодида гирифта, фақат маҳфили шаҳодати Имом Ҳусайн ва лаъни Язидро ба назар гирифта як хонадонро ба шиъагарои муттаҳам кардан аз руи адлу инсоф аст? Куҷост адлу инсоф ва ҷавонмардии шумо? Магар шумо имони мусулмонӣ ва ё лоақал виждони инсонӣ надоред?

 

Чаро ноҷавонмардона ва золимона?

            Масҷиди мо аз соли 1999  аз қайди расмии давлатӣ гузашта буд. Ва банда, ки ба ҳайси имомхатиб дар он амал мекардам, аз атестация ва ё имтиҳони Кумитаи дин бо баҳои хуб гузашта будам. Чаро  раиси Шурои Уламо вақте мехоҳад алайҳи мо ва масҷиди мо қароре барорад, моро ва ё намояндагони масҷиди моро дар ҷаласаи худ даъват накард? То изҳори назарҳои моро ҳам мешуниданд, ва онгоҳ бо бурҳону ҳуҷҷат шиъагаро будани моро исбот мекарданд, ва баъд аз он қарор мебароварданд. Мутаассифона эшон чунин рафтори мардона накард. Балки ноҷавонмардона пушти сари мо ҳарчи хост, гуфт ва ҳар қароре, ки хост, аз номи Шурои уламо қабул ва паҳн кард.

                       

Буҳтон гуноҳи бузург аст.

            Буҳтон ва ё туҳмат яке аз гуноҳони бузургест, ки Худованди азза ва ҷалл дар Қуръони азимушшаън, бофандагон ва гуяндагони онро бо таҳдиди ба азоб ва лаҳни шадид маҳкум мекунад. Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу дар сураи Аҳзоб ояти 58 мефармояд “Касоне, ки мардон ва занони мусулмонро ба хотири коре, ки анҷом надодаанд (мисле, ки мо шиъагарои накардаем) бо туҳмату дуруғ  (-и шиъагарои) азият ва озор медиҳанд, пас дар ҳақиқат эшон мутаҳаммил (ва муртакиб)-и буҳтон ва гуноҳи ошкоре шудаанд.”Қуръон афродеро, ки дар ҳаққи бародарони мусулмонашон буҳтонтароширо дуст медоранд, ба азоби дардноке дар дунё ва охират таҳдид мекунад: “Касоне, ки дуст медоранд (бо буҳтону дуруғ) зиштномию бадноми дар ҳаққи бародарон ва хоҳарони муъминашон овоза ва паҳн шавад, азоби дардноке дар дунё ва охират доранд.” (сур. нур. ояти 19)

Буҳтонтарошон ва дустдорону нақлкунандагони буҳтон! Мунтазири ин азоби Худо дар дунё ва охират бошед!

            Сипас Худованди таборак ва таъоло шахсонеро, ки туҳматеро мешунаванд ва мисли баъзе имомхатибҳои динфуруши мо, бидуни таҳқиқ онро ба мардум нақл ва ё қироат мекунанд бо лаҳни шадид сарзаниш карда, тозиёнаи муҳкамеро бар руҳи онҳо менавозад:Ба хотир оред! Замонеро, ки он туҳматро аз забони якдигар мегирифтед. Ва бо даҳони худ сухане мегуфтед, ки ба он яқин ва маълумоти саҳиҳ надоштед. Ва гумон мекардед ки он масъалаи кучак аст, дар ҳоле ки он дар назди Худо хеле гуноҳи бузург аст. Чаро ҳангоме, ки ин туҳмати бузург(ва дуруғи шохдор)-ро шунидед нагуфтед: лоиқ нест, мо ин суханро бар забон орем. Субҳоналлоҳ! Ин буҳтони бузургест. (сур.Нур.ояти 15-16) Оёти муборака агарчанде дар мавриди буҳтони ҳазрати Оиша модарамон (р) ки аз ҷониби мунофиқҳо тарроҳи шуда буд, нозил шудааст, вале ҳукми он шомил ва фарогири тамоми асру замон аст.

            Ин аст таълим ва супориши Парвардигоратон ба шумо ай имомхатибҳо ва касоне, ки ин буҳтон ва туҳмати бузургро баъд аз шунидан тутивор, бидуни таҳқиқ нақл ва қироат кардед. Мутаассифона шумо, ки худро бандаи Худо мехонед аз Холиқи худ итоат накарда, аз махлуқ итоат кардед. Ва шумо бар хилофи амри Худо, ки мукаррар дар чанд мавзеъе аз китобаш мефармояд:“Агар воқеъан мусулмонед, пас аз онҳо натарсед! Ва танҳо аз ман битарсед!” амал намудед (сураи Бақара ояти150. сураи Оли Умрон  ояти 175)

            Расули Худо (с) дар ҳадиси Бухорӣ мефармоянд: Итоат ва фармонбардорӣ аз улул-амр дар доираи шариъат ва амри машруъ аст. (на дар кори номашруъ ва гуноҳ)  Эшон дар ҳадиси дигар ин матлабро возиҳтар баён мекунанд: Дар мъсият ва гуноҳ набояд мусулмон аз касе итоат бикунад. (рив. Тирмизӣ)

            Шумо ай ноқилони буҳтон! Бояд тибқи фармудаи Худо ва Расул аз шаъну шарафи бародари мусулмонатон дифоъ ва ҳимоят мекардед. Паёмбари акрам (с) мефармоянд:Ҳар ки мусулмонеро аз захми забони мунофиқе (мисли ғайбат ва буҳтон) ҳимоят кунад , Худованд (ҷ) рузи қиёмат фариштаеро амр мекунад, то уро аз оташи ҷаҳаннам ҳимоят бикунад. Вале ҳар шахсе мусулмонеро ба хотири бурдани обуруяш туҳмат ва буҳтон бизанад, Худованд уро бар руи пули сирот нигоҳ медорад, (Дар ривояте:дар руи тал ва тепае аз оташ қарор медиҳад.) то аз уҳдаи он чи гуфтааст барояд.(рив. Абудовуд)

            Шояд шумо азизон бипурсед чаро Худованд (ҷ) ва Паёмбараш (с) роҷеъ ба буҳтон ин қадр сарзаниши сахт ва таҳдиди ба азоб кардаанд?

            Зеро дар буҳтон ва туҳмат ирзу номус, обуруй ва шаъну шарафи як мусулмоне мавриди таҷовуз қарор мегирад. Оё медонед обуруй ва ирзу номуси як мусулмон дар дини мубини ислом чи қадр арзиш дорад? Паёмбари акрам (с) дар хутбаи ҳаҷҷатул – вадоъ, дар посухи суоли мо хитоб ба умматонаш дар тули таърих мефармояд: Ай мардум! Бидонед: хунҳо, молҳо ва обуруйи шумо бар ҳамдигар эҳтиром ва ҳурмат дорад. Мисле, ки ин рузи арафа ва ин моҳи зулҳиҷҷа ва ин шаҳри Макка бар шумо эҳтирому ҳурмат дорад. (Бухорӣ ва Муслим)

            Расули Худо (с) барои муайян кардани қимат ва ҳурмати обуруйи як нафар мусулмон мисоли фавқулодда балиғ ва муаккаде зикр намудаанд. Эшон бо ин тамсили хеш мехоҳанд ба мо бигуянд: Ай мардум! Қимат ва ҳурмати обуруйи як мусулмон дар дини ислом ба танҳои, ба қимат ва ҳурмати ин се амри муқаддас ва муҳтарам, ки яке рузи арафа, ва дигари моҳи ҳаҷ, ва саввуми замини ҳарам мебошад баробар аст. Пас дастдарозӣ ва бози кардан ба ирзу номус ва обуруйи як мусулмон, ба таҷовуз ва беҳурмати кардан ба ин се муқаддасоти исломӣ мусови ва баробар аст. Ончуноне, ки ин амр ҳаром ва маъсияти азим аст, пас он амал низ ҳаром ва гуноҳи бузург аст.

            Паёмбари маҳбуби ислом барои ҳифзи обуруйи мусулмон аз таҷовуз ва тавҳину таҳқир дар ҳадиси дигаре мефармояд: Дар рибохурӣ ва ё судхурӣ ҳафтоду ду навъ қабоҳат ва маъсият аст. Камтарини он мисли расидан ба модар аст. (Ба Худо паноҳ! Чи гуноҳи зиште?)Вале аз ин ҳама гуноҳҳо қабиҳтар ва зиштар (ҳатто аз гуноҳи расидан ба модар) дастдарози кардан ва туҳмату буҳтон задан дар ирзу номус, ва ё бурдани обуруйи як нафар мусулмон аст. (рив. Тирмизи. Албонӣ саҳиҳ хондааст.)

            Бозӣ кардан ва рехтани обуруйи бародар ва хоҳари мусулмон бо туҳмату буҳтон аз ҷумлаи гуноҳонест, ки ҳам ҳаққи Худо (ҷ) (ҳаққул-лоҳ) ва ҳам ҳаққи бандагони Худо (ҳаққун-нос) дар у тааллуқ гирифтааст. Ҳаққи Худо бар банда он аст, ки бояд аз амру наҳйи у итоат кунад ва аз туҳмату буҳтон, ки Худованд (ҷ) бар бандагонаш ҳаром намудааст парҳез намояд. Ва ҳаққи мусулмон бар мусулмон он аст, ки обуруйи бародарашро муҳтарам донад, ва таҷовуз ба ирзу номус ва обуруйи бародари худ накунад. Пас вақте мусулмоне бар мусулмоне – чи ҷойи бар хонадоне – туҳмат мезанад, ҳам ҳаққи Худоро (ҷ) ва ҳам ҳаққи бародари мусулмонашро поймол ва зери по мекунад. Чунин гуноҳе ҳатто бо тавба ва оби дида ҳам сад дар сад бахшида намешавад. Оре, бо тавбаи содиқона фақат он қисмате, ки тааллуқ ба ҳаққи Худо дорад бахшида мешавад. Вале қисмати дигари он, ки тааллуқ ба ҳаққи мардум дорад, то замоне, ки фарди даъвогар ва мазлум набахшад, бо як умр тоату ибодат ва тавбау иноба ҳам бахшида намешавад. Ба хотири адои ҳаққун-нос аст, ки ҳамеша домуллоҳои муҳтарам дар намозҳои ҷаноза барои маййит аз зиндаҳо ҳалолӣ ва бахшиш мепурсанд.

            Паёмбари Худо дар ин маврид мефармоянд: Панҷ гуноҳ аст, ки каффора (яъне: поккунанда ва бахшиш) надорад. Яке аз он гуноҳони набахшидани ширку куфр  варзидан ба Худо (ҷ) аст.

Дуввум: куштори шахсе ба ноҳақ, (ки дар он ҳаққун-нос тааллуқ гирифтааст. Бинобар ин то вақте, ки ворисони мақтул аз ҷурм ва қисоси қотил дар нагузаранд, гуноҳи у ба кулли бахшида намешавад.)

Саввум: буҳтон задан бар мусулмоне аст. (То туҳматшудаи мазлум ҷурми туҳматкунандаи золимро набахшад, ва аз даъвояш нагузарад гуноҳи у бахшида нахоҳад шуд.)

            Нуктае, ки дар ин ҳадис ба туҳматкунандаҳо занги хатар мезанад ва ҳушдор медиҳад, ин аст, ки Паёмбари акрам (с) гуноҳи буҳтонро дар радифи гуноҳи куфр ва куштори инсон зикр намуда аст. Оре мо қаблан аз забони он Ҳазрат (с) гуфта будем, ки обуруйи як мусулмон дар ислом баробари хуни у арзиш дорад. Чи мусулмоне кушта шавад ва чи обуруйи у бурда шавад, ҳарду аз назари маъсият ва гуноҳ яксон аст. Ҳарду як навъе аз қатл ва куштор аст. Фақат аввали қатл ва куштори моддӣ ва ҷисмонӣ буда, дуввуми қатл ва куштори маънавӣ ва руҳӣ аст. Паёмбари маҳбуби мо дар ҳадиси саҳиҳи дигаре, ҳоли зори золимонро дар рузи қиёмат дар маҳкамаи адли илоҳӣ хеле такондиҳанда тасвир кардаанд:“Рузе ҳазрат (с) ба ёрони хеш хитоб карда гуфтанд: Оё медонед муфлис ва тиҳидасти воқеъӣ кист? Асҳоб дар ҷавоб гуфтанд: аз назари мо муфлис шахсест, ки кисаи холи аз дирҳаму динор дошта бошад. Ҳазрат (с) фармуданд: муфлиси ҳақиқи аз умматони ман шахсе аст, ки бо намозу руза, ва ҳаҷҷу закоти зиёде ба майдони маҳшар меояд. Вақте дар маҳкамаи илоҳӣ парвандаи аъмоли уро мехоҳанд муҳокима бикунанд, мебинанд даъвогарони зиёде дар пешгоҳи Худо (ҷ) алайҳи у даъво, ва аз дасти у шикоят доранд. Яке даъво мекунад: Ай Худо! Ин золим дар дунё маро ба ноҳақ зарбу лат, ва ё ҳалок карда буд, (ва касе натавонист уро қисос бикунад) имрӯз ман аз у қисос мехоҳам. Муддаъии дигар баланд мешавад: Ай Парвардигор! Ин бандаат молу сарвати маро ба ноҳақ, (аз тариқи ришва, ғасбу ғорат ва ё дузди) хурда аст. Аз у молу сарватамро мехоҳам. (ҳаққи маро аз у биситонед.) Нафари саввуми даъво мекунад: Ай Худо, ва ай беҳтарини доварон! Ин бандаи муттаҳам, дар зиндагии дунё обуруй ва шаъну шарафи маро (ва хонадони маро) бурда, ва ё доғдор карда буд. (Ва зиёну зарари руҳӣ ва маънавӣ бар ман расонда буд.) Имруз ман ба додхоҳӣ аз шумо мехоҳам ҳисобамро ба у баробар кунед. (Ва қимати хасоратеро, ки ба обуруйи ман ворид кардааст, аз у биситонед!) Сипас Худованди (ҷ) ба фариштаҳои муҳосиб ва муфаттиши маҳкамаи худ амр мекунад, то савобу аҷри намозу руза ва корҳои хайри уро, ба андозаи ҳаққи даъвогарҳо дар номаи аъмоли эшон бигзаронанд. Агар аҷру савоби аъмоли хайраш дар баробари ҳаққи мардум кифоят накунад, пас аз ҷониби Худо (ҷ) амр мешавад, то гуноҳ ва маъсияти муддаъиҳоро (даъвогаронро) дар парвандаи аъмоли золими муттаҳам бигзаронанд. Дар охир аз додгоҳи илоҳӣ ҳукмномаи у барои андохта шуданаш дар оташи дузах хонда мешавад.” (ривояти Муслим, Аҳмад ва Тирмизӣ)

            Золимону буҳтонгарон бояд бидонанд, ки агар дар ин дунё чун Язиду Чингиз, Сталину Гитлер муҳокима ҳатман фардо дар маҳкамаи илоҳӣ муҳокима хоҳанд шуд. Ин сухани Худо ва Расули Уст. “Албатта кист, дар гуфтор ва ваъдаҳояш аз Худо содиқтар бошад.” (сураи Нисо ояти 122)

            Аз ин ҷиҳат Расулиакрам (с) дар ҳадиси Бухорӣ мефармоянд: Ҳар ки ҳаққе аз мазлуме баргардани худ дорад, пас имрӯз ҳисоби онро босоҳиби ҳақ баробар кунад. Зеро фардои қиёмат на пуле дорад, на моле, ки ба дардаш бихурад.

 

Раҳон аз дасти хасмонат гиребон,               Раҳоии хасм ин рузаст осон.

Ба фардо нест пул ё молу гандум,              Диҳӣ, ёби халос аз ҳақи мардум.

Бигирад соҳиби ҳақ тоататро,                     Макун душвор рузи соататро. (Ҷунунӣ)

            Дар тули зиндагӣ чанд маротиба аст, ки чунин буҳтон ва туҳматҳои золимона ба унвони хонадони мо аз ҷониби ҳасадхурони нотавонбин такрор шуда аст. Дар замони ҳукумати Шуравӣ ҳазрати қиблагоҳӣ – падари бузургворамонро гоҳе комунист ва гоҳе узви КГБ мегуфтанд. Дар солҳои навад тамғаи “Ваҳҳобӣ” ва ё “вовчикӣ” бо номи хонадони мо часпониданд.

            Имрӯз бошад бо буҳтони дигаре як хонадони “ваҳҳобӣ” ба куллӣ “шиъа” гаштаанд. Субҳоналлоҳ! Дар ҳоле, ки феълан шиъа гаштани як нафар ваҳҳобӣ – чи ҷои хонадоне – қариб як амри муҳол ва номумкин аст. Зеро ин ду тоифа имрӯз бо иғвои душманони ислом ду қутби муқобил дар баробари ҳамдигар ҷабҳагирӣ карда, бо ҳам душмании оштинопазир доранд. Аммо мо ва хонадони мо дар ҳақиқат на аз он тоифа ва на аз ин тоифа ҳастем. Балки мо мусулмон ҳастем. Он ҳам мусулмонӣ муътадил – на тундрав, ҳанафӣ – на мутаасиби сарсахт, ваҳдатҷӯ – на тафриқаангези душмантарош, ҳақгую фошгу на хомушу муросокору мунофиқ.

            Шояд гуноҳи мо аз назари душманонамон, яке мусулмонӣ ва хидмати мухлисона барои дини Худо карданамон, ва дигаре шуҳрат ва обуруямон дар ҷомиъа бошад. Ва ё шояд иллати бадбинии душманонамон  марази ҳасад ва нотавонбинӣ бошад. Дар поёни сухан барои муолиҷаи дарди эшон тавсияе медиҳам аз забони Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ:

Тавонам он ки наёзорам андаруни касе,    

Ҳасудро чи кунам к-у зи худ ба ранҷ дараст.

Бимир то бираҳӣ ай ҳасуд к-ин ранҷест,

Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст.

                                                                                      

 Эшони Маҳмуди Тураҷонзода

                                                                                        13. 01. 2012

                                                                                         

           

 

 
   
 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com