|
Баъд аз мутолиаи туҳматномаи шурои уламо, ки хос ба
имзои раиси он Мукаррам А. тааллуқ дорад, ба хулосае
омадам, ки ёде аз айёми донишҷуи намоям. Ба ҳукми тақдир
барои таҳсили илм ба Донишгоҳи Байналмилалии Исломии
Исломобод дохил шудам. Дар Донишгоҳ ҳудуди 100 нафар
тоҷик таҳсили илм мекарданд. Барои истиқболи мо маҳфил
оростанд. Барандаи маҳфил баъди ҳамду сано моро
хайрaмақдам гуфт ва қори Мукаррамро барои тиловати чанд
ояте даъват кард. Ёд дорам, ки Мукаррам оятҳои охири
сураи Зумарро бо лаҳни хуш ва садои гуворо тиловат кард.
Сипас донишҷуёни калонсол-Маҳмуд, Исмоил ва Шодмон моро
ба сабру субот ва илмомузӣ ташвиқ намуданд. Ин аввалин
дидори ман бо Мукаррам буд. Овози ӯро хуш писандида
будам.
Хонандаи гироми вақто, ки ман Мукаррамро
бидуни изофаи "муфти" ва ё "раис" нависам ҳайрон нашав.
Зеро ӯ агар аз ин ҳам мансабҳои баланду баландтар гирад
ҳам, ҳамоно барои ман ҳамон Мукаррам аст, ки дар майдони
Донишгоҳ бо ҳам футбол мезадему дар майдони Кувайт
ҳостел бо ҳам волейбол мекардем. Агарчи у баъди ба ин
мансаб расидан бо ҳамкурсон бо нуги даст салом мекунаду
худро ба ношиносӣ мезанад.
Як сол қабл вақте, ки қори Амон раиси шурои
уламо фавтид, овозаҳо паҳн шуд, ки ба ҷои у мулло Маъруф
пешбари шудааст. Як моҳ баъд шунидам, ки чандин нафар
барои расидан ба мақоми у талош доранд, аз он ҷумла
Мукаррам. Ба худ гуфтам наход, ки ӯ ин масъулияти
сангинро ба душ гирад. Охир ӯ ҳеҷ лаёқат надорад. Савияи
донишу фаҳми ӯ ба ҳамагон маълум аст. Аз ду муфтии собиқ
бештар нест. Шояд ин мақомро барои чунин афрод нигоҳ
медоранд. Он чи, ки бояд намешуд, ба вуқуъ пайваст. Ӯро
ба мансаби раиси шурои уламо баъд аз талошу черези зиёд
чуноне, ки шунидем таъйин карданд. ( на интихоб).
Ба худ гуфтам, ки баъд аз 10 соли дури ба
зиёрати ӯ равам ва чанд насиҳати дустона кунам, вале
шунидам, ки ӯ алакай дар иҳотаи дустони нав аст ва дигар
дустони куҳнаро намешиносад.
Дар аввалин мулоқот бо аҳли масҷиди марказӣ ӯ
худро "муфти" муаррифи кард. Дар ҳоле, ки чунин унвон аз
замони таъсиси маркази Исломӣ ва шурои уламо вуҷуд
надорад. Танҳо як нафаре аз аъзои ин шуро, ки ба
фатвонависӣ машғул аст, ӯро муфтӣ меноманд.
Мукаррам дар ҳудуди 1 сола фаъолияти корияш
шояд садҳо мулоқоту маҳфилҳо бо мардум дар масоҷиду
мадорис барпо намуда, худро беҳаёона "муфтӣ" муааррифӣ
менамояд. Ва фақат як мавъизаро такрор ба такрор мегӯяд,
ки иборат аз "иқра" " яъқилун" "таъқилун" аст, ки шояд
аксари намозгузорони масҷиди марказӣ ин гуфтаҳоро азёд
карда бошанд.
Табиист, ки шахсе аз соли 1994 то соли 2001
аксари фанҳои Донишгоҳро ду бору се бор аз сабаби аз
имтиҳонҳо нагузаштан, такрор хонда ва билахира ба
дипломи нопурраи магистри баргаштааст, чунин мекунад.
Имрӯз куҷоянд афроде, ки савияи дониши имомхатибонро
баҳодиҳӣ мекунанд, "муфтӣ"-ро дар қатори онҳо гузоранд
ва ба савияи дониши ӯ таҷдиди назар кунанд?
Вақте, ки аъмоли яксолаи "муфтӣ" аз беэътиноӣ
нисбати қарорҳои динзудоии ба тасвиб расида ва ахиран
туҳматнома нисбати бузургон ва басташудани масҷиди
Муҳаммадияро пеши рӯ меорам, беихтиёр сухани ҳакимонаи
як ҳамкурси ҳисориямон, ки номаш Абдуҷаббор буд ба ёд
мерасад. Ӯ шухиомез ба ин зумра ишора карда мегуфт:
"Инҳо унсурҳои зараровар барои ҷомиъаанд". Боре
Абдуҷаббор аз додари Мукаррам Исматуллоҳ, ки низ дар
ҳамон Донишгоҳ мехонд хоҳиш кард, ки агар ба шумо
мансабе ҳам ба хотири риъояи маҳал пешиниҳод кунанд,
ҳатман қабул накунед. Зеро, ки зараратон аз фоидатон
бештар ба мусамонҳо мерасад. Бешак ҳақ ба ҷониби ӯ
будааст.
Бармегардем ба туҳматномаи "муфти", ки сар то
по аз он буи иғвоу тафриқа ва рашку ҳасад нисбати
хонадони Тураҷонзодаҳо аст. Онҳо ҳар яке улгӯи некӯе
барои аҳли ҷомиъаанд. Бешак ҳазрати Эшони Тураҷон дар
тамоми ҷанбаҳои ҳаёт инсони нотакрори асри мо буд. Эшони
Нуриддинҷон олим, фақиҳ ва воъизи ширинсуханест, ки
тавассути панду насиҳатҳои эшон садҳо нафар ба эътирофи
худашон ҳидоят ёфтаву ислоҳ шудаанд.
Аммо ту эй "муфти" ба ҷуз туҳмату иғво чи
хидмате барои мардум ва ҷомиъа кардаи?
Ҳоҷи Акбар Туқраҷонзода- донишманд ва
сиёсатмадори варзида, ки дар сулҳу суботи кишвар саҳми
арзандае дорад. Солҳо узви ҳукумат ва Маҷлиси Оли буд.
Ҳеҷ гоҳ аз гуфтани сухани ҳақ худдорӣ накарда аст. Эшон
мудом мекушанд, ки тавассути китобҳо ва мақолаҳои хеш
машокили доғи рузи ҷомиъаро мавриди баҳс қарордода
роҳҳои ҳаллашро матраҳ менамоянд. Аммо иддае аз
курдилонии муздур навиштаҳои эшонро муғризона шарҳу
тафсир мекунанд.
Ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад насиҳатҳо дурбору
созандаи устод Ҳоҷи Акбар. Тирамоҳи соли 1999 буд. Эшон
ба ҳайси ҷонишини аввали нахуствазир ифои вазифа
мекарданд. Ба Донишгоҳи мо даъват шуданд. Дар маҷлисгоҳ
бо тамоми донишҷуёни тоҷик мулоқот оростанд. Ҳама дар он
маҳфил будем. Мукаррам бо ман дар қаторҳои аввал
менишаст ва худро дар он аём аз зумраи муҳиббон ва
наздикони устод Ҳоҷи Акбар мешумурд.
Устод ҳамроҳи сарконсули Тоҷикистон-
Бобоҷон вориди толор шуданд. Ҳама ба эҳтироми эшон аз
ҷой хестем. Баранда бо хайрамақдам эшонро ба боло даъват
кард ва қори Исмоилро барои қироъати чанд ояте ба минбар
хонд. Сипас устод Тураҷонзодаро ба минбар даъват кард.
Албатта банда баъд аз гузаштани чандин сол наметавонам
суханони эшонро айнан руи сафҳа орам. Зеро, ки он
ҷумлаҳои шинам ва услуби ҷаззоб хоссаи суханварони
бузург аст. Танҳо метавонам мазмуни он насиҳатҳоро дар
чан ҷумлае ба услуби хеш руи саҳфа орам. То хонандаи
гиромӣ бидонад, ки ин бузургон ҳамеша бо афкору гуфтор
ва афъоли хеш дар фикри хайрхоҳии миллатанд.
Устод Тураҷонзода баъди ҳамдусано бо вақору
тамкин сухан кард: " Ҷавонони азиз банда ба ҳайси
ҷойнишини нахуствазир паёми роҳбари давлат Эмомали
Раҳмонов ва ҳайати ҳукуматро барои шумо овардаам. Шукри
Худо, ки мо имрӯз дар як фазои сулҳу оштӣ ва
якдигарфаҳмӣ ба сар мебарем. Ин ҳам натиҷаи боло
гирифтани ақли солим аз тарафайн буд. Мо рӯзҳои сахт ва
сиёҳро, ки ба сари миллатамон омада буд, паси сар
гузоштем. Ва ҳамеша дуо мекунем, ки Худованди бузург
чунин фоҷиаро ба сари ҳеҷ миллате наорад.
Ҷавонони гиромӣ! Шумо агар чанде, ки аз
минтақаҳои гуногунед ва шояд, ки лаҳҷаҳо ва забонҳои
мухталиф доред, аммо бидонед, ки фарзандони як миллатед.
Ҳеҷ гоҳ руҳияи муҳалгароӣ бар шумо нуфуз накунад.
Ҷавонони азиз! Ин кишваре, ки шумо дар он
таҳсили илм мекунед сиёсати дарҳои боз ба рӯи тамоми
мазоҳиб ва тоифаҳои исломиро пеш гирифтааст. Аммо ин
сиёсат ба кишвари мо созгор нест. Зеро мо ҳамагӣ пайрави
як мазҳабем- мазҳаби Имоми Аъзам. Шумо танҳо ба
донишомӯзӣ машғул шавед ва мутахассисҳои хуб дар ҳар
соҳа бигардед. Миллати азизи мо ба шумо барин ҷавонҳо
сахт ниёз дорад. Ҳаргиз гузаштан аз як мазҳаб ба мазҳаби
диагар ва ё пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ ба зеҳни шумо
нагузарад. Зеро ин оқибатҳои ногувореро дар пеш дорад.
Дар кишвари мо ҳеҷ мазҳабе ба ҷуз Ҳанафӣ реша намегирад.
Иттиҳоду якпорчагиро аз даст надиҳед. "Ҳамагӣ ба дини
Худо чангол занед ва аз ҳам ҷудо нашавед". Ин аст
тавсияи Худо ба муъминон..."
Ин буд фишурдае аз мазмуни суханронии устод
Ҳоҷи Акбар. Сипас устод бо ҳар яки мо ба навбат даст ба
даст салом карда, аҳволпурсӣ намуд. Ман аз чеҳраи нуронӣ
ва табассуми зебои ӯ сафҳаи иттиҳоду якпорчагиро хондам.
Вақто, ки дасти ҳар касро мефишурду ба чеҳрааш нигоҳ
мекард ӯ эҳсос мекард, ки устод аз ҳама дида ба ӯ
наздиктар аст. Ва аксари рафиқон ба ин эҳсоси ман
мувофиқ буданд.
Дар он айём Мукаррам худро аз ҷумлаи
ҳаводорони ҲНИТ мешумурд ва дод аз ҷавру ҷафои фронти
халқӣ ва Сангаку сангакиён мезад. Ҳамроҳи мо ба зиёрати
устод М.Ҳимматзода ба манзилаш, ки дар шаҳраки F\10-4
қарор дошт мерафт. Ба манзили Давлат Усмон, ки дар
F\10-markaz
буд мерафтем. Гузашта аз ин Мукаррам хело дустии наздик
бо Муҳаммадсаиди Зиёи масъули бахши ҷавонони ҲНИТ дошт.
Ва ин дустӣ ба андозае буд, ки бо ӯ дар як манзил
зиндагӣ мекард. Зиёи дар табақаи якум ва Мукаррам дар
табақаи дуюм истиқомат мекард. Нишонаи он вила ҳанӯз аз
ёдам нарафтааст. ( G\9-4 Street-121). Зиёи ҳоло ҳам яке
аз чеҳраҳои намоёни ҲНИТ мебошад.
Мо донишҷуён аз кумакҳои хайрияе, ки аз ҲНИТ
дар муносибатҳои исломӣ мисли Рамазон, Иди Қурбон ва
ғайра мерасид, фоида мебурдем. Мукаррам, ки ҳамхонаи
масъули ҲНИТ буд дучанду сечанд истифода мебурд.
Аммо имрӯз чи бало ба ӯ расидааст, ки санги
туҳмату маломат ноҷавонмардона ба сари раиси ҲНИТ
муҳтарам М.Кабирӣ ҳаво медиҳад.
Мо тоҷикон бояд ба Тураҷонзодаҳо ва Кабирӣ
барин фарзонагони миллат, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб
кардаанд, фахр кунем.
Замоне ба оли Тураҷон тамғаи " ваҳҳобият"
заданд, он ҳам ба дасти "мулло"
-и
хонасухтае. Исбот шуд, ки ваҳҳобӣ набудаанд. Имрӯз, ки
тамғаи шиа мезананд, боз ҳам ба исбот мерасад, ки шиа
нестанд. Зеро, ки бузургоне чун оли Тураҷон ҳеҷгоҳ
табдилу тағйири дину мазҳаб намекунанд. Ҳама гуфтору
рафтори эшон чун оина дар назари мардум ( дусту душман)
возиҳу рушан аст. Ҳеҷ кори пушидае надоранд. Аммо аз ин
туҳматномаи ахир бӯӣ динфурушӣ ба машом мерасад. Сад
афсус, ки боз ҳам бо дасти "муллое"...
Чи қадар содаву бесаводанд аксари ин
"муллоҳо". Яке зери ин туҳматномаи омодашуда имзо
мегузораду садҳо нафари дигар аз болои минбарҳои масоҷид
онро кур-курона мехонанд. Боре ҳам фикр намекунанд, ки
буҳтон задан, иғво ангехтан ва ба обрӯи бародари
мусалмоне латма ворид кардан, чи ҳукме дар шариъати
Ислом дорад. Ва ин ҳам дар шаъни уламои дин - оли
Тураҷон. Аксари фатвоҳои мазҳаби мо таҳқири уламои динро
куфр мешуморанд. Буҳтон задан аз ҷумлаи гуноҳҳои кабира
аст ва бадтар аз арақ нӯшидан аст. Арақнӯш танҳо ҳаққи
Худоро поймол кардааст. Агар аз сидқ тавба кунад Худо
ӯро мебахшад. Аммо туҳматчӣ ҳам ҳаққи Худо ва ҳам ҳаққи
бандаи Худоро поймол кардааст. Агар бо тавбаи зиёд Худо
ҳам бибахшад, боз ҳам банда болои ӯ даъвогар аст. Вой ба
ҳоли минбарбадастоне, ки мардумро насиҳат мекунанду худ
муртакиби гуноҳи кабираанд. намедонам, ки мардум чи
гуна аз паси онҳо намоз мегузоранд??? Худоё намози
онҳо чӣ мешавад???
Ҳангоме, ки аз тариқи интернет навори исёни
Мукаррам ва хоҷагонашро тамошо кардам, аз як тараф маро
даҳшат фаро гирифт аз дигар тараф бузургиву ҳакимии
Эшони Нуриддинҷон ва устод Ҳоҷи Акбарро бори дигар
мушоҳида кардам.
Бузургии эшон дар он буд, ки дар муқобили
бадгуёну туҳматчиён ҳеҷ аксуламале нишон надоданд, балки
муридони ба шӯр омадаро ба сабру субот ва оромӣ даъват
карданд. Вагарна як ишораи онҳо барои фоҷиаи бузурге
кофӣ буд. Оре бузургии эшон ҳам дар тадбирҳои ҳакимонаи
онҳост.
Даҳшат аз он фаро гирифт, ки гуруҳе аз
меҳмонони нохонда бузургманишӣ карда, аз болои
намозгузорон бо пойафзолҳои нопоки худ қадам бардошта то
ба пояи минбар расиданд. Чунин бе одобию авбошӣ дар тули
таърих аз ҷониби мусалмонон дар дохили масҷид рух
надодааст. Магар як бор ва он ҳам аз тарафи Язид ва
лашкариёнаш, ки бо аспҳояшон дохили масҷиди Набавӣ
шуданд, руйдода буд. Ва ин бори дуввум аст, ки
язидмаобон ин бе эҳтиромиро анҷом доданд. Аммо вайрон
сохтану бастани дари масоҷид танҳо ба дасти чингизиён ва
лениниён ба вуқуъ пайваста буд. Имрӯз чӣ??? Оё ҳаминҳо,
ҳамонҳоянд??? Агар не, пас чаро???
Албатта Тураҷонзодаҳо, ки худ олиманд
медонанд, ки ин фитнаҳо як навъ имтиҳонанд. Худованд ҳар
бандаашро ба андозаи имонаш имтиҳон мекунад. Паёмбари
гиромиро ба соҳирию дуруғгӯӣ ва девонаги туҳмат
мезаданд, сабр мекард. Туҳматчиёни эшон мушрикон
будаанд. Имрӯз таҳматшудагон дар сафи Паёмбари Худоянд
ва туҳматзанон дар сафи муқобил.
Замоне Имом Бухориро муфтию муллоҳои дарбори
ба туҳмату иғво аз Бухоро бадарға карданд. Аммо шуҳрату
илми ӯ коста нагашт, ки то имрӯз ҳама мусалмонони олам
ӯро мешиносанд ва касе аз бадхоҳон ба некӣ ёд намекунад.
Рудакиро кур карда аз дарбор ронданд, вале зикри ӯ
боқист. Синоро муфтиёни замони худ кофир ҳукм карданд ва
ӯ барои исботи имони худ гуфт:
"Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусамон набувад."
Имрӯз ҳама олам Синоро мешиносад ва касе аз бадхоҳони ӯ
ба неки ёд намекунад.
Чанд рӯз баъд аз гузаштани ин исён бо ҷамъе аз
дӯстон ба аёдати ҳазрати Мавлави Муҳаммади ба Қумсангир
рафтем. Аз рафти сухан дарёфтам, ки "муфти" баъди исёнаш
туҳматномаашро ба назди ҳазрати Домулло оварда аз эшон
талаби имзо кардааст. Аммо Ҳазрат ҷавоби рад дода, ӯро
чанд насиҳати холисонаи падарона низ кардааст.
Ҳазрати Домулло баъд аз андак хомушӣ сари
худро боло кард, дар ҳоле, ки аз чашмонаш донаҳои ашк
шорида рухсораҳои нурониашро тар карда буд. Гуфт: "Ҳамин
аст ҳоли бузургони ҳақ дар ҳар асру замон". Гиря
гулугираш кард. Мо ҳам беихтиёр гирён шудем. Боз худро
ба даст гирифта гуфт : "Фарзандони Эшони Тураҷон ду
“гуноҳ” доранд. Яке илм, дигаре фазл."
Дар ҳол шоҳбайти ҳакимонаи Хоҷаи Шероз ба ёдам расид:
"Фалак ба мардуми нодон диҳад зимоми мурод,
Ту аҳли фазлию дониш, ҳамин гуноҳат бас".
Давлати Ҳасан
Ин мақола дар таърихи 11- ум январ дар ҷаридаи Фараҷ бо
каме тағйир ба таъб расид. Лизо зарур донистам, ки
нусхаи аслии онро бидуни тағйир ба сомонаи
www.turajon.com
фиристам. Аз шумо хоҳиш мешавад, ки онро дар сомонаи худ
ҷой диҳид.
Бо эҳтиром мухлиси
шумо Давлати Ҳасан.
|