WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
     
 

   «ТУРАҶОНЗОДАҲО ШИА НЕСТАНД!»

 
 

Қарори  маҷлиси Шурои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №16 аз 06.12.2011с, ки аз ҷониби аксари имомхатибон  рузи 09.12.2011с. пеш аз намози ҷумьа кироат шуд, нафрату бадбинии намозгузоронро нисбати раиси ин маҷлис ва дастандаркорони ин қарор барангехт. Мавзуи асосии ин қарор тавҳину таҳқир ва буҳтону туҳмат дар хаққи оли Тураҷон, ки дар Тоҷикистон назир надоранд ва дар берун аз он чунин хонадони мутадайин ангуштшуморанд, буд. Воқеьан дар ҳар асру замон дар муқобили муслихон ва уламои раббони онҳое, ки бо мақсади итмоми ҳуҷҷат ва ҳидояти инсонҳо ба суи камол ва зоеь нашудани нафароне, ки заминаи ҳидоят дар замири онҳост бар асоси ҳикмат ва мантиқ ва дур аз таҳриф паёми Худовандро ба мардум мерасонанд, душман ва бадбинҳое зуҳур менамоянд,ки мехоҳанд ба ҳаргуна тавтиа нуфузи эшонро дар ҷомеа коста гардонанд. Мутаассифона, накши уламои дарборӣ дар ин фитна бисёр калон аст. Худованд дар шахсияти Паёмбарон ба ворисони эшон чунин хабар додааст:«Мо барои ҳар Паёмбаре душманоне аз шайтонҳои инс ва ҷин  қарор додем»  Сураи Аньом ояи 116

 Боре Паёмбари Худо (с) ба абу Зар гуфт: «Эй абу Зар!  Оё аз бадии шайтонҳои инсӣ  ба Худо паноҳ хостӣ ? Абу Зар гуфт: Оё аз инсонҳо шаётин вуҷуд дорад? Паёмбар (с) гуфтанд: оре.Онҳо аз шайтонҳои ҷинӣ дида бадтар ҳастанд.»

«Сунани Насои» ҷ.8 саҳ.275 «Муснади Аҳмад» ҷ.5 саҳ.265

Дар ин қарор оби дида ва ашки чашмони ҳазрати Эшон, ки аз сузи дил мерезад ба «гиряҳои маккорона» таьбир шудааст. Маьмулан қариб хама мавьизаҳои мухлисонаи ҳазрати Эшон бо оби чашму дидаи тар мегузарад. Зеро олим ва доьи вақте, ки дар баробари илм доштанаш боз тақвоу парҳезгор бошад суханаш муассир шуда инқилоби руҳӣ дар инсонҳо эҷод мекунад. Аммо аз баски таҳиягарони ин қарор аз тақвоу худотарсӣ фарсахҳо дур ҳастанд панду насиҳатхояшон муассир ва дилчаспу дилнишин нест. Туҳмат ва буҳтоне, ки дар ин баёния нисбати Оли Тураҷон зикр гардидааст ин аст, ки дар таьрихи 2.12.2011с. ҳангоми ёдоварии таьрихи ба таври фоҷиавӣ ба шаҳодат расидани имом Ҳусайн дар масҷиди «Муҳаммадия» гуё мухлисон руйканию муйкани, доду фиғон ва нисбати саҳобаи ҷалилулқадри Паёмбар (с) ҳазрати Муьовия (р) лаьну нафрин карда бошанд. Ҳамонгунае, ки дар аҳли ташаюь аст. Вале наворҳои видеоии ҳазрати Эшон гувоҳи хилофи ин гуфтаҳост. Ончи, ки ҳазрати Эшон дар ҳаққи ҳазрати Муьовия (р) гуфтанд ин дар амри хилофат боғӣ ва хатокор будани уст. Зеро ҳазрати Муьовия бо вуҷуди шаьну шараф ва қадру манзилате, ки доранд маьсум набуданд. Чун, ки ақидаи аҳли суннат ва ҷамоьат ҳаминаст, ки ба ҷуз Паёмбарони Илохӣ дигар касе маьсум ва бехато нест. Моҷарое, ки байни ҳазрати Алӣ ва хазрати Муьовия роҷеь ба амри хилофат баьд аз шаҳодати ҳазрати Усмон (р) гузашт дар ин қазия ҳақ дар ҷониби ҳазрати Алӣ ва ҳазрати Муьовия хато карда буд. Далели ин гуфтаҳо ҳадиси саҳеҳи Паёмбари Худост, ки ба Аммор ибни Ёсир гуфтаанд: «Вой бар ҳоли Аммор, уро гуруҳи бағоватгаре хоҳанд кушт» таърих гувоҳ ҳаст, ки Аммор ибни Ёсир дар ҷанги «Сиффин» аз ҷониби лашкари ҳазрати Муьовия ба шаҳодат расид.

Пас ин ҳадиси Паёмбар (с) далели возеҳ ва рушан аст  бар боғи ва хатокор будани ҳазрати Муьовия дар масалаи хилофат ва амморат. Барои рушантар шудани назари уламои муьтабари исломӣ дар ин маврид, чун намуна баьзе аз ақволи эшон пешкаш мешавад:

1)Дуктур Абдурраҳим дар «Файзу-л-борӣ» мегуяд: «Мурод аз гуруҳи бағоватгар дар ин ҳадис пайравони амир ҳазрати Муьовия буданд, ки ҳазрати Амморро дар ҷанги  «Сиффин» ба қатл расониданд» ҷ. 1 саҳ 497

2)Аллома Зайлаӣ дар «Насбу-р-роя» чунин овардааст: «Далели возеҳ ва рушан барои ин даьво, ки хилофат хаққи ҳазрати Алӣ буд сухани Паёмбари Худост, ки ба Аммор гуфта буд, туро як гуруҳи бағоватгар ба қатл мерасонанд. Ва ҳама муҳаддисон ва муаррихони аҳли суннат иттифоқи назар доранд, ки Аммор аз зумраи тарафдорони ҳазрати Алӣ буд ва тарафдорони ҳазрати Муьовия уро ба шаҳодат расанидаанд». «Насбу-р-роя» ҷ.4 саҳ 142

3) Имом Бурҳониддини марғелонӣ дар «Ҳидояи Шариф» мегуяд: «пайравӣ ва фармонбардорӣ аз подшоҳи золим чоиз аст ҳамонанди подшоҳи одил. Зеро ёрони Паёмбар (с) аз ҳазрати Муъовия (дар замони ҳукумронияш) итоат мекарданд хол он, ки хилофат хаққи ҳазрати Алӣ буд». «Ал-ҳидоя» шарҳи «Бидояту- л- мубтадӣ»  Ҷ.5 саҳ  342

4) Мавлоно Шоҳ Файсал дар «тасҳилу-л-ҳидоя» сухани соҳиби «ҳидоя»ро чунин шарҳ дода мегуяд: «Аллома Марғелонӣ дар ин далел мефармояд: баъд аз ба шаҳодат расидани ҳазрати Усмон хилофат ҳақи ҳазрати Алӣ буд. Хамон гуна, ки аҳли суннат ва ҷамоъат бар он итфоқи назар доранд. Аммо ҳазрати Муовия аз хилофати ҳазрати Алӣ сарпечи кард  ҳукумрон ва фармонравои мулки Шом шуд. Аллома ибни Ҳумом бар бағовати амир ҳазрати Муъовия истишҳод мекунад, ки Расули акрам ба аммор ибни Ёсир фармуда буд: ба зуди туро як гуруҳи боғӣ ва саркаш ба қатл мерасонанд. Дар ҳоле, ки Аморро руфақои амир Муъовия ба шаҳодат расониданд. Пас малум шуд, ки амир Муъовия ва пайравони У аз бағоваткунандагон хастанд…»   «Тасҳилу -л- ҳидоя» Ҷ.5 саҳ 526 ва «Аҳсану-л-ҳидоя»  Ҷ 5 саҳ 566.

5) Ҳофиз Муҳаммад Анвари Кашмирӣ дар «Файзу-л-борӣ» фармудаанд:

«Аломма ибни Ҳачар дар шарҳи ҳадисе, ки Паёмбари Худо Аммор ибни Ёсирро муҷдаи шаҳодат дода буд, гуфтанд, ки хулосааш чуни аст: Аммор дар ҷанги «Сиффин» ба шаҳодат расид. Нафароне, ки уро ҷоми шаҳодатро нушониданд, аз ёрони амир Муъовия будаанд.»  «Файзу-л-борӣ»  Ҷ 2. саҳ 72. 

Аммо масъалаи лаъни Язид ибни Муъовия, ки гуё сирф ҷузъи ақидаи рофизиҳо, хавориҷ ва баъзе муътазилиён бошад, миёни уламои аҳли суннат масъалаи ихтилофист. Баъзе аз эшон ба хотири рози будани У дар куштори ҳазрати Хусейн ва ноэҳтиромии У нисбати аҳли хонадони Расули акрам (с) Уро маҳкуми ба лаън кардаанд. Мавлоно Мухаммад Умари Насафӣ, машҳур ба аллома Тафтазонӣ перомуни ин мавзуъ чунин мегуяд: «Уламои аҳли суннат дар лаънат гуфтани Язид ибни Муъовия ихтилофи назар доранд. Иддае аз онҳо лаън гуфтани бар уро муносиб намебинанд аз он чумла соҳиби китоби «хулосату-л-фатово».Аммо бархе дигаре аз онҳо лаъни бар уро ҷоиз мепиндоранд, зеро мегуянд: У баъзе зердастонашро ба қатли имом Ҳусайн фармон дод. Ва уламои аҳли суннат ва ҷамоъат бар ҷавози лаъни шахсе, ки имом Ҳусайнро ба қатл расонид ё ба ин кор амр кард ё иҷозат дод ва розиву хурсанд гашт, иттифоқи назар доранд.» Шарҳи «Ақоиди насафия»   саҳ 116-117. Аллома Тафтазонӣ баъд аз зикри орои уламо дар шаъни Язид ибни Муъовия назарияи худро чунин баён месозад: «Хақиқат ин аст, ки ахбори ризоияти Язид дар қатли Ҳусайн ва масруру хурсанд шудани У ба ин феъл ва ноэхтироми У нисбати аҳли хонадони Паёмбар иҷмолан ба ҳадди «тавотури маънавӣ» расидааст, гар чи тафсилан оход бошад. Пас мо дар лаън гуфтани бар Язид таваққуф наменамоем, балки дар имони У таваққуф мекунем. Лаънати Худо бар У ва кумакгарони У бод.» шарҳи «Ақоиди Насафия» саҳ 117.

 Тавре ки мебинем ба лаън маҳкум кардани Язид фақат ақидаи фиркаҳои золла набуда баъзе уламои аҳли суннат низ ҷонибдори ин ҳукм ҳастанд, аз он ҷумла Аллома Тафтазонӣ ки яке аз уламои маъруфи аҳли суннат аст. Пас муттаҳам кардани Оли Тураҷон ба тагйири мазҳаб ба хотири лаънат гуфтани Язид, муттаҳам сохтани иддае аз уламои аҳли суннат аст, ки алома Тафтазонӣ аз зумраи онҳост. Хулоса, даъвои Шурои уламо дар хаққи Тураҷонзодаҳо бе поя ва бе асл буда дар ассоси кинаву адоват ва ҳасаду бадбинӣ таҳрезӣ шудааст. Дар охир ба Раиси шурои уламо ва ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи ин қарор дастандаркор буданд аз боби «Муъминон оинаи якдигаранд» (мазмуни ҳадис) гуфтанӣ ҳастам, ки ба хотири ба гуноҳи азим муртакиб шуданашон аввалан аз даргоҳи Худованд талаби мағфират ва тавба намоянд сониян аз Оли Тураҷон такозои авфу бахшиш ва узрхоҳӣ бикунанд. Зеро ба қавли шайх Саъдӣ:

                   Бас таҷриба кардам дар ин дайри мукофот,

                   Бо дардкашон ҳар, ки дарафтод барафтод

                   Аз арш гар афтӣ ба сурайё чу аҷаб нест,

                   К-аз чашми яке бандаи мақбулон дарафтӣ.

                   З-он ру ки чу мардуди яке бандаи мақбул,

                    Гашти ту зи ҳар дар, мардудию маъзул

                                                                                                     Саъдии Шерозӣ

 

Ҷумахони  Шарофуддинзода

 

Банда аслан маколаро ба нашрияи "Начот" равон кардам, вале аз чи сабаб бошад ки ба чоп набароварданд. бинобар хамин хостам ба воситаи ин сомонаи тавхиди ин макола мунташир шавад. Мухлиси хонадони Шумо  Ч,умахон аз шахри Кулоб

 

 
   
 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com