| |
Бо чи далелу асос шумо баёнияи Шурои уламоро фармоишӣ
ҳисоб кардаед?
Бо чанд далел мо баёнияи Шӯрои уламоро сиёсӣ, фармоишӣ
ва туҳматнома меҳисобем. Якум ин баёния се шакли навишт
дорад ва дар се шакли мутафовит ҳам аз ҷиҳати маъно ва
ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм чоп шудааст. Аммо то имрӯз ба мо
маълум нест, кадоме аз ин се баёния баёнияи Шӯрои
уламосту ва дуи дигараш маҳсули “эҷод”и идораҳои
манфиатдор аст. Дигар ин, ки ин баёния дар хабаргузории
расмии ҳукумати Тоҷикистон Ховар чоп шуд, ки далолат ба
супоришӣ будани он мекунад. Зеро ин хабаргузории давлатӣ
маъмулан баёнияи ягон ташкилот ё созмонҳои динию
ҷамъиятиро ба истиснои ҳуҷҷатҳои ҳизби ҳоким чоп
намекунад. Севум ин баёнияро ниҳодҳои қудратӣ ва
давлатӣ ба тамоми имомҳои масоҷиди ҷомеъи кишвар, ҳатто
ба имомҳои масҷидҳои панҷвақта расонида ва онҳоро
вазифадор карданд, ки баёнияи мазкурро ба мардум аз
тариқи баландгуякҳо бихонанд ва рафти хондани онро дар
навори видеоӣ сабт карда ба таври хаттӣ ба идораҳои
марбута гузориш диҳанд. Дар сурати иҷро накардани ин
супориш ба имомхатибҳо ҳушдор додаанд, ки аз кор
барканор хоҳанд шуд.
Воқеан, аллакай чанд нафар дӯстону мухлисони моро, ки
розӣ нашуданд ин баёнияро ба мардум бихонанд аз кор
сабукдӯш намуданд. Аз ҷумла имомхатиби масҷиди ҷомеъи
Понғози ноҳияи Ашт Мулло Абдураҳимро, ки беҳтарин ва
зеботарин масҷидро сохта буд аз кор гирифтанд. Ҳамчунин
имомхатиби масҷиди ҷомеъи маркази шаҳраки Сомониёни
ноҳияи Рудакӣ Мулло Абдуззоҳирро рузи 23 уми декабр
муфтӣ Мукаррам бо нақзи талаботи қонунгузориҳои мавҷуда
аз кор барканор намуд. Хатиби масҷиди Чоркуҳи Исфараро
аз сабаби бемикрафон хондани ин баёния низ аз вазифа
барканор карданд ва чандин нафари дигарро дар вилояти
Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
Як далели дигари фармоишӣ будани ин баёния ин аст, ки
Раиси шаҳри Ваҳдат ду руз, 12 ва 13 декабр маҷлиси
фаъолони шаҳри Ваҳдатро бо иштироки депутатҳо,
кормандони идораҳои давлатӣ, раисҳои ҷамоатҳо, роҳбарони
муассисаҳои таълимӣ, ҳатто мактабҳои миёна, сардорони
воҳидҳои кишоварзӣ, раисҳои шуроҳои маҳаллаҳо, имомҳои
масҷидҳои ҷомеъу панҷвақта ва ҳатто соҳибкорон доир
карда, баёниҳои аз номи Шурои уламо содир шударо қироат
ва шарҳу тафсир дода, ҳодисаи рузи 9 уми декабр дар
масҷиди мо руй додаро бисёр манфӣ ва воҳиманок, гуё як
амали тарҳрезишудаи зидди давлату ҳукумат бошад,
маънидод кардааст. Ва ҳамчунин аз ҳозирин талаб
намудааст, ки дар муассисаҳо ва идораҳои зери
назораташон ҳамин гуна маҷлисҳоро бо ҳамин мазмун
баргузор созанд ва хонаводаи Тураҷонзодаҳоро маҳкум
намоянд.
Далели дигари фармоишӣ будани ин туҳматномаҳо нашри он
дар тамоми рузномаҳои ҳукуматӣ :-“Ҷумҳурият”, “Садои
мардум” ва нашрияи ҳизби ҳоким “Минбари халқ” ва дар
атрофи ин мавзуъ чоп намудани мақолаҳои зиёде мисли
замонҳои саветӣ аз номи муаллифҳои гуногун вале бо як
мазмун, он ҳам таҳқиру туҳмату бадномсозии хонаводаи
Тураҷонзодаҳо дар ин нашрияҳост. Дар баёнияҳое, ки дар
сайти ХОВАР чоп шуд оилаи моро бо тӯҳматҳои хеле сангин
аз ҷумла ташкили ҷангҳои солҳои 92-97 муттаҳам
кардаанд.
Яъне дар ин баёния на танҳо масъалаи мазҳабиву ақидатӣ
балки масоили сиёсӣ низ зикр шудааст
Асосан дар баёнияи Шурои уламо масоили
сиёсии зиёд баён шудааст. Масъала танҳо масъалаи фиқҳиву
мазҳабӣ набуд. Зеро мо барои дуруст будани ин корамон аз
даҳҳо сарчашмаҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ далелҳои
зиёде дорем. Вале ҳадаф ба фикри ман аввал маҳрум
кардани Ҳазрати Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон аз
минбари масҷид ва баста намудани даҳонашон аз даъват ба
суи Худо, амри маъруфу наҳйи мункар ва ҳамчунин бастани
даҳони банда то, ки дигар дар масоили сиёсию иҷтимоӣ ва
фарҳангию динӣ дар матбуот баромад накунам. Зеро
мансабдорон дар солҳои ахир тамоми василаро ба кор
бурданд то, ки эшонро аз даъват боз доранд.
Наворҳояшонро мусодира ва фуруши онро дар тамоми
бозорҳову мағозаҳо манъ карданд. Бо қабули қонуни танзим
минбари маросимҳои мардумро низ аз домуллоҳо гирифтанд.
Чандин маротиба онҳоро ба идораҳои дахлдор даъват карда
“насиҳатҳо” карданд. Аммо масъулияти назди Худо болотар
аз ҳама манфиатҳои шахсӣ аст. Аз ин ру бародарони мо
алҳамду лиллоҳ рисолати худро то имруз содиқона ва ба
қадри имконоташон идома медоданд ва дар оянда низ хоҳанд
дод. Бандаи ҳақир низ аз гуфтани ҳақиқат ҳеҷгоҳ даст
намекашам.
Ё шояд нақша доранд бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар назари
мардум бо ин амалашон баднамо ва манфур нишон дода, бо
нашри ин туҳматномаҳо обрӯи оилаи моро аз байн бибаранд
ва баъди он ба ягон иқдомҳои бадтаре даст бизананд. Ло
ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ.
Фикр мекунед ин корҳо ҳама заминасозӣ
барои кадом нақша ва ниятҳое барои баъд аст
Бале, ин заминасозӣ барои нақшаҳои баъдӣ
аст. Чуноне, ки пештар гуфтам ҳадафашон сокит кардани
ман ва бародарҳоям мебошад, ҳамчуноне, ки қаблан
Ҳоҷимирзоро бо аз кор гирифтан сокит карда буданд.
Ҳоҷимирзо натанҳо дар байни мардуми минтақаи Кулоб балки
дар аксари манотиқи кишвар обуруи баланде бо мавъизаҳои
пурмазмунаш дар нашри ислом байни ҷавонон пайдо карда
буд. Ҳамчунин Мулло Маҳмадулло, як шахси донишманд ва
нотиқи бисёр ҳам хуб дар Кӯлобро низ аз минбар маҳрум
сохтанд. Ӯро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизбуттаҳрир ба
додгоҳ кашида баъди кашокашҳову баргузории чандин
мурофиа аз толори суд озод, аммо аз сӯҳбат дар масҷиду
минбар дураш карданд.
Акнун ин дафъа
ба назарам навбати мо омад.
Бо назардошти он чи, ки зикр шуд ин баёнияро супоришӣ ва
сиёсӣ меҳисобем. Мутаассифона Шӯрои уламо ба истиснои
раиси он бо содир намудани ин баёнияи туҳматангез бидуни
иродаашон мавриди суиистифода қарор гирифтанд
Аслан барои ёдбуди шаҳодати имом Ҳусайн дар масҷиди шумо
ин ҳама моҷаро бархост?
. Аз солҳои 1965 инҷониб Қиблагоҳи бузургворамон (Худо
раҳматашон кунад) дар масҷиди Роҳатӣ дар ҷумъаи аввали
моҳи муҳаррам дар бораи шаҳодати имом Ҳусайн дар Карбало
суҳбат мекарданд ва аз осори муршид ва пири
бузургворамон ҳазрати Сайидқаландаршоҳ аз китобҳои
Маъданил ҳол ва Девони Ҷунунӣ марсия ва ғазалҳо
мехонданд, ки боиси нарм шудани дилҳо ва ҷорӣ шудани оби
дидаҳои ҳозирин мегашт.
Дар солҳое, ки банда ба ҳайси Қозии мусулмонони Ҷумҳурии
Тоҷикистон будам, дар масҷиди марказии пойтахт низ дар
ҷумъаи аввали моҳи муҳаррам ёдбуди шаҳодати имом Ҳусайн
баргузор мешуд. Баъди имзои созишномаи сулҳ ва бозгашт
аз ҳиҷрат аз соли 1999 инҷониб яъне дар давоми 12 сол мо
ёдбуди Имом Ҳусайнро дар ин масҷид баргузор мекардем.
Вале ягон нафар нагуфт, ки ин кори шумо хилофи мазҳаб
аст. На аз домуллоҳо, ҳатто баъзеи онҳое, ки дар ҷаласаи
Шурои уламо иштирок доштанд дар ҳамон маросимҳои ёдбуд
иштирок мекарданд, ин амалро хилофи мазҳаби ҳанафӣ
нагуфтанд. Ҳатто Шӯрои уламои қаблӣ низ дар ин масъала
ҳеҷ вақт ягон вокуниши манфӣ нишон надода буд. Ба
истиснои салафиҳо, ки дар соли 2008 бародари мо Эшони
Нуриддинҷонро шиа эълон намуда, навореро бо ин мазмун
дар байни мардум бепул паҳн карданд. Ҷои аҷибаш ин, ки
муаллифи ин навори паҳнкардаи салафиҳо бародарзодаи
муфтии имруза, ки ҳамон вақт дар Яман таҳсил мекард,
буд.
То чи ҳад бо омадани намояндагони давлатӣ ба масҷиди
шумо дар рузи 9 уми декабр ба ҳангоми намози ҷумъа қонун
риоят ё нақз шудааст?
Бале тибқи моддаи 19 уми Қонун дар бораи озодии
виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ -иттиҳодияҳои динӣ
уҳдадоранд ба ҳузур доштани намояндагони мақомоти
ваколатдорӣ давлатӣ дар чорабиниҳои иттиҳодияҳои динӣ
монеъ нагарданд. Аз ин ру аз ҷониби мо ҳеҷгуна монеа ба
намояндаҳои ваколатдори давлатӣ эҷод нашудааст, чуноне
ки аз навори дар интернет нашршуда маълум аст. Аммо
ҳузур доштани намояндаҳои давлат дар “чорабиниҳои
масҷид” ба маънои соҳиб шудани онҳо ба меҳробу минбар,
ки нест. Балки онҳо мисли дигар намозгузорон дар ҳар
ҷое, ки дар дохили масҷид холӣ бошад, бояд менишастанд,
суҳбатро гуш мекарданд, раванди ибодатро назорат
мекарданд ва агар камбудие дар фаъолияти имомхатиб
мушоҳида мекарданд, баъд аз намоз дар ин бора бо
имомхатиб суҳбат карда, огоҳ менамуданд. Агар рафту
амали имомхатиб ошкоро хилофи қонун ва такроран анҷом
шуда бошад, намояндаи ваколатдори давлатӣ ҳақ дошт бо
таври хаттӣ аз болои имомхатиб ба прокурори шаҳр ё ноҳия
муроҷиат намояд. Ин аст талаботи қонун. Қонуни мазкур ба
намояндагони ваколатдори давлат фақат ҳамин қадар ҳақро
додааст.
Аммо мутаассифона дар тамоми манотиқи кишвари мо
роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва намояндаҳояшон, роҳбарони
Кумитаи дин ва кормандонашон ҳатман меҳробу минбари
масҷидро соҳиб мешаванд, хусусан дар рузҳои ид аз 20 то
40 дақиқа вақти намозхонҳоро бо гуфтани суханҳое, ки ҳар
руз мардум аз родиёву телевизион шунида дилбазан
шудаанд, мегиранд. Ин худ як беҳурматии ошкоро нисбат ба
хонаи Худо –масҷид аст. Зеро меҳробу минбар дар масҷид
мероси Пайғамбари Худост ва фақат уламои ботақво, ки
тибқи гуфтаи Пайғамбар ворисони Пайғамбари Худо (с)
ҳастанд, ҳақ доранд аз минбар суҳбат кунанд ва дар
меҳроб имоматӣ намоянд.
Мардуми мо аз тариқи телевизионҳои кишварҳои дигар
мебинанд, ки ҳатто роҳбарҳои аввали кишварҳои масеҳӣ аз
ҷумла Русия ба “Алтар”и (минбар) ибодатгоҳ, яъне ҷое, ки
руҳонӣ аз онҷо истода суҳбат мекунад, наздик намешаванд.
Балки дар як гушае соатҳо росто меистанд, мисли
провославҳо, ё дар қатори авали ибодаткунандаҳо
менишинанд, мисли католикҳо. Тибқи таълимоти динии онҳо
фақат шахси руҳонӣ ҳақ дорад вориди “Алтар” гардад.
Дигар ҳеҷ кас ғайр аз руҳониҳо ҳақ надорад вориди
“Алтар” гардад. Аммо дар мо чи? Рузи 9 уми декабри 2011
ба масҷиди мо Раиси шаҳри Ваҳдат, Раиси Кумитаи дин,
Раиси шурои уламо дар иҳотаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки
аксарашон пойафзолҳои лойолуд ё шояд наҷосатдорашонро аз
пои худ накашида, дағалона сафҳои намозгузорҳоро бурида,
вориди масҷид шуда, меҳробу минбарро соҳибӣ карда,
микрафонро ба даст гирифтанд. Оё ин рафтори онҳо
мувофиқи қонунҳои мавҷуда ва урфу одати мо мусулмонҳост?
Не ҳаргиз. Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси саҳиҳе
фармуданд: “Ҳар касе ба масҷид омада сафҳои
намозгузорҳоро бурида аз болои китфони онҳо гузашта ба
сафи аввал равад, рузи қиёмат аз болои ҷасадаш мардум
мегузаранд”. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ин масъулин ҳеч
касро писанду манзур намекунанд, зеро аз интихоби мардум
вобаста нестанд.
Бояд зикр намоям, ки ин кори онҳо мухолифи моддаи 157-и
Кодекси ҷиноӣ мебошад.
Аз дасти имомдомулло, ҳазрати эшони Нуриддинҷон
микрофонро гирифтанд ва ба намозгузорҳо хитоб карданд.
Табиист, ки намозгузорҳо аз ин рафтор, аз ин
беэҳтиромие, ки нисбат ба хонаи Худо, нисбат ба
саҷдагоҳи мардум сурат гирифт, сахт норозӣ шуданд. Дар
ҷое, ки мардум саҷда мекунад бо пойафзолҳои лойноку
наҷосатолуд, бо пойафзоле, ки ҳоҷатхона медароянд, дохил
шуданд, ки ин кори онҳо дар ягон тарозуи ақлу аҳкоми
шариат рост намеояд. Таҳқир аз ин бештар намешавад.
Масъулини дар боло зикршуда худашон бо ин
амалашон вазъиятро тезу тунд намуда, айбро мехоҳанд ба
сари мо бор кунанд ва ин се нафари зикршуда ба унвони
додситони ш. Ваҳдат аз болои Эшони Нуриддинҷон ва банда
шикоят карда моро ба айбҳои гуногун аз ҷумла, гуё зидди
ҳукумату зидди сиёсат мардумро даъват мекарда бошем ва
ҳамчунин гуё мо нагузошта бошем, ки намояндаҳои давлат
вазифаи худашонро дар масҷид анҷом диҳанд ва ҳамчунин
гуё мо бо муфтӣ даргир шуда уро ҳақорату дашном дода
бошем. Ҳамаи ин даъвои онҳо ба Худо қасам ёд мекунам, ки
туҳмат аст ва чанд ҳазор намозхони дохили масҷид ба ин
шоҳид ҳастанд ва сабти навор низ дар дастраси ҳама
ҳаст. Агар даъватҳои мукаррари ҳазрати Эшони Нуриддинҷон
намешуд ором кардани он мардум хеле душвор буд. Аммо
мутаассифона ба ҷои он, ки камбудии худро фаҳмида барои
ислоҳаш кушиш намоянд тибқи баъзе хабарҳо садҳо нафар
намозхонҳоро дар идораҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ соатҳои
тулонӣ истинтоқ карда, бисёр мехостанд робитаи сиёсӣ ва
танзимӣ байни имомхатиб ва намозхонҳо пайдо намоянд.
Хушбахтона то имруз касе чунин баёнотро надодааст,
агарчанде 13 нафарашро даҳ шабонарузӣ дар ин рузҳои сард
зиндонӣ карданд.
Воқеан ҳам робита байни имомхатибу қавм мисли робитаи
байни мухлисҳо ва футболбозҳо, мисли робитаи байни
ҳофизҳои машҳур ва мухлисонашон аст. Дар инҷо низ чунин
ҳолат аст. Бале, алҳамду лиллоҳ домуллои мо қудрати
баёну садои хубу мантиқи олӣ доранд, хуб суҳбат мекунанд,
ҳақро мегуянд. Аз ин ру мардум ба ҳазрати Эшон ҷалбу
ҷазб мешаванд. Ҳудуди 90 фоизи намозгузорони масҷиди мо
аз намозгузорони дигар манотиқ ҳастанд. Дар ҳоле, ки ҳар
ҷумъа аз 13 то 15 ҳазор намозхон дар намоз ширкат
мекарданд. Ҳазрати Эшон аксари мутлақи онҳоро
намешиносанд ва намедонанд, ки аз куҷо ҳастанду чи ном
доранд.
Шумо яке аз роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик
будед, ҳайати музокиротии мухолифинро, ки дар барқарории
сулҳу салоҳ заҳматҳои зиёд кашид, бар ӯҳда доштед. Фикр
мекунед имрӯз дигар масъалаи сулҳу созиш нодаркор
шудааст, ки бо яке аз ҷонибҳо чунин муносибат мешавад
Дар яке аз санадҳои муҳимми Созишномаи сулҳи
мо- Санади ҳамдигарбахшӣ, ки дар зери он Президенти
мӯҳтарами кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва раиси КОМ
раҳматии устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзо кардаанд ва
матни он дар сафҳаи 403-и китоби “Сулҳнома”-и Иброҳим
Усмон оварда шудааст, гуфта мешавад:-
“Барои ватанамон Ҷумҳурии Тоҷикистон,
барои эҳё ва шукуфоии кишвари маҳбубамон,
ба ёди шаҳидон ва рӯҳи покашон,
ба поси хотири қурбониён,
ба хотири таскини дили ятимону бевагону падарону
модарон,
бо назардошти иродаи мардум ба сулҳу оштӣ,
бо дарки масъулияти таърихи худ ба гузашта имрӯза ва
оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси КОМ ин
Санади ҳамдигарбахширо қабул ва эълон менамоянд:
-Мо
ҳамаи онҳоеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ
силоҳ ба даст гирифтаанд ва ба муқобили ҳамдигар
ҷангидаанд афв мекунем. Ғазаби худо ва лаънати халқ ба
ононе бод, ки аз паси қасдгирӣ ва таъқиби озори ҳам
барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимат ва
мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба
ҷазоянд”.
Ин сухане аст, ки ҷаноби Президент худ гуфтаанд ва зери
он имзо гузоштаанд. Аммо имрӯз баъзе аз идораҳои
ҳукуматӣ хусусан қудратӣ ва рузномаҳои ҳукуматӣ, ки бо
пули андозсупорандаҳои кишвар фаъолият мекунанд ва
худро содиқтарин тарафдорони ҷаноби Президент
меҳисобанд, ин таъкид ва ин ваъдаи Президентро амдан
сарфи назар мекунанд. Онҳо ба хотири он, ки мо он солҳо
аъзо ва аз роҳбарони оппозисион будем аз мо имрузҳо қасд
мегиранд. Моро озору азият медиҳанд ва бо бофтани
туҳматномаҳояшон неш мезананд. Баъзе аз тарафдорони мо
то имрӯз дар зиндонҳо ҳастанд ва бархе аз онҳо то ҳоло
таъқиб мешаванд ва худи моро ҳам ҳар вақт бо калимаи
нешдор, ё аъмоли баде, озор медиҳанд. Ҳатто озор то ҷое
расидааст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукумати ш.
Ваҳдат кормандони идораи барқи шаҳрро таҳдид кардаанд,
ки ба ҳар касе, ки барқи изофагӣ медиҳед, диҳед аммо ба
деҳаи Тӯраҷонзодаҳо надиҳед, ки ҷазо мегиред. Кор то ба
ин дараҷа расидааст.
Дар идомаи ҳамон Санади ҳамдигарбахшӣ гуфта мешавад:-“Мо
сӯиистифода аз имконоти расонаҳои омма ва даъвати ошкоро
ба нияти халал расонидан ба раванди Оштии Миллӣ,
иттиҳоми ҳамдигар дар ҳузури ҷамоъат, аз гузашта ба бадӣ
ёд карданро маҳкум менамоем”.
Ҷаноби Президент дар инҷо мегӯяд, ки “аз гузашта ба
бадӣ ёд кардан ва иттиҳоми якдигарро маҳкум мекунем”.
Аммо тамоми рузномаҳои ҳукуматӣ дар тамоми навиштаҳои
худ дар солҳои ахир дар ҳаққи ман ҳамеша тӯҳмат
мекунанд. Тӯҳмат яъне чӣ? Ҳар чизе ки бо қарори суд
исбот нашудааст, он тӯҳмат аст. Аз ҷумла баёнияи Шӯрои
уламо, аз ҷумла он навиштаҳоеро, ки “Минбари халқ”,
“Садои мардум”, “Ҷумҳурият” дар бораи ҳодисаҳои 1992-97
чоп мекунанд. Ин ҳама тӯҳмат нисбати ман аст.
Воқеан чаро Шуморо барои ташкили ҷанги шаҳрвандӣ айбдор
мекунанд
Борҳо гуфтаам ва боз ҳам такрор мекунам, ки ман дар
шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ гуна рабте надорам. Зеро
даъвои ҳеҷ мансаберо надоштам. Ҳатто дар ибтидо дар
майдонҳо ширкат надоштам. На дар ташкили Ҳукумати
мусолиҳаи миллӣ иштирок доштам, на дар музокироти байни
ду тарафи онвақта. Бисёре аз шоҳидҳо зинда ҳастанд,
метавонед аз онҳо бипурсед. Намедонам чаро доимо маро
дар ин моҷаро ҳамроҳ мекунанд. Вақте ки ҷаноби Раҳмонов
ба мақоми раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд, табрикаш кардам.
Омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор доштам. Барқияи
табрикотии манро расонаҳо аз ҷумла телевизиони кишвар
нашр кард. Мо ба ҳадде ба бегуноҳии худ дилпур будем,
ки худамонро аз кишвар берун накашидем. Ҳукумати нав
омад ба Душанбе ва фаъолияташро оғоз кард. Вале вақте
куштани наздиконамонро оғоз карданд ва хонаҳоямонро
сузонданд, баъд 30 январи 1993 маҷбур рӯ ба ҳиҷрат
овардем. Ман муқовиматҳои сиёсиро аз моҳи феврали 1993
шурӯъ кардам. Дақиқтар аз моҳи марти он сол, вақте
Ҳаракати Наҳзати Исломро ташкил додем ва ман ноиби
аввали он интихоб шудам.
Агар фишорҳо аз ин ҳам бештар шаванд, чӣ кор мекунед?
Аввалу охир фақат ба Худо такя мекунем ва дар доираи
қонунҳои мавҷуда аз обруи худ ва оилаамон дифоъ мекунем.
Иншоаллоҳ ҳамеша Худо аз золимҳо интиқоми мазлумонро
мегирад. Мо ба ин бовар дорем. Ман бовар дорам ҳар
қадар, ки зулм зиёд шуд, пояи ҳукумати золим заъиф
мешавад. Ман гумон мекунам ба манфиати кишвар нест, ки
имрӯз ҳукумат дар сатҳи баланд ба чунин корҳо даст
бизанад.
Дар сатҳи баланд, яъне чӣ?
То имрӯз баъзе дустон ба мо мегӯянд, ки ин ҳама
бадбиниҳо дар бораи хонаводаи мо дар сатҳи вазоратҳо
сурат гирифта истодааст ва Президенти муҳтарам аз
ҷузъиёти ин корҳо хабар надоранд. Ба ҳамин хотир дар
раддия ба баёнияи Шӯрои уламо, ки бародарамон Эшони
Нуриддинҷон пахш карданд, эълон намуданд, ки Раиси
Ҷумҳур аз ин масоил хабар надоранд ва умедвор ҳастем, ки
ин масъаларо аз рӯи адолат дида мебароянду ҳақиқат
барояшон ошкор мешавад. Ҳамчунин дар рузи ҷумъаи нуҳуми
декабр Эшони Нуриддинҷон чандин маротиба пайи ҳам ба
мардум хитоб намуда, таъкид намуданд, ки аз ҷаноби Раиси
Ҷумҳур бадгумон нашавед. Ҳамин гуна умедро мо низ дорем
ва чуноне, ки мегӯянд умед аз ҳама охир мемирад. Зеро мо
шахсан ба ҷаноби Президент рақобату душмании шахсӣ
надорем. Аз ҳамин хотир ҳеҷ ба ақли мо намеғунҷад, ки
чаро мансабдорон чунин муомилаи бадро ба мо раво
мебинанд. Ба хотири чӣ?
Вале вақте раиси Шӯрои уламоро ба додгоҳ кашидед, ин ба
чӣ анҷом хоҳад ёфт?
Мо ба он хотир ба додгоҳ кашидем, ки мехоҳем ҳақиқат
ошкор шавад. Якумаш мо дар додгоҳ мехоҳем муайян кунем,
ки аъзоҳои Шӯрои уламо аз ҳамин матни баёнияҳо хабардор
буданд ё не, аз ин се матни баёния кадомаш баёнияи Шӯрои
уламо аст? Агар ба ин масъала равшанӣ андохта шавад,
сипас бояд маълум намоем, ки дутои дигарашро киҳо
навиштаанд? Хулоса дар ин даъво мо то ба охир меравем
то суди шаҳриву Олӣ. Агар ин доираҳои судии кишвар
ҷавоби қонеъкунанда надиҳанд ва ба гумонам намедиҳанд,
мо то додгоҳи байналмилалии Аврупоӣ меравем. Зеро инҷо
обуру ва ҳайсияти мо ҳамчун инсон зери по шудааст.
Масъалаи ҳуқуқи инсон имрӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ яке
аз масъалаҳои муҳимму авлавиятнок аст.
Яъне Шумо худро таҳқиршуда меҳисобед?
Бале, мо худамонро таҳқиршуда ҳисоб мекунем. Ва ҳама он
туҳматҳое, ки дар баёнияҳо ҳастанд, ҳамаашон дар ҳаққи
мо туҳмат ва таҳқир ҳастанд. Мо мехоҳем бидонем, ки кӣ
ин таҳқирро ба мо раво дид ва барои чӣ раво дид? Агар
супоришӣ бошад бо супориши кӣ ин корро карданд? Мо ва
мухлисону дустдорони мо ва ҳамчунин мардуми Тоҷикистон
бояд ҳақиқатро бидонанд.
Ҳозир ба кадом суд муроҷиат
кардед?
Ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ш. Душанбе.
Инҷо дар бораи Раиси Ҷумҳур ҳам сӯҳбат шуд,
ва дар назар буд, ки бо ӯ вохӯред. Вохӯрӣ баргузор шуд?
Дуруст аст, ки ман рузи 8 уми декабр аз
Раиси дастгоҳи иҷроияи Президент дархост карда будам, ки
хоҳиши маро ба ҷаноби Президент бирасонанд, то ки моро
қабул кунанд ва нуқтаи назари моро доир ба ин баҳс аз
худи мо бишнаванд. Раиси дастгоҳ ваъда дода буд, ки ба
Ҷаноби Президент мерасонанд. Дигар то имруз ҳеҷ хабаре
надорам. Аммо дар ҳамон рӯзи нӯҳуми декабр Раиси шаҳри
Ваҳдат ногаҳон дар масҷид эълон кард, ки ин мулоқот
баргузор мешавад. Ин хабар барои ман хеле ногаҳонӣ буд
ва ҳатто хурсанд ҳам шудам, ки ин хабарро аз намояндаи
Президент дар ҳузури мардум шунидам. Баъд фаҳмидам, ки
ин дурӯғ ба хотири ором кардани мардум будааст.
Кумитаи дин эълон кард, ки Тӯраҷонзодаҳо
барои бастани масҷидашон розӣ шуданд. Ин дуруст аст?
Не, ин гап нодуруст аст. Аслан сухани Холиқов ин буд, ки
Кумитаи дин масҷидро дар асоси он огоҳиномаҳо, ки як
рузҳои 9 ва 10 уми декабр дода буданд, мебандад. Холиқов
аз мо хоҳиш намуд, ки ба имомии масҷиди панҷвақтаатон
Мулло Вайсиддини Қурбонро қабул намоем. Мо пешниҳод он
касро қабул накарда, талаб намудем, ки Ҳазрати Эшони
Нуриддинҷон ҳамчун имоми панҷвақта боқӣ бимонанд. Зеро
мулло Вайсиддин шогирди эшон аст. Тибқи аҳкоми шаръӣ ва
одоби исломӣ имоматии шогирд дар назди устод ҷоиз нест.
Зоҳиран Холиқов ба ин пешниҳоди мо розӣ шуд, аммо Раиси
ш. Ваҳдат бо исрор гуфт, ки розӣ намешавад, ки Эшони
Нуриддинҷон ба ҳайси имоми панҷвақта дар масҷид фаъолият
кунад. Мо аъзоҳои муассисини масҷид дар ин мавқеъи худ
устувор истодем. Аммо ҷониби ҳукумат низ ба ҳеҷ ваҷҳ
розӣ нашуд, ки ҳазрати Эшон ба ҳайси имом фаъолият дошта
бошанд. Баъди радду бадалҳои зиёде ба хотири он, ки
мабодо масҷиди панҷвақтаро низ набанданд, ҳазрати Эшони
Нуриддинҷон аз мо аъзоҳои муассисон хоҳиш намуданд, ки
ба ин пешниҳоди мансабдорон розӣ шавем. Ба ҳар ҳол
шахсан ман дар протокол навиштам, ки розӣ нестам.
Баъди сӯҳбат бо прокурор бо имзоҳои мустаъор баъзе
чизҳое ҳам чоп шуданд, ки гӯиё Шумо ба гуноҳҳоятон иқрор
шудаед. Кадом гуноҳҳо?
Воқеан ман намедонам, ки манзурашон чӣ буд. Маро аз
сомонаи “Озодагон” ҳам дар ин бора пурсиданд ва ман
гуфтам, ки мо аслан ҳеҷ гуноҳе накардем ва аз ин ру аз
ҳеҷ касе узре намепурсем. Баъд фаҳмем ин хабар аз тариқи
кормандони прокуратура паҳн шуда будааст. Мавқеи
бародарам Эшони Нуриддинҷон ва ман то имруз ва ин мавқеи
мо дар қарори суди ш. Ваҳдат аз 23 дебакри 2011 зикр
шудааст, ки мо худро гунаҳгоҳ намешуморем...
Дар Маскав барои пуштибонӣ аз масҷиди Шумо
пикет доир шуд аммо шумо онро маҳкум кардед, чаро?
Аз баргузории ин пикет субҳи ҳамон руз аз сайти Азияплюс
бохабар шудам. Дар он хабареро хондам, ки гуё дар шаҳри
Маскав дар назди сафорати Тоҷикистон ба хотири баста
шудани масҷиди Тӯраҷонзодаҳо пикет доир мешудааст. Ба
ростӣ сахт нороҳат ва дар ташвиш ҳам шудам. Аз
бародаронам пурсидам, ки оё онҳо ҳеҷ хабаре аз ин
дасисаи навбатӣ доранд? Онҳо гуфтанд, ки на, мо ҳеҷ
хабаре надорем. Бале, дуруст аст, ки дар Русия дар
байни муҳоҷирон мухлисони зиёд дорем, аммо вақте аз
бародаронам пурсидам, ки Баҳром Ҳамроев кӣ аст? Гуфтанд,
ки намешиносем. Шояд нафароне ин дасиса ва иғворо ташкил
карданд, ки мехоҳанд муносибати байни мову ҳукуматро боз
ҳам сардтар кунанд, зеро дар ҳамон шабурӯз ҷаноби
Президент дар Маскав буд. Дафъатан ба расонаҳо занг
зада баргузории ин пикетро маҳкум кардам ва гуфтам, ки
мо тарафдори баргузории ҳеҷ гуна пикет ва корҳои мисли
он нестем. Мо аз ҳама дӯстону мухлисону бародарон хоҳиш
кардем, ки дар ин пикет иштирок накунанд. Хушбахтона,
саривақт баёнияи моро бисёре аз хабаргузориҳои мустақил
чоп карданд. Ба ҳамаашон изҳори миннатдорӣ мекунам.
Хуллас баъзе мухлисон аз Маскав занг зада гуфтанд, ки
агар раддияи саривақтии шумо намешуд, шояд як митинги
калон баргузор мешуд.
Додгоҳи ш.Ваҳдат шумо ва бародаратонро
гунаҳкор ҳисобида 350 сомонӣ ҷарима кард. Ба ҳар сурат
даъвои шикояткунандаҳоро қонеъ кард.
Воқеан додгоҳи ш. Ваҳдат ҳар чизе, ки додситони ш.
Ваҳдат дар айбномааш эълон карда буд, бо вуҷуди будани
далелҳои радкунанда, чизеро тағйир надода, айнан дар
пояи ҳамон иттиҳомҳо ҳукми худро содир намуд. Боз як
бори дигар қаноат пайдо кардам, ки агарчи дар
Конститутсия кишвари моро ҳуқуқбунёд мегуянд ва ҳама дар
назди қонун баробар ҳастанд, аммо дар асл чунни
набудааст. Зеро прокурори шаҳри Ваҳдат аризаи Раиси
шаҳри Ваҳдат, Раиси кумитаи дин ва Раиси шурои уламо дар
давоми як ҳафта бо пурсуҷу намудани зиёда аз 170 нафар
намозгузори масҷди мо ва се рузи суҳбат бо ҳазрати Эшони
Нуриддинҷону мо ҷамъбаст намуда, қарори худро ба суд
ирсол кард. Аммо аризаи моро, ки 19 декабри 2011
фиристода будем, то имруз ҳеҷ гуна тафтишоте доир
нашудааст. Хулоса то ба имруз на Эшони Нуриддинҷон ва
на ман бо касе даст ба гиребон нашудаем ва касеро ҳам
ҳақорат накарда будем. Аммо ба хотири даъвои ин
мансабдорҳо аз ҷумла муфтӣ, ман қозии собиқи мусулмонони
Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ муовини аввали сарвазири
Тоҷикистон ду маротиба аъзои парлумон, дорандаи ордени
давлатии Исмоили Сомонӣ дараҷаи як баъди сафед шудани
ришам ба “майдаавбошӣ” маҳкум шудам. Субҳоналлоҳ...
Маҳкамаи ҳақиқии адолат дар рузи қиёмат, ки
қозии он Худои бениёз аст баргузор мешавад ва мо
мазлумҳо аз ин золимон ва аз ҳар касоне, ки суханҳои ин
золимҳоро дар ҳаққи мо такрор карда, туҳматҳои онҳоро
дар байни мардум паҳн намуданд, ба даргоҳи илоҳӣ даъво
менамоем. Ва албатта Худои бузург қасоси моро аз онҳо
мегирад. Вассалому ало маниттабаъал ҳудо.
|
|