WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
     
 

“Нигоҳ”: "Иқдом"-и муфтӣ

 
 

 Баёнияи раиси Шӯрои уламо ва ташрифи ғайриинтизори ӯ ба масҷиди ҷомеи    "Муҳаммадия"-и шаҳри Ваҳдат намозгузорони ин масҷидро барои се моҳ аз адои ибодати рӯзи ҷумъа маҳрум карда, баъд аз "қазияи халабонҳо"-ву Русия, муносиботи Тоҷикистон бо Эронро ҳам хатчадор намуд. Муҳимтар аз ин, ин амали носанҷида боз  мардуми кишварро ба қубтҳо ҷудо кардан дорад. Пас ҳақ аст, сухангустари бузург устод Мӯмин Қаноат, ки мегуфт ҷанги шаҳрвандӣ бесадо идома дорад....

     Ёдбуди  шаҳодати набераи пайғамбари худо Муҳаммад(с)-Имом Ҳусайн дар масҷиди ҷомеи маъруф ба "Муҳаммадия"-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба бародарон Тураҷонзодаҳо- рӯҳониёни маъруфи кишвар тааллуқ дорад, боис шуд, ки ин масҷид аз ҳаққи баргузории намози ҷумъа барои се моҳ маҳрум шавад. Қарор аз сӯи Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон дар пайи баёнияи раиси Шӯрои уламои кишвар иттихоз шуд. Бародарон Тураҷонзодаҳо тӯли ин фурсат аз ҳуқуқи имоматӣ дар масҷиди хонаводагии худ барканор шуданд. 

     Ва аммо баёнияи Шӯрои уламо, ки бо имзои Саидмукаррами Абдуқодир-раиси ин Шӯро мунташир шуда баҳонаро барои қатъи муваққати фаъолияти масҷиди ҷомеаи "Муҳаммадия" ва пойин овардани мақоми он то ба масҷиди панҷвақта дар дасти Кумитаи оид ба корҳои дин дод, бародарон Тураҷонзодаҳоро дар ихтилофандозии мазҳабӣ, бегонапарастӣ ва ташкили ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам кардааст. Муфтӣ ҷаноби Абдуқодир бо ин ҳам қаноат ҳосил накарда, аз болои бародарон Тураҷонзодаҳо якҷо бо раиси шаҳри Ваҳдат ва раиси Кумитаи оид ба корҳои дин ба додситон шикоят овард. Ин се нафари масъул алайҳи Тураҷонзодаҳо  шикоят бурдаанд, ки дар  рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр дар ҳаққи онҳо аз сӯи намозгузорон ва масъулини масҷиди "Муҳаммадия" беэҳтиромӣ зоҳир шудааст. Ҳоло додситони шаҳри Ваҳдат чанд рӯз аст, ки эшони Нуриддинҷон, эшони Ҳоҷӣ Акбар ва эшони Маҳмудҷон Тураҷонзодаҳоро яке,  яке мавриди бозҷӯӣ ва пурсиш қарор медиҳад. Онҳо бояд посух бигӯянд, ки чаро муфтиро ҳурмат накардаанд. Агарки додситон  ҷавоби кофӣ ва қонеъкунанда аз ин бародаронро пайдо накард, эҳтимол меравад онҳо мавриди танбеҳ ва шояд муҷозот қарор бигиранд. Хуб, дигар расидем ба чунин замону рӯбарӯ шудем бо чунин зимомдорон, ки барои ноҳурматӣ  афрод ҷавобгару гунаҳгор мешаванд ва бахусус агар нафари ҷӯёи ҳурмат, муфтӣ, ҷаноби Абдуқодир бошад, он гуна ки шоҳиди ҳолем ҳатман додситонро ба суроғатон меоранд. Акнун биёед, бубинем, ки чаро Тураҷонзодаҳо муфтиро мавриди эҳтиром қарор надодаанд ва чи боис шуда, ки ҷаноби Абдуқодир-раиси Шӯрои уламо худро таҳқиршуда ҳисобидааст ва асли ихтилофи миёни онҳо чи будаву аз куҷо бархостааст? Баҳс, ончуноне дар аввали навишта зикр шуд аз сӯҳбатҳои ҷаноби эшони Нуриддинҷон перомуни қатли фоҷианоки Имом Ҳусайн-набераи Расули Худо оғоз шудааст, ки аз рӯи дидгоҳи муфтӣ эшони Нуриддинҷон намебоист дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекард, чун ин амал ба пиндори муфтӣ метавонад дар миёни  ҳанафимазҳабон рахна ва тафриқа эҷод кунад. Муфтӣ дар баёнияаш  бародарон Тураҷонзодаҳоро дар гаройиш ба шиа мутаҳам ва эшонро иғвогару ташкилкунандаи ҷанги дохилӣ қаламдод кардааст. Ин шахсиятҳо, ки ҳар кадоме ҳазорҳо пайраву мухлис ва ҳаводор доранд ва барои ҳазорон нафар пиру муршид эътироф мешаванд баъди чунин баёния ва иттиҳом муфтиро чи гуна истиқбол кунанд?

 Ин ҳам дар ҳолест, ки баёнияи Шӯрои уламо дар тамоми масҷидҳои кишвар мунташир ва бадномсозии Тураҷонзодаҳо ба як маърака  дар миқёси ҷумҳурӣ табдил дода шуд. Бародарон Тураҷонзодаҳо табиист, ки ин ҳама иттиҳомотро рад карданд ва таъкид доштанд, ки сӯҳбатҳо аз  қатли ИмомҲусайн танҳо ба хотири ёдоварӣ аз ин санаи дардноки таърихи  ислом асту  бас. Аммо оё дар Тоҷикистон танҳо Тураҷонзодаҳоянд, ки сугвории куштори ИмомҲусайнро пос медоранд. Мову шумо шоҳидем, ки дар бораи ин рухдоди таърихӣ дар ҳар хонадони тоҷик мегӯянду ёдоварӣ мекунанд. Барои исботи ин гуфта аз навиштаи  рӯзноманигори шинохта Сайёфи Мизроб иқтибос меоварам: " Ошуро ин номи рӯзи даҳуми муҳаррам аст: -дар ин рӯз сари имом Ҳусайнро буридаанд. Дар ин рӯз то ҷое ман медонам, ҳатто дар даврони  коммунистии СССР волидайнам сӯг мегирифтанд, мисли падару модари ту низ-хонандаи ман. Наъту муноҷот мехонданд:

    Ҷудо карданд сари поки Ҳусайнро,

    Фиғону нола бар ҳафт осмон шуд." (СССР.15-уми декабри соли 2011)

     Ба ин тартиб маълум мешавад, ки ин ҳодисаро  на танҳо Тураҷонзодаҳо, балки кулли мардуми тоҷик ёдоварӣ мекардааст. 

      Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар дар посух ба ин иттиҳом гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ шиа набудаанд ва аз тоҷике, ки мазҳаби худро тағйир додаву шиа шудааст, безоранд. Акнун пурсиши дигаре халқ мешавад, ки чаро пеш аз онки баёния аз номи Шӯрои уламо содир шавад, ҷаноби муфтӣ бо Тураҷонзодаҳо масъаларо дар миён нагузошт. Агарки ҳеҷ ғараз ва адовату хусумат дар миён набуд, агар ҳадаф ҷилавгирӣ аз ихтилофу тафриқаи мазҳабӣ   ва ният холису сирф  барои таҳкими бинои мазҳаб буд, чаро талош нашуд, ки он дар маҳалли вуқӯяш «маҳор» шавад? Рӯзноманигори дигари тоҷик Аҳмади Иброҳим аз муаллифони "СССР" менависад: " Чун нек назар афканӣ, ошӯро барпо кардани Тураҷонзодаҳо амале нест, ки дар бораи он ба ҷуз аз намозгузорони ҳамон масҷид каси дигар бигӯяд. Агар бигӯяд шунидани он ба ҷуз зоеъ шудани вақт чизе дигар нест. Хоса ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода муддати 10 сол мешавад, ки дар сӯги набераи пайғамбар дар рӯзи қатлаш сухан мегӯянд ва лаънат ба Язид- қотили Имом Ҳусайн мефиристанд. Агар чунин аст, пас чаро муфтии мукаррами ҷумҳурӣ фақат имрӯз аз мазаррати он сухан мегӯяд ; соате, ки ҳамкориҳо миёни кишвари мо ва Ҷумҳурии  исломии Эрон вусъати тоза касб кардааст" ("СССР", ҳамон  шумора).

    Вале боз ҳам ин савол посух мехоҳад, ки чаро ва бо кадом мақсад баёнияи Шӯрои уламо дар тамоми кишвар паҳн карда шуд?  

Баёнияе дар пояи гумону ҳадси як нафар, бигзор он муфтӣ ва ё ҳар аҳади дигар буд, чаро бидуни тасдиқу тасбит дар масҷидҳои  кишвар аз Чоркӯҳу  Балҷувон ва Кангурту Алмосиву Тоҷикободу  гирифта то Ҷиргатолу Ҷилликӯлу Масчову Истаравшан саросемавор, бо як талвосаву  шитоб интишор ёфт? Ҳадаф аз ин ҳама шоеъапароканӣ, ҳаёҳуву валвала ва бадномсозии як хонаводаи мӯътабар ва мӯҳтарам чӣ аст? Ғавғои рӯзи маҳшар барпо кардан ба чи маъност? Ё мушкилоти фаровону рӯзафзуни мардуми Тоҷикистонро бо "шиасозии" Тураҷонзодаҳо метавон ҳал кард?!  Дигар масъалаҳо ҳал шудааст, вуҷуд надорад?!!

   Аз истиқлолият бист сол ва аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ 15 сол сипарӣ мешавад. Аммо ҳамоно мушкилоти бебарқиву бегазӣ, хонаҳои сарду торик, камбуди маошу адами ҷойи кори муносиб, иқтисоди  карахт, дастнигарӣ аз пули муҳоҷирини мулки ғарибӣ, муносибати сард бо Ӯзбакистон, ки ба ҷони мардум задааст, идома дорад. Ҳоло биёед хонаҳои мардумро бигардем, кӣ барои дусолаш захира кард, биёед бубинем бо  онки фурӯзонакҳои каммасрафа афзуд, мавсими"светмурӣ" чи қадар кам шуд, биёед як ҳисоб кунем донишҷӯе, ки ба панҷсад сомонӣ саҳмияи Роғонро харид чанд пул фоида кард?  Охир ин ҳама ба ифоқа ояд ё не. Магар сабаби ин ҳама  хориву зиллат мазҳаби Тураҷонзодаҳост?

      Аз тарафи дигар ҳазорон, ҳазор тоҷик аз дин хориҷ ва насоро шуд, касеро парво нест. Муфтӣ сокиту хомӯш. Ҳатто рахна дар диёнат то ҳадде амиқ рафт, ки тоҷикҳои пайрави "Шоҳидони Яҳво" бо мақомот суду судбозӣ карданд, ҳамҷинсгароҳои тоҷикӣ дар Душанбе анҷуман афрӯхтанд  аммо аз баёнияи муфтӣ ҳарфеву хабаре нест.

       Ҳоло, кӣ бовар мекунад, ки дудмони Тураҷонзода ва шахсияти ҷаҳоние ба мисли Ҳоҷӣ Акбар ва пири тариқат чун эшони Нуриддин табдили мазҳаб кардаанд. На танҳо ман ва мардуми кишвар балки худи ҷаноби Абдуқодир ҳам медонад, ки Тураҷонзодаҳо  муллоҳои хасакӣ ва наврӯид нестанд. Онҳо вориси обову аҷдоди худанд, ки ҳамагон домуллову мулло буданд. Онҳо дар иҳота ва муҳити исломӣ бузург шудаанд. Онҳо рӯҳониёни анъанавианд, пушт ба пушт мулло гузаштаанд. Ҳамагон медонанд, ки замоне эшони Тураҷон-пешвои ҷамъияти калоне аз аҳолии минтақа ҷаҳонро падруд гуфт Нуриддин- фарзанди арҷманди худро пайгиру ворис эълон кард ва садҳо, ҳазорҳо муриду раҳравони ин пири тариқат имомативу пешвоии эшони Нуриддинро пазируфтанд. Пас, мешавад бовар кард, ки бо ин ҳама соҳибмактабиву соҳибмазҳабӣ ин афрод аслу ҳастӣ ва мояи саодату сарбаландии худро дигар намоянд? 

 Онҳо чи гуна дар назди пайравони худ ва дар назди арвоҳи гузаштагони худ, ки барояшон ин ҳама илму обрӯро ба мерос гузоштаанд, нотарсида мазҳаби худро тағйир медиҳанд. Биёед, ба ин тарафи масъала низ як раҳ андеша кунем. Тураҷонзодаҳо,ки дар замони ҳиҷрат аз азизтарин ва бологузартарин меҳмони Эрон ва давлатмардони он  кишвар ба шумор мерафтанд, чаро агар ки шиа мешуданд, он вақт нашуданд? Чун бо ин амал он вақт пуштибонии бештари эрониҳоро касб мекарданд. Агар ҳадафашон ҷаҳонхориву дунёдорӣ буд, агар ҳадафшон ҷалби таваҷҷӯҳи Эрон ба "ғаразҳои сиёсашон" буд, чаро он вақт шиа нашуданд. Бархе аз мансабдорони кӯтоҳандеш бо маҳкум ба зиндон кардани ҳавонаварди русӣ робитаи Тоҷикистонро бо Русия сардтар карда, роҳбарияти кишварро дар як ҳолати хиҷолатзадагӣ қарор доданд, имрӯз  бархеи дигар бо мазаммат ва маломати ҳодисаи қатли  Имом Ҳусайн муносибати кишвари дӯсти Эронро хароб карданианд. Паёмади қазияи халабонҳои рус чеҳраи тоҷики муздурро дар Русия ба ҳадде сияҳ сохт, ки барномаи ҳаҷвии Ҷамшуду Равшан накарда буд.

      Гузашта аз ин ҳама ҷаноби муфтӣ  фикр накардед, ки сабақи мазҳаб омӯзонидан ба афроде, ки пиру муршиди тариқат эътироф шудаанд, худ як амали бефаросатона ва беназокатона аст. Чи қадар пуррӯву сангдилу кинавар буд, ки пиру муршидро ба маҳкама кашиду аз ниҳодҳо даъват кард, ки барояшон ҷазо диҳанд. Ин мардон, ки дар хидмати худованданд, мисли онки шумо ҳам худро ходими Худо меҳисобед. Шояд ин пир пири Шумо нест, ин муршидро мурид шумо нестед. Аммо аз амале, ки бар озори ҳазорҳо нафар мунҷар мешавад изҳори қаноат доред. Хуб, вазъ , ки чунин ранг гирифт бо ҷамъи ҳаводору ихлосмандони масҷиди " Муҳаммадия" чӣ бояд кард. Аслан масҷид чи гуноҳ дорад, ки дар он намози ҷумъа то се моҳ баргузор нашавад. Мавзеъгирӣ бар муқобили хонаи Худо чаро? Фаъолияти "Муҳаммадия" -масҷиде дорои асноду мадраки қонунӣ мутаваққиф карда шуд. Хуб, билфарзе ба пиндори шумо эшони Нуриддинҷон мушкил сохт, Ҳоҷӣ Акбар мушкил сохт, эшони Маҳмуду эшони Аҳмадҷон чӣ? Шояд онҳо масъулияти имоматии масҷидро бар ӯҳда мегирифтанд. Дар ин хонадон  пайдо кардани мулло "проблемма" нест, ку. Пас, маълум мешавад, ки ҳадаф дур кардани мардум аз ин хонавода ва ин хонавода аз мардум аст. Маълум нест, ки ҳоло ҷаноби Саидмукаррами Абдуқодир-раиси Шӯрои уламо аз натиҷаи мубориза бо масҷиди "Муҳаммадия" шоду масрур аст ва ё дар ҳар сурат дар ботин аз муносибаташ бо хонаи Худо эҳсоси бим аз соҳибхона ва хиҷолат аз аҳли намоз дошта бошад. 

      Бо таваҷҷӯҳ ба онки раиси Шӯрои уламо дар ин мақом аз ҳукумат омадааст (зимнан ҷаноби муфтӣ танҳо нафарест, ки баъди андӯхтани таҷрибаи корӣ дар ҳукумат ба ин мақом шарафёб шудааст) бархеҳо ақида доранд, ки нашри ин баёния кори дасти танҳо худи муфтӣ нест. Зеро муфтӣ дар ҳоле ки ҳатто аз сӯҳбати бо расонаҳо парҳез мекунад, дар танҳоӣ ҷуръати анҷоми чунин корро надорад. Инҷо мегӯянд огаҳони умур дасти  идороти вижа ва афроди алоҳида ҳис мешавад. Афроди алоҳида, ки масъулиятҳоеро  дар бархе аз идораҳо бар дӯш  гирифтаанд ва ё дар хидмати онҳо қарор доранд, дар чопи матолиби тавҳиномез бар алайҳи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода " фабрика" ташкил кардаанд ва ин фабрика  тақрибан "через неделя" ва ё "рӯздармиён" бо номҳои муаллифони якмасрафа (мисли ашёи якмасрафа)  ба нашр мерасонанд. Ва дар ин баёния ба андешаи  соҳибназарон масоиле матраҳ ва арзёбӣ шудааст, ки ин иддаоро таъйид мекунад. Афзун бар ин дар баёния ҷаноби муфтӣ аз ҳадди ваколатҳои худ фаротар рафта ва аз мақомаш сӯиистифода кардааст. Ба ин ду пора иқтибос аз матни баёния диққат диҳед:

  1.  "Чаро имрӯз Тураҷонзодаҳо  бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ Ошӯроро ҷашн гирифта, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ҷаноби Кабирӣ муовини Шӯрои Ҳаракати бедории исломӣ дар Эрон мегардад? Барои мо ва аксари мусулмонони Тоҷикистон фаҳмост, ки ин Шӯро чӣ мақсад дорад ва барои мардуми Тоҷикистон, ки 99 дар сад мусулмон мебошанд ин Ҳаракати бедории исломӣ боз чӣ мехоҳад". 

2. "Ба Тураҷонзодаҳо муроҷиат карда гуфтанием, як маротиба миллати тоҷикро ба фитна гирифтор карда беш аз як миллион мардумро берун аз Ватан, беш аз садҳазор ҷавонро қурбон, ҳазорон ҳазор ятиму бепарастор ва бешавҳар гардонида, ба дини мубини ислом доғ ва сиёҳӣ овардед, магар бас нест?"

    Аҷиб, Кабирӣ, ки имом-хатиб ҳам несту табдили мазҳаб ҳам накардааст, пас дар кадом асосу салоҳият ба кору амали ӯ мудохила бишавад. Ӯ як сиёсатмадор аст, вакили  парлумон ва раиси созмони сиёсӣ. Бояд аз шумо машварат пурсад, ки чи кор бикунад ва чи кор накунад? Шумо дар даст мадраку далел доред, ки ҷанги шаҳрвандиро Тураҷонзода ташкил кардааст. Хуб, ин масъала ҳам, ки ба шумо ва ташкилоти Шумо рабте надорад. Ва ё асли ҳадафи  баёния ҳамин вуҷуду ҳузури Ҳоҷӣ Акбар асту "шиашавӣ"-и Тураҷонзодаҳо танҳо баҳонае буд. Ин иттиҳомро аз шумо пештар намояндаҳои дигари "Фронти халқӣ" ба Ҳоҷӣ Акбар зада буданд, такзиб шуд ва дар Санади ҳамдигарбахшии Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, ки зери он раиси ҷумҳуриамон ҳам даст мондааст, таъкид мешавад, ки лаънат ва нафрини Худо ба нафаре бод, ки як ҷонибро дар ташкили ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор меҳисобад.

 Дар урфият мегӯянд, ки аз чашми мардум чизеро наметавон пинҳон кард. Мардум дар воқеъ ҳамаро мефаҳмад ва мебинад. Ҳоло аз ҳар калла садое меояд, ки  «ҳамин як Тураҷонзода мондааст». Албатта, инро дигарҳо ҳам мешунаванд. Ва дар гирдоби шакку шубҳаву  гирифтор мешаванд, ки мабодо Тураҷонзода дар оянда номзад ба мақоми аввал шавад.  Чун ӯ танҳо нафарест, ки аз пуштибонии васеъи оммаҳо бархурдор аст, мавриди муҳаббат ва эҳтироми аксарият қарор дорад. Обрӯву нуфузи Тураҷонзода дар ҷомеа  ба ҳадде болост, ки хоби шабҳои иддаеро ҳаром карда ва аз рашку ҳасад намедонанд чи тавр осебаш расонанд. Тураҷонзода ин ҳама ташвишу нигарониҳоро медонад ва медонад, ки мабдаъ, маншаъ ва маҳалли бурузи ин рашку ҳасуд дар куҷост. Аз ин хотир бо камоли фаросат ва зиракӣ  ва ҷавонмардӣ борҳо изҳор дошт, ки қасди раисшавӣ, вакилу вазиршавӣ  надорад, ором бошед. 

   Аммо боз ҳам бадгумонанд, талош доранд таҳрик ва телааш диҳанд. Ва афроде мисли Тоҳири Рашид, ки худро "исломшинос" муаррифӣ карда ва аз навиштааш дар " Ҷумҳурият" бармеояд, ки аз муҳосиби Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода  бештар вориди ҳисобу китоби молу мулки ӯст аз номи давлат болои Ҳоҷӣ Акбар миннат гузоштааст, ки ин ҳама   сарватро дориву боз чӣ мехоҳӣ.  Аммо  соҳиб(он)-и ширкати ҳавопаймоии хусусиву   бонки шахсиро дида наметавонад ва наметавонад бинад, ки одамони дигар раҳи мардумро пулакӣ кардаанд. Дар ин навишта, ки "буғз"-и баъзеҳо дар он ошкор шудааст, талаб мешавад, ки Тураҷонзода сокит бошад, ҳарфе назанад

   Аммо Тураҷонзода, собиқ қозикалони Тоҷикистон, собиқ депутати Шӯрои олӣ, роҳбари ҳайати музокиротии ҷониби оппозисиюн, ки бо ҳукумат созишнома имзо карда, машруияти онро таъмин кард, собиқ муовини аввали сарвазир ва узви Маҷлиси миллӣ вақте аз ӯ мепурсанд, саволаш медиҳанд, чаро бояд сукут варзад?

 Ӯ, ки чизеро пинҳон намекунад, фикрашро изҳор менамояд, ба ҳайси як мунавварфикр, ба ҳайси як  сиёсатмадори ботаҷриба ва рӯҳонии донишманд. Магар мумкин нест? Чаро бояд фақат якто шумо гап занед, якто шумо намудор бошед, дар ҳоле ки ҳосили коратонро ҳаррӯз мебинем.  

     Вақте охирин ҳафрҳоро менавиштам, аз чи бошад, ки ба ёдам боз ҳам  сӯҳбати дардолуд вале пурҳикмати сухангустари бузург устод Мӯмин Қаноат расид, ки мегуфт ҷанги шаҳрвандӣ бесадо идома дорад.  Бале ҳанӯзам тӯъмахорони ин ҷанг аз маззаи он ҳаловат мебаранд.    

 

Абдуқаюми ҚАЮМЗОД

 

 

 

 

 
   
 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com