WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
     
 

Эълон

 
 

      

"و من أظلم ممن منع مساجد الله أن يذكر فيها اسمه وسعي في خرابها"

“Ва кист золимтар аз он шахсе, ки манъ мекунад масҷидҳои Худоро аз ин, ки дар он масоҷид зикри Худо (яъне намозу дуо ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар) баргузор нагардад ва саъю кушиш дар харобию ноободоии масҷид мекунад”

Бо арзи таассуф ба ҳамаи хоҳарону бародарони мусалмон мерасонем, ки суҳби рузи душанбе мувофиқ бо 12.12.2011  дар ҷаласаи Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, ки бо иштироки раиси ин кумита Холиқов бо ҷойнишинон ва кормандони кумитааш, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ва аз ҷониби дигар намояндагон ва муассисони масҷиди мо  баргузор гардид.

 Хулоса раиси кумитаи дин Холиқов қарор карданд, ки аз ҳамин руз иборат фаъолияти масҷиди ҷомеъи Тураҷонзодаҳо ба мудати се моҳ аз сабаби “қонуншиканиҳое”, ки гуё содир шудааст қатъ карда шавад. Даъвои онҳо ин буд, ки дар рузи боздиди ғайримунтазираи  раиси Кумитаи дин, раиси ноҳияи Ваҳдат ва раиси шурои уламо Мукаррам якҷо бо адади зиёди кормандони ниҳодҳои амниятию қудратӣ, ки таърихи  09.12.2011 ҷараён гирифт, гуё Эшони Нуриддинҷон мардумро ба шуру ошуб даъват карда нисбати масъулини давлатӣ гуё беҳурматӣ содир шуда бошад ва ҳоло он, ки навори видоёии он руз, чуноне, ки ба шумо расид дар он ҳеҷ гуна тафриқаандозӣ аз тарафи ҳазрати Эшон набуд. Баракс Эшон ба шиддат аз мардум ором шуданро талаб мекарданд.

 Бародарон ва хоҳарони исломӣ, албатта аз баста шудани масҷиди ҷомеъ ва маҳрум шудани даҳ-понздаҳ ҳазор намозгузор аз ин файзи илоҳӣ қалбҳои моро маҳзун кардааст, вале мо ҳаргиз  руҳафтода ва аз раҳмати Худо ноумед намешавем. Зеро  роҳи даъвати исломиро ҳеҷ кас ва ҳеҷ неруе хомуш карда наметавонад. Агар минбари масҷидро аз ҳазароти муҳтарам Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон гирифта бошанд ҳам мо дастандаркорони сомона ҳаракат мекунем, ки суҳбатҳои онҳоро дар оянда низ  аз тариқи интернет ва наворҳо хидмати шумо мерасонем.

Хеле ҷои таассуф аст як нафаре, ки худро руҳонӣ меҳисобад ва раиси шурои уламои исломии Тоҷикистон аст кушиш мекунад, ки чунин масҷиди бузург бо амбуҳи зиёди намозгузоронаш аз файзи намози ҷумъа маҳрум гарданд ва дигар дар он масҷиди бузург садои амри ба маъруфу наҳйи мункар ва тарбияву одоби исломӣ баланд нагардад. Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун!!!

 

Идораи сомона

 

 

 

 
   
 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com