| |
Суол аз "Ҳақиқатҷӯ"
Салом
Э.Махмудчон уммедворам хамаи ибодоти шумо хонадони
мубаллигини ислом мавриди кабули хак бошад.пеш аз
хондани бигуям ки шояд бигуед ин гуумрох аст вале ин
хакикатест ки ман кабулаш дорам бо далел на куркурона
ман маколаи шуморо дар боари никохи мутъа хондам вале як
чиз маро дар тааччуб андохт ки инхам бошад сухани шумо
дар бораи Умар ки гуё Паёмбар (с) фармуда бошанд ки Худо
сухани хаккро бар дили Умар нигоштааст ба фикри шумо оё
хамон Умаре ки нагузошт номаи Пёмбар (с ) навишта шавад
то ин ки Паёмбар (с) аз назди худ дур карданд ки
Ибниаббос вакте ин вокеъаро ба ёд меовард гиря мекард ки
Муслим накл мекунад ва ё хами Умаре ки дар сулхи
Худайбия шак бар Паёмбар будан Мухаммад (с) мекунад ва ё
хамин Умаре ки хазрати фотимм (с) аз дасти норози
бурафтан ки уммулмуъминин оиша накл мекунад холо шумо
дар ин маврид гуед ки дигар хадисхо хаст ки инчунин
набуд вале ман мегуям ки хуллоса якчизе буд вагарна
ингуна хадис накл намешуд хамихели ки мегуянд бе шамол
барги дарахт намечунбад ва шояд дарбораи ин масала
Фадакро мисол оваред ки гуё хазрати Фотима (с) хадиси
ЛОНУВВАРИСУ ро намедонистанд ки ин мухолифи ояи курон
аст ки мегуяд сулаймон аз Довуд иср бурд ва аслан кобили
бовар нест ки хазрати фотима (с) ин хадис ро намедониста
бошанд ва дархоле ки Паёмбар он дучизи гаронбахое ки
гузоштанд яктоаш ИТРАТИ буд ки агар бехабар аз хадис
бошанд чигуна марчаъи баргашт хастанд дар вакти ихтилоф
ва дигар ин чаро Абубакр дархости шохид кард ва инхам
бояд зикр кунам ки Фадак ирс набуд балки хадяе буд аз
тарафи Паймбар (с) дар замони зинда буданшон ва хамчунин
чаро инхама аз Умар ибни Абдулазиз тамчид мекунан ва
дархоле ки вакте У халифа шуд Фадак ро ба ба авлоди
Фотима (с) багардонд шояд хам шумо гуед ки чаро Али ъ
дар замони хилофати худ бознагирифтанд дар чавоб мегуям
ки бечора Али ъ баъд аз хилофатба расидан замоне барои
сархоридан надоштан хамонгуна ки хамгон иттилоъ доранд
холоки сухан аз хилофат шуд бояд бигуям чаро Али ъ он
Умаре ки шумо инхама мадх мекунед кабул надорад далелам
ин ки баъд аз Умар бояд Али ъ мешуданд ик аксари раъй ро
оварда буданд вале чун дар мукобили саволи Абдурррахмон
инб афв чавоби мусбат ва конеъ кунанда надоданд ки
пурсид тибки сунати хулафои гузашта амал мекуни ? ва
аслан аз шучоат ва адолат Умар хамеша мегуянд агр хохед
ки ба шучоаташ ишкол ворид кунам хамин бас ки торих накл
накардааст ки фалои мушрик ё кофирро дар фалон чанг Умар
куштааст ва онам ки торих накл мекунад Умар гуфт эй
паймбар ичоза медихи сарашро бизанам ин дар холе ки чамъ
хама мусалмон холо як нафар мухолиф дар мукобил инро
мегуянд хоно шеру майдон гариб аммо аз адолаташ аввалан
бояд бигуям ки адолат хар як чиз ро сари чои худ
гузоштан на бисёр ва на кам ба фикрам дар таърифи адолат
хато накардам холо шумо бигуед ки чанд мурид мешавад
мисол зад аз корхои Умар ки аз пеши худ гуфтааст дар
ирс-хаччи таматтуъ- таровех- ва..... ки шумора надорад
холо ин кучош адолат аст лобуд хами ин кори у хакикатест
ки Худо дар калби у нигоштааст дар холе ки дар китоби
ЛУЛУ ВА МАРЧОН омадааст ки нахйи хаччи таматтуъ аз
тарафи Умар буд мо кабул надорем пас уф бар касе ки
хамчун хадисеро дарбораи Умар кабул кунад пас бигуед
Умар умар буд на бо инхама васф. дустдорам би матни ман
тавре чавоб дода шавад ки дар дастраси ом бошад вале
агар шумо нахостед ин нишонаи ман
hakikat2011@mail.ru
Худо нигахбони шумо
Ҳазрати
Умар символи адолат ва адолатхоҳӣ
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ҳамду ситоиш Худоеро, ки ба инсоният ақл ато
намуд, то бо чароғи ақл ба роҳи рост ҳидоят ёбанд.
Дуо ва дуруди Худованд бар
муаллими
башарият, ҳидоятгари уммат, он зоте, ки аз ҷониби
Худованд ба ҳаққоният фиристода шуд, то инсониятро аз
сиёҳчолҳои гумроҳӣ ба нури имон ҳидоят намояд. Саломи
Худованд бар аҳли хонадони поки он Ҳазрат ва ёрони
вафодори У, ки дар оғуши тарбияти Муҳаммад
(алайҳиссаллом) бартарин ва фарзонатарин фарзандони
уммат гаштаанд
ва Худованд маҳз ба ҷоннисориҳои эшон нури имонро дар
сар то сари дунёи торику зулумот нурафшон намуд.
Аммо баъд.
Гумон мекунам хонандаи гиромӣ ба гумонам аз калимоти дар
боло оварда шуда дарк намудааст, ки мавзуъи баҳси мо
посухгуӣ дар атрофи шубаҳот оиди абармардони ислом,
тарбиятдидагони донишгоҳи муҳаммадӣ, саҳобагони
бузургвори он Ҳазрат ба вежа дар атрофи халифаи дуввуми
ислом Умар ибни Хаттоб аст, ки
дар
маҳдудаи шариати ислом волотарин мақомро доро аст. Бале,
сухан перомуни Умар аст. Умаре, ки ба сабаби ба ислом
гаравиданаш ислом дар сарзамини ваҳй қувват гирифт.
Чуноне, ки инро худи ёрони Паёмбар (алайҳиссалом) дар он
замон иқрор карда буданд. Умаре, ки мо –мардуми
Эронзаминро-аз бутпарастию оташпарастӣ ба оини тавҳид ва
яктопарастӣ мушарраф гардонид.
Хонандаи гиромӣ! Шубаҳоте, ки дар боло оварда шудааст аз
тарафи яке аз бародарони мо, ки шояд аз нодонӣ чунин
назарҳои нописанд дар атрофи шогирдони Муҳаммад
(алайҳиссалом) дорад, навишта шудааст. Ин нома вақте, ки
бори аввал ба унвони мо ирсол гардид сазовор надонистем
дар атрофи он суҳбат дошта бошем. Зеро дар замони
хезишҳои исломӣ, ки уммат сар то по ғарқи хуну
мусибатҳост, бардоштани чунин мавзуъҳо, ки ҳеҷ нафъе
барои бедории уммат надорад, ба гумонам он қадар мантиқӣ
нест. Вале ин бародар исрор намуда, номаашро такроран
фиристоданд. Бинобар ҳамин то ҳадде, ки тавонамон ҳаст
кушидем то ба шубаҳоти беасоси у посух диҳем. То шояд
Худованд муҳри дили ин бародарро бикушояд ва чашми
воқеъбинона боз намуда назари худро роҷеъ ба асҳоби
бузургвори Паёмбар (алайҳиссалом) тағйир диҳед. Зеро ҳар
гуна таън ба саҳоба ин ба маънои таън ба Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) мебошад.
Ин шубаҳоте, ки ба мо ирсол гардидааст хеле фишурда аст,
ки барои посухгуӣ ба ҳар яке он китобҳо ва муҷалладҳо
дар бойгонии олами ислом навишта шудааст. Вале мо ба
кумаки дастгирии Аллоҳ мекушем то ба таври фишурда ба ин
шубаҳот посух гуем, то малоли хотири хонандаи муҳтарам
нагардад.
Шубҳаи аввал
Шумо гуфтед, ки Умар нагузошт, ки коғазу давот биёранд,
то Паёмбар (алайҳиссалом) чизе бинависад, бояд дар
ҷавоб қайд кард, ки агар наовардани коғазу давот дар ин
мавзеъ гуноҳ ва нофармонии Паёмбар (алайҳиссалом) бошад,
пас дар ин нофармонӣ ҳамаи саҳобагон шарик будаанд. Аз
он ҷумла ҳазрати Алӣ. Зеро ҳазрати Алӣ ва чанд нафари
дигар аз аҳли байти Паёмбар он замон дар он маҷлис
ширкат доштанд. Агар Умар коғазу давотро наовард, пас
чаро Алӣ низ кушиш барои овардани он накард? Фаразан
агар Алӣ мерафту меовард, касе пеши роҳи уро мегирифт?
Агар гуед, ки Алӣ аз тарси Умар ин корро накард, боз дар
инҷо латма ба шуҷоату мардонагии Шери Худо Алӣ ибни
Абутолиб (Худованд аз вай розӣ бод) мезанед. Имом Аҳмад
аз Алӣ ибни Абутолиб (Худованд аз вай розӣ бод) нақл
мекунад, ки гуфтанд: “Паёмбари Худо (алайҳиссалом) маро
амр карданд, то коғазу давоте биёрам, ки дар он чизе
бинависад, ки уммат баъд аз он гумроҳ нашавад”. Ман
тарсидам, ки ба суи коғаз равам ва охирин нафасҳои
Паёмбарро дарёб накунам. Бинобар ҳамин ба Паёмбар
(алайҳиссалом) гуфтам: Ман ҳифз мекунам ва дар фикрам
мегирам. Сипас Паёмбари Худо (алайҳиссалом) маро ба
намозу закот ва милки ямин, яъне некуи кардан ба
зердастон васият карданд”. Ривояти Аҳмад дар Муснадаш
90/1.
Бояд қайд намуд, ки асҳоби Паёмбар (алайҳиссалом)
бинобар муҳаббате, ки нисбат ба он Бузургвор доштанд дар
он мавзеъ ҳама дар фикри саломатии он Ҳазрат буданд ва
гумон карданд, ки агар қоғазу қалам оварда шавад, шояд
вазъи саломатии Паёмбар (алайҳиссалом) аз он бадтар
гардад. Чунин ҳолатҳо дар ҳаёти инсоният зиёд ба вуқуъ
мепайвандад. Ҳангоме, ки бемор авзоаш бисёр аз контрол
берун мешавад шахсони атрофи у, ки барояшон дар он ҳолат
ягона наҷоти ҳаёти он шахс азиз аст ба ҷуз дунболи табиб
ва ёфтани роҳҳои зинда мондани маҳбубашон ба чизе
намеандешанд. Гузашта аз ин агар он коғазу қалам барои
уммат амри сарнавиштсоз ва муҳим мебуд, пас чаро Паёмбар
баъд аз беҳ шудани ҳолашон дубора талаб накарданд, ки
коғазу қалам оварда шавад? Ҳоло он, ки ба иҷмоъи
ривоятҳои аҳли суннат ва шиа ин воқеа дар рузи панҷшанбе
рух дода буд ва Паёмбари Худо (алайҳиссалом) чаҳор руз
пас аз он воқеа дар рузи душанбе аз дунё чашм пушиданд.
Ривоятҳои саҳеҳ нақл мекунад, ки Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) дар ин чаҳор руз якчанд тавсияҳову
васиятҳо барои уммат низ карда буданд. Оё имкон дорад
Расули Худо (алайҳиссалом) чизеро, ки барои уммат
сарнавишсоз бошад, то рузи марг пинҳон карда ба касе
нагуянд? Магар ин мухолифи фармудаи Қуръон нест?
Худованд фармудааст: “Эй Паёмбар! Ба мардум бирасон он
чизеро, ки Худованд бар ту нозил кардаааст ва агар чунин
накунӣ пас рисолати Парвардигоратро нарасондаӣ ва дар
таблиғи амри Хуло аз мардум натар! Зеро Аллоҳ туро аз
шарри мардум ҳифз мекунад” Сураи “Моида” ояти 67.
Ин ояти муборака ба мо мефаҳмонад, ки Расули Худо
(алайҳиссалом) ҳеч чизеро аз мардум пинҳон надошта
буданд ва ҳар амре, ки аз ҷониби Худованд буд, ба мардум
расониданд. Бинобар ҳамин Худованд дар охирҳои ҳаёти
Паёмбар (алайҳиссалом) ин оятро нозил кард: “Имруз
динатонро бароятон комил гардонидам ва неъматамро бар
шумо пурра гардонидам ва исломро ҳамчун дин барои шумо
ихтиёр намудам”. Яъне то вафоти Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) дини ислом комил шуда буд ва ҳеҷ нақсе
дар он боқӣ намонда буд.
Хулоса ин шубҳаи шумо перомуни ҳазрати Умар ҳеҷ асосе
надорад ва агар қарор бошад, ки ин кори саҳоба маъсият
ва нофармонии Паёмбар (алайҳиссалом) бошад, пас дар ин
маъсият Алӣ низ шарик будааст, ки дар он ҷамъ низ ҳузур
дошт ва амри Паёмбар барои ҳама буд на ба як нафар. Шумо,
ки худатонро муҳибби Алӣ мегуед оё гумон намекунед ба ин
суханони худ дар шарафу шуҷоати Шери Худо латма зада
истодаед?
Ду далели дигар барои исботи бутлони даъвои шумо:
Шумо даъво мекунед, ки агар коғазу қалам оварда мешуд
ҳатман он Ҳазрат (алайҳиссалом) ба хилофат ва ё вилояти
ҳазрати Алӣ (Худованд аз вай розӣ бод) васиятнома
менавиштанд. Ин иддиои шумо ба далел ботил аст:
Якум: ин, ки он Ҳазрат (алайҳиссалом) чуноне, ки Қуръони
Карим Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ро “уммӣ” гуфтааст,
ки уммӣ дар забони арабӣ ба касе мегуянд, ки на хонда
метавонад ва на навишта. Яъне Эшон аҳли коғазу қалам ва
китобат набуданд, то ба дасти худ он васиятномаро
бинависанд. Ба сураи “Анкабут” ояти 48 нигоҳ кунед.
Агар ба фарзе аҳли китобат ҳам мебуданд, боз дар он
ҳолати вазнини беморӣ имкон надошт, ки Эшон қоғазу қалам
ба даст гиранду васиятнома бинависанд. Агар навиштани
он васиятнома лозим ва зарур мебуд, ҳатман онро ба
тариқи имло ва ё дикта кардан ба котибе менавиштанд. Дар
ин сурат ҳазрати Умарро (Худованд аз вай розӣ бод)
монеъи васиятнома гуфтан ғалат ва нодуруст аст. Зеро
эшон дуруст аст, ки овардани коғазу қаламро манъ
намуданд, вале на сухан гуфтан ва ё имлову дикта кардани
он Ҳазратро (алайҳиссалом).
Оре, агар он васиятнома бисёр муҳим ва зарур
мебуд-чуноне, ки шумо даъво доред- ногузир Расули Акрам
(алайҳиссалом) онро мисли васиятномаи “Ғадири хум” ба
сурати қавлӣ ва лафзӣ баён мекарданд.
Дуввум: Шумо ба чӣ далел ин даъвои худро исбот мекунед,
ки он Ҳазрат (алайҳиссалом) агар васияте мекарданд,
ҳатман ба хилофати ҳазрати Алӣ (Худованд аз вай розӣ
бод) супориш мекарданд? Чаро ба хилофати ҳазрати Абубакр
(Худованд аз вай розӣ бод) не? Дар ҳоле, ки аз назари
ривоятҳои таърихӣ қаринаҳои далолаткунанда бар хилофати
ҳазрати Абубакр қавитар аз қаринаҳои хилофати ҳазрати
Алӣ аст. Зеро ба иттифоқи ривоятҳои аҳли суннат ва шиа
Расули акрам ба ҳайси имом ва пешнамози мардум дар
намозҳои ҷумъа ва ҷамоати масҷиди хеш ҳазрати Абубакрро
халифа ва ҷонишини худ карда буданд, на ҳазрати Алиро.
Пас мо аҳли суннат метавонем даъво намоем, ки ҳадиси
Муслим ҳуҷҷат барои исботи муддаъои мо аст, на барои
шумо.
Шубҳаи дуввум
Ин, ки шумо гуфтед ҳазрати Умар дар сулҳи Ҳудайбия бар
нубуввати Паёмбар (алайҳиссалом) шак намудааст,,, ин як
дуруғ ва буҳтоне дар ҳаққи Умар аст. Балки асли воқеа
дар он руз мувофиқи ривоятҳои саҳеҳ чунин буд: Ҳазрати
Умар оиди бандҳои сулҳнома, ки зоҳиран ба фоидаи
мушрикон буд хеле андуҳгин шуданд. Зеро гумон карданд,
ки дар бандҳои сулҳнома гузаштҳои бисёр аз ҷониби
Паёмбар (алайҳиссалом) нисбати мушрикон шудааст. Бинобар
ҳамин оиди баъзе бандҳои он бо Паёмбар (алайҳиссалом)
изҳори назар карданд на шакку шубҳа. Ва ин изҳори назар
кардан ҳаққест, ки Қуръони карим ба асҳоби киром дода
аст ва эшонро ба он васф намудааст. Қуръон мефармояд:
“ва корҳои эшон байни худ бо машварат ҳаллу фасл
мегардад”. Сураи “Шуро” ояти 38. Бо вуҷуди он, ҳазрати
Умар аз ин рафтори худ хеле пушаймон ҳам шуд. Хулоса ба
хотири калом ба дарозо накашидан матни комили онро аз
китобҳои таърих намеоварем, вале шумо метавонед ба
китобҳои муътабари таърих муроҷиа намоед. Дар ҳеч кадоми
ривоятҳои саҳеҳ наомадааст, ки Умар дар он замон роҷеъ
ба нубуввати Паёмбар (алайҳиссалом) шак ва ё шубҳа карда
бошад. Ин дуруғест, ки аз тарафи душманони саҳоба бофта
шудааст ва ҳеҷ асоси илмӣ надорад.
Шубҳаи саввум
Ин, ки шумо гуфтед; ҳазрати Фотима аз дасти Умар норозӣ
рафтанд,,, ин дуруғест, ки ҳеҷ шахси оқил онро қабул
намекунад. Зеро ҳодисаи талаби заминҳои Фадак аз тарафи
ҳазрати Фотима дар замони хилофати Абубакр рух дода буд
ва Фотима аз Абубакр талаби Фадак карда буданд, на аз
Умар. Пас ба чӣ асос бояд ҳазрати Фотима аз касе, ки
зимоми ҳукм дар он замон дар дасташ набуд норозӣ бишавад?
Зеро ҳазрати Фотима ба замони хилофати Умар нарасида
вафот карда буданд. Яъне шаш моҳ баъд аз вафоти Паёмбари
ислом (алайҳиссалом) он бузургтарин Бонуи ислом ба
висоли падари бузугвораш пайвастанд. Бинобар ҳамин он
ҳадисҳову ривоятҳои таърихие, ки шумо перомуни
муносибати Умар бо Фотима дар назар доред, ҳеҷ кадоми
онҳо сиҳҳат надошта аз тарафи аҳли суннат мардуд
ҳастанд.
Шубҳаи чаҳорум
Дар масъалаи Фадак бошад бояд қайд кард, ки аҳли суннат
ба дунболи узр овардан барои Абубакр нестанд, ки чаро
Фадакро ба Фотима (алайҳиссалом) надод. Балки ба дунболи
пайдо намудани узр барои Фотима ҳастанд, ки чаро онро
талаб карданд. Зеро ҳадисе, ки Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) гуфтанд, ки “Мо паёмбарон аз худ мерос
намегузорем” ба ривоятҳои мутавотир баён шудааст. Шумо
агар дар соҳаи ҳадис илм дошта бошед медонед, ки ҳадиси
мутавотир чи ҳукм дорад ва ҳеҷ гуна дар сиҳҳати ҳадиси
мутавотир шакке нест. Зеро ровиёни ин ҳадис инҳоянд;
Абубакр, Умар, Усмон ва худи Алӣ, Аббос, Абдурраҳмон
ибни Авф, Зубайр ибни Аввом ва Саъд ибни Абуваққос
мебошанд. Ҳамаи инҳо аз Паёмбари Худо (алайҳиссалом)
чунни ривоят кардаанд. Агар ин маълумот бароятон ишколе
дорад марҳамат як саре ба китобҳои илми ҳадис бизанед.
Мушкилии мову шумо асосан сари ин аст, ки шумо ҳадисҳои
мо (аҳли суннат)ро қабул надоред. Бинобар ҳамин дар ин
ҷода ба шумо баҳс он қадар мантиқӣ нест. Агарчанде, ки
тазоҳур намуда барои мо дар мавзеъе, ки ба нафъи худатон
аст, аз Бухорӣ мисол мезанед. Бинобар ҳамин бояд шумо
сароҳатан бо мо сари масъалаи суннат баҳс мекардед, на
ин, ки ба ҷузъиёт дохил мешудед.
Мегуед, ки Фотима аз ин тасмими Абубакр нороҳат ва
норозӣ шуд. Дар ҷавоб мегуем, вақте, ки Аллоҳ аз Абубакр
розӣ шудааст дигар норозӣ шудани Фотима аз Абубакр
барояш ҳеҷ зиёне надорад. Худованд фармудааст: “Худованд
аз муъминон дар ҳоле, ки Туро (Паёмбар) дар зери он
дарахт (байъати Ризвон, ки дар сулҳи Ҳудайбия шуд)
байъат карданд розӣ ва хушнуд шуд. Худо он чи дар
дилҳояшон (аз имон ва садоқат) нуҳуфта буд медонист, аз
ин ру оромишро бар дилҳояшон нозил кард ва пирузии
наздике (яъне фатҳи Хайбар) ба унвони подош насиби онҳо
фармуд”. Сураи “Фатҳ” ояти 18. Абубакр дар он рузи
байъат дар садри муъминоне буд, ки Паёмбарро байъат
карданд. Оё инро низ инкор мекунед ва аз сатри таърих
маҳв мекунед?
Барои исботи ин, ки гуё паёмбарон мерос мебаранд ба мо
ояти сураи “Намл” ояти 16 ро далел овардӣ. Барои хубу
равшан шудани мавзуъ тарҷумаи матни оятро меоварем: “ Ва
Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт; забони паррандагон ба
мо таълим дода шуд ва аз ҳар чиз ба мо ато гардида аст,
ҳамоно ин фазилати ошкорест”. Аммо тафсири ин оят чунин
аст, ки Сулаймон аз падараш Довуд на молу сарват, балки
илму нубувватро мерос бурдааст. Ҳоло инро ба шумо бо
чанд далел исбот хоҳем намуд;
1) Калимаи “ирс” ё “мерос” исми ҷинс аст ва танҳо
дарбаргирандаи мафҳуми мероси молӣ нест. Барои исботи ин
гуфта, аз масдаре далел меоварем, ки барои фарди
мусалмон новобаста аз мазҳабаш гаронбаҳотирин ва
баҳснопазиртарин масдар мебошад. Худованд дар Қуръон
фармудааст: “Сипас ин китобро ба он бандагони худ, ки (ононро)
баргузида будем ба мерос додем”. Сураи “Фотир” ояти 32.
Манзури оят чуноне, ки дар тафсирҳо омадааст аз мерос
бурдани китоб, мерос бурдани Қуръон ба шакли китоб ва
дар ҷилд нест. Балки манзур мерос бурдани илми Қуръон ва
ва ба ҷону дил пиёда намудани аҳкоми он дар ҳаёт аст.
Дар ҷои дигар фармудааст: “Фақат эшонанд ворисони
ҷаннат”. Ҳамонҳо, ки биҳиштро ба ирс мебаранд ва дар
онҷо ҷовидон мемонанд”. Сураи “Муъминун оятҳои 10 ва
11. Инчунин дар истифодаи забони форсии мо калимаи мерос
танҳо барои мероси моддӣ истифода намешавад. Масалан
гуфта мешавад; “фалонӣ сифати саховатмандиро аз падараш
мерос бурдааст”.
2) Чуноне, ки аз таърихҳои муътабар маълум аст ҳазрати
Довуд беш аз 100 зан ва 300 каниз дошт ва аз ин занҳову
канизон фарзандони зиёде дошт. Пас чи гуна фақат
Сулаймон вориси Довуд будааст, дар ҳоле, ки Сулаймон
бародарони зиёде дошт. Табиист, ки бояд он бародарон низ
дар мероси падар шарики Сулаймон бошанд ва танҳо ба
Сулаймон додани мерос, ки ба назари шумо мероси молӣ аст
аз руи ақл нест. Пас агар манзур мерос бурдани Сулаймон
аз молу сарвати Довуд мебуд, дигар дар ин оят зикри он
маъно надошт. Чунки ғайр аз Сулаймон дигар бародаронаш
низ меросбари падар буданд. Аммо манзури Худованд дар ин
оят аз калимаи мерос ё ворисӣ ин мерос бурдани илму
нубувват аст, ки аз ҳазрати Довуд танҳо ба Сулаймон
мунтақил гардид, на ба дигар бародаронаш.
3) Дар муътабартарин китоби шиа Усули кофӣ омадааст, ки
Кулайнӣ соҳиби китоб мегуяд, ки Абулбухтурӣ аз
Абуабдуллоҳ ривоят кардааст, ки Эшон гуфтанд: “Сулаймон
аз Довуд мерос бурд ва Муҳаммад (алайҳиссалом) аз
Сулаймон мерос бурд”. Маълум аст, ки Паёмбари охирзамон
(алайҳиссалом) имкон надошт, ки аз Сулаймон молеро ба
мерос барад. Балки мурод аз мерос дар инҷо мероси илму
нубувват аст. Инчунин дар оят мероси Сулаймон аз
падараш Довуд мероси илму нубувват аст, на мол”.
Инчунин Кулайнӣ аз Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ривоят
кардааст, ки фармуданд: “Уламо ворисони паёмбаронанд ва
паёмбарон танга ва дирҳаме мерос намегузоранд, балки
илмро мерос мегузоранд”. Усули кофӣ 36/1. Инчунин аллома
Маҷлисӣ дар китоби “Миръотул уқул” 1/111 ва Оятуллоҳ
Хумайнӣ дар китобӣ “Ҷумҳурии исломӣ” 93 ин ҳадисро саҳеҳ
донистаанд. Ҳатто баъзе уламои шиа ин ҳадисро мутавотир
донистаанд. Дар ин бора муфассалтар ба китобҳои зикршуда
руҷуъ шавад. Хулоса ин далели шумо, ки гуё Сулаймон аз
Довуд мероси молӣ бурд ҳеҷ асосӣ мантиқӣ надорад ва
ботил мебошад.
Шубҳаи панҷум
Ман мутаваҷҷеҳ нашудам, ки дар баҳс шумо чиро дунбол
мекунед. Аввал гуфтед, ки ғайри мумкин аст, ки Фотима ин
ҳадисро нашунида бошад, ки Паёмбар (алайҳиссалом) баъд
аз худ мерос намегузорад. Боз аз ин назаратон сарфи
назар намуда гуфтед, ки Фадак мерос набуд. Балки Паёмбар
онро дар ҳоли зинда буданаш ба Фотима ҳадя карда буд. Ин
дугонагӣ дар баҳс чи мантиқ дорад, бояд посухашро
худатон бидонед. Аммо ҷавоби ин, ки Фадакро Паёмбар
(алайҳиссалом) ба Фотима ҳадя карда буд, дар ҳеҷ як
кадом китоби муътабари аҳли суннат чунин нақле
наёмадааст. Ҳазрати Фотима Фадакро ба далели ирси падарӣ
аз Абубакр хост на чизи дигар. Агар ба шарте, ки Фадак
аз тарафи Паёмбар (алайҳиссалом) бар духтараш ҳадя мебуд,
пас чаро ба чунин далел Фадакро аз Абубакр нахост. Он
ривоятҳое, ки шумо манзур доред, ки Фадак ҳадя аз ҷониби
Паёмбар (алайҳиссалом) бар Фотима буд ҳеҷ асосе надоранд
ва аҳли суннат онҳоро қабул надоранд. Зеро ҳамаи онҳо
бофта ва дар санадашон заъф аст.
Шубҳаи шашум
Ин, ки гуфтед ҳазрати Алӣ фурсат пайдо накард Фадакро
гирифта ба меросбаронаш бидиҳад, аҷаб сухани пучу
бемаъние. Чи гуна халифа барои чунин коре, ки он қадар
вақту амал намехоҳад фурсат надошта бошад. Гузашта аз ин
шумо ба ин суханатон ба шарафи Алӣ латма ворид намудаед.
Яъне ин кори Алӣ маънои онро дорад, ки зулми шударо дар
замони хилофаташ аз байн набурд ва он зулм побарҷо монд.
Ҳеҷ кушише барои дубора пас гирифтани Фадак накард ва
ҳоло он, ки Фадак фоидаи худаш ва фарзандонаш буд. Зеро
баъди марги ҳазрати Фотима танҳо меросбарони он Бонуи
бузург Алӣ ва Ҳасану Ҳусейн (Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ
бод) буданд.
Хулоса ин дуруғҳову буҳтонҳое аст, ки дар ҳаққи хулафои
рошидин аз тарафи душманони асҳоб зада шудааст, ҳеҷ
асосе надоранд. Зайд ибни Алӣ яке аз имомони шиа дар
мавриди ин қазия чунин гуфтааст: “Агар доварии қазияи
Фадак ба ман вогузор гардад, ман албатта мисли ҳукми
Абубакр ҳукм мекардам”. Ин ривоятро Ибни Абулҳадид дар
шарҳи Наҳҷул балоға ривоят кардааст 82/4. Гузашта аз ин
баъзе китобҳои шиа баён доштааст, ки Ҳазрати Фотима ба
ҳукми Абубакр розӣ гардида буд. Руҷуъ кунед ба ривояти
Ибни Майсим Албаҳронӣ дар шарҳи Наҳҷул балоға 107/5 ва
ривояти Ибни Абулҳадид низ дар шарҳи Наҳҷул балоға 79/4.
Шубҳаи ҳафтум
Инчунин шумо гуфтед, ки Умар ибни Абдулазиз дар замони
хилофаташ Фадакро ба авлоди Фотима баргардонид,,, ин низ
сухани бофта ва беасос аст. Зеро асли воқеа чунин аст,ки
ҳангоме, ки Умар ибни Абдулазиз халифа шуданд бар минбар
баромада хутба гуфтанд. Сипас дар атрофи Фадак суҳбат
намуданд. Баъдан халифа Фадакро ба он равише, ки дар
замони Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ва хулафои рошидин
аз он истифода бурда мешуд ба ҳамон тарз баргардониданд.
Зеро Паёмбари Худо (алайҳиссалом) қисме аз фоидаи
Фадакро барои аҳли байташ ба қадри эҳтиёҷашон медоданд
ва қисми дигари онро барои ибни сабил (мусофирон),
фуқаро ва масокини уммат медоданд. Умар ибни Абдулазиз
дар суҳбати худ гуфтанд, ки ҳангоме, ки Фотима аз Падари
бузургвораш дархости ҳадя намудани Фадак карданд,
Паёмбар аз ин амр имтиноъ варзида гуфтанд: “Аз ман чунин
дархост макун ва ман низ наметавонам онро ба ту ҳадя
кунам”. Баъд аз вафоти Паёмбар (алайҳиссалом) Абубакр,
Умар, Усмон ва Алӣ низ тибқи рафтори Паёмбар
(алайҳиссалом) оиди Фадак амал карданд. Сипас замоне, ки
Марвон волии Мадина гардид боғи Фадакро бар фарзандонаш
Абдулазиз ва Абдулмалик ҳадя намуд. Баъд аз сари онҳо
Фадак барои ман ва Валид ва Сулаймон монд. Имруз ман
шуморо шоҳид мегардонам, ки ман Фадакро ба он ҳоле, ки
дар замони Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ва замони
хилофати Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ (Худованд аз ҳамаи
онҳо розӣ бод) буд, баргардонидам. Инро Ҳамавӣ дар
Муъҷамул булдон 239,240/4 зикр намудааст.
Шубҳаи ҳаштум
Перомуни ҳадиси итрат шумо вориди ҷадал гардида итратро
ба унвони марҷаъ баён доштед. Бояд бигуям, ки ба
иттифоқи назари аҳли суннат мо ду марҷаи асосӣ ва
иттифоқӣ дорем, ки Қуръон ва суннат аст. Бинобар ҳамин
надонистани ҳазрати Фотима ҳадиси меросро ин як чизи
табиӣ мебошад. Зеро шарт нест, ки бояд Фотима ҳама чизро
бидонад. Бисёр корҳо ё суханоне буд, ки Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) гуфта буданд ва аз онҳо ҳазрати Фотима
хабар надоштанд. Ҳазрати Фотима маъсуму ғайбдон нестанд,
ки бояд хато накунанд ва ҳама чизро бидонанд. Инчунин ба
иҷмои аҳли суннат Эшон марҷаи аҳкоми дин нестанд Чуноне,
ки қаблан гуфтем мо фақат ду марҷаи асосӣ дорем, ки
Қуръон ва суннат аст.
Мо барои он, ки бузургтарин марҷаъ баъд аз Қуръони карим
суннати Паёмбари Худо (алайҳиссалом) аст, далелҳои
фаровон аз Қуръони Карим ва худи суннати Паёмбар дорем.
Аз ҷумла Худованд фармудааст: “Худовандро итоат кунед ва
Паёмбари Худоро итоат ва фармонбардорӣ кунед”. Худованд
дар Қуръони карим фармудааст: “ (эй муъминон) агар дар
коре байни шумо низоъ ва нофаҳмӣ шуд, пас доварии онро
ба Худо ва Паёмбари Худо баргардонед”. Пас агар итрат
ва аҳли байт ҳамчун марҷаъи шариат ғайр аз суннат мебуд
пас чаро Худованд дар ин оят нагуфт, ки масъалаҳои
мавриди баҳсу низоъ ва нофаҳмиатонро ба аҳли байт
баргардонед ва бигзор онҳо байни шумо доварӣ кунанд.?
Ман мехоҳам ҳадди ақал як далел аз Қуръон дошта бошед,
ки сароҳатан баён кунад, ки марҷаъи мо баъди Қуръон
суннат набуда аҳли байт мебошад.
Гузашта аз ин агар раваду аҳли байт ба унвони марҷаъ ҳам
бошанд, пас бояд шумо бипазиред, ки азвоҷи Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) низ аҳли байти У ҳастанд. Аз ҷумла Оишаи
сиддиқа аҳли байти он ҳазрат ҳастанд. Ба чи далел бояд
аҳли байт маҳдуд бар Фотима, Алӣ, Ҳасану Ҳусайн бошаду
халос ва ҳоло он, ки Қуръон фармудааст. “Гуфт (Зулайхо)
чист ҷазои шахсе, ки ба аҳли ту иродаи бад намудааст,
магар ин, ки зиндонӣ карда шавад” Сураи “Юсуф”. Чуноне,
ки маълум аст гуяндаи ин сухан Зулайхо ҳамсари азизи
Миср аст ва мурод аз калимаи “аҳл” дар ин ояти Қуръон
ҳамсари азиз Миср мебошад.
Ногуфта намонад, ки барои мо –аҳли суннат ва ҷамоат-
суннати Хулафои рошидин низ ҳамчун суннати Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) метавонад марҷаъи аҳком бошад. Зеро
Расули акрам дар ҳадиси саҳеҳ мефармояд: “Шумо ай уммати
ман! Суннати ман ва суннати хулафои рошидини маро бо
дандонҳоятон сахт бидоред! Ва ба он амал намоед!”
Шубҳаи нуҳум
Аммо дар мавриди ин, ки ҳазрати Алӣ ҳазрати Умарро қабул
надошт, шумо иштибоҳи бузург мекунед. Алӣ пайравӣ
Паёмбар ва давомдиҳандаи кори Абубакру Умар буд. Ҳоло
дуст дорӣ дар ин бора далелҳо аз китобҳову ровиёни аҳли
суннат биёрам ва ё аз ровиёне, ки ту қабулашон дорӣ?
Кешӣ яке аз муътабартарин муҳаддисони шиа мегуяд: Алӣ
ҳангоме дар Куфа дар болои минбар буд, чунин гуфт: “Ҳар
шахсеро, ки пеши ман оварда шавад дар ҳоле, ки даъво
дорад, ки ман аз Абубакру Умар беҳтару бартарам, уро
дурра хоҳам зад”. Кешӣ 257, Муъҷамул-хуӣ 153/8.
Аз ибни Аббос ривоят шудааст, ки гуфт: “Умар ибни
Хаттобро дар тобут гузоштанд ва мардум дар атрофи у ҷамъ
шуда буданд ва қабл аз ин, ки тобут аз замин бардошта
шавад барои у дуо мекарданд ва фазилатҳои уро мегуфтанд.
Ман низ дар миёни ҷамъият будам. Ҳеҷ чиз назари маро ба
худ ҷалб накард магар марде, ки аз пушт китфи маро
гирифт. Ба у назар кардам ва дидам, ки Алӣ ибни Абутолиб
аст. У барои Умар раҳмат фиристод ва хитоб ба у гуфт;
Касеро баъд аз худ боқӣ нагузоштӣ, ки ман орзуи онро
дошта бошам, ки бо номаи аъмоли у дар баробари Аллоҳ
қарор бигирам. Ба Аллоҳ қасам, ки умед мекунам Худованд
туро назди ду ҳамсуҳбатат (Паёмбар ва Абубакр) қарор
диҳад. Чун аз Паёмбари Худо (алайҳиссалом) бисёр шунида
будам, ки мегуфт; “ман ҳамроҳи Абубакр ва Умар будам...
ва ман ба ҳамроҳи Абубакр ва Умар дохил шудам... ва ман
ба ҳамроҳи Абубакр ва Умар хориҷ шудам”. Пас ман орзу
дорам, ки Аллоҳ туро ҳамроҳи онҳо қарор диҳад”. Саҳеҳи
Муслим.
Гузашта аз ин агар Алӣ бо Умар душманӣ медошт ҳаргиз
духтари худ Умми Кулсумро ба занӣ ба Умар намедод.
Мантиқан ақл қабул намекунад, ки як нафарро душманӣ худ
бидонӣ ва сипас духтари худро ба он кас издивоҷ бикунӣ
ва ё писаратро бо номи у номгузорӣ кунӣ. Магар ин
ривоятҳо дар таърих сабт нашудааст? Инро Кулайнӣ дар
китоби Кофӣ 115/6 ва Тусӣ дар Таҳзибул аҳком 148/8 ва
якчанд уламои машҳури шиа тасдиқ намудаанд. Ҳоло агар
хоҳем аз китобҳои аҳли суннат биоварем, ки бешумор аст.
Чуноне, ки худатон қайд кардед то шамол нашавад барги
дарахт намеҷунбад. Пас аз куҷост ин бофтаҳо?
Шояд дар ин мавзеъ низ қайд кунед, ки Алӣ маҷбур шуд
духтарашро ба Умар диҳад ва ё аз тарс ин корро кард. Пас
дар ин сурат низ шумо ба шарафи Алӣ, ки шуҷоати баланде
дошт, латма мезанед. Яъне Алие, ки шуҷоътарини саҳобагон
ва қотили мушрикон буд дар баробари хостаи душманаш Умар
аз тарс сархам намуда духтарашро маҷбуран ба никоҳи у
даровард. Алие, ки мо аҳли суннат мешиносем ҳаргиз дар
баробари золиму душмане сархам накарда буд. Гузашта аз
ин ҳазрати Алӣ писароне доштанд бо номҳои Абубакр, Умар
ва Усмон. Магар ин ҳақиқатро мешавад аз сафҳаи таърих
рупуш кард?
Шубҳаи даҳум
Ин, ки гуфтед Абдурраҳмон ибни Авф ба Алӣ (Худованд аз
ҳардуяш розӣ бод) шарт гузошт, ки агар халифа таъин
шавад оё ба суннати Хулафои рошидин амал мекунад? Ва гуё
Алӣ дар ҷавоб гуфта бошад, не,,, инҳо ҳама ривоятҳои
заиф ва ё суханони бофта ва беасос ҳастанд ва исноди
саҳеҳ надоранд. Воқеияти таърих ин аст, ки баъд аз
вафоти ҳазрати Умар Абдурраҳмон ибни Авф ба ҳазрати Алӣ
ва ҳазрати Усмон, ки ҳарду номзад барои хилофат буданд,
шарти риояи адлро дар миён гузошта буд. Чуноне, ки дар
Бухорӣ омадааст ҳазрати Абдурраҳмон ибни Авф ба ҳардуи
онҳо гуфт: Агар халифа таъин шудӣ адлро риоя мекунӣ ва
агар таъин нашудӣ пас самъу тоат дар баробари халифа
мекунӣ? Ҳазрати Усмон ва Алӣ ин шарти Абдурраҳмон ибни
Авфро пазируфтанд. Сипас ба раъйи Абдурраҳмон, ки охирин
ва ҳалкунандатарин раъй дар шурои шашгона буд, ҳазрати
Усмон халифа таъин шуд ва ҳазрати Алӣ низ уро байъат
карданд. Ривояти Бухорӣ.
Ба фарзи қабули ривояти овардаи шумо, ҳаргиз он маънои
рад кардани ҳазрати Алӣ хилофати ҳазрати Умарро надорад.
Ин навъи бардошт ва қазоват аз ривояти мазкура ғалат ва
хато буда, ношӣ аз ҷаҳли шумо аз қавоиди усули фиқҳ аст.
Зеро дар илми усули фиқҳ омада, ки тақлид ва пайравӣ
намудани муҷтаҳиде аз муҷтаҳиди дигар воҷиб нест.
Ҳазрати Умар ва Алӣ, балки ҳамаи Хулафои рошидин ҳар
кадом муҷтаҳиди комил дар шариати муқаддаси ислом буданд.
Бинобар ин ҳазрати Алӣ ҳақ доштанд, ки шарти Абдурраҳмон
ибни Авфро бипазиранд ва ё рад кунанд. Вале ҳаргиз он
маънои напазируфтани хилофати Абубакру Умарро надорад.
Чуноне, ки пайравӣ накардани муҷтаҳиде аз муҷтаҳиди
дигар маънои рад кардан ва ё напазируфтани иҷтиҳоди
муҷтаҳиди дигарро надорад.
Ба ҳар ҳол агар фарз кунем, ки ривояти шумо ҳамчун далел,
саҳеҳ бошад ва ба ҳазрати Алӣ шарт гузошта шуда бошад,
ки оё ба суннати Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ва суннати
шайхайн (Абубакр ва Умар) амал мекунад ва Алӣ гуфта
бошад, ки ба суннати Паёмбар (алайҳиссалом) амал мекунад
вале ба суннати шайхайн не, дар ин ҳолат боз шумо
дуруягии мавқеъи худро нишон медиҳед. Зеро дар боло
гуфтед, ки итрат масдар ва марҷаи шариат ҳастанд ва ҳоло
мегуед, ки Алӣ ба суннати Паёмбар (алайҳиссалом) амал
карданро воҷиб медонистанд. Хулоса мутаваҷҷеҳ нашудем
шумо суннатро марҷаъи дуюми шариат медонед ё итратро?
Пас агар итрат ба кавли шумо марҷаи асосии шариат бошад,
пас дар инҷо Алӣ иштибоҳ кардааст, ки розигӣ ба суннати
Паёмбар (алайҳиссалом) додааст ва бояд мегуфт на, ман ба
итрат амал мекунам. Ин таноқузот ва дугонагӣ дар баҳс чи
мантиқ дорад? Бояд ҷавобашро худатон бидонед. Агар шумо
суннати Паёмбарро ҳамчун марҷаъ ва масдари асосӣ баъд аз
Қуръон медонистед ҳаргиз ҳадисҳои дар фазилати Умари
Форуқ омадаро рад намекардед ва перомуни он шубҳа эҷод
намекардед. Вале чуноне, ки маълум аст шумо аслан ба
суннат аҳаммияте қоил нестед ва ҳарчи, ки аз суннат
истидлол мекунед он ҳам ба ҳадафи таъни саҳоба ва аҳли
суннат аст на чизи дигар.
Шубҳаи ёздаҳум
Ин, ки шумо перомуни шуҷоати ҳазрати Умари Форуқ шубҳа
барангехта гуфтед, ки таърих ёдовар нашудааст, ки Умар
дар ҷангҳо мушрикеро кушта бошад,,, ин сухан низ хеле
хандадор ва бемантиқ аст. Зеро агар шуҷоат ба маънои
куштани мушрикон бошад, пас Паёмбари Худо (алайҳиссалом)
шуҷоат надоштанд (валъиёзу биллоҳ). Зеро таърих ёдовар
нашудааст, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ба ҷуз як
мушрик кушта бошанд. Ба иттилоъи шумо расонам, ки вожаи
шуҷоат ба маънои қатл ва куштори зиёд нест. Балки шуҷоат
чуноне, ки уламо тафсир намудаанд, қуввати қалб ва
суботу истодагарии он дар ҳолатҳои хавфу хатар мебошад.
Масалан агар шахсе аз шоҳи золиме натарсида ба муқобили
зулми у шуҷоона сухани ҳақро гуяд, уро мардум мегуянд,
марди шуҷоъ ё ҷасур. Пас агар шуҷоатро ба манзури шумо
фаҳмем ин марди нотарси ҳақгу киро куштааст,ки сифати
шуҷоат ва ҷасуриро ба вай медиҳанд?
Дуввум ин, ки агар шуҷоат ба маънои куштани адади зиёди
душман бошад, пас саҳобагони дигаре буданд, ки аз
ҳазрати Алӣ даҳҳо маротиба бештар мушриконро куштаанд.
Масалан саҳобии бузург Барро ибни Молик сад марди
мушрикро дар набарди як ба як кушта буд, ғайр аз он, ки
дар майдони ҷанг садҳо тани дигарро кушта буд. Ё Холид
ибни Валид шумораи куштагонаш бешумор аст. Дар ҷанги
Муъта нуҳ шамшер дар дасташ шикаст. Пас агар қатли
бештари мушрикон ба маънои шуҷоати бештар бошад, пас дар
ин ҳолат ҳазрати Барро ибни Молик ва Холид ибни Валид аз
Алӣ ибни Абутолиб шуҷоътар ҳастанд. Зеро онҳо бештар аз
Алӣ мушриконро куштаанд. Бинобар ҳамин фаҳму бардошти
шумо аз шуҷоат ғалат аст. Мо аҳли суннат ҳазрати Алиро
шуҷоътарини Хулафои рошидин медонем ва бо ин сифат уро
дар хутбаҳоямон васф мекунем, вале дар айни ҳол дар
шуҷоати ҳеҷ кадоми аз саҳобагон шакку тардиде надорем ва
латмаю таъна намезанем.
Шубҳаи дувоздаҳум
Аммо дар мавриди адолати Умар (Худованд аз вай розӣ бод)
бояд бигуям, ки адолати Умарро ҳатто таърихнигорони ғарб
иқрор кардаанд чи расад ба муслимин. Китоби Доиратул
маорифи Британия дар мавриди шахсияти ҳазрати Умар
навиштааст: “Умар як ҳокими оқил, дурандеш ва одиле буд,
ки барои ислом хидматҳои зиёде карда аст”. Шарқшиноси
маъруф Виллиам Майер дар китобаш зери унвони “Таърихи
хилофати исломӣ”даврони хилофати Умарро беҳтарин даврони
нашъунамои ислом дониста, дар мавриди шахсияти Умар
чунин навиштааст: “Шуъури Умар нисбат ба адолат хеле
қавӣ буд ва барои пиёда кардани адлу адолат аз ҳеч чизе
тарсу ваҳм надошт” “Таърихи хилофати исломӣ саҳ.64.
Шумо дар таърифи адолат то андозае иштибоҳ накардаед.
Бале, адолат гузоштани ҳама чиз дар мавзеъи муносибаш
мебошад. Вале чи рабте байни адолат ва он се ҳолати
овардаи шумо аст? Он се масъалае, ки шумо баён доштед
масъалаҳое аст, ки ба маҳдудаи иҷтиҳод дохил мешавад ва
ҳеҷ рабте ба адолат надорад. Масалан дар масъалаи намози
шабҳои рамазон (таровеҳ) чуноне, ки дар Саҳеҳайн
омадааст Паёмбари Худо (алайҳиссалом) се шаб намози
таровеҳро дар масҷид бо саҳобагон ба ҷамоат хонданд.
Шаби чаҳорум шумораи намозгузорон ба андозае зиёд шуд,
ки дигар масҷид ғунҷоиши онҳоро надошт. Ҳамон шаб
Паёмбари Худо (алайҳиссалом) намози таровеҳро бо ҷамоат
нахонданд ва фардо субҳ ба ёрон гуфтанд, ки сабаб дар он
буд, ки Ман тарсидам бар шумо ин намоз фарз гардад ва
шумо аз адои он оҷиз монед ва гунаҳкори азим шавед.
Ҳамин тариқ то замони хилофати Умар мардум намози
таровеҳро танҳо-танҳо баъзе дар хона ва баъзе дар масҷид
мехонданд. Сипас ҳазрати Умар онҳоро дар масҷид ҷамъ
намуда бо ҷамоат намози таровеҳ хонданд. Далели ҳазрати
Умар ин буд, ки он иллате, ки ба сабаби он Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) намози таровеҳро бо ҷамоат тарк карданд,
ба сабаби вафоти он Ҳазрат (алайҳиссалом) ва баста
шудани дарвозаи ваҳй, аз байн рафта ва дигар хавфи фарз
гардидани он боқӣ намонда буд. Бинобар ҳамин ҳазрати
Умар лоиқ диданд, ки намози таровеҳ бо ҷамоат дар масҷид
хонда шавад. Ҳама асҳоби киром ва ҳатто ҳазрати Алӣ ин
раъйи ҳазрати Умарро писандида ва ин иҷтиҳоди эшонро
тамҷид намуда, дар ҳаққи эшон дуои хайре намуданд, ки:
“Худованд қабри Умарро мунаввар гардонад, он чунон,ки
масҷидҳои моро дар шабҳои рамазон бо ҷамоати намози
таровеҳ равшану мунаввар гардонид”. Холо ин кори эшон
иҷтиҳоди саҳоба буд, ки ба иҷмоъи асҳоб тасвиб шуд, чи
рабте ба адлу адолат дорад? Гузашта аз ин агар бо ҷамоат
хондани таровеҳ кори бад бошад, пас чаро ҳазрати Алӣ дар
замони хилофаташ онро аз байн набурд ва мисли шумо онро
бидъат нагуфт, балки бар ин амр пойдор монд?
Абдурраҳмони Саламӣ ривоят мекунад, ки ҳазрати Алӣ
қориёни Қуръонро дар шабҳои рамазон даъват намуда якеи
онҳоро амр мекард, то бо мардум намози таровеҳро бо
ҷамоат 20 ракаат бихонанд ва сипас худаш намози витрро
имоматӣ карда мехонданд. Ривояти Байҳақӣ дар Сунанаш.
Пас асли ҷамоати намози таровеҳ бо суннати Расули Акрам
(алайҳиссалом) ва кайфият ва адади ракаатҳои он бо
суннати Хулафои Рошидин ва иҷмоъи асҳоби киром собит
гаштааст.
Дар мавриди никоҳи мутъа бошад, дигар ҷои сухан нест.
Зеро мо дар ин бора муфассалтар дар мақолаи “Никоҳи
мутъа аз назари шариат” баён карда будем. Ҳаромкунандаи
мутъа худи шореъ яъне Паёмбари Худо (алайҳиссалом) аст,
на ҳазрати Умар.
Дар масъали ҳаҷҷи мутъа бошад, ин раъйи Умар буд. Мо
аҳли суннат эътиқод надорем, ки эшон маъсум ҳастанд ва
эътиқод бар ин дорем, ки қавли ҳар шахс қобили ахзу радд
ҳаст магар сухани Паёмбари Худо (алайҳиссалом). Гузашта
аз ин ҳазрати Умар ҳаҷҷи мутъаро ҳаром накарданд, балки
аз он наҳй карданд ва сабаб дар он буд, ки мардум
бинобар осон будани ҳаҷҷи таматтуъ умра намуданро дар
ғайри моҳҳои ҳаҷ тарк менамуданд. Ҳазрати Умар ба ин
васила хост, ки хонаи Худо дар тули сол аз
умракунандагон холӣ намонад. Аммо агар ҳаҷҷи ифрод
карда шавад умра дар тули сол анҷом дода мешавад.
Гузашта аз ин дар ривоятҳои саҳеҳ собит шудааст, ки
ҳангоме, ки Субай ибни Маъбад ба назди ҳазрати Умар омад
ва гуфт, ки ман барои ҳаҷҷ ва умра эҳром бастаам,
ҳазрати Умар ба у гуфт: “Ба суннати Паёмбарат ҳидоят
ёфтӣ ту эй Субай”. Ривояти Насоӣ ба исноди саҳеҳ.
Бинобар таорузи ривоятҳо, наҳй аз ҳаҷҷи таматтуъ аз
ҷониби ҳеҷ яке аз имомони мазоҳиби чоргона пазируфта
нашуд. Ба замми ин ҳазрати Абузарр аз ҳазрати Умар дида
нисбат ба ҳаҷҷи мутъа наҳйи шадид доштанд ва мегуфтанд:
“Ҳаҷҷи мутъа махсуси асҳоби Паёмбари Худо (алайҳиссалом)
буд”. Абузарре, ки ба пиндори шумо бузургтарини
саҳобагон ва аз ҷумлаи панҷ ё шаш саҳобии бар ҳидоят
побарҷо монда буд ва бақияи саҳоба гумроҳ шуда буданд.
Пас чаро аз Абузарр нақд намегиред?
Хулоса ин се ҳуҷҷати овардаи шумо ҳеҷ рабте ба мавзуъи
адолат надошта, балки дар мавзуъи иҷтиҳодоти фиқҳӣ дохил
аст. Агар қарор бошад аз адолати Умар сухан гуфт, пас
мешавад даҳҳо шавоҳид овард, ки Умар чи гуна дар замони
хилофаташ одилтарин халифа ва ҳоким буданд. Ба унвони
мисол; яке аз додхоҳон ба назди ҳазрати Умар барои
шикоят аз фарзанди Амр ибни Ос, ки волии Миср буд, меояд.
Зеро фарзанди волии Миср Муҳаммад ибни Ос уро ба хотири
он, ки дар мусобиқаи аспдавонӣ сабқат намудааст, тозиёна
мезанад. Он мард масеҳӣ буд ва аз болои яке аз
ашрофзодагони мусалмон ба ҳазрати Умар шикоят ва додхоҳӣ
мекунад. Анас ибни Молик ривоят мекунад, ки ҳазрати Умар
ба суханони он масеҳии қибтӣ гуш дода ба вай мегуяд, ки
инҷо бимон. Сипас ба суи Миср қосид мефиристад, то Амр
ибни Ос ҳамроҳи фарзандаш ба Мадина оянд. Сипас онҳоро
бо он марди масеҳии шикояткунанда рубару мекунад. Чун
Муҳаммад ибни Ос ба гуноҳи кардааш иқрор мешавад,
ҳазрати Умар тозиёнаи дар дасташ бударо ба он марди
масеҳӣ медиҳад ва мегуяд: Ин ту ва ин он ашрофзодае, ки
туро бегуноҳ зада аст. Инак уро бо дасти худ ва бо ин
тозиёна бизан ва қасосатро бигир! Он марди масеҳӣ
тозиёнаро гирифта дар ҳузури мардум ба задани фарзанди
волии Миср шуруъ кард. Ҳазрати Умар фармуд: Бизан
фарзанди ашрофро! Бизан бар фарқи сари Амр ибни Ос! Чи
фарзандаш туро бесабаб зад ва ҳоло он, ки у дар онҷо
қудрат дорад! Он марди масеҳӣ гуфт: Эй амиралмуъминин
ман он шахсеро, ки маро зада буд, задам. Ҳазрати Умар
фармуд: Ба Худо қасам агар ин фармонраворо мезадӣ туро
аз задан боз намедоштам, то он, ки худат боз наистӣ. Пас
аз он ру ба Амр ибни Ос намуда ҷумлае гуфт, ки таърихи
башар ҷуз аз забони Умар аз касе нашунида буд ва ҳамеша
то абад ба номи У бо оби зар онро сабт намудааст.
Медонед чи гуфт? Гуфт: Эй Амр! Аз кай вақт мардумро
ғулом ва бардаи худ кардаед ва ҳоло он, ки модаронашон
онҳоро озод таваллуд намудаанд!?
Ин як чакидае аз адолати Умар (Худованд аз вай розӣ бод)
буд. Ҳоло таърих шоҳиди садҳо воқеае аст, ки беҳтарин
мисол барои адолати Умар мебошад. Таърих шоҳид аст, ки
ҳазрати Умар ҳатто ба фарзанди худ Абдурраҳмон ба хотири
он, ки боре шароб хурда буд ҳадди исломиро пиёда намуда
уро тозиёна зада буд. Оё намунае болотар аз чунин адолат
шунидаӣ ва ё дар асри худ аз ҷониби ҳокимон дидаӣ?
Хулоса гуфтаҳо перомуни хонадону ёрони Паёмбари Худо
(алайҳиссалом) зиёданд, вале инҷо аз сабаби малол
нашудани хотири хонандаи азиз ба ҳамин қадар кифоя
мекунем. Месазад, ки ҳамеша онҳоро сутуд. Зеро маҳз ба
фидокориҳои эшон имруз буи ислому озодихоҳии исломӣ ба
машоми уммат мерасад. Дар охир дуо мекунем Худованд моро
ҳамроҳи Паёмбару ёронаш хусусан хулафои рошидин маҳшур
бифармояд.
Хотима
Дар охир ба касоне, ки ҳамеша бо айнаки сиёҳу каҷ ба
саҳифаҳои сиёҳи таърихи ислом назар мекунанд ва фақат
нуқтаҳои заъф ва ихтилофангезро аз он интихоб мекунанд
ва ангушт руи он мегузоранд ва эҳсосоти бародарони
мусалмони худро ҷариҳадор мекунанд, мехоҳам бигуям;
Бародари азиз! Чаро якбор ба саҳифаҳои сафеду нуронии
таърихи ислом, ба вижа он замоне, ки асҳоби Паёмбар
(алайҳиссалом) ба таъбири зебои Қуръон “ Ашиддоу ъалал
куффор руҳамоу байнаҳум” буданд, назар намекунед? Чаро
як бор аз дустиҳо ва бародариҳои ҳазрати Алӣ бо ҳазрати
Абубакру Умару Усмон (Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ бод)
ҳарф намезанед? Магар эшон ҳеҷ рузе бо ҳамдигар дустию
бародарӣ ва маваддату муҳаббат надоштанд? Магар онҳо дар
ҷанги Бадру Уҳуд, Ҳунайну Фатҳи Макка ва ғайри он душ ба
души ҳамдигар дар як ҷабҳа ва дар як сангар қарор
надоштанд? Чаро ҳаргиз аз рузҳои ваҳдату улфату
муҳаббати эшон ёд намекунед? Чаро яҳудиҳо ва масеҳиҳо
таърихи сиёҳи худро бо он ҳама хунрезиҳо ва адовату
душманиҳояш фаромуш кардаанд ва бо ҳамдигар алайҳи
мо-мусалмонон муттаҳид ва муттафиқ гаштаанд, вале мо
ҳануз ҳам коҳҳои пусидаи таърихи гузаштаамонро бод дода,
тухми ихтилофу адоват байни ҳамдигар меафканем? Кай мо
ҳам мисли эшон гузаштаи сиёҳи худро фаромуш намуда,
алайҳи душмани муштаракамон муттаҳиду муттафиқ мешавем?
Ҳақ ба ҷониби Ҷамолиддин Афғонӣ аст, ки гуфтааст:
“иттифақал муслимун ан ло яттафиқу” Яъне; мусалмонон бар
ноиттифоқии худ иттифоқ кардаанд. Оре ин баҳсҳои бепоёне,
ки бародари “ҳақиқатгу”-и мо матраҳ намудааст, он чуноне,
ки зиёда аз ҳазор сол аст ҳалли худро наёфтааст,
ҳамчунин ҳазорсолаҳои дигар то рузи қиёмат ҳалнопазир
хоҳад монд.
Дар конфронсе, ки ба унвони “Бедории исломӣ” дар таърихи
17-18 сентябри соли ҷорӣ дар Теҳрон баргузор шуд, мақоми
аршади раҳбарии Эрон Оятуллоҳи Хоманаӣ ҷумлаи таърихие
гуфтанд: “Ҳар кӣ бо такфири ину он тухми ихтилофу
ифтироқ байн уммат мепошад, дониста ва надониста аз амал
(омилон) ва муздурони шайтон аст”.
Пас уфф бар мусалмоне, ки дар чунин айёми бедорӣ ва
хезиши исломӣ кушиш мекунад, то оташи ихтилофу ифтироқро
байни мусалмонҳо доман бизанад ва бо ин хидмати хирсонаи
худ рахна бар сафи дустон зада, об ба осиёби душманон
мерезад.
Устод Маҳмудҷони Тураҷонзода
|
|