WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
     
 

Кумитаи дин ҳақиқатро таҳриф мекунад

 
 

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои ахири худ изҳор дошт, ки шумори масҷидҳо  ба сари аҳолӣ дар кишвар дар муқоиса бо дигар  кишварҳои мусалмонӣ, минтақа ва ҳатто Аврупову Амрико бештар аст. Оё дар воқеъ вазъ чунин аст?Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.  Воқеан мо тасдиқ мекунем, ки дар солҳои ахири бозсозии горбачевӣ ва аввали истиқлолият дар Тоҷикистон шумори масҷидҳо, Худоро шукр, зиёд шуданд. То соли 1989  дар Тоҷикистон 17 масҷиди  ҷомеъ  ва 19 ибодатхонаи масеҳию яҳудӣ амал мекард.

 
 

Аммо то охири соли 1992, ки ман  дар вазифаи раиси Идораи Қозиёт фаъолият мекардам, дар кишварамон шумори масҷидҳои ҷомеъ ҳудуди 200 ва панҷвақта ба се ҳазор расида буд.

 Қариб ки ягон хоҳишу дархости мардум аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ барои сабти номи масҷид рад намешуд. Ҳамчунин идораҳои ҳукумат ба фаолияти масҷидҳои панҷвақтае, ки бо ном “чойхона” ё “ҷойҳои ҷамъиятӣ” буданду дар асл ҳамчун масҷид истифода мешуданд, он солҳо ҳеҷ гуна монеа эҷод намекарданд. Аз ин рӯ, аксари масҷидҳои панҷвақтаи деҳот ва маҳаллаҳои шаҳрҳо эҳтиёҷи аз қайди ҳукумат гузаштан надоштанд.

Ман ҳам хабар ёфтам, ки раиси Кумитаи дин дар бораи адади масҷидҳо дар Тоҷикистон дар суҳбатҳои матбуотӣ  ва мулоқотҳояш дар шаҳру ноҳияҳо сӯҳбат мекунад. Ба фикрам, У мехоҳанд фаҳмонанд, ки адади масҷидҳо барои аҳолии Тоҷикистон кифоя аст ва мардум набояд аз ин зиёд талаб кунад. Аз ин хотир, мисолҳо меоранд, ки дар дигар кишварҳо сари фалон ҳазор нафар 1 масҷид асту дар Тоҷикистон адади масҷидҳо ба сари аҳолӣ аз он кишварҳо, ҳатто аз Саудияву Имороту Туркия зиёдтар аст.

Хулоса, бо ин муқоисаҳояшон мехоҳанд ба мардум ва ҳукуматдорони маҳал гӯянд, ки барои ташкилу таъсиси масҷидҳои нав талабу дархост пешниҳод  накунанд.

 Ин мавқеи раиси Кумитаи дин ва дигар мансабдорон ба хилофи қонун дар бораи ташкилотҳои динӣ аст, ки ду сол пеш худашон қабул кардаанд. Ин қонун барои аз сад то ҳазор нафар аҳолии деҳот таъсиси як масҷиди панҷвақта иҷозат медиҳад. Агар деҳае ду ҳазор ё зиёдтар аз ин аҳолӣ дошта бошад,  тибқи ин қонун ду ё се масҷиди панҷвақта дошта метавонанд. Аммо масъулин мегӯянд, дар як  деҳа як масҷид кофист, ки ин мавқеъашон мухолифати ошкоро ба қонуни худашон баровардагӣ аст.  Мутаассифона, дар кишвари мо мансабдоронро барои вайрон кардани қонунҳо аслан ҷазо намедиҳанд. Ин мардуми бечора аст, ки барои камтарин қонунвайронкунӣ ҷарима ё муҷозоти дигар мешаванд.

Бо камоли таассуф бояд бигӯям, ки чунин мавқегириҳо мухолифати ошкоро ба аҳкоми ислом низ ҳаст, зеро аслан намози панҷвақта бояд бо ҷамоат баргузор шавад ва ин амри Қуръонист: “Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва бо намозгузорандагон намоз гузоред” (Ояи 43, сураи Бақара). Тибқи ҳукми ин ояи карима, ҳазрати Имоми Аъзам (р) намози ҷамоатро воҷиб ҳукм кардаанд. Дигар уламои мазҳаби мо иштирок дар намози ҷамоатро суннати муаккада меҳисобанд, ки тарки суннати муаккада низ гуноҳ аст ва муртакиби он боиси итоб ва ҷазо дар рузи қиёмат мегардад.

Аслан шариати исломӣ талаб мекунад, ки агар мусалмонон дар ягон ҷо ду нафар бошанд, ҳатман намозро бо ҷамоат бояд барпо доранд ва аз чор кас зиёд бошанд намози ҷумъа бихонанд. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ шариат иҷозат медиҳад, ки намоз дар танҳоӣ ё дар хона гузошта шавад, мисли беморӣ, таҳдид ба ҷон аз сӯи ҳайвоноти дарранда ё душман, ё сармои сахт ва ғайра. Дар ғайри ин ҳолатҳо фарди мусалмон бояд намозашро дар масҷид ва бо ҷамоат адо кунад.

Аслан қиёс кардани шумораи масҷидҳои мо бо кишварҳои дигар аз рӯи инсоф нест. Ба гумонам, дар ин масъала масъулини Кумитаи дин як ҳақиқатро аз мардуми мо пинҳон медоранд: ДАР КИШВАРҲОИ АРАБӢ, АВРУПОӢ ВА АМРИКО АСЛАН МАСҶИД Ё ИБОДАТХОНАҲОРО БА ҚАЙД НАМЕГИРАНД. Ба тариқи дигар гирем, барои таъсиси масҷид дар ин кишварҳо ҳеҷ гуна иҷозат аз идораҳои ҳукумат лозим нест. Чунин як муқаррароти душвор, тавре ки дар мо ҳаст, дар қонунгузории он кишварҳо вуҷуд надорад. Дар он кишварҳо ҳар касе хоҳад  масҷиде бино кунад, фақат иҷозаи сохтмонро мегираду халос.

 Дар Аврупову Амрико ва Канада фақат масҷидҳое ба қайд гирифта мешаванд, ки онҳо ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ яъне илова ба фаъолияти диниву ибодатӣ ба фаъолиятҳои хайриявӣ низ машғул мебошанд. Яъне аз мардум табарруот ҷамъ мекунанд - ёрдаму кӯмаки молӣ ва сипас онро ба ҷойҳои зарурӣ ва муҳтоҷ мерасонанд. Аз ин рӯ, он масҷиде, ки мехоҳад фаъолияти хайриявӣ дошта бошад, дар идораи молия ва ё андози маҳалли худ аз  қайд мегузарад. Аз қайд гузаштан ҳам маънои иҷозати фаъолият пурсидан нест. Балки ба он маъност, ки ба ҳукумати маҳаллӣ эълон мекунад, ки мо ҳамин гуна як муассисаро дар фалон суроға таъсис  додем ва чунину чунон фаъолиятро ба роҳ хоҳем андохт. Чаро онро ҳукумати маҳал ба қайд мегирад?

Зеро дар Аврупо ва Амрико қонунгузорияшон ба ҳар як шаҳрванд иҷозат додааст, ки  аз ҳисоби андози саронааш (подоходний налог), ки бояд ба давлат бисупорад, як фоизи муайянашро (аз 10 то 20 дарсад, дар ҳар кишвар ҳар хел) ба ҳисоби муассисаҳои хайрия бисупорад. Ин шахс баъди супоридани маблағи хайрия аз масҷид санад мегирад, ки ҳамин миқдори маблағро барои корҳои хайрия додааст. Аслан  давлатҳои ғарбӣ ба хотири он ки мардуми худро ба адои кори хайр одат кунонад, ба онҳо иҷозатро додааст, ки аз ҳисоби андозе, ки бояд ба хазинаи давлат бисупорад як миқдорашро ба корҳои хайрия сарф намояд. Ин маблағҳои ҷамъшударо масҷидҳо ё муассисаҳои хайриҷамкун ба корҳои хайре мисли кумак ба камбизоатон, донишҷуёни муҳтоҷ, бемористонҳо, хонаҳои бепарасторон, китобхонаву музейҳо, ободии қабристонҳо ва таъмиру тармими ибодатхонаҳо ва ғайра сарф менамоянд. Сабти ном ҳам ба хотири он аст, ки масҷид бояд рӯйхати афроди хайркунанда ва миқдори маблағи хайрияашонро ба идораи молия пешниҳод кунад. Ин муқаррарот барои назорати шаффофияти пардохти андоз аз сӯи шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.

Аммо масҷидҳое, ки ба фаъолияти хайриявӣ машғул нестанд ва ё дар дохили корхонаҳо, муассисаҳо, ширкатҳои тиҷоратӣ, идораҳои давлатӣ ва маҳаллаҳои истиқоматӣ мавҷуданд, аслан сабти ном намешаванд. Аз ин хотир, шумораи онҳо расман дар ҳеҷ идорае маълум нест. Шояд аз ҳамин хотир, ба 8 ҳазор мусалмони Амрико як масҷид рост меояд. Аз ин ру масҷидҳое, ки дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо, истгоҳҳо, фурӯшгоҳҳо, идораҳо, бемористонҳо, донишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ ҳастанд, дар ҳисоби масҷидҳои ба қайд гирифта шуда, дохил нашудаанд. Дар ягон ҷои дунё ба ҷуз Тоҷикистон чунин маҳдудияте барои ибодат вуҷуд надорад, ки ба ҷуз дар манзилу масҷиди расмиву қабристон, дар дигар ҷо Худоро ибодат кардан мумкин набошад. Аз ҳамин хотир мусалмонони Тоҷикистон маҷбур ҳастанд, ки тамоми масҷидҳои худро бо таври расмӣ аз қайд гузаронанд. Зеро дар ғайри ин сурат барои хондани намозашон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аҷаб қонуни аҳмақона ва зидди шариати илоҳӣ?!

Ман се бор ба Амрико ва чанд маротиба ба аксари кишварҳои аврупоӣ сафар доштам. Ин мавзӯъро хеле омӯхтам. Дар ҳамаи ин кишварҳо ба суоли мо дар мавриди теъдоди масҷидҳо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ  посух медоданд, ки ягон рақами муайянеро дар ихтиёр надоранд. 

Дар ин кишварҳо мусалмонон ҳатто метавонанд баъзе аз ибодатхонаҳои масеҳиро, ки аз фаъолият бозмондааст, бихаранд ё иҷора гиранд ва ба масҷид табдил диҳанд.

Дар бинои Конгресси Амрико масҷиди ҷомеъ ва ибодатхонаҳои дигар динҳо амал мекунад, ки худам ба чашмам дидам ва дар он намоз хондам. Дар вазорати хориҷа ва дигар идораҳои давлатии Амрико, ҳатто дар сафоратҳои Амрико дар хориҷ, ки корманди мусалмон дошта бошанд, ҳукумат вазифадор аст, ки барои онҳо ҷойи ибодат  (масҷид) омода кунад.

Бинобар ин сӯҳбатҳои масъулини Кумитаи дин бо масъулини ноҳияҳо, раисони ҷамоаҳову маҳаллаҳо дар бораи он ки гӯё озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ҳатто аз Амрикову кишварҳои исломӣ зиёд аст, мутаассифона, нарм карда гӯем, гӯл задани мардум аст. Дидаву дониста додани ахбори нодуруст ба мардуме, ки соҳибони аслии кишвар ҳастанд, ҳам хилофи қонуни мавҷуда ва ҳам хилофи ахлоқи инсонӣ ва беҳурматӣ ба ин миллат аст. Бале, мардуми мо маълумоти кофӣ надоранд ва мутаассифона аз вазъи кишварҳои ҷаҳон дар ин масоил огоҳии кам доранд, аз ин ру таҳти таъсири ҳамин гуна маълумоти нодуруст мемонанд.

Барои мисол, яке аз он “омӯзгороне”, ки бар зидди ман одатан менависанд, мегӯяд, ки роҳбари давлати мо аввалин шуда соли 2005 аз минбари СММ аз ислом дифоъ кард, аммо ягон роҳбари кишвари исломӣ ё шахсияти исломӣ ҷуръати ин корро то он руз надоштанд... Ин даъво воқеият надорад, зеро аксари роҳбарони кишварҳои мусалмоннишин, уламо ва ҳаракатҳои исломӣ башиддат аз ислом дифоъ кардаанд ва мекунанд. Агар мардуми мо аз ин корҳои онҳо маълумот надоранд, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо хомӯшанд. На танҳо роҳбарони кишварҳои мусалмоннишин, раҳбарони ҳаракатҳои исломӣ, уламои ислом, балки бисёре аз роҳбарони кишварҳои ғайриисломӣ низ мегуянд, ки террорист дин надорад ва терроризмро ба ягон дин нисбат надиҳед.  

Аммо дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ вазъ чӣ гуна аст?   

Дар кишварҳои арабӣ ҳам ҳалли ин масъала айнан мисли кишварҳои аврупоӣ аст. Дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ фақат масҷидҳои ҷомеъ дар мувозинат ё қайди вазорати авқоф ва шууни исломӣ меистанд. Яъне як нафар ё як гурӯҳе, ки мехоҳанд масҷид бино кунанд, заминеро мехаранд ё аз давлат бепул мегиранд. Чун масҷиди ҷомеъ сохта шуд, агар хоҳанд ба ихтиёри вазорати авқоф медиҳанд, дар ин ҳолат тамоми масрафи масҷид (маоши кормандон, таъмир, пули барқ ва ғ.) ба зиммаи вазорат мегузарад. Агар хоҳанд масҷидро дар ихтиёри худ нигоҳ медоранд ва тамоми ин хароҷотро низ ба зиммаи худ мегиранд. 90 дарсади масҷидҳои панҷвақта дар ҳисоби вазоратҳои авқоф нест, аз ин рӯ, ҳисоби расмии онҳо низ вуҷуд надорад. Илова ба масҷидҳои панҷвақтаи маҳалҳо дар ҳамаи корхонаҳо, идораҳо, фурӯшгоҳҳои бузург, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ хонаҳои ибодат вуҷуд доранд. Аз ҳамин сабаб дар он кишварҳо мушкили сабти номи масҷидҳо вуҷуд надорад. Ин мушкил фақат ба сари мусалмонони Осиёи Марказӣ аз давлати коммунистии Шӯравӣ мерос мондаасту халос. Масалан дар кишвари Туркия, ки 85 миллион аҳолӣ дорад қариб 82 ҳазор масҷиди ҷомеъ дорад, ки ба 1030 нафар  як масҷеди ҷомеъ баробар меояд. Ман дар ин мавзуъ бо муовини вазири корҳои дини Туркия суҳбат доштам. Аз эшон пурсидам, ки масҷидҳои панҷвақта низ дар ҳисоби 82 ҳазор дохил ҳаст ё не? Ҷавоб дод, ки не, фақат масҷидҳои ҷомеъ дар ихтиёри вазорат аст ва адади онҳо қариб 82 ҳазор аст.

Аз ин ҳисоб агар аҳолии Тоҷикистон 7,5 миллион бошад, қариб 400 масҷиди ҷомеъ дораду халос. Яъне дар Тоҷикистон ба 18 750 нафар як масҷиди ҷомеъ баробар меояд. Аз ин ру ин даъвоҳои масъулини ҳукуматии мо як таблиғи ғайривоқеӣ ҳасту халос.

Дар он кишварҳо масъулини ҳукуматҳо имомони масҷидҳоро дар маҷлисҳои моҳонаву семоҳаву нимсолаву солона ҳозир карда, бо таҳқир бо онҳо сӯҳбат намекунанд.Дар мо бошад ба шунидам  мутаассифона баъзе мансабдорони мо дар зиёфатҳои улфатонаашон лоф мезадаанд, ки “фалон муллоро фалон соат чухтуш мондум ва созуш кардум”.

-  Дар ин чанд соли ахир шуморе аз масҷидҳои ҳатто аз даврони шӯравӣ ба мерос мондаро низ баста шуданд. Ва ҳоло низ монеъаҳои зиёде ҷорӣ шудааст барои фаъолияти масҷидҳо. Дар ин робита  чӣ назар доред?

 -   Аз солҳои 70-уми замони шӯравӣ инҷониб дар хотирам бисёр возеҳу рӯшан боқӣ мондааст, ки масҷидро ба унвони масҷид ба қайд намегирифтанд, аммо дар ҳар деҳа бо номи чойхонаву клуб масҷидҳо амал мекарданд.  Ман қисмати шимоли Тоҷикистонро намедонам.  Дар вилояти Хатлони имрӯза, водиҳои Қаротегину Ҳисор, шаҳри Душанбе ва атрофи он, хулоса дар ҳама ҷо масҷидҳо буданд ва дар онҳо мардум намозашонро адо мекарданд.

Ин масҷидҳо аз ду бино иборат буданд. Як бино барои ибодат ва бинои дигар барои хӯрокхӯриву нишаста сӯҳбат кардан. Шахсоне, ки аз 35 сола боло буданд, баъд аз намози шом бо ҳамсолҳои худ якҷоя дар ҳамон бинои назди масҷид нишаста хӯрок мехӯрданд, сӯҳбат мекарданд, баъдан намози хуфтан ё таробеҳро бо ҷамоат мехонданду баъд ба хонаҳои худ мерафтанд. Яъне бинои дуюм як ҷойи истироҳатӣ ва фароғатӣ буд. Ман дар ёд надорам, ки ҳатто дар ҳамони ҳукумати коммунистӣ барои дар чунин ҷойҳо намоз хондан касеро ба ҷавобгарӣ кашида бошанд.

Ҳама раисони ҷамоа ва масъулин ин воқеиятро медонистанд ва на танҳо пешгирӣ намекарданд, балки вақте ки “рейде” баргузор шудани мешуд, пешакӣ хабар медоданд, ки ҷойнамозҳоро ҷамъ кунед ва дари масҷидро бандед. Комиссия аз КГБ ё райкомпартия меомад, суратҳои аъзои Политбюроро дар девори бинои хӯрокхӯрӣ медиду мегуфт, ки ин як чойхона будааст ку, на масҷид. Фардо мардум боз ба намози ҷамоаи худ идома медоданд. Аммо имрӯз масъулини ҳукуматии Тоҷикистон аз раису имоми маҳалла забонхат мегиранд, ки дар  биное, ки ҳамчун масҷид ба қайд гирифта нашудааст, набояд намоз хонда шавад, агар рафту намоз хонед, фалон ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳед шуд ё ҷазо хоҳед гирифт...

 Дар қонунгузории Советӣ барои дар ғайри масҷид намоз хондан моддаи ҷавобгарӣ вуҷуд надошт. Барои дар корхона ва ё чойхона намоз хондан ҳам ҷазо набуд.

Ҷои шармандагӣ аст, ки маҳдудиятҳои қонунгузории Тоҷикистон дар масоили динӣ аз маҳдудиятҳои замони Советӣ гузаштааст. Ба назари банда, қонунгузории мо дар ин масоил бар хилофи Конститутсия ва меъёрҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ аст, ки Тоҷикистон онро эътироф ва имзо кардааст. 

- Чаро имрӯз нисбат бо масҷидҳо ин қадар муносибат иваз шуд ва як навъ муборизаи тезутунд рафта истодааст?

- Зоҳиран мегӯянд, ки ин корҳо фақат ба хотири ба танзим даровардан аст, на маҳдуд кардан, аммо ҳақиқат ин тавр нест. Имомҳоро сад дарсад  зери назорат гирифтанд, шахсиятҳои маъруфро кӯшиш мекунанд аз минбари масҷидҳо дур кунанд. Барои мисол, Мулло Мирзову боз чандин олимони маъруфро аз масҷидҳо дур карданд.

Ҳамчунин масъулин мегӯянд, ки агар ҷавонҳо ба масҷид раванд, заҳролуд мешаванд. Во аҷабо! Аз касе, ки даъвои мусалмон будан мекунад шунидани ин сухан чи даҳшатноке аст. Хонаи Худо ҷои заҳролудшавии ҷавонон будааст...

Аввало, ба ҳама маълум аст, ки сад дар сад имомҳоро худи ҳукуматдорон таъин мекунад ва ҳар ҳафтаву моҳ дар маҷлисҳо онҳоро аз “коркарди идеологӣ” мегузаронанд. Пас суол ба миён меояд, ки наврасон ва ҷавононро дар масҷидҳо кӣ заҳролуд мекунад? Зеро ба ҷуз имом дар масҷид касе ҳаққи сӯҳбат кардан надорад ку!

Дуюм, танҳо ҳангоми намозҳои ҷумъа ва ду ид дар масҷидҳо сӯҳбату мавъиза мешавад. Дар намозҳои дигар на дар масҷидҳои ҷомеъ ва на масҷидҳои панҷвақта сӯҳбату мавъизаҳо намешаванд. Мардум меоянд, муддати 10 - 15 дақиқа намозро боҷамоа мегузоранду мераванд.

Сеюм ин ки мавзӯъи сӯҳбату мавъизаҳо низ аз тарафи Кумитаи дин ва Шӯрои уламо дар шакли дастуруламал таҳия ва чоп шудааст. Хулоса, имомҳо аз пеши худ чизе намегӯянд.

- Хуб, пас чаро бо масҷидҳо чунин бархӯрд сурат мегирад?

- Ба гумони ман, масъулини мо дар бораи масҷидҳо маълумоти дуруст надоранд.  Зеро аксарияти мутлақи онҳо масҷидрав набуданд ва нестанд Ва ҳатто намедонанд, ки дар масҷид чӣ тавр намоз мехонанд. Агар медонистанд, шояд бархӯрдашон тағйир меёфт.Агар маразе дар дилашон набошад.

- Оё тарзи пардохти молиёт ва хароҷоти масҷидҳои кишвари мо аз дигар кишварҳо чӣ фарқ дорад? 

- Як тасаввури нодуруст дар байни масъулини кишвари мо мавҷуд аст, ки гуё масҷидҳо даромади зиёд доранд. Соли 2004 дар бемористони ҳукуматӣ бистарӣ будам. Вазири пешинаи корҳои дохилӣ Ҳумдин Шарифов, Худо мағфираташ кунад, ба аёдати ман омад. Он вақт масъалаи ибодати занҳо дар масҷид хеле ҷангҷолӣ буду ҳар ҷумъа милисаҳои зиёдеро ба масҷиди деҳаи мо мефиристоданд, ки аз ширкати занҳо ҷилавгирӣ кунанд. Роҳҳоро банд мекарданд, фишор меоварданд. Ман он вақт муовини аввали сарвазир будам. Аз ӯ пурсидам, ки чаро чунин корҳои зиддиқонуниро мекунед, тибқи Сарқонуни Тоҷикистон занҳо ҳуқуқи баробар бо мардҳоро доранд, аз ин рӯ, онҳо ҳам ҳақ доранд дар масҷид ибодат кунанд ва мазҳаби ҳанафӣ иштироки онҳоро дар намозҳои иду ҷумъа иҷозат додааст, чаро манъ мекунед. Ба савол ҷавоб надода як лаҳза сукут карда чунин гуфт: “Домулло, як савол дорам. Чӣ манфиат доред, ки мардуми зиёд ба масҷиди Шумо аз манотиқи дигар, ҳатто аз Кӯлобу Ҳисору Душанбе биёянд?” Ман гуфтам, мо ягон хел манфиате надорем, ягон касро даъват ҳам намекунем, аксари мутлақашонро шахсан намешиносем ва “повестка” ҳам ба касе нафиристодаем. Домуллову хатибҳои ботақвову боистеъдод ҳам мисли овозхонҳои машҳур муштоқони зиёд доранд ва мухлисонашон мехоҳанд мавъизаашонро дар ҳузурашон бишнаванд. Баъд гуфт: “Ба мо расониданд, ки дар байни масҷиди Шумо як фонтан ҳаст ва ба он 5-6 литр оби Замзамро илова карда, ба мардум ҳар як истаконашро 5 то 10 сомонӣ мефурӯшед. Барои ҳамин ба фикрам ҳар қадар одам зиёд ояд, ҳамон қадар шумо манфиати бештаре меёбед”.

Ман гуфтам, ҷаноби вазир, баромадани ин сухан аз Шумо айб аст. Шумо 12-13 ҳазор  корманд доред, шояд ҳамин миқдори дигар хабаркашҳо доред, пас намешавад, ки 100-150 нафари онҳоро супориш диҳед, ки масҷиди мо биёянд, бо либоси мулкӣ, чанд муддат дар сафҳо истода намоз хонанд, атрофи ҳамон ҳавз истанд ва ҳамаро бо чашмашон  бинанд. Масҷиди мо масҷиде аст, ки умуман аз касе пул ҷамъ намекунад: на дар рӯзҳои ид ва на дар моҳи шарифи Рамазону мавлуд. Масҷидро худам сохтаам, то вақте зинда ҳастам ва имконият дошта бошам, хароҷоти онро бар дӯш хоҳам дошт.

Баъд дар охири сӯҳбат гуфт: “Майлаш, домулло, ман инро месанҷам. Ин хабар аз раиси ноҳияи худатон ба мо расид”. Он замон Гулов Исмоил, ки худамон ӯро аз квотаи сифойизаи оппозисиюн ба мақоми раиси ноҳия пешниҳод карда будем, раис буд.

Хулоса, нодуруст аст, ки масҷидҳо даромад доранд, баръакс ҳеҷ гуна даромаде, ки хароҷотҳои рӯзмарраашонро бипушонанд, надоранд.  Ба истиснои масҷидҳое, ки дар онҳо мазор ё зиёратгоҳҳо вуҷуд дорад. Дар атрофи Душанбе фақат  масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ даромад дорад, зеро афроди зиёде Ҳазрати Мавлоноро рузҳои чоршанбе зиёрат меоянду эҳсон мекунанд. Дар Хуҷанд, масалан, масҷиди шайх Муслиҳиддин зиёратгоҳ дорад. Дар Ҷиликӯл ҳам ҳаст. Боқӣ даромади дигар масҷидҳо барои пардохти пули барқу маоши кормандонашон ё мерасад, ё не.

Аз баъзе имомхатибон, ки аз ҷумлаи шогирдону мухлисон ҳастанд, мешунавам, ки дар сандуқи хайрияи масҷид дар як ҳафта аз 50 то 150 сомонӣ ҷамъ мешаваду халос. Ин барои 7-8 нафар корманд чӣ мешавад? Илова бар ин, нархи барқи масҷидҳо дар кишвари мо баробари нархи барқи ресторану дискоклубҳо таъйин шудааст. Онҳо ҳам барои як киловатт 25 дирам месупоранд, масҷидҳо ҳам. Дар дигар кишварҳо бошад хароҷоти коммуналии масҷидҳо баробари муассисаҳои буҷҷетиву фарҳангӣ аст, зеро аз назари онҳо, масҷид ҳам мисли театр, мактаб, китобхона як муассисаи фарҳангӣ, тарбиявӣ аст. 

 Аслан мухолифати Шумо нисбати ба “Қонун дар бораи масъулияти волидон” дар чӣ буд?  

Дар ин қонун се нукта ҳаст, ки аз нигоҳи Ислом, мухолифати ошкор ба фармудаҳои Худову Расул дорад, аз ин хотир мухолиф ҳастам. Ҳамчунин дар  қонун бандҳое мавҷуданд, ки барои мардум дарди сари зиёд эҷод мекунанд.

Аз мазмуни ин қонун бармеояд, ки волидайн иштироки фарзандони то 18 солаи худро “дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ” иҷозат надиҳанд. Ин ибора аслан ибораи фиребдиҳанда аст. Рӯирост нагуфтаанд, ки то 18 солаҳо  дар намозҳои ҷамоа иштирок накунанд, балки навиштаанд, ки дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ иштирок накунанд. Фаъолияти муассисаҳои динӣ (масҷидҳо) ба ҷуз адои намоз боз чӣ ҳаст? Вақте ин қонун қабул ва чоп шуд, бисёриҳо, ҳатто баъзе рӯзноманигорон, ки одатан аз ҳама чиз хабар доранд, ба ман занг заданд, ки “Домулло, дар ин қонун ҳеҷ сухане дар бораи нарафтани ҷавонони то 18 сола ба масҷид нест-ку!”. Ман гуфтам, ки ҳамон банди ҳаштро бодиққат хонед, меёбед.

Парвардигор дар даҳҳо ояти Қурон ба бандаҳояш амр кардааст, ки итоат аз ману  Пайғамбари ман кунед, ба хилофи амрҳои ману расули ман кор накунед, ки аз ҷумлаи мушрикону золимону кофирон мешавед. Яъне касе, ки бар хилофи амри Худову пайғамбари Худо амал мекунад ё ба онҳо мухолифат мекунад, Худо ӯро аз зумраи яке аз ин се тоифаи фавқуззикр хондааст. Ин як.

Дуюм, қонун талаб мекунад, ки волидайн номҳои фарзандони худро тибқи фарҳанги миллӣ гузоранд. Зоҳиран ин талаби хуб аст. Ман ҳам тарафдор. Дар як мусоҳибаам гуфта будам, ки агар мақсад аз байн бурдани номҳое мисли Тешаву Табару Гургу Досту Хоркашу Сангаку Лангарӣ ва ғайра бошад, ман ҳам сад дар сад тарафдор. Вале баъзе аз кормандони ҳукумат, ки ба ин соҳа машғуланд, ба ман гуфтанд, ки китобчаҳое бо номи номномаҳо чоп шудаанд. Аз мо талаб доранд, ки тибқи номҳои дар ҳамин китоб зикршуда мардум фарзандони худро номгузорӣ кунанд. Мутаассифона, дар ин китоби номнома ягон номи мусулмонӣ нест. На Абдулло ҳаст, на Муҳаммаду Аҳмаду Маҳмуд ва на Абдураҳмону Абдусаттору Абдуғаффору Абдуҷаббор. На Хадича ҳасту на Ойишаву Фотима. Дар ин номнома номҳои қабл аз исломӣ, аниқтараш, номҳои зардуштӣ ба мусалмонҳо аз қабили Парвизу Ромизу Кова, Ардашеру Курушу Таҳмина тавсия шудааст. Ин ҷо ҳам фиреб аст. Ин номҳоро на номҳои зардуштӣ, балки бо номи номҳои ориёӣ ё “шоҳномавӣ” муаррифӣ мекунанд.

Сеюм, қонун волидайнро вазифадор мекунад: “ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд”

Маълум, ки сухан дар бораи таълими ибтидоии динӣ, яъне Қуръон меравад. Яъне агар падар фарзанди то 18-солаашро назди шахси босаводе бараду қуръонхониро омӯзонад, яъне маълумоти ибтидоии диниро диҳад, ҳам омӯзгор ва ҳам падар ба ҷавобгарӣ ба муддати аз 5 то 7 сол кашида мешаванд. Аксари мутлақи мардуми Тоҷикистон имрӯз Қуръон хонда наметавонанд. Пас чӣ гуна ба фарзандонашон худашон таълим диҳанд? Агар инсон то 18-солагӣ нахонад, кай мехонад? Зеро баъд аз синни 18-солагӣ ё ба донишгоҳ ё хидмати аскарӣ ва ё ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Яъне дигар фурсат пайдо намекунанд, ки Қуръон биомузанд.  Магар мешавад, ки мусулмон бошиву китоби муқаддаси диниатро хонда натавонӣ? Касе ҳаҷ рафтааст, дидааст, ки тамоми ҳоҷиҳо дар дохили ҳарами Каъба, Арафот, Мино ва масҷиди Пайғамбари Худо (с) дар Мадинаи Мунаввара, вақте фориғ аз намоз ҳастанд, Қуръон мехонанд. Фақат ҳоҷиҳои мо дар дохили масҷид ё сутун ҳисоб мекунанду мегӯянд “воҳ-воҳ, ана меъморӣ!” ё ба ҳам сӯҳбатҳои беҳуда мекунанд. Бисёр зиёиён ва собиқ коммунистонро дидам, ки вақти баргаштан аз Ҳаҷ лаънат ба низоми Шӯравӣ мекарданд, ки нагузошт онҳо Қуръонхон шаванд. Турк, африқоӣ, филиппинӣ, малайзиягиву дигар миллатҳо мешинанд Қуръон мехонад, аммо мо, ки худро аз ҳама мусалмони асилу беҳтар медонем, китоби муқаддаси динии худро хонда наметавонем.

Хулласи калом, ҳамин се нукта маро маҷбур кард, ки зидди ин қонун бошам. Аммо дигар бандҳои ин қонун ҳам чандон мантиқӣ нестанд. Масалан, омадааст, ки агар фарзанди то 18-сола телефони мобилӣ дошта бошад, падару модараш ҷарима мешаванд. Ё агар кӯдаки то шашсола бе саробон ба кӯча барояд, волидайн ҷазо дода мешаванд. Ин кӯча метавонад дар шаҳр бошад ва ё дар деҳа. Инро қонун муайян накардааст. Масалан, вақте модари тоҷик ба либосшӯӣ, нонбандиву хӯрокпазӣ машғул аст ва фарзанди аз 14 - сола боло ҳам надорад, чӣ тавр метавонад кӯдаки аз шашсола хурдашро ҳамеша назорат карда истад.  Рафту ин кӯдаки то шашсола аз дарвоза берун шавад, яъне дар танҳоӣ вориди кӯча мегардад, ки хилофи ин банди қонун аст. Ва ҳамин ҳол нозири минтақа (учаскавой) ин ҳолатро мебинад. Ба фикри Шумо чӣ кор мекунад? Худо метиядаш. Даррав акт менависад ва мегӯяд, ки ё фалон миқдор ҷаримаро бояд бисупорӣ, эй  биё хай як “одамгарӣ” кунем, яъне муомила кунем. Хулоса ин қонун боз як василаи порагирии масъулони тамоми зинаҳо мешавад.

Акнун тасаввур кунед, падареро, ки дар бозор кор мекунад ё ароба мекашад, ё хизматчии давлатӣ асту маоши каме дорад, агар ин ҷаримаро биспорад, бо модару кӯдак чӣ муомила хоҳад кард? Фикр накарданд қонунгузорон, ки он падар як бор ду бор ҷарима бисупорад, метавонад фарзанд ё ҳамсарашро зада маъюб кунад? Дар мо чунин падарони бефарҳанг зиёд ҳастанд. Ин қонун зиндагии зану шавҳарро ба ҷаҳаннам табдил медиҳад.

Аммо, ба гумони ман, мақсади асосии ин қонун ҳамон се банд аст: -   номҳои исломӣ нагузоранд, то 18-сола ба масҷид наравад ва фарзандон таълими динӣ нагиранд. Ҳатто дар Туркияи Отатурк, ки бо муборизаи зиддиисломияш машҳур аст, чунин қонун буд (алҳамдулиллоҳ, ҳозир бекор шудааст), то 12-соларо иҷоза намедод, ки ба масҷид бираванд ва ё таълими динӣ бигиранд. Дар мо онро имрӯз то 18 солагӣ боло бурданд.

-   Аммо аксарияти рӯҳониён хомӯшанду Шумо ва оилаи Шумо ба мухолифат аз ин қонун садо баланд кардед, чаро?

-    Дар Қуръони карим даҳҳо оят ҳаст, ки дар он Худои Бузург талаб мекунад, ки “Қул, аттиъуллоҳа варрасула ва интаваллав фа инналлоҳа ло юҳиббул кофирин” (Сураи “Оли Имрон”, ояти 32). Худо мегӯяд, эй пайғамбар, ба бандаҳои ман бигӯй: “Худо ва пайғамбарро итоат кунед. Агар рӯй гардонанд (аз итоати Худо), пас Худо кофиронро дӯст надорад”. Яъне касе ки аз итоати амри Худо ва пайғамбари Ӯ рӯй метобад, Худо ӯро дар ин оят кофир гуфтааст. Ман бо ин мавқегирии худ вазифаи имонии худро иҷро мекунам. Зеро Худо аз уламо талаб кардааст, ки аҳкоми Ӯро ба мардум бирасонанд, агар нарасонанд, хиёнаткор ва муртакиби гуноҳи кабира ҳастанд. Ман намехоҳам, ки назди Худо ба ҳайси хиёнаткор ва гунаҳкор дар рӯзи Қиёмат ҷавоб диҳам. Аммо чаро уламо ва эшонҳо хомуш ҳастанд, намехоҳам дар ҳаққашон гумони бад дошта бошам. Агар онҳо ҳадди ақал ҳар моҳ як бор Қуръони азимушшаънро аз аввал то охир қироат мекарданд, медиданд, ки дар даҳҳо оят Худои бузург аз бандагонаш талаб кардааст, ки аз шайтону тоғут пайравӣ накунанд ва танҳо пайрави Худои Бузург бошанд. Хулоса дилам барояшон месузад. Охирашон ба хайр бошад. Зеро Пайғамбари Худо (алайҳиссалом) фармудааст: “Ассокиту анил ҳаққи каш шайтонил ахраси”. Яъне “Касе, ки ҳақро мепушонад ва ба мардум намерасонад мисли шайтони гунг аст”. Худо нишон надиҳад.

-  Ҷавонони то 18 сола минбаъд аз ширкат дар намози дар масҷид манъ шуданд. Оё дар ин сурат ин ҷавонон таҳти таъсири гурӯҳҳои тундраву ифротӣ  намемонанд?

- Масҷидҳо ҳеҷ вақт ҷойи пайдоиши ҳаракатҳои тундгароиву ифротӣ набуданд ва нестанд. Ва ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳам инро хуб медонанд. Мутаассифона, дар кишварҳое ифротгароҳо пайдо мешаванд, ки озодиҳои сиёсиву динӣ маҳдуд аст ва аз роҳи қонун тағйир додани вазъи сиёсӣ вуҷуд надорад, аз ин ру як гуруҳе даст ба қонуншиканию хушунат мезанад.

Аммо имрӯз аз тариқи телефонҳои мобилӣ, интернет ва даҳҳову даҳҳо шабакаҳои моҳвораӣ ба забони форсӣ- тоҷикӣ ин қадар таблиғоти исломӣ пахш мешавад, ки дигар пеши онро гирифтан аслан имкон надорад. Фақат инҳо бо ин корҳояшон худашонро ошкор карданд.

- Вақте бар зидди шумо менависанд, мегӯянд, ки Тӯраҷонзода бо пуштибонӣ аз ислом ҳадафҳои сиёсӣ ва манофеъи шахсиашро пайгирӣ  мекунад ва ё ба хотири шӯҳратпарастӣ.  Шумо чӣ назар доред?

- Мутаассифона, чунин гапҳоро 20 сол боз мешунавем. Ба наздики дар торнамои “Рӯзгор” як “омӯзгор” бо номи Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Акобир  (бадбахтии кор дар ин аст, ки ҳамон пагондорҳое, ки зидди ман  менависанд ҳамаашон худро ҳамчун омӯзгор муаррифӣ мекунанд, номи аслиашонро ифшо намекунанд, шояд  хиҷолат мекашанд...) чунин навиштааст. Далелаш  ҳам ин аст, ки гӯё Тӯраҷонзода ба он хотир зидди ин қонун менависад, ки агар ҷавонҳо ба масҷид кам раванд, даромадаш кам мешавад. Агарчи ин мавзӯъро дар боло батафсил баён доштам, боз як бори дигар мегуям: ман Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар масҷид на имом ҳастам, на мутаваллӣ, на хатиб. Худоро шукр, ман ба масҷид сарф мекунам, аз он ризқе, ки Худо ба ман  додааст ва ягон вақт аз масҷид чизе нагирифтаам.

Аммо дар бораи шӯҳратпарастӣ. Аз солҳои аввали  ҳафтодум ман аз тарҷумаи ҳоли шахсиятҳое, ки ба ҳаракатҳои исломӣ ворид шуданд ва ба хотири хидмат ба ислом ва хидмат ба мардуми мусалмон ин ҳаракатҳоро пеш мебурданд, медонам, ки ҳамаашон, бидуни истисно, ҳамеша зери таҳқиру фишор қарор доштанд, зиндонӣ мешуданд ё ҳатто ба қатл мерасиданд, моликияташон мусодира мешуд ё ба фаъолияту тиҷораташон халал мерасониданд. Хулоса, ягонтои он шахсиятҳои бузург дар зиндагӣ рӯзи хуш надоштанд. Барои мисол, сарнавишти исломиҳои Миср, Сурия, Ливия ва Ироқро пеши назар оварем. Аз замони  ҳукмронии Ҷамол Абдулносиру Анвар Содот сар карда, то ба ин Мубораки номуборак дар Миср, ва ё Ҳофиз Асаду Саддом Ҳусайн дар Сурияву Ироқ ҳазорҳо ҳазор олимонеро, ки ҳақгӯ буданд, зиндонӣ карданд ё бо азобу шиканҷаҳои гушношунид шаҳидашон карданд. Дар ин бора ҳазорҳо рисолаву китобҳо нашр шудааст, ки ман аз солҳои 70-ум ба ин сӯ онҳоро мутолиа кардаам. Медонам, ки касе дар  роҳи даъват ба сӯи Худо қадам мегузорад, ҳатман балоҳои зиёде мунтазираш ҳаст. Ин ҳолати онҳоро Худои азимушшаън дар аввали сураи “Анкабут” баён кардааст: “Оё мардум пиндоштанд, ки гӯянд: “Имон овардем” – гузошта шаванд ва онҳо имтиҳон карда намешаванд. Ва ба дурустӣ ононро, ки пеш аз онҳо буданд, имтиҳон кардем”.

Хулоса, Худованди Бузург ҳар бандаашро ба қадри имону диндориаш имтиҳон мекунад. Аз ҳама имтиҳони сахт болои пайғамбарҳову авлиё буд. Касоне, ки бо роҳи онҳо мераванд, аз ин имтиҳони илоҳӣ истисно нестанд. Онҳо ё ба балою фишору бемориву тангдастӣ гирифтор мешаванд, агар сабр кунанд, савоб мегиранд ва ё ба онҳо мансабу сарвату тандурустӣ дода мешавад, ки агар шукронаи онро ба ҷо оранду дар роҳи Худову бандаҳои Ӯ истифода баранд, савоб мегиранд, ё аз имтиҳон меафтанду гирифтори ғазаби Худо мешаванд.

Касоне, ки ба даъвати исломӣ машғул ҳастанд, аксаран шахсиятҳои варзида, бо илму фарҳанг ҳастанд, ки метавонистанд аз роҳҳои ғайриисломӣ бо хидмат кардан ба ҳукуматдорон ба ҷоҳу мақоми баланди давлатӣ ҳам бирасанд. Аммо онҳо ин роҳи хатарнокро бошуурона ба хотири розигии Худо ихтиёр намуданд, на ба хотири мансабу шӯҳрати дунё.

Мо низ ин роҳи даъват ба сӯи Худоро бошуурона интихоб кардем ва ҳама гуна эҳтимолу оқибати онро аз Худо медонем.

Аслан рафту гуфтаи нависандаҳои пагондор рост бошад ҳамаи кори мо ба хотири шуҳрат бошад, бигуянд, ки аз ҳамин шуҳрат дар Тоҷикистон чи гуна мешавад истифода кард? Интихоботи озод вуҷуд надорад, агар 90% мардум тарафдор ҳам бошанд ҳукуматдор агар нахоҳад, намегузаред. Пас ҳамин шуҳрат барои чи даркор аст? Хусусан ин тарзи шуҳрат балоҳои зиёде ба сар меорад.

 Бо пешниҳоди шумо ҳукумати коммунистии он вақта идҳои муқаддаси мусалмонон Рамазон ва Қурбонро дар кишвар расман таътил эълон кард, аммо   ба фикри Шумо имрӯз пешниҳоду дархостҳоятонро чаро ҳокимони имрӯза қабул надоранд? Ба фикри ман, ин пешниҳодҳо ба манфиати кор ва барои нигоҳ доштани обрӯи байналмилалии кишвар низ буд? 

 - Воқеан  пешниҳодҳои ман то имруз барои ҳифзи  обрӯи ҳукумат ва барои мустаҳкам намудани ваҳдату сулҳу суботу оромиши кишварамон буд.

Беҳтараш ба ин савол аз худи ҳукуматдорон ҷавоб пурсед, ки барои чӣ ягон пешниҳоди мо қабул намешавад. Ман худам ҳам дар тааҷҷуб ҳастам, чунки дар ин пешниҳоди ман ягон ғарази сиёсӣ ҷо надошт. Намешавад дар асри 21, дар  асре, ки ҳуқуқу озодиҳои мардум дар ҷойи аввал қарор гирифтааст, мардум ҳақталабӣ мекунанд ва режимҳои истибдодӣ яке пайи дигар суқут карда истодаанд, интернету моҳвораҳо ба ҳама дастрас ҳаст як тоифа  меояду кушиш мекунанд аз тариқи қонунгузории худ озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодиҳои динии мардумро маҳдуд кунанд. Ба фикрам зури беҳуда аст.

 

  

 

 

 
 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com