WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
     
 

Ҳикмати ашё фарангизод нест…

 
 

Ба зиё Абдуллову “кланҳо”-и ӯ

 
 
 

То ба кай бе ғайрати дин зистан,

Мурдан аст ин, ай мусулмон зистан

                                                                     Иқбол

Худованди бузург дар ояти 24 сураи «Тавба» мефармояд: «Ай Паёмбар! Ба мардуми мусулмон бигу! Агар муҳаббати падарону фарзандон ва бародарону ҳамсарон ва қабилау миллат ва амволу сарват ва хонаҳои бо ҳашамати шумо дар қалби шумо бештар аз муҳаббати Худо ва Расул ва ҷиҳоду пайкори дар роҳи Худову Расул бошад, пас мунтазир бошед то азоб ва кайфари шадиде аз ҷониби Худо бар шумо нозил гардад. (Ва шумо дар ин сурат фосиқ ҳастед) ва Худованд гуруҳи фосиқонро ҳидоят ва раҳнамои намекунад.   

Паёмбари маҳбуби Ислом Муҳаммад (с) низ фармуда: «Шумо, эй уммати Ислом! Вақте мусулмони комил ва воқеӣ маҳсуб мешавад, ки ман барои шумо аз зану фарзанду волидайн ва аз ҷамиьи мардум маҳбубтар ва азизтар бошам» (Бухори ва Муслим)

Аз мазмун ва ҳукми ояти Қурьон ва ҳадиси шариф ба хубӣ возеҳ мешавад, ки барои як нафар мусулмони ҳақиқӣ ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизе маҳбубтар ва азизтар аз Худову Расул ва дину оинаш нест. Номуси дин ва муқаддасоти дин барои у болотар аз номуси оила ва аҳли оила аст. Тавҳину таҳқири дин дар нафси ӯ сахттар аз тавҳину таҳқири зану фарзанд аст.

Тибқи оморҳои эьлоншуда ба ҳамагон маьлум аст, ки тақрибан 96% ва мувофиқи иқрори муқаррари Раиси Ҷумҳур 99% мардуми Тоҷикистон мусулмон аст. Ислом барои миллати тоҷик чун атеизму комунизм таьрихи 70 ва ё 80 сола надошта, балки таьрихи зиёда аз 1300 сола дорад. Дурахшонтарин ва пурифтихортарин саҳифаҳои таьрихи ин миллат рангу бӯи исломӣ дошта ва бо алифбои Қурьонӣ навишта шудааст. Ислом ва муқаддасоти он барои мардуми тоҷик ҷузьи аьзами аз муқаддасоти миллии он гаштааст. Пас тавҳин кардан ба Ислом маьнои таҳқир кардан ба муқаддасоти миллати тоҷик ва бозӣ кардан ба эҳсосоти олии онро дорад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар маҷалла ва рузномае, ки дар ҷумҳурии мо табьу нашр мешавад, аввалан бояд ҳифзи ваҳдат ва сониян эҳтиром ба муқаддасоти миллат бошад. Вале мутаассифона, дар мақолаи (Шинохтситезии кланҳои клонзо) навиштаи Зиё Абдулло дар таьрихи 12.07.2005 ин ду шарти асосии рӯзноманигорӣ риоя нашудааст.

Дар мақолаи мазкур ҳам тавҳин ба дин ва ҳам таҳқир ба эҷодиёт ва забони миллати тоҷик аст. Таҳқири муаллиф ба забони миллӣ, ки худро вориси забони миллӣ медонад, аз унвони мақола ҳувайдо аст. Таваҷҷуҳ кунед ба унвони мақола ки ба забони тоҷикӣ барои тоҷикон навишта аст: «Шинохтситезии кланҳои клонзо»

Баьд аз қироьати мақола бо хунсардӣ хостам андешаҳои худро дар баробари андешаҳои муаллиф изҳор намоям.

Дар фақри забони тоҷикӣ кӣ Гунаҳгор?

Муаллиф дар ибтидои мақола иқрор мекунад, ки «Мо тоҷикон 9 аср қабл аз русҳо соҳиби забони илм будем». Сипас бо камоли тааҷҷуб суол мегузорад: «Аммо чаро як нафар хонандаи тоҷики мактаби миёнаро хуб тамом карда, илми ба забони русӣ баён шударо мефаҳмад, вале илми бо забони тоҷикӣ баёншударо намефаҳмад?...» Баьд суоли худро чунин посух медиҳад: «Ба фикри ман забони илмии мо дар чаҳорчӯбаи забони арабӣ аьрофӣ шуда буд ва он сада бар сада афзуда... дар ин ҳол оё забони илмии арабӣ ба забони илмии тоҷикӣ бе асар мемонад?»

Ҷавоб:

Ҳамин тавр муаллиф дар касодшави ва фақри забони тоҷикӣ таьсири забони арабиро гунаҳгор медонад. Ва инқилоби тозаеро дар забони тоҷикӣ пешниҳод ҳам мекунад, ки «шояд тафаккури илмиро на танҳо аз чаҳорчӯбаи русии баён, балки аз чаҳорчӯбаи арабӣ берун кашидан лозим…»

Гунаҳгор кардани муаллиф забони арабиро дар фақри забони тоҷикӣ далолат бар он мекунад, ки эшон на аз кӯчаи забони арабӣ гузаштаанд ва на забони тоҷикиро хуб шинохтаанд. Агар аз қавоиди забони арабӣ огаҳии комил медоштанд ва онро бо забони тоҷикии феьли муқоиса мекарданд, ҳеҷ гоҳ ин ҳарфҳои ғалатро руи коғаз намеоварданд. Қазовати ноодилонаи муаллиф дар гунаҳгор кардани забони арабӣ барои фақри забони илмии тоҷикӣ бо чанд далел мардуд аст.

Якум. Тамоми китобҳои илмӣ ва дарсие, ки имруз бо забони тоҷикӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва донишгоҳҳои олӣ тадрис мешавад, ки мутаассифона донишҷӯи тоҷик матолиби илмиро аз онҳо дуруст намефаҳмад, ҳама мероси боқимонда аз даврони Шуравӣ ҳастанд. Ба ҳамагон маьлум аст, ки ҳамаи он китобҳо дар асоси китобҳои русӣ, на китобҳои арабӣ ва бо сабку услуби забони русӣ таьлиф ва ё тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудааст.

Дуввум. Муаллифон ва мутарҷимони он китобҳо чуноне, ки аз исмашон маьруф аст, мутахассисони забони русӣ-тоҷикӣ будаанд, на забони арабӣ-тоҷикӣ то навиштаҳои худро дар қолаби забони арабӣ рехта бошанд.

Саввум. Баьд аз динситезиҳо ва арабситезиҳои болшевикӣ ва «поксозии» забони тоҷикӣ аз алифбо ва вожаҳои забони арабӣ, аз ҷониби «маркистони тоҷик», аз «кланҳо»-и муаллиф ва таҳти таьсири забони русӣ қарор гирифтани он, дигар забони тоҷикӣ кайҳо аз қолаб ва чаҳорчӯбаи забони арабӣ хориҷ гаштааст.

Чаҳорум. Агар ҳуруфот, вожаҳо ва қолаби забони арабӣ сабабгори асосӣ дар ақибмонии ҷомеьа аз қофилаи илму дониш бошад, пас бояд пештар ва бештар аз ҳама мардуми Ирону Покистон ва дигар кишварҳои исломӣ ақибмонда мебуданд. Дар ҳоле, ки имрӯз баьзе аз кишварҳои исломӣ бо вуҷуди фишорҳои хориҷӣ бо алифбои арабӣ соҳиби яроқи атомӣ ва киштии кайҳони гаштаанд. Вале имрӯз тоҷикӣ бенаво, ки забонаш аз худаш дида бенавотар аст ба “шарофати хидмати” маркистони ватан на танҳо забони илм, балки забони фасиҳу равони муҳовара ва гуфтугӯ надорад. Ҳоло кам тоҷикеро вомехурем, ки барои 5 дақиқа суҳбати телевизионӣ ва ё сухани табрикӣ ба кулфат ва машаққати зиёде гирифтор нашавад ва ё забонхоӣ накунад. Пас, беҳтар мебуд муаллиф решаӣ фақри забони тоҷикиро ҷои дигар ҷустуҷӯ мекард.

Бар хилофи гуфтаи охири муаллиф то замоне, ки забони тоҷикӣ дар қолаби забони арабӣ буд, забони илму дониш буд. Чуноне, ки худ дар оғози мақола ба он иқрор намудаанд. Пас, ин бенавоӣ бар сари забони тоҷикӣ аз куҷо омад?

Ҳар тоҷикӣ бо фарҳанг ва бо инсоф медонад, ки ҳалокат ва марги  забони тоҷикӣ баьд аз инқилоби болшевикӣ, аз замони поксозии он аз алифбо ва вожаҳои забони арабӣ ва маҳрум намудани фарзандони ин миллат аз сарвати азими фарҳангӣ адабӣ ва илмии ниёгонашон шурӯь шудааст.

Пас аз истилои Русҳо ба “шарофати хидмати хирсонаи” баьзе фарзандони “бо номуси” миллат аз «кланҳои» маҳаллии муаллиф, хазинаи луғавии забони тоҷикӣ, ҳамзамон бо алифбо ва кулли осорҳои илмияш ба оташ кашида ва ғорат карда шуд. Шояд дар ин тохтутозҳои сурхи болшевикӣ барои интиқом гирифтан аз Ислому араб, 30 то 40% дар сад захираи луғавии забони мо, махсусан вожаҳои арабӣ ва исломӣ аз байн бурда шуд. Саранҷом забони форси-дарӣ, забони Саьдию Ҳофизу Мавлавӣ забони бародарони ҳамзабони Афғону Иронӣ барои тоҷикони “ориёӣ” қариб ки бегона шуд.

Агар Худо нахоста бо пешниҳоди муаллиф як бори дигар забони тоҷикӣ аз қолаб ва калимаҳои арабӣ поксозӣ карда шавад ва дар ивази он вожаҳое чун «кланҳою клонзо» изофа карда шавад, дигар на аз забони тоҷикӣ ва на аз ному насаби муаллиф, ки вожаҳои араби ҳастанд чизе боқи нахоҳад монд.

Оё мусулмонҳо Авесто ва маркази фарҳангӣ сухтаанд?

 Муаллиф дар давоми мақолаи хеш арабҳои мусулмонро бадтар аз юнониҳо хонда, муттаҳам ба китобсӯзию фарҳангсӯзӣ карда, навиштааст: «Агар чунин намебуд Искандар баьди ҳуҷум ба сарзамини мо ба китобсӯзонӣ намедаромад... Агар чунин намебуд Араб зери парчами Ислом дар сарзамини мо ба китобсӯзонӣ намедаромад... Маьнависитезӣ ба ин сангинӣ дар лашкари Искандар ҳам набуд...»

Воқеан, ҳоло ҳам ёфт мешавад баьзе бемордилоне, ки дар дил хори адовату кинаи Ислом доранд барои аз байн рафтани осорҳои илмӣ ва фалсафии мавҳуми зардуштиён бо дасти мусулмонҳо, таьзияхонӣ ва марсияхонӣ мекунанд. Вале ин бебизоатон наметавонанд ҳатто чанд китобе ва ё маркази илмӣ-фалсафӣ ва адабие, ки ба қавли онҳо аз дасти арабҳои мусулмон нобуд шуда бошад зикр кунанд. Хуб мешуд, муаллифи мақола барои ин марсияҳои бе поя ва бе бунёди худ аз сарчашмаҳои муьтамади таьрихӣ бурҳону далел меовард. Зеро равишҳои муосири илмӣ, имрӯз талаб мекунад, ки мақолаҳои илмӣ бояд мудаллал бо бурҳону далел бошад, на бо тӯҳмату бӯҳтонҳои кӯҳна ва зангзадаи даврони Шуравӣ.

Монанд кардани футуҳоти исломӣ дар хоки Ирон бо юриши Искандар, аз назари ривояти таьрих ғалат ва нодуруст аст. Барои исботи тафовути байни вуруди мусулмонҳо ба пойтахти онрӯзаи Ирон, бо юриши Искандар, ба таьрихӣ Табарӣ ва дигар маьхазҳои таьрихӣ муроҷиат шавад. Ровиёни таьрих шаҳодат медиҳанд: Ҳангоме ки Юнониҳо бо фармондеҳии Искандар тахти Ҷамшедро, ки қасри шоҳони Ҳахоманиш ва маркази Ирони он рӯз буд, истило намуданд, баьд аз чаповулу ғорат онро комилан ба коми оташ кашиданд, ки альон харобаҳои аз он чун шоҳиди зинда дар наздикии шаҳри Шероз боқӣ мондааст. Дуруст аст, ки бо фармони Искандар китоби Авесто ки рӯи 12 ҳазор, ба қавле 1200 пусти гов навишта шуда буд, ба кулли нобуд карда шуд.

Вале мусалмонҳо замоне, ки шаҳри «Мадоин» пойтахти он рӯзаи Иронро бо фармондеҳии Саьд ибни аби Ваққос ва бо мусоҳибати Салмони форси фатҳ намуданд ва ба «қасри сафед» ки қасри шоҳони Сосонӣ буд ворид шуданд, на танҳо онро оташ назаданд, балки барои муҳофизат намудани он аз харобӣ, як қисмати онро «дорул-имора» яьне маркази идории умури худ қарор доданд ва қисмати дигари онро ба «мусалло», яьне намозгоҳ табдил доданд ва ҳатто даст ба осорҳои таьрихии он назаданд. Инак иқтибоси мухтасаре аз таьрихи Табарӣ. «Чун Саьд вориди шаҳри Мадоин шуд, дар қасри сафед манзил гирифт. Вa айвони қасрро намозгоҳ кард. Дар он ҷо тасвирҳои гаҷӣ буд аз сурати мард ва асп, ки Саьд ва мусулмонон онро нохуш надоштанд ва ба ҷой гузаштанд» (Таьрихи Табарӣ. Ҷилди 5.саҳ.1818.тарҷ. Абулқосими Поянда).

Ин аст, муносибати Ислом ба осорҳои таьрихи ва фарҳанги миллии халқҳои дигар. Муаллиф, ки шикаста шудани Сурхбуту Сафедбутро дар Афғонистон бар рухи мусулмонҳо кашида аст, агар мехоҳад муносибати Исломро ба фарҳанги миллатҳои дигар бифаҳмад, пас бояд ҷавоби онро аз Қурьону суннат ва рафтори саҳобагони Паёмбар (с) бигирад. На аз рафтори қутайбаҳои араб ва на аз кирдори толибони Афғонистон. Паёмбари маҳбуби Ислом ва Хулафои рошидин, ҳамвора ба доиён ва таблиғгарони Ислом тавсия мекарданд, ки «Ҳаргиз ба мардум ғадру хиёнат накунед! Занону кудакон ва пирамардонро накушед! Боғу нахлистон ва киштзорҳоро ба оташ накашед! Хонаҳоро хароб накунед! Ҷасадҳои куштагонро гӯшу бинӣ набурред! Махсусан ба касоне, ки дар дайру ибодатхонаҳо машғули ибодатанд, таарруз ва дастдарозӣ накунед! Онҳоро бо ибодат ва ибодатхонаҳояшон ба ҳоли худ бигзоред! (Таьрихи Муҳаммад Хузарӣ).

Ҳамчунин ба сипоҳиёни мусулмон нисбат додани оташ задани Авесто ва марказҳои динӣ ва илмии зардуштиён низ туҳмати маҳз буда, мухолифи аҳкоми Ислом ва ривояти таьрих аст. Зеро мусулмонон тибқи фармудаи Расули Акрам (с), ки «Ба Зардуштиён мисли аҳли китоб, яьне чун яҳудиёну Масеҳиён муьомила кунед!» (Саҳиҳи Бухорӣ). Ба Авесто ва оташкадаҳои Зардуштиён чун ба Тавроту Инҷил ва ибодатхонаҳои аҳли китоб муносибат мекарданд.

Агар мусалмонон китобу китобхонаҳои Зардуштиёнро месӯхтанд, бояд Тавроту Инҷил ва марказҳои динии яҳудиёну масеҳиёнро низ оташ мезаданд. Вале чуноне, ки мехонему мебинем дар таьрих чунин чизе ҳаргиз рух надодааст. Ҳатто профессори Даниягӣ Кристен-Сен дар китоби «Ирон дар замони Сосониён» сароҳатан хулоса мебарорад, ки аз сабаби он ки мусулмонон зардуштиёнро аҳли китоб мешумориданд, нобуд шудани китобҳои муқаддаси зардуштиёнро наметавон ба таьассуби мусулмонон нисбат дод. Ин муҳаққиқ ба вижа сарнавишти Авесторо пас аз омадани Ислом омӯхта исбот мекунад, ки бештари нусхаҳои Авестои сосонӣ дар қарни 9 милодӣ мавҷуд будааст. Ва мардум ақаллан тарҷумаи паҳлавӣ ё тафсири «занд»-ро дар даст доштаанд. Пас нобуд шудани қисматҳои Авесто як раванди тадриҷи буда, на ба даврони вуруди Ислом ба Хуросону Мовароуннаҳр балки ба давраҳои хеле дертар рост меояд. Ба қавли ин муаррихи ховаршинос худи пешвоёни зардуштӣ китобҳои худашонро ба хотири хурофоти фаровоне ки дошт ва дар муқобили маьорифи баландпояи Ислом боиси шармандагӣ ва саршикастагии онҳо буд, нобуд кардаанд.

Дар охири ин қисмат аз баҳс мехоҳам таваҷҷӯҳи муаллифро ба ду нуктаи муҳим маьтуф бисозам:

Яке аз он ин аст, ки агар осори илмию фарҳангӣ дар Ирони зардуштӣ бо он вусьат ва касрате, ки баьдан дар Ирони Исломӣ эҷод шуд, мавҷуд мебуд ҳеҷгоҳ он бо як юришу ду юриш ба куллӣ аз байн рафтаю нобуд намешуд. Авесто ба хотири он бо як юриши Искандар тамоман музмаҳиллу нобуд шуд ки он дар ҳамон аср ҳамаги ду нусха буд. Агар нусхаҳои зиёд медошт ва ё чун Қурьони Карим шарҳу тафсирҳои бисёр медошт ҳеҷгоҳ бо як ҳуҷуми Юнониҳо комилан мунқаризу нобуд намешуд. Муаллиф метавонад ба ҳамин, дигар осорҳои илмии мавҳуми зардуштиёни он замонро қиёс кунад.

Нуктаи дигар он аст, ки китобсӯзӣ ҷинояте нест, ки танҳо бар сари осорҳои илмию фарҳангии мавҳуми зардуштиён омада бошад. Ва танҳо зардуштиён аз ин ҷиноят зиёну зарар дида бошанд. Балки таьрихи ҷаҳон, ба вижа таьрихи Ислом шоҳиди китобсӯзии зиёде буда ва ҳаст.

Оре, таьрих шаҳодат медиҳад, ончунон, ки Искандар Авесто сӯхт, зардуштиён дар даврони Сосонӣ баьд аз қатли оми Маздакиҳо китобҳои маздакияро оташ заданд. (ниг. «Тамаддуни Ирон» бо қалами ҷамье аз ховаршиносон). Румиҳо осори илмии Архимед риёзидони маьруфро тӯьмаи оташ сохтанд. Аз ҳама бештар осори илмии мусулмонҳо дастхуши ин ҷиноят гашта ва аз ҳама бештар зиёну зарар дидааст. Шояд таьрихи қадим ҳамлаеро ваҳшатноктар аз ҳамлаи муғул ёд надоарад. Қатли ом ба маьнои ҳақиқияш дар ҳуҷуми муғулҳо алайҳи мусулмонҳо рух додааст. Китобу китобхонаҳо тӯьмаи оташ гардиданд. То андозае, ки муаррихони Исломӣ навиштаанд: «Замоне ки муғулҳо пойтахти хилофати Исломӣ шаҳри Бағдодро истило карданд, дарёи Даҷла рӯзе аз хуни куштаҳо сурх ва рӯзи дигар аз ранги китобҳои ба об андохта тира ва сиёҳ гашта буд. Зеро он ҳангом дар китобхонаи «Дорул-Ҳикмат»-и Бағдод беш аз 4 миллён нусха китоб, пиромуни зиёда аз 500 фунуни мухталифа мавҷуд буд. (ниг. «Таьрихи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» навиштаи Зайнулобидин Қурбонӣ).

Масеҳиҳо дар фоҷеаи Андалуси исломӣ «қисмати ҷанубии Испониё» баьд аз қатли оми мусулмонон, ки он низ таьрихи хеле сиёҳе дорад, 80 ҳазор китобро ба оташ кашиданд («Таьрихи Андалус», навиштаи Иброҳими Оятӣ).

Ҷурҷи Зайдон таьрихнависи масеҳӣ (1861-1914) эьтироф дорад, ки салибиёни масеҳӣ дар ҳамлаи Шом ва Фаластин яьне дар паходҳои салибияшон 3 миллён китобро оташ заданд. (Таьрихи тамаддуни Ислом. ҷ. 3 саҳ 5.6).

Охирин китобсӯзӣ ва маьнавиятситезӣ дар таьрихи Ислом насиби мусулмонони нагунбахти собиқ Шуравӣ, ба вижа миллати мо тоҷикон гардид. Ин дафьа ҷинояткорони ин ҷинояти бесобиқаи таьрихӣ, чингизиёни асри 20 болшевикони мулҳид буданд. Маьнавиятситезӣ ва одамкӯшӣ ба ин даҳшат ва сангини дар лашкари Чингиз ҳам набуда. Агар қурбониҳои Чингизи асри 13 ҳазорҳо бошад қурбониҳои чингизиёни асри 20 миллиёнҳо адад аз китобҳо ва инсонҳои бегуноҳ мебошад.

Азбаски мо ба таьрихи сиёҳи ин сияҳкорон, қарибулаҳд ҳастем ва ҳанӯз шоҳидони зиндаи ҷинояти эшон дар байни мо зинда ва ҳаёт ҳастанд дигар ниёзе ба шарҳу тафсири ҷиноятҳои эшон надорем. Фақат мехоҳам ҳарфи ғалати муаллифро тасҳеҳ намуда бигӯям, ки ин марксистон буданд, ки баьд аз қатли ому бадарғакуниҳо ва китобсӯзиҳо тули зиёда аз 70 сол фарҳангӣ исломии миллати моро аз нафаскаши то мабразнишини зери назорати қатьии хеш гирифтанд.

Ба ҳар ҳол бо таваҷҷӯҳ ба таьрихи гузашта инҷо суоле пайдо мешавад ва бояд муаллифи мақола низ таваҷҷӯҳ ба он суол дошта бошад, ки чаро осори илмӣ ва фарҳангии исломӣ бо вуҷуди пушти cap кардани ин ҳама ҷиноятҳои китобсӯзию фарҳангсӯзӣ, ҳамчун осори илмии зардуштӣ ба кулли аз байн рафтаву нобуд нашуд?

Аз назари аҳли маьрифат ҷавоб он аст, ки осор ва сарвати илмии исломӣ бузургтар ва бештар аз он буд, ки як ҳуҷуму чанд хуҷуми ҷинояткорон битавонад онро ба кулли мунқаризу нобуд кунад. Агар зардуштиҳо мисли мусалмонҳо сарвати азими илмӣ ва адабӣ дар ихтиёр медоштанд, ногузир бақияе аз он дар хазинаи таьрих, бо вуҷуди ин ҳама оташзаниҳо боқи мемонд.

Дар пазируфтани Ислом таҳмилу иҷбор нест.

Чуноне ки ишора кардем, дар охири иқтибоси гузашта «шоири мардуми» бо муболиғаи шоиронае, ки он хоси шоирон аст, то ҷое, ки мегӯянд: «Дурӯғтарин шеьр зеботарин шеьр аст» дурӯғи деринаи дигареро, ки гӯё дини Ислом бо зури шамшер бар миллати мо таҳмил шудааст, пардоз дода навиштааст: «Агар чунин намебуд араб зери парчами Ислом фарҳангӣ миллии моро аз нафаскашӣ то мабразнишинӣ зери назорати қатьӣ намегирифт...»

Албатта, ин сухан, ҳам аз нигоҳи Қурьону Ҳадис ва ҳам аз назари ривоёти таьрих ва ҳам бо қазовати ақли солим мардуд ва ғайри қобили қабул аст. Аслан таҳмил ва иҷбори дин бо мантиқи Қурьону Ислом бегона аст.

Қурьони Карим дар сураи 2 ояти 256 тӯҳмати мазкурро чунин рад мекунад:

«Қабули дини Ислом бо таҳмилу фишору иҷбор нест...»

Паёмбари маҳбуби Ислом (с) низ бо посухи дандоншикане ин бӯҳтони душманонро ботил ва хунсо мекунад:

«Бо зардуштиён монанди аҳли китоб муомила ва рафтор кунед!»

Яьне зардуштиён чун аҳли китоб дар пазируфтани дини мубини Ислом маҷбур набуда, балки дар пайравӣ намудан аз дину оини худ соҳибихтёр буда ва дар анҷоми маросимҳои динии хеш озодии мутлақро молик мебошанд.

Сукунати миллионҳо мардуми масеҳӣ, яҳудӣ ва зардуштӣ бо дину оини худ дар бисёр кишварҳои исломӣ то ба имрӯз шоҳиди зинда бар ин гуфтаҳост.

Барои мисол имрӯз дар Миср 4 млн. Дар Сурия 2 млн. Дар Лубнон 40% масеҳиён зиндаги мекунанд.

Зардуштиҳо бошанд то имрӯз дар Ирону Покистон ва Ҳиндустон ки он асрҳои зиёд дар тасарруфи мусулмонҳо буд, аз дину оини худ озодона пайравӣ карда ва мекунанд. Агар қабули Ислом бар ин миллатҳо бо фишору таҳмил, ҳатми ва маҷбури мебуд чуноне ки муаллиф навиштаанд, дар тули зиёда аз 1300 сол бояд ному нишоне аз пайравони ин адён дар кишварҳои исломӣ боқӣ намемонд.

Ривоёт ва ҳақоиқи таьрихӣ низ ин сафсатаи куҳна ва пусидаро рад мекунад. Сайид Нафисӣ дар китоби «Таьрихӣ иҷтимоьии Ирон» аҳолии Ирони қадимро дар ибтидои вуруди Ислом ба хоки он, дар ҳудуди 140 млн тахмин задааст. Дар ҳоле ки теьдоди тамоми сарбозони Ислом дар ҷабҳаҳои Ирон ба 60 ҳазор мерасид. (Хадамоти мутақобили Ислом ва Ирон. нав Муртазо Мутаҳҳари).

Пас чигуна ин иддаи кам аз мусулмонҳо тавонистанд, дар тамоми шууни зиндагии мардуми чанд миллионнафараи Иронзамин аз нафаскаши то мабразнишинӣ назорати комил дошта бошанд?

Илова бар ин аз ривояти таьрих маьлум аст, ки Ирониён дар фосилаи андак замоне, аниқтараш пас аз 100 соли футуҳоти исломӣ, дубора соҳиби нерӯи азими сиёсӣ ва низомӣ гаштанд. Ҳатто тавонистанд хилофатро аз хонадони Умавӣ ба хонадони Аббосӣ мунтақил кунанд. Дар бисёр вилоятҳои хилофати исломӣ онҳо соҳиби давлатҳое шуданд, ки дорои истиқлолияти сиёсӣ буданд. Яьне аз таҳти назорати қатьии арабҳо хориҷ гашта буданд. Мисли давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва ғайра, ки имрӯз мо аз истиқлолияти ба дастовардаи онҳо ифтихор мекунем. Ва инчунин лозим ба ёдоварист, ки исломпазирии аксари гузаштагони мо бинобар ривояти таьрих, ором ва тадриҷӣ буда ва ба ҳамин давра-давраи истиқлолияти милли рост меояд. Пас имрӯз “оқилони” мо бо чи ақле шарм накарда менависанд, ки «араб тули ҳазорсолаҳо бар зиндагии мардуми мо аз нафаскаши то мабразнишинӣ назорати қатьӣ доштанд.»

Дуруст аст, ки саранҷом нури тамаддун ва фарҳанги исломӣ дар зиндагии мардуми мо партавафшон гашт. Вале он на бо зури шамшер ва на бо назорати қатьии арабҳо, балки бо ҷозибаи шигифтангези Ислом, ки бо маорифи олӣ ва фалсафаи ақлонӣ, тафаккур ва ҷаҳонбинии воқеӣ ва қонеькунанда, аҳкоми пок ва қавонини мувофиқи фитрат ва сиришти солими инсонияш, мардуми моро шефтаи худ карда буд, таҳаққуқ ёфтааст. Дар исломпазирии гузаштагони мо шамшер нақши асосӣ надоштааст. Агар исломпазирии миллати мо бо зури шамшер мебуд, бояд мисли мазҳаби марксизм бо барчида шудани сояи шамшер даврони салтанати ӯ низ ба поён мерасид. Зеро бо таҷрибаҳои таьрих собит шудааст, ки ҳарчи бо зур болои мардум таҳмил мешавад пойдор намемонад. Оре, шамшер дар фаҷри Ислом барои таблиғ ва расонидани паёми Қурьон ба гӯши ҷаҳониён, нақш доштааст. Зеро дар он рӯзгор аз сабаби набудани васоили эьлом, ягона роҳ барои таблиғи даьвати Ислом ва бардоштани монеьаҳо аз сари роҳи он, ҳаракатҳои низомӣ буд. Он чуноне ки дар асри мо комунистҳо барои таблиғи сотсиализм ва ғарбиҳо барои экспорти капитализм ва ё ҳар низоми дилхоҳашон аз ин васила истифода бурданд. Ва ҳанӯз ҳам истифода мебаранд.

Мутобиқи таьлимоти Қурьон чуноне ки пештар гуфтем, баьд аз расидани паёми Ислом мардум дар пазируфтан ва напазируфтани он соҳибихтиёр ва озод ҳастанд. Пас, маьлум мешавад шамшер дар таьрихи Ислом нақши таблиғкунандаро доштааст, на таҳмилкунанда. Ончи Исломро дар дилу дидаи мардум ҷой кардааст, ҳамон таьлимоти олӣ ва фарҳангу маорифи баландпояи он аст.

Таьрихӣ исломпазирии мамолики Осиёи Шарқӣ мисли Индонезия, Малайзия, Филиппин, Брунея ва ғайра шоҳиди зинда бар ин гуфта аст. Мардуми ин мамолик бе қувваи шамшер, балки танҳо аз роҳи таблиғ ва даьвати тоҷирон ва мусофирони мусулмон ва ошноӣ ёфтан бо маорифи Ислом, дини Исломро пазируфтаанд. Сирри ҳар сол рӯ ба Ислом овардани ҳазорон нафар аз мардуми Урупо ва Амрико низ дар ҳамин аст. Ҳар нафари аз онҳо, ки имрӯз мусулмон мешавад, албатта дар натиҷаи омӯзиш, пажӯҳиш ва муқоисаи дини Ислом бо динҳои дигар, ва қаноати ақли ҳосил кардан ба бартарии Ислом бар динҳои дигар мебошад. Исломпазирии онҳо кӯр-кӯрона аз тарси ҷон ва ё ба умеди нон ва сарвати дунё нест. Чуноне ки баьзе мусулмонҳои мо ба ин тамаь дини масеҳият ва ғайраро мепазиранд.

Исломпазирии ниёгони мо

Возеҳтарин далел бар ин ки гузаштагони мо Исломро бо камоли майлу рағбати худ пазируфтаанд, на бо зури шамшер, ин хидмати бузурги эшон ба Ислом аст.

Оре, миллати мо беш аз ҳар миллати дигар неруҳои моддӣ ва маьнавии худро дар хидмати интишори Ислом гузоштааст. Ва беш аз ҳар миллати дигар дар ин роҳ самимият ва ихлос нишон додааст. Дар ин ҷиҳат ҳатто арабҳо ба пойи миллати мо намерасанд. Миллати мо ҳама шоҳкориҳои таьрихии худро танҳо дар роҳи хидмат ба Ислом ба вуҷуд овардааст.

Албатта, ҷуз нерӯи ишқу имон нерӯи дигаре қодир ба офаридани чунин шоҳкориҳо нест. Дар ҳақиқат ин Ислом буд, ки завқ ва истеьдоди миллати моро, ки таҳти фишори режими табақотии мубадон буғӣ шуда буд, дубора озод ва таҳрик намуда, дар он рӯҳи тоза дамид. Агар не, пас чаро мардуми мо аз сад як ҷузьи ин хидмату ҳимматро дар роҳи дину мазҳаби аҷдодии хеш зоҳир накард?

Футуҳоти исломӣ дар таьрихи миллати мо инқилоби бузурги мазҳабӣ ва фарҳангие буд ба маьнои тамомаш. Самараи он инқилоб буд, ки бори аввал дар таьрихи миллати мо, фарзандони фарзонаи ин миллат мисли Имоми Аьзам Абу Ҳанифа, Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абу Довуди Сиистонӣ, ва Баҳоуддини Нақшбандӣ ва ғайра барои миллатҳои дигари дунё пешво ва муқтадо мешавад.

Дар чи асру замоне инчунин фурсати тиллоӣ барои миллати мо пайдо шудааст, ки ифтихори пешвоии мардуми мухталифи кишварҳои ҷаҳонро пайдо бикунад?

Имрӯз тақрибан ним миллиард мусалмонҳои мухталифун-нажоди ҷаҳони Ислом, дар ибодот ва муомалот пайравӣ аз мазҳаби Имоми Аьзам доранд. Зиёда аз ҳазор сол аст, Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ бо китоби арзишманди худ «Саҳиҳи Бухорӣ», ки бо иттифоқи уламои Ислом баьд аз Қурьон дуввумин китоби мӯьтабари исломӣ шинохта мешавад, шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Шояд дap ҷаҳони Ислом, ки альон тақрибан якуним миллиард нуфус дорад, шахсе пайдо нашавад, ки ин абармарди таьрихро, ки ҳамхуну ҳамватан ва ҳамнажоди мо тоҷикон аст нашиносад. Ба ҳамин монанд Имом Тирмизӣ ва Абу Довуди Сиистонӣ ва дигарон. Инсофан бигӯем шуҳрати таьрихи ва ҷаҳонии ин азизон, чи дар гузашта ва имрӯз, ба маротиб болотар ва бештар аз шуҳрати Фирдавсию Саьдӣ ва Ҳофизу Мавлавӣ аст.

Вале афсус, сад афсус, ки ин фарзандони номдори миллат, танҳо барои мо, тоҷикон ва ворисони нохалафи эшон ҳанӯз ҳам бегона ва ношинохта ҳастанд. Аз манқуртию курдилӣ ва бегонапарастии мо тоҷикон аст, ки баьзе аз ин азизон кайҳо ворисони дигаре барои худ пайдо кардаанд. Осори азими илмии ин бузургон кайҳост дар Узбекистони ҳамсоя ба унвони «фарзандони ин диёр» бо ҳуруфоти ғайри арабӣ табьу нашр шуда, дар истифодаи мардум қарор дода шудааст.

Агар имрӯз мақсади муаллиф ва «кланҳои инкубатори»-и ӯ аз туҳматзаниҳо ба Ислом, ва Паёмбари азимуш-шаьни Ислом ва варақ задани таьрихи қабл аз Ислом пайдо намудани ифтихороте барои миллати мо тоҷикон бошад, пас беҳтар мебуд, ки эшон роҳро наздиктар мекарданд ва ба хазинаи таьрихи 1300 солаи исломии ин миллат назар мекарданд, то шояд гумшудаи худро аз он ҷо пайдо мекарданд. Ва ё ҳануз аз тарси хоҷаҳои хеш, аз аҷдоди гуфтани дини Ислом ва таьрихи Ислом ҳазар мекунанд? Магар Ислом дар тули 1300 сол барои миллати мо, дини аҷдодӣ ва таьрихии он, таьрихи аҷдодӣ ва фарҳанги он фарҳанги миллӣ маҳсуб намешавад? Чаро русҳо, ки мо тоҷикон бо истилои сурхи онҳо аз дину фарҳангу таьрихи 1300 солаи хеш манқурту бегона шудем, имрӯз оини 1000 солаи масеҳиро, ки таьрихи қабули он барои эшон аз дини мо дида ҷавонтар аст, дини аҷдодӣ ва фарҳанги онро фарҳанги миллии худ медонанд, вале мо тоҷикон не?

Муаллифи мақола баьд аз тавҳин ва таҳқири ба Қурьон ва муқаддасоти Ислом бо сӯзу гудоз аз фарҳанги миллӣ ҳарф задааст. Кас аз ҳарфҳои пурсӯзи ӯ дар таьаҷҷуб меафтад, ки манзури эшон аз фарҳанги миллӣ, фарҳанги кадом миллат бошад? Агар муроди эшон фарҳанги миллии мо тоҷикон бошад, пас маьлум аст, ки он ҳаргиз фарҳанги Қурьонситезу исломситез набуда ва нест. Балки фарҳанги мардуми тоҷик фарҳанги миллӣ-исломӣ аст. Ислом бо маорифу суннатҳо ва урфу одатҳои худ ҷузьи аьзами аз фарҳанги миллии мо гаштааст. Фарҳанги миллии мо бо Ислом он қадр гиреҳ хурдааст, ки ҳатто онро ҷудо аз Ислом намешавад тасаввур кард. Аммо фарҳанги Қурьонситезу исломситез танҳо фарҳанги марксистони дируз ва зардуштиёни имрӯзи тоҷик аст, на фарҳанги 96% дар сад мардуми мусулмони тоҷик.

Воқеан, ҷои тааҷҷуб аст, ки бархе аз зиёиёни мо дар кабинетҳои гарму нарми кории худ ҷудо аз мардум ва зиндагии мардум нишаста, барои ин мардум фарҳанги миллӣ дуруст мекунанд. Ва ё ҳамон фарҳанги сохтаи комунистиро барои мардуми мо ба унвони фарҳанги миллӣ муаррифӣ мекунанд. Агар эшон бихоҳанд фарҳанги миллии мардуми моро хуб бишносанд, беҳтар мебуд ба таьрихи гузаштаи он бо нигоҳи дигар ва ба зиндагии имрӯзи он аз наздик ошно мешуданд. Дар маҷлису маҳфилҳои ғаму шодии онҳо ширкат мекарданд. Урфу одатҳои онҳоро бо суннатҳои исломӣ муқоиса мекарданд, баьд аз он қазоват мекарданд.

Асри 20 таассубангез омад, на таассубситез.

Муаллифи мақола, Зиё Абдулло ба ҳарфи устоди азиз Муҳаммадҷони Шакурӣ, ки «асри бистро маьнавиятситез» хондаанд эьтироз намуда, навиштаанд: «Ман чунин намешуморам, балки садаи бист таассубситез омад, ки дуруст аст...» “На маьнавиятситез”.

Муаллиф дар ин қазияи таьрихӣ низ, чун гузашта, аз рӯи таассуби «хор дар дил» ва тағофули муғризона боз ҳарфи ғалат гуфтаанд. Ва қазовати ноодилона кардаанд. Далоил ва шавоҳиди зиндаи таьрих қазовати устоди азизро таьйид ва тасдиқ мекунад.

Оре, агар садаи бист барои миллати мусулмони мо маьнавиятситез намебуд, тақрибан 20 млн. мусулмон, ки аксари онҳо зиёӣ ва аҳли илму маьрифат буданд, ба ҷурми мусулмон будан ва ё бо алифбои исломӣ ошноӣ доштан, тибқи нақшаи «панҷсолаи бехудоӣ»-и комунистӣ ҷисман нобуд ва ё бадарға карда намешуд, агар асри 20 маьнавиятситез намебуд мардуми мо-ҷудо аз алифбо ва таьрихи ниёгон ва маҳрум аз ганҷинаи маьнавии аҷдодони худ намешуд, ва ё аз хирмани китобҳои оташгирифтаи гузаштагони мо, регистонҳою гармобаҳои Бухорову Самарқанд шабҳои дароз фурӯзону равшан намешуд. Ба вижа мо тоҷикон аз маҳди тамаддуни миллӣ ва маркази фарҳанги хеш Бухорову Самарканд ҷудо намешудем.

Агар асри 20 маьнавиятситез намебуд, ҳазорон мадорису масоҷид ва осорҳои таьрихии миллати мо харобу валангор ва ё тӯьмаи барфу борон намешуд.

Агар асри 20 маьнавиятситез намебуд, имрӯз миллати рус ақибафтодагии худро аз Аврупоиҳою Амрикоиҳо аз шумқадамии болшевикҳо намедонист.

Асри бист барои миллати мусулмон, илова бар ин бадбахтиҳояш, асри таассубангез низ омад, на таассубситез, чуноне ки муаллиф нигоштаанд.Таассубҳои миллӣ, таассубҳои нажодию маҳаллӣ яьне: марази миллатгароию маҳалгароӣ, арабситезию исломситезӣ, ки мутаассифона баьзе зиёиёни мо мисли муаллифи мақола-Зиё Абдулло, гирифтори ин бемориянд, ҳама меваҳои талхи асри бистанд.

Асри 20 идомаи асри истеьморгарони ҷаҳон буд. Бадтарин савғоте, ки истилогарон таҳти шиори яҳудиасоси «Тафриқа андозу ҳукумат кун!» ба ҷаҳони Ислом оварданд, ин марази националистӣ ва ё миллатгароӣ аст. Онҳо барои ба осони мутеь кардани миллати мусулмон, афкори тафриқаандоз ва таассубангези миллатгароиро дар мағзи мардуми мо рехтанд. Онҳоро ба арабу аҷам, турку тоҷик хуҷандию кулоби тақсим намуданд. Ва аз ин роҳ тухми кинаю адоват кишта дар байни онҳо хусумату душмани пайдо намуданд, ки имруз мо таьми талхи онро чашида истодаем. Агар таасубангезии асри 20 намебуд, тоҷикситезию узбекситези байни тоҷику узбек ҳам намебуд. Зеро таьрихи гузаштаи исломии мо ҳаракатҳои миллатгарои, маҳалгарои ва ё ихтилофу ҷангеро, ки рангу буи миллӣ дошта бошад суроғ надорад.

Барои тасдиқи ин ҳарфҳо таьрихи гузаштаи Бухоро ва Самаркдндро, ки дар гузашта маркази мо тоҷикон буд, ёдовар мешавем.

Бо иқрор ва эьтирофи муаррихони дирӯз ва имрӯзи тоҷик баьд аз заволи давлати Сомониён дар Бухоро ва Самарқанд, ҳамвора зимоми ҳукумат ба дасти ҳокимони ғолибан туркзабон қарор дошт.

Аммо нуктае ки инҷо ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ин аст, ки тӯли тақрибан ҳазор сол ҳукумати туркзабонҳо дар Самарканду Бухоро забони расмии давлатӣ дар дарбори шоҳӣ ва забони таьлиму тадрис дар мадориси илмӣ ва ҳатто забони дин дар бисёр масоили динӣ, забони форсӣ-тоҷикӣ буд. То ҷое, ки то имрӯз аксари халқҳои мусулмони узбеку қирғизу қазоқ заруриёти динии худро ба вижа нияти намозу рӯзаро бо забони тоҷикӣ қироат мекунанд.

Имрӯз ҳама медонанд, ки зиёда аз ҳазор сол аст, ки тамоми қавму миллатҳои туркзабони мусулмон, аз туркҳои усмонӣ гирифта, то манғиту қирғиз, ҳама пайравӣ аз мазҳаби Имоми Аьзами иронитабор доранд. На фақат туркзабонҳо, балки ҷамьи азим аз мардуми араб ва дигар миллатҳо низ мутобиат аз мазҳаби Абу Ҳанифа Имоми Аьзам доранд. Таьрихи Ислом ёд надорад, ки касе аз қавму миллатҳои зикршуда гуфта бошад: Чаро мо бояд пайравӣ аз мазҳаби шахсе, ки ҳамхуну ҳамзабони мо нест, дошта бошем?

Агар рӯҳияи миллатгароие, ки аз оғози истилои болшевикҳо то имрӯз дар Узбекистони ҳамсоя ҷароаён дорад, дар тули ҳазор сол ҳукумати туркзабонҳои гузашта сурат мегирифт, шояд имрӯз дар Бухорою Самарқанд ва дигар манотиқи тоҷикнишини тобеьи он, ному нишоне аз миллати тоҷик ва ё фарҳангу забони тоҷикӣ боқӣ намемонд.

Он зоиьа ва талафоти фарҳангие, ки тоҷикони Узбекистон махсусан аз лиҳози забон дар ҳудуди 70-80 соли даврони таассубангези шуравӣ то имрӯз дидаанд, ҳаргиз дар тули таьрихи ҳазорсолаи ҳукумати туркзабонҳои мусулмон надида буданд. Барьакс маҳз дар он рӯзгор буд, ки забони форси-дарӣ ба авҷи рушду камоли худ расид. Беҳтарин забонварони мо аз Мавлавӣ гирифта то Ҷомию Бедил ҳама фарзандони ҳамон асру замонанд.

Пас чи омиле миллати моро, махсусан фарҳангу забони моро дар тули ҳазор соли ҳукумати аҷнабиҳо аз нобуд шудан ҳифз намуд?

Албатта посухи ин суол маьлум аст, ки Ислом. Оре Ислом буд, ки ба пайравони худ таьлим медод:

На афғонему на турку тоторем,

Мусулмонему аз як шохсорем.

Тамизи рангу бу бар мо ҳаром аст,

Ки мо парвандаи як навбаҳорем.

Он замон раьияту шоҳ ҳама худро қабл аз он ки турку тоҷик ва ё арабу аҷам гӯянд, мусулмон мегуфтанд.

Албатта, ҳамзамон бо эҳсосоти динӣ ва мазҳабӣ дар байни мардум эҳсосот ва худшиносии миллӣ низ буд, вале таассуб ва тафохури миллӣ набуд. Яьне ҷанбаҳои мусбати миллат дусти буд, вале ҷанбаҳои манфии он набуд. Ислом ҳеҷ гоҳ миллат дустиро ба таври умум маҳкум накардааст ва намекунад.

Ҳикмати ашё фарангизод нест.

Муаллиф бо нақли муҳоварае ба як нафар мусулмони соддалавҳе таьна ба Қурьону Ислом зада, навиштааст: Гуфтам дар чанд дақиқа ба ин ҷо расиди? Гуфт: дар даҳ дақиқа. Гуфтам: Бо чӣ омади? Гуфт: Бо мошин. Гуфтам: Нарафтӣ аз биёбонҳои араб шутур бихарӣ, баьд савори шутур биёӣ инҷо... Ва ё ҷои дигар таҳқир ба дониш ва эҷодиёти гузаштагони худ карда менависад: «Вақте дониши манзури муаллиф, дониши гузаштагони мо аст китоб-китоб сафсатта менависад, маьнавият асту оҳанро ба парвоз меоварад не?»

Ҳамин тавр “шоири мардумӣ” бо ин таьни худ мехоҳад ба хонандагони рӯзнома бифаҳмонад, ки кохи баланди илму донишро танҳо ғарбиҳои масеҳӣ ва шарқиҳои будоӣ бино намудаанд. Вале мусулмонҳо дар бинои он кохи бузург ҳеҷ нақшу саҳме надоранд. Бе шубҳа ин тарзи тафаккур аввалан далолат бар тангназарӣ ва бехабарии муаллиф аз суханони бузургон мекунад. Ва сониян бесаводии ӯро аз таьрихи таҳаввулоти илму дониш баён менамояд.

Бузургон мегӯянд: се чиз ихтисос ба қавму миллати махсус ва тааллуқ ба марзу буми муайяне надорад. Балки он ҳамаҷоӣ ва ҳамагонӣ аст. Дин, илм ва фалсафа. Илми муьҷиза офарине ки имрӯз башар ба василаи он сайри коиноту кашфи кайҳон мекунад ва ё ба қавли муаллиф «оҳанро ба парвоз меоварад,» танҳо маҳсули фикру заҳмати як қавм ва ё як миллати муайяне набуда ва нест. Балки он самараи саью талоши фикрии умуми башар будааст. Ҳар қавму миллат дар бинои кохи азими илму дониш саҳми худро дорад. Аз он ҷумла мусулмонҳо.

Хонандагони мӯҳтарам! Инак бубинед ғарбиҳо, ки муаллифи мақола, танҳо онҳоро ворисони илму дониши ҷаҳонӣ меҳисобад ва дар назди онҳо сари таьзим фуруд меорад ва дониши мусулмонҳоро “сафсатта” мехонад, нақшу саҳми мусулмонҳоро дар рушду тавсиьаи улуми ҷаҳонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунанд:

Вашингтон Аруминика мегӯяд: «Кохи тамаддуни моро дастҳои бо илму фанни тавонои муслимин бино намудаанд. Миллатҳои урупоӣ ва масеҳӣ ҳар ҷо ки ҳастанд, мадюн ва қарздори муслимин мебошанд».

Садилу менависад: «Мусулмонон дар қуруни вусто дар илму фалсафа ва фунуни мухталифа ягонаи рӯзгор буданд. Ва ҳарҷо ки қадам гузоштанд дониши худро интишор доданд. То ин ки улумашон ба Урупо расид ва боиси наҳзати илмии Урупо ва тараққии он гардид.

Доктор Густо Лубун навиштааст: «То қарни 15 Урупоиҳо қавлеро ки маьхуз (гирифташуда) аз мусаннифини муслимин набуда, мустанад намешумурданд. Тамоми донишкада ва донишгоҳҳои Урупо то 500-600 сол руи тарҷумаи китобҳои донишмандони исломӣ доир буд. Маьхаз ва марҷеьи улуми мардуми Урупо фақат улуми навиштаи муслимин будааст». (Таьрихи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ.Навиштаи Зайнул-Обидин Қурбонӣ).

Дробер-муаррихи машҳури Амрикоӣ менависад: Донишмандони мусулмон дар аксарияти улуми қадиму ҷадид даст доштанд. Онҳо дар улуми механикӣ, муайян кардани вазни моеьот, физика ва химия маҳорати комил доштанд. Дар донишгоҳҳои исломӣ аз ҳама риштаҳои улум, аз физика химия ва ҳайьат (астрономия) гирифта то дарсҳои кишоварзӣ ва ахлоқӣ тадрис мешуд.Устодон ва файласуфони бузург вуҷуд дошт. Ва донишгоҳе дида нашудааст, ки монанди донишгоҳи Исломии Андалус шаш ҳазор донишҷӯ дошта бошад. (Ислом ва симои тамаддуни ғарб навиштаи Муҷтабои Мусавии Лори саҳ. 237.)

Шоир ва файласуфи ҳақиқатсарои Ислом Аллома Иқболи Лоҳури бар хилофи андешарониҳои Зиё Абдулло навиштааст:

Ҳикмати ашё фарангизод нест,

Асли ӯ ҷуз лаззати иҷод нест.

Нек агар бинӣ мусулмонзода аст,

Ин гуҳар аз дасти мо уфтода аст.

Чун араб андар Урупо пар кушод,

Илму ҳикматро бино дигар ниҳод.

Дона он саҳронишинон коштанд,

Ҳосилаш ифрангиён бардоштанд.

Зиё ва зиёиёни тоҷик хуб медонанд, ки мусулмонҳо дар қисмати ҷанубии кишвари Испания давлате доштанд бо исми «Хилофати Исломии Андалус». Дар ин нуқтаи замин тақрибан 600 сол хилофати исломӣ ҳукумрон буд. Муслмонҳои Андалус осори гаронбаҳое дар таьрихи илм аз худ мерос гузоштаанд. Маҳз аз ҳамин минтақа улуми Шарқи Исломӣ монанди борони раҳмат бар хоки хушк ва мурдаи Аврупо борида, онро зинда ва эҳё намуд. Аз ин роҳ кам-кам Авруопоиён бо улуми Шарқӣ-Исломӣ ошно шуданд.

Ба ҳар ҳол дар он рӯзгоре ки Аврупо дар торикиҳои ваҳшатноки асрҳои миёна ба cap мебурд ва ҳатто як дарсади мардуми он саводи хондан ва навиштанро надошт, кишварҳои исломӣ маркази дониш ва таьлиму тарбият будаанд.

Оре замоне, ки китобу китобхона барои мардуми Аврупо арзишу мафҳуме надошт, ва дар ҳама маьбадҳои эшон ба ҷуз чанд китоби динӣ бо шарҳу тафсирҳояш, китоби дигаре ёфт намешуд, кишварҳои исломӣ ба ҳадди кофӣ китобу китобхона доштанд. То ҷое, ки дар китобхонаи «Байтул-Ҳикмат»-и Бағдод 4 млн ва дар китобхонаи салтанатии Қоҳира 1 млн ва дар китобхонаи Троблуси Шом (воқеь дар Лубнони феьлӣ) З млн нусха китоб дар фунуни мухталиф мавҷуд будааст.

Танҳо дар Андалуси Испания солиёна дар ҳудуди 70 то 80 ҳазор ҷилд китоб таҳия мешудааст. (Таьрих тамаддуни Ислом. ҷилд. 3 саҳ. 318)

Шояд муаллифи мақола аз ин ҷониб бипурсад: агар ин ҳарфҳо дуруст бошад, пас чаро саранҷом олами Ислом аз қофилаи рушди улуми ҷаҳонӣ фарсахҳо ақиб афтод.?

Ҷавоб: зеро миллати мусулмон аз сабаби рӯи кор омадани ҳокимони ҷоҳил ва олимони каҷфаҳму тангназар, аз ҳидояти Қурьону Суннат ба дур афтод ва гирифтори хурофот ва инҳирофот дар дин шуд. Оре агар олами масиҳият рӯзе ки Инҷилро раҳо карду тараққӣ ёфт, олами Ислом барьакс то замоне ки пайрави аз Қурьон ва исломи ноби Муҳаммадӣ дошт, дар ҳама риштаҳои илму фарҳанг пешоҳангу пешқадам буд, вале ҳамон рӯзе ки аз роҳи Қурьону ҳидояти Паёмбар мунҳариф гашт, таназзул ва ақибафтодагии у ҳам шуруь шуд.

Бинобар ин, шикаст ва ақибафтодагии ҷаҳони Исломро бояд ба ҳисоби муслимин гузошт, на ба ҳисоби Ислом.

Ислом ба зоти худ надорад айбе

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Алҳамдулиллоҳ интиҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 ба ҳидояти Худованди бузург дубора дар ҷаҳони Ислом, бедори ва эҳёи тафаккури исломӣ пайдо шуд ва имрӯз чуноне ки мебинем, бархе аз кишварҳои исломӣ бо оинномаи Қурьон бо вуҷуди фишорҳои хориҷӣ, то дараҷае дар арсаи рушди улуми ҷаҳонӣ пеш рафтаанд ки ба ҳадди худкафо расидаанд.

Ишқи поки Лайлӣ ва ё комунизми ҷинсӣ

Хонандагони муҳтарам! Инак иқтибоси охиринро аз навиштаи “шоири мардуми” тақдими шумо азизон мекунем:

Ман солҳои пеш дар маҷлисе аз забони модарӣ гуфта будам мағзи хонандаи мо ҳамин ки наврас шуд, дар синфи 8 яьне дар айни ҷӯши кушоиши ҷӯяндагӣ ба чанги ишқи ҳезалатоби «Лайлӣ ва Маҷнун» меафтад...

Ҳамин тавр адиб ва муаллими тоҷик арзишҳои ахлоқии халқи худро, ба вижа шарму ҳаё ва иффату покдоманиро ки достони ишқи «Лайлӣ ва Маҷнун» маҳз ин хислатҳоро ба ҷавонони мо меомузад, ба боди масхара ва танқид гирифта аст. Ва дар ивази он мехоҳад ишқи шаҳвонӣ ва ҳайвонии дунёи ғарбро ба ҷавонони мо ташвиқ кунад. Ҳамон ишқе, ки таҳти таьсири таьлимоти гумроҳкунандаи Фройд- ки тамоми шуун ва рафтори инсониро ба ангезаи ҷинси ва шаҳвонӣ тавҷеҳ менамояд-ҷомеьаи имрӯзи ғарбро дар ботлоқи фасоди ахлоқӣ ва тамоюлоти ҷинсӣ ғарк намудааст.

Имрӯз дар дунёи ғарб умури ҷинсӣ ва шаҳвонӣ аз ахлоқи олии инсонӣ ҷудо шудааст ва ҳаёу иффат, ки як замоне зебоиҳои инсониро зеботар ҷилва медод, ба куллӣ аз дидаҳо нопадид гаштааст. Бебандубори дар шаҳватрони то дараҷае расидааст, ки ҳатто иҷозати ҳамҷинсбозиҳо, яьне никоҳҳои мард бо мард ва ё зан бо зан ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои муҳтарами башарӣ қабул шуда ва ҷузье аз қонуни асосии аксари кишварҳои ғарб гардидааст.

Шояд адиби мардумӣ ба танқиди ишқи «ҳезалатозӣ» Лайлӣ ва ташвиқи комунизми ҷинсӣ, мехоҳад ба он ҳавасе ки худ қутайбаҳои маҳалли -яьне муллоҳоро тӯҳмат зада навиштааст: «мисли клонҳои Қутайба аз ҳаммиллатони мо, ки ҳар сари чанд вақт ҳаваси ҳамсари бо духтари 14 соларо мекунанд, ва дасташон ки расид, мегиранд, вале зери шуурашон ин ҳасрат, ки кош 11 солааш буди» муфту арзон бирасад.

Оре имрӯз ҳаваси ҳамсарии машруь, ва никоҳӣ мувофиқ бо талаботи қонунҳои мавҷуда бо духтари 14 сола ва ё 11 сола, барои касе ки тарси аз Худо ва охират дорад, кори муҳол ва номумкин аст. Вале аз роҳи номашруь ва зино барои касоне, ки мисли муаллиф ҳаводори маданияти ғарб ҳастанд ва боварӣ ба Худову тарсе аз қиёмат надоранд ва ба қавли Достаевский «агар имони ба Худо набошад, ҳама чиз барои инсон мубоҳ аст», кори мубоҳ ва хеле саҳлу осон аст. Эшон метавонанд ин ҳаваси ширини худро аз тариқи дискоклубҳоу тарабхонаҳо ва фоҳишахонаҳо, ки имрӯз ба бахти онҳо хеле зиёд ҳам ҳастанд, бо нархи арзон бароварда гардонанд. Ва ё шояд муаллифи “мӯҳтарам” бо бардоштани ишқи «ҳезалатоби Лайлӣ ва Маҷнун» аз адабиёти тоҷик, гумон мекунад ягона роҳи расидан ба қофилаи рушди улуми ҷаҳонӣ барои ҷавонони мо, ин хориҷ шудан аз меьёрҳои ахлоқии миллӣ ва динии худ буда ва дар муқобил пазируфтани нормаҳои ахлоқии дунёи ғарб аст.

Бо таьбири дигар: шояд гумон мекунад, ки тараққиёти кишварҳои ғарб дар гарави ҳамон фасоди ахлоқиест, ки феьлан дар онҷо ҳукмфармост. Мааласаф имрӯз бисёр ғарбзадаҳои тоҷики мо ин чунин гумонро доранд. Барои дафьи ин гумони ғалат, бо чанд байт аз Аллома Иқболи Лоҳурӣ навиштаи худро хотима медиҳам:

Қуввати мағриб на аз чангу рубоб,

На зи рақси духтарони бе ҳиҷоб.

На зи сеҳри соҳирони лоларуст,

На зи урёнсоқу на аз қатьи муст.

Муҳкамии у на аз лодини аст

На фуруғаш аз хати лотини аст.

Қуввати мағриб аз илму фан аст,

В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Илму фанро ай ҷавони шуху шанг

Мағз мебояд на малбуси фаранг.

Ҳикмат аз қатьу буриди ҷома нест,

Мониьи илму ҳунар аммома нест.

 

(3-10.11.2005)

 

 

  

 

 

 
 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com