WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
 

Уламои исломӣ ва арзишҳои миллӣ

 

 
 

Мавзӯи муносибати уламои исломӣ бо фарҳангу арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз аз аҳаммияти зиёди назарию амалӣ бархурдор аст. Зеро дар асари таблиғоти зиддидинии замони шуравӣ дар зеҳни бахше аз аҳли ҷомеа андешае боқӣ мондааст, ки гӯё уламои исломӣ ё рӯҳониёни мо аз фарҳанги миллӣ ҷудо буда, ҳатто мункири арзишҳои миллӣ мебошанд. Соҳибони чунин додгоҳ уламои исломиро дар сафи зиёиёни миллат эьтироф надошта, ба хидматҳои гузашта ва имрӯзаи ин қишри ҷомеа ҳатто баробари як овозхони

 
 

кӯчагӣ арзишу эҳтиром қоил нестанд, дониш ва таҳсилоти онҳоро ба расмият намешиносанд ва дар маросимҳои миллию ҷамьиятӣ камтар даьват менамоянд , мақом ва нақши онҳоро дар ҷомеа беранг ё камранг нишон медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама беэьтиноӣ нисбати эшон, қишри уламои исломӣ дар ҷомеа ва зиндагии ҳамарӯзаи мардум ҷойгоҳ ва таьсири муҳими худро доранд, аз гаҳвора то гӯр бо мардум ва бо фарҳанги мардум ва дар фарҳанги мардум ҳастанд. Инкор ва ё нодида гирифтани ин воқеият навье тағофул ё худфиребӣ мебошаду бас.

            Барои ин ки муносибати рӯҳониёни тоҷик бо фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба рӯшанӣ маьлум гардад, лозим аст аввал ба мафҳуми фарҳанг ва арзишҳои миллӣ равшанӣ андозем. Баьзе аз андешамандони имрӯзи тоҷик миллӣ будан ва ғайримиллӣ ё бегона будани ин ё он унсури фарҳангиро бо қиёс ва меьёрҳои ғалат арзёбӣ мекунанд. Аз назари эшон, ҳар дастоварде, ки маҳсули як сарзамини муайян ва натиҷаи андеша ва заҳмати фарзандони он сарзамин аст, бояд миллӣ ҳисобида шавад ва эҳсосоти миллӣ ва натсионалистӣ онро фаро гирад. Вале ҳар чизе, ки аз марзу буми дигар омадааст, бояд бегона ва аҷнабӣ ба шумор ояд. Аз ин нуқтаи назар аст, ки эшон таьрих ва фарҳанги исломиро, бо вуҷуде, ки дурахшонтарин ва ғанитарин ҷузьи таьриху фарҳанги миллии мост, то ҳанӯз бегона ва аҷнабӣ мехонанд. Вале ин қиёс дурусту мантиқӣ нест. Зеро миллат аз афроди зиёде ташкил мешавад ва мумкин аст фарде аз афроди миллат чизе эҷод кунад, ки мавриди қабули афроди дигари он миллат қарор нагирад, завқи умум онро қабул накунад ва барояш арҷ ва арзиш қоил нашавад. Монанди кеши монавӣ ва маслаки маздакӣ, бо вуҷуде ки ҳарду аз миёни мардуми Ирон бархостанд, вале натавонистанд пуштибонии миллиро ба даст оваранд.

            Барьакси ин, мумкин аст як дин ва ё низоми иҷтимоӣ, ки ранг ва шиори миллати махсусеро надорад, дар хориҷ аз марзҳои як кишвар аз сӯи афроде аз ғайри мардуми он кишвар таблиғ шавад ва аҳолии кишвари мавриди назар бо оғӯши боз онро бипазирад ва барояш арзиш қоил шавад ва саҳми худро дар рушд ва тавсеаи он гузорад. Бадеҳист, ки дар ин ҷо наметавонем он дин ва системаи пазируфтаро ба хотири ин, ки аз ҷои дигар омадааст бегона ва аҷнабӣ бихонем. Ва ё даьво кунем, ки ҳар касе онро мепазирад, бар хилофи усули миллати худ амал намуда, миллатфурушӣ кардааст ва худро дар фарҳанги миллати дигаре ҳазм намудааст.

            Бале, чуноне ки ишора кардем, дар сурате мазҳаб ва маслаки аз хориҷ расида бегона ва аҷнабӣ хонда мешавад ва пазируфтани он навье миллатфурушӣ ба шумор меояд, ки он рангу бӯи миллати махсусеро дошта бошад. Ва ё аз шиорҳои махсуси як миллати бегона бошад. Мисли натсионализми олмонӣ ва ё оини яҳудӣ, ки аввалӣ махсуси нажоди ориёӣ ва дуввуми хосси касест, ки аз модари яҳудӣ ба дунё омада аст.

            Возеҳ аст, ки дар ин сурат агар миллате шиори миллати дигареро бипазирад ва ранги он миллатро ба худ бигирад, бар хилофи усули миллати худ амал кардааст. Аммо агар он чизи аз хориҷ омада хусусияти миллати хосеро надошта бошад, нисбаташ ба ҳамаи миллатҳо яксон бошад, шиорҳояш умумиинсонӣ бошад, ҳар миллате метавонад онро бипазирад ва дар чунин сурат, он миллатро наметавон маҳкум ба миллатфурушӣ кард ва он чизро аҷнабию бегона хонд.

            Ба ҳамин далел аст, ки ҳақиқату кашфиётҳои илмӣ ба ҳама ҷаҳониён тааллуқ доранд. Ҷадвали Пифагор, қонуни ҷозибаи Ниютон ва ё қонуни нисбияти Энштейн ба қавми муайяне тааллуқ надорад ва аз ин ҷиҳат, пазируфтани он ба усули миллияти ҳеҷ мардуме мухолиф нест, зеро ин ҳақиқатҳо рангу бӯи қавми хосеро надоранд. Боз ба ҳамин далел аст, ки мегӯянд: дин, фалсафа ва илм ва паёмбарон, донишмандон ва файласуфон , монанди хуршед ба ҳамаи ҷаҳониён тааллуқ доранд. Зеро ақоид ва ормонҳои онҳо дар доираи як қавму миллати махсусе маҳдуд нест, балки ҳамагонӣ ва умумибашарӣ аст.

            Аз маҷмӯи матолиби гуфта шуда маьлум мешавад, ки аз назари эҳсосоти миллӣ на ҳар чизи аз ватан бархоста, ҷанба ва арзиши миллӣ пайдо мекунад ва на ҳар чизи аз марзу буми дигар омада, аҷнабию бегона ба шумор меравад. Балки асоси мантиқӣ он аст, ки аввал бидонем, ки он чизи мавриди назар рангу бӯи миллати хосеро дорад ва ё берангу умумибашарӣ ва ҷаҳонӣ аст? Сониян, оё миллати мавриди назар он чизро пазируфта, барояш арзиш қоил шуда ва дар роҳи рушди он хидмат кардааст ё на? Агар ҳарду шарти мазкур дар нисбати он чиз ҷамь шавад, пас он худӣ ва ғайри бегона ба шумор меравад. Ва агар ҷамь нашуд ва ё як шарте мавҷуд шуду дигаре не, пас он чиз бегона ва аҷнабӣ хонда мешавад. Ин аст меьёри саҳеҳ ва мантиқӣ барои муайян кардани арзишҳои миллӣ.

            Вақте мо ба оини ислом ва таьрихи исломпазирии миллати худ аз ин зовияи илмӣ назар бикунем, мебинем ки он дорои ҳарду шарти зикршуда аст. Аввалан, дини мубини ислом аз оғози зуҳури хеш ба миллат ва қавми махсусе ихтисос надоштааст, балки он ба ҳамаи миллатҳо ва қавмҳои мухталифи ҷаҳон ба як чашм нигоҳ мекунад ва паёмҳои ҷаҳонӣ ва умумибашарӣ ба сурати «айюҳан-нос» ва «айюҳал-лазина оману», яьне «эй мардум» ва «эй аҳли имон» дорад. Дар ҳеҷ ояти Қурьон аз Худованд хитобе ба сурати «айюҳал-араб» ва ё «айюҳал-қурайш» наомадааст.

            Паёмбари гироми ислом, алайҳиссалом, миллатгароӣ ва маҳалгароиро ба шиддат маҳкум намуда, мефармоянд: «Ҳар кӣ мардумро ба миллатгароӣ ва ё ба маҳалгароӣ даьват мекунад ва ё дар ин роҳ меҷангад ва мемирад, аз пайравони дини мо нест» (ривояти Абудовуд) Қурьони карим доираи рисолати Паёмбари исломро чунин баён мекунад: «Ай мардум, бидонед, ман фиристодаи Худои азза ва ҷалл барои ҳидояти ҳамаи шумо ҳастам.» (сураи 7, ояти 157.)

            Сониян, миллати мо аз замоне, ки исломро пазируфта аст, барояш арзиши бузург қоил шуда, ҳама нерӯҳои зеҳнӣ ва модди худро дар хидмати густариши Ислом ва арзищҳои исломӣ гузоштааст ва беш аз ҳар миллати дигаре дар ин роҳ самимияту ихлос нишон дода аст. Дар ин ҷиҳат ҳатто арабҳо дар пои миллати мо намерасанд. Миллати мо қариб ҳама шоҳкориҳои таьрихии худро дар роҳи хидмат ба фарҳанги исломӣ, ки онро ҷузьи аьзами фарҳанги худ меҳисобад, ба вуҷуд овардааст. Албатта, маьлум аст, ки шоҳкориҳои олиро танҳо бо нерӯи ишқу имон метавон эҷод кард ва ин худ далели ишқу алоқа доштан ва арзиши бузург қоил шудани миллати мо ба ислом ва фарҳанги исломӣ аст. Зеро як миллатро метавон бо зар ва ё зӯри шамшер мутеь кард , аммо наметавон дар он ишқу имонро ба вуҷуд овард, чунки қаламрави зару зӯр маҳдуд аст.

            Хулоса, ҳуввият ва арзишҳои миллии мо иборат аз омезиши амиқи фарҳангу арзишҳои исломӣ бо фарҳанг ва арзишҳои тоисломии мардуми ин сарзамин аст. Ҷудо кардани онҳо аз ҳамдигар ба маьнои дупора кардани пайкари миллат ва ё мисли ҷудо кардани гази оксиген ва ё гидроген аз таркиби об аст. Маьлум аст, ки натиҷаи ин аз байн рафтани об ва ҳосили он маҳву нобуд шудани миллат ва фарҳанги милли хоҳад буд. Ин ҷо ҷумлае аз як мусоҳибаи Зиё Абдулло бо ҳафтаномаи «Миллат» ба ёд меояд, ки эшон мардуми худро сарзаниш намуда, гуфтаанд: «дар дунё миллатеро чун миллати тоҷик надидам, ки дини худро болотар аз миллати худ бидонад.» маьлум аст, ки мӯҳтавои сухани шоир ҷӯдои қоил шудани байни дину миллат аст, дар ҳоле ки дин ҷузье аз ҳуввият ва фарҳангу арзишҳои миллат аст. Бемантиқии ин сухан назири он аст, ки шахсе бигӯяд: Ман ҳеҷ тоҷикеро надидам, монанди мардуми Хуҷанду Кӯлоб, ки фарҳанги маҳаллии худро болотар аз миллати худ бидонанд. Дар ҳоле, ки фарҳанги маҳаллии ишон низ ҷузье аз фарҳанги миллати тоҷик аст. Ба ҳамин монанд суоле бемантиқ дар байни бархе аз миллатгароёни тафриқаангез машҳӯр аст, ки мепурсанд: Шумо аввал тоҷикед ва ё мусулмон? Ҳатто бо ҳамин мазмун мақолае бо номи «Нахуст миллат, баьд дин» бо қалами А.Аҳроров дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 29.11.2006 ба чоп расида буд…

            Матраҳ шудани чунин суол аз ҷониби баьзе аз аҳли зиё ҷои тааҷҷубу ҳайрат дорад, зеро ин сухан ҳам аз назари таьрих ва ҳам аз назари мантиқ ғалат аст. Аз назари таьрих ва вожашиносӣ, калимаи «тоҷик» ба маьнои имрӯзаи худ пас аз вуруди ислом ба минтақаи мо маьмул шудааст. Яьне тоҷикон қабл аз он ки бо исми тоҷик дар таьрих шинохта шавад, мусулмон будаанд. Нодурустии ин суол аз назари мантиқ мисли он аст, ки мо тоҷикеро бипурсем: Шумо аввал хуҷандиед ё тоҷик?

            Решаи чунин саволгузориҳо дар он аст, ки баьзе аз ҳамватанони мо мутаассифона, барои тоҷик будан фақат ҷисми физиологиро меьёр қарор додаанд. Аз ин ҷиҳат, ҳар касеро, ки гушту пӯсту хуни тоҷикӣ дорад, тоҷик мехонанд. Дар ҳоле, ки ин меьёрҳо мисли меьёрҳои гузашта, ҳам аз назари ақл ва ҳам аз назари илм ғалат аст. Исботи нодурустии он мавҷуд будани тоҷикҳои манқуртшуда аст. Магар тоҷикеро, ки забон, таьрих, оин ва фарҳанги миллати худро намедонад  ва бо он зиндагӣ надорад, ғурур ва ифтихори миллӣ ҳам надорад, танҳо ба хотире, ки хуни тоҷикӣ дорад, мешавад ба маьнои томаш тоҷик гуфт? Албатта, не. Зеро барои тоҷики ҳақиқӣ будан танҳо сурат ва ҷисми тоҷикӣ кифоят намекунад, балки ҳамзамон доштани сирату фарҳанги тоҷикӣ низ зарур аст.

            Бо рӯшан шудани маьно ва меьёри миллӣ будан ва ё набудани ин ё он падида, ҳоло мебинем, ки муносибати рӯҳонияти тоҷик ба арзишҳои миллиӣ дар тӯли таьрих ва имрӯз чигуна будааст. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзи мо аҳли маьрифат ва дониш ба ду даста-рӯҳонияти динӣ ва зиёиёни дунявӣ-тақсимбанди шудаанд. Албатта ин тақсимоти тафриқаандоз савғоти шуми истилогарони аҷнабист, вагарна то расидани қадами номубораки онҳо таьрихи миллати мо чунин табақабандии аҳли ҷомеаро ёд надорад. Зеро аз назари луғат ҳарду вожа ҳам аз решаи аврупоии русӣ, яьне аз «духовный» ва «светский» омадааст.

            Маьлум аст, ки чунин тақсимбандии аҳли маьрифат баёнгари навье ҳолати маризии он ҷомеа мебошад. Мо набояд ба рӯҳоният ва муносибати онҳо бо арзишҳои миллӣ аз дидгоҳи ҳамин тақсимбандии ғалат назар бикунем, зеро ин табақабандӣ фақат ба чанд даҳсолаҳои ахири таьрихи фарҳанги мо тааллуқ дорад. Агар мо ба таьрихи фарҳанги худ аз зовияи ин тақсимот нигарем, он гоҳ дар тӯли ин таьрих аз «зиёиёни дунявӣ» ному нишоне намебинем. Зеро ҳама офарандагони фарҳанги миллии мо рӯҳонӣ ва дорои маьлумоти динӣ будаанд. Чӣ устод Рӯдакӣ, ки ҳанӯз дар ҳаштсолагӣ ҳофизи Қурьон буд, чӣ шайхурраис Ибни Сино, ки муаллифи илоҳиёти Шифо ва аз муфассирони Қурьон аст, чӣ Мавлонои Рум, ки пешвои аҳли тариқат будаанд ва чи шайх Саьдӣ, ки шахсияти эшон аз унвонашон пайдост, чӣ Хоҷа Ҳофиз, ки тахаллуси шоириаш аз ҳифзи Қурьон хабар медиҳад. Ва худи онҳо низ худро дар осорашон ҳамин тавр муаррафӣ намудаанд ва аз ин ифтихор доштаанд:

            Куфри чу мане газофу осон набувад,

            Маҳкамтар аз имони ман имон набувад. (Сино)

           

Мапиндор Саьдӣ, ки роҳи сафо,

            Тавон рафт ҷуз бар пайи Мустафо. (Саьдӣ)

 

            Надидам хуштар аз шеьри Ҳофиз,

            Ба Қурьоне, ки андар сина дорӣ. (Ҳофиз)

            Ва… то Аҳмади Донишу Садри Зиё ва домулло Айнӣ, ки ҳама дорои таҳсилоти динӣ ва мадрасаӣ буданд ва агар ба истилоҳи имрӯз бигӯем, ҳамагӣ аз уламои динӣ буданд. Дар мавриди ҳеҷ кадоме аз эшон намешавад истилоҳи «зиёии дунявӣ»-ро бо он маьное, ки имрӯз дар ҷомеаи мо маьруф аст, истифода кард.

            Пас, чунин тақсимбандии аҳли илму маьрифат ба динию дунявӣ, илова бар он ки тақсиме береша аст, пеш аз ҳама бар зарари касонест, ки ба ин навьи табақабанди бовар карда, худро «зиёии дунявӣ» медонанд. Зеро эшон ба ин тариқ худро аз сафи ҳазорсолаи офарандагон ва бунёдгузорони фарҳанги миллӣ берун мекунанд.

            Ҳамин тавр, агар мо фикри ғалати ба динию дунявӣ тақсим намудани аҳли маьрифатро як сӯ гузошта, мафҳуми фарҳангу арзишҳои миллиро низ дуруст фаҳмем, мебинем, ки қишри уламои исломӣ бо фарҳанги миллӣ ҳеҷ гуна фосила, мушкил ва мухолифате надоранд. Балки қотеона метавон гуфт, ки онҳо тавлидгарон, соҳибон, дорандагон ва муҳофизони фарҳангу арзишҳои миллии мо дар ҳар асру замон будаанд. Қишре, ки фарҳанги миллии моро офаридаанд, такмил карданд, ба баландтарин пояҳо расониданд ва то имрӯз муҳофизат кардаанд.

            Таьрихи ҳафтодсолаи даврони шӯравӣ худ нишон дод, ки нақши ин қишри миллат дар ҳимоят намудан ва нигоҳ доштани фарҳангу арзишҳои миллӣ то чӣ андоза бузург будааст. Аз сари инсоф бояд эьтироф намуд, ки уламои исломӣ дар даврони шуравӣ бовафотарин қишри ҷомеа ба фарҳангу арзишҳои миллӣ боқӣ монданд. Онҳо буданд, ки барои дифоь аз истиқлолият ва озодии ватан ва муҳофизат аз дину фарҳанги миллӣ алайҳи истилогарони аҷнабӣ қиём намуданд. Онҳо буданд, ки дар фарҳанги бегона ҳазм нашуда, то имрӯз ҳама шохаҳои фарҳанги моро, чӣ фарҳанги муоширату либоси миллӣ ва чӣ фарҳанги мазҳабӣ, алифбои ниёгон ва забони модариро ҳифз намудаанд. Шояд касе ёд надорад, ки нафаре аз рӯҳониён ва фарзандони эшон дар замони шуравӣ забони модарӣ ва миллии худро гум карда бошад, дар ҳоле, ки бисёре аз зиёиёни тоҷик русзада шуда, аҳли оилаи онҳо, хусусан занону духтарони эшон аз забон ва либоси миллӣ ҷудо ва манқурт гашта буданд. Фарҳанг ва забони муоширати онҳо дар оила ва ҷои кор русӣ гашта буд ва ҳатто забони илмро низ русӣ карда буданд. Ва баьзе аз онҳо то имрӯз асарҳои илмии худро бо забони русӣ таьлиф меукунанд ва қудрати бо забони модарӣ баён кардани онро надоранд. Дар натиҷаи чунин муносибати  “зиёиёни миллӣ” ба забони миллӣ, саранҷом, забони форсӣ, забони Мавлавию Саьдию Ҳофиз барои тоҷики ориёӣ қариб бегона гашт…

            Агар рӯҳонияти исломӣ дар тӯли таьрихи гузашта ба забони модарӣ чун баьзе зиёиёни замони шуравӣ муносибат мекарданд, шояд то имрӯз ному нишоне аз забони тоҷикӣ боқӣ намемонд. Аммо таьрих шоҳид аст, ки аввалан, ба самоҳати ислом, сониян бо саью талоши рӯҳониён, забони мо аз фано ва нобудӣ маҳфуз монд. Барьакс, бо истифода аз забони Қурьон рушду тавсеа пайдо карда, соҳиби захираи бисёр ғанӣ гашт. Рӯҳонияти исломӣ на танҳо асарҳои илмӣ ва бадеии худро ба забони форсӣ таьлиф намудаанд, балки осори зиёди илмию диниро аз забони арабӣ ва ғайри арабӣ ба забони модарӣ бозгардонданд, то ҷое ки Ҳазрати Имоми Аъзам (р) барои касоне, ки забони арабӣ намедонанд, хондани ният ва дуоҳои намоз, ҳатто қироати намозро бо забони форсӣ фатво доданд. Ҳамин тавр, фақат ба ҳиммат ва хидмати рӯҳоният буд, ки забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ҳатто дар даврони ҳазорсолаи ҳукумати туркзабонҳо боқӣ монд.

            Хулоса, уламои исломӣ унсури муҳимми таркибии фарҳанг ва ҷомеаи мо буда, дар офаридан, рушд ва ҳифзи фрҳанги миллии тоҷикон нақши халқкунанда доштаанд. Имрӯз низ ин қишр дар офариниш ва ҳифзу посдории фарҳанги миллии тоҷикон саҳми бузург дорад ва хоса дар шароите, ки фарҳанги миллӣ бо ҳимояти ошкорои бахше аз «зиёиёни миллӣ» мавриди таҳоҷуми селосои фасоду арзишҳои бегона қарор гирифтааст, нақши рӯҳониён боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, имрӯз истифодаи созанда аз зарфият, имконот ва нуфузи ин қишр дар ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ як зарурати миллӣ мебошад. Ҳам ақли солим ва ҳам манфиатҳои миллӣ далолат мекунад, ки ҳамчун қисми чудоинопазири қишри зиёӣ ва ҳамчун бахши комилҳуқуқи ҷомеа эьтироф намудани рӯҳониён ё уламои исломӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои дастёбӣ ба ваҳдати устувору воқеии миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.

                                            Ҳоҷӣ Маҳмудҷони Тураҷонзода 

  (15.12.2007)

 

 
 

 
     
     

 

 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com