WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
 

Тоҷикон табармусулмон нестанд…

Ҳоҷӣ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода мусоҳиб Фахриддини Холбек

(6.11.2003)

 

 
 

Мақолаи «дардҳои дину ойин»-и А. Бобоев дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва саньат» алакай ду ҳафта аст, ки мавриди баҳсу гуфтугӯҳои зиёд гардидааст. Инчунин, пӯшида нест, ки аксарият аз ин кор ҳатто ба хашм омада, эътироз мекунанд ва ҳақ надоштани муаллифро ба ин гуфтаҳо таькид месозанд. Оё муаллиф ба ақидаи шахсӣ ҳақ надорад ва агар дорад, ба чӣ?

 
 

         Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Албатта ҳар як муаллиф ба доштани ақидаи шахсӣ ҳақ дорад, аз ҷумла Бобоев ҳам. Аммо ҳеҷ кас ҳақ надорад муқаддасот ва арзишҳоро таҳқир кунад. Қурьон китобест, ки дар тули 1400 сол мавриди эьтиқоду эҳтироми зиёда аз 1 миллиарду 300 милён инсонҳост ва тамаддуни бузурги башариро поягузорӣ намудааст. Муқоисаи он ба китоби яке аз манфуртарин чеҳраҳои таьрих Гитлер дар ҳақиқат таҳқири ҳамаи мусулмонҳост ва аз ин ру, Бобоев ҳақ надошт ин корро кунад. Сабаби асосии эьтирози уламо ва мардуми мусулмон ба ин мақола пеш аз ҳама дар ҳамин аст.

Аз тарафи дигар, ҳар фарди соҳибандеша метавонад дар мавриди мазмуни оятҳои Қурьон андеша кунад ва ба нуктаҳои нофаҳмидаи худ ҷавоб ҷӯяд. Ин на танҳо ҳақ, балки вазифаи ҳар мусулмони огоҳ аст. Дар шарҳи оятҳои Қурьон садҳо тафсиру китобҳои улуми Қурьон навишта шудаанд, ки пеш аз ҳама бояд ба ин манбаьҳо муроҷиат намуд. Вале агар фард ба сабаби надонистани забони арабӣ ё алифбои форсӣ қудрати мутолиьа ва фаҳми тафсирҳо ва китобҳои доир ба улуми Қурьонро надошта бошад, бояд ба уламои воқеьии Ислом муроҷиат кунад ва нуктаҳои барои худаш норушанро фаҳмида гирад. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ фарде, ки худаш қудрати мустақилона мутолиьаи тафсиру кутуби улуми қурьониро аз манбаьҳои аслиаш надошта бошад, наметавонад ҳамчун қурьоншинос ва пажуҳишгари Қурьон, фақат бо хондани тарҷумаи таҳтуллафзӣ, дар бораи Қурьон қазоват кунад.

Аммо тавре аз ин мақола бармеояд, Бобоев умуман саводи қазоие надорад, ки сари масьалаҳои зикркардааш довари намояд. Зеро хандаовар аст, вақте он кас намефаҳмад, ки Ҳофиз барои чӣ биҳиштро ба ними ҷав намегираду Румӣ чаро даьват ба оташ задани каьба мекунад, ҳоло он ки ин рамзҳо пеши тамоми аҳли назар маьлум аст ва дар ин бора низ метавонад ба шарҳҳои осори онҳо муроҷиат намояд. Ба таври мисол, тафсири Сурӣ бар Ҳофиз, тафсири «Ҳофизи хароботӣ», ё беҳтар аз ҳама «Тамошогаҳи роз ё ирфони Ҳофиз»-и Мутаҳҳарӣ. Аз ин лиҳоз дар ин мавзуь баҳс кардани у намеарзад. Ӯ бинобар бесалоҳиятии илмиаш, ки аз мақола рушан аст, ҳаққи ба ин масьалаҳо дахл карданро надорад. Китоберо наомухта рӯи он қазоват кардан ҷоҳилист.

Шак кардан хуб аст, зеро инсон аз шак ба яқин мерасад. Аммо шак бояд ба сурати суол қарор гирад, на ҳукму қазоват, яьне на тавре ки Бобоев мекунад. Ӯ масьалаи зарурати дарку фаҳми Қурьонро намегузорад, балки ба асли Қурьон эрод мегирад. Вале таҳқир ё инкори Қурьон аз назари Ислом куфри сареҳ аст.

Аммо шумо ва як қатор муаллифони дигар дар ҷавоб ба ӯ мақолаҳо навиштед. Тавре мебинем, чизе ҳаст, ки арзиши баҳсро дошта бошад?

Тавре ки гуфтем, мо асосан ба иқдоми таҳқиромезонаи ин муаллиф эьтироз доштем, вагарна аксари фикрҳои овардаи ӯ дар ҳақиқат арзиши баҳсро надорад.

Масьала дар он аст, ки мутаассифона, чунин мавзеьгирии хасмона дар муқобили Ислом вақтҳои охир ҳодисаи ягона нест ва ба як раванд табдил ёфтааст. Агар таваҷҷӯҳ намуда бошед, солҳои охир иддае аз «зиёиёни миллат» бо навиштани як силсила мақолаву «корҳои илмӣ» мехоҳанд манзалат ва эьтибори дини Исломро дар кишвари тоҷикон коҳиш диҳанд. Албатта бо ёрии моддии доираҳои ғарбии зиддиисломӣ. Зоҳиран, чун онҳо диданд, ки касе ба навиштаҳо ва суханҳояшон эьтирозе намеукунад, худро дар майдон танҳо дида, гумон карданд, ки дар ин кишвар мусулмони баномусе намондааст ва ҷурьаташон ба ҳадде расид, ки муқаддастарин ҳуҷҷати Ислом-Қурьони шарифро таҳқир намоянд. Табиист, ки на ҳар фарди мусулмон ин таҳқирро пазируфта метавонад.

Баьди воқеаҳои сентябрии 2001, ки маьракаи сиёҳкунии Ислому мусулмонҳо дар тамоми дунё бо пуштибонии доираҳои мутаассиби зидди исломии ғарбӣ авҷ гирифт, Президенти муҳтарами кишварамон ҳамчун як фарди мусулмон дар ин солҳо аз минбарҳои гуногун туҳмати вобаста намудани Ислом ба терроризму экстремизро рад менамоянд. Хуб мешуд, ки инҳо ақаллан ба матни пурмазмуни табрикии Президенти мӯҳтарами мамлакат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазони имсол таваҷҷуҳ менамуданд.

Албатта, банда ҳеҷ тарсе аз он надорам, ки Бобоев ва амсоли у ба эьтибор ва иззати ин дини Илоҳӣ зараре расонад, зеро ҳифзи Исломро Худованди қодиру тавоно худ кафолат додааст. Исломро туфонҳои зиёде чун истилои муғул, юришҳои салибӣ, мустамликадории Аврупо, кушторҳои болшевикҳо натавонистанд аз байн бибаранд. «Бобоевҳо» худ низ медонанд, ки дар муқобили Ислом коре аз дасташон намеояд, вале шояд барои «ҳалол кардани» пулҳои аз доираҳои ғарбии зиддиисломӣ мегирифтаашон «вазифадоранд» чизе бинависанд. Худо инсофашон диҳад ва ҳидояташон намояд.

Аз он тарс дорам, ки матраҳ кардани чунин андешаҳои зиддиисломӣ боиси эҷод шудани тафриқа дар ҷомеьа ва чанддастагии миллат мегардад. Аз ин фитна пеш аз ҳама худи миллати мо зapap мебинад. Аз ин рӯ, ҷавоби мо аслан на ба ҷузьиёти андешаҳои Бобоев, балки ба он ҳама «Бобоевҳо»-ст, ки кушишҳои беҳуда мекунанд, вале бо ин корашон фақат миёни мардуми кишвар ҷудоӣ меандозанд.

Як идда даьво доранд, ки дини Ислом дини як миллат-миллати араб аст. Ва бо ин асос ақидаеро пеш овардаанд, ки мо бояд ба дини аҷдодӣ дини зардуштӣ ру оварем. То ба кадом андоза ин нукта воқеьбинона аст?

Мутаассифона баьзе ашхос барои миллӣ ва аҷнабӣ хондани дастовардҳои башарӣ меьёр ва миқёсҳои ғалате доранд. Онҳо фақат он дастовардҳоеро, ки маҳсули эҷоди фикри мардуми сарзаминашон аст, миллӣ ва худӣ меҳисобанд. Аммо ҳар чизеро, ки дар марзу буми дигар эҷод шудааст, барои худ бегона ва аҷнабӣ меҳисобанд, ки ин тангназарист. Зеро мумкин аст намояндаи миллате чизеро дар сарзамини худ эҷод кунад, вале дар ватанаш мавриди қабул қарор нагирад ва ё завқи умум онро напазирад. Мисли мазҳаби Монавӣ ва маслаки Маздакӣ, ки дар гузашта аз миёни эрониёни ориёнажод бархоста буд, вале натавонист пуштибонии миллати худро ба даст оварад. Аз ин сабаб, имрӯз пайравони ин оинҳо боқӣ намондаанд. Пас ин ду равия наметавонанд ҳамчун оини миллӣ ба шумор оянд.

Барьакс, мумкин аст як мазҳаб ва ё як низоми иҷтимоӣ дар берун аз марзҳои кишваре аз ҷониби афроде аз ғайри он миллат матраҳ шавад, вале он аз тарафи мардуми кишварҳои дигар низ ҳамчун арзиши умумӣ пазируфта шавад. Табиист, ки дар чунин маврид, он мазҳаб ё низоми иҷтимоиро фақат ба хотири он, ки дар сарзамини дигар оғоз ёфтааст, бегонаву аҷнабӣ ҳисобидан аз рӯи мантиқ ва за ақли солим нест.

Аз ин ҷиҳат бузургон мегӯянд, ки се чиз ба миллат ё сарзамине тааллуқ надорад ҳамаҷоӣ ва ҳамагонӣ аст: дин, илм ва фалсафа. Оё метавон гуфт, ки он чи Эйништейн, Нютон, Менделеев ва дигарон кашф кардаанд, фақат моли миллатҳои онҳост? Албатта, не. Кашфиёти онҳо барои он дастовард ҳисоб мешаванд, ки ҷаҳон онро эьтироф кардааст, на як миллат. Ё фалсафаи Арастуву Афлотун, Форобию Волтеру Нитше, ё тибби Бӯалиро низ ҳамин тавр метавон гуфт? Он чӣ онҳо эҷод кардаанд, барои тамоми дунёст.

Динҳо низ чунинанд. Уламо барои муайян намудани махсуси як миллат ва ё барьакс, ҷаҳонӣ будан ё набудани ҳар дин ду шарт зикр мекунанд: Оё он дин моҳиятан беранг ва ҷаҳонист, ё дороӣ бӯю ранги миллати хосе мебошад? Оё миллатҳои дигар онро огоҳона пазируфтаанд ё фақат ба тариқи иҷборӣ паҳн гаштааст?

Агар дине дорои ин ҳар ду шарт бошад, яьне он бе ранги миллӣ, балки умумибашарӣ бошад ва миллатҳои дигар онро ба хӯши пазируфта бошанд, пас он дин мутааллиқ ба як миллат ба шумор намеравад. Ва агар ин ду шарт ҷамь нашуд ё яке мавҷуд бошаду дигаре не, он дин хоси як миллат буда, барои дигар миллатҳо бегона шуморида мешавад. Масалан, миллатгароии фашистӣ ва дини яҳудӣ тобишҳои миллии махсусеро доранд, ки асосан барои исботи бартарии миллатҳои худ бар мардумони дигар талош мекунанд. (Дар фалсафаи фашизм инсони бартар инсони ориёинажод аст ва дар дини яҳудӣ пайрави дини яҳудӣ фақат шахсе ҳисоб меёбад, ки аз модари яҳудӣ таваллуд шуда бошад.)

Вақте аз ин нигоҳ ба дини Ислом назар меандозем, мебинем, ки он фарогири ҳар ду шарт ст. Аввал, ин ки Ислом аслан ба як миллат, хусусан мардуми араб маҳдуд намешавад, балки паёми он ҷаҳонӣ ва умумибашарӣ мебошад. Худованд дар Қурьон ба инсонҳо ҳаргиз бо нидои «Эй арабҳо» ва ё «Эй Қурайшиҳо» хитоб накардааст, балки он бо хитоби «Эй инсонҳо» (Ё айюҳан-нос) ва «Эй аҳли имон» (Ё айюҳал-лазина оману) даьвати худро ба тамоми башарият мерасонад. Дар ин китоб нақши Пайғамбари Ислом чунин баён шудааст: «Эй инсонҳо, бидонед ман фиристодаи Худо барои ҳидояти ҳамаи шумо ҳастам» (Қурьон, 7:157).

Дар айни замон Ислом миллатгароиро, на миллатдӯстиро, шадидан маҳкум мекунад. Дар ҳадисе ба ривояти Абу Довуд омадааст, ки Паёмбари Акрам (с) миллатгароӣ ва ё маҳалгароиро шадидан маҳкум ва таҳдид ба ҷазои охират намуда, фармудаанд:

«Ҳар ки мардумро ба миллатгароӣ ва ё маҳалгароӣ даьват бикунад ва ё дар ин роҳ биҷангад ва кушта шавад аз пайравони мо нест».

Абу Довуд ҳамчунин ривоят мекунад, ки дар ҷанги Уҳуд ҷавони ирониасле дар миёни мусулмонҳо буд. Ин ҷавонмусулмони Иронӣ пас аз он, ки ба яке аз сарбозони душман зарбаи сахте ворид кард, бо ғурур гуфт: «Хузҳо ва анал-ғуломул-форсӣ!», яьне «зарбаро аз ман бигир, ки манам як ҷавони Иронӣ!». Паёмбари Акрам (с) ҳамон лаҳза эҳсос карданд, ки ин сухан таасуби миллии дигаронро низ бармеангезад, аз ин ру фавран ба он ҷавон фармуданд, ки чаро нагуфтӣ «манам як ҷавони ансорӣ?». Яъне, чаро бо оину эьтиқодат ифтихор накарда, масьалаи ғурури қавмиву нажодиро ба миён кашидӣ?

Нуктаи дигаре, ки хоси арабҳо набудан ва моҳияти умумибашарӣ доштани Исломро исбот мекунад, он аст, ки дар бахше аз ояҳои Қурьон дар мавриди Исломро пазируфтан ё напазируфтани мардуми араб беэьтиноӣ шудааст. Дар ин маврид аз ҷумла омадааст, ки Ислом ниёзе ба шумо, ай арабҳо, надорад, фаразан, шумо Исломро напазиред, қавмҳои дигаре ҳастанд, ки онҳо Исломро аз дилу ҷон хоҳанд пазируфт (сураи 6, ояти 89; сураи 4, ояти 132; сураи 47, ояти 38).

Имом Муслим ривоят мекунад, ки чун ёронашон аз Паёмбар (с) дар бораи ин қавмҳо суол карданд, он Ҳазрат даст ба шонаи Салмони форсӣ ниҳода; фармуданд: «Он қавми мавриди назари Қурьон қавми Салмон аст». Сипас изофа намуданд: «Агар имон ва дини Ислом бар ситораи парвин баста бошад, албатта мардони форс онро ба даст хоҳанд гирифт». Ин ҳадиси саҳеҳ ҳам пешгӯии муьҷизаосо ва ҳам муждае буд аз Ислом пазирии мардуми форс қабл аз омадани Ислом ба сарзамини эшон.

Акнун роҷеь ба шарти дуввум баҳс бикунем. Оё мо мардуми Иронзамин Исломро огоҳона пазируфтаем? Ва ё арабҳо онро ба зӯри шамшер ба миллати мо таҳмил намуданд?

Биёед, ба масьалаи густариши Ислом аввалан аз дидгоҳи Қурьону ҳадис ва ҳукмҳои фиқҳӣ назар биандозем. Қурьони Карим дар сураи 2, ояти 256 мефармояд:

«Кори дин ба таҳмилу иҷбор нест. Зеро бо иршод ва таьлимоти Қурьон роҳи ҳидоят аз залолат (гумроҳӣ) ба ҳама равшан гаштааст...»

Дар ояти 17, сураи «Тавба» Қурьон пайравони ойини Зардуштро, дар радифи аҳли китоб, яьне пайравони Таврот ва Инҷил ва дар муқобили мушрикони араб зикр намудааст, ки он баёнгари аз назари Ислом мисли аҳли китоб будани зардуштиён аст.

Дар ҳадиси саҳиҳе, ки Имом Молик ва Шофиьӣ ривоят кардаанд, Паёмбари Акрам (с) роҷеь ба муносибати мусулмонҳо ба зардуштиён фармуданд: «Бо маҷусиҳо монанди аҳли китоб муомила ва рафтор кунед!».

Бо такя ба ояти сураи Тавба ва ҳадиси зикршуда тамоми мазҳабҳои фиқҳии Исломӣ бо ҳам иттифоқи назар доранд, ки зардуштиён чун пайравони Таврот ва Инҷил дар пайравӣ намудан аз дину оини худ соҳибихтёр буда ва дар анҷоми маросимҳои динии худ озодии мутлақро молик мебошанд. Ҳаққи таьлим ва омузишу ташвиқи дини худро дар ҷомеаи Исломӣ доранд. Дар таьрих ривоятҳои зиёде омадааст, ки ҳикоят аз баҳсу мунозираи донишмандони Исломӣ аз як

тараф, ва олимони масеҳӣ, маҷусӣ ва ҳатто даҳриҳо (материалистон) аз тарафи дигар, мекунанд. Гоҳо ин мубоҳисаҳои илмӣ дар ҳузури халифаҳои вақт сурат мегирифтанд.

Хулосаи калом, дар исломпазирии гузаштагони мо шамшер нақши аслиро надоштааст, чуноне ки Бобоевҳо менависанд. Зеро ҳар чизе бо зӯрӣ болои мардум таҳмил мешавад, пойдор намемонад. Барои тақвияти фикрамон ба чанд далели ақлониву таьрихӣ муроҷиат менамоем:

Сукунати милиёнҳо мардуми масеҳӣ, яҳудӣ ва зардуштӣ дар бисёр кишварҳои Исломӣ. Ба сурати мисол, имрӯз дар Миср 4 милион, дар Сурия 2 милион, дар Лубнон 40% масеҳиён зиндагӣ мекунанд. Зардуштиҳо бошанд то имрӯз дар Ирону Покистон аз дину оини худ озодона пайравӣ мекунанд. Агар қабули Ислом бар ин миллатҳо ҳатмӣ ва маҷбурӣ мебуд, дар тули 1300 сол бояд ному нишоне аз пайравони ин адён дар кишварҳои Исломӣ боқи намемонд.

Ҳамчунин, ба сипоҳиёни мусулмон нисбат додани сӯхтани Авесто ва марказҳои динии зардуштиён низ туҳмати маҳз буда, мухолифи аҳкоми Ислом аст. Зеро мусулмонон тибқи фармудаи Расули Акрам (с) ба Авесто ва оташкадаҳои Зардуштиён чун ба Тавроту Инҷил ва ибодатхонаҳои яҳудиёну масеҳиён муносибат мекарданд. Агар мусулмонон китобу китобхонаҳои Ирониёнро месӯхтанд, бояд Тавроту Инҷил ва марказҳои динии яҳудиёну масеҳиёнро низ месӯхтанд. Вале мебинем, ки дар таьрих чунин чизе рух надодааст.

Ҳатто профессори маьруфи Даниягӣ Кристен Сен сароҳатан хулоса мебарорад, ки аз сабаби он, ки мусулмонон зардуштиёнро аҳли китоб мешумориданд, нобуд шудани китобҳои муқаддаси зардуштиёнро наметавон ба таассуби мусулмонон нисбат дод. Ин муҳаққиқ сарнавишти Авесторо пас аз омадани Ислом омӯхта, исбот менамояд, ки бештари нусхаҳои «Авестои Сосонӣ» дар қарни 9 мелодӣ ҳанӯз мавҷуд будааст ва мардум ақаллан тарҷумаи паҳлавӣ ё тафсири «Занд»-ро дap даст доштанд. Пас нобудшавии Авесто як раванди тадриҷӣ буда, на ба даврони вуруди Ислом ба Хуросону Мовароуннаҳр, балки ба давраҳои хеле дертар рост меояд.

Акнун биёед ба раванди исломпазирии миллати мо аз дидгоҳи таьрихӣ назар биандозем ва ин нуктаро муайян созем, ки оё исломпазирии ниёгони мо бо майлу огоҳӣ буда ё бо зӯри шамшер?

Дар аввал ба иллатҳои шикасти давлати Сосониён назар меандозем. Аз таьрих маьлум аст, ки ҳангоми расидани мусулмонон ба давлати Сосониён, Ирон аз назари низомӣ бисёр қавӣ ва неруманд буд ва қувваҳои онҳо бо ҳам ҳатто қобили муқоиса набуданд. Дар он замон бар ҷаҳон асосан ду кишвари абарақудрат ҳукумат мекарданд: Императории Ирон ва Рум. Кишварҳои дигар ё таҳти ҳимояи онҳо ва ё боҷдиҳандаи онҳо буданд. Ирони он рӯз чи аз назари иқтидорӣ ҷангӣ, чи аз назари аҳолӣ ва чи аз назари иқтисодӣ нисбат ба мусулмонҳо бартарии фавқулодда дошт.

Саид Нафисӣ дар «Таьрихӣ иҷтимоьии Ирон» аҳолии он рузи Иронро дар ҳудуди 140 милион тахмин кардааст, ки гурӯҳи бешумори он сарбоз буданд, дар ҳоле, ки теьдоди тамоми сарбозони исломӣ дар ҷангӣ Ирону Рум ба 60 ҳазор намерасид. Хулоса вазьият тавре буд, ки агар, масалан ирониён ақибнишинӣ мекарданд, сипоҳиёни Ислом дар миёни ин анбӯҳи бисёр миллионаи мардуми Ирон ҳал мешуданд.

Пас иллати шикасти давлати Сосониён дар муқобили сипоҳи Ислом дар чизи дигар буд. Ҳақиқат он аст, ки муҳимтарин омили шикасти ҳукумати Сосониён дар норозигии мардуми Иpoн аз сиёсати давлат ва расму оинҳои зардуштӣ буд. Аксари таьрихнигорони шарқӣ ва ғарбӣ собит намудаанд, ки режими ҳукумат ва авзои иҷтимоию динии он рӯз ба қадре фосид ва хароб буд, ки тақрибан ҳамаи мардум аз он норозӣ буданд.

Дини зардуштӣ, новобаста аз он ки дар аввал чи гуна будааст, дар замони Сосониён аз дасти мубадҳо ба қадре фосид шуда буд, ки мардуми Ирон дигар наметавонист аз он дин ҳимоят кунад. Бисёр муҳаққиқон бар ин назаранд, ки агар Ислом ҳам дар он вақт ба Ирон намеомад, дини масеҳӣ ба тадриҷ Иронро фаро мегирифт ва дини зардуштиро аз миён мебурд.

Беалоқагии мардум нисбат ба ҳукумат ва дасгоҳи динӣ ва руҳониёни зардуштӣ сабаб гашт, ки сарбозони онҳо алайҳи мусулмонон муқобилият нишон надиҳанд. Ҳатто дар бисёр мавридҳо онҳо ба мусулмонҳо кӯмак мекарданд. Хулоса, мардум ташнаи ҳукумати нав ва дини нав буданд. Ин як далел.

Далели дуюм нуфузи ором ва тадриҷии Ислом дар хоки Ирон аст. Таьрих худ шаҳодат медиҳад, ки ҳар чи рӯзгор мегузашт, ҳамон қадр ишқу алоқаи гузаштагони мо нисбати Ислом ва қабули он ва тарки дину оини зардуштӣ афзуда мешуд. Беҳтарин мисол бар ин гуфта адабиёти классикиамон аст. Бубинед, ҳарчӣ замон гузаштааст, таьсири Ислом ва Қурьону ҳадис дар адабиёти мо бештар шудааст. Ин ҳақиқат аз муқоисаи осори Рудакиву Фирдавсӣ бо осори Румиву Саьдӣ ва Ҳофизу Ҷомӣ комилан ҳувайдо аст.

Далели сеюм садоқат ва вафодории аҷдодони мо ба Ислом дар замони дубора ба даст овардани истиқлолияти сиёсии онҳо аст. Тавре маьлум аст, Ирониён пас аз сад соли ба дасти мусулмонон фатҳ шудани кишварашон дубора соҳиби нерӯи азими низомӣ гашта, ҳатто тавонистанд хилофатро аз хонадони Уммавӣ ба хонадони Аббосӣ мунтақил кунанд. Дар бисёр вилоятҳои хилофати Исломӣ онҳо соҳиби давлатҳое шуданд, ки дорои истиқлолияти сиёси буданд мисли давлати Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва ғайра.

Бешак, наздикии замони роҳбарони ин давлатҳо ба оини зардуштӣ аз имрӯз бештар буд ва ҳатто, тибқи сарчашмаҳои таьрихӣ, бобои (падари падар) Исмоили Сомонӣ зардуштӣ буд. Аммо онҳо ҳаргиз дар фикри он наафтоданд, ки бояд оини зардуштиро дубора зинда кунанд ва аз дастуроти он пайравӣ намоянд. Балки баракс, бо талошҳои ҳамешагӣ барои нашри Ислом кушиш мекарданд ва аз ин ру Исмоили Сомонӣ дар таьрих ба унвони «Амири ғозӣ», яьне нашркунандаи Ислом ёд шудааст. Ҳатто аксари ирониён дар ҳамон давраи истиқлолияти сиёсии худ мусулмон шуданд. Хулоса онҳо нисбат ба оини Ислом сахт вафодор ва содиқ монданд.

Садоқати ва муҳаббати аҷдодони мо ба ислом то ҷоест, ки масалан, вазири хирадманди Сомониён Бальамӣ, вақте бо фармони Шаҳриёри Хуросон Мансур Ибни Нӯҳи Сомонӣ «Таьрихӣ табарӣ»-ро, ки муаллифи он низ иронинажод буд, ба сурати мухтасар ба форсӣ тарҷума мекунад, дар муқаддимаи он Паёмбари Исломро чунин васф менамояд: «Дуруд бод бар Муҳаммади Пайғамбар алайҳис-салом, ки беҳтарини ҷаҳониён ва гузидаи пайғамбарон ва нози ҳама фарзандони Одам ва шафоатхоҳи бандагон дар рӯзи Бузург. Дуруди эзид бод бар вай ва бар хонадони вай, ки эшон гузидагон ва писандидагонанд».

Вале вақте ки ба тарҷумаи шарҳи ҳоли Зардушт мерасад, навиштаҳои Табариро чунин меорад: Муғонро (яьне оташпарастонро) яке пайғамбар будааст, ки ӯро Зардушт гӯянд, ки дини оташпарастиро ӯ ба миён овард ва даьво кард, ки ман пайғамбарам. Ва ӯ шогирди Узайр алайҳиссалом буд (баьзе муаррихҳо шогирди Армиё алайҳис-салом гуфтаанд ва ин ҳар ду аз пайғамбарони Бани Исроил ҳастанд) ва Узайрро мухолиф шуда буд. Пас он устод шогирдро дуо кард ва гуфт: «Худои Таьоло ӯро аломате кунад!». (Дар таьрихӣ Ибни Касир омадааст: баьд аз дуои устод Зардушт ба бемории песӣ мубтало шуд). Ва Бани Исроил (яьне яҳудиҳо) уро аз миёни хеш берун карданд (аз ин ривояти Табарӣ, ки Бальамӣ низ таьйид кардааст, чунин бардошт намудан мумкин аст, ки Зардушт дар ибтидо пайравӣ дини яҳуд будааст ва тибқи оини яҳудӣ фақат инсони аз зани яҳудӣ таваллудшуда яҳудӣ ҳисоб мешавад. Аз ин мебарояд, ки у шояд яҳудинажод бошад). Ва ӯ аз Байт-ул-муқаддас ба Ироқ омад ва аз Ироқ ба Балх шуд назди падари Гуштосп ва даьвои пайғамбарӣ кард ва гуфт: Худои азза ва ҷалла маро ба сӯи ту фиристодааст. Ва туро фармудааст, ки оташпарастиро фузун кунӣ ва ин Зардушт аз Узайр (а) аломатҳо дида буд ва аз у суханҳо ёд гирифта буд.

Гуштосп чун бар вай бигаравид оташпарастӣ эшонро савоб кард. Ва бар кеши муғӣ модар хоҳар ва духтарро ба занӣ мекард. Май хурдан, хатна накардан ва хешро ба бавли (пешоби) гов шустан ва он ҳама шариатҳои мазмум, ки андар дини муғӣ аст, ҳама ӯ ниҳода».

Ин иқтибос, ки аз саҳифаи 206-уми «Таьрихӣ Табарӣ» (чопи Лакҳнав, 1874) оварда шуд, ба чи ишорат мекунад? Яьне, агар Бальамӣ ва ё Мансури Сомонӣ таассуби миллӣ ва тамоюли зардуштӣ медоштанд, ҳатман мисли муаррихони замони Шуравӣ ин далели таьрихиро аз китоб ҳазф мекарданд ва ё ҳадди ақалл таҳриф менамуданд. Албатта фикр намекунам, ки Бальамӣ ва амирони Сомонӣ аз ин «тоҷикшиносони» мо камтар тоҷик набудаанд.

Далели дигар барои исботи ин ки миллати мо Исломро ба рағбат пазируфтааст, хидмати бузурги ин миллат ба Ислом аст. Миллати мо беш аз ҳар миллати дигар нерӯҳои моддӣ ва маьнавии худро дар хидмати интишори Ислом гузоштааст ва беш аз ҳар миллати дигар дар ин роҳ самимият ва ихлос нишон додааст. Дар ин ҷиҳат ҳатто арабҳо ба пояи миллати мо намерасанд.

Миллати мо шоҳкориҳои худро дар роҳи хидмат ба Ислом ба вуҷуд овардааст. Албатта ҷуз нерӯи ишқу имон нерӯи дигаре қодир ба офаридани чунин шоҳкориҳо нест. Дар ҳақиқат ин Ислом буд, ки завқ ва истеьдоди миллати моро таҳрик кард ва дар ӯ рӯҳи тоза дамид. Агаp не, пас чаро мардуми мо аз сад як ҷузьи ин ҳимматро дар роҳи дину мазҳаби аҷдодии хеш зоҳир накард? Ва ё чаро дар даврони қабл аз Ислом шахсиятҳое чун Розию Форобӣ, Синою Берунӣ ва дигарон зуҳур накарданд?

Бузургон мегӯянд: як миллатро бо зӯри шамшер метавон мутеь ва фармонбардор кард, аммо наметавон ишқу имон дар ӯ ба вуҷуд овард. Зеро қаламрави зару зур маҳдуд аст. Шоҳкориҳои олиро танҳо бо нерӯи ишқу имон мешавад эҷод кард.

Шоҳкориҳои миллати мо дар ҳама риштаҳои улуми исломӣ сурат гирифтааст: тафсир, ҳадис, фиқҳ ҳатто дар луғат ва қавоиди забони арабӣ. Бори аввал дар таьрихи Ислом, фарзанди сарзамини мо Имоми Аьзам Абу Ҳанифа барои миллатҳои дигар пешво ва муқтадои дин мешавад. Ё Имом Бухорӣ, ки китоби «Саҳиҳ-ул-Бухорӣ»-и эшон дар байни 1 миллиарду 300 миллион мусулмони дунё баьд аз Қурьони карим дуввумин китоби дини аст. Ба ҳамин монанд Имом Тирмизӣ, Абу Довуди Сиистонӣ ва ғайра.

Дигар чизе, ки дар ҳошияи ин суол мехоҳам изофа кунам ин аст, ки мутаассифона, бисёри зиёиёни мо то имрӯз таьрихи исломпазирии миллати моро аз сарчашмаҳои Исломӣ нахондаанд. Имрӯз танҳо манбаьҳое, ки дар ин мавзӯь дастраси эшон аст, ҳамон андешаҳои исломситезонаи шарқшиносони яҳудинажоди аврупоӣ ва тадқиқоти хронолигиву идеологии давраи Шӯравӣ мебошад. Беҳтар мебуд, ки онҳо ба ҷои ин нафратпароканӣ нисбати Ислом, ки гуё онро арабҳо ба зӯри шамшер ба мо бор намудаанд, мустақилона на тақлидкорона омузиш ва тадқиқоти ҳақиқии илмиро пеш мегирифтанд, то ба воқеият наздиктар мешуданд.

Мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳои таьрихӣ, исломпазирии миллати Ирон на фақат баьди аз фатҳи мусулмонҳо, Иронро балки ҳанӯз дар даврони зиндагии Расули Акрам (с) оғоз шудааст. Аз назари фардӣ, шояд аввалин фардӣ мусулмони иронӣ Салмони Форсӣ (р) бошад. Чунон, ки медонем, мақоми ин ҳамватани азизи мо дар ислом то ҷое расид, ки Паёмбари Акрам (с) дар бораи ӯ гуфтанд: «Салмону минно аҳлал-байт», яьне Салмон узви хонадони ман аст.

Вале аз назари гурӯҳӣ, аввалин гурӯҳҳои ирониёни мусулмоншуда дар Яман ва Баҳрайн буданд. Дар замони Анӯшервон Яман ба ихтиёри ирониён даромада буд ва ҳангоми оғози даьвати Паёмбари Акрам (с), дар Яман Бозон Ибни Сосонӣ ҳукумат дошт. Ӯ бо қавмаш ихтиёран Исломро пазируфтанд, на танҳо пазируфтанд, балки дар роҳи дифои он ҷонфишониҳо низ карданд. Ҳатто вориси Бозон, Шаҳр Ибни Бозон дар мубориза бар зидди муртадшавии арабҳо бо сардории Асвади Ансӣ кушта шуд. Ӯ нахустин ироние буд, ки дар роҳи Ислом ба шаҳодат расид. Ин буд оғози исломпазирии миллати мo дар таьрихи Ислом.

Дар охир аз касоне, ки миллати моро табармусулмон медонанд, мехоҳам бипурсам: Агар миллати мо тибқи назари шумо бо зӯри шамшеру табар Исломро пазируфтааст, пас миллионҳо мардуми Аврупо, Амрико ва Осиёи Шарқӣ мисли Малайзия, Индонезия, Бруней ва ғайраро, ки имрӯз мусулмонанд, чи нерӯи маҷбур ба пазируфтани Ислом кардааст? Дар ҳоле, ки пои сипоҳиёни Ислом ба хоки ин кишварҳо нарасидааст. Таьрих шаҳодат медиҳад, ки ин миллатҳо танҳо аз роҳи таблиғ ва даьвати доьиҳо ва тоҷирони мусулмон дини Исломро пазируфтаанд. Пас сабаби исломпазирии миллати моро низ дар ҷои дигар бояд суроғ кард.

Ҳақиқати мусаллам он аст, ки ончи Исломро дар дилу дидаи мардуми мо ҷой додааст, ҳамон ҷозибаи шигифтангези Ислом аст, ки бо маорифи олӣ ва фалсафаи ақлониву хирадписанд, тафаккур ва ҷаҳонибии воқеьӣ ва қонеькунанда, аҳкоми пок ва қавонини мувофиқи фитрат ва сиришти солими инсониаш мардуми моро шефтаи худ кардааст.

Аз рӯзе, ки миллати мо Исломро пазируфтааст, ҳаргиз майли баргаштан ба дину оини куҳнаи худ накардааст ва нафрат ва адоват ба Ислом нишон надодааст. Агар исён ва шӯрише кардааст, алайҳи ҳукуматҳо ва низомҳои фосид кардааст, на алайҳи Ислом ва қавонини он. Зеро миллати мо Исломро аз он ҷиҳат ки ранги қавм ва нажодеро надошт, пазируфтааст, на ҳукумат ва сарварии арабҳоро. Албатта, ҳеҷ миллате ҳозир нест ҳукумат ва сарпарастии миллати дигареро бипазирад. Ин аст тафсири аксари исёнҳое, ки дар даврони исломии таьрихи миллати мо cap зада буданд. Шояд омадани Ислом ба сарзамини мо аз назари қудратҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҳоким бар Ирони он рӯз як истило ва таҳоҷум буд, аммо аз назари оммаи мардум як инқилоби фикрӣ ва фарҳангӣ буд бо тамоми маьнояш.

Шумо ҳамчун тоҷик, ориёинажод, ки замоне аҷдодатон зардуштӣ буданд, ба ин дин чӣ гуна муносибат доред?

Муносибати банда ба оини зардуштӣ ҳамон гуна аст, ки уламои Ислом ба он муносибат доранд. Назари фуқаҳои Ислом ба Зардушт мухталиф аст. Баьзе аз онҳо зардуштро на пайғамбари Худо, балки муддаии нубуват медонанд. Аз ривояти Табарӣ, ки дар боло зикр шуд, ин маьно сароҳатан фаҳмида мешавад.

Тоифаи дигаре аз донишмандони исломӣ Зардуштро Пайғамбари ҳақиқӣ, ва дини ӯро дар асл дини тавҳидӣ медонанд. Вале бо мурури замон, Авесто ва оини зардуштӣ чун китоб ва оини масеҳию яҳудӣ дастхуши таҳриф ва тағйир қарор гирифта, рисолати худро аз даст додааст ва саранҷом чун дигар динҳои таҳрифшудаи осмонӣ мансух гаштааст.

Муҳаммад ибни Аҳмад, маьруф бо Ал-Қуртубӣ дар тафсири ояи 29 сураи 9 навиштааст: Бино бар ривояте, ки аз Имоми Шофеьӣ нақл шудааст, зардуштиён дар ибтидо аз аҳли китобҳои осмонӣ будаанд, баьдан онҳо дини худро (чун яҳудиҳо ва масеҳиҳо) табдил ва тағйир додаанд. Гумон мекунам, Шофеьӣ дар ин қавли худ ба ҳадиси заифе, ки аз Ҳазрати Алӣ (р) ривоят шудааст, такя кардааст. Ибни Атийя мегуяд: ривоят аст, ки дар байни маҷусиҳо (яьне оташпарастон) паёмбаре бо номи Зардушт мабьус шудааст.

Доктор Юсуф Қарзовӣ фақеҳи машҳури муосири мо дар китоби «Ал-ҳалол вал-ҳаром»-и худ аз Ибни Ҳазм (асри 10-11 мелодӣ), ки яке аз донишмандони муьтабар дар таьрихи Ислом аст ва назари у дар таьрихи миллатҳо ва ақоиди онҳо қобили эьтибор аст, дар китоби «Ал-муҳалло»-и худ навиштааст: маҷусиҳо аҳли китобанд ва дар тамоми масоили шарьӣ монанди аҳли китоб ба онҳо рафтор карда мешавад. Хамчунин дар китоби «Ал-фарқ байн-ал фирақ»-и Бағдодӣ ба паёмбар будани Зардушт ишора рафтааст. Муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» низ дар шарҳи вожаи Зардушт ин нуктаи назарро зикр намудааст.

Нуктае, ки ин ҷо қобили зикр аст, ин аст, ки тавҳидӣ (осмонӣ ва яккахудоӣ)будани оини зардуштӣ танҳо аз тариқи ривоятҳои динӣ собит шудааст. Аммо агар аз назари мадорики таьрихӣ ва Авестоӣ феьлӣ ва аҳкоми меросмонда аз оини Зардушт қазоват бикунем, наметавонем оини Зардуштро оини тавҳидӣ бидонем. Зеро он афкор ва аҳкоме, ки аз сарчашмаҳои оини зардуштӣ ба даст меояд, ба мантиқ ва мизони илми тавҳид мутобиқат намекунад. Хулоса, мо фақат аз зовияи ривоятҳои динӣ, метавонем оини зардуштиро дар асл як оини тавҳидӣ бидонем, вале на дар шакл ва китоби имрӯзааш.

Пас, имрӯз ҳеҷ мусулмоне ҳозир нест Авесто ва дини зардуштиро ба ҳайси китоб ва дине, ки ҷойгузини Қурьон ва Ислом бошад, бипазирад. Зеро Авесто аз назари таьрих давраҳои пурошуберо аз сар гузаронидааст; Гоҳе аз дасти душманонаш мисли Искандари Мақдунӣ сухтаву нобуд шуда, гоҳе аз дасти дустону пайравонаш таҳриф шудааст. Кристен Сен дар китоби Ирон дар замони Сосониён менависад: Дар асари ҳамлаи Искандар дар асри чори пеш аз мелод Авестоӣ асл ба куллӣ сухта ва нобуд гашта буд. Тақрибан 180-200 сол пас аз ҳамлаи Искандар ва сӯхта шудани Авесто яке аз шоҳони Ашконӣ бо номи Билош дастур дод то Авесторо дубора ҷамьоварӣ кунанд, вале муваффақ нашуд. Сипас Ардашери Сосонӣ ва фарзандони ӯ Шоҳпури аввал ва дуввум фикри дубора ҷамьоварии Авесторо пайгирӣ карданд. Саранҷом, матолиберо аз синаҳо ва афкори шахсии пешвоёни зардуштӣ ба унвони Авесто ҷамьоварӣ намуданд ва ҳатто масоили илмӣ ва фаннии рӯзро ҳам, ҷузьи Авесто гардониданд. Дар охир Шоҳпури дуввум шӯрои бузурге ба раёсати мубади мубадон ташкил дод ва матни ниҳоии Авестоӣ навро тасвиб карданд. Ин Авесто дар таьрих бо номи «Авестоӣ Сосонӣ» шуҳрат дорад, ки тақрибан 500 сол пас аз нобудшавии Авестои аслӣ ҷамьоварӣ шудааст.

Пас, Авестои мавҷуд баьди аз cap гузаронидани ин ҷараёноти таьрихӣ дигар наметавонад на аз назари дин ва на аз назари ҳақиқати таьрихӣ ба унвони китоби муқаддаси осмоние, ки аз тарафи Худо нозил шудааст, шинохта шавад. Ва ё ҳадди ақалл намешавад онро ба ҳайси китоби комилан таьлифкардаи Зардушт эьтироф кард.

Касоне, ки ба пайғамбарии Зардушт эьтиқод доранд, бояд бо афсус бипазиранд, ки матни аслии китоби ин пайғамбар, яьне нусхаи аслии таьлимоти ӯ аз байн рафтааст. Имрӯз на матни комили он мавҷуд аст ва на нусхаи аввалияи он боқӣ монда аст. Танҳо баьзе аз пораҳои ҷудогонае аз таҳрири сеюм ва чоруми он дар дасти пайравонаш боқи мондааст.

Оре, мешавад Авестои феьлиро ҳамчун осори динӣ-бостонии миллати Эронзамин ва ё ба унвони як таьрихномаву пандномаи муҳим ва як ганҷинаи бузурги фарҳангиву таьрихии мардумони эронинажод, ки ёдгори арзишманди гузаштагони мост, эьтироф ва қабул кард. Вале на ҳамчун китоби динии дастнахӯрда ва таҳриф нашуда. Мавқеьи банда дар ин масьала чунин аст.

(6.11.2003)

 

 
 

 
     
     

 

 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com