WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
 

Бисмил-лоҳир-раҳмонир-раҳим

Мадрасаи Рамазон

Лоу илло созу барги умматон

Нафйи бе исбот марги умматон

 (Иқбол)

 
 

Дар даврони ҳукмати шуравӣ ҳамин, ки моҳи мубораки рамазон наздик мешуд таблиғоти зидди рамазонӣ ва ҷанг алайҳи руза низ шуруъ мешуд. Аз тариқи васоили эълом ва матбуот як силсила суҳбат ва мақолаҳо оиди “Руза ва зарарҳои он” “Руза ва оқибатҳои нохуши он” дар байни мардум пахш мешуд. Маҷаллае буд бо номи хорпуштак, ки карикатураҳои таҳқиромез нисбати рузадорҳо нашр мекард. Бо ин иктифо накарда дар бисёр мактабҳои ибтидоӣ ва олӣ аз ҷониби муаллимҳои атеист рузаи донишҷуҳо маҷбуран хуронида мешуд.

 
 

Оқибат ин ҷангҳои алайҳи Худо ва дини Худо сари пуркибру ғурури ҳукумати илҳодии шуравиро бихурду нобуд кард. Мардуми нохонда масале доранд: <<Калтаки Худо садо надорад, вақте ки зад даво надорад.>> Оре агар давлати шурави худозада ва худогир намегашт, ҳеҷ қудрат ва қувваи дигаре дар ин дунё тавони аз байн бурдани онро надошт. Хусусан баъд аз пирузи дар ҷанги дуввуми ҷаҳон, ки яке аз қудратҳои “шикастнопазири” дунё гашта буд. Ҳатто дар хобу хаёли касе намегузашт, ки он давлати абарқудрат рузе муталошӣ ва пароканда мегардад. Вале бо ирода ва қудрати Худое, ки муқаллибул-қулуб аст, аввалан бо бозсозии горбачовӣ пояҳои он мутазалзил шуд, ва саранҷом дар як ҷаласаи шабона дар яке аз бешазорҳои Белорусия, бо қалами се нафар аз сарварони собиқи ҳизби комунист қабри <<Шуравӣ>> канда ва ҷанозааш хонда ва то абад дафн карда шуд ва дар хазинаи таърих дар радифи ҳукуматҳои намрудию фиръавнӣ, ки онҳо ҳам дар асри худ душманӣ бо Худо карда буданд, қарор гирифт. Ин аст сарнавишти ниҳоии ҳар ҳукумат ва қудрате ки муқобили Худо  ва оини Худо эълони ҷанг менамояд. Чуноне ки Қуръон тасриҳи ба он мекунад: <<Чунин сарнавишти талхе ( ба ҳалокати қавми Оду Намруду Фиръавн ишора мекунад) дар масири таърих, равиш ва шеваи кори Худованд бо душманонаш аст. Ва ин суннати илоҳи дар тули таърих тағйирнопазир аст.>> (сураи:33-62) Бо дафн шудани султа ва режими коммунистӣ дар гуристони таърих ба мо мардуми мусалмони тоҷик чун халқҳои дигар озодӣ ва истиқлолияти муфту арзон бидуни мубориза ва қурбонӣ насибу рузи гашт. Озодие, ки халқҳои назди Балтик ва Аврупои шарқӣ бесаброна омаданашро мунтазир буданд, ва рузи расидани онро бо шуру шавқи зиёде истиқбол намуданд.  Истиқлолияте, ки мардуми Ироқу Фаластину Афғонистон барои ба даст овардани он солиёни дароз ҷиҳод мекунанд ва шаҳид медиҳанд. Ёдатон бошад мо дар ибтидо чун ғуломони Амрико ин неъмати бебаҳои илоҳиро бо аксарияти овоз напазируфта будем. Оре бисёр касоне, ки имруз дам аз озодию истиқлолият мезананд, онруз душмани озодӣ ва истиқлолияти ватан буданд. Бо байрақҳои сурху шиорҳои <<СССР>> ғуломию бардагии русҳоро талаб доштанд. Вале Худованд бар хилофи хоҳиши мо ин ҳадяи осмониро дар ихтиёрамон қарор дод, то маълум шавад, ки мо то чи андоза аз ин фурсати тиллоии таърихӣ қадршиносӣ хоҳем кард. Пас бар миллати мо воҷиб аст, ки қадри ин неъмат бидонад ва шукри он ба ҷо орад ва барои муҳофизати он талош варзад. Хулосаи калом имруз мо мардуми мусулмон ба шарофати истиқлолияту озоди, метавонем заҳрҳои фикри атеистии даврони шуравиро аз мағзҳо шустушу кунем ва бо сухан ва қалам аз дину оини худ ҳимоят намоем.

          Инак мо тасмим гирифтем бар хилофи навиштаҳои атеистони даврони шуравӣ, роҷеъ ба баъзе фоидаҳо ва дарсҳои муфиде, ки моҳи мубораки рамазон ба шахси рузадор меомузад бо шумо азизон маълумот бидиҳем. Умедворем дарсҳои маънавӣ ва ахлоқие, ки аз мадрасаи рамазон ҳосил мешавад, сармашқи зиндагии ҳар яки мо ва шумо дар тамоми сол бошад.

Дар ибтидо феҳрасти баъзе дарсҳое, ки мадрасаи рамазон ба мо меомузад: 1. Дарси ахлоқӣ. 2. Дарси беҳдоштӣ. 3. Дарси худшиносӣ. 4. Дарси неъматшиносӣ. 5. Дарси сабру хештандорӣ. 6. Дарси ҳамдарди-иҷтимоӣ. 7. Дарси ваҳдату якдили-сиёсӣ.

1.Дарси ахлоқӣ: Руза ибодатест, ки абъоди мухталиф ва гуногуне дорад. Ва осори фаровоне аз назари моддӣ ва маънавӣ дар вуҷуди инсон мегузорад, ки аз ҳама муҳимтар буъди ахлоқӣ ва фалсафаи тарбияти он аст. Яке аз ҳадафҳои олии машруъияти руза чуноне, ки Қуръон ба он тасриҳ мекунад сохтани инсони муттақии парҳезгор ва ё инсони комил аст: <<Ай касоне, ки имон овардаед руза бар шумо фарз шуд, ҳамон гуна, ки бар умматҳои пеш фарз шуда буд, то шумо аҳли тақво ва парҳезгор шавед.>> (сура:2-183) Худованд бо фазилати руза мехоҳад инсонҳои ноқис комил, ва инсонҳои комил комилтар ва мутахаллиқ ба ахлоқул-лоҳ шаванд. Албатта барои ҳосил кардани дараҷаи камоли инсонӣ, нахуст нуқсонҳои ахлоқиро бояд аз байн бурд. Моҳи мубораки рамазон барои поксозии нафс аз сифоти разила ва ахлоқи накуҳида фурсати хеле муносиб аст. Зеро моҳи руза-моҳи ҷиҳоди акбар бо нафси аммора, ва моҳи шикастани бути нафс аст, ки модари тамоми бутҳост.

Модари бутҳо бути нафси шумост

Зон, ки он бут мору ин бут аждаҳост.

Барои пируз шудан дар ин набарди ботинӣ шахси рузадор на танҳо мувозиби фарҷу шикам, балки мутаваҷҷиҳи тамоми ҷавориҳу аъзои худ бояд бошад. Яъне бо тамоми вуҷуди худ бояд руза бидорад. Паёмбари Акрам (С) дар ҳадисе, ки Ибни Ҳузайма ва Ҳоким ривоят мекунад, мефармоянд: <<Руза фақат ба маънои худдорӣ кардан аз хурдану ошомидан набуда, балки он иборат аз нигоҳ доштани нафс аз гуфтору кирдорҳои зишту беҳуда аст. Ҳатто агар шахсе шуморо дар аснои руза дашном бидиҳад ва ё бар шумо хашм бигирад, дар посухи у бигуед: Бародар! Ман бо шумо муқобилаи ба мисл намекунам. Зеро ман рузадорам.>> Дар ҳадиси саҳиҳи Муслим эшон дар ин робита тундтар мефармоянд: <<Ҳар касе дар ҳангоми руза сухани дуруғ ва аъмоли ношоистаро тарк накунад, Худованд ба гуруснагӣ ва ташнагии у эҳтиёҷу ниёзе надорад.>> Ҳазрат дар ҳадиси Насоӣ натиҷа ва самараи талхи чунин рузаҳоро баён карда мегуяд: <<Басо рузадорест, ки ба ҷуз азоби гуруснагию ташнагӣ аз рузаи худ баҳрае намегирад ва инчунин бисёр шабзиндадорест, ки аз шабзиндадориҳои худ ба ғайри бедорхобӣ самарае ҳосил намекунад.>> Дар ривояте Ҷобир Ибни Абдуллоҳ-саҳобии Паёмбари Худо (С) дар баёни одоби руза мефармоянд: <<Ҳангоме ки рузадор ҳастӣ кушиш бикун то чашму гушу забонат аз дуруғу маъсият руза бидорад. Аз озори ҳамсоя худдори кун! Дар давоми руза бовиқору ботамкин бош! Бояд рузе, ки рузадор ҳастӣ аз рузе, ки рузадор нестӣ фарқ дошта бошад.>>

Бо истифода аз ривоятҳои фавқуз-зикр уламои Ислом рузаро бар се қисм тақсим намудаанд: Якум-рузаи фарҷу шикам аст, ки шахси рузадор худро танҳо аз хурдану ошомидан ва муҷомиъат кардан бо ҳамсари худ нигоҳ медорад. Вале чашму гушу забону дигар аъзоҳои бадани худро аз маъсияту гуноҳ боз намедорад. Ин навъи руза фақат фарзи рамазонро аз зиммаи соҳибаш соқит мекунад , вале ҳеҷ аҷру савобе барояш ҳосил намешавад. Дуввум- рузаи тамоми ҷавориҳ ва аъзои инсон аст. Дар ин навъи руза ҳамроҳ бо фарҷу шикам, чашм аз нодиданиҳо, гуш аз ношуниданиҳо ва забон аз ногуфтаниҳо ва дасту по аз нокарданиҳо худдорӣ мекунад. Тибқи оят ва ривоятҳои гузашта рузае, ки Худованд аз бандагонаш талаб дорад, ва дар ивази он аҷру подоши беҳисоб ваъда дода аст, ҳамин навъи дуввуми руза аст. Саввум- рузаи қалбу руҳ аст, ки он олитарин дараҷаи руза аст. Дар он қалбу руҳи шахси рузадор аз фикри гуноҳ ва аз ғафлат кардан аз ёди Худо худдорӣ мекунад. Хулосаи калом чун ҳадаф аз рисолати Ислом сохтани инсони комил ва ҷомиъаи фозила аст, пас моҳи мубораки рамазон дар ин росто як мадрасаи инсонсозе барои сохтани инсонҳои комил аст. Пас ҳар мусалмони рузадор, бо касб ва риояти тақво, ки меваи руза аст, кушиш бикунад инқилобе дар нафси хеш эҷод намояд ва худро аз нав бисозад ва аз олудагиҳои ахлоқи зишту разила, амсоли: кинаю ҳирсу ҳасад ва дуруғгуию ғайбат ва дашному ҳақорат нафси худро пок бикунад ва муҳимтар аз ҳама тасмим бигирад, ки ин ҳолатро дар давоми зиндагии худ ҳифз намояд.     

2.дарси беҳдоштӣ ва тандурустӣ. Дарси дигаре, ки мадрасаи <<Рамазон>> ба пайравони худ меомузад, ин дарси камхурӣ ва парҳез аз пурхурӣ аст, ки он асоси саломатӣ ва чораи тандурустии инсон аст. Дар асари тамрини як моҳи руза шахси рузадор аз банди танпарварӣ ва шикампарварӣ ва пурхурӣ раҳо меёбад ва ба камхурӣ одат мекунад. Назди пизишкони дирузу имруз як асл ва қоидаи пазируфта аст, ки мегуянд: манбаъ ва сарчашмаи ҳамаи дардҳо,- ба истиснои бемориҳои ирси-шикам ва шикампарварӣ аст, ва асоси ҳама навъи дармон ва беҳдоштӣ, камхури ва ё парҳез аз пурхурӣ аст. Чуноне ки Фаридуддини Аттор мефармояд:

Иллати мардум зи пурхорӣ бувад

Хурдани пур тухми беморӣ бувад.

Шоири дигаре бо муболиға иллат ва сабаби асосии марги ҳамаи инсонҳоро пурхурӣ ва шикампарварӣ гуфтааст:

Шунидам зи ҳакиме, агар касе пурсад,

Зи мурдагон, ки чи чизаст иллати мурдан.

Зи сад яке набувад, ки ин ҷавоб менадиҳад,

Ки ҳаст иллати мурдан, таом пур хурдан.

Аз ин ҷиҳат Худованд аз зиёдравӣ дар хурдану нушидан моро манъ мекунад: Ай муъминон бихуред ва бинушед, вале дар хурдану нушидан исроф ва зиёдравӣ накунед, зеро Худованд исрофгарон ва зиёдравонро дуст намедорад! (сура:7-31)

Паёмбари маҳбуби Ислом, ки дар айни замон табиби уммат ҳам буданд дар ҳадиси саҳиҳе пайравони худро аз пурхурӣ барҳазар намуда, меъёри муътадили ғизо хурданро ба эшон таълим медиҳад: “Бадтарин зарфе, ки инсон пур мекунад шикам аст. Барои зинда мондани инсон чанд луқмае, ки қомати уро рост нигоҳ дорад, кифоят мекунад. Агар инсон ба хурдан рағбати зиёд дошта бошад, пас бояд меъдаи худро се қисмат намояд: Қисмати аввал барои таом, қисмати дуввум барои нушоба ва об, ва қисмати саввумро холи нигоҳ дорад барои нафаси озод. (рив. Аҳмад ва Тирмизӣ.) Шайх Саъдӣ, ки яке аз шогирдони мактаби Расулуллоҳ аст аз ҳадиси фавқ илҳом гирифта дар мазаммати пурхурӣ мегуяд:

Ба андоза хур, зод агар мардумӣ

Чунин пуршикам одамӣ ё хумӣ

Дарун ҷои зикр асту қуту нафас

Ту пиндорӣ аз баҳри нон асту бас

Куҷо зикр гунҷад к-аз анбори оз

Ба сахти нафас мекунад по дароз

Надоранд танпарвари огаҳӣ

Ки пур меъда бошад зи ҳикмат тиҳӣ.

Фуқаҳо бо истифода аз ояти боло ва аҳодиси Паёмбари Худо ҳукм кардаанд: <<Ҳарумал-аклу фав-қаш-шибаъи>> яъне: болои серӣ таом хурдан ҳаром аст.(ниг. Мухтасар. Китоби алкароҳия.) Албатта маълум аст ҳар ҳароме дар шариъати муқаддаси Ислом дорои яке аз се иллат аст: ё палид аст ё фасод ва ё зараровар аст. Вақте зарар мегуем, мурод аз он, зарар доштан дар яке аз панҷ чизи муқаддас ва гаронбаҳои инсон аст, ки онҳоро фуқаҳо мақосиди панҷгонаи аҳкоми шариъат мегуянд. Ва онхо иборатанд: аз 1. Дин 2. Ақл 3. Нафс яъне саломатӣ ва обуру 4. Насл ва насаб 5. Молу сарват. Мақсад аз ҳар ҳалолу ҳаром ва ё бикуну накуне, ки дар дини мубини Ислом аст муҳофизат кардани умури панҷгона аст. Пас ҳар чизе бар яке аз ашёи мазкура зараровар бошад шариъати Ислом онро бар пайравони худ ҳаром мекунад. Аз ин гуфтаҳо ҳар кас метавонад бифаҳмад, ки чаро шароб ва ё маводи мухаддир дар дини мубини Ислом ҳаром аст? Зеро он ҳам бар дин ва ҳам бар ақл ва ҳам бар тандурустӣ ва обуруи шахс ва ҳам бар насл ва ҳам бар молу сарвати инсон зараровар аст. Чун зарари пурхурӣ бар саломатии инсон ҳам аз тариқи таҷриба ва ҳам аз тасдиқи пизишкон маълум гаштааст, пас табиист, ки ҳукми он дар шариъати муқаддаси Ислом ҳаром аст. Бинобар ин ҳар мусалмонеро лозим аст, аз ин ҳароми шаръӣ, ки пурхурӣ аст парҳез намуда, режими муътадили ғизохуриро риоят намояд, то саломати ва тандурустии у маҳфуз бимонад.  

          Шайх Саъдӣ дар китоби “Гулистон”-и худ ҳикояте овардааст: ки яке аз подшоҳони аҷам табиби ҳозиқе ба хидмати Расули акрам (с) фиристод. Соле дар Мадина буд, касе дар ин муддат ба у муроҷиат накард ва аз у муолаҷау дармон нахост. Рўзе пеши паёмбар (с) омаду арз кард: маро барои муолиҷаи асҳоб фиристодаанд. Вале дар ин муддат касе ба банда илтифоте накард, то хидмате ба ҷо орам. Расул алайҳис-салом фармуданд: асҳоби маро одатест, ки то иштиҳо ғолиб нашавад нахуранд. Ва чун бихуранд қабл аз онки сер бикунанд даст аз таом бидоранд. Табиб гуфт: оре ҳамин аст сабаби беҳдоштӣ ва  тандурустии эшон.

Имрўз ҳам аз назари илми тиб ва ҳам бо таҷриба собит шудааст, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемориҳои хатарноке, мисли фишори хун, қанд, бемориҳои қалбӣ ва меъда ва ғудуди зери меъда, сактаи қалбӣ ва сактаи мағзӣ ва ғайра, пурхурӣ аст. Агар инсон аз мадрасаи рамазон дарси камхурӣ омузад ва ба он одат кунад аз гирифтори ва  бурузи бисёр бемориҳо метавонад худро нигоҳ дорад. Мегуянд: пешгирии беморӣ осонтар аз муолиҷа ва табобати он аст. Ба ин манзур Расули Акрам (С) фармудаанд: Руза бигиред, то ҳамеша тандурусту тансиҳат бошед. (рив. Табаронӣ.) Руза илова бар пешгирӣ карданаш аз бемориҳо, барои баъзе дардҳои эҳтимолӣ шифо ва дармон ҳам ҳаст. Хусусан халастерин ва чарбуҳои ҷамъшуда дар рагҳои хунгузарро, ки он яке аз омилҳои сарзадани бемории фишори хун ва сактаҳои мағзӣ ва қалбӣ мебошад, гудохта аз байн мебарад. Русуботи таҳшин гашта дар дастгоҳи ҳозимро низ дур мекунад. Маводи изофӣ ва ҷазбношудаи баданро месузонад. Вазни изофиро, ки он ҳам ба саломатии инсон зараровар аст кам мекунад. Аз ин ҷиҳат Паёмбари Худо бинобар ривояти Ибни Моҷа мефармоянд: Ҳар чизе закот дорад ва закоти ҷасад руза аст. Болотар аз ҳама руза як навъ истироҳати қобили мулоҳизае барои дастгоҳи ҳозима ва гуворишӣ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки ин дастгоҳ аз ҳассостарин ва пурзаҳматтарин дастгоҳҳои бадан аст, ва дар тамоми сол ба таври доим машғули кор аст, ин истироҳати муваққатӣ барои он бисёр-бисёр муфид аст. Ба шарте, ки шахси рузадор тибқи дастури Ислом, дар ҳангоми ифтор ва саҳархурӣ дар ғизо хурдан ифрот ва зиёдравӣ накунад. То аз ин асари беҳдоштии руза натиҷаи комил бигирад. Дар ғайри ин сурат мумкин аст натиҷаи руза бар акс шавад. Хулосаи калом руза ба ҷисми инсони тандуруст ва солим ба ҷуз фоидаҳои беҳдоштие, ки гузашт ҳеҷ гуна зиёну зарар надорад. Шояд барои баъзе афроде, ки тандурустии комил надоранд ва ё бисёр заифу нотавон ҳастанд руза зараровар бошад. Вале ногуфта намонад, ки Худованди Ҳаким дар матни Қуръони Карим барои чунин афрод, руза хурданро рухсат додааст. Аз ин ҷиҳат бемороне, ки бидуни ғизо ва ё даво наметавонанд зиндагӣ намоянд ва пирони заифу нотавонгашта ва занони ҳомиладор ва ширдиҳанда, агар хатаре бар саломатии эшон ва тифли эшон бошад, метавонанд бо тавсияи духтури мусулмон рузаро ифтор намоянд.

3. дарси худшиносӣ: Яке дигар аз он дарсҳои муфиди руза дарси худшиносӣ аст. Урафо дар китобҳои худ ривояте доранд; Ҳар, ки худро шинохт Худоро шинохт. Ин ҷумла агар чи аз назари лафз мухтасар аст, вале аз назари мантиқ ва маъно хеле пурмағзу пурмаъно аст. Баъзе аз маъноҳояш ин аст: Ҳар кӣ махлуқ будани худро шинохт, Худоро ба холиқӣ мешиносад. Ва ҳар кӣ худро ноқису маъюб шинохт, Худоро зоти комил ва бе айб мешиносад. Ва  ҳамчунин ҳар кӣ худро оҷизу ниёзманд шинохт, Худоро тавоно ва бениёз мешиносад. Оре инсон гоҳ-гоҳе ранҷи гуруснагӣ ва ташнагиро бикашад ҳатман аҷзу нотавонии худро дар баробари чанд соат гуруснагӣ ва иҳтиёҷу ниёзмандии худро ба ғизо эҳсос менамояд. У дарк менамояд, ки чи қадр махлуқи заифу нотавон ва муҳтоҷу ниёзманд аст, ки ҳатто чанд соат тоқати гуруснагӣ ва ташнагиро надорад, ва бидуни таому шароб наметавонад зиндагӣ кунад. Вале агар инсони ғофиле ҳамеша бо тани сиҳат ва шиками пур бошад ва ҳаргиз дарду ранҷ ва муҳтоҷию ниёзмандӣ набинад, саранҷом аз ҳадду андозаи худ, ки банда будан аст берун шуда, мисли Фиръавн даъвои худоӣ мекунад. Мавлоно сабаби гумроҳии Фиръавнро ҳамин тавр баён намуда аст:

Дод мар Фиръавнро сад мулку мол

То бикард у даъвии иззу ҷалол

Дод уро ҷумла мулки ин ҷаҳон

Ҳақ надодаш дарду ранҷу андуҳон

Дар ҳама умраш надид у дарди сар

То нанолад суи Ҳаққ он бадгуҳар

Дард омад беҳтар аз мулки ҷаҳон

То бихонӣ мар Худоро дар ниҳон.

Оре агар Фиръавн як бор дарди сар мешуд ва ё чанд соате гуруснагию ташнагӣ мекашид шояд оҷизию нотавонӣ ва ниёзмандии худро мешинохт ва аз маркаби кибру ғуруру худбузургбинӣ мефаромад ва даъвои худоӣ намекард. Пас аз сарвату салтанате, ки инсонро аз ёди Худо ғофил созад, як лаҳза дарди сар ва ё чанд соат гуруснагию ташнагӣ беҳтар аст, ки уро ба ёди Худо меорад ва барои рафъи дарди   сару ниёзи худ,  Худо Худо мегуяд:

Сад ҳазорон оқил андар вақти дард

Ҷумла нолон пеши он Дайёни фард.

Аз ин ҷиҳат дар ривояти саҳиҳ мехонем, ки Худованд ба паёмбари маҳбуби худ пайғом фиристод, ки Ай Ҳабибам! Агар бихоҳӣ водии Маккаро бароят пур аз ганҷинаи тилло бикунам, то зиндагии шоҳона дошта бошӣ. Расули акрам дар ҷавоб гуфтанд: На, ё Рабб, намехоҳам. Балки мехоҳам рузе сер ва рузе гурусна бошам. Рузе ки сер бошам шукру сипоси туро мегуям. Ва рузе ки гурусна бошам бо илтиҷоу зорӣ муҳтоҷи ва ниёзмандии худро ба даргоҳи ту арз мекунам ва аз ту ризқу рузӣ металабам.(рив. Тирмизӣ)

4. Дарси неъматшиносӣ: чаҳорум дарсе, ки мадрасаи рамазон ба мо меомузад ин дарси неъматшиносӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои илоҳӣ аст. Дар ин маъно Ҳукамо низ чун Урафо ҷумлаи ҳакимонае доранд: “Туърафул-ашьёу би аздодиҳо.” Яъне ҳар чизе аз тариқи зиддаш шинохта мешавад. Мавлоно ин ҷумларо дар риштаи назм кашидааст:

З-он ки ҳар чизе ба зидд пайдо шавад.

Бо сафеди он сиёҳ расво шавад.

Яъне то сафедӣ набошад сиёҳӣ мафҳуму маъно надорад ва шинохта ҳам намешавад. Ҳамчунин инсон вақте ғарқ дар неъмате бошад ва лаҳзае аз он неъмат ҷудо набошад, дигар он неъмат барояш мафҳуму маъно ва қимату арзише надорад. То ин, ки чанд сабоҳе аз оғуши он неъмат ҷудо шавад ва ранҷу азоби маҳрумиро бикашад. Саъдӣ дар “Гулистон”-и худ, дар ин мавзуъ гуфтаниҳои ҷолибе дорад. Аз ҷумла ҳикояти подшоҳ бо ғуломи аҷамиро овардааст; ки сафари даръё намуд. Ғулом даръё надида буд ва меҳнати киштӣ наозмуда. Гиряу зори дар ниҳод ва ларза бар андомаш уфтод. Чандон, ки меҳрубонӣ ва тахдид карданд ором нагирифт. Айши подшоҳ аз гиряҳои у мунағғасу тира буд. Чора надонистанд. Ҳакиме дар он киштӣ буд. Маликро гуфт: агар фармон диҳи ман уро ба тариқе хомуш гардонам. Малик гуфт: ғояти лутфу карам бошад. Бифармуд то ғуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ғута хурд, муяш гирифтанд ва пеши киштӣ оварданд. Бо ду даст ба думи кишти овехт чун баромад ба гушае биншасту ором гирифт. Маликро аҷаб омад. Пурсид: дар ин чи ҳикмат буд? Гуфт аз аввал меҳнати ғарқ шудан начашида буд ва қадри неъмати киштӣ намедонист. Ҳамчунин қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд. Дар охир Саъди муҳтавои ҳикояро дар ду байт хулоса мекунад:

Ай сер туро нони ҷавин хуш нанамояд

Маъшуқи манаст он ки ба наздики ту зишт аст.

Ҳурони биҳиштиро дузах бувад аъроф

Аз дузахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст.

Оре беҳтарин ғизоҳо барои инсонҳои нозпарварда камхарҷтар ва камлаззаттар аз нони ҷавинест, ки як баччаи деҳқон мехурад. Зеро он нозпарварда чун деҳқонбачча таъми гуруснагӣ ва маҳрумиро начашида аст, то лаззати ғизоро бифаҳмад.

          Чун руза иборат аз муваққатан чашидани ранҷи гуруснагӣ, ташнагӣ ва маҳрумист, пас табиист, ки инсон ҳангоми рузадорӣ аввалан қадр ва қимати неъмати ғизоро дарк мекунад, ва сониян ҳангоми ифтор лаззат ва таъми онро эҳсос менамояд. Аз ин ҷихат дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: ки шахси рузадор ду шодӣ дорад. Яке дар ҳангоми ифтор, дигаре дар вақти дидори Парвардигор. (рив. Муслим.) Ҳамчуноне, ки инсон то чанд муддат беморӣ ва ранҷурӣ набинад қимат ва арзиши тандурустиро намефаҳмад. Шайх Саъдӣ дар ин мавзуъ байтҳои ширине дорад:

Надонад касе қадри рузи хушӣ

Магар рузе афтад ба сахти кашӣ,

Касе қимати тандурустӣ шинохт

Ки як чанд бечора дар таб гудохт.

Салиме, ки як чанд нолон бихуфт

Худовандро шукри сиҳҳат бигуфт.

Чи донанд ҷайхуниён қадри об

Зи во мондагон пурс дар офтоб.

5.дарси сабру хештандорӣ: Дигар дарсе, ки инсон аз мадрасаи рамазон ҳосил меукунад ин дарси сабру таҳаммул ва бурдборию хештандорӣ аст. Дар ин ки сабр яке аз сифатҳои фозила ва хислатҳои ҳамидаи инсонист, ҷои шакку тардид нест. Худованд дар Қуръони карим бандагонашро тавсия ба сабр намуда ва собиринро ситоиш мекунад. Паёмбари акрам (с) рузаро нисфи сабр гуфтаанд. (рив. Ибни Моҷа.) Инсон то дар кураи сабр пухта нашавад комил намешавад. Одами бесабр дар муқобили сахтиҳо зуд шикаст мехурад ва ё даст ба худкушӣ мезанад. Аз ин ҷиҳат уламои илми ахлоқ дар боби тарбияти кудакон менависанд: бадбахтарин кудакон, онҳое ҳастанд, ки волидайнашон эшонро дар оғуши нозу неъмат парвариш медиҳанд ва намегузоранд, ки онҳо сардию гармии зиндагиро бо ҳам бичашанд ва пастию баландии онро ламс кунанд. Ин гуна кудакон дар муқобили сахтиҳо ҳассос, яъне зудранҷ ва кам муқовимат мешаванд. Ҳамчун ниҳоли нозуке дар муқобили ҳар насиме меларзад. Кучактарин ҳодисаи ногуворе онҳоро нороҳат мекунад. То ҷое ки як ҳодисаи кучак онҳоро ё ба бемории руҳӣ мубтало мекунад ва ё ба фикри худкушӣ меандозад.

Басо рузгоро, ки сахти барад

Писар чун падар нозукаш парварад.

Шахси рузадор дар ҳолати руза бо худдорӣ кардани худ аз обу ғизо ва лаззати ҷинсӣ, амалан нишон медиҳад, ки у ҳамчун ҳайвон дар банди обу алаф нест. Балки у метавонад лаҷоми нафси саркашро ба даст гирад, ва бар ҳавас ва хостаҳои шаҳвонии худ ҳукмфармо гардад. Дар ҳақиқат бузургтарин фалсафаи руза ҳамин асари руҳонӣ ва маънавии он аст. Инсонҳои шикамборае, ки тобу тоқати ҷудои аз обу ғизоро надоранд, ва зуд ба суроғи он мераванд, монанди дарахтоне ҳастанд, ки дар пушти деворҳои боғ, бар лаби ҷуйҳо меруянд. Ин дарахтони нозпарварда бисёр каммуқовимат ва камдавоманд. Агар чанд рузе об аз пой ва решаи онҳо қатъ шавад, зуд пажмурда гашта, мехушканд. Аммо дарахтоне, ки аз байни тахтасангҳо, дар дили куҳҳо ва ё биёбонҳои сузон меруянд ва аз айёми туфулият туфонҳои сахт, ва офтоби сузон ва сармои зимистон, шохаҳои онҳоро навозиш медиҳад, ва бо анвоъи маҳрумиятҳо даст ба гиребонанд, муҳкам ва бодавому бо истиқомат ва сахткушу сахтҷонанд. Руза низ бо руҳу ҷони инсон ҳамин амалро анҷом медиҳад. Ва бо маҳдудият ва маҳрумиятҳои муваққат ба у неруи муқовимат, қудрати ирода ва тавони мубориза бо сахтиҳоро мебахшад. Барои муаттар шудани ин баҳс бори дигар ба “Гулистон”-и Саъди бармегардем:

“Ду дарвеши хуросонӣ мулозими суҳбати якдигар сафар мекунанд. Яке заиф буд, ки ҳар ду шаб як бор ифтор кардӣ. Ва дигари қавӣ буд, ки рузе се бор таом хурдӣ. Иттифоқо бар дари шаҳре ба туҳмати ҷосусӣ гирифтор омаданд. Ҳар дуро ба хонае ҳабс карданд ва дар ба гил бароварданд (яъне дарро бо гил девор карда, бастанд.) Баъд аз ду ҳафта маълум шуд ки бегуноҳанд. Дарро кушоданд. Қавиро диданд мурда ва заиф ҷон ба саломат бурда. Мардум дар ин аҷаб монданд. Ҳакиме гуфт: Хилофи ин, аҷаб будӣ. (яъне агар заиф мемурд ва қавӣ зинда мемонд ҷои тааҷуб буд.) Зеро он яке бисъёрхор будааст, тоқати бенавоӣ наовард, ба сахтӣ ҳалок шуд. Ва ин дигар хештандор (яъне собир) будааст, лоҷарам бар одати хеш сабр кард ва ҷон ба саломат бурд.

Чу кам хурдан табиат шуд касеро

Чу сахтӣ пешаш ояд саҳл гардад.

Ва гар танпарвар аст андар фарохӣ

Чу тангӣ бинад аз сахтӣ бимирад.

Танури шикам дам ба дам тофтан

Мусибат бувад рузи ноёфтан.

          Оре инсоне, ки маҳрумият ва сахтиҳои зиёд дида бошад, табиъатан бо сабру тоқат ва бо таҳаммулу хештандор мешавад, аммо агар ба роҳату маишат одат карда бошад, зуд дар баробари сахтиҳо таслим мешавад. Ҳамчунин ҳар миллате ба танпарварию айёши одат ва ху кунад зуд дар баробари душмани мутаҷовиз зону мезанад, ва таслим мешавад.

Андар табиат аст, ки бояд шавад залил

Ҳар миллате, ки роҳату айш ху кунад.

Дар таърихи ҷанги дуввуми ҷаҳон мехонем: неруҳои низомии Фаронса дар муқобили қувваҳои Германияи фашистӣ беш аз як ҳафта натавонистанд муқовимат бикунанд. Бинобар ин зуд шикаст хурда таслим шуданд. Баъзе аз таърихнигорон навиштаанд, ки яке аз омилҳои тоб наовардани онҳо дар муқобили душман, ин айёшӣ, маишатпарастӣ ва шаҳватронии низомиёни эшон буд. Дар хақиқат ҷомиъаи Фаронса дар он рузгор ғарқ дар ботлоқи моддият ва фасоди ахлоқӣ буд.  Имруз ҳам мебинем, ки мардуми бо имон ва ғаюри Фаластину Афғонистон бо дасти холӣ ва силоҳи оддӣ дар муқобили неруҳои то ба дандон мусаллаҳи истилогарон муқовимати хастагинопазир доранд, яке аз иллатҳои он баъд аз неруҳои имони-эътиқодӣ, ҳамин сабру таҳаммул ва одат надоштани онҳо ба роҳатталабию маишатпарастӣ аст. Ёдам ҳаст солҳои аввали инқилоби Исломии Ирон буд, ки Амрико алайҳи Ирон мисли имруз таҳрими иқтисодӣ эълон намуд. Имом Хумайнӣ он руз ҷумлаи таърихие гуфта буданд:<<Мо уммати Ислом ва Рамазон ҳастем. Таҳримҳои шуморо бо рузаҳоямон посух хоҳем дод.>>

6.дарси ҳамдарди-иҷтимоъӣ: Яке аз манофеъи дигари рузаи моҳи мубораки рамазон пайдо кардани ҳисси ҳамдардӣ ва огаҳӣ дар дили ҳукуматдорону тавонгарон нисбати табақаи маҳруми ҷомиъа аст. Худованди Ҳаким ба ин манзур рузаро бар шоҳу гадо ва бою фақир баробар фариза гардонид. Дар фарзияти руза байни ақшори ҷомеъа ҳеҷ тафовуте аз назари молу мансаб қоил нагашт. Ин ҳисси ҳамдардӣ тавонгаронро водор мекунад, ки аз ҳоли бечорагон ғофил набошанд ва ба онҳо кумаку эҳсон бикунанд. Аз ҳамин ҷиҳат соҳиби шариъат дар моҳи шарифи рамазон бар бойҳо садақаи фитрро воҷиб гардонид.

          Оре, инсон то азоби гуруснагию маҳрумиро начашад аз ҳоли гуруснаҳою бенавоҳо огоҳ намешавад. Ҳамчуноне, ки кас то бемору ранҷур нашавад, дарду ранҷи беморро наметавонад эҳсос бикунад. Саъди раҳматул-лоҳ алайҳ мефармояд:

Тандурустонро набошад дарди реш,

Ҷуз ба ҳамдарде нагуям дарди хеш.

Гуфтан аз занбур беҳосил бувад,

Бо яке дар умри худ нохурда хеш.

То туро ҳоле набошад ҳамчу мо,

Ҳоли мо бошад туро афсона беш.

Бинобар ин Юсуф алайҳис-салом дар тамоми ҳафт сол қаҳтӣ ва хушксолии Миср рузадор буданд. Аз эшон пурсиданд: ки чаро шумо, ки калиди хазинаҳои Мисрро дар ихтиёр доред гуруснагӣ мекашед? Гуфт: <<Метарсам агар сер бошам гуруснагонро фаромуш кунам.>> Оре:

Он, ки дар роҳату танаъум зист

У чи донад, ки ҳоли гурусна чист?

Ҳоли дармондагон касе донад

Ки ба аҳволи хеш дармонад.

Дар замони хилофати ҳазрати Умар (Р) соле дар Мадинаи Мунаввара буҳрони гуштӣ пеш омад. Яъне гушт дар бозорҳои Мадина камчин ва гарон шуд. Эшон алайҳи нафси худ таҳрими гушт эълон намуданд. Ва бо худ савганд хурданд: ки то гушт дар бозорҳои Мадина арзону фаровон нашавад ва дар дастраси мардум қарор нагирад, ҳаргиз гушту таоми гуштӣ нахоҳам хурд. Ғизои эшон дар он айёми буҳронӣ танҳо нон ва равғани зайтун ва ё хурмо буд. Ҳар гоҳе нафси эшон майл ба гушт пайдо мекард ба шиками хеш хитоб карда мегуфтанд: <<Ай шикам! Ё ба ҳамин нони хушку равғани зайтун одат мекунӣ ва ё аз гуруснагӣ ҳалок мешавӣ, вале хоҳиши туро ҳаргиз бароварда намегардонам.>>

          Албатта ин сират ва шеваи зиндагии ҳазрати Умар (Р) нашъат гирифта аз мадрасаи рамазон ва мактаби Қуръон аст. Эшон ҳамвора кушиш мекарданд ва шабҳо дар кучаҳои Мадина мегаштанд, то аз дарди мардум огоҳ бошанд. Бинобар ин то охири умр чун муаллими хеш Расули Акрам (С) дар сатҳи камтарин раияти хеш зиндагӣ карданд. На қасре доштанд, на тахте, на тоҷе доштанд, на ҳарамсарое, дар ҳоле, ки қодир бар ин ҳама чиз буданд.

Сарварӣ дар дини мо хидматгарист

Адли Форуқию фақри Ҳайдарист.

Он мусалмонон, ки мирӣ кардаанд

Дар амирӣ ҳам фақирӣ кардаанд.

                                                                      (Иқбол)

7. Дарси ваҳдату якдили-сиёси: Ҳама медонанд,  ҳар сол ҳамин, ки моҳи мубораки рамазон фаро расад уммати Ислом якпорча ба истиқболи он мешитобанд. Ва ҳамдигарро ба қудуми он моҳи бузург табрику таҳният мекунанд. Ва аз Худованд барои ҳамдигар тавфиқи тоату ибодату тарки маъсият металабанд ва тамоми шабакаҳои телевизионии ҷаҳони Ислом барномаҳои вижаи рамазони барои рузадорон пахш мекунанд. Ҳама дар як соати муайяне нияти руза ва дар соати муайяне ифтори руза мекунанд. Шабҳои рамазон ҷаҳони Ислом бо ин вусъате, ки дорад мисли як масҷиди бузурге мешавад, ки аз ҳама ҷои он садои тиловату хатми Қуръон ва тасбиҳу ниёйиш бо Худованди Раҳмон шунида мешавад. Пас моҳи мубораки рамазон монанди фаризаи ҳаҷҷ як омили хеле қавӣ барои эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар ҷаҳони Ислом мебошад. Ва ин аст яке аз дарсҳои муҳимми мадрасаи рамазон барои пайравонаш.

Воқеан омилҳои ваҳдат дар дини мубини Ислом хеле-хеле зиёд ҳастанд. Дар матни шариати Ислом муштаракоти зиёде ҳаст, ки қариб кулли уммати Ислом, қатъи назар аз нажоду мазҳаб бар он иттифоқи назар доранд. Зеро ҳама мазоҳиби исломӣ дар усули эътиқодӣ ва аркони амалии дини мубини Ислом бо ҳам муттаҳид ва муттафиқ ҳастанд. Усули эътиқодии Ислом иборат аст аз: Имон ва бовар доштан ба ҳастии Худои якто, ва ба вуҷуди фариштаҳо, ва ба нузули китобҳои осмонӣ аз ҷониби Худо, ва ба рисолати Паёмбарҳо, ва ба рузи қиёмат бо зинда шудани мурдаҳо, ва ба тақдири неку бадӣ бандаҳо. Ва усули амалии он иборат аз: намозҳои панҷгона, закоти мол, рузаи моҳи шарифи рамазон ва фаризаи ҳаҷҷ аст. Тақрибан ҳама фирқаҳои исломӣ дар пазируфтани умури мазкура бо ҳам шарик ҳастанд. Илова бар ин гуфтаҳо кулли уммати Ислом як маркази махсусе доранд, ва он ҳарами хонаи Худо аст. Ҳар ҷой, ки бошанд дар ҳолати ибодат ҳама мутаваҷҷиҳ ба он самт ва руй ба он қибла меоранд.

Албатта олитарин мадрасаи ваҳдатомуз назири моҳи мубораки рамазон чуноне ишора кардем, фаризаи ҳаҷҷ аст, ки 3-4 млн нафар мусулмон бе тафовути нажодию мазҳабию синфӣ, дар як нуқтаи аз замин ҷамъ мешаванд ва бо либоси якранг дар паҳлуи ҳамдигар қарор мегиранд ва ба як имом иқтидо ва бо як такбир рукуъу суҷуд мекунанд. Пас барои таълими ваҳдату якдилӣ чи мадрасае омузандатар аз ибодати ҳаҷҷ метавонад бошад?

Муъминонро ваҳдат омуз аст ҳаҷҷ

Ҳиҷрат омузу ватансуз аст ҳаҷҷ

Дар ҷаҳон ҷони умам ҷамъият аст

Дар нигар сирри ҳарам ҷамъият аст.

                                                                  (Иқбол)

Ҳамчунин ҳадаф аз машруъияти намозҳои панҷгона ва намози ҷумъа ва идайн бо ҷамоати мардум дар масҷид, эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар байни уммати ислом аст. Хулосаи калом уммати Ислом бо тақозои мантиқи Қуръон уммати воҳид ва якпорча аст: Ҳама як Худо, як Расул, як китоб, як қибла, як ҳадаф ва як душмани муштарак дорад. Имруз агар ихтилофу парокандагие дар байни мусулмонҳо мушоҳида мешавад айбу тақсири он бар гардани мо мусалмонҳо аст на бар зоти Исломи азиз.

Ислом ба зоти худ надорад айбе

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Зеро мо натавонистем аз таълимоти олии ин дин истифодаи дуруст бикунем, чуноне ки дар гузашта салафи солиҳи мо тавониста буданд. Миллатгароӣ, маҳалгароӣ ва мазҳабгароӣ ба маънои бадбинию душманӣ ва тавҳину таҳқир нисбати бародари мусулмон дар дини мо ҳаром буда ва он савғоти шуми душманони Ислом ва истеъморгарони ғарбӣ аст. Мутаассифона имруз ҳастанд мусулмонони тангназаре, ки бо руҳи Ислом ошноӣ надоранд ва рисолати Исломро фақат дар чанд умури ибодатӣ хулоса мекунанд. Онҳо ба хотири баъзе масоили ғайри зарурӣ тухми ихтилофу душманӣ байни мусулмонон меафкананд ва бо ин амали худ, хидмати хирсона бар дин мекунанд ва об бар осиёби душман мерезанд.

Воқеан шигифтангез аст, ки яҳуду насоро то қарни 19 бар ин бовар буданд, ки ҳазрати Исои Масеҳ (а) ба воситаи яҳуд ба дор овехта шудааст ва аз тарафи яҳуд ба ҳазрати Марями покдоман (а) туҳмати зино заданд. Вале бо вуҷуди ин эътиқоди қадимӣ ва ҷангу ситезаҳои таърихӣ, чун хатари Исломро қатъи назар аз шиъию суннӣ ва салафию ҳанафӣ дар қарни 20 ҷиддӣ диданд роҳе ҷуз ин надидаанд, ки бо якдигар дасти дустӣ дода ва даст аз эътиқоди асосиашон бикашанд. Попи гузашта- роҳбари католикҳои ҷаҳон ба сароҳат бегуноҳии яҳудро аз туҳмати таърихии қатли Исои Масеҳ эълон кард. Попи феъли ба хотири “қатли оми яҳудиҳо” тавассути режими фашистӣ дар ҷанги ҷаҳони дуввум, аз ҳукумати саҳюнистии Исроил узрхоҳӣ кард.

          Оё ангезаи ин ваҳдат метавонад ғайр аз душмани бо Ислом бошад? Оё ин воқеа нишонгари он нест, ки акнун яҳуду насоро тасмими ҷидди гирифтаанд, ки бо ҳар василаи мумкин душмани муштараки худро аз байн бибаранд. Инҷост, ки бо роҳандозии ҷабҳаҳои ҷанги низомию лафзӣ ҳадафашонро мехоҳанд наздик бисозанд.

          Оё вақти он нарасидааст, ки мусулмонҳо бедор шаванд ва аз ҳар гуна ихтилофу тафриқа дурӣ ҷуста ва бо иттиҳоду ваҳдат барои эълои калиматуллоҳ дар паҳнои гетӣ таҷдиди азм намуда ва барои наҷоти муслимини ҷаҳон аз фитнаҳои тоғутӣ бапо хезанд ва дар дунё ва охират гиромию растагор гарданд. Ончунон, ки Худованд навид медиҳад: шумо ай мусулмонҳо! Сусту забун ва ғамгину афсурда нагардед! Ва шумо бартару пируз ҳастед, агар ба ростӣ муъмин бошед. (сураи 3-139)

Уммате буди умам гардидаӣ,

Базми худро худ зи ҳам пошидаӣ.

Он чи ту бо хеш кардӣ кас накард,

Руҳи поки Мустафо омад ба дард.

Ай зи афсуни фарангӣ бехабар

Фитнаҳо дар остини у нигар

Аз фиреби у агар хоҳӣ амон

Уштуронашро зи ҳавзи худ бирон

                                                              (Иқбол)

 

 

Ҳоҷи Маҳмудҷони Тураҷонзода

(25.09.2010)

 

 
 

 
     
     

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com