WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
     
 

Ҳиҷоб аз оғози таърих то кунун

 
 

(5.07.2007)

 
 

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

 
 

Чандест, ки хабари аз мактабу донишгоҳҳо манъ шудани духтарони ҳиҷобпӯшу руймолдор дар расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ бозтоби густарда пайдо намуда аст. Тибқи маълумоте, ки аз матбуот ва аз забони шоҳидон шунидаем, роҳбарони баъзе аз мактабҳо ва донишгоҳҳо ба манъ ва ихроҷи духтарони ҳиҷобдор тасмим гирифтаанд.

Дардовараш он аст, ки ин ҷанги алайҳи ҳиҷоб дар кишваре иттифоқ афтодааст, ки 99%-и он, аз деҳқони одӣ то Раиси Ҷумҳур мусулмон аст ва ба истилоҳи фақеҳон «дор-ул-ислом»мебошад.

 
 

  Кишваре, ки мардуми он зиёда аз 1300 сол аст, ки бо ойин ва фарҳанги Исломӣ аз гаҳвора то гур зиндагӣ кардааст ва мекунад. То дараҷае, ки фарҳанги Исломӣ, бо ҳама шохаҳояш, минҷумла фарҳанги пӯшиши Исломӣ, ҷузъи аъзаме аз фарҳанги миллии он гаштааст. Шояд модар ва модаркалони касе, ки имрӯз монеи ҳиҷоб ва рӯймоли калони духтарони мусулмон ҳастанд, бо рӯймолу чодар зистанду зери хок рафтанд.

Дар ин навишта мо тасмим гирифтаем масъалаи ҳиҷобро аз се назар мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳем;
Якум: аз назари таърих.
Дуюм: аз назари Қуръон ва фиқҳи Исломӣ.
Саввум: аз назари фоидаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ.

Азбаски яке аз шахсиятҳои мансабдори динӣ дар намози ҷумъа сароҳатан ҳиҷобро инкор намуда, байни рӯймоли миллӣ ва ҳиҷоб тавофут қоил шудааст, мо лозим донистем аввалан, вожаи «ҳиҷоб»-ро тавзеҳ бидиҳем, баъдан баҳсро дунбол намоем.

Аз назари луғати арабӣ, ҳар чизеро, ки монеаи байни ду шайъ (предмет) мешавад, мисли парда ва рӯйпуш, ҳиҷоб гӯянд. Дар забони шаръ ҳиҷоб ба маънои чизест, ки узвҳои нодидании занро аз нигоҳи номаҳрам бипӯшонад. Барои мисол: Аз назари шариат, илова бар бадан мӯи cap, гардан ва пеши бари зан низ аврат ва воҷибус-сатр ҳаст, пас ҳар порча матоъе, ки ин қисматҳои бадани занро бипӯшонад, ҳиҷоб гӯянд. Хоҳ он чодар ва ё рӯймоли миллӣ бошад, хоҳ ба қавли он нафари фавқуз-зикр, ҷуволҳои иронӣ ва арабӣ бошад. Зеро вожаи ҳиҷоб исми ом аст, шомили ҳама анвои рӯсарӣ ва ғайри рӯсарӣ мебошад. Пас инкори ҳиҷоб дар айни замон инкори рӯймоли миллӣ аст. Зеро рӯймол навъе аз ҳиҷоб аст. Ҳиҷоб истилоҳи исломист, иронию арабӣ намешавад. Балки ҳар зане, ки мусулмон аст, қатъи назар аз миллаташ, ҳиҷоб ба унвони як фаризаи динӣ тааллуқ ба ӯ дорад.

Ногуфта намонад, ки рӯймоли зан вақте шаръӣ мешавад ва дар ҳукми ҳиҷоб медарояд, ки мӯи cap, гӯшу баногӯш, гардану пеши бари ӯро ба ҷуз сурати рӯяш, бипӯшонад. Зеро пушонидани аъзои мазкура аз афроди бегона, аз назари Қуръон ва суннат бар ҳар зани мусулмон фарзи айн аст.

1. Таърихи бостонии миллатҳо шаҳодат медиҳад, ки ҳиҷоб бо исму тарзи мухталиф қабл аз тулӯи Ислом дар ҷаҳон, ба вижа дар миёни қавми яҳудию румию иронӣ вуҷуд дошта аст ва Ислом эҷодкори ҳиҷоб набудааст. Бинобар шаҳодати Қуръон дар ҷоҳилияти араб ҳиҷоб вуҷуд надоштааст. Танҳо ба шарофати Ислом занони араб соҳиби ҳиҷоб шудаанд.

Ховаршиноси маъруфи аврупоӣ Вилдуронт дар ҷилди 12-уми «Таърихи тамаддун» роҷеъ ба қавми яҳуд ва қонунҳои «Талмуд» (китоби аҳком дар дини яҳудият) менависад: «Агар зане қонунҳои яҳудро вайрон мекард, чуноне, ки масалан, бе пӯшидани cap ба миёни мардум мерафт ва ё дар кӯча нах мересид, ё ба ҳар синфе аз мардон дарди дил мекард ё садояш он қадар баланд буд, ки ҳамсоягонаш метавонистанд суханони ӯро бишнаванд, дар ин суратҳои мазкура мард ҳақ дошт бидуни пардохти маҳрия ӯро талоқ диҳад».

Дар ҷилди аввали «Таърихи тамаддун» роҷеъ ба ҳиҷоби ирониёни қадим мегӯяд: «Занони табақоти болои ҷомеа ғайр аз канизҳо, ҷуръати онро надоштанд, ки ҷуз дар тахти равони рӯпӯшдор, аз хона берун биёянд. Ва ҳаргиз ба онҳо иҷоза дода намешуд, ки ошкоро бо мардон омезиш кунанд. Дар нақшҳои аз Ирони бостон бар ҷой монда ҳеҷ сурати зане дида намешавад ва ҳатто номе аз эшон ба назар намерасад».

Ба ақидаи Вилдуронт решаи пайдоиши ҳиҷоби иронӣ, ҳамон муқаррарот ва муъомилоти сахтест, ки тибқи расму ойини маҷусӣ нисбат ба зани ҳоиза иҷро мешуда, ки ҳама дар муддати одати занонагӣ аз ӯ дури меҷӯстанд ва ӯро дар утоқе маҳбус карда, аз муошират бо ӯ парҳез мекарданд. Ва ҳатто даст расонидан ба бадани ӯ муҷиби ғусл мегашт.

Кент Губину дар китоби «Се сол дар Ирон» навиштааст: «Ҳиҷоби сахти давраи Сосонӣ дар давраи Ислом дар миёни ирониён боқӣ монд...» Ҷавоҳирлаъл Неҳру низ муътақид аст, ки ҳиҷоб ва расми ҳарамсародорӣ аз миллатҳои ғайри мусулмон, мисли Руму Ирон ба ҷаҳони Ислом ворид шудааст. Эшон дар ҷилди аввали китоби «Нигоҳе ба таърихи ҷаҳон» зимни ситоиш аз тамаддуни Исломӣ, ба тағйироте, ки баъдҳо пайдо шуд, ишора мекунад ва аз ҷумла мегӯяд: «Бар асари нуфузи имперотурии Қустантиния ва Ирон буд, ки расми ҷудоии занон аз мардон ва парданишинии эшон дар миёни арабҳо ривоҷ пайдо кард. Тадриҷан системаи «ҳарамсародорӣ» оғоз гардид ва мардҳо ва занҳо аз ҳам ҷудо гаштанд».

Албатта, он эътиқоде, ки ин азизон доштаанд, ки гӯё ҳиҷоби Исломӣ мутаассир аз ҳиҷоби ғайриисломист, мантиқан сухани дурусте нест. Зеро қабл аз омезиши тамаддуни Исломӣ бо ғайриисломӣ, аниқтараш соли панҷуми ҳичрат оятҳои марбут ба ҳиҷоб аз ҷониби Худованд бар қалби поки Паёмбар, алайҳиссалом, нозил шуда буд ва занони мусулмон ҳиҷобпӯш гашта буданд.

Ба ҳар ҳол, аз ривоятҳои таърихии эшон мусалламан собит мешавад, ки қабл аз ойини Ислом, ҳиҷоб дар ҷаҳон, ба вижа дар кишвари бузурги Ирон, ки сарзамини мо ҷузъе аз он буд, вуҷуд доштааст. Пас касоне, ки ҳиҷобро арабӣ ва ё таҳмилшуда бар зани тоҷик медонанд, аз таърихи гузаштаи худ хабар надоранд. Баръакс, беҳиҷобӣ барои духтарони мо аҷнабӣ ва таҳмилшуда аст, на ҳиҷоб, ки он ҷузъе аз фарҳанги аслии миллии мо тоҷикон аст. Ҷои бисёр тааҷҷуб ва таассуф аст аз рафтори ноодилонаи баъзе мухолифони ҳиҷоб, ки духтарони моро аз пӯшидани русариҳои занони иронӣ, ки ҳамхуну ҳамфарҳангу ҳамдини мо ҳастанд, манъ мекунанд, вале аз пӯшидани либосҳои зиддиахлоқии занони Аврупо, ки ҳеҷ рабту пайванде бо мо надоранд, боз намедоранд. Чунин бегонапарастӣ фақат аз баъзе афроди ғуломтабиати манқуртшуда содир мешавад.

2. Таърихи ҳиҷоби Исломӣ чуноне, ки ишора кардем, аз соли панҷуми ҳиҷрат шурӯъ мешавад. Дар ин сол Парвардигори ҷаҳон, ки суду зиёни инсон ва ҷомеаи инсониро беҳтар аз худи инсон медонад, ҳиҷобро бо фармони қатъии хеш барои зани мусулмон, ба унвони як фаризаи динӣ, лозим ва ҳатмӣ гардонид. Оятҳои марбут ба ин мавзуъ дар ду сураи Қуръон-яке сураи «Hyp», оятҳои 30-31 ва дигар сураи «Аҳзоб», ояти 59-омадааст. Дар оятҳои сураи «Hyp» Худованд аввалан одоби муоширати занон ва мардонро дар ҷомеъа баён карда мегӯяд: «Ай Паёмбар! Ба мардон ва занони бо имон бигӯ то дар зиндагӣ боҳаёву бо иффат бошанд ва аз чашмчаронию назарбозӣ ва аз фоҳишагарию зинокорӣ худро нигоҳ доранд».

Сипас ба фармоне, ки махсуси занон аст, одоби пӯшиш ва рафтори зани мусулмонро берун аз хона ба ин мазмун таълим медиҳад: «Зан ва духтари болиғшудаи мусулмон замоне, ки аз хона берун мешавад, бояд дар тан либосе дошта бошад, ки тамоми бадани ӯро, ба ҷуз рӯю кафу қадам аз назари марди номаҳрам бипӯшонад: Ороиш ва зеварҳои нодидании худро мисли гушвору ҳалқа бар дигарон ошкор насозад. Вақте, ки роҳ мегардад, бо ҳаракатҳои маънодори худ дар пайи таҳрики шаҳват ва ҷалби таваҷҷуҳи мардони булҳавас набошад».

Дар сураи «Аҳзоб» Парвардигори олам дар шахси Паёмбари Акрам (с) ҳар мусулмонеро, ки риёсати оила ва ё ҷомеаро дар ихтиёр дорад, мухотаб қарор дода, мефармояд: «Ай Паёмбар! Ба ҳамсарон ва духтаронат ва ба занони уммати Ислом бигӯ то бар сари худ рӯсарӣ (рӯймол, ҳиҷоб ва ё ҳар пора матоъе, ки сару гардану пеши бари ӯро бипӯшонад) биандозанд! Ва мисли ҷоҳилияти аввали араб бараҳна ва нимбараҳна нагарданд!». Ин рӯсарӣ пушидан ба хотири он аст, ки то занони мусулмон ба иффату покдоманӣ шинохта шаванд ва мавриди азияти (ва шикори) мардони булҳавас қарор нагиранд.

Дуввумин масдари аҳком дар дини мубини Ислом суннати саҳеҳа-яъне гуфтор, кирдор ва тақрироти Расули Акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам-аст. Масъалаи фарзияти ҳиҷоб бо суннати саҳеҳа аз ҷониби соҳиби шариат (с) низ таъйид ва тасбит шудааст. Асмо духтари Абубакри Сиддиқ (р) ки хоҳари бузурги Оиша (р) буд, ба хонаи Паёмбари Акрам (с) омад, дар ҳоле, ки пироҳани нозук ва баданнамо пушида буд. Расули Акрам (с) рӯи хешро аз ӯ баргардонид вa гуфт: Ай Асмо! Ҳамин, ки зан ба синни булуғ расид, ҷоиз нест чизе аз бадани ӯ дида шавад, магар чеҳра ва кафҳои даст ва қадам. (Сунани Абудовуд, ҷ..2, саҳ.383).

Дар чанд ҳадиси саҳеҳи дигар Паёмбари Акрам (с) занони бараҳна ва нимбараҳнаро дузахӣ ва маҳрум аз бӯи биҳишт хонда, онҳоро лаъну нафрин кардаанд, ки мо ба хотири ихтисори сухан аз зикри онҳо худдори кардем. Муроҷиъа шавад ба (Саҳеҳи Муслим, Муснади Аҳмад ва дигар...).

Бо истифода аз оятҳои Қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ, тамоми уламои уммати Ислом, аз асри салаф то имрӯз, бидуни истисно, бар фарзияти ҳиҷоб барои зани мусулмон иҷмоъ ва иттифоқ кардаанд, ки ин иҷмои эшон саввумин масдари аҳком дар дини мубини Ислом аст.

Аз ин ҷиҳат ҳиҷоб фаризаи иттифоқӣ аст. Ҳеҷ мазҳабе аз мазоҳиби Ислом қатъи назар аз шиъаю суннӣ, дар ин масъала ихтилофе надорад. Мувофиқи иҷмоъ, яъне назари тамоми фуқаҳои исломӣ, инкори ин фариза куфри сареҳ ва хориҷ шудан аз доираи Ислом ҳисоб мешавад. Зеро инкор кардани ҳиҷоб ба маънои инкор кардани Қуръону суннат ва напазируфтани амри Худову Расул аст.

3. Акнун мепардозем ба баёни фоидаҳои ҳиҷоб ва зарарҳои беҳиҷобӣ ва ё бараҳнагию нимбараҳнагӣ:

Фоидаи аввал: Боло бурдани қимат ва арзиши зан

Файласуфон вақте мехоҳанд решаи пайдоиши ҳиҷобро дар масири таърих тафсир намоянд, чунин баён мекунанд: Ҳиҷоб ва сатру пӯшиш як навъ тадбири моҳирона ва ғаризии зан аст, ки ба хотири боарзиш ва гаронбаҳо кардани худ ва барои ҳифзи мавқеи хеш дар баробари мардон ба кор бурдааст. Ӯ бо ҳуши фитрии худ дарёфтааст, ки аз лиҳози неруҳои ҷисмӣ наметавонад бо мард баробарӣ кунад. Агар бихоҳад дар майдони зиндагӣ бо мард панҷа нарм кунад, аз уҳдаи зӯри бозӯи ӯ намебарояд. Ва аз тарафи дигар, нуқтаи заъфи мардро дар ҳамон ниёзи фитрие ёфтааст, ки Офаридагор ба василаи ғаризаи ҷинсӣ дар вуҷуди мард ниҳодааст, ки ӯро мазҳари ишқу талаб ва занро мазҳари маъшуқият ва матлубият қарор додааст. Вақте, ки зан мақом ва мавқеи худро дар баробари мард ва нуқтаи заъфи мардро дар баробари худ дарк намуд, ҳамон тавре, ки барои шикор кардан ва соҳиб шудани қалби мард ба зинат ва таҷаммулу худорои пардохт, ҳамчунин ба хотири тез кардани оташи ишқу талаби мард, мутавассил ба дур нигоҳ доштани худ аз дастрасии мард низ шуд. Зеро тибқи мақолаи арабӣ: «Ал-инсону ҳарисун ало мо муниъа» инсон ба ҳар чизе, ки дастрасӣ надорад, бисёр иштиёқманду ҳарис ва ошиқу харидор аст.

Вилдуронт дар ин замима мегӯяд: «Худдорӣ аз кушодарӯӣ ва танфурӯшӣ беҳтарин силоҳи занон барои шикори мардон аст. Марди ҷавон ҳамеша ошиқи чашмони пур аз ҳаё аст».

Мавлавӣ дар «Маснавӣ» роҷеъ ба таъсири ҳиҷоб дар афзоиши маҳбубияти зан ва дар боло бурдани арзиш ва мақоми ӯ ва дар гудохтани мард дар оташи ишқу талаб масали бисёр латифе меорад. Онҳоро ба обу оташ ташбеҳ мекунад ва мегӯяд: ки мард монанди об ва зан мисли оташ аст. Агар парда аз миёни обу оташ бардошта шавад, об бар оташ ғолиб мешавад ва онро сарду хомуш ва муште хокистар мекунад. Аммо, агар ҳиҷобе ва ё пардае миёни он ду барқарор гардад, мисли ин ки обро дар деге қарор диҳанд ва оташ дар зери он дег равшан кунанд, он вақт аст, ки оташ обро таҳти таъсири худ қарор медиҳад. Андак-андак ӯро гарм мекунад ва аҳёнан ғалаёну ҷӯшиш дар ӯ ба вуҷуд меорад, то он ҷо, ки саросари вучуди ӯро табдил ба бухор месозад:

Об ғолиб шуд бар оташ аз лаҳиб,
3-оташ ӯ ҷӯшад чу бошад дар ҳаҷиб.
Чунки деге ҳоил омад он дуро,
Нест кард он обро кардаш ҳаво.

Аз гуфтаҳои бузургон ба хубӣ равшан мешавад, ки ҳиҷоб барои зан масуният аст, на маҳдудият. Яъне каромат, қимат ва арзиши ӯро ҳифз мекунад, на ин ки ҳуқуқҳои инсонии ӯро маҳдуд бикунад.

Аммо, агар фарҳанги бараҳнагӣ ва беҳиҷобӣ ҷойгузини ҳиҷоб ва ҳаёву иффат дар ҷомеа шавад (монанди дунёи Ғарб, ки омезиши мардон ба занону духтарони бараҳна ва нимбараҳна аз оила гирифта то мадрасаву ҷои кор як амали маъмулӣ шудааст), табиист, ки он вақт дар асари чунин омезишҳои тӯлонӣ ғаризаи ҷинсии мардон заиф гашта, дигар майлу рағбат ва таваҷҷӯҳу арзише дар дили мардон нисбат ба занон боқӣ намемонад. Зеро имрӯз илм исбот намудааст, ки бисёри мардон аз сабаби омезишҳои доимӣ бо занони урёну нимурён, ба зуди аз ғаризаи ҷинсӣ ва ё шаҳвонии худ маҳрум гаштаанд.

Агар хоҳед бидонед, ки ин падидаи бараҳнаги чӣ хисорат ва зарари бузурге ба тоифаи занон овардааст, бо омор ва ё рақамҳои зер, ки аз шабакаи телевизионии машҳури дунё «Ал-ҷазира» эълон шудааст, тавачҷӯҳ фармоед: «Феълан дар Амрико 10 млн мард ғаризаи ҷинсии (шаҳвонии) худро ба куллӣ аз даст дода, 20 млн нафари дигар барои барқарории ғаризаи шаҳвонӣ дар муолиҷа қарор доранд». Ва ҳамчунин, дар он барнома гуфта шуд, ки яке аз сабабҳои заъфи ғаризаи ҷинсӣ дар мардон омезиши доимӣ ва бебандубор бо занони бараҳна ва нимбараҳна аст.

Дар ҳақиқат асри 20 барои дунёи ғарб нуктаи авҷи падидаи бараҳнагӣ ва нимбараҳнагӣ буд. То ҷое, ки ин амали зишт ба унвони як маданияти олӣ аз ҷониби донишмандони он ташвиқу тарғиб мешуд. Россел дар китоби «Тарбият» пӯшонидани аврат ва шармгоҳро аз ҷумлаи «ахлоқи бемантиқ» шуморида, навиштааст: «Чаро падарон ва модарон кӯшиш мекунанд, ки аврати худро аз назари бачаҳо бипӯшонанд? Ин кори онҳо сабаби таҳрики ҳисси кунҷковии бачаҳо мегардад. Агар кӯшиши волидайн барои пинҳон доштани шармгоҳи худ аз рузи аввал намебуд, чунин ҳисси кунҷковии козибе дар бачаҳо пайдо намешуд. Бояд волидайн аврати худро ба бачаҳо ло ақал ҳафтае як бор дар саҳро ва ё ҳаммом бараҳна шуда, нишон бидиҳанд, то онҳо аз аввал бидонанд, ки дар зери домани волидайнашон чӣ чизе пинҳон аст». Ин аст назари Россел, ки яке аз падарони андешаи сиёсию иҷтимоии муосири Ғарб ба ҳисоб меояд!

Фоидаи дуввум: Истеҳкоми-пайванди оила

Бешак, ҳар чизе, ки боиси устувории пайванди хонаводагӣ ва сабаби ташвиқ ва ташкили оилаҳо шавад, барои ҷомеа муфид аст. Зеро оила зербинои ҷомеа мебошад. Пас вақте зан дар ҷомеа мастура ва пӯшида бошад ва аз дастрасии мардони булҳавас ва лаззатҷӯ дур бошад ва ягонароҳи расидан ба висоли ӯ издивоҷу никоҳ бошад, табиист, ки мардҳо ба издивоҷи занон рағбат менамоянд ва ин худ боиси ташкил ва таҳкими оила ва хонаводаҳо мегардад. Вале дар муқобил, агар муоширати озоди мардон бо занони бараҳна дар ҷомеа маъмул ва расмӣ шавад, яъне коммунизми ҷинсӣ дар ҷомеа ҳукмфармо гардад, дар ин сурат дигар издивоҷу никоҳ як амри нодаркор ва номарғуб шуда мемонад.

Ҳамин аст, ки имрӯз 85% ҷавонписарону духтарони Аврупо намехоҳанд зери бори издивоҷу никоҳ раванд. Чунки издивоҷ аз назари эшон ба маънои пазируфтани бори сангини зиндагӣ, пойбанд ва маҳдуд кардани худ ба ҳамсари қонунӣ аст. Онҳо танҳо ҳангоме, ки нируи ҷавониашон рӯ ба заъфу сустӣ ниҳод, иқдом ба издивоҷ мекунанд. Ва он издивоҷ ҳам фақат ба хотири фарзандест, ки баъд аз марг вориси амлоку амволашон бошад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони ғарбзадаи мо низ ба хотири айёшӣ ва зинокорӣ, ки ба тақдири эшон, феълан бисёр арзону осон шудааст, намехоҳанд издивоҷ кунанд. Ҳол он, ки дар гузашта ширинтарин орзуи як ҷавон издивоҷ ва никоҳ буд, ки он баъд аз интизориҳои тулонӣ сурат мегирифт. Ва ба ҳамин далел зану шавҳар якдигарро омили некбахтии ҳам ва оиларо хонаи саодат ва хушбахтии хеш медонистанд. Ҷавонони гузаштаи мо пеш аз он, ки ба “баракати” тамаддуни Ғарб дастрасӣ ба зан чунин арзону ройгон шавад, «шаби арӯсиро кам аз тахти подшоҳӣ» намедонистанд. Ва ҳатто ба домод унвони шоҳӣ дода «шаҳ» ва «шоҳдомод» мегуфтанд. Вале имрӯз ба “шарофати” низоми дунявӣ демократӣ дастрасӣ ба висоли занон он қадар арзону фаровон шудааст, ки як ҷавони булҳавасе, ки мошини сабукраве дар ихтиёр дошта бошад, метавонад муфту арзон ба андозаи шоҳони ҳарамсародори гузашта, аз занҳои гуногунрангу мухталифуссин комҷӯию комронӣ кунад.

Барои чунин ҷавонон дигар ниёзе дар амри издивоҷу ташкили оила боқӣ намондааст. Оре, имрӯз ба тақлиди фарҳанги Ғарб маъшуқабозии беҳадду ҳисоб маданият ҳисоб мешаваду дузанагӣ бошад ҷиноят. Муддаъиёни дуруғини ҳифзи ҳуқуқи башар занони мусалмони моро гул зада мегӯянд: «Мо ба хотири ҳифзи ҳуқуқи шумо, низоми дузанагиро мамнуъ ва ҷиноят эълон намудаем». Вале дар асл дуруғ мегӯянд: Фақат машруъияти онро манъ ва номашро дигар кардаанд. Яъне дузанагиро ба маъшуқабозӣ иваз намудаанд. Вагарна кадоме аз эшон ба як зани расмӣ ва қонунии хеш қаноат намуда, барои дилхӯшии худ маъшуқае надорад?

Фоидаи саввум: Устувории ҷомеа

Ислом бо фариза кардани ҳиҷоб бар зани мусулмон, намехоҳад ӯро дар чаҳордевораи хона зиндонӣ кунад. Зиндонӣ кардани зан дар хона аслан дар Ислом матраҳ нест. Паёмбари маҳбуби Ислом (с) ба занони мусулмон сароҳатан гуфтааст: Худованд ба шумо дастур додааст, ки аз барои рафъи ниёзҳои зиндагии хеш (албатта бо риояти одоб ва ҳиҷоби Исломӣ). метавонед аз хона берун равед. (Саҳеҳи Бухорӣ).

Аз ин ҷиҳат зан дар Ислом аз ҳуқуқҳои зиёде бархурдор аст. Ҳаққи таҳсили илм ва кор кардан, ҳаққи моликият ва мерос ва хариду фуруш кардан, ҳаққи дар маросимҳои динӣ мисли намози ҷумъа ва ҷамоат ширкат кардан, ҳаққи дар интихоботҳо ба ҳайси интихобкунанда ва ё интихобшаванда ҳузур ёфтан, ҳаққи мусофират кардан бо яке аз маҳрам ва ҳатто ҳаққи ширкат кардан дар амалиётҳои ҷангиро низ дорад.

Балки Ислом бо фарз кардани ҳиҷоб бар зани мусулмон мехоҳад, то ҳама навъи комҷуию лаззатҷӯиҳо, чӣ чашчаронию назарбозӣ ва чӣ шаҳватрониҳои ҷинсӣ, ҳама махсус ба муҳити хонавода ва дар чаҳорчӯбаи издивоҷу никоҳ бошад. Ҷомеа мунҳасир барои кору фаъолият буда, ҳиҷоб монеъи ҳеҷ гуна фаъолияти фарҳангӣ, иҷтимои ё иқтисодӣ нест. Он чи боиси фалаҷ кардани нируи ҷомеа аст, ин олуда кардани муҳити кору таҳсил ба лаззатҷӯиҳои шаҳвонӣ аст. Оё агар писарон ва духтарони донишҷӯ дар курсиҳои ҷудогона нишаста таҳсил кунанд, дар ҳоле, ки духтарон бадани худро пушида ва ҳеҷ гуна ороише надошта бошанд, беҳтар дарс мехонанд ва фикр мекунанд? Ва ё вақте, ки канори ҳар писаре як духтари ороишкарда бо нофи бараҳна ва домани кӯтоҳ то як ваҷаб болои зону, нишаста бошад, беҳтар мехонанду фикр мекунанд?

Бари пунба оташ набояд фурӯхт,
Ки то чашм бар ҳам занӣ, хона сухт.

                                                           (Саъдӣ)

Гуфт бобо чун кунам парҳез ман,
Оташу пунба-ст охир марду зан.
Пунбаро парҳез аз оташ куҷост,
Ё дар оташ кай ҳифоз асту туқост.

                                                          (Румӣ)

Оё агар марде дар хиёбону бозор ва ё дар идораву корхона бо баданҳои бараҳна ва нимбараҳнаи занони ороишкарда мувоҷеҳ бошад, беҳтар саргарми кору фаъолият мешавад ва ё дар муҳите, ки ба чунин манзараҳои шаҳватангез рӯ ба рӯ нагардад? Натиҷаи ин дӯшбадӯшиҳои бебандубор дар донишгоҳу ҷои кор ин аст, ки ҳар ду ба ҷои он ки ба дарс ва ё кор таваҷҷуҳ дошта бошанд, мутаваҷҷеҳи ҳамдӯши худ мешаванд, то он ҷо, ки ғолибан ин ҳамдӯшиҳо ба ҳамоғӯшиҳо мунтаҳӣ мегардад.

Фоидаи чаҳорум: Ҷилавгирӣ аз фасоди ахлоқӣ

Бе шакку шубҳа яке аз решаҳо ва ангезаҳои фасоди ахлоқӣ дар ҷомеа падидаи бараҳнагӣ ва нимбараҳнагии занон аст. Дер ё зуд ин падида ба унвони як бемории иҷтимоӣ шинохта хоҳад шуд. Фаразан, имрӯз мо куркурона аз Fapб тақлид кунем, худи пештозони ғарбӣ рӯзе моҳият ва хатари ин падидаро эълон хоҳанд кард. Вале мо, агар ба интизори эълони онҳо бишинем, шояд хеле дер бишавад. Агар мехоҳед бубинед оқибати кори бараҳнагӣ дар дунёи Fapб ба куҷо расида ва фарёди чӣ касонеро баланд кардааст пас ба ин нидое , ки аз ҳанҷараи яке аз мутафаккирони ғарбӣ баланд шудааст, таваҷҷӯҳ фармоед: «Дунёи Ғарб агарчи аз назари технологи ва сатҳи зиндагӣ хеле боло рафтааст, вале аз назари ахлоқ ва маънавият бисёр таназзул кардааст».

Шояд рӯй овардани олами Fapб дар авохири асри 20 ба калисо ва таълимоти дин, як василае барои ҷилавгирӣ аз ин вартаи ҳалокат бошад. Яке дигар аз паёмадҳои хатарноки падидаи бараҳнагӣ, ки решаи зино ва фаҳшо дар ҷомеа аст, интишори сареъи бемории Спид мебошад. Бо эътирофи донишмандон хатари ин беморӣ бузургтар аз хатари бомбаҳои атомӣ ва терроризми ҷаҳонӣ аст. Теъдоди қурбониҳои он дар тули зиёда аз 30 сол ба 25 млн нафар расидааст. Ва феълан 40 млн дигар аз мубталоёни ин беморӣ дар интизори марги худ лаҳзашуморӣ доранд. Тибқи пешгуиҳои олимон, агар бемории Спид доруи ниҳоии худро наёбад, то солҳои 2050-и мелодӣ адади куштаҳои он ба 70 млн нафар хоҳад расид. Яъне аз қурбониҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бештар.

Бемории Спид, ки меваи талхи комунизми ҷинсӣ ва фасоди ахлоқист, дар ҳақиқат як навъ ннтиқом ва азоби Худованди олам аст, аз инсонҳое, ки аз масири фитрат мунҳариф шуданд: Оташ чу дар гирифт, хушку тар гирифт. Гоҳо иттифоқ меафтад, ки афроди бегуноҳ мисли кудакон аз тариқи сироят қурбонии ин вабо мегарданд.

Паёмбари маҳбуби Ислом (с) бо нури нубувват 1400 сол пеш аз шуюъи чунин бемориҳо дар асари фаҳшо хабар дода буданд: «Ҳар қавму миллате ба фаҳшову зино мубтало шуд, ҳатман Худованд дар байни он қавм бемориҳое пайдо месозад, ки собиқаи таърихӣ надорад». (Сунани Абудовуд).

Ин вабои бесобиқаи асри 20 дар ҷумҳурии мо низ сояи сиёҳи худро афкандааст. Мувофиқи маълумоти расмии Вазорати тандурустии кишвар 2 сол қабл дар ҷумҳурии мо зиёда аз 600 нафар беморони Спид ба қайд гирифта шудааст. Шояд беморони ба қайд нагирифта даҳ баробар ва сад баробар зиёд аз адади мазкура бошад. Зеро имрӯз ҳудуди 1 млн нафар ҷавони тоҷик дар кишвари Русия, ки мувофиқи омори эълоншуда тақрибан 1 млн бемори Спид дорад, муҳоҷири кори ҳастанд.

Ба ёдам савганди духтари тирабахте, ки ба вируси ин беморӣ мубтало шудааст, меояд, ки онро аз забони ҷойнишини сардухтури ноҳияамон шунида будам, ки гуфт: вақте ӯро насиҳат кардем, ки хоҳарам шумо эҳтиёт кунед, бо дигарон алоқаи ҷинсӣ накунед, то дигарҳоро олуда накунед! Дар ҷавоб гуфт: «қасам ба Худо чуноне, ки дигарҳо маро олуда ва бадбахт кардаанд, дигаронро олуда ва бадбахт хоҳам кард». Мувофиқи қонунҳои мавҷуда эълон намудани суроға ва исму насаби беморони Спид мамнуъ аст, ки ин боиси хатарнок шудани онҳо дар ҷомеа мегардад. Онҳо дар ин ҳолат ба террористони хатарноке мемонанд, ки зери домани худ маводди тарканда доранд.

Дар ҷомеае, ки занону духтарон урёну нимурён буда, шароити фаҳшову зино саҳлу осон аст, ҳушдор додани ҷавонон аз хатари Спид масали машҳури халқиро ба ёд меорад, ки гуфтаанд: «Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ, боз мегӯи, ки доман тар макун, ҳушёр бош!» Хулоса, бо рекламаҳои телевизиони ва халтаҳои резинӣ намешавад ҷомеаро аз хатари вабои асри 20-бемории Спид-муҳофизат кард. Дар рузгори мо пушидани ҳиҷоби Исломӣ ва ё либоси миллӣ василаи хубе барои пешгирии ҷомеа ҳам аз ботлоқи фасоди ахлоқӣ ва ҳам аз хатари вабои асри 20-Спид мебошад.

Дар охир мехоҳам масъалаи манъи ҳиҷобро аз назари ҳуқуқӣ баррасӣ намоям. Яке аз ҳуқуқҳои мусалламе, ки қонуни асосии кишвар барои шаҳрвандони худ кафолат додаст, ин озодии виҷдон ва пайравӣ намудан ва ё нанамудан аз дину ойин аст. Лозимаи «пайравӣ намудан» зиндагӣ ва амал кардан ба қавонин ва аҳкоми динӣ мавриди назар аст. Маълум аст, ки ҳиҷоб барои духтар ва занони мусулмон яке аз аркони фарзӣ ва аҳкоми зарурии дини мубини Ислом аст. Пас, ба кафолати қонуни асосии кишвар, ҳар зани мусулмон ҳақ дорад аз истифодаи ҳиҷоби Исломӣ бархурдор шавад, он чуноне, ки занони беҳиҷоб бо истифода аз ин ҳаққи конститутсионии худ, ҳақ доранд озодона бараҳна ва нимбараҳна бигарданд.

Хулосаи калом масъалаи манъи ҳиҷоб аз назари мусулмоне, ки пойбанд ва мутамассик ба аҳкоми дин аст, масъалаи ҳазлу шухӣ набуда, балки масъалаи таарруз намудан ба ҳарими нангу номус ва иффату диёнат аст.

Оре бо зуру фишор гирифтани ҳиҷоб ва ё руймол аз сари духтари мусулмон маънои таҷовуз кардан ба ъирзу номус ва иззати нафс ва иффати уро дорад. Ва ё бози кардан ба эҳсосоти динии як фарди мусулмон аст. Зеро барои зани мусулмон фарқ надорад, ки руймоли ӯро аз сараш бадар мекунанд ва ё поҷомаашро аз бадан берун мекунанд. Чунки муи сар ва соқи пой ҳарду дар шариъати муққаддаси ислом аврат ва воҷибус-сатр буда, фақат якеро аврати ғализа, дигареро аврати хафифа мегуянд. Дар ҳоле ки Паёмбари акрам (с) барои бархурди бо чунин ҳолат, ба пайравони дини худ таълим медиҳад: «Дар маъсият ва нофармонии Худо (мисли аз cap гирифтани рӯсарӣ, ки гуноҳи хеле бузург аст), набояд мусулмон аз касе итоат намояд». (Агарчи он кас падару модар ва ё шоҳу шоҳаншоҳ бошад). Пас касоне, ки зидди ҳиҷоб ва ё рӯсарӣ ҳастанд, бояд ин ҳолати хоҳарони мусулмони моро ба инобат бигиранд ва онҳоро байни обу оташ қарор надиҳанд ва ё маҷбур ба саркашӣ ва қонуншиканӣ накунанд. Аз дунявиҳои ифротгаро хоҳиш мекунам як бор пеши назари худ ин саҳнаро тасаввур бикунанд, ки шахсе мехоҳад бо хушунату зур хоҳар духтар ва ҳамсари онҳоро бараҳна ва уръён бикунад, онгоҳ чи ҳолате барои эшон даст медиҳад, онро барои дигарон низ пеши назар дошта бошанд. Агар экстримизм ба маънои хушунат ва ифротгарои бошад, пас ба Худо қасам, ки ин рафтори онҳо ба ҷуз экстримизм ва ифротгароӣ маъно ва номи дигаре надорад. Дунявиҳои тоҷик то имрӯз толибонро экстримист ва ифротгаро мегӯянд. Ба хотири он ки эшон занонро маҷбур ба пушидани ҳиҷоб мекунанд, ва аз мактабу мадраса боз медоранд, ва ё мардонро ба хотири тарошидани риш таъзир ва таҳқир мекунанд. Бехабар аз он ки рафтори имрӯзи эшон нуқтаи муқобили рафтори толибон аст.

Агар толибони исломӣ занонро ба пушидани ҳиҷоб маҷбур кунанд, тоҷикони дунявӣ эшонро маҷбур ба гирифтани ҳиҷоб мекунанд. Агар толибони афғон занонро аз мактабу мадраса манъ кунанд, толибони тоҷик онҳоро аз масҷиду ибодатхона боз медоранд. Агар толибони ифротӣ (экстримист) мардонро ба хотири тарошидани риш таҳқиру таъзир кунанд, тоҷикони ифротӣ ва экстримист мардонро ба хотири дароз кардани риш таҳқиру тафтиш мекунанд. Пас чи тафовутест байни инҳо бо онҳо? Ҳарду рафтори хушунатомез мухолифи меъёрҳои қабулшудаи концепсияи ҳуқуқи башар аст.

Бинобар ин бори дигар аз дунявиҳои тоҷик хоҳиш мекунам, ки алал-ақал дар дунёи худатон озода бошед! Ва ба қонунҳои дунявӣ қабулкардаи худатон эҳтиром ва амал намоед!

Дунявӣ будани низоми давлатдорӣ ба маънои ин нест, ки мо ҳатман аз фарҳанги миллӣ ва динии худ ҷудо шавем. Ҳама медонанд, ки мо тоҷикон низоми дунявиро бо тақлид аз ҷаҳони Ғарб пазируфтаем. Пас набояд бо зиёдаравӣ кардан дар амри тақлид аз поп ҳам католиктар шавем. Чуноне, ки мушоҳида мешавад, дар аксари кишварҳои ғарбӣ, ба истиснои баъзеи онҳо, ки ғаразҳои сиёсӣ доранд, занони мусулмон бо вуҷуди ақаллият буданашон, озодона бо ҳиҷоби Исломӣ кору таҳсил мекунанд. Банда шоҳид будам дар Амрико, ки мусулмонҳо ҳамагӣ 3%-и ҷамъияти онро ташкил медиҳанд, духтарони мусулмон аз мадрасаҳои ибтидоӣ гирифта то донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои корӣ, бо риояти ҳиҷоби Исломӣ кору фаъолият мекарданд. Ҳеч, гоҳ рӯймолу ҳиҷоб ва ришу салла ва масҷиду мадраса монеъи илму дониш нест. Синову Мавлавӣ, Зебунисову Робиаи Балхӣ ва дигар бузургони таърихие, ки дар гузашта доштем, ки имрӯз мояи ифтихори мо ҳастанд, ҳама аз масҷиду мадраса бо ришу салла ва ҳиҷобу рӯсарӣ нобиғаи таърих гаштаанд.

Як бор ба ҳарфи Маркс ва шогирдонӣ ӯ «динро афюни миллатҳо» ва «душмани илму дониш» гуфта, аз баҳри ҳар чизе, ки нисбате ба дину ойин дошт, мисли масҷиду мадраса, хатту забон ва ҳиҷобу чодар, гузаштем, насли ҷавонро аз масҷиду мадраса дур карда ба кино ва театр, тарбият намудем, ба умеди он, ки ба қофилаи тамаддун ва дониши ҷаҳонӣ, бирасем. Вале, мутаассифона, чуноне, ки мебинем, ба он чизе, ки умед доштем нарасидаем, ҳатто дар радифи давлатҳои ҷаҳонӣ дуввум дохил нагаштаем. Дар ҳоле, ки миллатҳои дигар бо ҳифзи дину ойин ва ҳиҷобу салла ба дараҷаи худкифои ва нируи ҳастаӣ даст ёфтаанд. Бинобар ин масъулини маорифи моро беҳтар мебуд, то ба ҷои мухолифат бо ришу ҳиҷоби донишҷуҳо, дар фикри ҳар чӣ боло бурдани сатҳи таълиму тарбияи онҳо мешуданд. Ва хуб мешуд, дар ин гуфтаҳои пурмағз ва воқеъии Аллома Иқбол тафаккур намуда дарси ибрат мегирифтанд:

Қуввати мағриб на аз чангу рубоб,
На зи рақси духтарони беҳиҷоб.
На зи сеҳри соҳирони лоларуст,
На зи урён соқу на аз қатъи муст.
Маҳкамии ӯ на аз лодинӣ аст,
На фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати мағриб аз илму фан аст,
В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеъи илму ҳунар аммома нест.
Илму фанро ай ҷавони шӯху шанг,
Мағз мебояд, на малбуси фаранг.
 

 

 

 

 
 

 
     
     

 

 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com