WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
   

Беҳиҷобо!

Бе ҳиҷобо! Ки ба сад ишваву ранг омадаи

Магар аз иффату озарм  ба танг омадаи

Чи бади диди зи оёти Худованди Раҳим,

Ки ту бо мазҳаби ислом ба ҷанг омадаи.

Ин гуноҳи алани аз ту мусалмон зиштаст,

Ту хуш, ки чунин шуху қашанг омадаи.

Хукми сатри ту хоҳарам, ҳукми Худост,

То нагўи, ки ба сарсому ҷафанг омадаи.

Исмату дин ҳама доди барбод,

Ки бечодару домани танг омадаи.

Дил ба дарёи ҳавасҳо задаи ғофил аз ин ки,

Туъмае ҳастию дар коми наҳанг омадаи.

Ту чунон сайдиву сайёд ҳаваси дар паи ту,

Аз чи дар маърака тиру хаданг омадаи.

Чунки будаст ҳиҷобат сипари тири нигоҳ,

Пас чаро бесипар эй ғофил  ба ҳанг омадаи.

Ту гуле ҳастиву гулчини ҳавас карда камин,

Шишае ҳастиву дар маърази санг омадаи.

Бувад тақвои ту з,ин маъракаҳо пои гурез,

Аз хатар чун бигурези, ки ту ланг омадаи.

Раҳбарат ишқу вафо буду кунун нафсу ҳавост,

Нўш буди ту чаро заҳру шаранг омадаи.

Барад густохии шаҳват ҳама ширинии ишқ,

Эй ғазол аз чи ту бо хўйи паланг омадаи.

Эй зан! Ба ту аз Фотима ингуна хитобаст,

Арзандатарин зиннати зан ҳифзи ҳиҷобаст.

   

 

 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com