|
Узви колеҷи анатомии Канада, доктори фалсафа ва
профессори ҷаниншиноси
Бахши анатомии донишгоҳи тиббии Торенто дар Канада
Гузоришҳо дар бораи пайдоиш ва нашьунамои ҷанин дар
чандин бахши гуногуни аз Қуръони Карим зикр гардидааст.
Вале танҳо дар солҳои ахир аст, ки маънои илмии бархе аз
ин оятҳои Қуръони маҷид фахмида шудааст.
Таваҷҷуҳ ва алоқа дар бораи шархи маъноҳои ин оятҳои
куръони як амри тозае нест. Мардум дар замони Пайгамбари
ислом пурсишҳои гуногун дар бораи маънеҳои ин оятҳои
марбут ба тавлид ва пайдоиши чанин дар раҳми модар
менамуданд.
Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд; «У шуморо дар
раҳми модаронатон марҳала пас аз марҳалаи торикиҳои се
пушиш меофаринад» (ояти 6 аз сураи Зумар)
Таърих то ҳол рушан нанамудааст, ки аз чи замоне
инсоният ба тавлид ва марҳалаҳои нашьунамои тифл дар
раҳми модар пай бурдааст. Вале аввалин нигориш ба
василаи Лионардо Довенчи дар асри 15 мелоди тарсим шуда
буд.
Марҳала ба марҳала нашьунамо намудани чанин дар раҳми
модар авалин бор дар асри бистум тавассути Стартер дар
соли 1941 гузориш шуд ва дар соли 1972 ба гунаи
дақиқтари онро олимон баён намуданд.
«Се
пушиши торике», ки дар Қуръон зикр гардидааст эҳтимолан
ба се лоя ё се пуст:
1-Ҷидори шикам
2-
Ҷидори раҳм
3-
Ҷидори ҷуфт ва пардаи ҷанин будааст.
Агарчи тафсирҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад вале аз нукта
назари илми ҷаниншиноси ин мантиқитарин бардошт мебошад.
«Он
гоҳ, ки уро ба монанди қатрае дар ҷои амне қарор додем…»
(сураи Муьминун ояти 13)
Қатраи нутфа ба унвони сперма ё сперматазоид таъбир
шудааст.
Тафсири пурмаънотар ин аст, ки ишора ба (зайгот) нутфаи
селулии омехта аз тухми модар ва спермаи падар аст, ки
сипас тақсим шуда, то ба блостосист табдил шавад ва дар
раҳм «ҷои амн» гузошта шавад. Ин тафсир бо ояти дигари
аз Қуръон ҳимоят мешавад, ки мефармояд:
«Вуҷуди инсон аз қатраи махлут ва омехта халқ мешавад»
Дар
ин бардошт зайгот аз ба ҳам пайвастани спермаи мард бо
овуми зан дуруст мешавад, ки дар Қуръон ба унвони
«қатраи махлут» зикр шудааст.
«Сипас
он қатраро ба сурати алақ ( мавҷуди золумонанд) месозем»
(сураи Муьминун ояти 14)
Калимаи «алақ» ишора ба золу ё хуношом дорад. Ин шарҳе
муносиб аз марҳилаи ҷанинест, ки аз рузҳои 7 то 24 ки
ҷанин ба ҷидори дохили раҳм часпида ва овезон аст. Ҳамон
гуна ки золу ба пуст мечаспад ва низ ҳамон гуна ки золу
аз мизбон хун мемакад. Бисёр муъҷизабарангез аст, ки
шабоҳати зиёде байни марҳилаи ҷанини 23-24 рузаи инсон
ва золу вуҷуд дорад.
Аз
он ҷое, ки дар асри ҳафтум, ки ин изҳорот дар Қуръон
баён шудааст, пизишкон микроскоп надоштанд, то ин
ҷузьиёти микроскопии шакли золумонанди ҷанинро барраси
намоянд, аз ин ҳақиқат огаҳи надоштанд. Аммо Қуръон инро
ба мо пеш аз 1400 сол пеш баён намудааст, ки далолат бар
муъҷиза будани китоби Худованди Карим мекунад.
Дар
ибтидои ҳафтаи чахорум ҷанини инсони ба заҳмат ба чашм
дида мешавад, чун аз як донаи гандум кучиктар аст.
«Сипас
аз ҳолати золуҷа (хунпораи кучак) «музға»( чизе шабиҳи
тиккаи хоида шуда) месозем» (Сураи Муьминун ояти 14)
Калимаи «музға» дар араби ба маънои чизи ҷавида шуда ё
тиккаи хоида шуда омадааст. Дар охирҳои ҳафтаи чаҳорум
ҳомилаги ҷанин дар раҳми модар монанди як тиккаи хоида
шуда мегардад.
«Сипас
аз тиккаи хоида шуда монанди устухонҳои сохта шуда ва
он устухонҳоро бо бофти нарм (гушт) мепушонем» (сураи
Муьминун ояти 14)
Ибтидо устухонҳо ташкил гардида сипас гушт даври онҳоро
мепушонад.
Дар
идомаи ҳамин оят омадааст: « Сипас аз ин мавҷуди дигаре
месозем»
Ин
ишора ба шакли шабихи инсон дар ҷанини дар ҳафтаи ҳаштум
аст. Дар ин марҳила ҷанин хусусиятҳои махсуси инсониро
бо оғози пайдоиши аъзои дохили ва хориҷи доро мегардад.
Дар ҳамин марҳила пас аз ҳафтаи ҳаштум ҷанин дар раҳми
модар аз номи ембриё ба фитос номгузори мешавад. Ин
эҳтимолан ҳамон мавҷуди тозае ҳаст, ки дар ин оят ба он
ишора шудааст:
«Ва
У (Худованд) ба шумо шунавои ва бинои ва эҳсос ва идрок
додаст,,,» (сураи Саҷда ояти 9)
Дар
ин оят ба вуҷуд омадани ҳисси шунавои ва бинои ва идрок
ба ҳамин тартибе, ки Қуръон зикр кардааст, айнан ҳамин
тартибро илми тибби ҷаниншиноси тасдиқ намудааст.
Ибтидои тавлид ва пайдоиши гуши дохили пеш аз огози
пайдоиши ҷашм буда ва мағз (маҳали эҳсос ва идрок) аз
ҳама дертар пайдо ва тавлид мегардад.
«Сипас
аз тиккаи монанди гушти хоидашуда қисмате ба гунаи бофти
махсуси мушаххас ва қисмате ҳануз вижа нашуда ….
Офаридем» (сураи Хаҷ ояти 5)
Зоҳиран дар ин оят Қуръон ишора ба он дорад, ки дар ин
марҳилаи ҷанини бахше аз бофтаҳо барои кори муайян
ихтисос дода шуда ва қисмати дигари аз бофтаҳо ҳануз
корашон муайян нашудааст. Барои мисол ҳангоме, ки баъзе
устухонҳо шинохта мешавад, бофтпайванди «мезинкайм» дар
атрофи он устухонҳо ҳануз мушаххас нашудааст.Баъдҳо ин
бофтаҳо ба сурати мушаххаси гуштпораҳо ва «лигамант»-ҳо
ошкор мегарданд.
«Мо
муқаррар медорем ҳар киро хоҳем то муддате дар раҳм
бимонад.» (сураи Хаҷ ояти 5)
Ба
назар мерасад, ки Қуръон дар ин яот ишора ба он дорад,
ки Худо таъйин менамояд, ки кадомин ҷанинҳо то замони
муқаррар дар раҳм бимонад. Илми пизишкии имруза исбот
кардааст, ки бисёри ҷанинҳо дар аввалин моҳи ҷанини
меафтанд ва фақат 30% аз тухмҳои ҷуфтшуда «зайгот»-ҳо то
поёни рушди ҷанин ва таваллуд зинда мемонанд. Дар
маънои ин оят низ тафсир шудааст, ки Худованд муқаррар
мегардонад,ки ҷанин духтар ё писар гардад.
Тафсир ва бардоштҳои маънои дақиқ ва ҳақиқии оятҳои
Қуръон дар мавриди рушди инсон дар марҳилаҳои ҷанини дар
асри 7 мелоди (замони ваҳйи Қуръон) ба сабаби маҳдуд ва
ночиз будани дониши инсони он замон, мумкин набудааст.
Ҳатто 100 сол баъд аз он низ имкони фаҳми диқиқи он
вуҷуд надошт.
Имруза мо метавонем ин оятҳоро хуб бифаҳмем чун илми
ҷаниншиносии имруз ин фаҳми навинро бароямон омода
сохтааст. Бешакку шубҳа дар Қуръон оятҳои фаровони
дигаре марбут ба рушди инсон вуҷуд дорад, ки бо
пешрафтҳои илмии оянда беҳтар дарк хоҳанд шуд. |