|
Имрузҳо
олимони исломи кашф намуданд, ки Қуръони Карим аз ноҳияи
адади дорои муъҷизаҳои аҷибе аст, ки барои каломи
Худованд будани он далелҳои мустаҳкам мебошад. Қуръони
карим китоби Худованди ягона дорои муъҷизаҳаи фаровоне
аст, ки барои кашфи онҳо ақлу донишу тадаббур зарурат
дорад. Он ақлу донише, ки нури Ислом барои истифодаи он
тарғибу ташвиқҳои зиёде намудааст. Зеро Худованди якто
дар Қуръони Карим чунин фармудааст « Оё Қуръонро бо
диққат мутолиа намекунед.?» Пас касе ин китоби
муъҷизаосоро бо диққат ва тадаббур мутолиа кунад бар
ҳақиқатҳои шигифтовари он пай хоҳад бурд. Пай хоҳад бурд,
ки Қуръон навиштаи махлуқ набуда, балки китобест
танзимкунандаи тамоми шууни башарият дар ҳама асру замон,
ки аз ҷониби Офаридгори ҷаҳони ҳасти фиристода шудааст.
Аз ҷумлаи муъҷизаҳои Қуръон ин муъҷизаҳои адади дар
Қуръон аст. Аз муҳимтарин фоидаҳои таҳқиқот ва баррасии
Қуръон ин аст, ки ба афроди шаккок ва бедин исбот
мекунем, ки ин ҳар ҳарфе ки дар Қуръон аст, аз ҷониби
Худованд аст.Ҳоло дар зер намунае аз муъҷизаҳои ададии
Қуръонро зикр хоҳем кард ва боқи аз шумо мехоҳем ақлро
ба кор баред ва фикр кунед.
Як намунае аз муъҷизаҳои адади дар Қуръон ин аст, ки
калимаи (شهر)
яъне «моҳ» дар Қуръони Карим 12 бор ба теъдоди моҳҳои
сол такрор шудааст. Калимаи
(يوم)
яъне «руз» дар Қуръон 360 бор мувофиқи рузҳои як сол
такрор шудааст. Касе мехоҳад барраси кунад марҳамат ба
Қуръон муроҷиа кунад. Диққат фармоед азизон! чи гуна
Худованд дар китобаш калимаи «моҳ»-ро 12 бор ном
бурдааст, ки ба теъдоди моҳҳо дар як сол баробар аст. Оё
ин мувофиқат тасодуфи омадааст? Ҳар касс, ки ин ояҳои
Қуръонро бо тафаккур мехонад дар меёбад бисёр дорои як
низоми аҷибест.
Бародарон! ба ин ояти аз Қуръони Карим таваҷҷуҳ кунед.
Худованд фармудааст:
(قُلْ
لَئِنِ اجْتَمَعَتِ الْإِنْسُ وَالْجِنُّ عَلَى أَنْ
يَأْتُوا بِمِثْلِ هَذَا الْقُرْآَنِ لَا يَأْتُونَ
بِمِثْلِهِ وَلَوْ كَانَ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ ظَهِيرًا )
سورة الإسراء : ۸۸ .
«Бигу, агар тамоми инсонҳо ва ҷиннҳо бо ҳам ҷамъ шаванд,
то монанди ин Қуръонро биоваранд ҳаргиз монандашро
нахоҳанд овард, ҳатто агар ҳама ҳамроҳ ва пуштибони
ҳамдигар шаванд»
Диққат фармуда калимаҳои ин оятро бишуморед. Дар ин оят
19 калима аст ва 76 ҳарф. Боз аҳамият дода нигоҳ кунед
дар ин оят фақат 19 ҳарф аз ҳарфҳои араби зикр
гардидааст. Албатта ба истиснои такрор, ки он ҳарфҳо
инҳоянд:
(ق ل ي ا ج ت م ع ن س و ب ث هـ ذ ر ك ض ظ )
Он чи назари моро ҷалб мекунад ин аст, ки мо дар
баробари се навъ аз шаклҳои адади дар ин оят ҳастем. Он
се навъ инњоянд:
1- Теъдоди калимаҳо дар ин оят =19 калима
2- Теъдоди ҳарфҳо дар ин оят = 76 ҳарф
3- Теъдоди ҳарфҳои истифода шуда аз алифбои араби ба
истиснои такрор=19 ҳарф
Андеша кунед дустон, чаро Худованд ин теъдодро дар ин
оят интихоб фармудааст ва чи иртиботе бо Қуръон дорад?!
Зеро ин оят инсонҳо ва ҷинҳоро ба мубориза мехонад ва аз
онҳое, ки мегуянд Қуръон навиштаи башар аст, талаб
мекунад, ки монанди ин Қуръон биоваранд агар қудрат
доранд. Ҳангоме, ки ин се шакли дар боло зикр шударо
ҷамъ кунем баробар бо теъдоди сураҳои Қуръон мешавад.
Масалан;
19+76+19=114 ки ин адади сураҳои Қуръон аст. Қуръони
Карим ҳамаги аз 114 сура иборат аст. Субҳоналлоҳ! Оё ин
нишонаи муъҷизаи Қуръон нест. Оё имкон дорад, ки чунин
коре тасодуфи бошад? |