WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
 

 
 

Ғуломи ва бардагӣ

 
 

 

Ғуломон танҳо касоне нестанд, ки пойбастаи авзоъи иҷтимои шуда бошанд. Ва ё дар баробари ҷойгоҳи иҷтимои шикаст хурда бошанду ба шакли ғулом мақом пайдо карда бошанд. Чуноне,ки гўё матоъ ё ҳайвоне ҳастанд дар ихтиёри ашрофиён қарор гирифта бошанд. Ғулом касе нест, ки вазъи иҷтимои ва мавқеияти иқтисоди уро ба хори дучор сохта бошад.

Балки ғулом ва барда онҳоеанд, ки қасрҳои боҳашамат ва мулки бодабдаба дар ихтиёр доранд ва аз назари дорои дар марҳалаи болое ҳастанд. Соҳибони кору васоили тавлиданд. На касе ба моли онҳо дастраси дорад ва на бар ҷонашон… Лекин бо ин ҳол инҳо ҳамеша бар дари хонаҳои қудратмандону ҳокимону ашроф худро ба бардаги ва хидматгузори таслим мекунанд. Худ бо дасти худ занҷири ғуломи бар гардану дасту ҷонашон меандозанд ва ё занҷирҳо бар поҳояшон меафкананд ва либоси ғуломи бар андоми хеш мепушанд ва ба он меболанд.

Барда касе аст, ки бар дари хонаи ашрофу ҳокимон меистад ва фишору хориро таҳаммул мекунад. Бинандагон мебинанд, ки чи гуна он ашроф ба ин навкари нохонда лағад мепаронад ва пошнаи кафшаш бар ин бардаи ҳақиру бечора мекубад ва чи гуна уро аз хидмати хеш меронад. Аммо ин ғуломи бечора бе ягон омили тарсу ҳарос сар фуруд меоварад, то шаллоқе ба рухсорааш бичашад ва бо хори фармонҳоро таҳаммул мекунад ва боз бар дари хонаи ашроф ҳалқа мезанад. Ба унвони як хидматгузори рондашуда дубора бо хоҳиш бармегардад. Ин ҳама мавқеиятҳо ба ашроф имкон медиҳад то бар таҳқири ин бардагон биафзояд ва ононро чун магаси беарзиш аз худ ронад.

                Бардагон касоне ҳастанд, ки аз озоди мегурезанд. Чун ашроф онҳоро аз худ биронад дар ҳол дар ҷустуҷуи як ашрофи дигар мераванд. Зеро ниёзи шадиде дар вуҷудашон барои навкари ва бардаги эҳсос мекунанд. Дар вуҷудашон барои бардаги эҳсоси ташнаги мекунанд ва вуҷуди хешро ба боди сарзаниш мегиранд. Онҳо омодаанд бо ишораи як ангушт аз суи арбоб дар баробари у сар ба хок гузоранд ва бар у намоз бихонанд. Ин аст воқеияти бардагии ин бардагони модерни асри ҳозир.

Бардагон касоне ҳастанд, ки дар вуҷуди худ ҷуз занҷирҳои бардаги чизе намебинанд ва дар ҳастияшон ғуломиро эҳсос мекунанд. Аз ин ру ҳар гоҳ эҳсоси озоди кунанд худро гумроҳ мебинанд ва дар уқёнуси ҳасти роҳ гум мекунанд. Аз рубару шудан бо нур метарсанд ва фарёд мекашанд ва дарҳои бардагиро мекубанд ва аз нигаҳбони хонаҳои арбоб бо тазарруъу зори мехоҳанд, ки дарҳои бардагиро ба руяшон бигушояд.

Бардагон бо ин ҳол аз ситамгорони руи заминанд. Бар озодмардон сахт мегиранд ва дўст медоранд, ки банди ғуломиро низ бар онон таҳмил кунанд. Аз шиканҷаи озодмардон лаззат мебаранд ва аз озору азияташон хушҳол мешаванд. Онҳо аз чунин кор чун ташнае сероб мегарданд.

Ин бардагон қиммати озодиро барои озодмардон дарк намекунанд ва гумон мекунанд, ки озоди яъне саркаши ва нофармони. Онон шарофатро ҷурм мепиндоранд ва аз ин ру дасти интиқоми худро ба суи озодмардони соҳибшараф мебаранд. Яъне бо касоне, ки дар корвони бардаги ҳамгом нест ситез мегиранд. Ҳамин гуруҳ дар роҳи сахтгири ва фишор бар озодмардон байни ҳамдигар мусобиқа мекунанд, то ба ашроф нишон диҳанд, ки хеле бардаи ҳалқабардари олиҷанобанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама ашрофиён аз вуҷуди онҳо хастаанд ва ононро аз ҳузури худ меронанд. Зеро мизоҷи ашроф аз вуҷуди ин бозии такрори сер шудааст ва мехоҳад, ки бозигаронро тағйир диҳад ва ҷои онҳоро бо дигар бардагоне, ки паси дари хона дар интизори бардаги нишастаанд, иваз кунад.

Бо ин ҳама ҳол оянда аз они озодагон аст! Оянда аз они мардони озодаст! На аз бардагон! Ва на аз они он ашрофе, ки бардагон дар қадамашон ба хок меафтанд ва дар васфашон месароянд. Бале оянда аз они озодагон аст! Зеро тамоми набарди инсонят дар роҳи озодист. Талоши ин бардагоне, ки пас аз вайронии бинои бардаги ва хори ҳануз талош доранд, ки онро эҳё кунанд нахоҳад побарҷо монд! Зеро он занҷирҳои аз пои бардагон гусасташуда дубора баста нахоҳад шуд.

Корвони озодагон ба роҳи худ идома медиҳад ва дар масири ҳаракат низ ҳазорон, балки миллионҳо нафар ба он мепайвандад… ҷаллодон беҳуда мекушанд, то ин корвонро аз ҳаракат боз доранд. Ҳатто талоши қотилона доранд, ки ин ҷамъро пароканда созанд ва тозиёнаи таҳдидро беҳуда дар баробари чашми бардагон ба ҳаракат медароранд. То шояд бардагон ва озодихоҳонро андешанок созанд. Агар чи тозиёна пусти озодагонро бишкофад, беҳуда аст. Зеро корвони озоди акнун бо шикастани саду бандҳо ба роҳи худ идома хоҳад дод ва аз қуллаҳои шомих боло хоҳад рафт ва дар роҳи худ хору хошокро хоҳад руфт!

Ончи аз озоди ва озодихоҳон хун бирезанд билохира пирузи аз они озодист. Ин суннати Худо дар руи замин аст. Зеро, ки ниҳоят хеле дурест, ки реша дар оянда дорад. Корвони барда талош дорад, ки ҳамеша дар баробари корвони озоди биистад. Аммо бардагон тавони аз ҳам даридани корвони озодагонро надорад. Бешак рузе қитъаҳои ҷудо афтодаи ин корвон ба ҳам хоҳад пайваст ва корвони азимеро хоҳад сохт, ки ҳеч чизе сади роҳи он шуда наметавонад.

Бо вуҷуди ин, ки ин ҳақиқат собит аст. ки корвони озодихоҳон ба пирузи хоҳад расид, дар ин ҷо ҳақиқати дигаре низ ҳаст, ки ногузир бояд ишорае ба он шавад ва он ин, ки корвон осуда ва бедарди сар роҳро тай нахоњад кард. Балки корвони парешони бардагони шикастхурда ва фирефташуда ҳар гоҳе мумкин аст аз пушт зарбае бар он ворид кунад ва ин корвон ноилоҷ талафоте бояд бидиҳад ва қурбониён бояд тақдим кунад….

Ин ҳақиқат аст ва дар он шаке нест. Ҳақиқате равшан, ки ниҳояти он маълум аст. Таҷрибаҳои бисёр пуштибони ин ҳаракатанд. Мо аз корвони бардагони модерн даъват мекунем, то бардагиро ба дурр андозанд ва ба корвони озодихоњон бипайванданд, то аз корвони зиндабагурсозони инсоният ҷудо шаванд ва аз хобгоҳе, ки бо хорҳои бурранда фарш густарда шудааст, берун оянд ва яқин дошта бошанд, ки дар поён пирузи аз они озодихоҳон аст, ки «Оқибат аз барои бурдборон аст».

 

 
 

 

 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com