|
Теъдоди аз рузномаҳои бузурги иқтисоди дар Европа
татбиқи шариъати исломи дар сохтори иқтисодиро танҳо
роҳи ҳалли наҷот аз ҷанголи сармоядори, ки омили буҳрони
иқтисодии ахираст, донист.
Бофис Фансон сардабири маҷаллаи иқтисодии «Чаленчз»
сармақолае таҳти унвони «Поп ва Қуръон» нигоштааст, ки
боиси аксуламалҳои гуногун ва шадиде аз суи маҳфилҳои
иқтисоди гардидааст.
Вай
дар ин мақола ахлоқи сармоядориро таҳти савол кашондааст
ва аз нақши калисои католик бо саҳлангори нисбат ба ин
падида интиқод кардааст. Вай менависад: Ин насли бади
иқтисоди инсониятро ба партобгоҳи сукут ва фано
кашондааст.
Вай
дар пурсиши сарзанишомез нисбат ба поп ва калисо мегуяд:
«Ман фикр мекунам мо барои он, ки беҳтар бидонем дар ин
буҳрон чи балое ба сари бонкҳоямон омадааст ба ҷои Инҷил
Қуръонро бихонем. Зеро сардамдорони бонкҳои мо ба он чи
дар Қуръон омадааст эҳтиром мегузоштанд ва онро пиёда
мекарданд, ин хама фочиа ва буҳрон барои мо пеш намеомад,
ки моро ба ин вазъияти номуносиб бикашонад. Зеро пул,
пул тавлид намекунад».
Дар
ҳамин тарз ва албатта ошкортар ва боҷуръати бештар Ролан
Ласкин Сардабири маҷаллаи «Лажурнал Дофайнанс» дар
сармақолаи ин хафта пешниҳод кардааст, ки барои поён
додан ба бухрони ахири моли шариати ислом мавриди амал
карор гирад. Ласкин дар мақолаи худ ба унвони «Оё
Волстрит омодаи амал ба мабодии исломист?» хатаротеро,
ки сармоядориро таҳдид мекунад мавриди барраси қарор
дода ва барои наҷот аз вазъияти ҳозира пешниҳод додааст,
ки сариан як низоми ҷойгузин муаррифи шавад. Вай
силсилае аз роҳи ҳаллҳои ҷанҷолбарангезро пешниҳод
намудааст, ки дар пешопеши онҳо татбиқи шариати исломи
омадааст. Ин пешниҳод бо вуҷуди таъорузест, ки шариати
исломи бо арзишҳои ғарби ва эътиқодоти динии он дорад.
Аз
сайти Исламонлайн аз араби тарҷума шудааст
Асли гузориш аз ин сайти худи маҷаллахо бо забони
Фаронсави гирифта шудааст:
http://www.challenges.fr/magazine/0135.16203/reactions.html?limit=1
http://www.jdf.com/indices/2008/09/25/02003-20080925ARTJDF00004-wall-street-mur-pour-adopter-les-principes-de-la-charia-.php
Аҷабо! Дар кишварҳои ғарби коршиносон дар фикри татбиқи
шариъат хастанд, аммо дар кишвари мо, ки хуну рагу пусти
мо бо ислом омехта аст масъулини муҳтарам роҳҳои гурез
аз ислому аҳкоми исломро меҷуянд. Ҳар руз навъе фишору
бадбахтиҳо ба сари мардуми мусалмон меоранд. Ба Худо
касам онҳо ба ҷуз доғи сиёҳ бар таърихи кишвар чизи
дигаре ба бор нахоҳанд овард.
Бисёр ҷои таассуф аст, ки чуноне расонаҳои хабарии
кишвар хабар доданд ба наздики чанд тан аз духтарони
ҳиҷобпуши донишгоҳҳои олии кишвар ба сабаби ҳиҷобдор
будан аз донишгоҳ ихроҷ карда шуданд. Камоли беақлии
ректори донишгоҳро бубин вақте, ки аз вай савол мешавад,
ки чаро бо ин духтарони хиҷобпуш дағалона рафтор мешавад
ва онҳо аз донишгоҳ ронда мешаванд? Дар ҷавоб мегуяд, ки
инҳо ба амнияти кишвар хатар доранд. Е бечора ! аз
сиёсат ва ҷомиа хаминқадар фахмиди. Ман тааҷҷуб мекунам
боз инҳо унвони доктору устоду ва ғайраро доранд. Охир
агар иҷозаи пажуҳишро дар оморҳои ҷиноятии кишвар
диҳанд, ман бовари комил дорам, ки дар байни занони
ҷинояткар шахси боҳиҷоб кам пайдо мешавад ё умуман нодир
аст. Магар ин нуқтаи тафаввуқи ин тарбияи исломи нест?
Магар ин фоидаҳои ин пушиш нисбат ба ҷомиа ва кишвар
нест? Агар аз инҳо бихоҳи биёр гузориш ё омореро, ки дар
он илман исбот шудааст, ки ҳиҷоб ба амнияти кишвар хатар
дорад ман мутмаиннам,ки лол мемонанд.
http://www.challenges.fr/magazine/0135.16203/reactions.html?limit=1
|