WWW.TURAJON.COM

 

 
 

 
 

ПАЙВАНДҲО

Al-Azhar.org
Tajislam.com
Azhar.ru
Dar-alefta.org
muhaddith.org
Islamway.com
Al-islam.com
Al-eman.com

 
 
 
 

.::   WWW.TURAJON.COM - Сомонаи нахустини оли Турачон ба шумор меравад. Хуш омадед мехмонони арчманд...  ::.
 

 
 

КОРНОМАИ ҚУРЬОН

(23-30.10.2003)

 
 

 

З-он ки аз Қурьон басе гумраҳ шуданд

З-ин расан қавме даруни чаҳ шуданд

Мар расонро нест ҷурме ай ануд

Чун туро савдои сар боло набуд (Мавлонои Румӣ)

Ҳаргиз ба унвони рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳури мақолае нанавишта будам. Аммо имрӯз мутолиаи мақолае бо номи «Дардҳои дину ойин» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва саньат» (26.09.2003) бо қалами Абдураҳмон Бобоев маро водор ба коре кард, ки дар ҳаётам собиқаи таърихӣ надорад. Имрӯз бо эҳсоси масьулият дар пешгоҳи Худованд ва ба хотири дифоь аз дину имони худ қалам ба даст гирифтам ва дигар хомуш истоданро барои худ гуноҳ ҳисобидам.

Агар бини ки нобинову чоҳ аст,

  Дигар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

  Ин мақолаи пур аз бӯҳтону дурӯғ ва саршор аз тавҳину таҳқир ба эҳсосоти динии мардум, намунаи ягона набуда, балки имрӯзҳо ба мақсади бадном кардани Ислом кушишҳои зиёде барои таҳрифи воқеьияти дину фарҳанг ва арзишҳои динию фарҳангӣ ва ҳақоиқи таьрихӣ гузаштаи мо дар байни гуруҳе аз зиёиёни тоҷик «ба ҳукми аньана даромада аст». Махсусан дар байни касоне, ки мисли муаллифи мақола гироиш ба Авесто ва оини Зардуштӣ доранд ва мехоҳанд онро ҷойгузини Қуръон ва дини мубини Ислом бигардонанд. Имрӯз ҷурьат ва ҷасорати баьзе «зиёиёни мо» бештар аз илму маърифати эшон аст. Онҳо дар навиштаҳои худ мавзуьҳоеро баррасӣ мекунанд, ки роҷеь ба он маьлумоти дуруст надоранд.

  Қурьони карим назири китобҳои бадеьӣ нест, ки муаллиф онро дар тули як ё ду сол аз тахайюлоти худ сохтаю бофта, мураттаб ва муназзам карда бошад, балки он китобест зинда ва зиндагисоз, ки дар муддати 23 сол сура-сура, оят-оят барои иршод ва посух гуфтан ба ниёзҳои ҷомьае, ки худ бунёдгузори он ҷомиа аст, аз ҷониби Худованд нозил шудааст. Фосилаи замонӣ байни баьзе сура ва ояҳои Қурьон аз ҳамдигар зиёда аз 20 сол аст. Пас барои ошноӣ бо Қурьон чанд шарт ва муқаддимае зарур аст.

Яке аз шартҳои зарур барои шинохти Қурьон ошнои бо забони арабӣ - аз сарфу наҳв гирифта то фасоҳат ва балоғат мебошад. Ҳамон гуна ки шинохти Ҳофизу Саъдӣ бидуни донистани забони форси мумкин нест, ошноӣ бо Қурьон ҳам бидуни донистани забони арабӣ имконнопазир аст.

Шарти дувум ошноӣ бо таьрихи Ислом ва ё асбоби нузули Қурьон аст. Зеро Қурьон мисли Таврот ва Инҷил нест, ки якбора тавассути Паёмбар арза шуда бошад. Балки ин китоб дар тули 23 соли даврони зиндагии Паёмбар (с)- аз замони биьсат то вафот- дар хилоли ҳодисаҳои пурҳаяҷони таьрихи Ислом нозил шудааст. Бисёре аз оят ва сураҳои он марбути воқеа ва ҳодисаҳоест, ки он ҳаводис ҷузье аз таьрихи Исломанд. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки оёти Қурьон ба истилоҳ шаьни нузул ва ё асбоби нузул дорад. Донистани шаьни нузули ояҳои Қурьон то ҳадди зиёде дар равшан шудани мазмуни оёт ва фаҳмидани иртиботи байни онҳо муассир ва роҳкушо аст.

  Шарти саввум барои шинохти комили Қурьон -ошнои ба оятҳои носих ва мансухи он аст. Қурьони карим шариати муқаддаси исломро бо тамоми аҳком ва қавонине, ки имрӯз дорад, якдафьа ва якбора ба мардум арз накардааст. Балки онро ба тадриҷ ва зина ба зина комил кардааст. Ончуноне, ки қонунҳои асосии (конститутсияҳои) тамоми кишварҳои дунё ба тадриҷ такмил ёфтаанд. Қурьон ин шеваро 1400 сол пеш дар такмили қонунгузории Исломӣ пеш гирифтааст. Аз ин ҷиҳат дар Қурьон оятҳое мавҷуд аст, ки дар оғози биьсат нозил шуда, баьзе амалро ба пайравони худ ба хотири маслиҳати дин иҷозат надодааст ва ё барьакс, вале дар охир баьд аз ҳиҷрат ҳукми онро бо ояти дигар мансух ва бекор кардааст, ки дар истилоҳи Қурьоншиносӣ ояти аввалро мансух ва ояти сониро носих гуянд.

Донистани оятҳои носих ва мансухи Қурьон барои рафьи иштибоҳи тазодд ва таноқузе, ки дар фаҳми ноқиси муаллифи мақола омадааст, кумак мекунад.

  Шарти чаҳорум ошноӣ бо аҳодис ва суханони Паёмбари Акрам (с) аст. Эшон бо тасриҳи худи Қурьон аввалин муфассири Қурьонанд. Муфассир - яьне баёнкунандаи маьнои Қурьон. Дар Қурьони карим дар сураи 16. ояти 44 омадааст: «Мо Қурьонро бар ту фуруд овардем, то ту он чиро ки бар мардум фуруд омадааст, бо эшон тавзеҳ бидиҳӣ».

  Барои ҳар касе, ки мехоҳад роҷеь ба Қурьон қазоват бикунад, зарур аст, ки ҷомиьи шароити чаҳоргона буда, баьдан мунсифона назар кунад на муғризона. Зеро тавре Мавлавӣ мегуяд:

Чун ғараз омад ҳунар пушида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба суӣ дида шуд.

  Ба фикри банда, имрӯз ҳеҷ нафаре аз зиёиёни мо ҳақ надоранд рӯи Қурьон қазоват бикунанд ва ё ашьори орифони моро бо раьйи худ шарҳу тафсир бикунанд. Зеро эшон на аз улуми Қурьонӣ маьлумоти дурусте доранд ва на аз ҷаҳонбинӣ ва истилоҳоти ирфонӣ. Пас беҳтар мебуд, ки онҳо пои худ ба андозаи гилеми хеш дароз мекарданд.

Муаллифи мақола Қурьонро, ки манбаи фарҳанг ва тамаддуни олии зиёда 1300-солаи миллати тоҷик аст ва ҳама пандномаҳои Саьдию Мавлавӣ ва дигар азизони мо аз он сарчашма мегирад, гӯё то кунун нашинохта будааст ва фақат баьд аз қироати тарҷумаи таҳтуллафзии он фаҳмидааст, ки Қурьон ҳам мисли китоби «Майн Конфи»-и Гитлер китоби шовинистӣ буда, мардумро ба аъмоли нораво ташвиқу тарғиб мекардааст. Дар давоми мақола мехоҳам шиноснома ва корномаи Қурьонро ба иттилои муаллиф ва ҳаммаслакони ӯ бирасонам:

  Қурьон - машьали ҳидоят, зомини саодати башар дар дунёву охират ва бузургтарин китобест, ки инсониятро аз зулумоти ҷаҳлу куфр ва ахлоқи разила ба рушноӣ ва роҳи саҳиҳи имону Худошиносӣ раҳбарӣ мекунад. Чуноне ки худ дар нахустин ояи сураи Иброҳим рисолати ҷаҳонии хешро дар таьрихи башар инчунин эьлон мекунад.

Чароғи равшан аз нури Илоҳӣ,

Ҷаҳонро дод аз зулмат раҳоӣ. (Воизи Кошифӣ)

  Қурьон - китобест, ки аз оғози нузулаш то асри ҳозир аз ҷониби донишмандони бузурги ҷаҳон ҳазорон-ҳазор китобҳои тафсир бо забонҳои мухталиф, ба манзури шарҳу тафсири ҳақоиқ ва асрори он навишта шудааст ва боз хоҳанд навишт. Яке аз ҷумлаи муфассирони Қурьон Шайхурраис Абу Алӣ Ибни Сино аст. Эшон фақат дар шарҳу тафсири сураи фотиҳа як ҷилди комил китоб тасниф кардаанд. Ва инчунин пиромуни ояи 35 сураи Hyp як рисолаи мукаммал навиштаанд. Вале бо эътирофи кулли муфассирон, ончи то кунун навиштаанд дар баробари он чи аз улум ва асрори Қурьон боқи мондааст, чун қатрае дар баробари уқёнусе ва ё пари коҳе дар баробари куҳест. Албатта, аз китобе, ки аз ҷониби Худоӣ номутаноҳӣ барои ҳидояти башар фиристода шудааст, ҷуз ин интизор намеравад, ки китоби Ӯ низ ба монанди худи Ӯ номутаноҳӣ буда ва сифоти ӯро доро бошад.

  Мавлонои Рум, ки яке аз ошиқон ва шефтагони Қурьон аст дар баёни ин ки маьони ва ҳақоиқи Қурьон ниҳоятнопазир аст, мефармоянд:

Ҳарфи Қурьонро мадон, ки зоҳир аст,

Зери зоҳир ботине бас боҳир аст.

Зери он ботин яке батни дигар,

Хира гардад андар у фикру назар.

Зери он ботин яке батни савум,

К-он дару гардад хирадҳо ҷумла гум.

Ҳамчунин то ҳафт батн ай булкарам.

Мешумар ту з-ин ҳадиси мӯьтасам.

Ту зи Қурьон ай писар зоҳир мабин,

Дев одамро набинад ғайри тин.

Зоҳири Қурьон чу шахси одамист,

Ки нуқушаш зоҳиру ҷонаш хафист.

   Қурьон - муьҷизаест зинда ва поянда, ки бо зимонати Илоҳӣ ҳам аз дасти таҳрифгарони таьрих ва ҳам аз хатари туфон ва тундбодҳои таьрихӣ эмин ва саломат мондааст. «Албатта мо Курьонро бар ту нозил кардем ва мо ҳам уро- аз офоти таьрих ва осеби таҳрифгарон то рузи қиёмат-маҳфуз хоҳем дошт». (сураи 15, ояти 8 ).

Имрӯз тамоми донишмандоне, ки ошнои бо Қурьон доранд, қатьӣ назар аз ин, ки мусулмон ва ё ғайри мусулмонанд, ҳама эьтироф мекунанд, ки: Қурьон ягона китоби диниест, ки дасти таҳрифгарони таьрих ба домани он нарасидааст. Чун Инҷилу Тавроту Авесто нест, ки баьд аз гузашти солиёни дароз ва пас аз таҳрифу тағйир, бо дасти роҳибон ва мубадҳо дубора ҷамьоварӣ шуда бошад .

Дар таьрихи беш 1400-солааш чӣ тундбод ва туфонҳои азиме барои хомуш кардани чароғи Қурьон вазидааст:

Тӯфони муғулҳо бо он ҳама ваҳшонияту бераҳмиаш;

Тӯфони салибиҳо бо чандин «паходу» қатлу куштораш;

Тӯфони ғарбиҳои истеьморгар, ки бисёр кишварҳои Исломиро садсолаҳо мустамликаи худ қарор дода буданд;

Саранҷом Тӯфони болшевикҳо ба он ҳама сухтану куштану бадарға карданҳояш. Вале ин ҳама тӯфонҳои таърих агар бо таъбири Мавлонои Рум бигуем монанди пуфе буд дар муқобили чароғи офтоб:

 Шамьи ҳақро пуф куни ту ай аҷуз,

 Ҳам ту сузи ҳам сарат ай гандапуз.

Кай шавад дарё зи пузи саг наҷис,

Кай шавад хуршед аз пуф мунтамис.

Ҳар ки бар шамъи Худо орад пуфу,

Шамь кай мирад бисузад пузи ӯ.

   Қурьон китобест, ки барои исботи эьҷози он намунае чанд аз суханони Дуктур Муриси Фаронсавӣ кифоят мекунад. Эшон навиштаанд: « Қурьон беҳтарин китобест, ки дасти инояти Илоҳӣ онро барои ҳидояти башар баровардааст. Эьҷози Қурьон дар он аст, ки ин китоби бузург аз муҳите ба бозори ҷаҳон арза шуд, ки он муҳит бояд як мори сиёҳи заҳрноке таҳвили ҷомиаи башар мекард. На китобе чун Қурьон ва на шахсияте чун Муҳаммад, алайҳиссалом. Муҳите, ки разолати мардумаш ба ҷои расида буд, ки духтарони навзоди худро аз рӯи нангу номуси ҷоҳилӣ зинда-зинда зери хок мекарданд. Ва ҷаҳолаташ то ба ҳадде буд, ки дар шаҳри бузурги Макка ба ҷуз 17 нафар каси дигаре навиштан ва хондан наметавонист. Шахсе дар чунин муҳите бо афроде чун Абуҷаҳлҳо зиндагӣ карда, китобе биёрад, ки суханварон ва донишмандони бузурги таьрих чун Ибни Синову Берунӣ, Фахри Розию Мавлавӣ дар баробари он зонуи адаб заданд. Воқеан хирадҳо дар шигифт меафтанд, ки чигуна ин оёти равшан ва ҳикматомез аз забони марди дарснохонда ва мактабнодидае берун омада бошад:?»

Ятиме ки нокарда мактаб дуруст,

Кутубхонаи чанд миллат бишӯст. (Саьдӣ)

Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанвишт

Ба ғамза масьала омузи сад мударрис шуд. (Ҳофиз)

Акнун ба корнома ва хадамоти бузурги Қурьон дар таьрихи миллати мо тоҷикон таваҷҷуҳ бикунед!

Қурьон китобест, ки ҷаҳонбини ва тафаккури динии миллати мо тоҷиконро дигаргун сохт. Ақлу хиради моро аз занҷири тафаккури зиддимантиқии дуалисти- духудоӣ, оташпарастӣ, хурофотпарастӣ ва офтобпарастӣ озод кард ва ба ҷои он ҷаҳонбинии мантиқии тавҳидӣ ва яктопарастӣ ба армуғон овард. Хидмати Қурьон ба мардуми мо аз ин лиҳоз беш аз хидмати ин китоб ба мардуми Арабистон аст. Зеро ҷоҳилияти Араб танҳо дучори ширк дар ибодат буд. Аммо ҷоҳилияти мо- мардуми Эронзамин илова бар ин, гирифтори ширк дар холиқият низ буд.

  Қурьон китобест, бо маорифи баланди худ андешаи Худоӣ шохдор ва болдор, ришу муй лабдор, асобадаст, ҷомабардушу ҷингиламуй ва дороӣ тоҷи кунгурадорро табдил кард, ба андешаи Худоӣ бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм, он чунонки Саъдии Шерозӣ тибқи таълимоти Қурьон Худоро васф мекунад:

Ай бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм,

В-аз ҳарчи гуфтаанду шунидему хондаем.

Дафтар тамом гашту ба охир расид умр,

Мо ҳамчунон дар аввали васфи ту мондаем.

Ва ё Мавлонои Рум дар ситоиши зоти ақдаси Илоҳӣ мегӯяд:

Ай бурун аз ваҳму қилу қоли ман,

Хок бар фарқи ману тимсоли ман.

   Қурьон китобест, ки низоми табақотии Эрони он рузро, ки решаӣ бисёр куҳан дошт ва тибқи назари Авесто бар ду рукни асосӣ- хун ва моликият- қоим буд ва ҳама расму одат ва қавонину одоб бар меҳвари ин ду рукн мегашт, дарҳам рехт. Ва дар бадали он ҷомеае сохт, ки бар меҳвари фазилат, илму амал ва тақвову парҳезгорӣ мечархад. Чунончи дар сураи 49 ояи 13 дар баёни мизони тафовути инсонҳо мефармояд: «Ягона чизе, ки метавонад мояи ифтихор ва имтиёзи байни инсонҳо бошад, ин тақво ва парҳезгори аст. Пас ҳар ки парҳезгортар аст, назди мо мукарраму гиромитар аст». Паёмбари Акрам (с), ки нахустин муфассири Қурьонанд дар тафсири ояи муборака мефармоянд: «Ай мардум! огоҳ бошед ва бидонед! Худоӣ шумо якест. Падар ва решаӣ шумо якест. Араб бар аҷам ва аҷам бар араб фазилату бартарӣ надорад, сурхпуст бар сиёҳпуст имтиёзу тафовут надорад, ҷуз ба тақво ва парҳезгорӣ».

Ин ду бйти Аллома Иқбол бардошти аз Қурьону ҳадис аст:

Биё эй беадаб худро адаб кун,

Мусулмонзодаи тарки насаб кун.

Ба лавни аҳмару хуну рагу пуст,

 Араб нозад агар тарки араб кун.

  Аммо Авесто ҳайати ҷомеьаро бар чаҳор табақа тақсим кардааст: Руҳониён (Осурвон), низомиён (Артишиён), кормандони давлат (Дабирон) ва тудаи миллат (Астрюшон). Фирдавсӣ низ ин табақаи чаҳоргонаи Эрони қадимро дар Шоҳномаи хеш зикр кардааст:

Гурӯҳе, ки котузиён хонияш,

Ба расми парастандагон донияш.

Сафе бар дигар даст биншонданд,

Ҳаме ном ниссориён хонданд.

Ин қисматбандии Авесто, тавонгаронро амалан дар табақаи болои ҷомиьа қарор дода, оммаи мардумро маҳкуми ҳукми онҳо месохт. Вайрон кардани усули табақотӣ ва таҷовуз ба ҳарими он, дар Эрони қадим ғайри мумкин буд. Ҳеҷ барзагаре наметавонист пешавар шавад. Ва ё Пешаваре дар табақаи лашкариён дарояд ва ё ҷанговаре ба табақаи руҳониён бипайвандад. Зеро тамоми он машғулиятҳо меросӣ буданд ва аз насл ба наcли баьд мунтақил мешуданд. Албатта ин табақабандии Авесто нисбат ба раият ва мардуми одди буд. Аммо подшоҳони онҳо берун аз ин чаҳор табақа буданд онҳо мартабаи фавқи мартабаи башарӣ доштанд. Ҷиноятҳои содир кардаи онҳо аз дидгоҳи дини зардуштӣ гуноҳ ҳисоб намешуд. Ба хусус шоҳони сосонӣ худро аз нажоди Худо ва шахсияти раббонӣ муаррафӣ мекарданд.

  Қурьон китобест, ки режими зидди мардумӣ ва истеьдодкуши мубадонро, ки солиёни дароз нубуғ ва истеьдоди миллати моро маҳбус ва зиндонӣ карда, таьлим ва омузиши илмро махсуси табақаи ашроф намуда ва тудаи мардумро аз ин неьмати гаронбаҳо маҳрум карда буд, аз байн бурд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар Шоҳнома достоне роҷеь ба ин мавзуь нақл мекунад: «Ҳангоме Анушервон (тибқи ривоятҳои форсӣ одилтарин шоҳи Сосонӣ) барои мубориза бо Румиён таҷҳизи лашкар мекард ниёзманд ба 300 ҳазор дирҳам шуд. Маьмуре фиристод то ин маблағро аз яке бозаргонон қарз бигирад. Маьмур тоҷири кафшфурушеро пайдо мекунад, ки у ҳозир мешавад 400 ҳазор дирҳам диҳад, ба шарти ин ки шоҳ иҷозат диҳад писари лоиқ ва боистеьдоди у ҳаққи хондан ва таьлим гирифтанро пайдо намояд, то шояд дар оянда ҷузьи табақаи дабирон ва кормандони давлат шавад. Маьмур дирҳамҳоро гирифт ва дархости уро ба василаи Бузургмеҳр ба шоҳ арза дошт. Шоҳ дар ҷавоб гуфт:

Бирав ҳамчунон боз гардон шутур,

Мабодо к- аз ӯ сим хоҳему дур.

Чу бозаргонбача гардад дабир,

Ҳунарманду бо донишу ёдгир.

Чу фарзанди мо барнишинад ба тахт,

Дабирӣ бибоядаш пирӯзбахт.

  Ин буд вазьи таьлиму тарбия дар асри одилтарин шоҳи Эрон дар баробари писари бозаргон, чӣ расад ба фарзанди фақиру деҳқон. Дар ҳоле, ки таьрих шаҳодат медиҳад ки нобиғаҳои илму дониш ғолибан аз миёни ҳамин баччаҳои музагару кузагар ва ё деҳқонбаччаю чупонбачча зуҳур мекунад. Сабаби асосии ақибафтодагии гузаштагони мо аз қофилаи илм, дар таьрихи қабл аз исломи ҳамин занҷири режими мубадӣ будааст. Ва агар чунин набошад, пас чаро дар давраҳои таьрихии пеш аз Ислом шахсиятҳои бузурги илми, монанди Форобию Хоразмӣ, Синою Беруни ва амсоли он аз байни миллати мо зуҳур накард? Фаразан  агар чунин мардони таьрихи медоштем ҳеҷгоҳ эшон мисли ҳукамои Юнон: Батлаймусу Афлотуну Арасту аз назари таьрих ва таьрихнигорон пушида намемонд. Имрӯз ҳар ситораи илму донише, ки дар гунбази таьрихи миллати мо медурахшад ҳама тарбиятдидагони мактаби Қурьон ва Ислом ҳастанд. Оре ҳамин Қурьон буд, ки бо шиори «хонед!-хонед!» инқилоби азими илмӣ фарҳангӣ дар таьрихи миллати мо иҷод намуд. Оре шиори «хонед-хонед!» шиори Қурьонист, на шиори Ленини. Қурьон 1300 пеш аз Ленин ин шиорро баланд карда буд ва аз нахустин лаҳзаҳои оғози кораш башариятро даьват ба касби илму дониш намуда буд.

Бемордилони ба Қурьон бояд бидонанд: аввалин ояҳои Қурьонӣ, ки ба Паёмбари Ислом нозил шуд, 5 ояи аввали сураи 96-и Қурьон аст. Ва нахустин ҳарфи мукарраре, ки ин сура ба он шуруь мешавад, лафзи «Иқра» аст. Яьне «бихон! бихон!», ки маьнои он амр ба касби хониш ва дониш аст. Баьдан зикр аз таьлим ва қалам меравад, ки он васила ва абзори илму маьрифат аст. Албатта, шуруь шудани нахустин паёми осмонӣ ба амри қироат ва хониш, ин худ занге буд аз оғози «инқилоби фарҳангӣ» ва навиде буд аз «наҳзати азими илмӣ» дар тамоми ҷаҳон. Расули Акрам дар ҳадиси саҳиҳ донишҷуиро барои ҳар фарди мусулмон, - қатьи назар аз марду зан - фаризаи динӣ, ҳамагонӣ ҳукм карда фармудаанд: «Талаби илм ба ҳама мардону занони мусалмон фарз аст». Дар ҳадиси дигар марзҳои замонӣ ва макониро барои омӯзиши илм шикаста мефармоянд: «Аз гаҳвора то гур дониш биёмӯз!» ва ё «Дунболи илм биравед! Агарчи он дар кишвари Чин бошад». Ин қатрае буд аз дарёи рисолат дар боби ташвиқ ва тарғиби илму дониш. Имруз Аврупоиён наҳзати илмии худро маҳсули наҳзати Қурьон медонанд. Вашингтон Аруминка мегуяд: «Кохи тамаддуни моро дастҳои бо илму фанн ва тавонои муслимин бино намудаанд. Миллати Урупо ва масеҳӣ, ҳарҷо ки ҳастанд мадюн ва қарздори муслимин мебошанд». Аллома Иқболи Лоҳурӣ ин ҳақиқати таьрихиро чунин баён кардааст:

Ҳикмати ашё фарангизод нест,

Асли у ҷуз лаззати иҷод нест.

Нек агар бини мусулмонзода аст,

Ин гуҳар аз дасти мо уфтода аст.

Чун араб андар Урупо пар кушод,

Илму ҳикматро бино дигар ниҳод.

Дона он саҳронишинон коштанд,

Ҳосилаш ифрангиён бардоштанд.

Ин парӣ аз шишаи аслофи мост,

Боз сайдаш кун, ки он аз қофи мост.

  Қурьон китобест, ки ба зани Эронӣ шахсияти ҳуқуқӣ дод. Қонуни бисёрзаниро, ки ба шакли ҳарамсародорӣ ва бидуни қайду шарту ҳад роиҷ буд, мансух сохт. Ва онро таҳти шароити махсус, ки қудрат ва адолати мард аст ва дар ҳудуди муайяне, ки ношӣ аз як зарурати иҷтимоӣ аст, иҷозат дод.

  Инчунин одатҳои зишти он рӯзро, мисли: - Орият додани зан, фарзанди истилҳоқӣ, издивоҷи ниёбатӣ, аз ҳама қабеҳтар издивоҷи бо маҳорим - назири хоҳар, духтар ва ҳатто модар -ро аз байни миллати мо бурд. Тибқи муқаррароте, ки дар Эронӣ қадим роиҷ буд, шавҳар ҳақ дошт ягона зани худ ё яке аз занҳояшро, ҳатто зани мумтози худро ба марди дигаре, ки муҳтоҷ шуда буд, бисупорад. Яьне орият бидиҳад, то ин мард аз он истифода кунад. Ризояти зан шарт набуд. Дар ин сурат агар фарзанде мутаваллид мешуд, мутааллиқ бо хонаводаи шавҳари аввал буд, яьне фарзанди расмии ӯ маҳсуб мешуд. Эрониён ин амалро аз аьмоли хайр ва кумак ба як ҳамдини тангдаст мешумурданд.

  Ва яке дигар аз муқаррароти хоссаи фиқҳи зардуштӣ, чуноне ки Берунӣ дар китоби «Алҳинд» зикр кардааст, ин буд, ки агар касе мемурд ва фарзанди писаре аз у боқи намемонд, барои ин ки номи он хонавода маҳфуз бимонад ва молу сарват ба дасти бегонагон наафтад, баьд аз маргаш барои у «издивоҷи ниёбатӣ» анҷом медоданд. Қоидаи он издивоҷ ин буд, ки баьд аз марги ӯ зани ӯро, агар зан надорад, духтари ӯро ва ё яке аз занони наздики ӯро, ба номи ӯ ба наздиктарин хешаш издивоҷ мекарданд. Ва агар зане аз наздикони ӯ намеёфтанд, зани бегонаеро аз моли ӯ ҷиҳозия дода, ниёбатан аз номи ӯ ба яке аз хешованди наздикаш шавҳар медоданд. Писаре, ки аз ин «издивоҷи ниёбатӣ» падид меомад, писари марди вафоткарда маҳсуб шуда, вориси молу сарвати ӯ мегардид. Ва он писарро «писари истилҳоқӣ» мегуфтанд.

  Аммо «издивоҷ бо маҳорим» (яъне хешони наздик мисли хоҳар, духтар, модар) дар оини зардуштӣ ибодат ба шумор мерафт ва бо ваьдаи аҷру савоб ташвиқ мешуд. Профессор Кристен Сени Даниягӣ дар китоби «Эрон дар замонӣ сосониён» чанд ҷумлаеро аз манобеьи асили зардуштиён дар ин робита нақл кардааст, аз ҷумла: «Адолати хоссаи Аҳурамаздо ба наҳве ҷорӣ шудааст, ки мард иҷозат дорад бо модар духтар ва хоҳари худ издивоҷ бикунад. Ва ин издивоҷ бо фарри эзидӣ равшан мешавад, девонро (яьне шаётинро) дур мекунад ва гуноҳони кабираро маҳв менамояд».

  Яьқубӣ, муаррихи мӯьтабари қарни сеюми ҳиҷрй, ки худ Эронӣ аст, низ мегуяд: «Эрониён бо модарон ва хоҳарон ва духтарони худ издивоҷ мекарданд. Ва ин корро навье силаи раҳм ва ибодат медонистанд».

  Дар навиштаҳои мусташриқон ва таьрихнависон роҷеь ба ин навьи никоҳ он қадар мисолҳое зикр шудааст, ки дигар қобили инкор нест, ҳатто Фирдавсӣ дар Шоҳнома издивоҷи Баҳманро бо духтари худ Ҳумо зикр мекунад:

Яке духтараш буд номаш Ҳумой,

Ҳунарманду бодонишу покрой.

Падар в-ар пазируфташ аз некуӣ,

Бад-он дин, ки хонанд варо паҳлавӣ.

Ҳумоӣ дилафрӯзи тобандамоҳ,

Чунин буд, ки обастан омад зи шоҳ.

  Дар китоби «фалсафа аз оғози таьрих»-и Муҳаммад Рашод омадааст, ки Сисимитрас, остондори вилояти Hypo модарашро ба занӣ дошт ва аз ӯ фарзанд оварда буд.

  Қурьон китобест, ки ба миллати мо ғусл додан ва дафн кардани аҷсоди мурдагонро омухт. Ва илло тибқи оини зардуштӣ шустан ва зери хок кардани аҷсоди мурдагон мамнуь ва ноҷоиз мебошад. Ҳанӯз ҳам ин қоида дар оини зардуштӣ ба ҳукми худ боқист.

Дар китоби «фалсафа аз оғози таьрих» навишта шудааст: «фалсафаи дафн накардани аҷсоди мурдагон дар мазҳаби зардуштӣ он аст, ки эшон маргро балое медонанд, ки бар ҷасади инсон ворид мешавад. Ва ҷасад ҳамин ки аз руҳ тиҳӣ гардид, бо лошаи наҷас ва палид мубаддал мегардад. Пас дигар на ҷоиз аст ба он даст зад ва на онро ба хок супурд, на ба оташ сузонид ва на ба об ғусл дод. Зеро хоку обу оташ ҳар се муқаддасанд ва олудани онҳо бо лошаи наҷас раво намебошад. Аз ин рӯ, бояд аҷсоди мурдагонро дар миёни бурҷҳои мудаввар ва саркушода гузорид, то тӯьмаи вуҳушу паррандагони лошахур шаванд, ба тавре ки ҳеҷ гуна асаре аз онҳо бар ҷой намонад».

  Қурьон китобе нест, ки чун Инҷили таҳрифшудаи масеҳият (библия) ба муқобили илм ва олимони равшанфикр эьлони ҷанг карда бошад. Ва барои маҳву нест кардани онҳо чун Калисои масеҳӣ маҳкамаи тафтиш (инкивизатсия) боз карда, ҳазорон-ҳазор донишмандонро ба ҳукми маҳкама сӯхта нобуд карда бошад. Агар олами масеҳият рӯзе, ки Инҷилро раҳо карду тараққӣ ёфт, олами Ислом барьакс то замоне, ки пайравӣ аз Қурьон ва Исломи ноби Муҳаммадӣ дошт, дар ҳама риштаҳои илму фарҳанг пешоҳангу пешқадам буд. Аммо ҳамон рӯзе, ки аз Қурьону суннат ҷудо гашт ва дар қабзаи ҳокимони ҷоҳил ва «олимони» каҷфаҳму тангназар гирифтор шуд, таназзул ва ақибравии он шурӯь шуд.

 Воқеан хеле аламовар аст, ки ғарбиҳо бо вуҷуди ин ҳама зулму ситаме, ки аз дини масиҳият дидаанд, боз ишқу муҳаббат ва эҳтироми фавқулодда ба китоб ва дину арбобони динии худ доранд. Феьлан мӯҳтарамтарин шахс дар олами масеҳият Папа Иоан Павели 2 мебошад. Дастбӯсии президентҳои масеҳӣ ва истиқболи чандмилионнафараи мардуми эшон аз поп далели равшан бар ин гуфтаҳост. Вале баьзе зиёиёни “натсионалисти” мо аз Қурьону Ислом, ки дар таьрихи миллати мо саҳифаи дурахшони пурифтихоре боз кардааст, ки имрӯз ҳама шӯҳрату шаьни ин миллат марбут ба он давраи таьрих аст, ҳануз ҳам нафрату адоват доранд. Ва онро аҷнабию бегона хонда, мехоҳанд дини дигаре дар бадали он биёранд. Зиҳӣ беадолати ва беинсофӣ!

  Таассуби миллии баьзе зиёиёни мо то ба ҷое расидааст, ки дину оинро, ки моли Худо буда, барои ҳидояти кулли бандагони Худост ва тааллуқи хос ба ҳеҷ қавму миллате надорад, мехоҳанд рангу бӯи миллӣ ва ё нажодӣ бидиҳанд. Бо таьбири дигар онҳо мехоҳанд бигӯянд: Худоӣ Эронӣ ва оини Эронӣ, Худоӣ Арабӣ ва дини арабӣ, ва.. .ва.... Ва бояд ҳар миллат ҳақ аст ва ё ботил аз Худои миллати худ ва оини миллии худ пайравӣ намояд. Дар ҳоле ки бузургон гуфтаанд: Дин ва илму фалсафа ватан надорад. Ҳамаҷоӣ ва ҳамагонӣ аст. Бинобар ин гуфта шахсиятҳои динӣ ва илмию фалсафӣ низ ватан надоранд. Пойбанди марзу бум ва махсуси қавму миллате нестанд. Ба ҳамаи ҷаҳониён тааллуқ доранд. Ҳама ҷо ватани онҳо ва ҳама ҷаҳониён ҳамватани онҳо ҳастанд. Ҳамчунин Паёмбарони Илоҳи низ ҷаҳонӣ ва ҳамагонӣ ҳастанд. Барои тамоми башар мақоми нубувват ва Паёмбарӣ доранд.

  Агарчи эшон ба ҷуз Паёмбарй Ислом, дар фурӯьот ва ҷузьиёти дин махсус ба замон ва қавму миллати хосе буданд, вале дар усули дин ҳама муттаҳид ва муттафиқ мебошанд. Ҳама як ормон, як шиор ва як даьвати ҷаҳонӣ доштанд. Ҷамиьи Паёмбарони Худо башарро бо як асл даьват намудаанд, ки он тавҳид ва яктопарастӣ-яьне ибодат ва итоат аз Худоӣ воҳид доштан ва тибқи фармони ӯ зистан ва ибодат карднаст.

  Аз назари Қурьон ба ҷамиьи анбиёи киром, қатьи назар аз миллат ва нажодашон, ҳатто ба Зардушт, агар ӯ дар ҳақиқат Паёмбари Худо бошад, дар ҳоле ки роҷеь ба нубуввати ӯ ихтилофи назар аст, имон овардан фариза аст.

  Ҳар мусулмоне тафриқа ва ҷудоӣ байни Паёмбарони Илоҳӣ меандозад, назири баьзе зиёиёни мо, ки эшонро ба худӣ ва аҷнабӣ ҷудо намудаанд ва ё яке аз онҳоро аз рӯи инод ва душманӣ, мисли яҳудиҳо ва масеҳиҳо инкор мекунад, ба ҳукми Қурьон кофири муртад мегардад.

  Банда дар тааҷубу ҳайратам, ки чаро ин марази руҳӣ -яьне таассуби миллӣ- танҳо махсуси тоифае аз зиёиёни мо гаштааст? Чаро зиёиёни ғарбӣ (юнониҳо, румиҳо, англисҳо, олмониҳо, фаронсавиҳо ва ғайра) нисбати дини масеҳият, ки оини миллии онҳо нест, эҳсоси аҷнабӣ ва бегонагӣ намекунанд? Магар онҳо қабл аз пазируфтани оини масеҳият дину мазҳаби дигаре надоштанд? Ва ё якбора аз инкубатор берун омадаанду дини масеҳиятро пазируфтаанд? Ва ё ишқу муҳаббат ба ватан ва миллати худ надоранд? Фақат натсионалистони мо миллатдусту ватанпарваранд?

  Ҳатто режими фашистии Гитлерӣ, ки онҳо ҳам мисли зиёиёни миллатгарои мо худро Ориёинажод мехонданд, бо вуҷуди ин ҳама адоват ва нафрате, ки бо қавми яҳуд доштанд, то дараҷае, ки тақрибан 6 млн. яҳудиро ҷисман нобуд карданд вале якбор дар фикри он нашуданд, ки бояд мо миллати худро аз дини Исои Масеҳ, ки яҳудинажод аст, озод бикунем. Ва ба оини миллии худ, оини Орёи дубора боз гардонем. Ва ё чаро зиёда аз 1 млрд. нафар мардуми Чину Осиёи шарқӣ, ки аз дини Будо пайравӣ мекунанд, ҳаргиз эҳсоси аҷнабӣ ва бегонагӣ нисбати оини Будоӣ надоранд? Дар ҳоле ки ҳама медонанд, Будо зодаи Ҳиндустон аст.

 Имрӯз миллатгароёни худбохтаи мо ки тибқи хоҳиши хоҷаҳояшон мехоҳанд дар кишвари мо оини Зардуштиро ҷойгузини дини мубини Ислом бигардонанд, ба далели он, ки он оини миллӣ ва Ислом оини аҷнабист, барои чи якбор ба хоҷаҳои худ ин суолро намедиҳанд ки: Шумо ай ғарбиҳои масеҳимазҳаб! Чаро якбор дар бораи худ ин ҷур фикр намекунед? Ва фақат бо абзорҳои таблиғотиатон ин афкори тафриқаандозро ба мо таблиғ мекунед? Агар Ислом барои мо аҷнабӣ ва бегона бошад, пас масеҳият низ барои шумо аҷнабӣ ва бегона аст: шумо низ бояд ба оини қабл аз масеҳияти худ боз гардед! Чунон ки мopo ба он таблиғ мекунед.

 Дар ҳақиқат касоне. ки имрӯз дар ватани азизи мо ба ҷои Ислом дини дигаре ва дар ивази мазҳаби Имоми Аьзам мазҳаби дигаре суроғ доранд, ҷинояти бузургеро мехоҳанд нисбати ин миллати ранҷкашида анҷом бидиҳанд. Чунин ҷинояткорон нияти садпора кардани миллати бе ин ҳам ба марази махалгароӣ мубталогаштаи моро доранд.

  Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ин робита ҳарфҳои хеле ҷолиб ва қобили зикре доранд, ки поёнбахши мақолаи мо хоҳад гардид. Эшон дар китобе бо номи «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоьиву маьнавӣ» навиштаанд: «Онҳое, ки миллати моро ба дину мазҳабҳои мухталиф мекашанд, дидаву дониста миллати моро пора-пора карда, ба ҳам зид мегузоранд. Ва аз эҳтимол дур нест, ки ин гуруҳҳои мазҳабии зидди якдигар рузе байни худ ба ҷанг дароянд. Ин ҳол дар таьрих зиёд рӯй додааст. чуноне ки яке аз сабабҳои ҷанги хонагии чандсолаи Лубнон дар замони мо ин буд, ки аҳолии он қисман мусулмон ва қисман исавӣ ҳастанд».

  Устод Шакурӣ чанд сатр поинтар изофа мекунад: «Онҳое, ки моро ба чанддиниву чандмазҳабӣ мебаранд, хостаанд, ки ҷудоӣ ва худбегонагии моро зиёдтар кунанд. Онҳо миллати моро ба сӯи худкушӣ роҳ меандозанд. Ҳеҷ оқиле худкушу бегонапарвар набудааст. Аз дини мубини Ислом даст кашида, ба ойини дигар гаравидан имрӯз баробари худкушист.

  Расули Акрам саллалоҳу ьалайҳи ва саллам гуфта буд, ки: «Дин ақл аст». Алҳақ тарки Исломро баробари тарки ақл бояд донист. Дини мубини Ислом айни ақлу заковат ва айни ҳақиқат аст.

  Ислом бандагони Худоро ба ҳам муттаҳид мекунад. Миллат ва миллатҳоро ба ҳам як карда, ба роҳи ҳақ мебарад. Дар марҳилаи кунунии таьрихи тоҷикон рӯ гардонидан аз Ислом, рӯ гардонидан аз ҳаммиллатони худ аст.

  Зиёиёни мӯҳтарам! Аз халқи худ ва аз миллати Мусулмони тоҷик рӯ нагардонед! Дар зери боли ӯ бошед, то бо ҳамдиливу ҳамдастӣ, бо иттиҳоду ягонагӣ зиндагӣ бикунем ва кишварамонро обод созем».

  Банда низ чун устод Шакурӣ ҷавонони маьнавиятҷӯи тоҷикро даьват мекунам, ки фирефтаи динҳою мазҳабҳои дигар нашаванд ва дар мусулмонии худ устувор бошанд! Агар шакку шубҳае дар зеҳнашон оиди масоили Исломӣ пайдо шавад, алҳамдулилоҳ имрӯз дар кишвари мо уламои хуби Исломӣ зиёд ҳастанд, ба эшон муроҷиат кунанд, то шакку шубҳаҳои худро бартараф намоянд. Ва ба суолҳои хеш посухҳои муносиб биёбанд.

Бо эҳтиром бародари исломии шумо,

Ҳочӣ Маҳмудҷони ТӮРАҶОНЗОДА

   

 
 

 
 

ТӮРАҶОНЗОДА

иштибоҳ мекунад!

 
 

(30.10.2003)

 
 

Ҳафтае қабл дар пайи интишори матлабе шурангез дар «Адабиёт ва санъат», ки ҳадафи муаллифи он рӯшан нест, таҳқиру иҳонат бар ойини зартуштӣ дар сафаҳоти бархе аз нашрияҳо фурӯ рехт. Дарвоқеь гароиши ифротомези нависандаи ин матлаб дар қиболи Ислом мунҷар ба вокунишҳои монанди бархе аз бовармандон шуд. Албатта дар ин шӯрангезӣ зартуштият ва зартуштиён муқассир нестанд ва бо дарки ин нукта бархе аз нависандагон ҳам дар посухҳои худ аслан аз ин ойин ном набурдаанд, ки ситуданист. Вале ҳамзамон зиёдравии бархе дигар аз вокунишкунандагон мояи таасуф аст.

  Дар ин замина навиштаи Ҳоҷӣ Маҳмудҷони Тӯраҷонзодаро мехонем, ки гуфта: «...ақлу хиради моро аз занҷири тафаккури зиддимантиқии дуалистӣ-духудоӣ, оташпарастӣ, хурофотпарастӣ ва офтобпарастӣ озод кард ва ба ҷои он ҷаҳонбинии тавҳидӣ ва яктопарастӣ ба армуғон овард...аммо ҷоҳилияти мо мардуми Эронзамин...гирифтори ширк дар холиқият низ буд».

  Инҷониб бо хондани ин суханон натавонистам аз ироаи чанд нукта парҳез кунам. Зеро навиштаҳои ин шахс омезае аз таҳрифоти куҳан дар бораи дини зартуштист. Нахуст, ба назари ман тафаккури дуалистӣ ба ҳеҷ ваҷҳ зиддимантиқӣ нест, тазоду таноқуз як амри рӯзмарра ва табиист. Дигар ин ки дини зартуштӣ дине нест, ки духудоиро омӯзиш медиҳад. Ин андешаи ғалат ношӣ аз ҷаҳл ва таҳрифоти куҳани мухолифони ин ойин аст. Зартушт ба санавият ё дугонагии офаридгор бовар надорад, балки дугонагиро танҳо дар ахлоқи одамӣ, яъне дар андеша, гуфтор ва кирдори инсонҳо дармеёбад, ки ин нуктаро ҳеҷ аҳаде то кунун такзиб накарда: «Аз оғоз ду маниши хуб ва бад (спенто-маию ва ангро-маиню ё аҳриман) дар андеша, гуфтор ва кирдор падид оянд. Аз ин ду, накурой равиши дурустро бармегузинад, на бадрой» (Готҳо, 3.3).

  Яьне ин дугонагӣ аз назари Зартушт танҳо дар андеша, гуфтор ва кирдори инсонҳо вуҷуд дорад ва на берун аз он. Ба андешаи ман, Ислом ва ҳар дини дигаре низ бар ин асл бовар дорад. Яьне берун аз муҳити ахлоқи инсон ҳеҷ гуна некию бадӣ вуҷуд надорад. Албатта, ривоёти бозмонда аз Эрони қадим неку бадро дар табиат ҳам ҷустуҷӯ мекунанд, вале ин равиши фикрӣ танҳо вижаи мардумони Эронӣ набуда, балки ҳамаи ақвоми ҷаҳон аз ин равиш пайравӣ мекарданд. Чунончи ҳануз ҳам авом селу раьду барқу вайрониву тахрибро ношӣ аз бадӣ ва шукуфоиву баҳор ва ҳосили хубро ношӣ аз некӣ медонанд, ки ин бо омӯзишҳои Зартушт ҳеҷ иртиботе надорад. Ва ривоёти Эронии қадимро низ наметавон ба унвони мадрак аз ҷаҳонбинии зартуштӣ пазируфт. Чунончи «Қурьон», суннат ва ҳадис мадорики аслӣ барои фаҳмиши Ислом ҳастанд, ҳамин тур танҳо «Готҳо», яьне он бахше аз»Авесто», ки андешаву афкори Зартуштро мерасонад, мадраки зартуштият аст ва ҳарчи берун аз «Готҳо» ва чанд замимаи он дар «Авесто» ҳаст, ба зартуштият иртибот надорад.

  Гоҳо бештари уламо ба ғалат Аҳура Маздо ва Аҳриманро ду худоӣ ба ҳам зид қаламдод мекунанд, ки ин нишонаи ҷаҳли эшон аст. Зеро дар «Готҳо» мафҳуми «аҳриман», ки шакли тағйиркардаи «ангромину» аст, аввалан Худо нест ва сониян ба унвони «маниш ё равиши фикрии бад» на дар муқобили Аҳура Маздо (худованди ҷону хирад), балки дар баробари «спентомину» (маниши нек) қарор дорад. Дар ҳарду вожаи «спентомину» ва «ангромину» бахши «мину» бо «маниш» ё «равиши фикрӣ» ва ё ҳатто «маьнӣ» муродиф аст. Дар адабиёти паҳлавӣ ва Исломӣ мафҳуми «спентомину» (маниши нек) фаромӯш шуд ва «аҳриман» дар муқобили Аҳура Маздо қарор гирифт. Ҳамин тур бархе аз уламои ноогоҳ ҳанӯз гумон мекунанд, ки Аҳура Маздо ва Аҳриман ду Худоӣ некиву бадӣ ҳастанд, вале имрӯз бо ошкор шудани ростиҳо ин таҳрифот дигар эьтибори худро аз даст додааст.

  Дигар ин ки Зартуштият оташпарастӣ нест, «оташпарастӣ» аз калиша (стереотип) ва иҳонатҳои куҳан аст, ки ба ин дин илҳоқ кардаанд. Дуруст аст, ки зартуштиён дар баробари оташ ва ё нур намоз мегузоранд, вале агар аз ҳамин зовия бинигарем, мебинем, ки масеҳиён дар муқобили пайкараи Масеҳ ва мусалмонон ба ҷониби Каьба намоз мебаранд. Мусалмонон Каьбаро хонаи Худо медонанд ва албатта, ин рамз аст, зеро Худо дар воқеь ниёз ба хона надорад, ба ҳамин тартиб оташ ва нур ҳам дар назди зартуштиён рамзе аз ваҳдати вуҷуд аст. Зеро оташ дар батни тамоми аносир вуҷуд дорад ва ҳамвора ба ин ё он сурате зоҳир мешавад. Масалан, ҳар гоҳ ду сангро ба ҳам зананд, оташ зоҳир мешавад, ҳатто дар батни об ҳам, ки зоҳиран бо оташ дар тазод аст, навье оташ вуҷуд дорад ва раьду барқ дар воқеь оташест, ки дар ҳастии об ниҳон аст. Гузашта аз ин, нур ва нор дар назди мусалмонон ҳам дорои эҳтироми вижа мебошад.

  Бад-ин тартиб чунончи нависандаи мусалмон ба рамузи дини худ бовар дорад, пас бояд бипазирад, ки адёни дигар ҳам рамузи худро доранд. Дигар ин ки ҷаҳонбинии тавҳидӣ ва ё яктопарастӣ дар Эрон танҳо армуғони Ислом нест, балки қабл аз он вуҷуд дошт. Эрониён ин навьи ҷаҳонбиниро аз қабл дарёфтаанд. Торихнигорони юнонӣ мегуянд, ки эрониён бар мардуми бобулӣ ва юнонӣ, ки дар назди пайкараҳои Худоёни худ ибодат мекарданд, механдиданд. «Готҳо» саршор аз ниёиш ва пурсишҳое дар баробари офаридагори ягона аст: «Бо таьзим ва дастони барафрошта бар ту намоз мебарам, эй Офаридагор?» (Готҳо: 1.1)...

  Нависандаи матлаб меафзояд: «...андешаи Худоӣ шохдор ва болдор, ришу муйлабдор, асобадаст, ҷомабардушу ҷингиламуй ва дорои тоҷи кунгурадорро табдил кард ба андешаи Худои бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм....»

  Ин ҷо нависанда дуруст нақши «хваренаҳ» ё «фарраи каёнӣ»-ро бо Аҳура Маздо даромехтааст. Ин иштибоҳи ӯ реша дар навиштаи бархе аз уламои ҷоҳил дорад. Мутаассифона, дар як китоби тозанашри Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ, торихшиноси тоҷик низ дар зери нақши «хваренаҳ» номи Аҳура Маздо навишта шудааст, ки ғалате бас фоҳиш аст ва ноогаҳии муаллифро нишон медиҳад. Дарвоқеь он нақши «болдори ришу муйлабдор» ё «хваренаҳ» (аз решаи «хвар» -хур-офтоб) нишони салтанатӣ аст, ки қабл аз эрониён ҳатто дар миёни мисриҳову ошуриҳо ва бобулиҳо ба ашколи дигар вуҷуд дошта ва назди эрониён ба шакли феълии худ даромадааст. Он нақш маьнии «фарраи каёнӣ» ё «шукуҳи салтанатӣ» -ро дорад. Бархе аз зартуштиён низ онро ба иштибоҳ «фраваҳар» мегуянд, ки гуё тимсоли мовароуттабиьии инсон аст ва (чун олами мисоли Афлотун) ҷовидона вуҷуд дорад ва нигоҳбони инсон аст. То имрӯз нақшҳое аз Куруш ва Дориюш дар тахти Ҷамшед бар бозувони худ чунин «бол» доранд. Нақши «хваренаҳ» низ дар инҳо ҳамеша бар болои сари шоҳон нақш ёфтааст. Ин рамз нишонаи ҳувияти сиёсии шоҳони эронӣ буда ва бо дини зартушт иртиботе надорад.

«...низоми табақотии Эрони он рузро, ки решаи бисёр куҳан дошт ва тибқи назари Авесто бар ду рукни асосӣ -Хун ва Моликият қоим буд...дарҳам рехт.»

  Аввалан «Авесто» китоби динии зартуштиён нест ва ба унвони мадраки дини зартуштӣ хидмат намекунад, китоби динии зартуштиён танҳо «Готҳо» ва чанд замимаи он аст, ки дар яке аз қисматҳои «Авесто» шомил аст. «Авесто» дарвоқеь қомус ё энсиклупедие аст, ки дар замони Сосониён таьлиф шуда ва ривоёту донишҳои эрониёнро дар беш аз ду ҳазор сол фароҳам кардааст. Он ҳовии эьтиқодоту боварҳои мухталифи эрониву ориёӣ аст, ки на ҳамаи он ба зартуштият иртибот доранд. Аз ин миёна танҳо «Готҳо» ва чанд замимаи он марбут ба зартуштият аст. Вале боз ҳам бо вуҷуди ин ҳама тахрибу таҳрифу тағйир «Авесто» ба ҳеҷ ваҷҳ бар ду рукни Хун ва Моликият такя намекунад. Ин туҳмат аст. Ба воруни ин, дар даврони Исломӣ мебинем, ки гурӯҳе ба номи «саййид» ва «эшон» ва ғайра ба далели иртиботи хунӣ бо паёмбари Ислом бар дигарон имтиёз доранд.

Ҳатто қавоиде ҳам ҳаст, ки бар мабнои он, масалан эшонҳову тӯраҳо барои пок нигаҳ доштани «пушти» худ бо мардуми омӣ издивоҷ намекарданд, ки ин ба кастаи ҳиндиён шабоҳат дорад.

  «Аммо Авесто ҳайати ҷомеаро бар чаҳор табақа тақсим кардааст,... ин қисматбандии Авесто тавонгаронро амалан дар табақаи болои ҷомеа қарор дода, оммаи мардумро маҳкуми ҳукми онҳо месохт. Вайрон кардани усули табақотӣ ва таҷовуз ба ҳарими он дар эрони қадим ғайримумкин буд. Чунонки ҳеҷ барзагаре наметавонист пешавар шавад... аммо подшоҳони онҳо… мартабаи фавқи башарӣ доштанд. Ҷиноятҳои содиркардаи онҳо аз дидгоҳи дини зардуштӣ гуноҳ ҳисоб намешуд».

  Аввалан дар зартуштият гуноҳу савоб нест. Ончи гуноҳ номида мешавад, маьнии ҷиноятро дорад (шояд вожаи «ҷиноят» муарраби форсии «гуноҳ» бошад), ки ин ношӣ аз қавонине аст, ки давлат вазь мекунад. Зартуштият як чизе ба номи шариат ё қонун надорад ва зартуштиён қавонинеро, ки давлатҳо ва миллатҳо барои худ вазь карданд, муроот мекунанд. Дарвоқеь ҳар шаҳриёре, ки дар Эрони бостонӣ ба қудрат мерасид, қавонини тозаи худро вазь мекард ва ҳатто эрониён пас аз даргузашти шоҳон тақвим ва солшумориҳои худро аз рӯзи ба тахт нишастани шоҳи ҷадид оғоз мекарданд. Аз ин рӯ, агар қавонине «номатлуб» дар аҳди сосонӣ ва ё замони дигаре вуҷуд дошта, пас ин қавонини шоҳони сосонӣ ё дигаре будааст, на қавонини дини зартуштӣ.

  Зартуштият қонун нест, қавонин надорад ва даьвои қонун будан ҳам намекунад. Ин ойини «бикуну накун» нест. Зартуштият бар асли озодии интихоб такя мекунад ва мантиқан, ҳар гуна қонун, ки амре воҷиб ва иҷтинобнопазир аст, бо ин асл мухолиф аст. Қонун кори давлат аст, на дин ва чун зартуштият бар ягонагии дину давлат таькид надорад, скюлорисм беҳтарин равиши сиёсат бар мабнои ҷаҳонбинии зартуштӣ талаққӣ мешавад. Агар чунин набуд, худи зартушт ба назди шоҳ Виштосп намерафт ва андешаҳои худро бо у дар миён намегузошт, балки мисли паёмбарони Бани Исроил даст ба мухолифат мезад ва худ иддаьои подшоҳӣ мекард. Бар хилофи кутуби Бани Исроил, ки «осмонӣ» ва «қонун» қаламдод мешаванд, «Готҳо»-и Зартушт қонун нест, балки дарвоқеь китобе бадеьӣ аст, ки аз осмон наёмада, балки ҳосили диду бардошти инсоне заминист ва воқеиятҳои заминиро дар худ гунҷонидааст.

  Мафҳуми «ҷиноят» ҳам. ки нависанда дар ин ҷо истифода мекунад, бемаврид аст, зеро як амал он гоҳ ҷиноят маҳсуб мешавад, ки дар қонуни ин ва ё он кишвар ба унвони «ҷиноят» мушаххас шуда бошад ва ин танҳо дар ҳамон кишвар эьтибор дорад. Агар ин амал, ҳарчанд амали хубе набошаду тибқи қонуни ин кишвар чун «ҷиноят» мушаххас нашуда бошад, пас ин амал барои он кишвар ҷиноят маҳсуб намешавад. Ҳамин тур маьлум нест, ки зери ибораи «ҷиноятҳои содиркардаи онҳо (яьне шоҳони эронӣ)» нависанда чиро дар назар дорад. Агар эшон он аьмолеро, ки дар шариати Исломӣ ба унвони «ҷиноят» мушаххас мешавад, дар назар дошта бошад, пас иштибоҳ мекунад, зеро дар он замон шариат ё қонуни Исломӣ набуд ва ин қонун ва ҳар қонуни дигаре танҳо аз рӯзи пиёда шуданаш касби эьтибор мекунад ва барои замони қабл аз худ эьтибор надорад. Бад-ин тартиб агар эшон аьмоли шоҳони эрониро бар мабнои қавонини имрӯзии Тоҷикистон «ҷиноят» эьлон кунад, боз ҳам иштибоҳ аст, зеро қавонини кунунии Тоҷикистон барои имрӯз ва фардо (агар лағв ё ислоҳ нашавад) ба кор баста мешавад ва наметавонад ҷигари таьрихро дарида ба ақиб равад.

  Дигар ин ки табақоти чаҳоргона, ки муаллиф ном мебарад, ба дини Зартушт иртиботе надоранд. Аслан дар ривоёти ориёии қадим, чи миёни ҳиндуёну эрониён ва чи назди мардуми юнониву урупоӣ ва ҳатто назди мисриёну бобулиёни қадим аз се қишри аслии созандаи ҷомеа ном бурда мешавад, ки ин манзарае аз дониши ҷомеашиносии қадимро ба даст медиҳад. Ҳоло ҳам ҷомеаи инсонӣ аз се қишри аслӣ, яьне интеллигенсия (андешаварон), давлат ва низом (амнияту дифоь) ва тавлиду иқтисод (хусусӣ) иборат аст. Ривоёти ориёи ҳокист, ки ин қишрбандиро, ки «Варна» номида мешавад, гӯё Ҷамшед роҳ андохтааст ва мегӯянд ин равиш дар он замон бағоят муассир ва муваффақ буда ва пояи тамаддуни башариро гузоштааст, зеро қисмате аз мардум боистӣ ба истеҳсол мепардохтанд, қисмати дигар дар ҳифзи миллат мекӯшиданд ва гурӯҳе масруфи илмомузӣ буданд. Ин равишро Афлотун ва Арасту ҳам тавсиф кардаанд ва ҳатто ғояи «ҳукумати файласуфон», ки Афлотун пеш ниҳода, бо браҳманисми қадимаи ҳиндӣ мушобеҳ аст. Вале чунончи аз «Ведоҳо» бармеояд, дар миёни ориёиҳо чунин набуда, ки насли пешавар наметавониста ба қишри дигар ворид шавад. «Варна» дарвоқеь ба каста ё «табақабандии муқаддас» шабоҳат надорад ва бештар ба синф ё категорияи иҷтимоьӣ наздик аст, ки гузаштан аз як «Варна» ба дигаре мушкиле надоштааст. Уламо бар ин назаранд, ки табақабандии кастаи ҳиндӣ, ки ба изофаи се қишри ориёии қадим аз ақшори мутанаввеь ва мухталифи дигари бумӣ мураккаб шудааст, ношӣ аз вуҷуди ҷавомеь, ақвом ва нажоду фарҳангҳои мухталиф аст, ки дар замонҳои баьдӣ дар муҳити қораи Ҳинд ба вуҷуд омадааст. Ҳарчанд дар бархе аз кутуби эронӣ гоҳ аз ин бахшҳои иҷтимоь ном бурда мешавад, вале силсиламаротиб дар онҳо вуҷуд надошта, яьне ҳеҷ як аз ин ақшор бар ҳамдигар бартарӣ ва ё имтиёз надоранд ва варосат ҳам дар инҳо мушоҳида намешавад. Дар «Готҳо» Аслан аз ҳеҷ гуна қишр сухане дар миён нест, яьне Зартушт бо ин гуна қисматбандӣ алоқа надошт, вале танҳо дар бахши фравартӣ, ки шомили «Готҳо» набуда, вале ба забоне наздик ба он навишта шудааст, барои нахустин бор аз се қишри ҷомеа ба ин тартиб ёд мешавад: 1 -востря-фшуянт ё шаҳрвандон, 2-ратаештор ё артишторон ва 3-атраван ё рӯҳониён, ки дар ин миёна касе бар касе бартарӣ надорад. Дар ин ҷо ва дар бахшҳои баьдии «Авесто» таькид мешавад, ки аьзои ин се қишр ба таври мусовӣ ва дар ҳамбастагӣ нирӯ ва истеҳкоми дини маздаясноро ташкил медиҳанд. Дарвоқеь вақте зартуштиён оташи муқаддаси худро дар оташкадаҳояшон мустақар месозанд, ин оташ аз ба ҳам овардани шуьлаҳое аз оташдонҳои хонаҳои ҳамаи пешварон-оҳангар, нонпаз, деҳқон, кишоварз, шоҳ, гадо, меьмор, шубон ва ғайра (беш аз 40 пеша) ташкил мешавад ва ин дуруст маьнии ҳамоиш ва ягонагӣ мартабаи баробар доштани ҳамаи ин пешаваронро бозгӯ мекунад. Вақте ҳам ки зартуштиён миранд, аҷсоди онҳо чи шоҳу чи гадо ба дахма таҳвил мешавад. Ин мутафовит бо равиши мусалмонону масеҳиён аст, ки пас аз марг сарватмандон дар болои қабри наздикони худ мақбараҳои пуршаҳомат месозанд ва тиҳи дастон аз сохтани ин гуна мақбараҳо оҷиз мешаванд ва ҳамин тур нобаробарии мардум ҳатто пас аз марг ҳам ошкор мешавад. Ба ин тартиб ин нукта, ки «Авесто» тавонгаронро бар нотавонон ҳоким месозад, таҳрифи таьрихи Эрон аст, зеро бештари торихшиносон бар ин назаранд, ки дар Эрон нобаробарӣ вуҷуд надошт ва ҳатто шоҳони эронӣ бо фармонҳое вижа ғуломдориро мань кардаанд. Эьломияи Куруши бузург ва навиштаҳои торихнигорони юнониву ҷуҳуд ва ҳатто мусалмон далели ин гуфтаҳост.

  Дар ин ҷо нависанда меафзояд: «...ки режими зиддимардумӣ ва истеьдодкуши мӯьбадонро...аз байн бурд».

  Мубадон ҳиҷ гуна режими зиддимардумӣ ва истеьдодкуш надоштанд. ин гуна режим дар Эрон қабл аз Ислом вуҷуд надошт. Ба воруни ин, дармеёбем, ки бештари истеьдодҳои бузурги эронӣ назири Ибни Сино, Фирдавсӣ, Рӯдаки, Носири Хусрав, Тирмизӣ, Ибни Муқаффаь ва дигару дигарон дар аҳди Исломӣ ё ба қатл расидаанд, ё фирори шудаанд, ё ҳамеша дарбадару саргардон буданд.

Дар поён бо истифода аз ҳамон равиши оқои Тӯраҷонзода чанд андарзро ба эшон ироа медорам. Худи ӯ менависад, ки барои ошноӣ бо «Қурьон» чанд шарт ва муқаддимае зарур аст: ошноӣ бо забонӣ арабӣ, ошноӣ бо таьрихи Ислом, ошноӣ ба оятҳои носиху мансух, ва ошноӣ бо аҳодис... Ман дар ин суханон эроде надорам, вале ба андешаи ман, беҳтар буд агар эшон худ бар ҳамин чанд шарти худ содиқ бимонад. Яьне барои доварӣ дар ойинӣ зартуштӣ низ ошноӣ бо забони авестоӣ ва форсии қадиму паҳлавӣ, ошноӣ бо таьрихи сеҳазорсолаи дини зартушти, ошноӣ ба қисматҳои « носиху мансухи» қомуси «Авесто» ва ошноӣ ба паёми аслии зартушт, ки дар «готҳо» баёншуда, зарур аст.

Ойини зартуштӣ низ дар тӯли таьрих ба таҳдиду нобудӣ ва таҳрифу инҳироф дучор шуда ва пайравонаш ҳам борҳо қатли ом шуданд, вале боз ҳам тавонистанд шӯьлаи фурӯзони ин ойинро аз бодҳои мухолиф нигаҳ доранд.

  Муаллиф менависад, ки «.. ҳеҷ нафаре аз зиёиёни мо ҳақ надоранд руи Қурьон қазоват кунанд... зеро онон аз улуми Қурьонӣ ва ҷаҳонбинии Исломӣ маьлумоти дурусте надоранд». Ба ҳамин равиш (вале ба лаҳни мусбати зартуштӣ) бояд гуфт, ки танҳо он афроди ҳаққи қазоват дар авесто ва зартуштиятро доранд, ки бо улуми марбут ба таьрих, забоншиносӣ ва ҷаҳонбинии зарртушти ошноӣ дошта бошанд.

  Ба ин тартиб, боиста аст агар ҳар касе хубиҳои худро танҳо бо хубиҳои худ нишон диҳад ва бар зиштиҳои дигарон ангушт нагузорад. Зартуштиён то имрӯз аз ин равиш баҳра мегиранд ва бар адёни дигар таҳқир раво намедоранд. Дар ниҳоят, беҳтар буд агар аз равобити мутақобила ва таьсири ҳамдигарии адён гуфта шавад, на аз таҳрифи ҳамдигарӣ. Зартуштият ва Ислом бар хилофи он чи то кунун дар зеҳнҳо ҳаст, беш аз ҳар дину ойини дигаре вуҷуҳи муштарак доранд.

Озар Киёнӣ

 
 

 
 

Тӯраҷонзода иштибоҳ намекунад

(11.12.2003)

 
 

Посухи Ҳоҷӣ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода ба ҷавобияи Озар Киёнӣ: «Тӯраҷонзода иштибоҳ мекунад», Рӯзи Нав, 30.10.2003.

Ин ҷаҳон куҳ асту феъли мо нидо

 Боз ояд суи мо акси садо

Ҳаргиз намехостам ба иззати нафси касе бирасам. Ончи то кунун навиштаам акси садо буд на ибтикор. Вале чуноне, ки шоир мегӯял: «Ҳаркиро дарде расад ночор гуяд войро» пас имрӯз аз қалби ранҷида маҷбур ҳастам барои посух гуфтан ба иштибоҳоти “иштибоҳгуяндаи” мақолаам бори дигар бинависам. Мехоҳам ба нуктаҳои ироа кардаи эшон ҷавоб бигӯям, зеро муаллиф, ки ҳамчун ҳимоятгари оини зардуштӣ қалам рондаанд, дар асл ҳам дар мавриди Ислом ва ҳам дар мавриди Зардуштия андешаҳои ғалат ва гумроҳкунанда ба зеҳни ҷомеа рехтаанд. Решаи нуктагириҳои Озар Киёнӣ ношӣ аз каҷфаҳмиҳои ӯст, зеро банда дар қисмати аввали мақола аслан зикре аз исми Зардушт ва оини асили зардуштӣ набурдаам, то муаллиф тафаккур вa оини асили Зардуштро аз «Готҳо» ба рухи банда бикашад. Балки ин ҷониб фақат урфу одат ва дину оини гузаштаи мардуми Эронзаминро дар остонаи вуруди Ислом баён кардаам, ки он чун офтоб аз саҳифаҳои таьрих равшан аст. Дигар ин ки ҳар чи навиштаам, бо зикри маьхаз ва манбаьҳои мӯьтабар навиштаам, на мисли дигарон фикри шахсии худро тақдими хонандагон кардаам.

1.Оё тафаккури дуалистӣ зиддимантиқӣ нест?

Озар Киёнй менависад: Нахуст ба назари ман тафаккури дуалистӣ ба ҳеҷ ваҷҳ зиддимантиқӣ нест, тазоду таноқуз як амри рузмарра ва табиист.

Ҷавоб: Муаллиф гӯё намедонад, ки тазод ва таноқузе, ки дар тафаккури Авестоӣ аст. тазод ва таноқузи рузмарраи табии нест, балки он тазод ва таноқуз дар дастгоҳи Хилқат ва корхонаи олам аст. Яьне барои махлуқоти олам ду Холиқ ва ду офаридагори бо ҳам зидд ва дар ҳоли набард қоил будан. Ин тарзи тафаккур аз ҷониби тамоми файласуфон ва мутакаллимони исломӣ ва ғайри исломӣ ғайримантиқӣ ва мардуд эьлон шудааст.

Ҳарки аҳли мутолиьа бошад, дар аксар китобҳои каломӣ ва фалсафӣ бо бурҳоне мувоҷеҳ мешавад, ки онро «бурҳони тамонуь» меноманд. Файласуфон ин бурҳонро, ки мутобиқ бо қавонини мантиқи арастуӣ сохта шудааст, дар радди тафаккури дуалистӣ (ду Худоӣ ё бисёрхудоӣ) вa исботи ҷаҳонбинии тавҳидӣ тахсис додаанд.

Фишурдаи бурҳони мазкура ба сурати зер аст:

«Агар бинобар ақидаи «Дуалистӣ», ду Худои Холиқ ва офаридагори бо ҳам зидд дар ҷаҳон фараз бишавад, ки ҳар ду дорои қудрати номаҳдуд ва камоли мутлақ ва воҷибул вуҷуд, яьне қадим ва азалӣ бошанд (Чунонки Аҳуромаздо ва Аҳриман дар бахши Вандидои Авесто ба ин васф омадааст), ва агар яке аз он ду Худо бихоҳад махлуқе халқ кунад ва дигарӣ бинобар тазоде, ки байни эшон аст бихоҳад ин махлуқро аз байн бибарад ва ё монеь аз танфиз ва иҷрои иродаи ӯ бишавад дар ин ҷо аз назари ақлу мантиқ се эҳтимол пеш меояд:

Эҳтимоли аввал ин ки яке аз он ду Худо, метавонад аз амалӣ гаштани иродаи Худои дигар ҷилавгирӣ кунад. Яьне намегузорад, ки ӯ махлуқи мавриди назари худро халқ ва ё ҳифз кунад. Ва Худои дуввум аз муқовимати Худои аввал оҷиз аст. Албатта дар ин сурат равшан аст, ки Худои ҳақиқӣ ва шоистаи парастиш, ҳамон Худои аввал аст. Дуввуми ба далели мағлуб будани иродааш наметавонад Худои холиқ ва офаридагор бошад. Балки он ботил ва мардуд аст.

Эҳтимоли дуввум ҳар ду Худо метавонад аз пиёда шудани иродаи дигарӣ ҷилавгирӣ намоянд. Дар ин сурат ҳеҷ кадом дорои қудрати мутлақ нахоҳад буд. Зеро ҳар яке дар баробари дигари оҷиз хоҳад буд.

Эҳтимоли саввум ин ки ҳеҷ кадоме аз ин ду Худо натавонад монеь аз воқеь шудани иродаи дигарӣ гардад. Дар ин сурат низ ҳар ду Худоҳо оҷиз хоҳанд буд. Ва ин эҳтимол низ ба мақоми Худои воҷибул-вуҷуд ва қодири мутлақ созгор намебошад.

Аз баёни эҳтимолҳои сегона маьлум мешавад, ки эҳтимоли дуввум ва саввум бе мантиқу номаьқул буда, аммо эҳтимоли аввал, ки яке қодир буда дигарӣ оҷиз ва ботил, ки дар ин сурат тавҳид ва якка Худои ҳосил мешавад, саҳеҳ аст.

Пас ин бурҳони мантиқӣ собит менамояд, ки аз назари ақлу мантиқ фарзияи мавҷудияти ду Худои Офаридагор, мавҷудияти ду манбаи офариниш ва ё фарзияи  дуалистӣ, андешаи номаьқул ва ботил мебошад.

Қурьони азим уш-шаьн, ки ҳеҷ ҳарфи хилофи мантиқи саҳеҳ надорад, дар ояти 22 сураи Анбиё ишора ба «Бурҳони тамонуь» мекунад. Шояд файласуфон ин бурҳони мантиқии худро аз он ҷо гирифтаанд. Қурьон мегуяд: «Агар дар ин олами ҳастӣ ба ҷуз Худои якто, Худоёни дигаре (мисли Ангромину ва ё Аҳриман) даст ба кор мебуданд, ҳатман халал ва фасод дар корхонаи олам роҳ меёфт. Пас(аз назми халалнопазири олам) бидонед, ки подшоҳи мулки вуҷуд Худои яктост. Ва Ӯ аз тавсифи ҷоҳилонаи мушрикон (ва дуалистон, ки барояш ҳариф ва ё шарик муқаррар мекунанд) пок ва муназзаҳ аст».

Тавзеҳи ояи муборака он аст, ки ҷаҳони ҳастӣ маҷмуьае ҳамоҳанг, муназзам ва воҳидест, ки ҳикоят аз Холиқи ягонаи худ мекунад. Агар «ду ирода» ва ду «тадбир» бар ҷаҳон ҳоким мебуд, албатта ноҳамоҳангӣ ва фасоду ҳарҷу марҷ дар он дида мешуд. Альон, ки ҳеҷ фасод ва халале дар корхонаи олам дида намешавад, худ далели он аст, ки ҷаҳон Холиқ ва мудаббири ягонае дорад.

Аз назари Ислом ҳар касеро, ки тафаккури дуалистӣ дошта бошад, мушрик гӯянд.

2. Ба кадоматон бовар кунем?!

Озар Киёнй менависад: «...дини Зардуштӣ дине нест, ки ду Худоиро омӯзиш медиҳад. Ин андешаи ғалат ношӣ аз ҷаҳл ва таҳрифоти куҳнаи мухолифони ин оин аст».

Ҷавоб: Вақте ин ҳарфҳоро бо навиштаҳои муҳаққиқони дигари фалсафаи зардуштӣ, аз чумла Комил Бекзода муқоиса кардам, сахт дар тааҷуб афтодам. Ҳар ду вориси Авесто ва мактаби зардуштӣ, вале яке тафаккури дуалистиро фалсафаи асили оини зардуштӣ медонад, дигаре инро инкор мекунад.

Комил Бекзода 25.07.2001 дар ҳафтаномаи «сулҳи Осиё» дар мақолаи пуртаноқузе ба унвони «фалсафаи асили халқи тоҷик кадом аст?» бо заҳмати зиёде исбот кардааст, ки фалсафаи асили тоҷикон қабл аз Ислом, дуалистӣ буд, на тавҳидӣ. Касонеро, ки дар гузашта мисли Озар Киёнӣ тафаккури зардуштиро тавҳидӣ гуфтаанд, зери тозиёнаи танқид гирифта, тарсу ва буздил хондааст. Бекзода дар қазовати худ то дараҷае зиёдравӣ кардааст, ки ҳатто орифони Исломиро низ дуалист, яьне мушрик хондааст. Ӯ меорад: «Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти воқеьӣ ва сохта, фалсафаи дуалистӣ дар шакли Ирфони Ишроқ пеш рафт. Шахсиятҳои чун Ҳамоь, Шамси Табрезӣ, Аттор, Саноӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Суҳравардӣ ва Аллома Иқбол ва дигарон онро ривоҷ, доданд».

Номбурда дар шарҳу тафсири истилоҳи «дуализм» бо раьйи худ чунин ҷумлаҳои зидду нақиз навиштаанд: «дуализм бо забони фаҳмо ва таьбирӣ равшан ба маьнои ҳамкорӣ ва ҳамзистии Одам бо Олам аст». Сипас изофа мекунад:

«Ҷавҳари таьлимоти Дуалистиро Инсон ва ҳаёти заминии Инсон ташкил медиҳад. Инсон ва инсоният дар фалсафаи дуалистӣ намояндаи хайр аст. Ҷаҳон ва Кайҳон намояндаи шарр мебошанд. Зеро ҷаҳони сангу хишт ақлу идрок надорад ва чи будани хайру шарро намедонад».

Суоле ба миён меояд, ки оё мантиқан байни хайру шарр ва ё намояндагони хайру шарр метавонад ҳамзистӣ ва ё ҳамкорӣ вуҷуд дошта бошад? Дар ҳоле, ки ҷавҳари таьлимоти дуалистиро тазодд ва мубориза байни хайру шарр ташкил медиҳад.

Имрӯз кас ҳайрон мешавад, ки ба ҳарфи кадоме аз ин ду «авестошинос»-и тоҷик бовар кунад. Аз ихтилофи назари онҳо маьлум мешавад, ки то имрӯз авестошиносон ва зардуштиёни мо роҷеь ба ҷаҳонбинии зардуштӣ ва ё авестоӣ иттифоқи назар надоранд.

Акнун барои муқоиса тафсири Озар Киёниро аз дуализм меорем: «зардушт ба санавият ё дугонагии офаридагор бовар надорад, балки дугонагиро танҳо дар ахлоқи одами, яьне дар андеша, гуфтор ва кирдори инсонҳо дар меёбад, ки ин нуктаро ҳеҷ аҳаде то кунун такзиб накарда...».

Ҷавоб: Оре, дуализмро ба ин маьно касе такзиб накардааст. Аммо дуализми зардуштӣ ва ё авестоӣ дар ин маьно хулоса намешавад. Балки басе васеьтар аз ин аст. Ҳақиқат он аст, ки дуализм ва ё санавият, ки муродифи тоҷикии он духудоӣ ва дугонагӣ мебошад, бинобар тафсире, ки дар тамоми маьхазҳои илмӣ, луғавӣ ва таьрихӣ омадааст, ба маьнои ширк дар Холиқият аст.

Ширк дар Холиқият, ба маьнои шарик донистани касе ва ё чизе дар сифати Холиқият ва офаридагорӣ, ки махсуси Парвардигори яктост, мебошад. Ба таьбирӣ дигар: барои мавҷудоти олам ду Худои офаридгор ва ё ду манбаи Офариниш қоил будан аст.

Дуализм ба ин маьно аз Авестоӣ феьлӣ низ ба сароҳат маьлум аст. Муҳаммад Рашод дар китоби «фалсафа аз оғози таьрих» фалсафаи зардуштро чунин баён мекунад: «Ба ақидаи зардушт оламро ду Холиқ аст. Аҳуро-Холиқи хайр, Аҳриман- холиқи шарр».

Дар Яснои 45 (бахше аз Авесто - «Готҳо» қисмате аз он аст. Фарҳанги Сабо) чунин омада: «Дар гетӣ ду нерӯ дастандар коранд, яке Спентомину ва дигаре Ангромину. Замину осмон ва куллия мавҷудоти хуб аз қабили нур, оташ, об ва ҳайвоноти аҳлӣ, махлуқи дасти Аҳуро ва Спентомину аст, ки онҳоро аз катми одам (нестии мутлақ) ба арсаи вуҷуд овардааст. Ва куллия мавҷудоти бад аз қабили афьӣ, ақраб, (мору каждум) ҳашароти муьзия (зараррасон) ва ҳайвоноти дарранда, дуд ва касофат махлуқи Аҳримананд, ки ба зур дохили ин олам шудаанд.»

Дар китоби «динҳои бузург»-и Ҷозеф Гер баҳс ва гуфтугуи Зардушт бо доноёни дарбори Гуштосп ривоят шудааст, ки он далолат ба андешаи дуалистӣ доштани Зардушт мекунад. Ривоят ин аст: «Аз ӯ (яьне Зардушт) пурсиданд: Ин офаридагори бузург кист? Ҷавоб дод: Аҳуромаздо, Парвардигори доно ва фармонравои бузурги ҷаҳон.

Ту бар они ки ӯ ҳама чизҳои ҷаҳонро офаридааст?

Ӯ ҳар чизро, ки некӯ аст, офаридааст, зеро Аҳуро ҷуз некӯӣ ба коре тавоно нест.

Пас, зиштиҳо ва палидиҳо сохтаи кист?

Зиштиҳо ва палидиҳоро Ангромаиню, яьне Аҳриман ба ин ҷаҳон овардааст.

Пас бадингуна дар ҷаҳон ду Худо вучуд дорад?

Ope, дар ҷаҳон ду офаридагор аст»

Акнун бубинем «Готҳо» роҷеь ба андеша ва афкори Зардушт чи мегӯяд. Мутаҳҳарӣ дар китоби «Адли Илоҳӣ» ихтилофи бахшҳои Авесторо дар баёни тафаккури Зардуштӣ чунин баён мекунад: «Бахши «Вандидо»-и Авесто сароҳатан далолат бар санавият (яьне Дуализм ду Худои) мекунад, зеро аз таьлимоти ин қисмати Авесто зоҳир мешавад, ки Аҳриман чун Аҳуромаздо худ як ҷавҳари қадим ва азалӣ (яьне бе оғозу бе анҷом ва офаридаи зоти дигаре набуда) аст. Аҳуромаздо ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро наофаридааст. Балки танҳо ӯро кашф кардааст. Аҳриман худ чун Аҳуромаздо холиқ ва офаридагор аст. Қисмате аз ҷаҳони офариниш моли ӯ ва мутаалиқӣ ба ӯст. Хилқати ҳама «шарру бадиҳо» мансуби ба ӯст. Ва ӯ ба ҳайси як қутби мухолифе дар баробари Аҳуромаздо қарор дорад.

Аз ин бахши Авесто маьлум мешавад, ки оини Зурдуштӣ ҳам қоил ба ширки дар зот ва ҳам қоил ба ширки дар афьол-яьне Холиқият аст. Зеро ҳам Аҳриманро чун зоти Аҳуромаздо қадим ва азалӣ медонад ва ҳам барояш нақши «Холиқият ва Офаридагори»-ро қоил ҳаст.

Аммо бинобар маьлумоти бахши «готҳо»: Аҳуромаздо дар ибтидо ду мавҷуд ва ё ду гавҳар офарид. Яке Спентомину (хиради муқаддас ва пок) ва дигаре Ангромину (хиради хабис ва нопок яьне Аҳриман).

Ангромину ки қутби мухолифи Спентомину аст, маншаи ашёи бад буда, вале Спентомину маншаи ашёи нек аст. Аҳуромаздо ва ё Спентомину ҳаргиз масьули офаридани ашёи бади олам нестанд. Ва шарру бадиҳои олам ба ҳеҷ ваҷҳ махлуқи онҳо набуда ва нестанд. Балки махлуқ ва офаридаи Аҳриман ва ё Ангромину ҳастанд.

Пас мутобиқи бахши Вандидо-и Авесто, олами вуҷуд ду решаи ва ё ду қутбӣ аст. Яьне ду Холиқ ва ду Офаридагори қадим ва азалӣ дорад. Яке Аҳуромаздо ва дигаре Аҳриман, ки ҳарду махлуқ ва офаридаи зоти дигаре нестанд.

Аммо мувофиқи таьлимоти «готҳо» олами ҳастӣ як қутбӣ ва як решаи буда, вале ба ду шохаи мустақил, ки ҳар кадом нақши Холиқиятро дар низоми офариниш доранд, мунқасим мешавад. Пас аз ҳар ду қисмати Авесто тавҳиди комил ва саҳеҳ мафҳум намешавад. Балки ҳар ду бахши он далолат бар дуализм ва ду Худои мекунад. Яке бевосита дигаре ба восита.

3.Маьбуд ё меҳроби Ибодат

Озар Киёнӣ менависад: «Дигар ин ки зардуштият оташпарастӣ нест...дуруст аст, ки зардуштиён дар баробари оташ ва ё нӯр намоз мегузоранд, вале агар аз ҳамин зовия бингарем, мебинем, ки ...мусулмонон ба ҷониби каьба, намоз мебаранд...»

Ҷавоб: Муаллиф дар ин ҷо масьалаи рӯй оварданд ба самти каьбаро дар вақти намоз бо масьалаи тақдис ва парастиши оташ дар оини зардушти қиёс кардааст, ки ин қиёс, қиёси маалфориқ ва ғалат аст. Ба далели он, ки Оташ дар оини зардушти на ба унвони меҳроби ибодат, балки ба ҳайси маьбуди мустақилл тақдис ва таьзим мешавад. Зеро зардуштиён барои оташ мақоме камтар аз мақоми Худоёни «Рабб-ун-навь» қоил набуданд.Онҳо барои оташ руҳоният, таьсири маьнавӣ ва қудрати моварои табии қоил ҳастанд. Ҳатто онро эзид (Худо) ва писари Худоӣ бузург-Аҳуромаздо медонистанд.

Доктор Муин дар китоби «Маздоясно ва адаби порсӣ» меорад: «Озар (оташ) номи яке аз эзидони (Худоёни) Маздоясно аст. «Озар эзид». Оташ дар Авесто ғолибан писари Аҳуромаздо хонда шудааст (ҳамчунон ки Исо дар оини масеҳият писари Худо хонда мешавад ва Қурьон онро сахт мавриди накуҳиш қарор додааст.) Аз ин таьбир хостаанд бузургии мақоми ӯро бирасонанд. Чунонки «Сипандормаз», фариштаи муваккали заминро назар ба судмандии он «духтари Аҳуромаздо» номидаанд. (Арабҳои даври ҷоҳилият низ фариштагонро духтарони Худо меномиданд ва Қурьони карим онҳоро сахт мазаммат кардааст).

Дар банди 7-уми ясноӣ 25 омадааст: «Озар писари Аҳуромаздоро меситоем. Туро, ай Озари муқаддас ва писари Аҳуромаздо ва сарвари ростӣ, мо меситоем. Ҳамаи ақсоми оташро меситоем». Дар яке аз сурудаҳои Готҳо омадааст, ки Зардушт мегӯяд:

«Ҳангоме, ки бар Озари (оташи) муқаддас ниёзе тақдим мекунам, худро росткирдор ва некӯкор медонам».

Истифодаи вожаҳои «меситоем», «Оташи муқаддас» ва «ниёз тақдим мекунем» ба сароҳат далолат ба маъбуд будани оташ дар оини зардуштӣ мекунад. Дар шоҳномаи Фирдавси ва ашъори Дақиқи низ ин вожаҳо дар ситоиши оташ истифода шудааст.

Аммо мусулмонон каъбаро фақат ба унвони меҳроби ибодат мешиносанд, на ба унвони маъбуде, ки бояд тақдис ва парастида шавад. Онҳо ҳаргиз барои каъба мақоми рабб-ун-навъӣ (Худоӣ) ва ё қудрати мовароитабии қоил нестанд. Ягона лафзе, ки мусулмонон дар аснои рӯй овардан ба суӣ каъба дар намоз зикр мекунад, ибораи «мутаваҷҷиҳан ило ҷиҳатил каъба», яъне рӯй овардам ба самти каъба аст, на суханони тақдису таъзиму ситоишу парастиш. Ҳеҷ мусулмоне каъбаро мухотаб қарор дода аз ӯ истионату ёрӣ намеҷуяд. Ҳатто боре Ҳазрати Умар (р) хитоб ба ҳаҷарул-асвад (санги сиёҳи биҳишти, ки дар кунҷе аз хонаи каьба қарор дорад) гуфтанд: Ай Ҳаҷарул-асвад! Ман медонам, ки ту санге беш нести! Аз ту на фоидае мерасад, на зарар. (Яьне на қудрати фоида расонидан дорӣ, на зарар.) Агар Паёмбари Худоро намедидам, ки бар ту буса мезад, ҳаргиз туро буса намекардам.   

Бинобар ин ҳар мусулмон дар ҳоли намоз агарчи ру ба қибла аст, вале таваҷҷуҳи қалбаш бо Худо аст, на бо каъба. Ӯ дар намоз мустақиман ба Худоӣ худ сухан мегуяд: ки «Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин», яъне «Ай Худо фақат ва фақат туро мепарастем ва танҳо аз ту ёрӣ мепурсем». (сураи фотиҳа ояти 4). На бо каъба, мисле ки оташпарастон оташро мухотаб қарор дода, бо у розӣ дил мегуянд.

Барои мусулмон рӯ ба каъба истодан мисли бо вузу ва ҷомаи пок будан аз ҷумлаи одоби намоз аст, на ҳадафи намоз. Ислом ки каъбаро қиблаи намоз қарор додааст ба ин маъно нест, ки мардум дар аснои намоз каъбаро тақдис ва парастиш кунанд. Балки парастиш ва ёрӣ ҷустан аз ғайри Худо аз назари Ислом ширк дар ибодати Худо ҳисоб мешавад. Аз ин ҷиҳат, ҳеҷ мусулмоне, ҳарчанд омӣ бошад ҳам, вақте ки дар намоз ба сӯи каъба рӯй меорад, дар зеҳну хотираш намегузарад, ки ӯ мехоҳад бо ин амал каъбаро тақдису таъзиму парастиш кунад.

Инчунин дар дини мубини Ислом кучактарин ишорае ба ин матлаб нест, ки Худованд бо каъба ё масҷидулҳаром иртиботи хосси маконӣ дошта бошад. Ба ин маъно, ки Худоро фақат дар он чой ва ё дар он самт метавон ёфт. Балки баръакс, хилофи он таълим дода шудааст. Чунончи Қуръони карим сариҳан мефармояд: «машриқ ва мағриби замин, ҳар ду мулки Худост. Пас ба ҳар тараф рӯй кунед, ба сӯи Худо руй овардаед». (Сураи 2, ояти 115).

Агар ба каъба гуфта мешавад «байт-ул-лоҳ» (хонаи Худо), аз он ҷиҳат аст, ки ҳар маъбаде байт-ул-лоҳ. аст. Пас рӯй овардани мусулмонҳо ба сӯи каъба мубтани бар як ҳикмати олӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ аст, ки он ҷамъият, ваҳдат ва якдилии олами Ислом ва кулли мусулмонони ҷаҳон мебошад, Ислом барои ба даст овардани ваҳдат ва якдилии пайравони худ маркази маҳсус мехоҳад ва он марказ, бешак, байт-ул-лоҳил-ҳаром, яъне каъба аст.

Аллома Иқболи Лоҳури фалсафаи бинои каъбаро чи қадр оли сурудааст:

Қавмро рабту низом аз марказӣ,

Рӯзгорашро давом аз марказӣ.

Роздору рози мо байт-ул-ҳарам,

Сӯзи мо ҳам сози мо байт-ул-ҳарам...

Дар ҷаҳон ҷони умам ҷамъият аст

Дар нигар сирри ҳарам ҷамъият аст.

 

4.фарраи Киёнӣ ва ё тасвири Аҳуромаздо

Озар Киёнӣ менависад: «ин ҷо нависанда (яъне Ҳ.М. Тӯраҷонзода) нақши «Хваренаҳ» ё «фарраи Кёнй»-ро бо Аҳуромаздо даромехтааст. Ин иштибоҳи ӯ реша дар навиштаи бархе аз уламои ҷоҳил дорад.... Дар воқеъ он нақши болдору муйлабдор ё «Хваренаҳ» нишонаи салтанатӣ аст, на тасвири Аҳуромаздо».

Ҷавоб: Муаллиф дар ин ҷо бо ҷоҳил ва ноогоҳ хондани уламои дигар мисли Юсуфшоҳи Яқубшоҳ назари худро таъкид кардааст, ки гуё Аҳуромаздо дар андешаи эрониёни давраи сосонӣ аслан шаклу шамоил ва ёлу куполе надошт ва барои исботи гуфтаи худ нақши «тахти Ҷамшед»-ро далел овардааст.

Дигаронро ҷоҳил хондани муаллиф ба ноогоҳии худи ӯ аз мавҷудияти тасвирҳо дар нақши Рустам, накши Раҷаб ва тоқи Бӯстон, далолат дорад.

Дар ин робита файласуф ва донишманди муҳақиқи Эронӣ Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби «Хадамоти мутақобили Ислом ва Ирон» навиштааст:

«Худо дар давраи Сосонӣ расман дорои шаклу шамоил ва ришу асову ридо (ҷома) буд. Нақшҳое, ки аз даврони Сосонӣ дар нақши Раҷаб ва нақши Рустам ва тоқи Бустон монда ва дар он нақшҳо Аҳуромаздо тоҷи салтанатро ба ардашер ё Шоҳпур ё Хисрав ато мекунад, нишон медиҳад, ки чи гуна мубадони Сосонӣ аз Аҳуромаздо, ки дар андешаи Зардушт таҷарруд ёфта буд, буте сохтаанд». 

Кристен Сен тасвирҳои боқимонда дар нақши Рустамро инчунин шарҳ медиҳад. «Аҳуромаздо тоҷи кунгурадор ба сар ниҳодааст ва гесувони муҷаъъадаш (ҷингилааш) аз болои сар ва миёни тоҷ пайдост. Ҳалқаҳои гесӯ ва риши дароз ва мураббаи ӯ ҳайати бисёр атиқ дорад. Лекин аз ҳайси либос чандон бо шоҳ мутафовит нест. Ӯ низ наворҳои чинхӯрда дорад, ки аз тоҷаш овехта аст. Зину барги аспон (яъне аспи Худо ва аспи Шоҳ) яксон аст. фақат лавҳе, ки дар қисмати пешзини шоҳ ниҳодаанд мунаққаш бо сари шерони барҷастааст. Аммо зини аспи Аҳуромаздо дороӣ нақши гул аст».

Замоне, ки эрониёни мусулмон таъбироти Исломиро ба луғати форсӣ хостанд баргардонанд, вожаи «Аллоҳ»-ро ба калимаи «Худо» тарҷума кардаанд, ки зоҳиран мухаффафи Худованд ва ё «худ-ой» аст. Яъне наофаридашуда. Онҳо калимаи «Аллоҳ»-ро ҳаргиз «Аҳуромаздо» тарҷума накардаанд. Аз ин ҷиҳат, ки калимаи Аҳуромаздо дар миёни зардуштиён он қадр мафҳуми таҷассум ва моддӣ пайдо карда буд, ки он фарзонагон, шоиста надиданд, ки онро тарҷумаи калимаи «Аллоҳ» қарор диҳанд».

5.Иҳонат дар шакли ҳимоят

Озар Киёнӣ меорад: «Аввал, Авесто китоби динии Зардуштиён нест ва ба унвони мадраки дини зардуштӣ хидмат намекунад. Авесто дар воқеъ қомус ва энсиклупедие аст, ки дар замони Сосониён таьлиф шуда....»

Ҷавоб: Сабаби аз миёни бахшҳои Авесто фақат қисмати «Готҳо»-ро ба Зардушт нисбат додани Киёнӣ дар он аст, ки дар «Готҳо» хурофоту ривоятҳои омиёна камтар мебошад. Вагарна тибқи далолати сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ҳамаи қисматҳои Авесто ба оини зардуштиён мансуб аст. Агар аз назари сиҳати интисоб бингарем, ҳеҷ кадом аз бахшҳои Авесто нисбати саҳеҳ ва итминонбахш ба худи зардушт надорад, зеро ҳамаи бахшҳои он дар масири таърих дастхушӣ фано ва таҳрифу тағйир қарор гирифтааст.

Киёнӣ дар ҷои дигар меорад: «Аввалан, дар зардуштият гуноҳу савоб нест. Зардуштият қонун нест. Қавонин надорад ва даъвои қонун будан ҳам намекунад. Ин оини «бикуну накун»нест. Бар хилофи кутуби Бани Исроил, ки «осмонӣ» ва «қонун» қалам дод мешавад, «Готҳо»-и Зардушт қонун нест, балки дар воқеъ китобе бадеъӣ аст, ки аз осмон наёмада балки ҳосили диду бардошти инсони замини аст ва воқеъиятҳои заминиро дар худ ғунҷонидааст».

Ҷавоб: Ин ҳарфҳи Киёнӣ масали машҳури мардумиро ба ёди кас меорад, ки мегӯянд: «Машшотае (ороишгаре) абру дуруст мекунам гуфта, чашми мизоҷи худро кӯр кардааст». Воқеан чунин гуфтаҳо нисбати оини Зардуштӣ ва пайравони он иҳонат аст, вале дар шакли ҳимоят. Ва ё дӯстиест бадтар аз душманӣ.

Аз навиштаҳои Киёнӣ бармеояд, ки таърихи зиёда аз се ҳазорсолаи оини зардуштӣ, ки то имрӯз пайравони худро дорад ва эшон Авесторо ба ҳайси китоби муқаддаси динӣ, Зардуштро ба унвони Паёмбари Илоҳӣ ва мазҳаби ӯро оини осмонӣ меҳисобанд, ҳама пучу ботилу дурӯғ будааст. Зеро бо ин ҳарфҳо оини зардуштӣ ҳақиқат, моҳият ва ҳайсияти дини ва таърихии худро аз даст медиҳад.

Шояд муаллиф, ки худ собиқаи атеисти ва материалисти дорад ва ба дину ойин ва Худову Аҳуромаздо аслан бовар надорад, бино бар ин зардуштиятро мисли мактаби марксистӣ-метериалистӣ ва дигар маслакҳои заминӣ, ки ҳарчи доранд, «диду бардошти заминии» муассисони онҳост талаққи кардааст. Тибқи назари Киёнӣ оини Зардуштӣ дигар наметавонад ба ҳайси дини ибодат ва парастиши Аҳуромаздо, ки дороӣ ақидаи ба мабдаъ ва маод аст, бошад.

Аз назари касоне, ки имрӯз пайрави оини зардуштӣ ҳастанд ва тибқи аҳкоми он ибодат ва зиндагӣ мекунанд, (на мисли зардуштиён мо) ин ҳарфҳо куфр хонда мешавад. Шояд мубадҳои имрӯзаи зардуштӣ Озари Киёниро ба хотири ин кашфиёт ва иҷтиҳоди тозааш кофир ва муртад хонанд. 

Аммо ҳақиқат он аст, ки вақте зардуштиён Зардуштро «Паёмбар» мегӯянд, ба ин маъно мегӯянд, ки у инсонест, ки ба олами моваро ут-табиъа, яъне бо Худо ва ё Аҳуромаздо иртибот пайдо намудааст ва аз ҷониби ӯ барои башарият рисолат ва паём овардааст. Маънои истилоҳии (на луғавӣ) вожаи «Паёмбар» дар тамоми фарҳангҳо ҳамин аст. Ин маъноро аз ҳама бахшҳои Авесто, ҳатто аз бахши «Готҳо» низ метавон фаҳмид.

Дар бахши Готҳо, ҳар гоҳ Зардушт аз номи Аҳуромаздо ҳарф мезанад, дигар наметавонад он «ҳосили диду бардошти заминии» у бошад. Зеро Аҳуромаздо ва паёми ӯро намешавад аз замин дарёфт намуд. Магар дар сурате мешавад онҳоро «заминӣ» гуфт, ки худи Зардуштро козибу дурӯғгӯ ва муддаии набувват бидонем, ки паёми шахсии худашро аз номи Аҳуромаздо ироа карда, ба мардум таблиғ намудааст. Аз назари Озар Киёнӣ нисбат ба Зардушт чунин маъно фаҳмида мешавад.

Алӣ Акбари Ҷаъфарӣ, ки чун Киёнӣ яке аз ҳомиёни оини Зардуштӣ аст. дар китоби «Ошноӣ бо зардушт» гуфтугӯи Зардуштро бо шоҳ Гуштосб нақл мекунад: «Ӯ(яъне Зардушт) бо шоҳ рӯ ба рӯ мешавад. Паёми Худоро мерасонад ва оини зиндагониро мефаҳмонад» (саҳ 21). Оқои Киёни! Магар паёми Худоро бидуни иртибот ба олами ғайб мешавад дарёфт намуд? Киёнӣ мегӯяд:

«дар зардуштият гуноҳу савоб нест. Зардуштият қонун нест ва оини «бикуну накун» нест». Агар дар зардуштият гуноҳу савоб ва «бикуну накун» набошад, пас шиори машҳури «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек», ки ҳамчун усул ва пояҳои оини зардуштӣ хонда мешавад, чӣ маъно дорад? Аз ин мантиқи шумо чунин бар меояд, ки вақте «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» савоб набошад, пас «гуфтори бад, пиндори бад, рафтори бад» низ гуноҳ намебошад. Агар зардуштият қонун ва оини «бикуну накун» набошад, пас тибқи ривояти Ҷаъфарӣ, ба Гуштосб «оини зиндагиро фаҳмондан»-и Зардушт чӣ маъно дорад?

Ёдам ҳаст, моҳи апрели соли 2002 аз тариқи шабакаи телевизионии «Алҷазира» вижабарномае аз ҳаёти зардуштиёни шаҳри Бомбайи Ҳиндустон намоиш дода шуд. Дар барнома аз расму оини дафни мурдаҳои зардуштиён низ сӯҳбат шуд. Қабристони дастаҷамъии онҳо, ки дар як саҳн ва хирмани саркушодае дар иҳотаи деворҳои баланд ва мудаввар қарор дошт, нишон дода шуд. Зардуштиён ҷасади мурдаҳои худро он ҷо дар ҳавои кушод мегузоштанд, то туъмаи зоғу каргасҳо шаванд. Зимни намоиши ин манзара зикр шуд, ки аз сабаби дар асари кадом беморӣ, кам ва нобуд шудани каргасҳои лошахӯр, буи нохӯши ҷасадҳои мурдагон муҳити он маҳалро фосиду бадбӯ карда, боиси норозигии ҳукумат ва мардуми маҳаллӣ гаштааст.

Хабарнигор бо чанд тан аз зардуштиёни маҳаллӣ мусоҳиба дошт ва бисёре аз онҳо ба ин қонуни мазҳабии худ изҳори норизоятӣ намуданд. Ҳатто чанд нафаре аз эшон дар мусоҳибаи худ гуфт, ки «мо ба ворисони худ васият кардаем, ки баъд аз марг ҷасадҳои моро мувофиқи оини мусулмонҳо ба хок супоранд ва ё чун ҳиндуҳо бо оташ бисузонанд, вале тибқи оини зардуштӣ дар фазои кушод нагузоранд, ки боиси хории ҷасад, касиф шудани ҳавои муҳит ва озор ёфтани зиндаҳо гардад.

Нуктаи ҷолибе, ки аз ин барнома барои оқои Киёнӣ зикр менамоям, ин аст, ки вақте хабарнигор дар бораи ҳукми инчунин васиятҳо, аз мубади зардуштиён дар оташкада суол кард, ки «Оё ҷоиз аст ҷасади шахсеро, ки пайрави дини зардуштиаст, бар хилофи оини зардушт ба хок супоранд ва ё бисузонанд?». Мубад дар ҷавоб фармуд: «дар шариъати зардушт чунин амре дар ҳаққи касе, ки пайрави он аст, қатъиян манъ аст». Аз посухи мубади оташкада ба хуби возиҳ мешавад, ки дар оини зардушти мисли дигар оинҳо «бикуну накунҳо» ҳаст.

Вақте суханони роҳбар ва мубади зардуштиёнро бо гуфтаҳои Озар Киёнӣ, ки навиштааст: Зардуштият оини бикуну накун нест» муқоиса кардам, сахт дар тааҷуб афтодам. «Бубинед, фосила аз куҷост то ба куҷост». Шояд Киёнӣ оини зардуштии дигареро ба мо муаррифӣ кардааст? Чунон ки муаррихон мегӯянд, дар таърих бо исми Зардушт шахсиятҳои зиёде гузаштааст, ки баъзеи онҳо то беш аз 6 ҳазор сол собиқаи таьрихӣ дорад. Ва ё шояд Киёнӣ, ки парвардаи мактаби ленинӣ-атестӣ аст, аз дидгоҳи атестӣ ба оини дустдоштаи худ баҳо додаст?

6.Ислом ба зоти худ надорад айбе!

Озар Киёнӣ менависад: «Ба воруни ин дар даврони Исломӣ мебинем, ки гурӯҳе ба номи «сайид» ва :эшон» ва ғайра бо далели иртиботи хунӣ бо Паёмбари Ислом бар дигарон имтиёз доранд.... Масалан эшонҳову тураҳо барои пок нигоҳ доштани «пушти» худ бо мардуми оддӣ издивоҷ намекарданд...».

Ҷавоб: ин ҳарфҳо бештар ба айбгуии пиразанҳои пушти чарха шабоҳат дорад, то ба гуфтори як нафар донишманд. Зеро ҳар ки заррае аз таърих ва фиқҳи Исломӣ огаҳӣ дошта бошад, ҳаргиз ин ҳарфҳоро ба забон намеорад. Паёмбари акрам (саллал-лоҳу алайҳи васаллам) 1400 пеш ба хотири мушти муҳкам задан бар даҳони чунин айбгӯён, духтари аммаи худ Зайнабро, ки аз ашроф ва сайидҳои Қурайш буд, ба ақди никоҳи ғуломи озодкардаи хеш Зайд ибни Ҳориса дароварданд. Ва ё Залфоро ки яке аз духтарҳои бо ҳасаб ва насаби олӣ аз аҳли мадина буд, ба Ҷувайбир, ки ғуломи сиёҳе буд тазвиҷ, карданд. Пас ин таъну айби Киёнӣ ба рафтори баъзе эшон ва тураҳои ҷоҳили насабпараст бармегардад, на ба Ислом ва таълимоту аҳкоми он. Мо бояд оини Исломро аз таълимоти Қуръону суннат бишносему баҳо диҳем, на аз рафтори баъзе мусулмонҳо. Ба хотири иҷтиноб аз такрори сухан баҳси ин мавзуъро бо ду байте аз Мавлонои Рум ва Иқболи Лоҳурӣ, ки тору пуди сухани эшон ҳама аз Қуръону ҳадис ҳаст, хотима медиҳам:

Гуфт Ҳақ не, балки ло ансоб шуд,

Зуҳду тақво фазлро меҳроб шуд.

Пури он Буҷаҳл шуд муъмин аён,

Пураи он Нуҳ шуд аз гумраҳон.

Биё ай беадаб худро адаб кун,

Мусулмонзодаи тарки насаб кун.

Ба лавни аҳмару хуну рагу пуст,

Араб нозад агар, тарки араб кун.

Озар Киёнӣ менависад: «Мубадон ҳеҷ гуна режими зидди мардуми ва истеъдодкуш надоштанд... ба воруни ин, дар меёбем, ки бештари истеъдодҳои бузурги иронӣ назири Ибни Сино, Фирдавсӣ, Рудакӣ, Тирмизи... ва дигарон, дар аҳди Исломӣ ё ба қатл расидаанд, ё фирорӣ шудаанд...»

Ҷавоб: Аввалан, ин таън мисли таъни гузашта ба рафтори ҷоҳилонаи ҳокимони золим ва олимони тангназари дарборӣ бармегардад, на ба зоти Ислом.

Сониян, на ҳамаи он бузургони номбурда ба хотири андеша ва афкори илмиашон фирорӣ ва дар ба дар шудаанд. Балки бисёри онҳо аз сабабҳои сиёсӣ ва ё ғаразҳои шахсӣ аз дасти рақибони худ азият вa озор дидаанд.

Солисан, агар «аҳди Исломӣ» намебуд, Ибни Сино ва Фирдавсиву Рудакӣ ҳам намебуд. Ин сухан дуруст мисли он аст ки бигӯем: «Агар дар рӯз офтоб намебуд ва гармии ҳарораташ бар сари мо наметофт, мо роҳаттар ва пурмаҳсултар кор мекардем». Дар сурате, ки агар хуршед набошад, рӯз ҳам намешавад.

Дар охир нуктаеро мехоҳам ба оқоӣ Озар Киёнӣ тазаккур бидиҳам. Чун ки эшон айни ҳамон нуктаро ба ин ҷониб тазаккур дода навиштаанд: «барои довари дар оини зардуштӣ низ ошноӣ бо қисматҳои «носиху мансухи» қомусӣ Авесто...зарур аст».

Мехоҳам бигӯям: Оине, ки шомили қонунҳои «бикуну накун» набошад, ошноӣ бо қисматҳои «носиху мансухи» он чӣ маъно дорад? Зеро чунин дине аслан «носиху мансух» надорад. Чунки носиху мансух ба қонунҳои бикуну накун марбут аст.

 
 

 

 

 

 

Масҷиди
"Халифа Абдулкарим

 

Дуо

Худоё зи баъди ҳидоят дигар,Магардон дили мо ба оини шар.
Зи алтофи хосат ба мо кун нисор,
Ки бисёр бахшандаӣ Кирдигор.
* * *
Касоне, ки гӯянд эй Кибриё,
Ки моем муъмин ба ту эй Худо.
Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,
Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.
* * *
Худоё бар ончи фиристодаӣ,
Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.
Бикардем онро якояк қабул,
Итоат кунем аз Масеҳу Расул.
* * *
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷузин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.

 
 
   
   
   
   
   
 

Ин саҳифа дар миқёси 1280X 960 беҳтар кор мекунад

Copyright © www.turajon.com