|
Қадру манзилати зан дар ислом
Алҳамдулиллоҳ
ассалоту вассалому ъало расулиллоҳ
Зан аз назари ислом беҳтарин қадру манзалатро
доро аст.
Зан модар аст. Модаре, ки мард ба сабаби вай
ҷаннатро соҳиб мешавад. «Ҷаннат зери қадамҳои
модарон аст». Ҳадиси Паёмбари Худо
(алайҳиссалом).
Зан
духтари мард аст. Духтаре, ки ба сабаби тарбияи
хубу исломии вай мард соҳиби боғҳои ҷаннат
мегардад. «Шахсе, ки соҳиби ду духтар бошад ва
онҳоро хуб тарбия ва нигаҳбонӣ кунад, Ману ӯ
монанди ин ду ангушт дохили ҷаннат мешавем. (Паёмбар
бо ангушти саббоба ва ангушти дар паҳлуи он буда
ишора карда инро гуфт)». Ҳадиси Паёмбари Худо
(алайҳиссалом).
Зан дар охир ҳамсар аст. Ҳамсаре, ки нафақа ва
нигаҳбонии вай ба гардани мард воҷиб аст. «Тангае,
ки дар роҳи Худо садақа кунӣ ва тангае, ки дар
роҳи озодиии зиндоние садақа кунӣ ва тангае, ки
бар мискини бечорае садақа кунӣ ва тангае, ки
барои нафақаи ҳамсар садақа кунӣ, беҳтарини онҳо
дар савоб он тангае аст, ки барои нафақаи ҳамсар
сарф карда мешавад». Ривояти Муслим.
Ба хотир он, ки бештар бифаҳмем чи гуна дини
муқаддаси ислом ба зан аҳамият додааст ва уро аз
торикиҳои ҷаҳолат ва бардагӣ берун баровардааст,
бояд, ки ақидаҳои тамаддунҳои қадимро дар
масъалаи зан бидонем. Сипас аз руи инсоф
бингарем,ки оё ислом ба зан ҷабру зулм кардааст
ё аҷдодони имруза даъвогарони «озодиҳои» занон?!
Отуниҳо (юнониёни қадим), ки соҳибони қадимтарин
тамаддуни дунё мебошанд, занро ҳамчун як матои
беарзиш қарор дода буданд, ки дар бозорҳо хариду
фуруш мекарданд. Уро наҷас ва порае аз шайтон
меҳисобиданд.
Дар шариати ҳинди қадим чунин омадааст: «Вабо,
марг, ҷаҳаннам ва заҳри мор ва оташ аз зан
беҳтаранд».
Шариати яҳудӣ низ занро ҳамчун махлуқи наҳс ва
наҷас шуморидааст. Дар Таврот, Сифри ҷомеъ
омадааст: «Ман ҳамроҳи қалбам ба таҳқиқ ва
баррасӣ пардохтам, то бидонам ва таҳқиқ кунам ва
ҳикмат ва ақл ба даст оварам ва бидонам, ки
ҷаҳолат ва нодонӣ шарри маҳз аст ва ҳамоқат ва
девонагист. Сипас ба ин ҳақиқат пай бурдам, ки
зан аз марг талхтар аст. Дар байни ҳар ҳазор
мард як нафари дуруст пайдо намудам. Вале дар
байни тамоми занон як зани дуруст пайдо накардам».
Зардуштиён низ занро махлуқи паст меҳисобиданд.
Дар оини зардуштӣ зане, ки ҳайз бинад уро
истилоҳан «зани даштон» мегуянд, ки аҳкоми аҷибе
дорад. Аз ҷумла дар Вандидод омадааст:
(Эй офаринандаи ҷаҳони ҷисмонӣ ва эй муқаддас!
бигӯ бидонам марде, ки барои ин зан хурок ҳамроҳ
оварад (зане,ки ҳайз дидааст ва ё дар
айёмиқоидагӣҳаст) бояд аз вай чи миқдор фосила
дошта бошад? Аҳурамаздо посух дод: Марде, ки
барои ин зан хурок ҳамроҳ оварад бояд аз вай се
гом фосила дошта бошад. Дар кадом зарф бояд нон
барои вай ҳамроҳ оварад ва дар кадом зарф бояд
оби ҷав барои вай ҳамроҳ оварад? Дар як зарфи
оҳанӣ ё сурбӣ ва ё ҳар зарфи пулодии маъмулӣ. Чи
миқдор нон ва чи миқдор оби ҷав бояд ҳамроҳ
оварад? Аҳурамаздо посух дод: Ду қитъа нони хушк
ва як миқдор оби ҷав –шарбати ҷав- ва аз хурок
кам мумкин аст нотавон ва заъиф шавад. Ҳаргоҳ
вайро кудаке даст занад бояд дастҳо ва сипас
тани кудак шустушу шавад).
Дар соли 586 мелодӣ конфронсе дар Фаронса ташкил
шуд, ки дар он конфронс ин масъала, ки оё зан
инсон маҳсуб мешавад, ё не баррасӣ шуд. Саранҷом
андешаҳо ба ин мазмун содир шуд, ки зан инсон
аст, вале ба хотири хидмат ба мард офарида
шудааст.
дар Англия бошад Ҳенрии ҳаштум дастуре содир
намуд, ки бар асоси он мутолиаи китоби муқаддас
бар занон ҳаром шуд. Инчунин дар соли 1850
мелодӣ Англия саршумории аҳолиро бори аввал ба
роҳ андохт, ки дар он занон ҷузъи ҷамъият ҳисоб
нашуданд ва дар саршуморӣ дохил нагардиданд. Ин
буд ҳоли зан дар тамаддунҳои ғайри исломӣ.
Мутааассифона аксари мардуми мо ба тахдири
васоили ахбори кишварҳои ғарб гирифтор шуда
андеша доранд, ки ислом ба зан зулм кардааст.
Сабаб дар он аст, ки онҳо аз амалкардҳои худи
кишварҳои ғарб нисбат ба зан дар асрҳои гузашта
бехабаранд.
Вақте, ки офтоби дурахшони ислом дар фазои олами
пур аз ҷаҳлу зулму истибдод нурпошӣ кард, занро
инсон ва бо мард баробар донист. Ислом бо садои
баланд эълом кард, ки зан яке аз ду унсуре аст,
ки инсонҳо аз он ба дунё меояд. Худованд инро
дар Қуръон чунин баён намудааст: «Эй мардум, аз
Парвардигори худ битарсед ва аз азобаш
биҳаросед! Ҳамон Парвардигоре, ки ҳамаи шуморо
аз як нафс (Одам) офаридааст ва ҳамсарашро
(Ҳавво) аз ҷинси ҳамон нафс офаридааст». Сураи «Нисо»
ояти 1.
Арабҳо одат доштанд, ки духтарони худро зинда ба
гур мекарданд. Вақте, ислом омад ин одати
ваҳшатнокро ҳаром намуд ва ононро аз куштани
ҷигаргушаҳои худ манъ намуд. Онҳо меросро бар
зан ҳаром намуда буданд ва зан ҳуқуқи мерос
бурданро надошт. Аммо ислом эълом намуд, ки зан
ҳуқуқи мерос бурданро дорад ва ин ҳаққи занро
Худованд худ таъйин намуд.
Аз ҷумлаи ҳуқуқҳои зан ҳамчун модар бар фарзанд
ин аст, ки Худованд эҳсони бар падару модарро
баъд аз ибодати худ дар ҷои дуввум қарор додааст.
Худованд фармудааст: «Ва ҳукм кард Парвардигори
ту, ки мапарастед ғайр аз У касеро ва бар падару
модари худ некӣ ва эҳсон кунед». Дар ривоятҳо
омадааст, ки марде ба назди Паёмбари Худо омада
гуфт: Эй Расули Худо (алайҳиссалом) кист
сазовортар бар ман барои некӣ ва ҳусни муомила?
Паёмбар (алайҳиссалом) фармуд: «Модарат». Он
мард боз пурсид: Сипас кӣ? Паёмбар боз гуфт: «Модарат»
Он мард дафъаи саввум ҳамин саволро кард.
Паёмбар дар посух гуфт: «Модарат». Сипас он мард
дафъаи чаҳорум пурсид: Сипас кӣ? Паёмбар гуфт: «Падарат».
Бубинед азизон! Паёмбар ҳаққи модарро аз падар
се маротиба болотар ҳисобида дар се дафъаи
саволи он мард фақат калимаи «модар»ро гуфт.
Магар ин далолат бар бузург будани ҳаққи зан дар
симои модар намекунад?
Аз ҷумлаи ҳуқуқҳои зан ҳамчун духтар бар падар
ин аст, ки бояд падар уро тарбияи хуб кунад ва
ҳеҷгоҳ байни фарзандони писар ва духтар фарққоил
набошад. Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд:
«Байни фарзандонатон дар масъалаи таъмини онҳо
баробариро риоя кунед! Пас агар ман иҷоза
медоштам, ки байни фарзандон бартарӣ ва фазилат
бидиҳам, албатта духтаронро бар фарзандони писар
болотар медонистам». Бубинед, шафқати исломро
нисбат ба фарзанди духтар.
Хулоса сухан дар бораи қадру манзилати зан дар
ислом хеле зиёд аст. Вале инҷо аз сабаби кам
будани фурсат ба ҳамин андоза иктифо мекунем.
Чаро зан ҳиҷоб бипушаду мард не?
Ин ҷисми зан аст, ки барангезандаи шаҳват аст.
Худованд табиати мардро чунон офаридааст, ки бо
дидани ҷисмҳои шаҳватбарангези он мардро
шаҳваташ меояд. Ба унвони мисол сару руи мард
агар боз бошад, ҳеч гуна барангезандаи шаҳват
барои занон нест. Аммо акси он шаҳватбарангез
аст. Аммо назар кардан бар руи номаҳрам ба занҳо
ва ҳам ба мардон бо назари шаҳват дуруст нест.
Худованд дар Қуръон мефармояд: «Эй Паёмбар! ба
мардони муъмин бигу, то чашмҳои худро аз нигоҳи
зани номаҳрам бипушонанд…» инчунин барои занҳо
фармудааст: «Ва ба занҳои муъмин бигу то чашмҳои
худро аз нигоҳи номаҳрам бипушонанд» Сураи «Нур»
оятҳои 30-31.
Рузномаҳои
Фаронса дар соли гузашта шумораи занҳоеро, ки
зери таҷовузи ҷинсӣ афтодаанд, баён дошта
гуфтааст, ки шумораи онҳо беш аз 4412 дар як сол
мебошад. Рузномаи мазкур изофа мекунад, адади
воқеии занҳои таҷовуз шуда аз ин ба маротиб
бештар аст. Вале зиёде аз онҳо аз сабаби шарм ба
ҳеч кадом аз идораҳои дахлдор муроҷиат
накардаанд. Якчанд нафар ҷомиашиносони ин кишвар
баъди баррасии ҳолатҳои таҷовуз ба номус ба
хулосае омаданд, ки сабаби аксари ин ҳолатҳо
нимурён ва боз будани аъзоҳои шаҳватбарангези ин
хонумон аст. Бубинед, ҳамаи ҳолатҳои таҷовуз ба
номус аз тарафи мард сурат мегирад, вале боре
ҳам нашунидем, ки фалон мардро ба хотири кушода
будани сару руяш шаҳвати хонумонро барангехт ва
уро таҷовуз карданд. Чунин ҳолат имконнопазир
аст. Зеро чуноне, ки гуфтем, ҷисми зан аз сабаби
он, ки Худованд вайро латифу нозук офаридааст,
барангезандаи шаҳват аст.
Оморҳои
расмии Амрико баён доштаанд, ки беш аз 31%
занҳои Амрико зери ҷинояти таҷовуз ба номус
қарор гирифтаанд. Тибқи тақрироти расмии
ташкилоти RAINN и Амрико, ки яке аз ташкилотҳои
бонуфузи мубориза бар зидди ҷиноятҳои таҷовуз ба
номус аст дар ҳар дуву ним дақиқа дар Амрико
як зан мавриди таҷовуз ба номус қарор мегирад.
Ин ҳоли кишваре аст, ки даъвои пешбарандагӣ ва
шукуфоии оламро дорад ва ҳиҷоби исломиро яке аз
усулҳои ақибмондагӣ ва бемаданиятӣ медонад.
Мувофиқи оморҳои ташкилотҳои зирабти амрикоӣ
солона дар натиҷаи таҷовуз ба номус беш аз
32000 тифли бепадар ба дунё меояд. Ин аст ҳоли
кишваре, ки ҳиҷобро мазҳари зулм мепиндорад.
Худованди Карим ҳар чизеро, ки амр мекунад,
беҳикмат нест. Вақте Худованд занро ба ҳиҷоб амр
кардааст, ба хотири он аст, ки мавриди луқмаи
гургони дарранда қарор нагирад. Зеро нимлухт
будани зан дар бисёр мардони дорои тинати
шаҳвонӣ шаҳвати ҳайвониро бармеангезад. Худованд
занҳои миллати мусалмонро аз ин балоҳо нигаҳбон
бошад.
Инро худи Худованд
ваъда намудааст. Дар иваз Худованд ба ту
Биҳиштеро насиб мегардонад, ки аз зери боғҳо ва
дарахтони он наҳрҳо ҷорӣ аст. Ҳар неъмате, ки
орзу дошта бошӣ, дар он ҷо муяссараст. |