|
Дар рузҳои пас аз воқеаи
11 сентябри соли 2001 ки Амрико омодаи ҳамла ба
Афғонистон мешуд, хабари дастгир намудани як хабарнигори
англис ба номи Ҷон Редли дар Афғонистон тавассути
ҳукумати Толибон яке аз мавзуъҳои муҳимми ахбори ҷаҳон
шуд.
Вай гарчи худро бо чодари афғони
пушонида буд ва савори мошине вориди хоки Афғонистон
шуда буд, вале аз тарафи маъмурони Толибон мавриди
шиносои қарор гирифт ва дастгир шуд.
Пас аз як сол хабаре дар мавриди
ин хабарнигор аз расонҳо дар дунё мунташир шуд ва ин
бор хабар , хабари раҳои ва озодии у аз қайди гумроҳи ва
сарфароз шудани у ба ислом буд. Яке аз маҷаллаҳои
амрикои пас аз ислом овардани у бо вай мусоҳибае анҷом
доданд. У чи гуна ба ислом руй овардани худро баён
намуда, гуфт, ки шояд барои бисёриҳо хабари ислом
овардани ман қобили қабул набошад.
Дар посух ба ин савол, ки чаро ба
дини Ислом руй овард? У гуфт: «Пас аз дастгир шуданам,
Толибон маро пеши имоми масҷид бурданд ва қабули Исломро
ба ман пешниҳод карданд. Ман фикр кардам, ки агар
пешниҳодашонро қабул кунам хаёл мекунанд, ки истиқлоли
раъй надорам ва агар напазирам аз мухолифони ислом ба
шумор меравам. Ниҳоятан ваъда кардам, ки пас аз озоди
дар Ландан ба мутолиа ва баррасии Ислом ва Қуръон
бипардозам. Мувофиқи ваъда пас аз озоди ба таҳқиқу
пажуҳиш пардохтам. Пас аз поёни таҳқиқ як қудрати руҳи
ва равонии аҷибе дар худ ҳис кардам ва он ҳақоиқе, ки
дар натиҷаи ин таҳқиқ ба онҳо пай бурдам таъсири аҷибе
бар ман гузошт.
Суол: Чи чизе аз Ислом шуморо то
ин ҳад шефта ва ҷазб намуд?
Ҷавоб: Наметавон ба чизи хосе
ишора кард. Албатта метавонам иллати онро ба вуҷуд
омадани биниши манфи нисбат ба ҷаҳони масеҳият баён
кард. Сарбозони исроили муқаддастарин макони масеҳиён ва
маҳалли таваллуди Ҳазрати Масеҳ, калисои Ghuran of
Nativaty -ро оташборон карданд. Аммо кашишону масеҳиён
аз худ аксуламале нишон надоданд. Вақте, ки ноҳурматии
муқаддастарин макони мазҳаби барои онҳо аҳаммият надорад,
чи гуна ба таълимот ва гуфтаҳояшон тан диҳам?
Суол: Дар даврони асир буданатон
меҳвари гуфтугуи шумо бо Толибон чи буд? Оё дар мавриди
Ислом аз онҳо таҳқиқ кардед?
Ҷавоб: Афсус он чи имруз дар
мавриди Ислом медонам он рузҳо намедонистам. Агар
медонистам бо камоли дилпури ба хостаашон барои қабули
Ислом ҷавоби мусбат медодам. Вақте, ки сабаби тахриби
муҷассамаҳои Буддоро пурсидам, Толибон гуфтанд: Мо барои
ҷалби таваҷуҳи Созмони Милал ва ҷаҳон ба суи мардуми
хеш, ки рузона ҳазорон нафари онҳо аз гуруснаги талаф
мешаванд, аммо касе ба фикри онҳо нест ва ҳатто моро
таҳрим мекунанд, даст ба чунин корзадем.
Ҷон Ридли дар идома гуфт: Бо вуҷуди ин, ки ман
эълони гуруснанишини кардам, вале вақти тақсими таом
дастҳои маро шуста бо калимаи хоҳар маро хитоб мекарданд.
Муҳимтар аз ҳама он чизе, ки маро зери таъсир гузошт ин
буд, ки дар он вазъияти тарсноки Афғонистон ҳеҷ тарсу
воҳимае дар онҳо мушоҳида намешуд ва ба адои намоз дар
вақтҳои муайяни худ пойбанд буданд.
Вақте дустони Ҷон Ридли далели
хушҳолиро аз хотироти он рузҳо аз вай пурсиданд? У софу
ошкоро гуфт: Далелаш Ислом аст. Ва вақте, ки пурсиданд
чи ангезае Толибонро барои нисору фидои ҷону рехтани хун
омода карда ва чаро бо занон бадмуомилаву сахтгири
мекунанд? гуфт: Аз баррасии ҷойгоҳи зан дар ислом
ҳайратзада шудам. Зеро Қуръон на танҳо занонро маҳкум ва
мазлум Қарор надода, балки аз озодии онҳо сухан ба миён
овардааст. Қуръон аз баробарии зану мард аз арзиш,
инсоният, ҳақи касби илму дониш ва ғайра… сароҳатан баён
доштааст. Вақте ман қонунҳои талоқ ва ҳақи занро барраси
кардам чунон пешрафта ва мутараққи ба назар меомад, ки
гуё ба тозаги дар додгоҳи хонавода ба тасвиб расидааст.
Ба назарам бисёре аз вакилони мудофеъ барои исботи
даъвоҳои худ аз қонунҳои ислом илҳом мегиранд. Бо
афзоиши маърифтам дар мавриди ислом ҳақоният ва
ақлонияти он бештар бароям ошкоро гардид.
Ҷон Ридли эътироф кардааст, ки у
зани мазҳаби аз фирқаҳи протестанти будааст ва чанд
муддат муаллими мадрасаи Санди Скул будааст ва дар
маҷлисҳи Калисо ба иҷрои мусиқи мепардохтааст.
У дар доираи мутолиа ва баррасии
Ислом бо гуруҳҳои гуногуни исломи шинос шуд. Аммо аз
ҳама бештар зери таъсири Анҷумани занони мусалмон қарор
гирифт. Дар мавриди онҳо мегуяд: Хеле заранг, ҳушёр,
соҳибназар, дорои бедории сиёси ва ошно бо масъалаҳои
байналмилали ҳастанд. Эҳсосоти хоҳаронае нисбат ба дигар
занони мусалмон доранд. Ин чизест, ки дар байни аъзоҳои
ташкилотҳо ва созмонҳои озодии занон ва феминисти ёфт
намешавад.
Пас аз интишори хабари ислом
овардани Ҷон Ридли баъзеҳо бо фиристодани номаи
таҳдидомез аз у изҳори нафрат карданд ва баъзеи дигар
низ аз тариқи телефон ба у таҳқирҳо карда ва вайро
таҳдид ба зарбу дашном карданд. Вале у изҳор дошт, ки
ҳеҷ парвое аз ин таҳдидҳо надорад гарчи аз амалкарди
онҳо нороҳат ва андуҳгин аст. У гуфт: Ман беде
нестам, ки аз ин бодҳо биларзам ва таслим шавам ва
равиши зиндаги ва боварҳои хешро ба хотири таҳдидҳои
чанд одами девона раҳо кунам.
У барои аввалин бораст, ки таъми
таассубро мечашад ва мегуяд: Дар хиёбонҳо пешамро
мегиранд ва маро таҳдид карда, баду бероҳа мегуянд. Ҳоло
эҳсос мекунам, ки сиёҳпустон ва тамоми онҳое, ки
сафедпуст нестанд дар ин ҷомиа чи сахтиҳову хориҳоеро
таҳаммул мекунанд. У то ҳудуде бо мушкилот, сахтиҳо ва
беҳурматиҳое, ки гиребонгири дустони осиёии уст, ошнои
пайдо карда аст. Ҳоло маънои воқеи ва амалии
нажодпарастиро эҳсос карда, ки чи гуна мардум қурбонии
нажодпарасти мешаванд.
|